ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 148 «Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) дар замимаи 1:
- ба банди 7 сархати шастум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- чорабиниҳоро оид ба таҳия, ташкил ва ҷойгиркунии фармоиши иҷтимоии давлатӣ дар самтҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин назорати иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатиро дар ин самтҳо анҷом диҳад;»;
2)дар замимаи 3:
- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Шуъба ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо»;
- дар сархати чорум калимаҳои «фаъолияти тиббӣ» ба калимаи «тандурустӣ» иваз карда шаванд.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, № 168 «Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) дар банди 2 калимаҳои «, Нақшаи идоракунӣ» хориҷ карда шуда, рақамҳои «3 ва 4» ба калима ва рақами «ва 3» иваз карда шаванд;
2) дар замимаи 1:
- дар сархати бисту чоруми банди 5 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз гардида, сархати бисту панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- дар шуъбаҳои вилоятӣ, бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот нозир-коргузоронро оид ба хизматрасонии иҷтимоӣ ва кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба кор қабул намуда, маблағгузории онҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.»;
- аз сархатҳои якум ва ҳафтуми банди 9 калимаҳо ва аломатҳои «нақшаи идоракунӣ,» ва «ки дар Нақшаи идоракунӣ пешбинӣ шудаанд,» хориҷ карда шаванд;
3) замимаи 3 хориҷ карда шуда, замимаи 4 замимаи 3 ҳисобида шавад.
3. Ба замимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024, № 488 «Дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1) ба банди 5 сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- бо мақсади баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон (оилаҳо) барои гирифтани кумаки унвонии иҷтимоӣ, санҷидани дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва маълумоти дар онҳо дарҷгардида, инчунин ташкили кори иҷтимоӣ бо аҳолӣ, дар назди мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои пардохти хароҷоти маъмурӣ ва пешбурди коргузории механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ пешбинигардида як нозир-коргузорро ба кор қабул менамояд;»;
2) сархати чоруми банди 7 хориҷ карда шавад;
3) дар банди 27 рақами «28» ба рақами «26» иваз карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2025, № 139
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №148 «О Министерстве здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан» следующие изменения и дополнения:
1) в приложении 1:
- пункт 7 дополнить абзацем шестидесятым следующего содержания:
«- осуществлять деятельность по разработке, организации и размещению государственного социального заказа в направлениях здравоохранения и социальной защиты населения, а также контроль за реализацией государственного социального заказа в данных направлениях;»;
2)в приложении 3:
- абзац третий изложить в следующей редакции:
«Отделы и секторы социальной защиты населения Горно- Бадахшанской автономной области, Согдийской и Хатлонской областей, города Душанбе, городов и районов»;
- в абзаце четвертом слова «медицинской деятельностью» заменить словом «здравоохранением»,
2. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 4 марта 2014 года, №168 «О Государственном агентстве социальной защиты населения Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан» следующие изменения и дополнения:
1)в пункте 2 слова «, Схему управления» исключить, а цифры «3 и 4» заменить словом и цифрой «и 3»;
2)в приложении 1:
- в абзаце двадцать четвёртом пункта 5 знак точки заменить знаком точки с запятой «;» и дополнить абзацем двадцать пятым следующего содержания:
«- в областных отделах и секторах социальной защиты населения исполнительных органов государственной власти городов и районов и органах самоуправления посёлков и дехотов принимает на работу инспекторов-делопроизводителей по социальным услугам и адресной социальной помощи и в порядке, установленном Правительством Республики Таджикистан, обеспечивает их финансирование.»;
- из абзаца первого пункта 9 слово и знак «Схему управления,» исключить, а в седьмом абзаце слова «в Схеме управления» заменить словами «в Перечне учреждений системы»;
3) приложение 3 исключить, а приложение 4 считать приложением 3,
3. Внести в приложение к постановлению Правительства Республики Таджикистан от 30 августа 2024 года, №488 «О Порядке назначения адресного социального пособия, определения его размера и малоимущих граждан (семей) в Республике Таджикистан» следующие дополнение и изменения:
1) пункт 5 дополнить абзацем шестым следующего содержания:
« - в целях своевременного рассмотрения обращений граждан (семей) для получения адресной социальной помощи, проверки достоверности предоставленных документов и указанных в них сведений, а также организации социальной работы с населением, при органах местного самоуправления поселков и дехотов за счет средств, предусмотренных в республиканском бюджете для оплаты административных расходов и ведения делопроизводства механизма назначения и выплаты адресного социального пособия, принимает одного инспектора-делопроизводителя на работу;»;
2) абзац четвёртый пункта 7 исключить;
3) в пункте 27 цифру «28» заменить цифрой «26».
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 28 февраля 2025 года №139