Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 № 1430 "Дар бораи табдил додани Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи табдил додани Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мутобиқи моддаҳои 58 ва 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" фармон медиҳам:

1. Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати се моҳ:

- низомнома, сохторҳои дастгоҳи марказӣ, маҳаллӣ ва нақшаи идоракунии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро бо фармони мазкур мутобиқ карда, ҷиҳати ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор пешниҳод манзур намояд.

3. Дар қисми 1 Сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати шашум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми иазди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон".

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе

27 январи соли 2020 № 1430