Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2019 № 634, аз 26.11.2020 № 629, аз 28.11.2023 № 536, аз 13.02.2024 № 63)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ, Номгӯи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Номгӯи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2, 3, 4 ва5).
2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 92 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад. Маблағгузории 84 воҳиди корӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 8 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси вазорат анҷом дода шавад .
3. Ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовини Вазир, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовараи Вазорат иборат аз 7 нафар дошта бошад. Барои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 5 адад муқаррар карда шавад.
4. Маблағгузории Дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар Нақшаи идоракунии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо мувофиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода шавад.
5. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:
- низомномаҳои сохторҳои дар Нақшаи идоракунии Вазорат нишондодашударо таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ намояд;
- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои соҳавии меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро бо қарори мазкур мутобиқ намояд.
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 марти соли 2014 № 145
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2019 № 634)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ, Номгӯи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Номгӯи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2, 3, 4 ва5).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 123 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 83 воҳиди корӣ муқаррар карда шавад. Маблағузории 115 воҳиди корӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 8 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси вазорат анҷом дода шавад .
3. Ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовини Вазир, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовараи Вазорат иборат аз 7 нафар дошта бошад. Барои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 7 адад, аз ҷумла барои Дастгоҳи марказӣ 5 адад муқаррар карда шавад.