Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 451
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷшшстон аз 31 августи соли 2012, № 451 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд" бандҳои 4, 5 ва 6 дар таҳрири зайл илова карда шаванд:
"4. Барои соҳибкорони инфиродие, ки маблағи патентро барои 3 моҳи тақвимии минбаъда дар шакли пешпардохт (бо назардошти индексатсия) анҷом медиҳанд, ба андозаи 10 фоизи маблағи умумӣ кам карда мешавад.
5. Маъмурияти бозорҳо, марказҳои савдо, инчунин ташкилотҳои ба фаъолияти хизматрасонии нақлиётӣ машғулбуда, ки бо субъектҳои соҳибкорӣ шартномаи иҷора ва (ё) шартнома оид ба гирифтани роҳхат ба хатсайрҳо ба имзо мерасонанд, уҳдадор мебошанд, ки ҳар семоҳа ба мақомоти андози маҳалли қайди худ маълумотҳоро оид ба чунин субъектҳо, масоҳати фаъолият бо нишондоди раста ва ҷойи фаъолият ба таври электронӣ пешниҳод намоянд.
6. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколат дода шавад, ки аз соли 2019 ҳар сол бо дарназардошти сатҳи таваррум дар соли гузаштаи андоз, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи омор муайян карда мешавад, тибқи фармоиши муштараки худ андозаҳои пардохт барои патентро индексатсия намуда, муқаррар кунанд ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" онро ба қайди давлатӣ гиранд.".
- бандҳои 4 ва 5 мутаносибан бандҳои 7 ва 8 ҳисобида шаванд.
2. Ба Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 451 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- ҷумлаи дуюми банди 11 хориҷ карда шавад;
- дар банди 18 пас аз калимаҳои "маҳалли фаъолият," калимаҳои "дар давраҳои дар хизмати ҳарбӣ қарор доштан, бо ҳукми (қарори) суд дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ нигоҳ доштан ва (ё) дар изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ қарор доштан, дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан," илова карда шаванд;
- аз зербанди в) банди 28 калимаҳои "(ба истиснои амалиёти мубодилаи асъор)" хориҷ карда шавад;
- боби 4 хориҷ карда шавад.
3. Ба Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродие, ки дар асоси патент амалӣ карда мешаванд, инчунин андозаҳои пардохт барои патент, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №451 тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- аз банди 3 калимаҳои ", гиёҳҳои худрӯи шифобахш, донаи офтобпараст ва зира" хориҷ карда шаванд;
- аз банди 4 калимаҳои ", дӯғоб, чой ва ғулингоб" хориҷ карда шаванд;
- аз банди 6 калимаҳои "ва биринҷ" хориҷ карда шаванд;
- бандҳои 9, 10 ва 11 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
* ҷадвал
- аз банди 12 калимаҳои ", фурӯши рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, тақвимҳо ва китобҳо дар кӯча, фурӯши молҳои қаблан дар истеъмолбуда" хориҷ карда шаванд;
- аз банди 29 калимаҳои "ва хизматрасониҳои осиёбӣ" хориҷ карда шуда, пас аз калимаҳои "техникаи кишоварзӣ" калимаҳои "инчунин бурдан ва расонидани ёрии муҳосибӣ ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ" илова карда шаванд;
- дар банди 33 пас аз калимаҳои "ҷашну маъракаҳо" калимаҳои ". Сабти мусиқӣ дар телефони мобилӣ, фурӯши дискҳои (фиттаҳои) аудиоӣ ва видеоӣ" илова карда шаванд;
- дар банди 35 пас аз калимаҳои "таълимӣ - репетиторӣ." калимаҳои "Таъмири асбобҳои мусиқӣ." илова карда шавад;
- дар банди 36 калимаҳои "нусхагирӣ, таъмири асбобҳои мусиқӣ" ба калимаи "кафшергарӣ" иваз карда шавад;
- банди 37 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
* ҷадвал
- дар банди 38 калимаҳои "Таъмир ва тоза намудани пойафзол берун аз бинои статсионарӣ, хизматӣ" ба калимаи "Хизмати" иваз карда, калимаҳои "телефони кӯчагӣ," хориҷ карда шаванд;
- аз банди 39 калимаҳои ".Нигоҳубини пиронсолон, беморон ва кӯдакон" хориҷ карда шаванд;
- дар банди 40 пас аз калимаҳои "Муқовакунии ҳуҷҷатҳо" калимаи ", нусхагирӣ" илова карда шавад;
- банди 41 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
* ҷадвал
- банди 43 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
* ҷадвал
- дар банди 46 калимаи "кандакорӣ" ба калимаҳои "насб ва таъмири антеннаҳои маҳворавӣ" иваз карда шавад;
- банди 48 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
* ҷадвал
- дар банди 49 пас аз калимаи "наққошӣ" калимаҳои ", ба истиснои чунин фаъолиятҳо дар деҳотҷойҳо" илова карда шаванд;
- дар Эзоҳ калимаи "нагардидаанд" ба калимаи "гардидаанд" ва калимаи "мешавад" ба калимаи "намешавад" иваз карда шаванд;
- ҷумлаи дуюми сархати якуми Эзоҳ хориҷ карда шавад;
- дар Эзоҳ ҷумлаҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Андозаи пардохти патент барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба андозаи дукаратаи пардохт барои патент аз рӯи ҳамон намуди фаъолиятҳо, ки онҳо истифода мебаранд, амалӣ карда мешавад.
Фаъолият оид ба фурӯши гиёҳҳои худрӯйи шифобахш, дӯғоб, ғулингоб, чой ва донаи офтобпараст дар кӯча, фурӯши рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, тақвимҳо ва китобҳо дар кӯча, фурӯши молҳои қаблан дар истеъмолбуда, чаронидани чорво, таъмир ва тоза намудани пойафзол берун аз бинои статсионарӣ, хизматрасонии телефони кӯчагӣ, нигоҳубини пиронсолон, беморон ва кӯдакон, кашонидани бор ба воситаи ароба дар кӯча ва бозорҳо, шустушӯи воситаи нақлиёт дар кӯча (ба ғайр аз ҷойҳои махсусгардонидашуда) ва қабрканҳо (гӯрканҳо), дар деҳотҷойҳо амалӣ намудани фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ ва маҳсулоти бофташуда (пашмӣ, намадӣ, пахтагӣ абрешимӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ), дар деҳотҷойҳо ба роҳ мондани омӯзиши ҳунарҳои миллӣ (дӯзандагӣ, бофандагӣ, риштабофӣ, газворбофӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, рассомӣ, рангуборкунӣ ва наққошӣ) мавриди андозбандӣ қарор намегирад ва барои амалӣ намудани он патент талаб карда намешавад.".
4. Ба Коэффитсиентҳои минтақавӣ, ки андозаҳои пардохтро барои патент дар қаламрави шаҳру ноҳияҳо танзим менамоянд ва ҳамчун замимаи 3 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 451 тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар гурӯҳи 3 калимаи "Қайроққум" ба калимаи "Гулистон", калимаи "Чкаловск" ба калимаҳои "Бӯстон, Ҳисор" иваз карда шуда, калимаи ", Ҳисор" хориҷ карда шавад;
- дар гурӯҳи 4 пас аз калимаи "Сарбанд" калимаи ", Норак" илова карда шуда, калимаи "Румӣ" ба калимаи "Балхӣ" иваз карда шуда, калимаҳои "ва Норак" хориҷ карда шаванд;
- дар гурӯҳи 5 калимаҳои "Ҷиликӯл", "Қумсангир" ва "Ғончӣ" мутаносибан ба калимаҳоп "Дӯстӣ", "Ҷайҳун" ва "Деваштич" иваз карда шуда, пас аз калимаи "Истиқлол" калимаҳои "ва Панҷакент" илова карда шаванд;
- дар гурӯҳи 6 калимаҳои "деҳотҷойҳои он" ба калимаи "деҳотҷойҳо" иваз карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 25 январи соли 2017 № 45
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 августа 2012 года, №451
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 августа 2012 года, №451 "Об утверждении Правил налогообложения индивидуальных предпринимателей, функционирующих на основе патента или свидетельства" дополнить пунктами 4, 5 и 6 следующего содержания:
"4. Для индивидуальных предпринимателей, которые в авансовом порядке оплатят сумму патента (с учётом индексации) за 3 последующих месяца, сумма патента будет уменьшена в размере 10 процентов от общей суммы.
5. Администрации рынков, торговых центров, также организации, которые занимаются деятельностью по оказанию транспортных услуг и заключают с субъектами предпринимательства договор об аренде или договор о допуске к маршрутам, обязуются каждые три месяца предоставлять в местный налоговый орган информацию о вышеупомянутых субъектах, об их площади деятельности с показателем торговых рядов и месте деятельности в электронной форме.
6. Уполномочить Министерство финансов Республики Таджикистан и Налоговый комитет при Правительстве Республики Таджикистан с 2019 года каждый год с учетом уровня инфляции за прошедший налоговый год, которые определяются уполномоченным органом в области статистики, согласно их совместному распоряжению индексировать и устанавливать размер ставок патента и в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" провести его государственную регистрацию.".
- пункты 4 и 5 соответственно считать пунктами 7 и 8.
2. В Правила налогообложения индивидуальных предпринимателей, функционирующих на основе патента или свидетельства, утвержденных постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 августа 2012 года, №451 внести следующие изменения и дополнения:
- из пункта 11 исключить второе предложение;
- пункт 18 после слов "место деятельности" дополнить словами ", во время пребывания в воинской службе, по приговору (решению) суда содержание в местах лишения свободы и (или) содержание в следственном изоляторе, нахождения в трудовой миграции";
- из подпункта в) пункта 28 исключить слова "(за исключением валютных операций)";
- главу 4 исключить.
3. Внести в Перечень видов индивидуальной предпринимательской деятельности, которые осуществляются на основе патента или свидетельства, а также размеры платы за патент утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 августа 2012 года, №451 следующие изменения и дополнения:
- из пункта 3 исключить слова ", лекарственных дикорастущих растений, семян подсолнечника и тмина";
- из пункта 4 исключить слова ", кислого молоко, чая и компота";
- из пункта 6 исключить слова "и рисовых";
- пункты 9, 10 и 11 изложить в следующей редакции:
*таблица
- из пункта 12 исключить слова ", реализация газет, журналов, календарей и книг на улицах, ранее употребляемых товаров";
- из пункта 29 исключить слова ", услуги мельницы", после слов "культур сельхозтехникой" дополнить словами "также ведение и оказание бухгалтерской помощи производителям сельскохозяйственной продукции";
- пункт 33 после слова "свадеб" дополнить словами ". Запись музыки на мобильный телефон, реализация аудио и видеодисков";
- пункт 35 после слов "учебно-репетиторская." дополнить словами "Ремонт музыкальных инструментов.";
- в пункте 36 слова "копирование, ремонт музыкальных инструментов" заменить словами "сварочные работы";
- пункт 37 изложить в следующей редакции:
*таблица
- в пункте 38 слова "Ремонт и чистка обуви вне стационарного помещения, посредничество" заменить на слово "Посредничество", слова "уличный телефон," исключить;
- из пункта 39 исключить слова ".Уход за престарелыми, больными и детьми";
- в пункт 40 после слов "Переплёт документов" дополнить словом ", ксерокопия";
- пункт 41 изложить в следующей редакции:
*таблица
- пункт 43 изложить в следующей редакции:
*таблица
- в пункте 46 слова "резьба по дереву" заменить словами "установка и настройка спутниковых антенн";
- пункт 48 изложить в следующей редакции:
*таблица
- пункт 49 после слова "миниатюре" дополнить словами ", за исключением такой деятельности в сельской местности";
- в Примечании слова "не указан" заменить словом "указан" и слово "будет" заменить словами "не будет";
- в Примечании исключить второе предложение первого абзаца;
- Примечание дополнить новыми предложениями в следующей редакции:
"Ставку оплаты патента для иностранных граждан и лиц без гражданства осуществить в 2-х кратной ставке оплаты за патент, исходя из видов осуществляемой деятельности.
Деятельность по реализации дикорастущих лекарственных растений, кислого молока, компота, чая, семечек на улице, продаже журналов, газет, календарей и книг на улице, продаже ранее использованных товаров, выпасу скота, ремонту и чистке обуви вне стационарного помещения, услугам по оказанию уличного телефона, уходу за престарелыми, больными и детьми, вывозке товаров с помощью тележек на рынках и улицах, мойке машин на улицах (за исключением специально выделенных мест) и копке могил, реализации продукции народно-художественного творчества и вязанных изделий (шерстяные, войлочные, хлопчатобумажные, шелковые, узорное шитьё, золотошвейные) в сельских местностях, обучению народно-художественному творчеству (пошиву, ткачеству, плетению нитей и полотна, плотничеству, резьбе по дереву, рисованию крашению, миниатюре) в сельских местностях не подлежит налогообложению и при ее осуществлении патент не требуется.".
4. Внести в Зональные коэффициенты, регулирующие плату за патент в пределах городов и районов, утвержденные как приложение 3 постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 августа 2012 года, №451 следующие изменения и дополнения:
- в группе 3 слово "Кайраккум" заменить словом "Гулистон", слово "Чкаловск" заменить словами "Бустон, Гиссар", исключить слово "Гиссар,", также зональный коэффициент "1,0" заменить на "1,1";
- в группе 4 после слова "Сарбанд" дополнить словами "Нурек и Хорог", слово "Руми" заменить словом "Балхи", после слова "Вахш" дополнить словами "Шахринав", "Файзабад", "Варзоб";
- в группе 5 исключить слова "Нурек", "Хорог", "Шахринав", "Файзабад", "Варзоб" и заменить слова "Джиликуль", "Кумсангир" и "Ганчинский" соответственно словами "Дусти", "Джайхун" и "Деваштич", после слов "Истиклол" дополнить словами "и Пенджикент", заменить зональный коэффициент "0,85" на "0,80".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 25 января 2017 года, № 45