Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2024, № 836 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12"

Санаи амалкуни: 04.06.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:

Ба қисми 5 Сохтори мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, сархатҳои шашум ва бистум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 4 июни соли 2024, № 836

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении дополнений в указ Президента Республики Таджикистан от 19 ноября 2013 года, №12

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» постановляю:

Часть 5 Структуры центральных исполнительных органов государственной власти Республики Таджикистан, утвержденной указом Президента Республики Таджикистан от 19 ноября 2013 года, №12 «О совершенствовании структуры исполнительных органов государственной власти Республики Таджикистан» дополнить шестым и двадцатым абзацами следующего содержания:

«Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан

Агентство по охране исторического и культурного наследия при Правительстве Республики Таджикистан».

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе 4 июня 2024 года №836