ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
Дар қисми 5 Сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаи зерин ворид карда шавад:
- калимаҳои "Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- сархати даҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Президен
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
30 майи соли 2017 № 887
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменения и дополнения в указ Президента Республики Таджикистан от 19 ноября 2013 года, №12
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:
Внести в части 5 Структуры центральных исполнительных органов государственной власти Республики Таджикистан, утвержденной указом Президента Республики Таджикистан от 19 ноября 2013 года, №12 "О совершенствовании структуры исполнительных органов государственной власти Республики Таджикистан", следующие изменение и дополнение:
- слова "Комитет по делам молодёжи, спорту и туризму при Правительстве Республики Таджикистан" заменить словами "Комитет по делам молодёжи и спорту при Правительстве Республики Таджикистан";
- дополнить десятым абзацем следующего содержания:
"Комитет по развитию туризма при Правительстве Республики Таджикистан".
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 30 мая 2017 года, № 887