Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2018 № 60 "Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 451"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 451

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 451 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд" тағйиру иловаи зерин ворид карда шавад:

- банди 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"3. Номгӯйи намудҳои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона, ки фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасонӣ вобаста ба онҳо аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод мебошанд, тасдиқ карда шавад (замимаи 4).";

- бандҳои 4-8 мувофиқан бандҳои 5-9 дониста шавад.

2. Ба замимаи 2 "Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродие, ки дар асоси патент амалӣ карда мешаванд, инчунин андозаҳои пардохт барои патент", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №451 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шаванд:

- банди 11 хориҷ карда шавад;

- аз банди 49 калимаҳои ", ба истиснои чунин фаъолиятҳо дар деҳотҷойҳо" хориҷ карда шаванд;

- аз ҷумлаи сеюми эзоҳ калимаҳои ", дар деҳотҷойҳо амалӣ намудани фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ ва маҳсулоти бофташуда (пашмӣ, намадӣ, пахтагӣ, абрешимӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ), дар деҳотҷойҳо ба роҳ мондани омӯзиши ҳунарҳои миллӣ (дӯзандагӣ, бофандагӣ, риштабофӣ, газворбофӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, рассомӣ, рангуборкунӣ ва наққошӣ)" хориҷ карда шаванд.

3. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2018 мавриди амал қарор дода шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 13 феврали соли 2018 № 60

ш.Душанбе

 

Замима

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 августа 2012 года, №451

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. В постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 августа 2012 года, №451 "Об утверждении Правил налогообложения индивидуальных предпринимателей, функционирующих на основе патента или свидетельства" внести следующие изменения и дополнения:

- дополнить пунктом 3 следующего содержания:

"3. Утвердить перечень видов деятельности по производству товаров народного потребления на дому, реализация, выполнение работ и обслуживание, связанные с которыми освобождаются от уплаты всех видов налогов (приложение 4).".

- пункты 4-8 соответственно считать пунктом 5-9.

2. В приложение 2 "Перечень видов индивидуальной предпринимательской деятельности, осуществляемых на основе патента, а также размеры платы за патент", утверждённый постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 августа 2012 года, №451 внести следующие изменения:

- исключить пункт 11;

- из пункта 49 исключить слова ", за исключением такой деятельности в сельской местности";

- из третьего предложения примечания слова ", реализации продукций народно-художественного творчества и вязанных изделий (шерстяные, войлочные, хлопчатобумажные, шелковые, узорное шитьё, золотошвейные), обучению народно-художественному творчеству (пошиву, ткачеству, плетению нитей и полотна, плотничеству, резьбе по дереву, рисованию крашению, миниатюре) в сельских местностях" исключить.

3. Настоящее постановление ввести в действие с 1 января 2018 года.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 13 февраля 2018 года, №60

*Перечень