Замимаи 1
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 августи соли 2012,
№ 451 тасдиқ шудааст
Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 361, аз 25.01.2017 № 45, аз 13.02.2018 № 60, аз 30.11.2019 № 605, аз 29.02.2020 № 163, аз 28.10.2020 № 574)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Андозбандии даромади умумии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрвандӣ, ки фаъолияти соҳибкории инфиродиро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома анҷом медиҳанд, тибқи Қоидаҳои мазкур амалӣ карда мешавад.
2. Соҳибкори инфиродӣ наметавонад дар як вақт фаъолиятро дар асоси ду варақаи патент, ду варақаи шаҳодатнома ё варақаҳои патент ва шаҳодатнома анҷом диҳад.
3. Шахси воқеие, ки дар амал фаъолияти соҳибкориро анҷом дода, аз бақайдгирии давлатӣ нагузаштааст, бо мақсадҳои андозбандӣ соҳибкори инфиродӣ дониста мешавад.
4. Соҳибкори инфиродӣ то он лаҳзае, ки фаъолияти ӯ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда қатъ карда нашудааст, ҳамчун соҳибкоре, ки фаъолияти соҳибкории худро давом медиҳад ва дар назди буҷет ӯҳдадориҳои андоз дорад, эътироф карда мешавад.
5. Даромадҳои соҳибкори инфиродие, ки дар манбаи пардохт андозбандӣ гардиданд, ба даромади умумии андозбандишавандаи соҳибкор дохил карда намешаванд.
2. Қоидаҳои андозбандии фаъолият тибқи патент
6. Фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси патент танҳо аз ҷониби шахси воқеие анҷом дода мешавад, ки ба номи ӯ патент дода шудааст.
7. Бо дарназардошти талаботи Қоидаҳои мазкур пардохт барои патент пардохти устувори андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ буда, аз даромади дар амал бадастовардаи соҳибкори инфиродӣ вобаста намебошад.
8. Андозбандии соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда тибқи Қоидаҳои мазкур анҷом дода мешавад, агар дар як вақт шартҳои зерин иҷро карда шаванд:
а) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ (патенти дахлдор) ба номи чунин соҳибкор дода шуда бошад;
б) маблағи патент барои моҳи (моҳҳои) тақвимии минбаъда аз ҷониби соҳибкор пешакӣ (бо тариқи пешпардохт) пардохт шуда бошад;
в) соҳибкори инфиродӣ фаъолиятро бе ҷалби коргарони кироя ва бе амалӣ намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ анҷом диҳад;
г) намуди фаъолияти соҳибкории анҷомдодашавандаи соҳибкор дар Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, ки бо қарори мазкур тасдиқ шудааст, пешбинӣ гардида бошад;
д) даромади умумии соҳибкори инфиродӣ дар соли тақвимӣ аз 100 ҳазор сомонӣ зиёд набошад.
9. Дар ҳолате, ки шахси воқеӣ амалан коргари кироя маҳсуб ёфта, фаъолияти он бо қонунгузории меҳнат ва (ё) шартномаи меҳнатӣ ва (ё) тартиби кории шахси ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешавад, ё шахси воқеӣ танҳо ба як шахси дигар хизмат намуда (кор карда), муносибатҳои онҳо дорои аломатҳои муносибатҳои мехнатӣ мебошанд, андозбандии чунин шахси воқеӣ дар асоси патент манъ мебошад.
10. Патент дар ҳолати мавҷудияти ҳуҷҷатҳое, ки пешпардохти маблағи патентро барои (моҳи) моҳҳои тақвимии минбаъда тасдиқ менамоянд (барои шахси воқеӣ - шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандӣ - дар моҳи (моҳҳои) тақвимӣ то охири соли тақвимӣ ё моҳҳои тақвимии дар раводид ё дигар ҳуҷҷати муқарраршуда дарҷ гардида) эътибор дорад.
11. Дар ҳолате, ки фаъолияти соҳибкори инфиродӣ - дорандаи патент ба талаботҳои бандҳои 8, 9 ва 10 Қоидаҳои мазкурро мутобиқат намекунад, чунин соҳибкори инфиродӣ ҳуқуқи истифодаи системаи патентиро надорад ва ӯҳдадор аст дар мӯҳлати на зиёда аз 10 рӯзи тақвимӣ бо тартиби муқарраргардида оид ба қатъ намудани бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкори инфиродӣ дар асоси патент ариза диҳад .
12. Маблағи пардохти патент аз намуди фаъолияти соҳибкори инфиродӣ тибқи Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, давраи пардохт (моҳҳои пурраи тақвимӣ) ва минтақаи фаъолияти соҳибкории он вобаста мебошад.
13. Агар минтақаи фаъолият тамоми қаламрави ҷумҳурӣ интихоб шуда бошад, пас маблағи пардохти патент барои намуди фаъолияти амалишаванда аз рӯи меъёрҳои барои шаҳри Душанбе муқарраршуда муайян карда мешавад. Агар минтақаи фаъолият ҳудуди ягон вилоят (вилоятҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, маблағи пардохти патент аз рӯи меъёри баландтарини барои шаҳру ноҳияҳои вилояти (вилоятҳои) дахлдор муқарраршуда, муайян карда мешавад. Агар минтақаи фаъолият ду ё аз ин зиёд ноҳияҳои (шаҳрҳои) тобеи ҷумҳурӣ бошад, маблағи пардохти патент аз рӯи меъёри баландтарини барои ин ноҳияҳо (шаҳрҳо) муқарраршуда муайян карда мешавад.
14. Дар ҳолати вайрон кардани талаботи банди 13 Қоидаҳои мазкур соҳибкори инфиродӣ ӯҳдадор аст, ки маблағи патентро аз рӯи меъёрҳои барои шаҳри Душанбе муқарраршуда пардохт намояд.
15. Дар ҳолате, ки соҳибкори инфиродӣ хоҳиши анҷом додани 2 ё зиёда аз он намудҳои фаъолияти дар Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродӣ пешбинишударо дошта бошад (ё амалан анҷом дода истодааст), чунин соҳибкор 100 фоизи маблағи баландтарини патент барои фаъолияти интихобгардида пешбинишуда, инчунин 20 фоизи маблағи патент барои ҳар як дигар намудҳои фаъолияти интихобшуда месупорад.
16. Пардохт барои патент бо дарназардошти татбиқ намудани Коэффисиентҳои минтақавие, ки андозаҳои пардохтро барои патент дар қаламрави шаҳрҳо ва ноҳияҳо танзим менамоянд ва бо қарори мазкур тасдиқ шудаанд, ҳисоб карда мешавад ().
17. Новобаста аз санаи бақайдгирии давлатии оғози фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё санаи бақайдгирии давлатии қатъ намудани фаъолият, пардохт барои патент барои моҳҳои пурраи тақвимӣ (аз ҷумла моҳи оғози фаъолият ва моҳи қатъи фаъолият) амалӣ карда мешавад. Ҳамзамон, тибқи тартиби муқарраргардида қатъ намудани фаъолият тариқи патент то санаи 5 моҳи тақвимӣ ӯҳдадории пардохт барои патент барои ин моҳи тақвимӣ ташкил наменамояд. Дар ҳолати риоя нагардидани мӯҳлати муқарраршуда маблағи патент барои ҳар моҳи тақвимӣ пурра ба буҷет пардохт мегардад.
18. Ҳангоми бемори бистарӣ ё дар қарантин будан, дар рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд будан, дар хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок қарор доштан, бо ҳукми (қарори) суд дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ нигоҳ доштан ва (ё) дар изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ қарор доштан, дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани соҳибкори инфиродӣ, фавти ӯ ва (ё) рух додани сӯхтор, офатҳои табиӣ ё ҷорӣ гардидани карантин дар маҳалли фаъолият, ки амалӣ намудани фаъолияти соҳибкориро ғайриимкон менамояд, дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда маблағи патент пардохт карда намешавад
19. Баъди ҷамъбасти соли тақвимӣ байни соҳибкори инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда ва мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ санади муқоисавӣ тартиб дода мешавад. Санади муқоисавӣ на дертар аз 1 марти соле, ки пас аз соли ҳисоботӣ фаро мерасад, бо пешниҳоди расидҳои бонкӣ тартиб дода мешавад. Тартиб додани санади муқоисавӣ байни соҳибкори инфиродӣ ва мақомоти андоз хатмӣ мебошад.
20. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи қатъи фаъолияти соҳибкори инфиродӣ тариқи патент фаъолияткунанда ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки қонунгузорӣ дар бораи бақайдгирии давлатӣ муқаррар намудааст.
3. Қоидаҳои андозбандии фаъолият дар асоси шаҳодатнома
21. Соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда дорои ҳуқуқи истифодаи меҳнати кироя буда, метавонад тамоми намудҳои фаъолияти соҳибкориро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) Қоидаҳои мазкур маҳдуд накардааст, анҷом диҳад.
22. Андозбандии даромадҳои шахсони воқеӣ, ки фаъолияти соҳибкориро дар асоси шаҳодатнома амалӣ менамоянд, мувофиқи низомҳои махсуси андозбандии муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд. Соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда вазифадор аст эъломияҳои (ҳисобҳои) андозро тибқи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
23. ӯҳдадориҳои андозии соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда аз натиҷаи фаъолияти соҳибкории ӯ вобаста мебошад. Ҳамзамон меъери андози иҷтимоии чунин соҳибкори инфиродӣ новобаста аз даромади бадастомада наметавонад аз андозаи ҳадди зиёдтарини андози иҷтимоӣ, ки барои соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда бо назардошти татбиқи коэффитсиентҳои минтақавӣ муқаррар шудааст, камтар бошад ().
24. Соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда ӯҳдадор аст, ки баҳисобгирии муҳосибавии даромадҳо ва хароҷотҳои соҳибкории худро тибқи тартиби соддакардашуда, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ мекунад, амалӣ намояд.
25. Дар ҳолати ҳисобаробаркунӣ бо пули нақд соҳибкори инфиродӣ вазифадор аст, ки тибқи тартиби муқарраршуда мошинҳои назоратӣ-хазинавиро бо хотироти фискалӣ истифода барад.
26. Даромади умумии солонаи соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда аз ҳамаи намудҳои фаъолияти амалишавандаи он наметавонад аз як миллион сомонӣ зиёд бошад .
27. Соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда наметавонад воҳидҳои махсус дошта бошад.
28. Агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, соҳибкори дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда метавонад ҳамаи намуди фаъолиятро анҷом диҳад, ба истиснои:
а) истеҳсоли молҳои зераксизӣ (ба истиснои нӯшокиҳои ғайриспиртӣ) ва амалӣ намудани фаъолияти зераксизӣ;
б) фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (ба истиснои воридот ва содироти молҳои ниёзи мардум ба маблағи то як миллион сомонӣ) (
в) фаъолияти бонкӣ ё намудҳои алоҳидаи амалиёти бонкӣ, фаъолияти суғуртавӣ, фаъолият оид ба идоракунии фондҳои сармоягузорӣ, фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок ;
г) фаъолият доир ба истифодабарии қаъри замин;
д) қабул, коркард ва (ё) таҳвили металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, дигар металлҳо, консентрат, оҳанпора ва маъданҳо;
е) фурӯши сӯзишворӣ, гази моеъ ва табиӣ, таъсиси бозорҳо, меҳмонхонаҳо ();
ж) ташкили сехҳои оҳангудозӣ (.
29. Дар ҳолате, ки дар давоми соли тақвимӣ даромади умумии соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда аз як миллион сомонӣ зиёд гардад, ин соҳибкори инфиродӣ вазифадор аст, ки ба мақомоти андози маҳали баҳисобгирии бақайдгирии худ маълумот пешниҳод намуда, фаъолияти худро ҳамчун соҳибкори инфиродӣ аз санаи 1 моҳи минбаъда тибқи тартиби муқарраргардида қатъ намояд. Соҳибкори мазкур метавонад фаъолияти худро дар асоси низоми дигари андозбандии муқаррарнамудаи қонунгузории андоз ҳамчун шахси ҳуқуқӣ идома диҳад .
30. Вайрон кардани талаботи Қоидаҳои мазкур барои кашидан ба ҷавобгарие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, асос мебошад.
Боби 4 хориҷ карда шуд .
Ниг. ба Замимаи 2
Ниг. ба Замимаи 3
Ниг. ба Замимаи 4
Замимаи 1
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 августи соли 2012,
№ 451 тасдиқ шудааст
Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 361)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Андозбандии даромади умумии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрвандӣ, ки фаъолияти соҳибкории инфиродиро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома анҷом медиҳанд, тибқи Қоидаҳои мазкур амалӣ карда мешавад.
2. Соҳибкори инфиродӣ наметавонад дар як вақт фаъолиятро дар асоси ду варақаи патент, ду варақаи шаҳодатнома ё варақаҳои патент ва шаҳодатнома анҷом диҳад.
3. Шахси воқеие, ки дар амал фаъолияти соҳибкориро анҷом дода, аз бақайдгирии давлатӣ нагузаштааст, бо мақсадҳои андозбандӣ соҳибкори инфиродӣ дониста мешавад.
4. Соҳибкори инфиродӣ то он лаҳзае, ки фаъолияти ӯ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда қатъ карда нашудааст, ҳамчун соҳибкоре, ки фаъолияти соҳибкории худро давом медиҳад ва дар назди буҷет ӯҳдадориҳои андоз дорад, эътироф карда мешавад.
5. Даромадҳои соҳибкори инфиродие, ки дар манбаи пардохт андозбандӣ гардиданд, ба даромади умумии андозбандишавандаи соҳибкор дохил карда намешаванд.
2. Қоидаҳои андозбандии фаъолият тибқи патент
6. Фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси патент танҳо аз ҷониби шахси воқеие анҷом дода мешавад, ки ба номи ӯ патент дода шудааст.
7. Бо дарназардошти талаботи Қоидаҳои мазкур пардохт барои патент пардохти устувори андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ буда, аз даромади дар амал бадастовардаи соҳибкори инфиродӣ вобаста намебошад.
8. Андозбандии соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда тибқи Қоидаҳои мазкур анҷом дода мешавад, агар дар як вақт шартҳои зерин иҷро карда шаванд:
а) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ (патенти дахлдор) ба номи чунин соҳибкор дода шуда бошад;
б) маблағи патент барои моҳи (моҳҳои) тақвимии минбаъда аз ҷониби соҳибкор пешакӣ (бо тариқи пешпардохт) пардохт шуда бошад;
в) соҳибкори инфиродӣ фаъолиятро бе ҷалби коргарони кироя ва бе амалӣ намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ анҷом диҳад;
г) намуди фаъолияти соҳибкории анҷомдодашавандаи соҳибкор дар Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, ки бо қарори мазкур тасдиқ шудааст, пешбинӣ гардида бошад;
д) даромади умумии соҳибкори инфиродӣ дар соли тақвимӣ аз 100 ҳазор сомонӣ зиёд набошад.
9. Дар ҳолате, ки шахси воқеӣ амалан коргари кироя маҳсуб ёфта, фаъолияти он бо қонунгузории меҳнат ва (ё) шартномаи меҳнатӣ ва (ё) тартиби кории шахси ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешавад, ё шахси воқеӣ танҳо ба як шахси дигар хизмат намуда (кор карда), муносибатҳои онҳо дорои аломатҳои муносибатҳои мехнатӣ мебошанд, андозбандии чунин шахси воқеӣ дар асоси патент манъ мебошад.
10. Патент дар ҳолати мавҷудияти ҳуҷҷатҳое, ки пешпардохти маблағи патентро барои (моҳи) моҳҳои тақвимии минбаъда тасдиқ менамоянд (барои шахси воқеӣ - шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандӣ - дар моҳи (моҳҳои) тақвимӣ то охири соли тақвимӣ ё моҳҳои тақвимии дар раводид ё дигар ҳуҷҷати муқарраршуда дарҷ гардида) эътибор дорад.
11. Дар ҳолате, ки фаъолияти соҳибкори инфиродӣ - дорандаи патент ба талаботҳои бандҳои 8, 9 ва 10 Қоидаҳои мазкурро мутобиқат намекунад, чунин соҳибкори инфиродӣ ҳуқуқи истифодаи системаи патентиро надорад ва ӯҳдадор аст дар мӯҳлати на зиёда аз 10 рӯзи тақвимӣ бо тартиби муқарраргардида оид ба қатъ намудани бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкори инфиродӣ дар асоси патент ариза диҳад. Дар акси ҳол чунин соҳибкори инфиродӣ бо меъёри 10 -каратаи андозаи моҳонаи андозҳои ба фаъолияти ӯ дахлдошта андозбандӣ карда мешавад.
12. Маблағи пардохти патент аз намуди фаъолияти соҳибкори инфиродӣ тибқи Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, давраи пардохт (моҳҳои пурраи тақвимӣ) ва минтақаи фаъолияти соҳибкории он вобаста мебошад.
13. Агар минтақаи фаъолият тамоми қаламрави ҷумҳурӣ интихоб шуда бошад, пас маблағи пардохти патент барои намуди фаъолияти амалишаванда аз рӯи меъёрҳои барои шаҳри Душанбе муқарраршуда муайян карда мешавад. Агар минтақаи фаъолият ҳудуди ягон вилоят (вилоятҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, маблағи пардохти патент аз рӯи меъёри баландтарини барои шаҳру ноҳияҳои вилояти (вилоятҳои) дахлдор муқарраршуда, муайян карда мешавад. Агар минтақаи фаъолият ду ё аз ин зиёд ноҳияҳои (шаҳрҳои) тобеи ҷумҳурӣ бошад, маблағи пардохти патент аз рӯи меъёри баландтарини барои ин ноҳияҳо (шаҳрҳо) муқарраршуда муайян карда мешавад.
14. Дар ҳолати вайрон кардани талаботи банди 13 Қоидаҳои мазкур соҳибкори инфиродӣ ӯҳдадор аст, ки маблағи патентро аз рӯи меъёрҳои барои шаҳри Душанбе муқарраршуда пардохт намояд.
15. Дар ҳолате, ки соҳибкори инфиродӣ хоҳиши анҷом додани 2 ё зиёда аз он намудҳои фаъолияти дар Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродӣ пешбинишударо дошта бошад (ё амалан анҷом дода истодааст), чунин соҳибкор 100 фоизи маблағи баландтарини патент барои фаъолияти интихобгардида пешбинишуда, инчунин 20 фоизи маблағи патент барои ҳар як дигар намудҳои фаъолияти интихобшуда месупорад.
16. Пардохт барои патент бо дарназардошти татбиқ намудани Коэффисиентҳои минтақавие, ки андозаҳои пардохтро барои патент дар қаламрави шаҳрҳо ва ноҳияҳо танзим менамоянд ва бо қарори мазкур тасдиқ шудаанд, ҳисоб карда мешавад ().
17. Новобаста аз санаи бақайдгирии давлатии оғози фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё санаи бақайдгирии давлатии қатъ намудани фаъолият, пардохт барои патент барои моҳҳои пурраи тақвимӣ (аз ҷумла моҳи оғози фаъолият ва моҳи қатъи фаъолият) амалӣ карда мешавад. Ҳамзамон, тибқи тартиби муқарраргардида қатъ намудани фаъолият тариқи патент то санаи 5 моҳи тақвимӣ ӯҳдадории пардохт барои патент барои ин моҳи тақвимӣ ташкил наменамояд. Дар ҳолати риоя нагардидани мӯҳлати муқарраршуда маблағи патент барои ҳар моҳи тақвимӣ пурра ба буҷет пардохт мегардад.
18. Ҳангоми бемори бистарӣ будан ё фавти соҳибкори инфиродӣ ва (ё) рух додани сӯхтор дар маҳалли фаъолият, ки амалӣ намудани фаъолияти соҳибкориро ғайриимкон менамояд, дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда маблағи патент дар ин давра пардохт карда намешавад ().
19. Баъди ҷамъбасти соли тақвимӣ байни соҳибкори инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда ва мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ санади муқоисавӣ тартиб дода мешавад. Санади муқоисавӣ на дертар аз 1 марти соле, ки пас аз соли ҳисоботӣ фаро мерасад, бо пешниҳоди расидҳои бонкӣ тартиб дода мешавад. Тартиб додани санади муқоисавӣ байни соҳибкори инфиродӣ ва мақомоти андоз хатмӣ мебошад.
20. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи қатъи фаъолияти соҳибкори инфиродӣ тариқи патент фаъолияткунанда ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки қонунгузорӣ дар бораи бақайдгирии давлатӣ муқаррар намудааст.
3. Қоидаҳои андозбандии фаъолият дар асоси шаҳодатнома
21. Соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда дорои ҳуқуқи истифодаи меҳнати кироя буда, метавонад тамоми намудҳои фаъолияти соҳибкориро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) Қоидаҳои мазкур маҳдуд накардааст, анҷом диҳад.
22. Андозбандии даромадҳои шахсони воқеӣ, ки фаъолияти соҳибкориро дар асоси шаҳодатнома амалӣ менамоянд, мувофиқи низомҳои махсуси андозбандии муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд. Соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда вазифадор аст эъломияҳои (ҳисобҳои) андозро тибқи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
23. ӯҳдадориҳои андозии соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда аз натиҷаи фаъолияти соҳибкории ӯ вобаста мебошад. Ҳамзамон меъери андози иҷтимоии чунин соҳибкори инфиродӣ новобаста аз даромади бадастомада наметавонад аз андозаи ҳадди зиёдтарини андози иҷтимоӣ, ки барои соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда бо назардошти татбиқи коэффитсиентҳои минтақавӣ муқаррар шудааст, камтар бошад ().
24. Соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда ӯҳдадор аст, ки баҳисобгирии муҳосибавии даромадҳо ва хароҷотҳои соҳибкории худро тибқи тартиби соддакардашуда, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ мекунад, амалӣ намояд.
25. Дар ҳолати ҳисобаробаркунӣ бо пули нақд соҳибкори инфиродӣ вазифадор аст, ки тибқи тартиби муқарраршуда мошинҳои назоратӣ-хазинавиро бо хотироти фискалӣ истифода барад.
26. Даромади умумии солонаи соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда аз ҳамаи намудҳои фаъолияти амалишавандаи он наметавонад аз 500 ҳазор сомонӣ зиёд бошад.
27. Соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда наметавонад воҳидҳои махсус дошта бошад.
28. Агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, соҳибкори дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда метавонад ҳамаи намуди фаъолиятро анҷом диҳад, ба истиснои:
а) истеҳсоли молҳои зераксизӣ (ба истиснои нӯшокиҳои ғайриспиртӣ) ва амалӣ намудани фаъолияти зераксизӣ;
б) фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (ба истиснои воридот ва содироти молҳои ниёзи мардум ба маблағи то 500 ҳазор сомонӣ) ();
в) фаъолияти бонкӣ ё намудҳои алоҳидаи амалиёти бонкӣ (ба истиснои амалиёти мубодилаи асъор), фаъолияти суғуртавӣ, фаъолият оид ба идоракунии фондҳои сармоягузорӣ, фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок;
г) фаъолият доир ба истифодабарии қаъри замин;
д) қабул, коркард ва (ё) таҳвили металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, дигар металлҳо, консентрат, оҳанпора ва маъданҳо;
е) фурӯши сӯзишворӣ, гази моеъ ва табиӣ, таъсиси бозорҳо, меҳмонхонаҳо ();
ж) ташкили сехҳои оҳангудозӣ (.
29. Дар ҳолате, ки дар давоми соли тақвимӣ даромади умумии соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда аз 500 ҳазор сомонӣ зиёд гардад, ин соҳибкори инфиродӣ вазифадор аст, ки ба мақомоти андози маҳали баҳисобгирии бақайдгирии худ маълумот пешниҳод намуда, фаъолияти худро ҳамчун соҳибкори инфиродӣ аз санаи 1 моҳи минбаъда тибқи тартиби муқарраргардида қатъ намояд. Соҳибкори мазкур метавонад фаъолияти худро дар асоси низоми дигари андозбандии муқаррарнамудаи қонунгузории андоз ҳамчун шахси ҳуқуқӣ идома диҳад.
30. Вайрон кардани талаботи Қоидаҳои мазкур барои кашидан ба ҷавобгарие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, асос мебошад.
4. Муқаррароти интиқолӣ
31. Соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда, ки даромади умумиашон дар соли 2012 аз 100 ҳазор сомонӣ бештар мебошад ё намуди фаъолияти онҳо ба Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродӣ мутобиқ намебошад, ӯҳдадоранд, ки то 1 апрели соли 2013 фаъолияти соҳибкории худро тибқи тартиби муқарраршуда қатъ намоянд. Дар ҳолати дар ин давра ба фаъолият тибқи низоми андозбандии дигар шурӯъ намудани чунин соҳибкорони инфиродӣ аз онҳо боҷҳои давлатӣ барои қатъ намудани фаъолият тибқи системаи патентӣ ва оғоз намудани фаъолият ситонида намешаванд.
32. Соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда, ки даромади умумиашон дар соли 2012 аз 500 ҳазор сомонӣ бештар мебошад, бояд то 1 апрели соли 2013 фаъолияти соҳибкории худро тибқи тартиби муқарраршуда қатъ намоянд (ба истинои супорандагони андози ягона). Дар ҳолати дар ин давра ба фаъолият тибқи низоми андозбандии дигар шурӯъ намудани чунин соҳибкорони инфиродӣ аз онҳо боҷҳои давлатӣ барои қатъ намудани фаъолият ва оғоз намудани фаъолият ситонида намешаванд.
Замимаи 2
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 августи соли 2012,
№ 451 тасдиқ шудааст
Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродие, ки дар асоси патент амалӣ карда мешаванд, инчунин андозаҳои пардохт барои патент
Ниг. ба замима
Замимаи 3
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 августи соли 2012,
№451 тасдиқ шудааст
Коэффисиентҳои минтақавӣ, ки андозаҳои пардохтро барои патент дар қаламрави шаҳру ноҳияҳо танзим менамоянд
Ниг. ба замима