ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:
Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар банди 11 калимаҳои «Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад;
- сархати ҳафтуми қисми 5 замима дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 7 январи соли 2025, № 907
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменений в указ Президента Республики Таджикистан от 19 ноября 2013 года, №12
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» п о с т а н о в л я ю:
Внести в указ Президента Республики Таджикистан от 19 ноября 2013 года, №12 «О совершенствовании структуры исполнительных органов государственной власти Республики Таджикистан» следующие изменения:
- в пункте 11 слова «Комитет по религии, упорядочению традиций, торжеств и обрядов при Правительстве Республики Таджикистан» заменить словами «Комитет по религии, упорядочению торжеств и обрядов при Правительстве Республики Таджикистан»;
- абзац седьмой части 5 приложения изложить в следующей редакции:
«Комитет по религии, упорядочению торжеств и обрядов при Правительстве Республики Таджикистан».
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе 7 января 2025 года №907