Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 361, аз 25.01.2017 № 45, аз 13.02.2018 № 60)
Мутобиқи моддаҳои 284, 286, 289 ва 327 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд, Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродие, ки дар асоси патент амалӣ карда мешаванд, инчунин андозаҳои пардохт барои патент тасдиқ карда шаванд (Замимаҳои 1 ва 2).
2.Коэффисиентҳои минтақавӣ, ки андозаҳои пардохтро барои патент дар қаламрави шаҳру ноҳияҳо танзим менамоянд, тасдиқ карда шаванд (Замимаи 3).
3. Номгӯйи намудҳои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона, ки фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасонӣ вобаста ба онҳо аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод мебошанд, тасдиқ карда шавад (замимаи 4) .
4. Барои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолияти кишоварзиро анҷом медиҳанд, меъёри андози иҷтимоӣ ба андозаи 10 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад. Пардохти андози иҷтимоӣ барои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар замини лалмӣ фаъолият менамоянд, дар як соли тақвимӣ ҳафт моҳ муқаррар карда шавад. Маблағи пардохти андози иҷтимоии аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ метавонад аз андозаи муқарраршуда зиёдтар бошад ().
5. Барои соҳибкорони инфиродие, ки маблағи патентро барои 3 моҳи тақвимии минбаъда дар шакли пешпардохт (бо назардошти индексатсия) анҷом медиҳанд, ба андозаи 10 фоизи маблағи умумӣ кам карда мешавад .
6. Маъмурияти бозорҳо, марказҳои савдо, инчунин ташкилотҳои ба фаъолияти хизматрасонии нақлиётӣ машғулбуда, ки бо субъектҳои соҳибкорӣ шартномаи иҷора ва (ё) шартнома оид ба гирифтани роҳхат ба хатсайрҳо ба имзо мерасонанд, уҳдадор мебошанд, ки ҳар семоҳа ба мақомоти андози маҳалли қайди худ маълумотҳоро оид ба чунин субъектҳо, масоҳати фаъолият бо нишондоди раста ва ҷойи фаъолият ба таври электронӣ пешниҳод намоянд .
7. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколат дода шавад, ки аз соли 2019 ҳар сол бо дарназардошти сатҳи таваррум дар соли гузаштаи андоз, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи омор муайян карда мешавад, тибқи фармоиши муштараки худ андозаҳои пардохт барои патентро индексатсия намуда, муқаррар кунанд ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" онро ба қайди давлатӣ гиранд .
8. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2009, № 656 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии шахсони воқеие, ки бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ машғуланд ва муқаррар намудани андозаи андози иҷтимоӣ барои аъзои хоҷагии дехқонӣ (фермерӣ, аз ҷумла роҳбари хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ки шахси ҳуқукӣ намебошад" аз эътибор соқит дониста шавад.
9. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 августи соли 2012, № 451
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд
Мутобиқи моддаҳои 284, 286, 289 ва 327 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд, Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродие, ки дар асоси патент амалӣ карда мешаванд, инчунин андозаҳои пардохт барои патент тасдиқ карда шаванд (Замимаҳои 1 ва 2).
2.Коэффисиентҳои минтақавӣ, ки андозаҳои пардохтро барои патент дар қаламрави шаҳру ноҳияҳо танзим менамоянд, тасдиқ карда шаванд (Замимаи 3).
3. Барои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолияти кишоварзиро анҷом медиҳанд, меъёри андози иҷтимоӣ ба андозаи 10 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад. Маблағи пардохти андози иҷтимоии аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ метавонад аз андозаи муқарраршуда зиёдтар бошад.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2009, № 656 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии шахсони воқеие, ки бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ машғуланд ва муқаррар намудани андозаи андози иҷтимоӣ барои аъзои хоҷагии дехқонӣ (фермерӣ, аз ҷумла роҳбари хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ки шахси ҳуқукӣ намебошад" аз эътибор соқит дониста шавад.
5. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 августи соли 2012, № 451
ш. Душанбе