Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, № 151 "Дар бораи Қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда

 

Мутобиқи қисми 3 моддаи 29, қисми 3 моддаи 332, қисми 7 моддаи 367, қисми 2 моддаи 368, моддаи 370, қисмҳои 9 ва 10 моддаи 373 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда тасдиқ карда шавад (замима мегарданд).

2. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол меъёри андозҳо барои патент ва шаҳодатнома бо шартҳои махсусро дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи баробар ба сатҳи таваррум, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи омор барои соли гузаштаи андозӣ муайян карда мешавад, индексатсия ва меъёри онро барои соли минбаъдаи андозӣ муқаррар карда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирад ва дар сомонаи расмии худ ҷойгир намояд.

3. Соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти онҳо ба қарори мазкур мутобиқат намекунад, уҳдадоранд то 1 июли соли 2022 фаъолияти соҳибкории худро тибқи тартиби муқарраршуда қатъ карда, барои идомаи фаъолият дар низоми андозбандии дигар аз қайди давлатӣ гузаранд.

4. Соҳибкорони инфиродие, ки дар муҳлати дар банди 3 қарори мазкур муқарраршуда расмиёти азнавбақайдгирии давлатиро анҷом надодаанд, бо тартиби муқарраргардида аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ хориҷ карда шаванд.

5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №451 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд" аз эътибор соқит дониста шавад.

6. Қарори мазкур пас аз як моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 31 марти соли 2022, № 151

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Правилах налогообложения деятельности индивидуальных предпринимателей, действующих на основе патента или свидетельства

В соответствии с частью 3 статьи 29, частью 3 статьи 332, частью 7 статьи 367, частью 2 статьи 368, статьей 370, частями 9 и 10 статьи 373 Налогового кодекса Республики Таджикистан и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Правила налогообложения деятельности индивидуальных предпринимателей, действующих на основе патента или свидетельства (прилагаются).

2. Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан ежегодно индексировать ставку налогов за патент и свидетельство с особыми условиями в размере, равном с уровнем инфляции, определяемом уполномоченным органом в области статистики за прошедший налоговый год, установить её ставку на следующий налоговый год, производить ее государственную регистрацию в Министерстве юстиции Республики Таджикистан и размещать на своем официальном сайте.

3. Индивидуальные предприниматели, деятельность которых не соответствует настоящему постановлению, обязаны до 1 июля 2022 года в установленном порядке прекратить свою предпринимательскую деятельность и для продолжения деятельности в другом режиме налогообложения пройти государственную регистрацию.

4. Индивидуальные предприниматели, не осуществившие процедуру перерегистрации в сроки, установленные пунктом 3 настоящего постановления, в установленном порядке исключаются из Единого государственного реестра юридических лиц и индивидуальных предпринимателей.

5. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 августа 2012 года, №451 "Об утверждении Правил налогообложения индивидуальных предпринимателей, функционирующих на основе патента или свидетельства".

6. Настоящее постановление ввести в действие через один месяц после официального опубликования.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 31 марта 2022 года, №151