ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №451
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Банди 18 Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №451 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"18. Ҳангоми бемори бистарӣ ё дар қарантин будан, дар рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд будан, дар хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок қарор доштан, бо ҳукми (қарори) суд дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ нигоҳ доштан ва (ё) дар изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ қарор доштан, дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани соҳибкори инфиродӣ, фавти ӯ ва (ё) рух додани сӯхтор, офатҳои табиӣ ё ҷорӣ гардидани карантин дар маҳалли фаъолият, ки амалӣ намудани фаъолияти соҳибкориро ғайриимкон менамояд, дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда маблағи патент пардохт карда намешавад.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 октябри соли 2020, № 574
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 августа 2012 года, №451
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Пункт 18 Правил налогообложения индивидуальных предпринимателей, функционирующих на основе патента или свидетельства, утвержденных постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 августа 2012 года, №451 "Об утверждении Правил налогообложения индивидуальных предпринимателей, функционирующих на основе патента или свидетельства", изложить в следующей редакции:
"18. При нахождении на стационарном лечении или карантине, в отпуске по беременности и родам, пребывании в воинской службе, содержании по приговору (решению) суда в местах лишения свободы и (или) содержании в следственном изоляторе, нахождении в трудовой миграции индивидуального предпринимателя, его смерти и (или) возникновении пожара, стихийных бедствий или введении карантина по месту деятельности, приведших к невозможности осуществления предпринимательской деятельности, при наличии подтверждающих документов плата за патент не производится.".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 28 октября 2020 года, №574