ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Фармони Президенти ҶТ аз 27.03.2024 № 798)
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 75 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад .
3. Ба директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки се муовин, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад .
4. Барои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити мошинҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 4 адад муқаррар карда шавад (.
5. Маблағгузории Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президеити Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад.
6. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо бинои маъмурӣ таъмин намудани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ намояд.
7. Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон низомнома ва сохтори дастгоҳи марказии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
8. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва замимаи он, ки бо фармони мазкур тасдиқ шудааст, тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1) Аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;
2) дар Сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар ном калимаҳои "ҳокимияти иҷроияи" ба калимаҳои "иҷроияи ҳокимияти давлатии" иваз карда шаванд;
- аз қисми 1 сархати дуюм хориҷ карда шуда, сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон".
9. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таклиф пешниҳод намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 3 апрели соли 2021, № 147
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Об Агентстве инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан
(в редакции Указа Президента РТ от 27.03.2024 №798)
В соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан и статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:
1. Создать Агентство инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан
2. Установить предельную численность государственных служащих Агентства инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан в количестве 75 единиц
3. Разрешить директору Агентства инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан иметь три заместителей, в том числе одного первого заместителя и коллегию в составе 7 человек
4. Установить Агентству инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан лимит служебных легковых автомобилей в количестве 4 единиц
5. Финансирование Агентства инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан осуществить за счет средств республиканского бюджета и других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан, по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан
6. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан принять меры по обеспечению административным зданием Агентства инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан
7. Правительству Республики Таджикистан разработать и представить для утверждения положение и структуру центрального аппарата Агентства инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан
8. Из части I Структуры центральных исполнительных органов государственной власти Республики Таджикистан, утвержденной указом Президента Республики Таджикистан от 19 ноября соли 2013 года, №12 "О совершенствовании структуры исполнительных органов государственной власти Республики Таджикистан", абзац второй исключить и дополнить абзацем седьмым следующего содержания:
"Агентство инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан"
9. Агентству инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан в установленном порядке представить предложения по внесению соответствующих изменений и дополнений в отраслевые нормативные правовые акты
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
3 апреля 2021 года №147