×

Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Тағйироте, ки аз 23.11.2015 № 1231 ба қисми 7 моддаи 16, қисми 5 моддаи 91, қисми 4 моддаи 172 ва банди а) қисми 2 моддаи 215 ворид карда шудааст аз 27 марти соли 2016 мавриди амал қарор дода шавад.

КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 505; с. 2003, №12, мод. 683; с. 2004, №7, мод. 455; с. 2005, №3, мод. 127; с. 2008, №3, мод. 190, №12, қ. 1, мод. 987; с. 2010, №7, мод. 552, №12, к. 1, мод. 810; с. 2011, №6, мод. 443; с. 2012, №4, мод. 255, №7, мод. 716, №12, к. 1, мод. 1018; с. 2013, №7, мод. 507, №12, мод. 880; с. 2015, №11, мод. 951, мод. 952; с. 2016, №3, мод. 129, №5, мод. 358, №11, мод. 876)

(Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55, аз 15.07.2004 № 48,аз 1.03.2005 № 87, аз 20.03.2008 № 371, аз 31.12.2008 № 452, аз 21.07.2010 № 619, аз 29.12.2010 № 648, аз 28.06.2011 № 732, аз 16.04.2012 № 805, аз 03.07.2012 № 866, аз 28.12.2012 № 924, аз 22.07.2013 № 979, аз 28.12.2013 № 1036, аз 23.11.2015 № 12301231, аз 15.03.2016 № 1276, аз 14.05.2016 № 1307, аз 14.11.2016 № 1360, аз 18.07.2017 № 1444, аз 18.03.2022 № 1854)

ҚИСМИ УМУМӢ

ФАСЛИ I.МУҚАРРАРОТИ АСОСИИ ҚОНУНГУЗОРИИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БОБИ I.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1444).

Моддаи 2. Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои иҷрои ҷазо

Мақомоти ҳокимияти иҷроия оид ба масъалаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳуқуқ доранд санадҳои меъёрию ҳуқуқии ба қонун асосёфтаро қабул намоянд.

Моддаи 3. Мақсад ва вазифаҳои қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

1. Мақсади қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ислоҳи маҳкумшудагон ва пешгирии содир кардани ҷиноятҳои нав, чи аз тарафи онҳо ва чи аз ҷониби ашхоси дигар иборат мебошад.

2. Вазифаҳои қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз танзими тартиб ва шартҳои иҷро ва адои ҷазои ҷиноятӣ, муайян кардани воситаҳои ислоҳи маҳкумшудагон, ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо, ба маҳкумшудагон расонидани ёрӣ ҷиҳати адаптатсияи (одат кардан ба муҳити) иҷтимоӣ иборатанд.

3. Барои ноил шудан ба ин мақсаду вазифаҳо ҳамин Кодекс муқаррароти умумӣ ва принсипҳои иҷрои ҷазо ва дигар чораҳои дорои хусусияти ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ, ки Кодекси ҷиноятӣ пешбинӣ намудааст, тартиб ва шарти иҷро ва адои ҷазо, истифодаи воситаҳои ислоҳи маҳкумшудагон; ҳолати ҳуқуқии маҳкумшудагон ва системаи кафолатҳои таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо; тартиби фаъолияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо, инчунин иштироки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ, дигар ташкилот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар ислоҳи маҳкумшудагон; тартиби озод намудан аз ҷазо ва расонидани кӯмак ба озодшудагонро муайян мекунад.

Моддаи 4. Асосҳои иҷрои ҷазо ва истифодаи дигар чораҳои дорои

хусусияти ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ

Асосҳои иҷрои ҷазо ва истифодаи дигар чораҳои дорои хусусияти ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ, ҳукм ё таъиноти ивазкунандаи он ё қарори суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, инчунин қонун дар бораи авф ё санади бахшиши ҷазо ба ҳисоб мераванд.

Моддаи 5. Амали қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар замон ва макон

1. Иҷрои ҷазо, инчунин татбиқи воситаҳои ислоҳи маҳкумшуда ва расонидани ёрӣ ба озодшудагон мутобиқи қонунгузорие, ки дар вақти иҷрои он амал мекунанд, анҷом дода мешавад.

2. Қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.

Моддаи 6. Амали қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ашхосе, ки судҳои давлатҳои хориҷӣ маҳкум кардаанд

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ашхоси бешаҳрвандии доимо дар Тоҷикистон истиқоматкунандае, ки судҳои давлатҳои хориҷӣ маҳкум кардаанд, метавонанд мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофкарда ҷиҳати иҷрои ҷазо ё адои минбаъдаи ҷазо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шаванд.

Моддаи 7. Супурдани ашхосе, ки судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум кардаанд

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум намудаанд, бе ҳеҷ шарту шароит ба давлати хориҷӣ супурда намешаванд.

2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ, ки судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум намудаанд, барои иҷрои ҷазо ё адои минбаъдаи ҷазо мутобиқи шартномаҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои хориҷӣ супурда шуданашон мумкин аст.

Моддаи 8. Принсипи қонуният

1. Фаъолияти муассисаҳо, мақомот ва ашхоси мансабдоре, ки ҷазоро иҷро мекунанд, ба риояи ҳатмии қонунҳо асос меёбад. Ашхоси мансабдори ин муассисаҳо ва мақомот барои таъмини қонуният дар фаъолияташон тибқи тартиби муқарраргардида масъулият доранд.

2. Маҳкумшудагон вазифадоранд бе чуну чаро талаботи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро, ки тартиб ва шартҳои иҷро ва адои ҷазоро муайян менамоянд, риоя кунанд.

3. Ба маҳкумшудагон бояд ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшон, ки қонунҳо барояшон пешбинӣ намудаанд, дар ҳаҷми пурра тавзеҳ дода барои онҳо дастрас намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки иҷрои ҷазои ҷиноятиро танзим менамоянд, таъмин карда шавад.

Моддаи 9. Принсипи баробарии маҳкумшудагон дар назди қонун

Тартиб ва шартҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, қатъи назар аз вазъи иҷтимоӣ, хидматӣ ва молу мулкӣ, эътиқоди сиёсӣ, навъ ва хусусияти шуғли маҳкумшуда то содир намудани ҷиноят, мансубияти нажодӣ ва миллӣ, шаҳрвандӣ, таҳсилот, забон, муносибат ба дин ва дигар ҳолатҳо муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48, аз 29.12.2010 № 648).

Моддаи 10. Принсипи башардӯстӣ

1. Дар рафти иҷрои ҷазо нисбат ба маҳкумшуда маҳдуди-ятҳои ҳадди ақалли ҳуқуқ, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои ҷазо зарур ва кофӣ мебошанд, истифода мешаванд.

2. Маҳкумшударо азобу шиканҷа додан ё нисбат ба ӯ муно-сибати бераҳмона ва ё ғайриинсонӣ кардан ё шаъну эътибори ӯро паст задан, таҳти тадқиқоти тиббӣ ё дигар тадқиқоти илмӣ, ки метавонад ҳаёт ва саломатии ӯро таҳти хатар гузорад, ҳатто бо розигии ӯ қарор додан қатъиян манъ аст.

Моддаи 11. Принсипи демократизм

1. Нисбат ба маҳкумшудагон истифода бурдани воситаҳои ислоҳӣ дар асоси инкишоф додани ташаббуси муфиди онҳо, унсурҳои худидоракунӣ, иштироки ташкилотҳои худфаъолият, хешовандони наздик ва дигар ашхос, ки метавонанд ба онҳо таъсири мусбат расонанд, сурат мегирад.

2. Дар ислоҳи маҳкумшудагон, расонидани ёрӣ ба озодшудагон ҷиҳати таъмин кардан бо ҷои кор ва фароҳам овардани шароити маишӣ, инчунин дар фаъолияти муассиса ва мақомот, ки иҷрои ҷазоро анҷом медиҳанд, аҳли ҷомеа иштирок менамояд.

3. Фаъолияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо дар заминаи ошкорбаёнӣ ва ҳамкории мутақобила бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори умум анҷом дода мешавад.

Моддаи 12. Принсипи адолат ва ҳавасмандгардонии рафтори ҳуқуқӣ

1. Рафтори маҳкумшудагон ҳангоми адои ҷазо, риояи қоидаҳои муқарраршуда, муносибат нисбат ба меҳнат ва таълим ҳангоми тағьир додани шароити нигаҳдошт, зиёд ё кам кардани маҳдудияти ҳуқуқӣ дар доираи пешбининамудаи қонун ба инобат гирифта мешавад.

2. Ҳангоми қабули қарор дар мавриди истифодаи чораҳои ҳавасмандгардонӣ ё муҷозот нисбат ба маҳкумшудагон ашхоси мансабдор бояд айни (объективӣ) ва холисона бошанд ва танҳо қонунро ба роҳбарӣ гиранд.

Моддаи 13. Принсипи фарқгузорӣ (дифферентсиатсия) ва фардисозии(индивидуализатсия) иҷрои ҷазо

Иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мутобиқи талаботи фарқгузорӣ ва фардисозии он татбиқ гардида, ба инобатгирии хусусият ва дараҷаи хавфи ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, шахсияти маҳкумшуда, рафтори ӯро дар давраи адои ҷазо, муносибати ӯро нисбат ба меҳнат ва дигар ҳолатҳоро дар бар мегирад.

Моддаи 14. Ислоҳи маҳкумшудагон ва воситаҳои асосии он

1. Ислоҳи маҳкумшудагон ин дар онҳо ташаккул додани муносибати эҳтиромона ба одам, ҷамъият, меҳнат, меъёрҳо, қоидаҳо ва анъанаҳои ҳаёти умумии инсон ва ҳавасманд гардондани рафтори ҳуқуқӣ мебошад.

2. Воситаҳои асосии ислоҳи маҳкумшудагон аз тартиби муқарраршудаи иҷро ва адои ҷазо (низом), корҳои тарбиявӣ, меҳнат, соҳиб шудан ба таҳсилоти умумии асосӣ, омодагии касбӣ ва таъсиррасонии ҷамъиятӣ иборатанд (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48, аз 14.05.2016 № 1307).

3. Воситаҳои ислоҳи маҳкумшудагон бо назардошти намуди ҷазо, хусусият ва дараҷаи хавфи ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, шахсияти маҳкумшуда ва рафтори онҳо истифода бурда мешаванд.

БОБИ 2.ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ МАҲКУМШУДАГОН

Моддаи 15. Асосҳои вазъи ҳуқуқии маҳкумшудагон

1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии маҳкумшудагонро эҳтиром ва ҳифз менамояд, шароити муқаррарнамудаи қонунро ҷиҳати адои ҷазо, кафолати адолати иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ, инчунин амнияти шахсиро ҳангоми иҷрои ҷазо таъмин мекунад.

2. Ҳангоми иҷрои ҷазо ба маҳкумшудагон ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, ба истисно ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи қонунгузории ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дигар қонунгузориҳо кафолат дода мешавад. Маҳкумшудагон, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, наметавонанд аз иҷрои ӯҳдадориҳои шаҳрвандиашон озод карда шаванд.

3. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои маҳкумшудагонро ҳамин Кодекс бо назардошти тартиб ва шартҳои иҷрои намуди ҷазои мушаххас муайян мекунад.

Моддаи 16. Ҳуқуқҳои асосии маҳкумшудагон

1. Маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд оид ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои хеш, тартиб ва шартҳои адои намуди ҷазои таъин кардаи суд иттилооти хаттӣ гиранд. Муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо вазифадор аст ба маҳкумшудагон иттилооти зикршударо диҳад, инчунин онҳоро бо тағьир ёфтани тартиб ва шартҳои иҷрои адои ҷазо шинос намояд.

2. Маҳкумшудагон ба муносибати эҳтиромонаи кормандони муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо ҳуқуқ доранд. Онҳо набояд таҳти муносибати бераҳмона ва паст задани шаъну шарафи инсонӣ қарор гиранд. Чораҳои маҷбурӣ нисбат ба маҳкумшудагон танҳо дар асоси қонун истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

3. Маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд ба маъмурияти муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо, ба мақомоти болоии онҳо, суд, мақомоти прокуратура,

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин мақомоти байнидавлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ оиди ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бо таклиф ва арзу шикоят муроҷиат намоянд (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732 аз 15.03.2016 № 1276).

4. Маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд баёнот диҳанд ва мукотиба намоянд, инчунин бо забони модарӣ ё дигар забоне, ки медонанд, таклиф ва арзу шикояти дар қисми 3 ҳамин модда пешбинишударо пешниҳод кунанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз хизмати тарҷумон истифода баранд. Ба муроҷиати маҳкумшудагон ҷавоб ба забоне, ки онҳо муроҷиат кардаанд ва дар сурати имконнопазирии додани ҷавоб бо он забон, бо забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Тарҷумаи ҷавоб ба забони муроҷиатнамудаи маҳкумшуда аз ҷониби муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо таъмин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 4.05.2016 № 1307).

5. Маҳкумшудагон ба ҳифзи саломатӣ, аз ҷумла вобаста ба хулосаи тиббӣ ба гирифтани ёрии ибтидоии тиббиву беҳдорӣ ва махсуси тиббӣ дар шароити амбулаторию дармонгоҳи ё беморхонавӣ ҳақ доранд, инчунин аз ҳуқуқи таъминоти моддию маишӣ истифода мебаранд.

6. Маҳкумшудагон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъминоти иҷтимоӣ, аз ҷумла дар асоси умумӣ ба гирифтани нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд.

7. Барои гирифтани кӯмаки мукаммали ҳуқуқӣ маҳкумшудагон метавонанд аз хизмати адвокат истифода баранд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1231).

8. Маҳкумшудагон ба мулоқот бо аъзоёни оила, хешовандон, ҳамчунин ба қабул кардани хӯрокворӣ ва дигар маводҳои мавриди ниёз ҳуқуқ доранд.

9. Маҳкумшудагон мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонун ба товони зараре, ки ҳангоми иҷрои ҷазо ба онҳо расонида шудааст, ҳуқуқ доранд.

10. Тартиби татбиқи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон бо ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ муқаррар карда мешавад.

11. Ба амалбарории ҳуқуқи маҳкумшудагон набояд қоидаҳои тартиботи дохилиро вайрон кунад, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дигар ашхосро маҳдуд намояд.

Моддаи 17. ӯҳдадориҳои асосии маҳкумшудагон

1. Маҳкумшудагон бояд ӯҳдадориҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷро намоянд, инчунин меъёрҳои ахлоқу рафтори дар ҷомеа қабулшуда ва талаботи беҳдорию беҳдоштиро риоя кунанд.

2. Маҳкумшудагон дорои ӯҳдадориҳое мебошанд, ки аз намуди ҷазои таъиннамудаи суд бармеоянд.

3. Маҳкумшудагон вазифадоранд талаботи қонунро, ки тартиб ва шартҳои адои ҷазоро муайян менамояд, инчунин дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии мутобиқи он қабулшударо риоя кунанд (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

4. Маҳкумшудагон вазифадоранд талаботи қонунан асоснокбудаи маъмурияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазоро ба ҷо оранд.

5. Маҳкумшудагон вазифадоранд бо кормандон ва дигар ашхосе, ки ба муассисаи иҷрокунандаи ҷазо меоянд инчунин нисбат ба дигар маҳкумшудагон хушмуомила муносибат кунанд.

6. Маҳкумшудагон вазифадоранд ба даъвати маъмурияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ҳозир шаванд ва оид ба масъалаҳои иҷрои талаботи ҳукм тавзеҳот диҳанд. Дар сурати ҳозир нашудани маҳкумшуда ӯ маҷбурӣ оварда шуданаш мумкин аст.

7. Аз ҷониби маҳкумшудагон иҷро накардани ӯҳдадориҳои ба зимаашон гузошташуда, инчунин талаботи қонунии маъмурияти муассиса ё мақомоти иҷрокунандаи ҷазо боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун мегардад.

Моддаи 18. Вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони маҳкумшудаи хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ

1. Шаҳрвандони маҳкумшудаи хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ дорои ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, инчунин ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунгузорӣ оид ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ, ба истисно ва маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонунгузории ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дигар қонунгузориҳо мебошанд.

2. Шаҳрвандони хориҷие, ки ба ҷазои маҳдуд кардани озодӣ, ё маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, ҳамчунин ҳуқуқ доранд бо намояндагони дипломатӣ ва муассисаҳои консулии давлатҳои хеш ва шаҳрвандони кишварҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои дипломатӣ ё консулгарӣ надоранд, бо намояндагони дипломатии кишваре, ки ҳифзи манфиати онҳоро ба ӯҳда гирифтааст ё мақомоти байналмилалие, ки ба муҳофизати онҳо машғул аст, иртибот дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

Моддаи 19. Муроҷиати маҳкумшудагон ва тартиби баррасии он

1. Маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд таклиф ва арзу шикоят пешниҳод намоянд, аз ҷумла оид ба масъалаҳои вобаста ба вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон.

2. Таклиф ва арзу шикояти маҳкумшудагон метавонад шифоҳӣ ё хаттӣ пешниҳод гардад. Онҳо аз ҷониби маъмурияти муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

3. Таклиф ва арзу шикояти онҳое, ки ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ,маҳрум сохтан аз озодӣ, ҷазои қатл маҳкум шудаанд, ба унвони мақомоти дар қисми 3 моддаи 16 ҳамин Кодекс зикргардида аз тариқи маъмурияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо фиристода мешаванд. Онҳое ки ба намудҳои дигари ҷазо маҳкум шудаанд, таклиф ва арзу шикояташонро мустақилона ирсол мекунанд (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48, аз 14.05.2016 № 1307).

4. Таклиф ва арзу шикояти ашхосе, ки ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, ҷазои қатл маҳкум шудаанд, ба унвони мақомоте, ки дорои ҳуқуқи ба амал баровардани татбиқи назорат аз болои фаъолияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо мебошанд, аз назар (сензура) гузаронида намешаванд ва бояд дар мӯҳлати на дертар аз як шабонарӯз, ба ғайр аз рӯзҳои истироҳат ва ид, тибқи марбутият фиристода шаванд (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48, аз 14.05.2016 № 1307).

5. Таклиф ва арзу шикояти маҳкумшудагон оид ба қарор ва амали маъмурияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ин қарор ва амалро бознамедорад.

6. Мақомот ва ашхоси мансабдор, ки ба онҳо таклиф ва арзу шикояти маҳкумшудагон ирсол шудааст, бояд онҳоро дар мӯҳлатҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, қарори дар ин маврид қабулшударо ба маълумоти маҳкумшудагон расонанд.

Моддаи 20. Ҳуқуқи маҳкумшудагон ба амнияти шахсӣ

1. Маҳкумшудагон ба амнияти шахсӣ ҳуқуқ доранд.

2. Ҳангоми ба миён омадани хатар ба ҳаёт ва саломатӣ ё таҳдиди содир шудани дигар ҷиноят ба муқобили шахсияти маҳкумшуда аз ҷониби дигар ашхос ӯ ҳуқуқ дорад ба ҳар як шахси мансабдори муассисаи иҷрокунандаи ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ҷиҳати таъмини амният ва гузаронидан ба дигар бино, ки дар он ҷо чунин таҳдид вуҷуд надорад, бо ариза муроҷиат кунад. Дар чунин ҳолат шахси мансабдор вазифадор аст ҷиҳати таъмини амнияти шахсии маҳкумшудаи муроҷиатнамуда чораҳои таъхирнопазир андешад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

3. Сардори муассиса тибқи арзи маҳкумшуда ё бо ташаббуси худ дар мавриди ба ҷои бехатар гузаронидани маҳкумшуда қарор қабул мекунад ё дигар тадбирҳое меандешад, ки хавфи содир гардидани ҷиноятро нисбат ба маҳкумшуда рафъ намояд ё тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун масъалаи ҷои (маҳалли) минбаъд аз тарафи маҳкумшуда адо намудани ҷазоро ҳал мекунад.

4. Ҳангоми надидани чораҳои дахлдор барои таъмини бехатарии маҳкумшудагон шахси мансабдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Моддаи 21. Таъмини озодии виҷдон ва озодии эътиқоди динии маҳкумшудагон

1. Ба маҳкумшудагон озодии виҷдон ва озодии эътиқоди динӣ кафолат дода мешавад. Ҳар як маҳкумшуда ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян кунад, дар алоҳидагӣ ё якҷоя бо дигарон ба ҳар як дин эътиқод оварад ва ё ба ҳеҷ яке аз он эътиқод надошта бошад, дар таҷлили маъракаҳои динӣ, расму оинҳои динӣ иштирок намояд, ақидаи динӣ ё атеистиро озодона интихоб намояд ва ё дошта бошад ва мутобиқи он рафтор кунад.

2. Ба ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд, мутобиқи ҳоҳиши онҳо дар доираи ҳудуди маъмурие, ки маркази ислоҳӣ дар он воқеъ мебошад, иҷозати рафтан ба муассисаҳои динӣ дода шуданаш мумкин аст.

3. Ба назди ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо мекунанд (ба ғайр аз онҳое, ки дар картсер, изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ ва интизомӣ, дар биноҳои навъи камеравӣ ва камераҳои яккаса нигоҳ дошта мешаванд) бо ҳоҳиши онҳо ҳодимони иттиҳодияҳои динӣ, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудаанд, даъват карда мешаванд. Дар муассисаҳои иҷрокунандаи ҷазо ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки расму оинҳои диниро ба ҷо оранд, аз асбобу ашьёи динӣ ва адабиёти динӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд. Барои иҷрои ин мақсад маъмурияти муассиса бинои мувофиқ ҷудо мекунад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

4. Мутобиқи ҳоҳиши маҳкумшудагоне, ки бемори вазнинанд, инчунин ба ҷазои қатл маҳкумшудагон қабл аз иҷрои ҳукм барои ба ҷо овардани расму оинҳои динӣ бо даъвати ҳодими дин имконият фароҳам оварда мешавад.

5. Таҷлили расму оинҳои динӣ набояд қоидаҳои тартиботи дохилиро халалдор намояд ва ҳуқуқи ашхоси дигари адокунандаи ҷазоро маҳдуд созад.

Моддаи 22. Огоҳинома оид ба ҷои (маҳалли) адои ҷазо

Дар мавриди ба ҷои адои ҷазо расидани маҳкумшуда ва ҳангоми ба дигар ҷо гузаронидани ӯ маъмурияти муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо вазифадор аст бо ҳоҳиши маҳкумшуда хешовандони наздики ӯро дар давоми даҳ рӯз аз рӯзи расидан ё ба дигар ҷой гузаронидан огоҳ созад.

БОБИ 3.МУАСССИСА ВА МАҚОМОТИ ИҶРОКУНАНДАИ ҶАЗО ВА НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ ОНҲО

Моддаи 23. Муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо

1. Ҷазо дар намуди ҷарима ва мусодираи молу мулк аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулк, ҷои кор ва ё маҳалли истиқомати маҳкумшуда иҷро карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 371, аз 29.12.2010 № 648, аз 18.03.2022 № 1854).

2. Ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян аз ҷониби нозироти (инспексия) корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати маҳкумшуда, муассисаҳои ислоҳӣ ё қисмҳои ҳарбии интизомӣ иҷро карда мешавад. Талаботи ҳукм дар мавриди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян аз ҷониби маъмурияти ҷои кори маҳкумшуда, инчунин мақомоте, ки мутобиқи қонун ҳуқуқ доранд иҷозати машғул шудан ба навъҳои фаъолиятҳои дахлдорро беэътибор созанд, иҷро карда мешавад.

3. Ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро иҷро карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 371). Талаботи ҳукм оид ба маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон аз ҷониби шахси мансабдор ё мақоме, ки ин рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистонро додааст, иҷро карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48, аз 18.03.2022 № 1854).

4. Ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ва корҳои ислоҳӣ аз ҷониби нозироти (инспексияи) Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55, аз 15.07.2004 № 48, аз 16.04.2012 № 805).

5. Ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ва ҷазои қатл аз ҷониби муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ иҷро карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48, аз 29.12.2011 № 648).

6. Ҷазо нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ё нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад. Талаботи ҳукм дар бораи маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ аз ҷониби фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ, муассиса, мақомот ва воҳидҳои низомӣ, ки дар онҳо хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда хизматро адо мекунанд, иҷро карда мешавад; ҷазои нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ бошад, аз ҷониби қисмҳои ҳарбии махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад (Қонуни ҶТ аз15.07.2004 № 48).

7. Маҳкумшудагони бо шартан татбиқ накардани ҷазо ва онҳое, ки нисбаташон иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шудааст таҳти назорати нозироти корҳои ислоҳӣ қарор доранд. Назорати хизматчиёни ҳарбии бо шартан татбиқ накардани ҷазо маҳкумшударо фармондеҳии ҳарбӣ анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

Моддаи 24. Истифодаи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ

1. Муассисаҳои иҷрокунандаи ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ, ё маҳрум сохтан аз озодӣ иҷрои қарори судро дар мавриди истифодаи чораҳои маҷбурии муолиҷаи ашхоси мубталои бемориҳои сил, майзадагӣ, нашъамандӣ ё заҳрмандӣ, инчунин бемории рӯҳиро, ки мукаллафиро истисно намекунад, таъмин менамоянд (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48, аз 23.11.2015 № 1230).

2. Агар ҳангоми адои намуди ҷазоҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида муайян карда шавад, ки маҳкумшуда ба бемориҳои сил, майзадагӣ ё нашъамандӣ ё заҳрмандӣ мубтало мебошад, муассисаи иҷрокунандаи ҷазо нисбати чунин шахс дар бораи истифода бурдани чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ ба суд пешниҳод мефиристад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1230, аз 14.05.2016 № 1307).

3. Шарт ва тартиби таъин, иҷро ва қатъи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ нисбат ба ашхоси дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида, инчунин нисбат ба ашхоси ба дигар навъи ҷазо маҳкумшударо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48аз 14.05.2016 № 1307).

4. Нисбат ба ашхоси гирифтори вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, инчунин ашхосе, ки курси пурраи муолиҷаи касалиҳои зӯҳравиро нагузаштаанд ва ба ҷазоҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда маҳкум гардидаанд, муассисаи иҷрокунандаи ҷазо мувофиқи қарори комиссияи тиббӣ муолиҷаи маҷбуриро истифода мебарад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1231аз 14.05.2016 № 1307).

5. Дар ҳолатҳое, ки ҳангоми озодшавии маҳкумшуда муолиҷа хотима наёфтааст, маъмурияти муассисаи ислоҳӣ дар сурати мавҷуд будани хулосаи тиббӣ, барои идома додани муолиҷаи маҷбурии чунин шахс дар муассисаи тиббии дорои низоми махсус, ба суд пешниҳод мефиристад.

Моддаи 25. Назорати судӣ

1. Муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо судеро, ки ҳукм баровардааст, дар бораи оғоз ва ҷои адои ҷазо аз тарафи шахси ба маҳдуд кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, якумра аз озодӣ маҳрум сохтани маҳкумшуда ва инчунин оиди иҷрои ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ, ҷарима, маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, мусодираи молу мулк ва ҷазои қатл огоҳ месозанд (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48, аз 29.12.2010 № 648).

2. Суд иҷрои ҷазоро ҳангоми ҳалли масъалаҳои шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан, дар бораи ба намуди ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо, бо сабаби беморӣ аз ҷазо озод кардан, аз ҷазо дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда озод кардан, аз адои ҷазо озод кардани занони ҳомила ва заноне, ки кӯдаки то ҳаштсола доранд, инчунин ҳангоми тағйир додани намуди муассисаи ислоҳӣ назорат мекунад (Қонуни ҶТ аз29.12.2010 № 648).

3. Тибқи ҳолат ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шикоятҳои маҳкумшудагон ва дигар ашхосро дар хусуси амали маъмурияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Моддаи 26. Назорати прокурорӣ аз болои иҷрои ҷазо

Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо ҳангоми иҷро ва адои ҷазо аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокуророни тобеи ӯ мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 27. Назорати идоравӣ

1. Назорати бевоситаи (мустақими) фаъолияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо аз ҷониби мақомоти болоии идоравӣ ва ашхоси мансабдори он анҷом дода мешавад. Тартиби татбиқи назорати идоравиро санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ муайян менамоянд.

2. Дар ҳолати ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар фаъолияти кормандони муассиса ва мақомоти иҷрокукандаи ҷазо аз ҷониби мақомоти болоии идоравӣ, ки андешидани чораҳои қонунӣ оид ба ин масъалаҳо ба ваколати онҳо дохил намешавад, маводи санҷиши хизматӣ барои баррасӣ ва қабули қарори дахлдор ба прокурор пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732).

Моддаи 27(1). Санҷиши фаъолияти муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ҳангоми баррасии шикоят ё бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 

(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732, аз 15.03.2016 № 1276)

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санҷиши шикоят бо ташаббуси худ ё ҳангоми гирифтани маълумот оид ба вайронкунии оммавӣ ва ҷиддии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ё дар ҳолатҳои аҳамияти махсуси ҷамъиятӣ доштани амалҳо оид ба вайрон кардани ҳуқуқи инсон метавонад мустақилона ё якҷоя бо шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори давлатӣ санҷиши фаъолияти муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятиро оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон гузаронад.

2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бо маҳкумшудагон дар танҳоӣ мулоқот карданро дорад.

3. Мукотиба байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҳкумшудагон таҳти назорат (сензура) қарор дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732).

4. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак аз ҳуқуқу имкониятҳои муқаррарнамудаи ҳамин модда истифода мебарад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1276).

Моддаи 28. Ёрӣ ва иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар кори муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо

Тибқи асос ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ метавонанд ба фаъолияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ёрии амалӣ расонанд.

Моддаи 29. Ташриф ба муассисаҳои иҷрокунандаи ҷазо

1. Ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ бидуни иҷозати махсус инҳо метавонанд ба муассисаҳои иҷрокунандаи ҷазо ташриф оваранд:

а) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳо (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648аз 15.03.2016 № 1276);

б) Прокурори генералӣ, инчунин прокурори ваколатдорнамудаи ӯ ва прокуророне, ки бевосита иҷрои ҷазоро дар қаламрави мазкур назорат мекунанд;

в) сардорони мақомоти идораи болоии муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо.

г) вакил ва аъзои комиссияи ба амал баровардаи назорат аз болои фаъолияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо-дар доираи ҳудуди дахлдор.

2. Намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар ашхос ҳуқуқ доранд мувофиқи иҷозати махсуси маъмурияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ё мақомоти идораи болоии муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ба муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ташриф оваранд (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

3. Ба навор гирифтани кино, суратгирӣ ва сабти видеои маҳкумшудагон, мусоҳиба бо онҳо, аз ҷумла бо истифодаи техникии аудио ва видео бо розигии хаттии худи маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад.

4. Ба навор гирифтани кино, суратгирӣ, сабти видеои иншоотҳое, ки амният ва ҳифзи маҳкумшудагонро таъмин менамояд, бо иҷозати хаттии маъмурияти муассиса ё мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ба амал бароварда мешавад.

ҚИСМИ МАХСУС

ФАСЛИ II.ИҶРОИ ҶАЗОЕ, КИ БО ҶУДО НИГОҲ ДОШТАНИ МАҲКУМШУДА АЗ ҶОМЕА ВОБАСТА НАМЕБОШАД

БОБИ 3(1) ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ КОРҲОИ ҲАТМӢ

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 29 (1). Тартиби иҷрои ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

1. Иҷрои ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ аз ҷониби нозироти корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати маҳкумшуда дар ҷойҳое, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо розигии нозироти корҳои ислоҳӣ муайян менамоянд, ба амал бароварда мешавад.

2. Ба ҷазои корҳои ҳатмӣ маҳкумшудагон дар мӯҳлати на дертар аз 15 рӯзи ба нозироти корҳои ислоҳӣ расидани фармоиши дахлдори суд бо нусхаи ҳукм (таъинот, қарор) барои адо кардани ҷазо ҷалб карда мешаванд.

3. Нозироти корҳои ислоҳӣ баҳисобгирии маҳкумшудагонро анҷом медиҳанд; тартиб ва шартҳои адои ҷазоро тавзеҳ медиҳанд; бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ феҳристи ҷойҳое, ки маҳкумшудагон ҷазои корҳои ҳатмиро адо менамоянд, мувофиқа мекунанд; рафтори маҳкумшудагонро назорат менамоянд; вақти коркарди умумии маҳкумшудагонро ба ҳисоб мегиранд (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

Моддаи 29 (2). Шартҳои иҷро ва адои ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

1. Ба корҳои ҳатмӣ маҳкумшудагон вазифадоранд: қоидаҳои тартиботи дохилаи ташкилотеро, ки дар он ҷо корҳои ҳатмиро адо менамоянд, риоя намуда, ба меҳнат софдилона муносибат кунанд; дар ҷойҳои барои онҳо муайяншуда кор карда, мӯҳлати ҳатмиро, ки суд муқаррар намудааст, иҷро кунанд; нозироти корҳои ислоҳиро оиди тағйир додани ҷои истиқоматашон хабардор намоянд.

2. Ба маҳкумшудагон додани рухсатии ҳарсолаи навбатӣ аз ҷои кори асоси иҷрои ҷазоро дар намуди корҳои ҳатмӣ бознамедорад.

3. Дар давраи адои ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ҳангоми маъюби гурӯҳи якум ё дуюм эътироф гардидан, расидан ба синни нафақа, бо сабаби нигоҳубини кӯдак дар рухсатӣ будан ва ё ҳомиладор гардидани маҳкумшуда нозироти корҳои ислоҳӣ дар хусуси озод намудан аз адои ҷазо ба суд пешниҳод мефиристад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

Моддаи 29 (3) Баҳисобгирии мӯҳлати ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

1. Мӯҳлати адои ҷазои корҳои ҳатмӣ ба соатҳое, ки дар давоми он маҳкумшуда адои ҷазо намудааст, ба ҳисоб гирифта мешавад.

2. Вақти корҳои ҳатмӣ дар рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳое, ки маҳкумшуда ба корҳои асосӣ, хизмат ё таълим машғул нест, аз чор соат зиёд буда наметавонад, дар рӯзҳои кори ду соат пас аз адои кор, хизмат ё таълим, дар ҳолати рози будани маҳкумшуда чор соат муқаррар шуданаш мумкин аст. Вақти корҳои ҳатмӣ дар давоми як ҳафта аз 12 соат кам буда наметавонад. Ҳангоми мавҷуд будани сабабҳои узрнок нозироти корҳои ислоҳи ҳуқуқ доранд ба маҳкумшуда як ҳафта коркарди миқдори соатҳои камтарро иҷозат диҳад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

Моддаи 29 (4) Вазифаҳои маъмурияти ташкилоте, ки дар он ҷо маҳкумшуда ҷазои корҳои ҳатмиро адо мекунад

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

1. Ба зиммаи маъмурияти ташкилоте, ки дар он ҷо маҳкумшуда ҷазои корҳои ҳатмиро адо мекунад, вазифаҳои зерин гузошта мешаванд: назорат аз болои иҷрои корҳое, ки барои маҳкумшудагон муайян гардидааст, огоҳ намудани нозироти корҳои ислоҳӣ оиди миқдори соатҳои коркард ё саркашӣ намудани маҳкумшудагон аз адои ҷазо.

2. Пардохт намудани товони зарар ба саломатии маҳкумшуда, ки вобаста ба иҷрои корҳои ҳатми расонида шудааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

Моддаи 29 (5) Ашаддӣ саркашӣ намудан аз адои ҷазои корҳои ҳатмӣ

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

1. Саркашӣ кардан аз адои ҷазои корҳои ҳатмӣ ҳамон вақт ашаддӣ ҳисобида мешавад, ки агар маҳкумшуда:

а) зиёда аз ду маротиба дар давоми як моҳ барои адои ҷазои корҳои ҳатмӣ бе сабабҳои узрнок набаромада бошад;

б) зиёда аз ду маротиба дар давоми як ҳафта интизоми меҳнатро вайрон карда бошад;

в) бо мақсади саркашӣ намудан аз адои ҷазо пинҳон шавад,

2. Нисбати маҳкумшудагоне, ки аз адои ҷазои корҳои ҳатмӣ ашаддӣ саркашӣ менамоянд, нозироти корҳои ислоҳӣ оиди иваз намудани ҷазои корҳои ҳатмӣ бо дигар намуди ҷазо тибқи талаботи қисми 5 моддаи 48 (1) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд пешниҳод мефиристад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48, аз 29.12.2010 № 648аз 14.05.2016 № 1307).

БОБИ 4.ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ ҶАРИМА

Моддаи 30. Тартиби иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима

1. Иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро дар маҳалли истиқомат, маҳалли ҷойгиршавии молу мулк, ҷои кори маҳкумшуда ё дар маҳалли аз ҷониби маҳкумшуда адо кардани ҷазои асосӣ ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 371, аз 29.12.2010 № 648, аз 18.03.2022 № 1854).

2. Аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд маҳкумшуда бояд дар давоми шаст рӯз ҷаримаро пардозад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1854).

3. Суд мутобиқи хоҳишномаи маҳкумшуда ва хулосаи иҷрочии мақомоти иҷро метавонад вақти пардохти ҷаримаро ба мӯҳлати то шаш моҳ мавқуф гузорад ё дароз кунад, агар пардохти яквақтинаи он барои маҳкумшуда имконнопазир бошад. Мӯҳлати мазкур аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1854).

4. Дар сурати аз ҷониби маҳкумшуда сари вақт напардохтани ҷарима иҷрои ин ҷазо ба тарзи маҷбурӣ, аз ҷумла бо роҳи ситонидани молу мулки маҳкумшуда, ки дар қисми 1 моддаи 199 ҳамин Кодекс зикр гардидааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648, аз 14.05.2016 № 1307).

5. Ҷарима аз молу мулке, ки дар Номгӯи (рӯйхати) молу мулке, ки бо ҳукми суд мусодира карда намешавад зикр гардидааст, ситонидан мумкин нест (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

Моддаи 31. Ашаддӣ саркашӣ намудан аз пардохти ҷарима

1. Ашаддӣ саркашӣ намудан аз пардохти ҷарима ба ҳисоб меравад, агар маҳкумшуда ҷаримаро дар мӯҳлати муқаррар намудаи қисми 2 моддаи 30 ҳамин Кодекс насупорида бошад ва даромаду молу мулки худро аз ситонидани маҷбурӣ пинҳон дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648аз 14.05.2016 № 1307).

2. Дар ҳолате, ки маҳкумшуда аз пардохти ҷарима ашаддӣ саркашӣ менамояд, ё супоридани ҷарима барои ӯ имконнопазир аст, иҷрочии мақомоти иҷро оид ба дигар намуди ҷазо иваз намудани ҷарима тибқи қисмҳои 5) ва 9) моддаи 49 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд пешниҳод ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 619, аз 14.05.2016 № 1307, аз 18.03.2022 № 1854).

Моддаи 32. Анҷоми амали иҷроиявӣ

Варақаи иҷроӣ бо қайди иҷрои ҳукм дар хусуси ситонидани ҷарима ба суде, ки ҳукм баровардааст, фиристода мешавад.

БОБИ 5.ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲРУМ КАРДАН АЗ ҲУҚУҚИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ МУАЙЯН Ё МАШҒУЛ ШУДАН БО ФАЪОЛИЯТИ МУАЙЯН

Моддаи 33. Тартиби иҷрои ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи

ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян

1. Иҷрои ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, ки ҳамчун ҷазои асосӣ ё ба сифати ҷазои иловагӣ ба ҷазои ҷарима ё корҳои ислоҳӣ, инчунин бо шартан татбиқ накардани ҷазо таъин шудааст, аз ҷониби нозироти корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати маҳкумшуда, инчунин маъмурияти ҷои кори ӯ ё мақоме, ки барои машғул шудан ба чунин навъи фаъолият иҷозат додааст, ба амал бароварда мешавад.

2. Иҷрои ин ҷазо, ки ба сифати ҷазои иловагӣ ба ҷазои асосӣ дар намуди маҳдуд кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ таъин гардидааст, аз ҷониби муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазои асосӣ анҷом дода мешавад. Маъмурияти ин муассисаҳо пас аз адои ҷазои асосӣ ё дар сурати аз адои ҷазо озод шудани маҳкумшуда ё иваз кардани ҷазо ба ҷазои нисбатан сабуктар, нусхаи ҳукмро ҷиҳати иҷрои минбаъда ба нозироти корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати маҳкумшуда мефиристад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

3. Дар сурати даъват ба хизмати ҳарбӣ ё ба хизмати алтернативӣ дохил шудани маҳкумшуда нозироти корҳои ислоҳӣ нусхаи ҳукми судро ҷиҳати иҷрои ин ҷазо ҳангоми хизмат ба комиссариати ҳарбӣ ё маҳалли хизмат мефиристад.

Моддаи 34. Баҳисобгирии мӯҳлати иҷрои ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян

1. Мӯҳлати иҷрои ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, ки ҳамчун ҷазои асосӣ ё ба сифати ҷазои иловагӣ ба ҷазои ҷарима, корҳои ислоҳӣ, инчунин ҳангоми шартан татбиқ накардани ҷазо, агар иҷрои ҷазои иловагӣ мавқуф гузошта нашуда бошад, аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд ба ҳисоб гирифта мешавад. Ба мӯҳлати ҷазои зикргардида, вақте, ки дар давоми он маҳкумшуда мансаби ба ӯ манъшударо ишғол менамуд ё ба фаъолияти манъшуда машғул буд, ба ҳисоб гирифта намешавад.

2. Ҳангоми таъини ин ҷазо ба сифати ҷазои иловагӣ ба ҷазои маҳдуд кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ва маҳрум сохтан аз озодӣ мӯҳлати ҷазои зикршуда дар тамоми давраи адои ҷазои асосӣ ва зиёда аз он пас аз адои ҷазои асосӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи ҳукм низ татбиқ гардида, аз рӯзи озод шудани маҳкумшуда аз маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ), аз қисми ҳарбии интизомӣ ё аз муассисаи ислоҳӣ ба ҳисоб гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

3. Ҳангоми нисбат ба ин гурӯҳи маҳкумшудагон истифода бурдани озодкунӣ аз адои минбаъдаи ҷазо мӯҳлати ҷазои иловагӣ аз лаҳзаи озодшавии онҳо ба ҳисоб гирифта мешавад.

Моддаи 35. Вазифаҳои нозироти корҳои ислоҳӣ вобаста ба иҷрои ҳукм дар мавриди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян

Нозироти корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати маҳкумшуда баҳисобгирии (бақайдгирии) маҳкумшудагонро анҷом медиҳад; риояи ҳукми судро дар хусуси маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян назорат мекунад; аз ҷониби маъмурияти корхона, ташкилоту муассиса ё мақоме, ки барои машғул шудан бо фаъолияти дахлдор иҷозат додааст, иҷро намудани талаботи пешбининамудаи ҳукми судро дар мавриди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян санҷиш менамояд; гузаронидани корҳои тарбиявиро ташкил мекунад.

Моддаи 36. ӯҳдадории маъмурияти ташкилоте, ки дар он маҳкумшуда кор мекунад

1. Талаботи ҳукм дар мавриди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян барои маъмурияти ташкилоте, ки дар он ҷо маҳкумшуда кор мекунад, ҳатмӣ мебошад.

2. Маъмурияти ташкилоте, ки маҳкумшуда дар он кор мекунад вазифадор аст:

а) маҳкумшударо аз мансабе, ки аз ҳуқуқи ишғоли он маҳрум шудааст, озод намояд ё машғул шуданашро ба фаъолияти муайяне, ки аз шуғли он маҳрум шудааст, манъ кунад ва оид ба иҷрои талаботи ҳукм ба нозироти корҳои ислоҳӣ дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯз маълумот диҳад;

б) тибқи дархости нозироти корҳои ислоҳӣ асноди вобаста ба иҷрои ҷазоро пешниҳод кунад;

в) дар ҳолати тағйир ёфтан ё қатъи созишномаи меҳнатӣ бо маҳкумшуда дар мӯҳлати се рӯз ба нозироти корҳои ислоҳӣ хабар диҳад;

г) дар сурати аз ташкилот озод карда шудани маҳкумшуда, ки ҷазоро адо накардааст, дар дафтарчаи меҳнатии ӯ бо кадом асос, ба кадом мӯҳлат ва аз кадом мансаб маҳрум карда шудани маҳкумшуда ё аз ҳуқуқи ба кадом фаъолият машғул шудан маҳрум гардидани ӯ сабт карда мешавад.

Моддаи 37. ӯҳдадории ашхоси ба ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян маҳкумшуда

Ашхосе, ки ба ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян маҳкум шудаанд, ӯҳдадоранд тамоми талаботи ҳукмро иҷро намуда, асноди вобаста ба адои ҷазои зикршударо ба талаби нозироти корҳои ислоҳӣ пешниҳод кунанд ва ба онҳо дар хусуси ҷои кор, тағйир ёфтани он ё аз кор озод шуданашон хабар диҳанд.

Моддаи 38. Ҷавобгарӣ барои иҷро накардани ҳукм дар мавриди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян

Шахси мансабдоре, ки барои иҷро накардани ҳукми суд дар мавриди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян гунаҳкораст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

БОБИ 6.ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ КОРҲОИ ИСЛОҲӢ

Моддаи 39. Тартиби иҷрои ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ

1. Корҳои ислоҳӣ мутобиқи ҳукми суд дар ҷои кори асосии маҳкумшуда ё дигар ҷойҳое, ки нозироти корҳои ислоҳӣ муайян намудааст, вале дар ноҳияи истиқоматии маҳкумшуда, бо назардошти қобилияти кории ӯ ва аз рӯи имконият тибқи ихтисоси ӯ адо карда мешаванд. Нисбат ба ноболиғ инчунин зарурати таъмини назорати дахлдор оиди рафтор ва соҳиби тахассуси истеҳсолӣ гардидани ӯ ба инобат гирифта мешавад.

2. Ҳукмҳо дар мавриди корҳои ислоҳӣ дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯз аз рӯзи ба нозироти корҳои ислоҳӣ расидани фармоиши дахлдори суд бо нусхаи ҳукм (таъинот, қарор) иҷро карда мешаванд.

3. Ашхосе, ки ба ҷазои корҳои ислоҳӣ дар ҷои корашон маҳкум шудаанд, дар ҳамон корҳона, муассиса, ташкилот, ки онҳо то маҳкумшавӣ кор мекарданд, дар ҳамон вазифа ва коре, ки қаблан ба ҷо меоварданд корро идома медиҳанд, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба дигар мансаб ё кори дигар гузаронидани ашхоси ба корҳои ислоҳӣ дар ҷои корашон маҳкумшуда дар асосҳои умумии пешбининамудаи қонунгузории меҳнат анҷом дода мешавад.

4. Ашхосе, ки ба ҷазои корҳои ислоҳӣ дар дигар ҷойҳо маҳкум шудаанд, метавонанд ба хадамоти шуғли аҳолӣ фиристода шуда, аз ҷониби он ба таври имтиёзнок бо кор таъмин карда шаванд. Ашхоси ба корҳои ислоҳӣ дар дигар ҷойҳо маҳкумшуда ҳуқуқ надорад кори ба ӯ пешниҳодшударо рад намояд, сарфи назар аз он, ки ин кор ба ихтисоси ӯ мутобиқат мекунад ё не.

Моддаи 40. Шартҳои адои ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ

1. Ба корҳои ислоҳӣ маҳкумшудагон вазифадоранд тартиб ва шартҳои адои ҷазоро риоя намуда, ба меҳнат софдилона муносибат кунанд, ӯҳдадориҳоро иҷро намуда, манъкуниҳоро, ки барояшон нозироти корҳои ислоҳӣ муқаррар намудааст, риоя кунанд ва тибқи даъвати он ҳозир шаванд.

2. Аз музди меҳнати ашхоси ба корҳои ислоҳӣ маҳкумшуда ба фоидаи давлат нигоҳ доштани маблағ дар ҳаҷми муқаррарнамудаи ҳукми суд анҷом дода мешавад.

3. Дар давоми мӯҳлати адои ҷазои корҳои ислоҳӣ ба маҳкумшудагон иҷозат дода намешавад, ки бидуни иҷозати хаттии нозироти корҳои ислоҳӣ бо ҳоҳиши худ аз кор озод шаванд. Иҷозат пас аз санҷиши асоснокии аризаи маҳкумшуда дода шуданаш мумкин аст. Радди додани иҷозат дар мавриди озодкунӣ аз кор бояд асоснок карда шавад. Оид ба қарори раддия тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун шикоят кардан мумкин аст.

4. Мӯҳлати адои ҷазои корҳои ислоҳӣ ба собиқаи кории умумӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Мӯҳлати адои ҷазо ба собиқаи корӣ, ки барои гирифтани имтиёз ё изофапулӣ ба маош ҳуқуқ медиҳад, ба ҳисоб гирифта намешавад.

5. Маҳкумшуда вазифадор аст дар мавриди тағйир ёфтани ҷои кор ё ҷои истиқомат дар давоми даҳ рӯз нозироти корҳои ислоҳиро огоҳ созад.

6. Дар давраи адои ҷазои корҳои ислоҳӣ рухсатии пардохташавандаи ҳарсола бо давомнокии ҳаждаҳ рӯзи корӣ аз ҷониби маъмурияти корхонае, ки дар он маҳкумшуда кор мекунад, бо мувофиқаи нозироти корҳои ислоҳӣ дода мешавад. Дигар намуди рухсатиҳо, ки қонунгузории меҳнат пешбинӣ намудааст, дар асосҳои умумӣ дода мешаванд.

7. Ба ашхоси адокунандаи ҷазои корҳои ислоҳӣ кӯмакпулӣ оид ба корношоямии муваққатӣ, ҳомила ва таваллуд вобаста аз маош, бо аз ҳисоб баровардани маблағи тибқи ҳукми суд нигоҳдошташаванда, ҳисоб карда мешавад.

Моддаи 41. Вазифаҳои мақоми иҷрокунандаи ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ

Нозироти корҳои ислоҳӣ баҳисобгирии инфиродии маҳкумшудагонро анҷом медиҳад; тартиб ва шартҳои адои ҷазоро тавзеҳ медиҳад; риояи шартҳои адои ҷазоро аз ҷониби маҳкумшуда ва иҷрои талаботи ҳукмро аз ҷониби маъмурияти ташкилоти ҷои кори маҳкумшуда назорат мекунад; рафтори маҳкумшудагонро назорат намуда, дар сурати зарурат онҳоро ҷиҳати таъмин бо кор ба маркази шуғл мефиристад; дар хусуси маҷбурӣ овардани маҳкумшудагоне, ки бидуни сабабҳои узрнок мувофиқи даъват ё барои бақайдгирӣ ҳозир нашудаанд, қарор қабул мекунад; корҳои ибтидоиро дар хусуси ҷустуҷӯи маҳкумшудагон анҷом медиҳад, ба хадамоти дахлдор дар хусуси маҳкумшудагоне, ки ҷои исташон маълум намебошад, маводи дахлдор таҳия ва ирсол медорад; чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотӣ, инчунин вазифаҳо ва манъкуниҳоеро, ки моддаи 42 ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, татбиқ менамояд; дар давраи адои ҷазо барои аз кор бо хоҳиши худ рафтани маҳкумшуда иҷозат медиҳад; бо маҳкумшудагон корҳои тарбиявӣ мегузаронад.

Моддаи 42. Вазифаҳо ва манъкуниҳое, ки барои ашхоси ба корҳои ислоҳӣ маҳкумшуда муқаррар карда мешаванд

1. Бо назардошти хусусият ва дараҷаи хавфи ҷамъиятии ҷинояти содиршуда шахсияти маҳкумшуда, рафтори ӯ дар давраи адои ҷазо ва бо мақсади пешгирии қонуншиканиҳои нав нозироти корҳои ислоҳӣ ҳуқуқ дорад барои маҳкумшудагон вазифа ва манъкуниҳои зеринро муайян кунад:

а) манъи тарки манзил дар вақти муайяни шабонарӯз;

б) манъи тарки маҳалли истиқомат дар рӯзҳои истироҳат ва давраи рухсатӣ;

в) манъи ҳузур доштан дар ҷойҳои муайяни ноҳия (шаҳр);

г) ӯҳдадор сохтан ҷиҳати дар як моҳ ду маротиба ҳозир шудан барои гузаштан аз қайди нозироти корҳои ислоҳӣ.

2. Вазифа ва манъкуниҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда ба мӯҳлати то шаш моҳ муқаррар карда мешаванд. Дар ҳолатҳои зарурӣ ин мӯҳлат ҳар дафъа боз шаш моҳ, дар доираи мӯҳлати адои ҷазо, дароз карда шуданаш мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

3. Бекор будани маҳкумшуда амали вазифа ва манъкуниҳои муқарраршударо бознамедорад.

Моддаи 43. Баҳисобгирии мӯҳлати ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ

1. Мӯҳлати адои ҷазои корҳои ислоҳӣ бо солҳо, моҳҳо ва рӯзҳо, ки дар давоми он маҳкумшуда кор кардааст ва аз музди меҳнати ӯ маблағ дошта гирифта шудааст, ба ҳисоб гирифта мешавад. Шумораи рӯзҳое, ки маҳкумшуда кор кардааст, бояд аз шумораи рӯзҳои кории вобаста ба ҳар моҳи мӯҳлати ҷазои муайяннамудаи суд камтар набошад. Агар маҳкумшуда шумораи муқарраршудаи рӯзҳоро кор накарда бошад ва барои ҳисоби рӯзҳои корнакарда ба мӯҳлати ҷазо асосҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс вуҷуд надошта бошад, адои корҳои ислоҳӣ то пурра кор кардани шумораи муқарраршудаи рӯзҳои меҳнатӣ аз ҷониби маҳкумшуда идома меёбад.

2. Оғози мӯҳлати адои ҷазо рӯзи аз ҷониби маъмурияти ташкилоти ҷои кори маҳкумшуда гирифтани нусхаи ҳукми (таъинот, қарор) суд ва дигар асноде, ки аз нозироти корҳои ислоҳӣ ворид шудааст, ба ҳисоб меравад.

3. Ба мӯҳлати адои ҷазо вақте, ки дар давоми он маҳкумшуда бо сабабҳои узрнок кор накардааст, ба ҳисоб гирифта мешавад. Ба ин мӯҳлат инчунин вақте, ки дар давоми он маҳкумшуда расман бекор эътироф шудааст, дохил мегардад.

4. Ҳангоми ба бемории вазнин гирифтор шудани маҳкумшуда, ки беш аз чор моҳ пайдарҳам давом ёфтааст ва оянда монеаи адои ҷазо мегардад, нозироти корҳои ислоҳӣ дар хусуси озод намудан аз адои ҷазо ба суд пешниҳод мефиристад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

5. Ҳангоми дар давоми адои ҷазои корҳои ислоҳӣ ҳомила гардидани маҳкумшуда нозироти корҳои ислоҳӣ аз рӯзи додани рухсатӣ вобаста ба ҳомиладорӣ, таваллуд ва нигоҳубини кӯдаки то синни ҳаштсола оид ба мавқуф гузоштани иҷрои ҷазо ба суд пешниҳод мефиристад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

6. Мӯҳлати адои ҷазои маҳкумшудагоне, ки дар ташкилоте, ки дар онҳо баҳисобгирии маҷмӯии вақти корӣ истифода бурда мешавад, кор мекунанд, бо назардошти давомнокии вақти корӣ дар давраи баҳисобгирӣ, ки аз шумораи рӯзҳои кории муқарраршуда зиёд нест, ҳисоб карда мешавад.

7. Ба мӯҳлати адои ҷазо инҳо ба ҳисоб гирифта намешаванд: вақте, ки дар давоми он маҳкумшуда кор накардааст, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3 ҳамин модда; вақти беморӣ вобаста ба майзадагӣ, нашъамандӣ, заҳрмандӣ ё амали вобаста ба онҳо; вақти адои ҷазои маъмурӣ дар намуди ҳабс ё корҳои ислоҳӣ, инчунин вақти нигоҳ доштан дар ҳабс ба сифати чораи пешгирӣ оид ба парвандаи дигар дар давраи адои ҷазо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

Моддаи 44. Вазифаҳои маъмурияти ташкилоте, ки дар он ҷо маҳкумшуда ҷазои корҳои ислоҳиро адо мекунад

Ба зиммаи маъмурияти ташкилоте, ки дар он ҷо маҳкумшуда ҷазои корҳои ислоҳиро адо мекунад, вазифаҳои зерин гузошта мешаванд: ба маълумоти аъзоёни коллективи меҳнатӣ расонидани ҳукми суд; дуруст ва сари вақт дошта гирифтани маблағ аз музди меҳнати маҳкумшуда ва гузаронидани он тибқи тартиби муқарраршуда; назорати рафтори маҳкумшуда дар истехсолот ва мусоидат ба нозироти корҳои ислоҳӣ дар гузаронидани корҳои тарбиявӣ бо маҳкумшуда; риояи шартҳои адои ҷазо, ки ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст; огоҳ намудани нозироти корҳои ислоҳӣ дар мавриди нисбат ба маҳкумшуда истифода бурдани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозот, дар бораи саркашӣ кардани ӯ аз адои ҷазо, инчунин огоҳонии қаблӣ дар мавриди ба дигар вазифа гузаронидан, аз кор озод намудан ё додани рухсатӣ.

Моддаи 45. Тартиби нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнати шахси ба корҳои ислоҳӣ маҳкумшуда

1. Нозироти корҳои ислоҳӣ назорати дуруст ва сари вақт нигоҳ доштани маблағро аз музди меҳнати маҳкумшуда ва гузаронидани онро ба буҷети давлат анҷом медиҳад. Ҷиҳати иҷрои чунин назорат нозирот ҳуқуқ дорад мақомоти молия ва андозро ҷалб намояд.

2. Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнати ҷои кори асосии маҳкумшуда барои ҳар як моҳи корӣ ҳангоми пардохти музди меҳнати новобаста аз мавҷуд будани иддао бо дигар ҳуҷҷатҳои иҷроиявӣ ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

3. Ҳангоми нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнати маҳкумшуда ҳам даромади пулӣ ва ҳам даромад дар намуди асл ( натуралӣ) ба ҳисоб гирифта мешавад. Қисми аслии даромад, ки аз маҳкумшуда нигоҳ дошта гирифта шудааст дар ихтиёри ташкилот монда, арзиши он мутобиқи нархи хариди давлат ба фоидаи давлат гузаронида мешавад. Маблағи аз даромад нигоҳдошташуда ҳар моҳ ба фоидаи давлат гузаронида мешавад.

4. Дар ҳолатҳои зерин маблағ нигоҳ дошта намешавад, аз нафақа ва ёрдампулиҳое, ки тибқи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти иҷтимоӣ гирифта мешаванд, инчунин аз пардохтҳои якдафъаина, ба ғайр аз кӯмакпулӣ барои бекорӣ, аз маблағҳое, ки ба сифати чубронпулӣ барои хароҷоти вобаста ба сафари хизматӣ пардохта шаванда, ва аз дигар ҷубронпулиҳо.

5. Ёрдампулиҳо оид ба корношоямии муваққатии маҳкумшудагон аз музди меҳнати онҳо баъди нигоҳ доштани маблағ дар ҳаҷми муайяннамудаи ҳукми суд ба ҳисоб гирифта мешавад.

6. Дар сурати бекор кардан ё тағьир додани ҳукми суд вобаста ба катъи парванда маблағҳои изофагии аз музди меҳнати маҳкумшуда нигоҳдошташуда пурра баргардонида мешаванд.

Моддаи 46. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ, ки нисбат ба ашхоси адокунандаи ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ истифода бурда мешаванд

1. Барои рафтори шоиста ва муносибати софдилона ба меҳнат нисбат ба ашхоси адокунандаи ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ нозироти корҳои ислоҳӣ метавонад мӯҳлат ва ҳаҷми вазифаҳою манъкуниҳои дар моддаи 42 ҳамин Кодекс пешбинишударо кам ё бекор намояд.

2. Маҳкумшудагоне, ки ислоҳ гардидани хешро собит намудаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун аз ҷониби нозироти корҳои ислоҳӣ барои шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардани онҳо ба суд пешниҳод карда мешаванд.

Моддаи 47. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани тартиб ва шартҳои адои ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ва барои саркашӣ намудан аз адои он

1. Вайрон кардани тартиб ва шартҳои адои ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ иборатанд аз:

а) бидуни сабабҳои узрнок аз лаҳзаи бақайдгирӣ дар нозироти корҳои ислоҳӣ дар давоми даҳ рӯз ба кор набаромадан ё саркашӣ ба ҳамон мӯҳлат аз бақайдгирӣ дар маркази шуғли аҳолӣ;

б) бидуни сабабҳои узрнок ҳозир нашудан ба нозироти корҳои ислоҳӣ;

в) вайрон кардани вазифа ва манъкуниҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс;

г) ба кор набаромадан ё ҳозир шудан ба кор дар ҳолати мастӣ ё дар ҳолати мастии нашъа ё заҳрмандӣ.

2. Барои аз ҷониби маҳкумшуда вайрон кардани тартиб ва шартҳои адои ин намуди ҷазо нозироти корҳои ислоҳӣ метавонад ӯро оиди иваз намудани корҳои ислоҳӣ ба дигар намуди ҷазо хаттӣ огоҳ намояд.

3. Саркашӣ кардан аз адои ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ҳамон вақт ашаддӣ ҳисоб карда мешавад, ки агар маҳкумшуда такроран тартиб ва шартҳои адои ҷазоро пас аз содир кардани яке аз вайронкуниҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида, ки ба таври хаттӣ огоҳонида шуда буд, содир карда бошад, инчунин маҳкумшудае, ки аз маҳалли истиқомат пинҳон шуда ҷои исти ӯ маълум намебошад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

4. Маҳкумшудае, ки аз маҳалли истиқоматӣ пинҳон шуда, ҷои исти ӯ маълум намебошад, нисбаташ кофтуков эълон карда шуда, мумкин аст бо розигии прокурор ва қарори суд ба мӯҳлати то си шабонарӯз дастгир карда шавад(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 924).

5. Нисбати маҳкумшудагоне, ки аз адои ҷазои корҳои ислоҳӣ ашаддӣ саркашӣ менамоянд нозироти корҳои ислоҳӣ оиди иваз намудани ҷазои корҳои ислоҳӣ ба дигар намуди ҷазо тибқи талаботи қисми 3 моддаи 52 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд пешниҳод мефиристад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

ФАСЛИ III.ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲДУД КАРДАНИ ОЗОДӢ

БОБИ 7.ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲДУД КАРДАНИ ОЗОДӢ

Моддаи 48. Маҳалли адои ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ

1. Ашхоси ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкумшуда ҷазоро дар муассисаи махсус - марказҳои ислоҳӣ (табъидгоҳҳо) адо мекунанд.

2. Ашхосе, ки нисбат ба онҳо маҳдуд кардани озодӣ тибқи тартиби иваз кардани намуди дигари ҷазо таъин шудааст, метавонанд барои адои ҷазо ба марказҳои ислоҳӣ (табъидгоҳҳо) фиристода шаванд.

3. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо вазифадоранд ба мақомоти иҷрокунандаи ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ барои бо кор таъмин намудан ва беҳбуди вазъи маишии ашхоси барои адои ҷазо фиристодашуда мусоидат намоянд.

Моддаи 49. Фиристодани ашхоси ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкумшуда ба маҳалли адои ҷазо

1. Ашхоси ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкумшуда, инчунин ашхосе, ки нисбат ба онҳо ин ҷазо тибқи тартиби иваз кардани ҷазои дигар таъин шудааст, ба маҳалли адои ҷазо мустақилона, аз ҳисоби давлат равон карда мешаванд. Суде, ки ҳукм (таъинот) баровардааст, дар давоми се рӯз ба мақоми корҳои дохилии маҳалли истиқомати маҳкумшуда (ва дар сурати набудани ҷои истиқомат-ба маҳалли маҳкумшавӣ) дар бораи иҷрои ҳукми (таъиноти) эътибори қонунӣ пайдонамуда фармоиш ирсол мекунад. Мақомоти корҳои дохилӣ на дертар аз рӯзи дигари гирифтани фармоиш ба маҳкумшуда дар хусуси сафар ба маҳалли адои ҷазо амрнома (предписания) месупорад. Дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз аз рӯзи гирифтани амрнома маҳкумшуда вазифадор аст ба маҳалли адои ҷазо сафар кунад ва дар тӯли мӯҳлати барои сафар зарурӣ, ки дар амрномаи сафар зикр шудааст, ба он ҷой расад.

2. Дар ҳолати саркашӣ намудани маҳкумшуда аз гирифтани амрномаи сафар ба маҳалли адои ҷазо ё дар мӯҳлати муайян сафар накардан ё наомадан ба маҳалли адои ҷазо маҳкумшуда аз ҷониби мақоми корҳои дохилӣ бо санксияи прокурор ба мӯҳлати то понздаҳ шабонарӯз ҷиҳати муайян намудани сабабҳои вайрон кардани тартиби сафари мустақилона ба маҳалли адои ҷазо дастгир карда мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани сабабҳои узрнок мақомоти корҳои дохилӣ дастгиршударо тибқи тартиби муқарраршуда барои ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда ба маҳалли адои ҷазо мефиристад ё дар ҳолати аз адои ҷазо ашади саркашӣ намудан маводро ҷиҳати иваз кардани ҷазои маҳдуд кардани озодӣ ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба суд ирсол менамояд.

3. Маҳкумшудагоне, ки қисми адонакардаи ҷазояшон дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ бо ҷазои маҳдуд кардани озодӣ иваз карда шудааст, аз ҳабс озод карда шуда, онҳо мустақилона, аз ҳисоби давлат ба марказҳои ислоҳӣ (табъидгоҳҳо) сафар мекунанд. Дар чунин ҳолат маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ба маҳкумшуда амрномаи сафарро ба маҳалли адои ҷазо месупорад, ки дар он хатти сафар ва вақти расидан ба марказҳои ислоҳӣ(табъидгоҳ) муайян карда шудааст. Маъмурият инчунин метавонад ба мӯҳлати то панҷ шабонарӯз, бидуни баҳисобгирии вақти барои роҳ зарурӣ, бо шарти дар оянда мустақилона ҳозир шудан ба марказҳои ислоҳӣ(табъидгоҳ) рухсатии кӯтоҳмуддат диҳад.

4. Бо назардошти шахсияти маҳкумшуда, ҷойгиршавии муассисаи ислоҳӣ ва марказҳои ислоҳӣ (табъидгоҳҳо) маҳкумшуда тибқи таъиноти суд ба марказҳои ислоҳӣ (табъидгоҳҳо) таҳти назорати посбонон фиристода шуданаш мумкин аст.

5. Маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) судеро, ки ҳукм (таъинот) баровардааст, дар мавриди иҷрои он фавран огоҳ месозад.

6. Дар ҳолати ба ҷои адои ҷазо ҳозир нашудани маҳкумшуда кофтукови ӯ эълон карда мешавад.

7. Баъд аз дастгир намудани шахси маҳкумшуда вай ба ҷои иҷрои ҷазо тибқи тартиби муқарраршуда барои ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда фиристода мешавад, ё ин ки ба суд оиди иваз намудани ҷазои маҳдуд кардани озодӣ ба маҳрум сохтан аз озодӣ пешниҳод фиристода мешавад.

Моддаи 50. Тартиботи дохилӣ дар марказҳои ислоҳӣ (табъидгоҳ)

1. Дар марказҳои ислоҳӣ(табъидгоҳҳо) тартиботи дохилӣ муқаррар карда мешавад, ки инҳоро пешбинӣ менамояд: тартиби қабули маҳкумшудагон, қоидаҳои рафтори маҳкумшудагон дар вақти кор ва истироҳат, номгӯи кор ва вазифаҳое, ки истифодаи меҳнати маҳкумшудагон манъ аст, тартиби кашида гирифтани ашё, ки барои истифода манъ шудааст ва қоидаҳои гузаронидани санҷиш.

2. Тартиботи дохилӣ ба ҳамаи маҳкумшудагон эълон карда мешавад.

Моддаи 51. Баҳисобгирии мӯҳлати ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ

1. Мӯҳлати ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ аз рӯзи бақайдгирии маҳкумшуда дар маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) ба ҳисоб гирифта мешавад.

2. Вақти нигоҳ доштани маҳкумшуда таҳти ҳабс ба сифати чораи пешгирӣ ва вақти сафар таҳти назорати посбонон аз муассисаи ислоҳӣ ба маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ), ҳангоми иваз кардани қисми адонакардаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба маҳдуд кардани озодӣ аз рӯи ҳисоби як рӯзи таҳти ҳабс қарор доштан баробар ба ду рӯзи маҳдуд кардани озодӣ, инчунин вақти рухсатии кӯтоҳмуддат пас аз озодшавӣ аз муассисаи ислоҳӣ то ҳозир шудан ба маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) ба мӯҳлати ҷазо ҳисоб карда мешавад.

3. Ба мӯҳлати ҷазо вақти худсарона ҳузур надоштани маҳкумшуда дар кор ё набудани ӯ дар маҳалли истиқомат бештар аз як шабонарӯз ҳисоб карда намешавад.

Моддаи 52. Тартиби адои ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ

1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо бо пешниҳоди мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ сарҳади ҳудуди маркази ислоҳиро (табъидгоҳ) муайян намуда ва қоидаи рафтори аҳолиро дар ин ҳудуд муқаррар менамоянд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

2. Нисбат ба маҳкумшудагон дар маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) Қоидаҳои тартиботи дохилии маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) амал мекунад, ки онро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

3. Ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд, бидуни посбонон (қаровулон) нигоҳ дошта мешаванд, вале таҳти назорат буда, вазифадоранд:

а) талаботи Қоидаҳои тартиботи дохилии маркази ислоҳиро (табъидгоҳ)-ро қотеона риоя кунанд;

б) дар он ҷое, ки маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) фиристодааст, кор кунанд;

в) ҳамеша дар ҳудуди сарҳади маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) бошанд ва бидуни иҷозати маъмурият онро тарк накунанд. Ба ашхосе, ки ҷазояшон дар намуди маҳдуд кардани озодӣ тибқи тартиби иваз ба ҷазои нисбатан сабуктар татбиқ карда шудааст, дар ҳолатҳои зарурӣ пас аз бақайдгирии маҳкумшуда маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) метавонад барои ба мӯҳлати то панҷ шабонарӯз аз ҳудуди ҷои ҷойгиршавии маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) баромадан иҷозат диҳад, агар чунин иҷозат аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ пас аз озод намудан дода нашуда бошад;

г) чун қоида дар хобгоҳҳои махсуси барои маҳкумшудагон таъингардида зиндагӣ карда, онро бидуни иҷозати маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) шабона тарк накунанд;

д) бидуни пардохти маош дар ободонии бино ва ҳудуди маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) тибқи тартиби бонавбат, дар вақтҳои ғайрикорӣ ва ба мӯҳлати на бештар аз ду соат дар як ҳафта иштирок кунанд;

е) ҳуҷҷати шаҳодатдиҳандаи шахсии намунаи муқарраршуда дошта бошанд.

4. Чун қоида дар як маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) ашхосе, ки маҳдуд кардани озодӣ тибқи тартиби иваз ба ҷазои нисбатан сабуктар таъин карда шудааст ва ашхосе, ки барояшон ин ҷазо мутобиқи ҳукми суд таъин шудааст, бо ҳам нигоҳ дошта намешаванд.

5. Маҳкумшудагоне, ки қаблан ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо карда, доғи судӣ доранд, аз дигар маҳкумшудагон алоҳида нигоҳ дошта мешаванд. Маҳкумшудагоне, ки ҷиноятро дар шарикӣ содир намудаанд, ҷазоро ҷудо-ҷудо адо мекунанд.

6. Маҳкумшудагон ва биное, ки онҳо истиқомат мекунанд, таҳти кофтуков ва молу мулкашон таҳти азназаргузаронӣ қарор дода шуданаш мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

7. Ба маҳкумшудагон ба даст овардан, нигоҳ доштан ва истифодаи асбобу анҷом, ашё ва маводе, ки номгӯи онҳоро Қоидаҳои тартиботи дохилии марказҳои ислоҳӣ муайян кардааст, манъ мебошад. Дар сурати ёфт кардани чунин асбобу анҷом, ашё ё мавод дар маҳкумшудагон онҳо мутобиқи қарори сардори маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) аз маҳкумшудагон кашида гирифта шуда, барои нигоҳдошт супурда мешаванд ё несту нобуд ва ё ба фоидаи давлат гузаронида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

8. Ба маҳкумшудагоне, ки Қоидаҳои тартиботи дохилиро вайрон накардаанд ва оиладор мебошанд, мутобиқи қарори сардори маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) иҷозат дода шуданаш мумкин аст, ки бо оилаашон дар манзили ба иҷора гирифташуда ё манзили шахсӣ зиндагӣ кунанд. Ин маҳкумшудагон вазифадоранд аз ду то шаш маротиба дар як моҳ ҷиҳати бақайдгирӣ ба маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) ҳозир шаванд. Давомнокии бақайдгирӣ бо қарори сардори маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) муқаррар карда мешавад.

9. Ба маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд, иҷозат дода мешавад, ки дар муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи махсус, ки дар дохили воҳидҳои маъмурию ҳудудии маҳалли адои ҷазо воқеанд, ғоибона таҳсил кунанд.

Моддаи 53. Шароити меҳнати ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд

1. Маҳкумшудагон дар ташкилотҳои шаклҳои моликияташон гуногун ба кор ҷалб карда мешаванд.

2. Меҳнати ашхоси ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкумшуда тибқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои қоидаҳои қабул ба кор, озод намудан аз кор, гузаронидан ба кори дигар танзим карда мешавад.

3. Ба кори дигар гузаронидани маҳкумшудагон, аз ҷумла ба маҳалли дигар, аз ҷониби маъмурияти ташкилоте, ки маҳкумшуда дар он кор мекунад, бо мувофиқаи маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) ва ҳаддалимкон бо назардошти андешаи маҳкумшуда ва мутобиқи нишондоди хулосаи тиббӣ анҷом дода шуданаш мумкин аст.

4. Барои маҳкумшудагоне, ки ихтисоси зарурӣ надоранд, гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё омодагии касбӣ ташкил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

Моддаи 54. ӯҳдадориҳои маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ)

1. Маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) баҳисобгирии маҳкумшудагонро анҷом медиҳад; тартиб ва шартҳои адои ҷазоро тавзеҳ медиҳад; шароити корӣ, зист ва маишати маҳкумшудагонро фароҳам меорад; риояи тартиб ва шартҳои адои ҷазоро таъмин мекунад; назоратро аз болои маҳкумшудагон ба амал бароварда, ҷиҳати пешгирии вайронкунии тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо тадбирҳо меандешад; бо маҳкумшудагон корҳои тарбиявӣ мебарад; мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун чораҳои мукофотонӣ ва муҷозотро истифода мебарад; дар мавриди омода сохтани маҳкумшудагон ба озодӣ корҳоро ба амал мебарорад.

2. Тартиби иҷрои ӯҳдадориҳои зикршударо ҳамин Кодекс, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян менамоянд.

Моддаи 55. ӯҳдадориҳои маъмурияти ташкилоти маҳалли кори маҳкумшудае, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунад

1. Маъмурияти ташкилоти маҳалли кори ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд, бо назардошти вазъи саломатӣ ва аз рӯи имкон бо ихтисоси маҳкумшудагон онҳоро барои бо кор таъмин намудан ҷалб менамояд, барояшон таҳсилоти касбии ибтидоӣ ва ё омодагии касбӣ фароҳам меорад ва дар ташкили шароити манзилию маишӣ иштирок менамояд (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

2. Дар хусуси ба кор ҳозир нашудани маҳкумшуда ва гузоштани муҷозоти интизомӣ маъмурияти ташкилот вазифадор аст фавран ба маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) иттилоъ диҳад.

3. Ба маъмурияти ташкилот бидуни розигии маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) аз кор озод кардани ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд, манъ аст.

Моддаи 56. Корҳои тарбиявӣ бо ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд

1. Бо ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд, аз ҷониби маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ), инчунин маъмурияти ташкилоти ҷои кори маҳкумшудагон ва сохторҳои ҷамъиятӣ корҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд.

2. Шаклҳои асосии корҳои тарбиявӣ иборатанд аз:

а) корҳои инфиродӣ, ки дар асоси омӯзиши шахсияти ҳар як маҳкумшуда бо назардошти ҷинояти содирнамудаи ӯ, синну сол, таҳсилот, касб ва дигар хислатҳои маҳкумшуда гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48);

б) фаҳмонда додани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) корҳои маданию оммавӣ ва варзишию ҷисмонӣ;

3. Иштироки фаъолонаи маҳкумшудагон дар гузаронидани чорабиниҳои дорои хусусияти тарбиявӣ дошта ҳавасманд гардонида шуда, ҳангоми муайян кардани дараҷаи ислоҳшавӣ ба инобат гирифта мешавад.

Моддаи 57. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ, ки нисбат ба ашхоси адокунандаи ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ истифода бурда мешаванд

1. Барои рафтори шоиста ва муносибати софдилона ба меҳнат маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) нисбат ба маҳкумшудагон чораҳои ҳавасмандгардонии зайлро истифода бурда метавонад:

а) эълони раҳматнома;

б) иҷозат барои баромадан аз ҳудуди маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) барои ҷашнгирии ид ва рӯзҳои истироҳат;

в) додани иҷозат барои берун аз ҳудуди маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) гузаронидани рухсатӣ;

г) пеш аз мӯҳлат бардоштани муҷозоти қаблан гузошташуда;

д) мукофотпулӣ.

2. Маҳкумшудагонро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун барои шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан ё барои ивази қисми адонанамудаи ҷазояшон ба намуди ҷазои нисбатан сабуктар пешниҳод кардан мумкин аст.

Моддаи 58. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани тартиб ва шартҳои адои ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ ва барои саркашии ашаддӣ аз адои ин намуди ҷазо

1. Вайронкунии тартиб ва шартҳои адои ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ иборатанд аз: вайронкунии интизоми меҳнат, тартиботи ҷамъиятӣ ё ин ки вайрон кардани қоидаҳои зисти барои маҳкумшудагон муқарраршуда, оиди оне, ки ба таври хаттӣ ба ӯ чораҳои муҷозотӣ гузошта шуда буд.

2. Барои вайрон кардани тартиби муқарраршуда ва шартҳои адои ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр гардидааст, маъмурияти маркази ислоҳӣ (таъбидгоҳ) нисбат ба маҳкумшудагон чораҳои зайли муҷозотро метавонад истифода барад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307):

а) танбеҳ;

б) мутобиқи Қоидаҳои тартиботи дохилии маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) ҷойгиркунонӣ дар изолятори (тавқифгоҳи) интизомӣ ба мӯҳлати то се шабонарӯз;

в) манъи баромадан аз ҳудуди хобгоҳ дар соатҳои муайяни шабонарӯз ба мӯҳлати то як моҳ;

г) огоҳонӣ дар мавриди имконпазирии иваз намудани ҷазои маҳдуд кардани озодӣ ба маҳрум сохтан аз озодӣ.

3. Саркашии ашаддӣ аз адои ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ ин худсарона ва бидуни сабабҳои узрнок содир намудани кирдори зайл мебошад:

а) тарки ҳудуди маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ);

б) барнагаштан ё сари вақт наомадан ба маҳалли адои ҷазо;

в) тарк кардани ҷои кор ё маҳалли истиқомат.

4. Ҳангоми дар давоми даҳ шабонарӯз ёфт нашудани маҳкумшуда, ки ҳудуди маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ)-ро тарк намудааст, нисбати ӯ кофтуков эълон гардида, ӯ бояд дастгир карда шавад.

5. Дар мавриди дастгир намудани маҳкумшудае, ки ҳудуди маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ)-ро бидуни сабабҳои узрнок худсарона тарк намудааст, мақомоти корҳои дохилӣ ӯро ба ҷои адои ҷазо тибқи тартиби муқарраршуда барои ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда мефиристонад. Ҳангоми мавҷуд будани маълумотҳо оиди ашаддӣ саркашӣ намудани маҳкумшуда аз адои ҷазо ба суди маҳалли дастгиршудаи ӯ дар бораи иваз кардани қисми адонашудаи мӯҳлати ҷазои маҳдуд кардани озодӣ ба маҳрум сохтан аз озодӣ пешниҳод фиристонида мешавад.

6. Дастгир ва нигоҳ доштани маҳкумшуда дар ҳолатҳое, ки қисми 3 ҳамин модда пешбинӣ намудааст, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ё маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) бо розигии прокурор ва қарори суд дар мӯҳлати на зиёда аз си шабонарӯз иҷро карда мешавад. Маблағҳое, ки барои ҷустуҷӯ ва дастгир намудани маҳкумшуда сарф мешавад, аз ҳисоби маҳкумшуда ба тариқи судӣ ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648аз 28.12.2012 № 924аз 14.05.2016 № 1307).

Моддаи 59. Тартиби истифодаи чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотӣ нисбат ба ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд

1. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотӣ ба таври хаттӣ татбиқ карда мешаванд.

2. Ҳангоми истифодаи чораҳои муҷозот ҳолатҳои содир намудани қонуншиканӣ, шахсияти маҳкумшуда ва рафтори ӯ то содир намудани кирдор ба инобат гирифта мешавад. Муҷозоти татбиқшаванда бояд ба хусусият ва вазнинии кирдори содирнамудаи маҳкумшуда мувофиқ бошад. Муҷозот дар мӯҳлати на дертар аз даҳ шабонарӯз аз рӯзи ошкор гардидани кирдор ва дар сурате, ки вобаста ба кирдор санҷиш анҷом дода шуда бошад, аз рӯзи хатми он, вале на дертар аз як моҳи баъди содир намудани кирдор татбиқ карда мешавад. Муҷозот, чун қоида, фавран ва дар ҳолатҳои мустасно - дар мӯҳлати на дертар аз як моҳи татбиқ шудани он иҷро карда мешавад.

3. Ба татбиқ намудани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотии пешбининамудаи ҳамин Кодекс дар ҳаҷми пурра сардори маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) ва шахсе, ки ӯро иваз мекунад, ҳуқуқ доранд. Сардори даста (отряд) ҳуқуқ дорад ба маҳкумшуда раҳматнома эълон кунад.

Моддаи 60. Назорат аз болои ашхосе, ки ба ҷазои маҳдуд кардани озодӣ маҳкум шудаанд ва чораҳои пешгирии вайрон кардани тартиби муқарраршудаи адои ҳамин ҷазо

1. Назорат аз болои ашхосе, ки ба ҷазои маҳдуд кардани озодӣ маҳкум шудаанд, аз ҷониби маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) сурат гирифта, аз мушоҳида ва назорат аз болои маҳкумшудагон дар ҷои кор ва маҳалли истиқоматиашон, инчунин дар вақтҳои фориғ аз меҳнат иборат аст. Тартиби татбиқи назоратро санади меъёрию ҳуқуқӣ муайян менамояд.

2. Дар сурати аз ҷониби маҳкумшудагон вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҷиҳати тартиб додани протоколи қонуншиканӣ, таъмини баррасии саҳеҳ ва саривақтии мавод, ҳушёр сохтани маҳкумшуда ва ё фиристодани ӯ ба муассисаҳои дахлдори тиббӣ то ҳалли масъалаи нисбат ба ӯ андешидани чораи муҷозот ӯ ба изолятори (тавқифгоҳи) интизомӣ, вале ба мӯҳлати на бештар аз 24 соат ҷойгир карда шуданаш мумкин аст.

Моддаи 61. Таъминоти моддию маишӣ ва тиббиву беҳдории ашхосе, ки ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкум шудаанд

1. Ашхоси ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкумшуда дар маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) бо шароити зарурии манзилию маишӣ таъмин карда мешаванд. Онҳо дар хобгоҳҳои умумии маркази ислоҳӣ (табъидгоҳҳо), ки барояшон ҷои хоби инфиродӣ ва лавозимоти хоб дода мешавад, ҷойгир кунонида мешаванд. Меъёри майдони истиқоматӣ ба ҳисоби ҳар як маҳкумшуда набояд аз чаҳор метри мураббаъ камтар бошад.

2. Сару либос, либоси таг ва пойафзол аз маблағи худи маҳкумшудагон мустақилона харида мешавад. Озуқавории маҳкумшудагон аз ҷониби маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) ташкил шуда, аз ҳисоби маблағҳои шахсии маҳкумшудагон пардохта мешавад. Ҳангоме, ки маҳкумшудагон бо сабабҳои ба онҳо новобаста маблағ надошта бошанд, онҳо аз ҳисоби давлат, тибқи тартиби инфиродӣ бо озуқа таъмин карда мешаванд.

3. Барои ашхоси ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкумшуда ёрии пешгириву муолиҷавӣ ва беҳдориву пешгирӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва тартиби адои ҷазои муайяннамудаи ҳамин Кодекс расонида мешавад.

4. Барои таъминоти тиббии амбулатории маҳкумшудагон бо қарори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи тиббӣ таъсис дода шуданаш мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55, аз 23.11.2015 № 1231).

5. Хизматрасонии тиббии беморхонавии маҳкумшудагон аз ҷониби муассисаҳои мақомоти тандурустии маҳалли ҷойгиршавии маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санади меъёрию ҳуқуқии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55, аз 23.11.2015 № 1231).

6. Маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) барои иҷрои талаботи муқарраршудаи беҳдориву беҳдоштӣ ва зиддисироятӣ масъулият дорад.

ФАСЛИ IV.Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

БОБИ 8.Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 62. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 63. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 64. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 65. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 66. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 67. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 68. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 69. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

ФАСЛИ V.ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДӢ

БОБИ 9.МУҚАРРАРОТИ УМУМИИ ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДӢ

Моддаи 70. Маҳалли иҷрои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ

Ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, ҷазоро дар маҳалли ҷойгиршавии муассисаҳои дахлдори ислоҳӣ адо мекунанд.

Моддаи 71. Намудҳои муассисаҳои ислоҳӣ

1. Муассисаҳои ислоҳӣ - колонияҳои ислоҳӣ, колонияҳои тарбиявӣ, маҳбасҳо, муассисаҳои муолиҷавии ислоҳӣ ба ҳисоб мераванд. Изоляторҳои тафтишотӣ вазифаи муассисаи ислоҳиро нисбат ба маҳкумшудагоне, ки барои ҷиҳати иҷрои кори таъминоти хоҷагӣ мононда шудаанд, анҷом медиҳанд.

2. Колонияҳои ислоҳӣ ва маҳбасҳо барои адои ҷазо нисбати ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд ва ба балоғат расидаанд, муқаррар шудаанд. Колонияҳои ислоҳӣ ба колонияҳои -сукунат, низоми умумӣ, низоми пурзӯр, низоми сахт ва низоми махсус тақсим мешаванд.

3. Дар муассисаҳои муолиҷавии ислоҳӣ ҷазоро маҳкумшудагони дар қисми 1 ва 4 моддаи 24 ҳамин Кодекс зикргардида адо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

4. Дар колонияҳои тарбиявӣ ҷазоро ноболиғоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, инчунин маҳкумшудагоне, ки дар колонияҳои тарбиявӣ то расидан ба синни 20-солагӣ мононда шудаанд, адо мекунанд.

Моддаи 72. Муайян кардани намуди муассисаи ислоҳӣ барои аз тарафи маҳкумшудагон адо кардани ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ

Намуди муассисаи ислоҳӣ мутобиқи низоме, ки дар он маҳкумшуда бояд ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо намояд, аз ҷониби суд дар асоси моддаи 58 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 73. Барои адои ҷазо фиристодани ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯзи аз ҷониби маъмурияти изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ гирифтани огоҳинома дар мавриди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд барои адои ҷазо фиристода мешаванд. Дар давоми ин мӯҳлат маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд бо хешу ақрабои наздик ё дигар ашхос мулоқоти кӯтоҳмуддат кунанд.

2. Тартиби ба муассисаҳои ислоҳӣ фиристодани маҳкумшудагонро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Кодекс муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

3. Нисбати ҳар як шахси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда парвандаи шахсӣ кушода мешавад.

Моддаи 74. Аз як ҷой ба ҷои дигар гузаронидани ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Маҳкумшудагон ба маҳалли адои ҷазо ва аз як маҳалли адои ҷазо ба маҳалли дигар таҳти назорати посбонон бурда мешаванд.

2. Аз ҷое ба ҷое гузаронидани маҳкумшудагон таҳти назорати посбонон, бо риояи қоидаҳои алоҳида нигоҳ доштани онҳо сурат мегирад: мардон алоҳида аз занон, ноболиғон алоҳида аз ашхоси болиғ; ба ҷазои қатл маҳкумшудагон - алоҳида аз категорияҳои дигар; маҳкумшудагони дар шарикӣ ҷиноят содирнамуда - дар алоҳидагӣ.

3. Маҳкумшудагони мубталои касалии сил ё курси пурраи муолиҷаи касалии зӯҳравиро нагирифта, гирифтори вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, инчунин мубталои бемориҳои рӯҳӣ, ки мукаллафиро истисно намекунад, аз як ҷо ба ҷои дигар дар алоҳидагӣ ва ҷудо - ҷудо аз маҳкумшудагони солим ва дар сурати зарурат мутобиқи хулосаи духтур таҳти ҳамроҳии кормандони тиб гузаронида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1231).

4. Ҳангоми аз як ҷо ба ҷои дигар гузаронидани маҳкумшудагон ба онҳо шароити зарурии моддию маишӣ ва беҳдориву беҳдоштӣ таъмин карда мешавад.

5. Ҳангоми аз як ҷо ба ҷои дигар гузаронидани маҳкумшудагон вобаста ба мавсим онҳо бо сару либос, пойафзол, инчунин барои тамоми мӯҳлати сафар тибқи меъёри барои маҳкумшудагон муқарраршуда бо озуқа таъмин карда мешаванд.

6. Тартиби аз як ҷо ба ҷои дигар гузаронидани маҳкумшудагонро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки дар асоси ҳамин Кодекс қабул гардидаанд, ба амал мебарорад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

Моддаи 75. Муваққатан нигоҳ доштани маҳкумшудагон дар изолятори тафтишотӣ ё маҳбас

1. Ҳангоми зарурати пешбурди ҳаракатҳои тафтишотӣ оид ба парванда дар мавриди ҷинояти содирнамудаи шахси дигар шахси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудае, ки ҷазоро дар колонияҳои ислоҳӣ ё колонияҳои тарбиявӣ бояд адо кунад, мумкин аст бо иҷозатномаи прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва прокурорҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ё Сарпрокурори ҳарбӣ ба мӯҳлати то чор моҳ ва бо иҷозати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати то шаш моҳ дар изолятори(тавқифгоҳи) тафтишотӣ ё маҳбас нигоҳ дошта шавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1231, аз 14.11.2016 № 1360).

2. Ҳангоме, ки маҳкумшуда оид ба дигар парвандаи ҷиноятӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад ва нисбат ба ӯ чораи пешгирӣ дар намуди баҳабсгирӣ интихоб шудааст, мӯҳлати нигоҳ доштани ӯ дар изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 76. Дар муассисаи муолиҷавӣ, изолятори тафтишотӣ ё маҳбас барои корҳои оид ба хизматрасонии хоҷагӣ монондани ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1036)

1. Ашхоси бори аввал ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, ки барояшон адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ таъин гардидааст ва инчунин дар ҳолатҳои мустасно ашхоси бори аввал ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ҳафт сол маҳкумшуда, ки барояшон адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низоми пурзӯр таъин гардидааст, бо розигии онҳо дар маҳбас ё муассисаи муолиҷавӣ, изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ барои иҷрои кор оид ба хизматрасонии хоҷагӣ нигоҳ дошта шуданашон мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1036).

2. Нигоҳ доштани маҳкумшудагон барои иҷрои чунин корҳо дар асоси фармони сардори изолятори(тавқифгоҳи) тафтишотӣ ё маҳбас, ва розигии прокурор дар сурати мавҷуд будани розигии хаттии маҳкумшудагон, анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732).

3. Маҳкумшудагоне, ки дар изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ ё маҳбас барои иҷрои хизматрасонии хоҷагӣ мононда шудаанд, дар биноҳои муқаррарӣ аз дигар ашхос алоҳида тибқи шартҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс барои колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ муқарраргардида нигоҳ дошта мешаванд.

Моддаи 77. Қабули маҳкумшудагон ба муассисаҳои ислоҳӣ

1. Қабули ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда ба муассисаҳои ислоҳӣ аз ҷониби маъмурият тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳӣ сурат мегирад.

2. Маҳкумшудагони ба муассисаи ислоҳӣ омада ба мӯҳлати то понздаҳ шабонарӯз дар шӯъбаи карантин ҷойгир карда мешаванд. Ҳангоми дар шӯъбаи карантин буданашон маҳкумшудагон таҳти шароити маъмулии адои ҷазо қарор доранд.

3. Маъмурияти муассисаи ислоҳӣ судеро, ки ҳукм баровардааст, инчунин яке аз аъзои оила ё хешовандони наздики маҳкумшударо бо интихоби ӯ дар мавриди ҷои адои ҷазо фавран огоҳ месозад.

Моддаи 78. Алоҳида (ҷудо) нигоҳ доштани маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ

1. Дар муассисаҳои ислоҳӣ дар алоҳидагӣ нигоҳ доштани занон ва мардон, ноболиғон ва ашхоси болиғ муқаррар шудааст.

2. Ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ бори аввал маҳкумшуда аз маҳкумоне, ки қаблан ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо кардаанд, дар алоҳидагӣ нигоҳ дошта мешаванд. Дар алоҳидагӣ, инчунин ҷудо аз дигарон инҳо нигоҳ дошта мешаванд: маҳкумшудагон ҳангоми ретсидиви махсусан хавфнок; маҳкумшудагоне, ки якумра аз озодӣ маҳрум сохта шудаанд; маҳкумшудагоне, ки барояшон ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 87).

3. Дар муассисаҳои ислоҳии алоҳида маҳкумшудагон-кормандони собиқи судҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигоҳ дошта мешаванд. Ба ин муассисаҳо инчунин дигар маҳкумшудагон низ фиристода шуданашон мумкин аст.

4. Ноболиғоне, ки барои дар давраи адои ҷазо қасдан ҷиноят содир намуда ва ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, инчунин ба таври мунтазам ё ашаддӣ низоми адои ҷазоро вайрон мекунанд, аз дигар маҳкумшудагон, ки дар колонияҳои тарбиявии низоми пурзӯр мебошанд, ҷудо нигоҳ дошта мешаванд.

5. Талаботи ҷудо нигоҳ доштани маҳкумшудагон, ки ҳамин модда муқаррар намудааст, ба муассисаҳои муолиҷавии ислоҳӣ, инчунин ба муассисаҳои ислоҳӣ, ки дар назди онҳо хонаҳои кӯдакон мавҷуданд, паҳн намегардад. Ашхосе, ки ба муассисаҳои зикргардида фиристода мешаванд, дар шароите, ки қонун барои чунин намуди колонияҳо муқаррар намудааст ва ин колонияҳоро суд таъин намудааст, нигоҳ дошта мешаванд. Тартиби нигоҳ доштани маҳкумшудагон дар онҳо, инчунин дар муассисаҳои муолиҷавӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55аз 23.11.2015 № 1231).

6. Маҳкумшудагони мубталои бемориҳои сирояткунанда дар алоҳидагӣ ва ҷудо аз маҳкумшудагони солим нигоҳ дошта мешаванд.

7. Ашхоси мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният аз дигар маҳкумшудагон, ки мубталои дигар бемориҳои сирояткунанда мебошанд, чудо нигоҳ дошта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1231).

8. Шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандии маҳкумшуда мутобиқи асосҳои умумӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Моддаи 79. Аз тарафи маҳкумшудагон адо кардани тамоми мӯҳлати ҷазо дар як муассисаи ислоҳӣ

1. Ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, чун қоида, бояд тамоми мӯҳлати ҷазоро дар як колонияи ислоҳӣ, маҳбас ё колонияҳои тарбиявӣ адо кунанд.

2. Барои адои минбаъдаи ҷазо аз як колония ба колонияи дигари дорои чунин низом ё аз як маҳбас ба маҳбаси дигар гузаронидан танҳо дар сурати беморӣ ё барои таъмини амнияти ӯ, ҳангоми таъсис ё барҳам додани муассисаи ислоҳӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳои мустасно, ки барои минбаъд дар ҳамин муассиса нигоҳ доштани маҳкумшуда халал мерасонад, иҷозат дода мешавад. Тартиби гузаронидани маҳкумшудагонро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

Моддаи 80. Иваз кардани намуди муассисаи ислоҳӣ

1. Вобаста ба рафтор ва муносибати маҳкумшудагон ба меҳнат онҳо аз як намуди муассисаи ислоҳӣ ба намуди дигар гузаронида шуданашон мумкин аст.

2. Маҳкумшудагоне, ки рафторашон мусбӣ арзьёбӣ гардидааст, мумкин аст барои адои минбаъдаи ҷазо ба таври зайл гузаронида шаванд:

а) аз маҳбас ба колонияи ислоҳӣ - баъди дар маҳбас аз тарафи маҳкумшуда адо намудани на камтар аз нисфи мӯҳлати ҷазое, ки бо ҳукми суд таъин гардидааст;

б) аз колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ, низоми пурзӯр ва низоми сахт ба колонияҳои ислоҳии сукунат - баъди адо намудани сеяки мӯҳлати ҷазо аз тарафи маҳкумшуда; маҳкумшудагоне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин ё қаблан шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ озод шудаанд ва дар давраи қисми адонанамудаи ҷазо ҷинояти нав содир намудаанд - баъди адо намудани на камтар аз се ду ҳиссаи мӯҳлати ҷазо.

3. Ба колонияҳои ислоҳии сукунат инҳо гузаронида намешаванд:

а) ашхосе, ки дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок ҷиноят содир намуда маҳкум шудаанд;

б) маҳкумшудагоне, ки барояшон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин гардидааст ё ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо бо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 87);

в) маҳкумшудагоне, ки курсҳои табобати ҳатмиро нагузаштаанд, инчунин бояд дар муассисаҳои навъи пӯшидаи тиббӣ табобати махсус гиранд;

г) маҳкумшудагоне, ки барои гузаронидан ба колонияи ислоҳи сукунат ризояти хаттӣ надодаанд.

4. Маҳкумшудагоне, ки вайронкунандаи ашадии тартиби муқарраршудаи адои ҷазо мебошанд ба ин муассисаҳо гузаронида шуданашон мумкин аст:

а) аз колонияҳои ислоҳии сукунат ба колонияи ислоҳии ҳамон хели низоме, ки қаблан суд муайян карда буд;

б) аз колонияҳои ислоҳии сукунат, ки ба он ҷо бо ҳукми суд фиристода шуда буданд ба колонияи ислоҳии низоми умумӣ;

в) аз колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ, низоми пурзӯр, низоми сахт ва низоми махсус ба маҳбас ба мӯҳлати на бештар аз се сол, ба истиснои занҳо бо адои мӯҳлати боқимондаи ҷазо дар колонияи ислоҳии ҳамон намуди низоме, ки аз он ҷо онҳо ба маҳбас фиристода шуда буданд.

5. Тағйир додани (иваз кардани) намуди муассисаи ислоҳӣ бо аризаи шахси маҳкумшуда ё бо пешниҳоди сардори муассиса ва розигии прокурор аз ҷониби суд ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1360).

6. Агар суд аризаи маҳкумшуда ё пешниҳоди сардори муассисаи ислоҳиро дар хусуси гузаронидани маҳкумшуда аз маҳбас ба колонияҳои ислоҳӣ ва аз колонияҳои ислоҳӣ ба колонияи ислоҳии сукунат рад намояд, баррасии такрории ариза ё пешниҳод оид ба ҳамин масъала баъди гузаштани 6 (шаш) моҳ аз рӯзи қабули қарор дар бораи рад кардани ариза ё пешниҳод имконпазир аст (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

Моддаи 81. Аз муассисаи ислоҳӣ ба изолятори (тавқифгоҳи)тафтишотӣ ё маҳбас гузаронидани маҳкумшуда

Аз муассисаи ислоҳӣ ба изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ ё маҳбас гузаронидани маҳкумшуда дар ҳолати зайл иҷозат дода мешавад:

а) ҳангоми баррасии парванда, бо таъиноти суд дар давоми дида баромадани ҳамин парванда;

б) ҳангоми гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ оиди парвандаи ҷиноятӣ нисбати дигар шахси ҷиноят содирнамуда, тибқи иҷозатномаи прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурори вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон ва Сарпрокурори ҳарбӣ ба мӯҳлати то чор моҳ ва бо иҷозати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати то шаш моҳ (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1231, аз 18.07.2017 № 1444).

БОБИ 10.НИЗОМ ДАР МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲӢ ВА ВОСИТАҲОИ ТАЪМИНИ ОН

Моддаи 82. Низом дар муассисаҳои ислоҳӣ ва талаботҳои асосии он

1. Низом дар муассисаҳои ислоҳӣ - ин тартиби иҷро ва адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ мебошад, ки аз тарафи қонун ва дигар санади меъёрии ба қонун мувофиқ буда муқаррар шудаанд ва онҳо ҳифз ва ҷудо нигоҳ доштани маҳкумшудагон; назорати доимии онҳо; иҷрои ӯҳдадории ба зиммаи маҳкумшудагон гузошташуда; татбиқи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, амнияти маҳкумшудагон ва кормандон; алоҳида нигоҳ доштани категорияҳои гуногуни маҳкумшудагон; шароитҳои гуногуни нигоҳ доштанро вобаста ба хели муассисаи ислоҳӣ, ки суд таъин кардааст ва тағйир додани шароити адои ҷазоро таъмин мекунанд.

2. Низом дар муассисаи ислоҳӣ барои истифода бурдани дигар воситаҳои ислоҳкунии маҳкумшудагон шароит фароҳам месозад.

3. Дар муассисаҳои ислоҳӣ Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳӣ, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, амал мекунад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

4. Дар муассисаҳои ислоҳӣ маҳкумшудагон либоси намунаи ягона мепӯшанд. Намунаи либосро Вазорати адлияи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

5. Маҳкумшудагон, сару либос ва пойафзоли онҳо, биное, ки истиқомат мекунанд, таҳти кофтуков ва азназаргузаронӣ қарор дода шуданашон мумкин аст. Кофтукови шахсӣ аз ҷониби ашхоси ҳамҷинс сурат мегирад. Кофтукови биноҳои истиқоматӣ дар ҳузури маҳкумшудагон дар ҳолатҳои таъхирнопазир гузаронида мешавад.

6. Бо мақсади таъмини тартиботи зарурии иҷро ва адои ҷазо ба маҳкумшудагон нигаҳдошт ва истифодаи пул, коғазҳои қиматнок ва чизу чораҳои қиматнок инчунин асбобу анҷоми дар Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳӣ зикргардида иҷозат дода намешавад.

7. Пул, қоғазҳои қиматнок ва дигар чизу чораҳои қиматноке, ки аз маҳкумшудагон ёфта ва гирифта шудаанд, мутобиқи Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳотӣ аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ то озод шудани маҳкумшуда бидуни ҳуқуқи истифодабарӣ ва ихтиёрдории онҳо дар вақти адои ҷазо нигоҳ дошта мешаванд. Ашё ва моддаҳои манъшудае, ки аз маҳкумшудагон гирифта шуданд, барои нигоҳдорӣ супорида мешаванд ё бо қарори сардори муассисаи ислоҳӣ нобуд карда, дар ин бора санади дахлдор тартиб дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648, аз 18.07.2017 № 1444).

8. Ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки бо ташкилотҳои суғурта шартномаи суғурта банданд, инчунин маблағҳои дар ҳисобномаҳои муассисаи ислоҳӣ доштаашонро ба ҳисобномаҳои дар шӯъбаи бонки маҳаллӣ кушодаашон гузаронанд.

9. Нигоҳдошти пул, қоғазҳои қиматнок ва чизу чораҳои қиматноки маҳкумшудагон, ки тибқи тартиби муқарраршуда ба даст овардаанд, аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ таъмин гардида, ҳангоми озод шудан аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ ба онҳо баргардонида мешавад.

10. Дар ҳолатҳои зарурӣ маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ҳуқуқ дорад азназаргузаронии ашхос, молу мулки онҳо, воситаҳои нақлиётеро, ки дар ҳудуди муассисаи ислоҳӣ ё дар қаламрави атрофи он мавҷуданд ва дар он талаботи низомӣ амал мекунад, анҷом диҳад, инчунин чизу чораҳои манъшударо, ки номгӯи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи ислоҳӣ муқаррар менамоянд, кашида гирад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

11. Тартиби анҷом додани кофтуков ва азназаргузарониро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

Моддаи 83. Тартиботи дохилӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ

1. Дар муассисаҳои ислоҳӣ тартиби қатъии танзимшудаи дохилӣ муқаррар карда мешавад, ки инҳоро пешбинӣ менамояд: тартиби қабули маҳкумшудагон ба муассисаҳои ислоҳӣ; қоидаҳои рафтори маҳкумшудагон ҳангоми кор, истироҳат, муолиҷаи тиббӣ, таҳсил; номгӯи тадбирҳои тарбиявӣ, инчунин он корҳо ва вазифаҳое, ки дар онҳо истифодаи маҳкумшудагон манъ аст; номгуй ва шумораи асбобу анҷом ва чизу чораҳое, ки маҳкумшудагон бо худ дошта метавонанд; тартиби кашида гирифтани асбобу анҷомҳое, ки истифодаашон манъ аст; қоидаҳои анҷом додани санҷиш, мулоқот, қабул ва супоридани фиристаҳо, дастовез, баста ва муросилот ба маҳкумшудагон, номгӯи озуқаворӣ ва маводҳои мавриди ниёз ки барои ба маҳкумшудагон фурӯхтан иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1036).

2. Тартиботи дохилӣ бо фармони сардори муассисаи ислоҳӣ ба ҳамаи маҳкумшудагон эълон карда , дастхати онҳо дар ин хусус гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732).

Моддаи 84. Воситаҳои назорати техникӣ

1. Маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ҷиҳати пешгирии фирори маҳкумшудагон ва дигар ҷиноятҳо, вайронкунии тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо ва бо мақсади гирифтани маълумоти зарурӣ оид ба рафтори маҳкумшудагон ҳуқуқ дорад аз воситаҳои назорати аудиовизуалӣ, электронӣ ва дигар воситаҳои назорати техникӣ истифода барад.

2. Маъмурияти муассисаҳои ислоҳӣ вазифадор аст таҳти имзои маҳкумшудагон онҳоро дар мавриди истифодаи воситаҳои назорати техникӣ, ки ҳамзамон вазифаи муҳофизатро анҷом медиҳад ва аз кор баровардани онҳо боиси хавф ба ҳаёт ва саломатии маҳкумшудагон гардида метавонад, огоҳ созад.

3. Номгӯи воситаҳои назорати техникӣ ва тартиби истифодаи онро санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 85. Фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ

1. Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои ислоҳӣ фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ ба амал бароварда мешавад, ки вазифаҳои он иборат аст аз: таъмини амнияти маҳкумшудагон, кормандони муассисаи ислоҳӣ ва дигар ашхос; ошкор, пешгирӣ ва фош кардани тайёрӣ ба ҷиноят ва ҷиноятҳои дар муассисаҳои ислоҳӣ содиршуда ва вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо; тибқи тартиби муқарраршуда ҷустуҷӯ намудани маҳкумшудагоне, ки аз муассисаи ислоҳӣ фирор кардаанд, инчунин маҳкумшудагоне, ки аз адои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ саркашӣ мекунанд; мусоидат дар ошкор ва фош кардани ҷинояте, ки маҳкумшуда то омадан ба муассисаи ислоҳӣ содир намудааст.

2. Фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби дастгохи оперативию ҷустуҷӯии муассисаи ислоҳӣ, инчунин дигар мақомот дар доираи салоҳияташон анҷом дода мешавад.

Моддаи 86. Низоми шароитҳои махсус дар муассисаҳои ислоҳӣ

1. Ҳангоми офатҳои табиӣ, дар минтақаи ҷойгиршавии муассисаи ислоҳӣ ҷорӣ кардани ҳолати фавқулодда, махсус ё ҳолати ҳарбӣ, ҳангоми бетартибиҳои оммавӣ,гурӯҳона итоат накардани маҳкумшудагон, инчунин ҳангоми аз берун сар задани таҳдиди воқеъии ҳуҷуми мусаллаҳона ба муассисаи ислоҳӣ низоми шароитҳои махсус ҷорӣ карда шуданаш мумкин аст.

2. Дар давраи амали низоми шароитҳои махсус дар муассисаи ислоҳӣ татбиқи баъзе ҳуқуқҳои маҳкумшудагон, ки моддаҳои 89-99 ҳамин Кодекс пешбинӣ намудаанд мумкин аст боз дошта шуда, тариқи қавии ( пурзӯр) муҳофизат ва назорат, тартиби махсуси ворид шудан ба иншоот (объектҳо ) ҷорӣ карда ва тартиби рӯз тағьир дода шавад, фаъолияти хадамоти истеҳсолӣ, коммуналӣ-маишӣ, маданӣ-маърифатӣ, тиббиву беҳдорӣ ва дигар хадамот маҳдуд ё боздошта шавад.

3. Низоми шароитҳои махсус бо амри Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати то сӣ шабонарӯз ҷорӣ карда мешавад. Дар ҳолатҳои мустасно мутобиқи асосҳои муайяннамудаи қисми 1 ҳамин модда мӯҳлати амали низоми шароитҳои махсус аз ҷониби ашхоси мансабдори зикргардида иловагӣ ба сӣ шабонарӯз дароз шуданаш мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55, аз 14.05.2016 № 1307).

4. Дар сурати ба миён омадани хавфи бевосита ба ҳаёт ва саломатии маҳкумшудагон, кормандон ё дигар ашхос дар муассисаҳои ислоҳӣ сардори муассисаи ислоҳӣ метавонад мустақилона, бо огоҳонии фаврии шахси мансабдоре, ки барои қабули чунин қарор ваколатдор аст, чораҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин моддаро ҷорӣ намояд. Дар чунин ҳолат шахси мансабдори дар қисми 3 ҳамин модда зикргардида дар давоми се шабонарӯз аз лаҳзаи гирифтани огоҳинома оиди ҷорӣ намудани низоми шароитҳои махсус ё бекор кардани чораҳои андешидашуда қарор қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

Моддаи 87. Чораҳои амниятӣ ва асосҳои татбиқи онҳо

1. Нисбат ба ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, агар онҳо ба кормандони муассисаҳои ислоҳӣ муқобилият нишон диҳанд, аз иҷрои талаботи қонунии онҳо ашаддӣ саркашӣ намоянд, тундхӯӣ зоҳир намоянд, дар бетартибиҳои оммавӣ, ғасби гаравгон иштирок кунанд, ба шаҳрвандон ҳуҷум оваранд ва ё дигар ҳаракати барои ҷомеа хавфнокро содир кунанд, инчунин ҳангоми фирор ё дастгир кардани маҳкумшудагони аз муассисаи ислоҳӣ фирорнамуда бо мақсади пешгирии чунин кирдорҳои ғайриқонунӣ, инчунин рафъи расонидани зарар аз ҷониби ин ашхос ба атрофиён ва ё ба худ, истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳ иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 979).

2. Қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 979).

БОБИ 11.ШАРОИТҲОИ АДОИ ҶАЗО ДАР МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲӢ

Моддаи 88. Шароитҳои адои ҷазо барои ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Дар доираи як муассисаи ислоҳӣ шароити адои ҷазо ба маҳкумшудагон метавонад вобаста ба рафтори онҳо ва муносибаташон ба меҳнат тағйир дода шавад. Ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудагон дар шароити муқаррарӣ ва беҳбудгардонидашудаи адои ҷазо, ки навъи низоми ҳамин муассисаи ислоҳӣ пешбинӣ намудааст, қарор дошта метавонанд.

2. Тағйир додани шароити адои ҷазо боиси ҳамзамон фароҳам овардани шароити беҳбудгардонидашудаи нигаҳдошти пешбининамудаи моддаҳои 128, 130, 132, 134, 140 ва 141 ҳамин Кодекс шуда ҳамзамон бекор кардани ҳамаи шароитҳои беҳбудгардондашудаи нигаҳдошт дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 120 ҳамин Кодекс мегардад.

3. Аз як шароит ба шароити дигар гузаронидани маҳкумшудагон бо қарори комиссияи муассисаи ислоҳӣ анҷом дода мешавад. Комиссияи муассисаи ислоҳӣ инчунин масъалаи аз низоми умумӣ ба низоми сахт ва аз низоми сахт ба низоми умумӣ гузаронидани маҳкумшудагонро, ки дар маҳбас мебошанд, низ ҳал мекунад.

4. Дар сурате, ки агар маҳкумшуда оиди бекор кардани шароитҳои беҳбудгардонидашудаи нигоҳдошт ва ё ба гузаронидан ба низоми сахт дар маҳбас розӣ набошад, ӯ метавонад тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз болои қарори комиссия ба прокурор ва ё суд шикоят намояд (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732).

Моддаи 89. Аз ҷониби ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда харидорӣ намудани озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз

1. Ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки бидуни маҳдудият тибқи ҳисобу китоби ғайринақдӣ бо маблағи дар ҳисобномаи шахсӣ доштаашон, аз он ҷумла аз ҳисоби нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёзро харидорӣ кунанд.

2. Номгӯӣ озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз, ки фурӯши онҳо ба маҳкумшудагон манъ аст, тибқи Коидаҳои тартиботи дохилии муассисаи ислоҳӣ муқаррар карда мешавад.

Моддаи 90. Аз ҷониби ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда ба даст овардани адабиёт ва асбобҳои хатнависӣ

1. Ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки дар фиристаҳо, дастовезҳо ва баста адабиёт ва асбобҳои хатнависиро гиранд, бидуни маҳдудият аз нуқтаҳои савдо онро бо маблағи хеш харидорӣ кунанд, ба рӯзномаву маҷаллаҳо обуна шаванд.

2. Ба маҳкумшудагон гирифтан, харидан, нигоҳ доштан ва паҳн намудани нашрияҳое, ки ҷанг, барафрӯхтани низои миллӣ ва динӣ, парастиши зӯроварӣ ё бераҳмиро тарғиб менамоянд, нашрияҳои дорои хусусияти порнографӣ, инчунин обунаи онҳо манъ карда мешавад.

Моддаи 91. Мулоқоти ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Ба маҳкумшудагон мулоқот иҷозат дода мешавад: кӯтоҳмуддат - бо давомнокии чор соат ва дарозмуддат дар ҳудуди муассисаи ислоҳӣ ва ё берун аз он - вобаста ба рафтори маҳкумшуда бо давомнокии то се шабонарӯз. Пешниҳоди мулоқот дар муассисаҳои муолиҷавӣ бо тавсияи духтур танҳо ба намуди кӯтоҳмуддати давомнокиаш то 2 соат мувофиқи тартиби адои ҷазо муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1036).

2. Мулоқоти кӯтоҳмуддат бо хешу ақрабо ё дигар ашхос дар ҳузури намояндаи муассисаи ислоҳӣ дода мешавад. Мулоқоти дарозмуддат бо ҳуқуқи зиндагии якҷоя бо хешу ақрабои наздик, дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732).

3. Дар сурати бемории вазнини маҳкумшуда, ки ҳаёти ӯ зери хавф мебошад, сардори муассисаи ислоҳӣ хешу ақрабои наздики ӯро огоҳ намуда, барои боздиди онҳо шароит фароҳам меорад.

4. Бо хоҳиши маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки мулоқоти дарозмуддат ба мулоқоти кӯтоҳмуддат иваз карда шавад. Тартиб ва ҷои мулоқот, инчунин иваз намудани як намуди мулоқот ба намуди дигар тибқи Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи ислоҳӣ муқаррар карда мешавад.

5. Барои гирифтани кӯмаки ҳуқуқӣ бо адвокат тибқи аризаи маҳкумшудагон мулоқот фароҳам оварда мешавад. Мувофиқи хоҳиши маҳкумшуда ва ашхоси зикргардида ин мулоқот дар танҳоӣ сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1231).

Моддаи 92. Гуфтугӯи телефонии ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Ба маҳкумшудагон барои гуфтугӯи телефонӣ аз нуқтаи телефонии дар ҳуҷраи алоҳида муайянкардаи маъмурияти муассисаи ислоҳӣ иҷозат дода мешавад. Гуфтугӯи телефонӣ аз ҳисоби шахсии маҳкумшуда ё хешу ақрабои наздики ӯ пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732).

2. Ба маҳкумшудагоне, ки чораи муҷозотиро дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ ё интизомӣ, биноҳои навъи камера ва камераҳои яккаса адо мекунанд, ба гуфтугӯи телефонӣ дар ҳолатҳои мустаснои шахсӣ иҷозат дода мешавад.

3. Гуфтугӯҳои телефонӣ байни маҳкумшудагоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ мебошанд, манъ аст.

4. Гуфтугӯҳои телефонии маҳкумшудагон аз ҷониби кормандони муассисаи ислоҳӣ назорат карда мешавад.

Моддаи 93. Аз ҷониби ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда гирифтани фириста, дастовез ва баста

1. Миқдори фириста, дастовез ва бастае, ки маҳкумшудагон мегиранд, бемаҳдуд аст.

2. Маводи доруворӣ ва маснуоти таъиноти тиббӣ дошта, ки маҳкумшудагон тибқи хулосаи тиббӣ мегиранд, ба қисми тиббии муассисаи ислоҳӣ барои муолиҷаи ҳамин маҳкумшудагон супурда мешаванд.

3. Фириста, дастовез ва бастаҳо аз назар гузаронида мешаванд.

4. Тартиби қабул ва супурдани фириста, дастовез ва баста, инчунин номгӯи чизу чораҳое, ки гирифтанашон барои маҳкумшудагон манъ аст, тибқи Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳӣ муқаррар карда мешаванд.

5. Бо иҷозати маъмурияти муассисаи ислоҳӣ маҳкумшудагон метавонанд фириста ва баста фиристанд.

Моддаи 94. Гирифтан ва фиристодани муросилоти пулӣ аз ҷониби ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда ҳуқуқ доранд муросилоти пулӣ гиранд, инчунин ба хешовандони наздик ва бо иҷозати маъмурияти муассисаи ислоҳӣ инчунин ба дигар ашхос пул ирсол намоянд.

2. Маблағҳои пулии расида ба ҳисобномаи шахсии маҳкумшуда гузаронида мешаванд.

Моддаи 95. Мукотибаи ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки аз ҳисоби худ бе маҳдудияти миқдор мактуб ва барқия гиранд ё фиристанд.

2. Мукотиботи фиристода ё гирифташаванда таҳти назорат (сензура) қарор дода мешавад.

3. Мукотиба байни маҳкумшудагоне, ки дар маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд ва хешованд нестанд, бо иҷозати маъмурияти муассисаи ислоҳӣ сурат мегирад.

4. Супурдани мактубҳои ба номи маҳкумшуда расида, инчунин фиристодани онҳо тибқи суроға аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ дар муддати на дертар аз се рӯзи дохил шудани он ба муассисаи ислоҳӣ ё супурдани он аз тарафи маҳкумшуда анҷом дода мешавад. Супоридани барқия ба маҳкумшудагон аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ фавран анҷом дода мешавад.

Моддаи 96. Тамошои кинофилмҳо, намоишҳои телевизион ва шунидани барномаҳои радио аз ҷониби ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд

1. Барои ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда на камтар аз як маротиба дар як ҳафта кинофилмҳо намоиш дода мешавад. Намоиши кинофилмҳо ба маҳкумоне, ки ҷазоро дар маҳбас адо мекунанд, маҳбусоне, ки ба изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ, биноҳои навъи камера ва камераҳои яккаса гузаронида шудаанд, манъ мебошад.

2. Ба маҳкумшудагон, ба истиснои онҳое, ки ба изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ, биноҳои навъи камера ва камераҳои яккаса гузаронида шудаанд, дар соатҳои фориғ аз кор, ба истиснои вақте, ки тибқи тартиби рӯз барои истироҳати шабона ҷудо гардидааст, тамошои барномаҳои телевизион иҷозат дода мешавад.

3. Маҳкумшудагон ё гурӯҳи маҳкумшудагон метавонанд аз ҳисоби маблағҳои шахсӣ аз нуқтаҳои савдо телевизор ва радио харанд ё аз хешу ақрабо ва дигар ашхос онро ба даст оранд. Ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки дар соатҳои фориғ аз кор, ба истиснои вақте, ки тибқи тартиби рӯз барои истироҳати шабона ҷудо карда шудааст, барномаҳои радиоро шунаванд. Биноҳои истиқоматӣ, утоқҳои корҳои тарбиявӣ, утоқҳои истироҳатӣ, биноҳои корӣ, камераҳои изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ, биноҳои навъи камера, камераҳои яккаса аз ҳисоби маблағҳои муассиса бо нуқтаҳои радиошунавонӣ ҷиҳозонида мешаванд.

Моддаи 97. Гаштугузори ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар биноҳои қулфшаванда, изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ, изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) интизомӣ, биноҳои навъи камера ва камераҳои яккаса адо мекунанд, агар онҳо дар фазои кушод кор накунанд, ба гаштугузоре, ки давомнокии онро моддаҳои 123, 134, 136 ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, ҳуқуқ доранд.

2. Гаштугузори маҳкумшудагон мувофиқи ҳар як камера алоҳида, рӯзона, дар қисми махсус муҷаҳҳазгардонидашудаи муассисаи ислоҳӣ анҷом дода мешавад. Гаштугузор дар сурати аз ҷониби маҳкумшуда вайрон кардани қоидаҳои муайяншуда пеш аз мӯҳлат қатъ гардиданаш мумкин аст.

Моддаи 98. Сафари маҳкумшудагон берун аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ

1. Ба маҳкумшудагоне, ки дар колонияҳои ислоҳӣ ва колонияҳои тарбиявӣ нигоҳ дошта мешаванд, инчунин барои корҳои хизматрасонии хоҷагӣ дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ ва маҳбасҳо мононда шудаанд, ба истиснои маҳкумшудагони дар моддаи 100 ҳамин Кодекс зикргардида, мумкин аст сафарҳои зерин берун аз муассисаи ислоҳӣ иҷозат дода шавад:

а) сафарҳои кӯтоҳмуддат ба мӯҳлати на бештар аз 7 шабонарӯз, бидуни дарназардошти вақте, ки барои рафту омад (на бештар аз се шабонарӯз) зарур аст, вобаста ба ҳолатҳои мустаснои шахсӣ: фавт ё бемории вазнини хешу ақрабои наздик, ки ба ҳаёти бемор таҳдид мекунад, офати табиӣ, ки ба маҳкумшуда ва аҳли оилаи ӯ зиёни назарраси моддӣ расонидааст, инчунин барои ҳаллу фасли пешакии масъалаҳои таъминоти меҳнатию маишии баъди озодшавӣ;

б) сафарҳои дарозмуддат дар мавриди рухсатии пардохтшаванда нисбати маҳкумшудагони дар қисми 2 моддаи 107 ҳамин Кодекс зикргардида ё ин ки маҳкумшудагони бо сабабҳои узрнок ба кор таъминнабуда бошад, ба мӯҳлати баробари рухсатии пардохтшавандаи ҳарсола (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

2. Сафарҳои кӯтоҳмуддат берун аз маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба занони маҳкумшуда, ки дар хонаҳои кӯдакони назди муассисаҳои ислоҳӣ фарзанд доранд, барои дар назди хешовандон, сарпарастон (васиён) ё хонаҳои кӯдакон ҷойгир намудани онҳо ба мӯҳлати на бештар аз ҳафт шабонарӯз, бидуни дарназардошти вақти барои роҳ зарурӣ ва ба заноне, ки кӯдакони ноболиғи маъюб доранд барои мулоқот бо онҳо - як сафари кӯтоҳмуддат дар давоми сол ба ҳамон мӯҳлат иҷозат дода шуданаш мумкин аст.

3. Ба маҳкумшудагони ноболиғ сафар бо ҳамроҳии хешовандон ё дигар шахси ҳамроҳикунанда иҷозат дода мешавад.

4. Аризаи маҳкумшуда дар мавриди сафари фаврӣ вобаста ба ҳолатҳои мустаснои шахсӣ бояд дар мӯҳлати як шабонарӯз баррасӣ карда шавад.

5. Иҷозати сафари кӯтоҳмуддат аз ҷониби сардори муассисаи ислоҳӣ, бо дарназардошти хусусият ва вазнинии ҷинояти содирнамуда, мӯҳлати адои ҷазо, шахсияти маҳкумшуда ва рафтори ӯ бо розигии прокурор дода мешавад. Рад кардани иҷозати сафари кӯтоҳмуддат бояд асоснок карда шавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1360).

6. Мӯҳлати берун аз муассисаи ислоҳӣ қарор доштани маҳкумшуда ба мӯҳлати адои ҷазо ба ҳисоб гирифта мешавад.

7. Хароҷоти сафари маҳкумшуда шахсан аз ҷониби ӯ ё аз ҳисоби хешовандони ӯ пардохта мешавад. Ҳангоми берун аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ қарор доштани маҳкумшуда ба ӯ музди меҳнат дода намешавад.

8. Тартиби ба маҳкумшудагон фароҳам овардани сафарҳои берун аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ мутобиқи Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳӣ муайян карда мешавад.

9. Дар сурати ба миён омадани ҳолатҳои ғайричашмдошт, ки дар мӯҳлати муайян баргаштани маҳкумшударо душвор мегардонад, бо қарори асоснокшудаи сардори мақомоти корҳои дохилии маҳалли исти маҳкумшуда, бо фавран огоҳонии ҳатмии маъмурияти муассисаи ислоҳӣ мӯҳлати бозгашт ба муассисаи ислоҳӣ то панҷ шабонарӯз дароз карда шуданаш мумкин аст.

10. Ҳангоми дар мӯҳлати муайяншуда аз баргаштан ба муассисаи ислоҳӣ саркашӣ кардани маҳкумшуда ӯ бояд аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии маҳалли зисташ бо розигии прокурор ва қарори суд ба мӯҳлати на бештар аз сӣ шабонарӯз ҷиҳати ҳалли масъала оиди таҳти назорати посбонон ба маҳалли адои ҷазо фиристодан ё ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан дастгир карда шавад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732).

11. Сафари маҳкумшуда ба қаламрави давлати дигар мувофиқи тартибот ва дар ҳолатҳое, ки мутобиқи шартномаҳо бо давлатҳои дахлдор пешбинӣ шудааст, иҷозат дода мешавад.

Моддаи 99. Шарт ва тартиби аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардани ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда бидуни назорати посбонон ва шахси ҳамроҳикунанда

1. Дар колонияҳои ислоҳӣ ба маҳкумшудагоне, ки қатъӣ ба роҳи ислоҳ ворид шудаанд, инчунин ба маҳкумшудагоне, ки барои кор ҷиҳати хизматрасонии хоҷагӣ дар муассисаи муолиҷавӣ, изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ ё маҳбас мононда шудаанд, баъди адои на камтар аз сеяки мӯҳлати ҷазо иҷозати аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан берун аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ бидуни назорати посбонон ва шахси ҳамроҳикунанда дода шуданаш мумкин аст, агар ин вобаста ба хусусияти иҷрои кори маҳкумшуда зарур бошад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1036).

2. Ба маҳкумшудагоне, ки дар колонияҳои тарбиявӣ нигоҳ дошта мешаванд ва онҳо қатъӣ ба роҳи ислоҳ ворид шудаанд ва мӯҳлати на камтар аз шаш моҳи маҳрум сохтан аз озодиро адо кардаанд, мумкин аст барои аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан берун аз ҳудуди колония бидуни назорати посбонон ва шахси ҳамроҳикунанда иҷозат дода шавад, агар ин вобаста ба хусусияти иҷрои кори маҳкумшуда зарур бошад.

3. Ҳуқуқи бидуни посбонон ё бидуни ҳамроҳикунандагон аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардани маҳкумшудагон берун аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ бо қарори асосноки сардори муассисаи ислоҳӣ дода мешавад.

4. Маҳкумшудагоне, ки барои аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан бидуни посбонон ё шахси ҳамроҳикунанда ҳуқуқ доранд, бояд дар биноҳои алоҳидаи истиқоматӣ ҷойгир карда шаванд. Ба онҳо иҷозат дода шуданаш мумкин аст, ки дар хобгоҳҳои умумии берун аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ, вале дар қаламрави муқаррарнамудаи маъмурияти муассисаи ислоҳӣ, ки бо мақоми худидораи маҳаллӣ мувофиқа шудааст, истиқомат кунанд.

5. Қоидаҳои рафтори маҳкумшудагоне, ки барояшон ҳуқуқи аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан берун аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ бидуни посбонон ё шахси ҳамроҳикунанда дода шудааст, тибқи Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳӣ муайян карда мешаванд.

6. Дар сурати аз ҷониби маҳкумшудагон вайрон кардани низом, қоидаҳои рафтор ё ҳангоми тағйир ёфтани хусусияти коре, ки маҳкумшуда анҷом медиҳад, аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан бидуни посбонон ё шахси ҳамроҳикунанда бо фармони сардори муассисаи ислоҳӣ бекор карда мешавад.

Моддаи 100. Манъи аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан бидуни посбонон ё шахси ҳамроҳикунанда барои категорияҳои алоҳидаи маҳкумшудагон

1. Аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан бидуни посбонон ё ҳамроҳикунандагон берун аз муассисаи ислоҳӣ ба инҳо иҷозат дода намешавад:

а) ба маҳкумшудагоне, ки дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок ҷиноят содир намудаанд;

б) ба маҳкумшудагоне, ки ҷазо дар намуди якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин гардидааст ё қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 87);

в) ба маҳкумшудагоне, ки дар давраи адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ҷинояти қасдона содир намудаанд ва ё қаблан ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ барои ҷиноятҳои қасдона адо карда боз ҷинояти қасдона содир кардаанд;

г) ба маҳкумшудагоне, ки аз ҳуқуқи аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат карданро бидуни посбонон ё бидуни ҳамроҳикунандагон истифода намуда, вале вобаста ба қонуншиканиҳои содирнамудаашон аз он маҳрум карда шудаанд;

д) ба ашхосе, ки барои ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шудаанд;

е) ба маҳкумшудагоне, ки муҷозоти беэътибор донистанашуда ё адокарданашуда доранд;

ж) ба маҳкумшудагоне, ки курсҳои пурраи муолиҷаро аз майзадагӣ, нашъамандӣ, токсикоманӣ, касалии сил ва касалиҳои зӯҳравӣ нагузаштаанд;

з) маҳкумони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1231);

и) маҳкумони мукаллафи маҳдуд эътирофшуда.

2. Аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардани маҳкумшудагон бидуни посбонон, ё шахси ҳамроҳикунанда дар шаҳри Душанбе, маҳаллаҳои курортӣ ва минтақаҳои сарҳадӣ, инчунин маҳалҳои аҳолинишин, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, манъ мебошад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

Моддаи 101. Хусусиятҳои адои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ аз ҷониби занони ҳомила ва заноне, ки фарзанд доранд

1. Дар назди колонияҳои ислоҳӣ дар сурати зарурат хонаҳои кӯдакон таъсис дода шуданаш мумкин аст. Дар хонаҳои кӯдакон барои зисту зиндагӣ ва рушди мӯътадили кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Занони маҳкумшуда ҳақ доранд фарзандони худро то синни сесолагӣ ба хонаҳои кӯдакон ҷойгир кунанд, дар вақтҳои фориғ аз кор бидуни маҳдудият бо онҳо бошанд. Ба занони маҳкумшуда мумкин аст зиндагии якҷоя бо кӯдакашон иҷозат дода шавад.

2. Фарзандони занони маҳкумшуда бо розигии модар ба хешовандон ё бо розигии модар ва тибқи қарори мақомоти васӣ ва парасторӣ мумкин аст ба дигар ашхос супурда шаванд ё бо расидан ба синни сесолагӣ ба муассисаҳои дахлдори кӯдакон фиристода шаванд.

3. Агар мӯҳлати адонакардаи ҷазои модари фарзанде, ки ба синни сесолагӣ расидааст аз як сол зиёд набошад ва ӯ вазифаи модарии худро софдилона ба ҷо орад, пас мӯҳлати исти кӯдак дар хонаи кӯдакон аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ мумкин аст то озод шудани модар дароз карда шавад. Дар сурати аз тарафи модар вайрон кардани низоми нигоҳдорӣ қарор оиди дароз кардани мӯҳлати исти кӯдак дар хонаи кӯдакон мумкин аст бекор карда шавад.

4. Занони ҳомила то таваллуд, ҳангоми таваллуд ва давраи баъди таваллуд ба ёрии махсусгардонидашуда ҳуқуқ доранд.

Моддаи 102. Зиндагии занони маҳкумшуда берун аз колония

1. Ба занони маҳкумшуда, ки нисбат ба меҳнат софдилона муносибат менамоянд ва низомро риоя мекунанд, тибқи қарори асосноки сардори муассисаи ислоҳӣ, барои зист берун аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ дар вақтҳои озод будан аз кор бо сабаби ҳомила ё таваллуд, инчунин то ба синни сесолагӣ расидани кӯдак иҷозат дода шуданаш мумкин аст.

2. Занони маҳкумшуда, ки барояшон иҷозати зиндагӣ берун аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ дода шудааст:

а) дар наздикии қаламрави колония зиндагӣ карда, таҳти назорати доимии маъмурияти муассисаи ислоҳӣ қарор мегиранд;

б) бо худ пул ва чизу чораи қиматнок дошта бошанд, онро метавонанд бе маҳдудият истифода баранд;

в) метавонанд бе маҳдудият мактуб фиристанд, муросилоти пулӣ гиранд, мулоқот гузаронанд, фириста, дастовез ва баста гиранд;

г) дар соатҳои баъд аз хоб хестан то вақти хоб дар ҳудуде, ки қаламрави онро сардори муассисаи ислоҳӣ муайян мекунад, ҳуқуқи озодона аз як ҷой ба ҷойи дигар ҳаракат карданро доранд.

3. Дар сурати мунтазам ё ашадӣ вайрон кардани низом ё қоидаҳои рафтор тибқи қарори асосноки сардори муассисаи ислоҳӣ ҳуқуқи зиндагии берун аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ бекор карда шуда, маҳкумшуда ҷиҳати адои минбаъдаи ҷазо ба колония гузаронида мешавад.

Моддаи 103. Суғуртаи иҷтимоии ҳатмии давлатӣ ва таъмини нафақаи ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, ки ба меҳнат ҷалб карда шудаанд, бояд ба суғуртаи ҳатмии давлатӣ фаро гирифта шуда, занон бошанд ба ғайр аз ин вобаста ба ҳомила ва таваллуд дар асосҳои умумӣ бо ёрдампулиҳо таъмин карда шаванд.

2. Ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда дар асосҳои умумӣ ба таъминоти нафақаи давлатӣ вобаста ба пиронсолӣ, маъюбӣ, аз даст додани сарпараст ва дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла дар ҳолатҳое, ки қобилияти меҳнатиашонро дар давраи адои ҷазо аз даст додаанд ҳуқуқ доранд.

3. Пардохти нафақа ба маҳкумшудагон аз ҷониби мақомоти таъминоти иҷтимоии маҳалли ҷойгиршавии муассисаи ислоҳӣ бо роҳи гузаронидани нафақа ба ҳисобномаи шахсии маҳкумшудагон анҷом дода мешавад.

4. Аз нафақаи маҳкумшудагон маблағ нигоҳ дошта мешавад. Асосҳо, намуд ва тартиби нигоҳ доштани маблағ аз нафақа тибқи моддаи 111 ҳамин Кодекс муқаррар карда мешавад.

Моддаи 104. Таъминоти моддӣ-маишии ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Барои ашхосе, ки ҷазоро дар маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ адо мекунанд, шароити зарурии манзилию-маишӣ, ки ба қоидаҳои санитарӣ ва гигиена мувофиқанд, фароҳам оварда мешаванд. Меъёри майдони истиқоматӣ ба ҳисоби ҳар як нафари ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда дар колонияҳои ислоҳӣ аз ду метри мураббаъ, дар маҳбасҳо - аз дуним метри мураббаъ, дар колонияҳои барои занон таъингардида - аз се метри мураббаъ ва дар колонияҳои тарбиявӣ - аз сеюним метри мураббаъ, дар муассисаҳои муолиҷавии ислоҳӣ - аз се метри мураббаъ ва дар муассисаҳои муолиҷавӣ-профилактикӣ аз панҷ метри мураббаъ набояд камтар бошад.

2. Ба маҳкумшудагон ҷои инфиродии хоб ва лавозимоти хоб (бистар) дода мешавад. Онҳо вобаста ба мавсим бо дарназардошти синну сол, ҷинс ва шароити иқлимӣ бо сару либос, либоси таг ва пойафзол таъмин карда мешаванд.

3. Маҳкумшудагон он миқдори озуқавориеро мегиранд, ки фаъолияти мӯътадили вуҷуди инсонро таъмин мекунад. Меъёри озуқаворӣ вобаста ба вазъи саломатӣ, синну сол, шароити иқлимӣ, мавқеи ҷойгиршавии муассисаи ислоҳӣ, хусусият ва вазнинии кори анҷоммедодаи маҳкумшудагон тафриқабандӣ (дифференсатсия ) карда мешавад. Аз ҳисоби маблағҳои муассисае, ки маҳкумшударо ба кор ҷалб кардааст, ба онҳо озуқавории иловагӣ зиёда аз меъёри муқарраршуда ташкил карда шуданаш мумкин аст. Маҳкумшудагоне, ки ба ҳолатҳои аз онҳо вобаста набуда музди меҳнат надоранд, инчунин ба дигар асосҳо дар ҳисобномаҳои шахсӣ маблағ надоранд, аз ҳисоби бучети давлат бо хӯрока ва маводи мавриди ниёзи аввалия таъмин карда мешаванд.

4. Маҳкумшудагони ба балоғатрасидаи қобили меҳнат, ки музди меҳнат мегиранд ва маҳкумшудагони нафақагир арзиши озуқаворӣ, либос ва хизматрасонии коммуналӣ-маиширо ба истиснои арзиши озуқаи махсус ва либоси махсус, мепардозанд. Аз маҳкумшудагоне, ки аз кор саркашӣ мекунанд, ин хароҷот аз маблағе, ки дар ҳисобномаҳои шахсии онҳо ҳаст нигоҳ дошта мешавад. Пардохти арзиши озуқаворӣ, либос ва хизмати коммуналӣ-маишӣ ҳар моҳ дар доираи хароҷоти воқеие, ки ҳамон моҳ ҷой дошт, анҷом дода мешавад.

5. Маҳкумшудагоне, ки вобаста ба беморӣ аз кор озод шудаанд, занони ҳомила ва модари фарзанди синамак дошта дар давраи аз кор озод карда шуданашон бо озуқаворӣ ройгон таъмин карда мешаванд. Ба маҳкумшудагони ноболиғ ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, мардони бекори аз синни 63-сола боло ва занони аз синни 58 боло озуқаворӣ ва сару либос ройгон дода мешавад.

6. Ба занони ҳомила, занони синамакон, ноболиғон, инчунин беморон ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II шароитҳои беҳбудгардонидашудаи манзилию-маишӣ фароҳам оварда шуда, меъёри зиёдкардашудаи озуқа муқаррар мегардад.

7. Меъёри озуқаворӣ ва дигар таъминоти моддию маишии ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

8. Занони маҳкумшуда, ки фарзандонашон дар хонаҳои кӯдакони назди муассисаи ислоҳӣ мебошанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба нигоҳубини кӯдак ба гирифтани кӯмакпулӣ ҳуқуқ доранд.

Моддаи 105. Таъминоти тиббиву беҳдории ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Ёрии пешгириву табобатӣ ва беҳдориву пешгирӣ ба маҳкумшудагон дар маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ мутобиқи Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад.

2. Барои хизматрасонии тиббии маҳкумшудагон муассисаҳои пешгириву табобатӣ (шифохона, беморхонаҳои махсуси психиатрӣ ва сил, қисмҳои тиббӣ) ва барои таъминот ва муолиҷаи амбулатории маҳкумшудагоне, ки бемории сил, майзадагӣ, нашъамандӣ, беморони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният муассисаҳои ислоҳии тиббӣ ташкил карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1231).

3. Маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд ҷиҳати машварат ва муолиҷа ба соҳаҳои хизматрасонии пулакии тиббӣ муроҷиат кунанд. Пардохти чунин хизматрасониҳо ва харидории дорувории зарурӣ аз ҷониби худи маҳкумшудагон ё хешовандони онҳо аз ҳисоби маблағи худашон анҷом дода мешавад. Дар чунин ҳолат машварат ва муолиҷа дар қисмҳои тиббиву беҳдории маҳалли адои ҷазо таҳти назорати кормандони тиббиву беҳдории қисм сурат мегирад.

4. Маъмурияти маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ вазифадор аст талаботи зарурии беҳдориву беҳдоштӣ ва зиддисироятиро, ки ҳифзи саломатии маҳкумшудагонро таъмин менамояд, ба ҷо орад. Ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда бошанд вазифадоранд талаботи беҳдоштӣ ва беҳдории нисбат ба онҳо пешниҳодшударо иҷро кунанд.

5. Дар сурати аз қабули хӯрока ва доруворӣ тибқи таъиноти духтур саркашӣ намудани маҳкумшуда ва ба миён омадани таҳдид ба ҳаёти ӯ тибқи нишондодҳои тиббӣ ӯро ба истеъмоли хӯрока ва доруворӣ маҷбур кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1230).

6. Тартиби ба ашхоси аз озодӣ маҳрумшуда расонидани ёрии тиббӣ, ташкил ва гузаронидани назорати беҳдорӣ, истифодаи муассисаҳои пешгириву табобатӣ ва беҳдорию пешгирии мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва барои ин мақсад ҷалб намудани кормандони тиб аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55, аз 23.11.2015 № 1231).

Моддаи 106. Ҷавобгарии моддии ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда барои ҳангоми адои ҷазо расонидани зарари моддӣ ба давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ масъулияти моддиро ба ӯҳда доранд:

а) барои зараре, ки маҳкумшудагон ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ расонидаанд - дар ҳаҷми муқаррарнамудаи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) барои зараре, ки бо кирдори дигар аз ҷониби маҳкумшудагон расонида шудааст, дар ҳаҷми муқаррарнамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон .

2. Маҳкумшудагон вазифадоранд зарари ба муассисаи ислоҳӣ расонидаашон, инчунин хароҷоти иловагиро вобаста ба пешгирии фирори ӯ, инчунин вобаста ба муолиҷаи ӯ дар сурати қасдан расонидани зарар ба саломатии хеш пардохт кунанд.

3. Рӯёнидани товони зарари моддӣ, ки маҳкумшуда ҳангоми адои ҷазо дар маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ расонидааст ва аз пардохти ихтиёрии он саркашӣ менамояд, бо аризаи даъвогии сардори муассисаи ислоҳӣ ё прокурор аз ҷониби суд баррасӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732).

4. Аз болои қарори сардори муассисаи ислоҳӣ ба сардори болоӣ ё суд шикоят кардан мумкин аст.

5. Сардори болоӣ ҳуқуқ дорад ҳаҷми маблағи ситонидашавандаро тағйир диҳад ё қарорро дар мавриди ситонидани зарар вобаста ба мавчуд набудани гуноҳи маҳкумшуда бекор кунад.

6. Маблағе, ки барои расонидани зарари моддӣ нодуруст ситонида шудааст, бояд ба маҳкумшуда баргардонида шавад ва он ба ҳисобномаи шахсии ӯ гузаронида мешавад.

7. Баъди аз ҷазо озод шудан маҳкумшуда зарари ҳангоми адои ҷазо пардохтнакардаи ӯ бо қарори суд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ситонда мешавад.

БОБИ 12.МЕҲНАТ, ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ ВА ОМОДАГИИ КАСБИИ АШХОСИ БА МАҲРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДӢ МАҲКУМШУДА

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 107. Ба меҳнат ҷалб намудани ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Ҳар як шахси ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда ӯҳдадор аст дар маҳал ва дар коре, ки маъмурияти муассисаи ислоҳӣ муайян намудааст, меҳнат кунад. Маъмурияти муассисаи ислоҳӣ маҳкумшудагонро ба меҳнат дар корхонаҳои муассисаи ислоҳӣ, корхонаҳои давлатӣ ва дигар корхонаҳои шакли гуногуни моликият бо шарти таъмини амнияти дахлдор ва алоҳида нигоҳ доштани онҳо, бо дарназардошти ҷинс, синну сол, қобилияти меҳнатӣ, вазъи саломатӣ ва ҳадалимкон бо дарназардошти тахассуси онҳо, ҷалб менамояд. Ба маҳкумшудагон дар сурати набудани корҳои дигар барои машғул шудан ба фаъолияти инфиродии меҳнатӣ иҷозат дода шуданаш мумкин аст.

2. Ба маҳкумшудагони мард, ки синнашон болотар аз 63 сола, занони синнашон болотар аз 58 сола, маъюбони гурӯҳҳои I ва II, заноне, ки дар хонаҳои кӯдакони назди муассисаҳои ислоҳӣ фарзанд доранд, бо хоҳиши онҳо мувофиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи иҷтимоии мъюбон иҷозати кор дода мешавад. Ашхоси ноболиғ тибқи қонунгузории меҳнат ба кор ҷалб карда мешаванд.

3. Меҳнати маҳкумшудагон, ки ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро дар маҳбас адо мекунанд, танҳо дар ҳудуди маҳбас анҷом дода мешавад.

4. Номгӯи кор ва вазифаҳое, ки дар он истифодаи меҳнати маҳкумшудагон манъ мебошад, тибқи Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи ислоҳӣ муқаррар карда мешавад.

5. Фаъолияти истеҳсолию хоҷагии муассисаҳои ислоҳӣ бояд ба вазифаи асосии онҳо-ислоҳи маҳкумшудагон равона карда шавад.

6. Маҳкумшудагон ҳуқуқ надоранд, бо мақсади ҳалли мухолифати меҳнатӣ ё дигар ихтилофот корро қатъ кунанд. Қатъи кор ҳамчун вайрон кардани низоми адои ҷазо ҳисоб гардида, боиси масъулияти пешбининамудаи ҳамин Кодекс мегардад.

Моддаи 108. Шароити меҳнати ашхоси ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Давомнокии вақти корӣ, қоидаҳои муҳофизати меҳнат, техникаи бехатарӣ ва беҳдории истеҳсолӣ нисбати ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда тибқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Вақти оғоз ва анҷоми кор (баст) тибқи ҷадвали бастӣ, ки аз тарафи маъмурияти муассисаи ислоҳӣ бо маъмурияти корхонаи ҷои кори маҳкумшуда мувофиқ шудааст, муайян карда мешавад. Тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории меҳнат онҳо дар рӯзҳои ид аз кор озод карда мешаванд.

2. Дар иҷрои баъзе навъи корҳо, ки вобаста ба шароити истеҳсолӣ риояи давомнокии вақти кории ҳаррӯза ё ҳарҳафтаина номумкин аст, мутобиқи қонунгузории меҳнат баҳисобгирии маҷмӯии вақти корӣ, ба истиснои муассисаи тарбиявӣ, роҳ дода мешавад. Давомнокии вақти корӣ ба ҳисоби миёна дар давраи баҳисобгирӣ набояд аз ҳашт соат дар як рӯз зиёд бошад.

3. Ҳангоми зарурати дар рӯзҳои истироҳат ва ид ба кор ҷалб намудани маҳкумшудагон ба онҳо дар рӯзҳои дигар, бо фармони сардори муассисаи ислоҳӣ дар тӯли моҳ рӯзи истироҳат фароҳам оварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732).

4. Маҳкумшудагони коркунанда ба рухсатии пардохтшавандаи ҳарсола ҳуқуқ доранд: бо давомнокии ҳаждаҳ рӯзи корӣ барои онҳое, ки маҳрумӣ аз озодиро дар колонияҳои тарбиявӣ адо мекунанд; бо давомнокии дувоздаҳ рӯзи корӣ барои онҳое, ки маҳрумӣ аз озодиро дар дигар муассисаҳои ислоҳӣ адо мекунанд. Рухсатии нишондодашуда бо берун шудан аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ ё бидуни он мутобиқи моддаи 98 ҳамин Кодекс дода мешавад. Вақти нигоҳ доштани маҳкумшуда дар бинои навъи камера ва камераи яккаса ба мӯҳлате, ки барои додани рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда зарур аст, ба ҳисоб гирифта намешавад.

5. Мӯҳлати ҷалби маҳкумшудагон ба меҳнати пардохтшаванда ба собиқаи умумии кори онҳо ба ҳисоб гирифта мешавад. Баҳисобгирии вақти корӣ ба зиммаи маъмурияти муассисаи ислоҳӣ буда, оид ба натиҷаи соли тақвимӣ анҷом дода мешавад.

6. Ҳангоми ба таври мунтазам аз иҷрои кор саркашӣ намудани маҳкумшуда давраи дахлдор бо қарори маъмурияти муассисаи ислоҳӣ аз собиқаи умумии кор берун карда мешавад. Қарори маъмурияти муассисаи ислоҳиро маҳкумшуда метавонад ба суд шикоят кунад.

Моддаи 109. Пардохти музди меҳнати ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Меҳнати ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда мутобиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

2. Пардохти музди меҳнати маҳкумшудагон, ки меъёри вақти кории моҳонаро пурра иҷро кардаанд ва андозаи муайянкардаи меҳнатро ба ҷо овардаанд, аз андозаи муқарраршудаи маоши ҳадди ақал набояд кам бошад.

Моддаи 110. Ҷалби ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда ба корҳо бе пардохти музди меҳнат

1. Маҳкумшудагонро ба кори бе пардохти музди меҳнат танҳо ҷиҳати ободонии маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ ва атрофи он, ба истиснои иншоотҳои ҳифзкунанда, инчунин ба корҳои ёрирасон ҷиҳати беҳбуд бахшидани шароити маданию маишии маҳкумшудагон ва таъминоти муассисаҳои ислоҳӣ бо озуқаворӣ, ҷалб кардан мумкин аст. Корҳои зикргардида, чун қоида бо навбат, дар соатҳои фориғ аз кор анҷом дода шуда, давомнокии он набояд аз шонздаҳ соат дар як моҳ бештар бошад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1036).

2. Барои кор ҷиҳати барқарорсозии иншоотҳои ҳифзкунанда маҳкумшудагон танҳо дар сурати хароб гардидани иншоотҳои ҳифзкунанда ҳангоми офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда ҷалб шуданашон мумкин аст.

Моддаи 111. Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат ва дигар даромади ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Аз музди меҳнат, нафақа ва дигар даромади маҳкумшудагон ҷиҳати ҷуброни хароҷоти таъминоти онҳо мутобиқи қисми 4 моддаи 104 ҳамин Кодекс нигоҳ доштани маблағ анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

2. Аз ҷониби маҳкумшудагон ҷуброни хароҷоти таъминоти онҳо пас аз нигоҳ доштани алимент, андоз аз даромад, маблағгузаронӣ ба фонди иҷтимоӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ сурат мегирад. Нигоҳ доштани маблағ вобаста ба варақаҳои иҷрокунӣ ва дигар асноди иҷроия аз маблағи боқимонда тибқи тартиби пешбининамудаи Кодекси мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

3. Дар муассисаҳои ислоҳӣ ба ҳисобномаи шахсии маҳкумшудагон, сарфи назар аз ҳар гуна нигоҳ доштани маблағ, на камтар аз 25 фоиз, ба ҳисобномаи мардони аз 63 сола боло ва занони аз 58 сола боло, маъюбони гурӯҳи I ва II, ноболигон, занони ҳомила, заноне, ки дар хонаҳои кӯдакони назди муассисаҳои ислоҳӣ фарзанд доранд - на камтар аз 50 фоизи музди меҳнат, нафақа ва дигар даромадҳои ба онҳо пардохташуда бояд гузаронида шавад.

4. Ба занони маҳкумшуда, ки мутобиқи моддаи 102 ҳамин Кодекс барояшон истиқомати берун аз ҳудуди колония иҷозат дода шудааст, сарфи назар аз ҳар гуна нигоҳ доштани маблағ, бояд на камтар аз 50 фоизи маблағи умумии музди меҳнат пардохта шавад.

Моддаи 112. Талаботи низом дар корхонаҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва иншооти истеҳсолии дигар вазорату идораҳо

1. Дар корхонаҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва иншоотҳои истеҳсолии дигар вазорату идораҳо истифодаи меҳнати кормандони кироя, ки мустақиман ба кори маҳкумшудагон роҳбарӣ мекунанд, инчунин коргарони баландихтисоси кироя, вале на бештар 15 фоиз аз шумораи маҳкумшудагони коркунанда ҷалб шуданашон мумкин аст.

2. Ашхосе, ки якҷоя бо маҳкумшудагон кор мекунанд, вазифадоранд тартиби муносибат бо онҳоро, ки маъмурияти муассисаи ислоҳӣ муайян кардааст, риоя намоянд. Дар сурати вайрон кардани ин тартибот маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ҳуқуқ дорад рафтуомади ин ашхосро ба иншооти истеҳсолие, ки дар он маҳкумшудагон кор мекунанд, манъ намояд.

3. Ба маҳкумшудагон додани ашё, озуқаворӣ, пул ва дигар асбобу анҷоме, ки истифодаи онҳо дар муассисаи ислоҳӣ манъ шудааст, роҳ дода намешавад. Гунаҳкорони чунин кирдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

4. Дар ҳолатҳои зарурӣ маъмурияти муассиса ҳуқуқ дорад иншооти истеҳсолӣ, ки дар он маҳкумшудагон кор мекунанд, инчунин ашё ва сару либоси ашхосеро, ки ба ин иншооти истеҳсолӣ ворид ё аз он берун мешаванд, кофтуков кунад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

Моддаи 113. Таҳсилоти касбӣ ва омодагии касбии ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

1. Дар муассисаҳои ислоҳӣ таълими ҳатмии ибтидоии касбӣ ё омодагии касбии маҳкумшудагон, ки барои кор дар муассисаи ислоҳӣ ва баъди озод шудан аз он ихтисоси (касб) зарурӣ надоранд ташкил карда мешавад.

2. Маъюбони гурӯҳи I ва II, мардони болотар аз синни 63-сола ва занони болотар аз синни 58 мувофиқи хоҳишашон омодагии дахлдори касбӣ гирифта метавонанд.

3. Муносибати маҳкумшудагон барои гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва омодагии касбӣ ҳангоми муайян намудани дараҷаи ислоҳшавӣ ба инобат гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

4. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва омодагии касбии маҳкумшудагон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолииҶумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55аз 23.11.2015 № 1231).

5. Маҳбусоне, ки ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтанро адо мекунанд, омодагии касбиро бевосита дар истеҳсолот мегиранд (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 87).

БОБИ 13.ТАЪСИРРАСОНИИ ТАРБИЯВӢ БА АШХОСЕ, КИ БА МАҲРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДӢ МАҲКУМ ШУДААНД

Моддаи 114. Корҳои тарбиявӣ бо ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд

1. Бо ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо мекунанд, маъмурияти муассисаи ислоҳӣ якҷоя бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, хайрия ва динӣ корҳои тарбиявӣ мегузаронанд, ки мақсади он ислоҳи маҳкумшудагон, ташаккул ва таҳкими саъю кӯшиши маҳкумшудагон нисбати машғул шудан ба фаъолияти самарабахши ҷамъиятӣ, муносибати самимона нисбат ба инсон, ҷамъият, меҳнат, риояи талаботи қонун ва дигар қоидаҳои рафтори дар ҷамъият қабул шуда ва анъанаҳо, рушди сатҳи маънавӣ ва фарҳангии онҳо мебошад.

2. Иштироки маҳкумшудагон дар чорабиниҳои тарбиявӣ ҳавасманд гардонида шуда, ҳангоми муайян намудани дараҷаи ислоҳ шуданашон ва андешидани чораҳои ҳавасмандгардонию муҷозотӣ ба инобат гирифта мешавад.

3. Тибқи тартиби рӯзи муассисаи ислоҳӣ мумкин аст чорабиниҳои тарбиявӣ пешбинӣ гардад, ки дар он иштироки маҳкумшудагон ҳатмӣ мебошад.

4. Корҳои тарбиявӣ бо маҳкумшудагон бо дарназардошти хусусияти инфиродии шахс ва характери маҳкумшуда ва ҳолатҳои содир намудани ҷиноят гузаронида мешавад.

Моддаи 115. Ташкил, шаклҳои асосӣ ва усули корҳои тарбиявӣ бо ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Дар муассисаҳои ислоҳӣ тарбияи маънавӣ, ҳуқуқӣ, меҳнатӣ, ҷисмонӣ ва дигар навъи тарбияи маҳкумшудагон, ки барои ноил гардидан ба мақсади ислоҳи маҳкумшудагон мусоидат менамояд, ба амал бароварда мешавад.

2. Корҳои тарбиявӣ бо маҳкумшудагон дар шаклҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ ва оммавӣ, дар асоси усулҳои равоншиносӣ (психологӣ), педагогӣ гузаронида мешавад ва онҳо ба таври тафриқавӣ (дифферентсиявӣ) бо дарназардошти намуди муассисаи ислоҳӣ ва низоми дар он муайянгардида, мӯҳлати ҷазо ва шароити нигаҳдошт ташкил карда мешавад.

3. Корҳои инфиродӣ дар асоси омӯзиши шахсияти ҳар як маҳкумшуда, бо дарназардошти ҷинояти содирнамудаи ӯ, синну сол, вазъи рӯҳӣ, таҳсилот, касб ва дигар хусусиятҳои маҳкумшуда гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

4. Барои гузаронидани корҳои тарбиявӣ бо маҳкумшудагон матбуоти даврӣ, радио, телевизион, тамошои кино истифода бурда шуда, корҳои китобдорӣ ташкил карда мешавад.

Моддаи 116. Ташкилотҳои худфаъолияти ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Дар муассисаҳои ислоҳӣ ташкилотҳои худфаъолияти маҳкумшудагоне, ки таҳти назорати маъмурияти муассисаи ислоҳӣ кор мекунад, таъсис дода мешавад.

2. Иштироки маҳкумшудагон дар кори ташкилотҳои худфаъолият ҳавасманд гардонида шуда, ҳангоми муайян кардани дараҷаи ислоҳ ба инобат гирифта мешавад.

3. Вазифаҳои асосии ташкилотҳои худфаъолият иборатанд аз: расонидани кӯмак дар худтарбиякунии маҳкумшудагон; рушди маънавӣ, касбӣ ва ҷисмонии онҳо; рушди ташаббуси самарабахш, ва расонидани таъсири мусбат ба ислоҳи маҳкумшудагон; иштирок дар ҳалли масъалаҳои ташкили меҳнат, корҳои маишӣ ва фароғати маҳкумшудагон; мусоидат ба маъмурият дар нигоҳ доштани тартибу интизом, ташаккули муносибатҳои солим байни маҳкумшудагон; расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ба маҳкумшудагон ва оилаҳои онҳо. Дар назди ташкилотҳои худфаъолият инчунин вазифаҳои дигар, ки хилофи мақсад, тартиб ва шартҳои иҷрои ҷазо намебошанд, гузошта шуданашон мумкин аст.

4. Аъзои ташкилотҳои худфаъолияти маҳкумшудагон аз имтиёзҳои иловагӣ истифода намебаранд. Ташкилотҳои худфаъолияти маҳкумшудагон ва аъзои онҳо салоҳияти маъмурияти муассисаи ислоҳиро дошта наметавонанд.

5. Тартиби таъсис ва фаъолияти ташкилотҳои худфаъолияти маҳкумшудагонро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

6. Дар муассисаҳои ислоҳӣ аз ҳисоби маҳкумшудагоне, ки худро мусбат нишон додаанд, шӯрои коллективи муассисаҳои ислоҳӣ ва шӯроҳои отрядҳо таъсис дода мешавад. Дар муассисаҳои ислоҳӣ, мумкин аст инчунин дигар ташкилотҳои худфаъолияти маҳкумшудагон, ки фаъолияташон барои ҳалли масъалаҳои дар қисми 3 ҳамин модда зикргардида равона шудааст, таъсис дода шавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

7. Дар маҳбасҳо ва дар байни маҳкумшудагоне, ки дар биноҳои навъи камера нигоҳ дошта мешаванд, ташкилотҳои худфаъолиятӣ таъсис дода намешаванд.

Моддаи 117. Ташкили гирифтани таҳсилоти умумӣ аз ҷониби ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

1. Дар муассисаҳои ислоҳӣ аз ҷониби ашхосе, ки ҳанӯз ба синни сисолагӣ нарасидаанд, ҳатман соҳиб шудан ба таҳсилоти умумии асосӣ (нӯҳсола) ташкил карда мешавад. Ба маҳкумшудагоне, ки мехоҳанд таҳсилро ҷиҳати соҳиб шудан ба маълумоти миёнаи умумӣ идома диҳанд, аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ва мақомоти дахлдори худидораи маҳаллӣ шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48, аз 14.05.2016 № 1307).

2. Маҳкумшудагони аз синни сисола боло, маъюбони гурӯҳи I ва II таҳсилоти умумии асосӣ (нӯҳсола) ё маълумоти миёнаи (пурра) ҳамагонии асосиро бо хоҳиши худ соҳиб мешаванд (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

3. Барои супоридани имтиҳон маҳкумшудагон мутобиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кор озод карда мешаванд.

4. Кӯшиши маҳкумшудагон барои соҳиб шудан ба таҳсилоти аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ҳавасманд гардонида шуда, ҳангоми ҳалли масъалаҳои гузаронидан ба шароити беҳбудгардонидашуда, иваз кардани қисми адонанамудаи ҷазо ба намуди ҷазои нисбатан сабуктар ва шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан ба инобат гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

5. Ҳайатҳои омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ба маъмурияти муассисаҳои ислоҳӣ дар кори тарбиявии маҳкумшудагон кӯмак мерасонанд (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48аз 14.05.2016 № 1307).

6. Ташкили кор оиди с оҳиб шудани маҳкумшудагон ба таҳсилоти умумии асосӣ (нӯҳсола) ва миёнаи умумӣ, таъсис, азнавсозӣ ва барҳам додани муасисаҳои таълимии маълумоти умумӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ (мактабҳо ва нуқтаҳои таълимию машваратӣ) тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55аз 23.11.2015 № 1231, аз 14.05.2016 № 1307).

Моддаи 118. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ нисбат ба ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд

1. Барои рафтори шоиста, муносибати софдилона ба меҳнат ва таълим, иштироки фаъолона дар кори ташкилотҳои худфаъолият ва чорабиниҳои тарбиявӣ нисбат ба маҳкумшудагон чораҳои зайли ҳавасмандгардонӣ мумкин аст истифода бурда шаванд:

а) раҳматнома;

б) сарфароз намудан бо тӯҳфа;

в) мукофотпулӣ;

г) додани мулоқоти иловагии кӯтоҳмуддат ё дарозмуддат;

д) пеш аз мӯҳлат бардоштани муҷозоти қаблан гузошташуда;

е) дар колонияи ислоҳии низоми махсус ба биноҳои истиқоматии муқаррарӣ дар худи ҳамон колония гузаронидани маҳкумшудагоне, ки на камтар аз сеяки мӯҳлати ҷазоро дар биноҳои навъи камера адо кардаанд;

ж) зиёд кардани давомнокии гаштугузор то дуюним соат дар як рӯз ба мӯҳлати то як моҳ, нисбати маҳкумшудагоне, ки дар колонияҳои низоми махсус ва маҳбас нигоҳ дошта мешаванд.

2. Нисбат ба маҳкумшудагоне, ки дар колонияҳои ислоҳии сукунат ҷазоро адо мекунанд, мумкин аст чораи ҳавасмандгардонӣ дар намуди иҷозати гузаронидани рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои ид берун аз ҳудуди колония дода шавад.

3. Нисбат ба маҳкумшудагоне, ки рафторашон мусбӣ арзёбӣ шудааст, инчунин чораҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 80 ҳамин Кодекс истифода шуданаш мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

4. Маҳкумшудагоне, ки ислоҳ гардидани худро нишон додаанд, барои пеш аз мӯҳлат шартан аз адои ҷазо озод кардан ё барои ивази қисми адонакардаи ҷазо ба намуди ҷазои нисбатан сабуктар пешниҳод шуданашон мумкин аст.

5. Нисбат ба маҳкумшудагоне, ки рафторашон мусбӣ арзёбӣ шудааст, мумкин аст шафоатнома оид ба бахшиши ҷазо пешниҳод карда шавад.

Моддаи 119. Тартиби истифодаи чораҳои ҳавасмандгардонӣ нисбат ба маҳкумшудагон

1. Ҳавасмандгардонӣ дар намуди раҳматнома шифоҳӣ ё хаттӣ, дигар намуди ҳавасмандгардонӣ бошад танҳо хаттӣ эълон карда мешавад.

2. Мукофоти пулии маҳкумшуда ба ҳисобномаи шахсии ӯ гузаронида мешавад.

3. Нисбат ба маҳкумшудагоне, ки дар маҳбаси дорои низоми сахт нигоҳ дошта мешаванд, ҳавасмандгардонӣ дар намуди иҷозати мулоқот истифода бурда намешавад. Ба маҳкумшудагоне, ки дар маҳбаси дорои низоми умумӣ нигоҳ дошта мешаванд, тибқи тартиби ҳавасмандгардонӣ мумкин аст танҳо барои мулоқоти кӯтоҳмуддат иҷозат дода шавад.

4. Ҳавасмандгардонӣ дар намуди пеш аз мӯҳлат бардоштани муҷозоти қаблан гузошташуда на барвақттар аз адои мӯҳлати шаш моҳи муҷозот, ки дар моддаи 120 ҳамин Кодекс зикр гардидааст, иҷозат дода мешавад. Мувофиқи тартиби ҳавасмандгардонӣ чун қоида пеш аз мӯҳлат як муҷозоти қаблан ба маҳкумшуда додашуда бекор карда мешавад.

5. Гузаронидани маҳкумшуда дар колонияҳои ислоҳии низоми махсус аз биноҳои навъи камера ба биноҳои истиқоматии маъмулӣ дар ҳамон колония бо қарори сардори колония мутобиқи хулосаи комиссияи муассисаи ислоҳӣ анҷом дода мешавад.

Моддаи 120. Чораҳои муҷозотӣ нисбат ба ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд

1. Барои вайрон кардани тартиби муқарраршудаи адои ҷазо нисбат ба маҳкумшудагон чораҳои зайли муҷозотӣ мумкин аст истифода бурда шаванд:

а) танбеҳ;

б) бекор кардани шароитҳои беҳбудгардонидашудаи нигаҳдошт, ки моддаҳои 128, 130, 132, 134, 140 ва 141 ҳамин Кодекс пешбинӣ кардаанд;

в) маҳрум сохтан аз мулоқоти навбатии кӯтоҳмуддат ё дарозмуддат, ё гуфтугӯи телефонӣ ба мӯҳлати то як моҳ;

г) ҷойгиронии маҳкумшудагоне, ки дар колонияҳои ислоҳӣ ё маҳбасҳо нигоҳ дошта мешаванд ба изолятори (тавқифгоҳи) ҷаримавӣ ба мӯҳлати то понздаҳ шабонарӯз;

д) гузаронидани маҳкумшудагони ҷинси мард, ки ашаддӣ вайронкунандаи тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо дониста шудаанд ва дар колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ, пурзӯр ва сахт нигоҳ дошта мешаванд ба биноҳои навъи камера ба мӯҳлати то шаш моҳ ва агар дар колонияҳои ислоҳии низоми махсус бошад - ба камераҳои яккаса ба мӯҳлати то шаш моҳ;

е) гузаронидани маҳкумшудагони ҷинси зан, ки ашаддӣ вайронкунандаи тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо дониста шудаанд, ба биноҳои навъи камера ба мӯҳлати то се моҳ.

2. Нисбат ба маҳкумшудагоне, ки маҳрум сохтан аз озодиро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд ва ашхосе, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд, муҷозотҳои пешбининамудаи бандҳои д) ва е) қисми 1 ҳамин модда истифода бурда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

3. Занони маҳкумшуда, ки дар хонаҳои кӯдакони муассисаи ислоҳӣ фарзандони ширхор доранд, инчунин занони маҳкумшуда, ки бо сабаби ҳомила ва таваллуд аз кор озод карда шудаанд, ҳамчунин маъюбони гурӯҳи 1 ва II ба изолятори (тавқифгоҳи) ҷаримавӣ, биноҳои навъи камера ва камераҳои яккаса гузаронида намешаванд.

4. Нисбат ба маҳкумшудагоне, ки вайронкунандагони ашадии тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо мебошанд, ҳамчунин чораҳои пешбининамудаи қисми 4 моддаи 80 ҳамин Кодекс истифода шуданаш мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

5. Маҳкумшудагон барои иҷро накардани меъёри коркард ё вазифаи бастӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида намешаванд, агар он бо рад ё саркашии ашадӣ аз кор алоқаманд набошад.

Моддаи 121. Тартиби истифодаи чораҳои муҷозот нисбат ба маҳкумшудагон

1. Ҳангоми истифодаи чораҳои муҷозот ҳолатҳои содир намудани қонуншиканӣ, шахсият ва рафтори маҳкумшуда то содир намудани кирдор ба инобат гирифта мешавад. Муҷозоти андешидашуда бояд ба вазнинӣ ва хусусияти кирдори маҳкумшуда мувофиқ бошад.

2. Муҷозот дар мӯҳлати на дертар аз даҳ шабонарӯз аз рӯзи ошкор гардидани кирдор ва агар вобаста ба кирдор санҷиш сурат гирифта бошад, аз рӯзи хатми он, вале на дертар аз се моҳ аз лаҳзаи содир гардидани кирдор гузошта мешавад. Муҷозот фавран ва дар ҳолатҳои мустасно дар мӯҳлати на дертар аз сӣ рӯз аз рӯзи гузоштани он иҷро карда мешавад. Барои як қонуншиканӣ андешидани якчанд муҷозот манъ аст.

3. Муҷозот дар намуди танбеҳ шифоҳӣ ё хаттӣ, дигар навъи муҷозот бошад танҳо хаттӣ бо қарори асосноки сардори муассисаи ислоҳӣ ё шахси ивазкунандаи ӯ гузошта мешавад, ба истиснои банди б) қисми 1 моддаи 120 ҳамин Кодекс, ки бо қарори комиссияи муассисаи ислоҳӣ татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

4. Гузаронидани маҳкумшудагон ба биноҳои навъи камера ва камераҳои яккаса бо нишондоди мӯҳлати нигоҳ доштан дар онҳо мутобиқи қарори асосноки сардори муассисаи ислоҳӣ, бо хулосаи комиссияи муассисаи ислоҳӣ анҷом дода мешавад.

5. Гузаронидани маҳкумшудагон ба биноҳои навъи камера, инчунин ба камераҳои яккаса ҳангоми бесамар будани истифодаи дигар чораҳои таъсиррасонӣ, инчунин ҳангоми ашадӣ вайрон кардани қоидаҳои муқарраргардидаи адои ҷазо анҷом дода мешавад.

6. Нисбат ба маҳкумшудагоне, ки ба биноҳои навъи камера гузаронида шудаанд, ҳамаи навъҳои муҷозот, ба истиснои гузаронидан ба бинои навъи камера, истифода шуданаш мумкин аст.

7. Агар дар муддати як сол аз рӯзи адо кардани муҷозоти интизомӣ ба маҳкумшуда муҷозоти нав гузошта нашавад ӯ муҷозотнадошта ҳисобида мешавад.

Моддаи 122. Ашаддӣ вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо

1. Ашаддӣ вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо иборат аст аз: истеъмоли воситаҳои нашъаовар ва машруботи алкоголӣ; авбошии майда; таҳдид, итоат накардан ба намояндаи маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ё таҳқири онҳо; таҳдид ё таҳқири дигар намояндагони ҳокимият ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон; ташкили корпартоӣ ва дигар намуди итоат накардани гурӯҳӣ, ҳамчунин иштирок дар онҳо; ташкили гурӯҳҳои маҳкумшудагон, ки барои содир кардани қонуншиканиҳои дар ҳамин модда зикргардида равона шудаанд ё иштироки фаъолона дар онҳо; бачабозӣ; ҷимои зан бо зан (лесбиянство) ё дигар кирдори дорои хусусияти шаҳвонидошта.

2. Ашаддӣ мумкин аст ҳисобида шавад, инчунин дар тӯли як сол такроран вайрон кардани тартиботи муқарраршудаи адои ҷазо, агар барои ҳардуи ин қонуншиканӣ нисбат ба маҳкумшуда муҷозот дар намуди гузаронидан ба изолятори (тавқифгоҳи) ҷаримавӣ истифода гардида бошад.

3. Маҳкумшудае, ки вайронкуниҳои дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда зикргардидаро содир кардааст, ки нисбати ӯ муҷозотҳои пешбининамудаи бандҳои г), д), ва е) қисми 1 моддаи 120 ҳамин Кодекс истифода бурда шудаанд, ашаддӣ вайронкунандаи тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо дониста мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

4. Маҳкумшуда бо қарори асосноки сардори муассисаи ислоҳӣ ҳамзамон бо гузоштани (додани) муҷозот вайронкунандаи ашадии тартиботи муқарраргардидаи адои ҷазо эътироф карда мешавад.

Моддаи 123. Шароити нигоҳ доштани маҳкумшудагон дар изоляторҳои(тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ, биноҳои навъи камера ва камераҳои яккаса

1. Ба маҳкумшудагони дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) чаримавӣ ҷойгиркардашуда мулоқот, гуфтугӯҳои телефонӣ, харидории маводи озуқаворӣ, гирифтани фириста, дастовез ва баста манъ мебошад. Онҳо ҳуқуқ доранд аз гаштугузори ҳаррӯза бо давомнокии то як соат истифода баранд.

2. Маҳкумшудагоне, ки тибқи тартиби муҷозот ба бинои навъи камера ё камераҳои яккаса гузаронида шудаанд, ҳуқуқ доранд, ки:

а) ҳар моҳ барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз аз маблағи дар муассисаи ислоҳӣ кор кардаашон дар ҳаҷми чор нишондиҳанда барои ҳисобҳои муқарраршуда сарф кунанд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 866);

б) дар давоми шаш моҳ як фириста ё дастовез ва як баста гиранд;

в) аз гаштугузори ҳаррӯза бо давомнокии якуним соат истифода баранд;

г) бо иҷозати маъмурияти муассиса дар давоми шаш моҳ як мулоқоти кӯтоҳмуддат дошта бошанд.

3. Маҳкумшудагони дар изолятори (тавқифгоҳи) ҷаримавӣ ҷойгиркардашуда, ба бинои навъи камера ё камераҳои яккаса гузаронидашуда аз дигар маҳкумшудагон ҷудо кор мекунанд.

4. Дар сурати гузаронидани маҳкумшудагон аз изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ, биноҳои навъи камера, ва камераҳои яккаса ба муассисаҳои муолиҷавӣ, ки бо сабабҳои қасдан маъюб кардани узв ва бемориҳои сохта (қалбакӣ) алоқаманд намебошанд, мӯҳлати дар муассисаҳои муолиҷавӣ гузаронидаи онҳо ба мӯҳлати адои муҷозот ба ҳисоб гирифта мешавад.

5. Мӯҳлати умумии нигоҳ доштан дар биноҳои навъи камера ё камераҳои яккаса дар тӯли сол наметавонад бештар аз шаш моҳ ва дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ бештар аз шаст шабонарӯз бошад.

6. Таъминоти моддӣ-маишии маҳкумшудагон дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ, биноҳои навъи камера ва камераҳои яккаса тибқи меъёри муқарраргардидаи нигоҳдошти маҳкумшудагон дар маҳбаси низоми умумӣ сурат мегирад.

Моддаи 124. Шахси мансабдори муассисаҳои ислоҳӣ, ки нисбат ба ашхоси аз озодӣ маҳрумшуда чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотро истифода мебарад

1. Сардорони муассисаҳои ислоҳӣ ва ашхоси ивазкунандаи онҳо ҳуқуқ доранд чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотии дар моддаҳои 118 ва 120 ҳамин Кодекс зикргардидаро, ба истиснои банди б) қисми 1 моддаи 120 ҳамин Кодекс, дар ҳаҷми пурра истифода баранд (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

2. Сардорони отрядхо ҳуқуқ доранд чораҳои зайли ҳавасмандгардониро истифода баранд:

а) раҳматнома эълон кунанд;

б) пеш аз мӯҳлат бардоштани муҷозоти аз ҷониби сардори отряд гузошташуда.

3. Сардорони отрядҳо ҳуқуқ доранд шифоҳӣ танбеҳ эълон кунанд.

БОБИ 14.ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲИИ ХЕЛҲОИ ГУНОГУН

Моддаи 125. Колонияҳои ислоҳии сукунат

1. Дар колонияҳои ислоҳии сукунат ҷазоро мардҳое адо мекунанд, ки барои аз беэҳтиётӣ содир намудани ҷиноят ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати на зиёда аз панҷ сол маҳкум шудаанд, инчунин занҳое, ки барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содирнамуда маҳкум шудаанд; дар колонияҳои ислоҳии сукунат барои маҳкумшудагони мусбӣ арзёбӣ шуда, маҳкумшудагоне ҷазоро адо мекунанд, ки тибқи тартиби пешбининамудаи моддаи 80 ҳамин Кодекс аз колонияҳои низоми умумӣ,пурзӯр ва низоми сахт гузаронида шудаанд.

2. Дар ҳарду намуди колонияи ислоҳии сукунат маҳкумшудагон ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро дар ҳамон як шароит адо мекунанд.

3. Дар як колонияи ислоҳии сукунат метавонанд маҳкумшудагони ҷинси мард ва зан нигоҳ дошта шаванд. Маҳкумшудагоне, ки дар ҳамшарикӣ ҷиноят содир кардаанд, чун қоида аз ҳамдигар ҷудо ҷазоро адо мекунанд.

Моддаи 126. Шароитҳои адои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ дар колонияи сукунат

1. Дар колонияҳои сукунат ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудагон:

а) бидуни посбон, вале таҳти назорати маъмурияти колонияи сукунат нигоҳ дошта мешаванд; тибқи реҷаи рӯз ҳуқуқ доранд озодона дар доираи колонияи сукунат ҳаракат кунанд; бо иҷозати маъмурияти колонияи сукунат бе назорат берун аз колонияи сукунат, вале дар доираи ҳудуди қаламрави маъмурӣ мувофиқан ташкилёфта метавонанд рафту омад намоянд, агар ин аз рӯи хусусияти кори анҷомдиҳандаи ӯ ва ё марбут ба хонишаш зарурат дошта бошад; метавонанд бо худ пул, чизу чораҳои қиматбаҳо дошта бошанд; бе маҳдудият пулро истифода баранд; фириста, дастовез ва баста гиранд; бе маҳдудияти шумора мулоқот карда метавонанд;

б) чун қоида дар хобгоҳҳои махсуси барои онҳо таъин гардида истиқомат мекунанд; маҳкумшудагоне, ки ба вайрон кардани Қоидаҳои муқаррар кардаи адои ҷазо роҳ надодаанд ва оиладор мебошанд бо қарори сардори колонияи сукунат иҷозат дода шуданашон мумкин аст, ки бо оилаашон дар манзили иҷорагирифташуда ё манзили шахсӣ дар қаламрави колонияи сукунат ё берун аз он зиндагӣ намоянд. Ин маҳкумшудагон ӯҳдадоранд дар як моҳ то чор маротиба барои аз қайд гузаштан ба колонияи сукунат ҳозир шаванд. Пайдарҳамии аз қайд гузаштанро сардори колонияи сукунат бо қарори худ муқаррар мекунад. Ба биноҳои истиқоматие, ки дар онҳо маҳкумшудагон зиндагӣ мекунанд, намояндагони маъмурияти колонияи сукунат дар ҳама маврид ташриф оварда метавонанд;

в) маҳкумшудагон дорои ҳуҷҷати намунаи муайяншуда мебошанд, ки шахсияти онҳоро тасдиқ мекунад. Шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои шахсии онҳо якҷоя бо парвандаҳои шахсияшон нигоҳ дошта мешаванд.

2. Барои маҳкумшудагон ба ҷои истиқоматӣ овардан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани номгӯи чизу чораҳое, ки Қоидаи тартиби дохилии муассисаҳои ислоҳӣ иҷозат надодааст, манъ аст.

3. Меҳнати маҳкумшудагон бо истиснои қоидаи ба кор қабул кардан, аз кор озод кардан ва ба дигар кор гузаронидан тибқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад. Гузаронидани маҳкумшудагон ба кори дигар, аз он ҷумла ба маҳалли дигар, мумкин аст аз ҷониби маъмурияти ташкилоте, ки ӯ дар он ҷо кор мекунад, бо розигии маъмурияти колонияи сукунат ба амал бароварда мешавад.

4. Ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки онҳо ғоибона дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва олӣ, ки дар дохили воҳидҳои маъмурию ҳудуди маҳалли адои ҷазо ҷойгиранд таҳсил намоянд (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

5. Тартиби дар асоси шартнома берун аз қаламрави колонияи ислоҳии сукунат ба меҳнат ҷалб намудани маҳкумшуда, андозаи маблағи пардохташаванда ва манзили зисти онҳо аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1036).

Моддаи 127. Колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ

1. Дар колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ мардҳое, ки бори аввал бо маҳрум сохтан аз озодӣ барои қасдан содир намудани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна, инчунин мардҳое, ки барои содир намудани ҷиноят аз беэҳтиётӣ ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати зиёда аз панҷ сол маҳкум шудаанд, ҳамчунин заноне, ки аз озодӣ маҳрум шудаанд, ба истиснои заноне, ки ҷиноятро дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок ва ё аз беэҳтиётӣ содир намудаанд, ҷазоро адо мекунанд.

2. Мутобиқи қисми 7) моддаи 58 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар колонияҳои ислоҳи низоми умумӣ инчунин дигар ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, ба истиснои ашхоси дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок маҳкумшуда, инчунин маҳкумшудагоне, ки ҷазояшон дар намуди қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, нигоҳ дошта шуданашон мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

3. Дар колонияҳои ислоҳи низоми умумӣ ашхосе, ки барои ҷинояти начандон вазнин ва миёна маҳкум шудаанд аз ашхосе, ки барои ҷиноятҳои вазнин маҳкум шудаанд, ҷудо нигоҳ дошта мешаванд.

Моддаи 128. Шароити адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дар муассисаҳои ислоҳии низоми умумӣ

1. Дар колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ маҳкумшудагон:

а) дар биноҳои муқаррарии истиқоматӣ нигоҳ дошта мешаванд;

б) метавонанд барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз маблағи дар ҳисобномаи шахсӣ доштаашонро бе маҳдудият харҷ кунанд;

в) дар тӯли сол ба ҳашт мулоқоти кӯтоҳмуддат ва шаш мулоқоти дарозмуддат ҳуқуқ доранд;

г) ҳуқуқ доранд бе маҳдудият фириста, дастовез ва баста гиранд.

2. Дар мавриди надоштани муҷозот барои вайрон кардани қоидаҳои муқарраргардидаи адои ҷазо ва муносибати софдилона ба меҳнат бо гузашти на камтар аз шаш моҳи мӯҳлати адои ҷазо дар шароити муқаррарӣ маҳкумшударо ба шароити беҳбудгардонидашудаи нигоҳдошт гузаронидан мумкин аст. Дар ин сурат ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки:

а) бе маҳдудият мулоқот дошта бошанд;

б) ҳангоми рухсатии ҳарсола бо қарори маъмурияти колонияи ислоҳӣ, мутобиқи моддаи 98 ҳамин Кодекс, берун аз ҳудуди маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ сафар кунанд.

Моддаи 129. Колонияҳои ислоҳии низоми пурзӯр

1. Дар колонияҳои ислоҳии низоми пурзӯр мардоне, ки бори аввал барои қасдан содир намудани ҷиноятҳои вазнин ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, ҷазоро адо мекунанд.

2. Ҳамчунин мутобиқи қисми 7) моддаи 58 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар колонияҳои ислоҳии низоми пурзӯр дигар ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, ба истиснои онҳое, ки ҳангоми ретсидиви махсусан хавфнок маҳкум шудаанд, инчунин маҳкумшудагоне, ки ҷазояшон дар намуди қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, нигоҳ дошта шуданашон мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

Моддаи 130. Шароитҳои адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дар колонияҳои ислоҳии низоми пурзӯр

1. Дар колонияҳои ислоҳии низоми пурзӯр маҳкумшудагон дар биноҳои муқаррарии истиқоматӣ нигоҳ дошта мешаванд. Онҳо ҳуқуқ доранд:

а) барои хариди озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз маблағи дар ҳисобномаҳои шахсӣ доштаашонро бе маҳдудият харҷ кунанд;

б) дар тӯли сол шаш мулоқоти кӯтоҳмуддат ва чор мулоқоти дарозмуддат гузаронанд;

в) бе маҳдудият фириста, дастовез ва баста гиранд;

2. Дар мавриди надоштани муҷозот барои вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи адои ҷазо ва муносибати софдилона ба меҳнат бо гузашти на камтар аз як соли мӯҳлати адои ҷазо дар шароити муқаррарӣ маҳкумшударо ба шароити беҳбудигардонидашудаи нигаҳдошт гузаронидан мумкин аст. Дар ин сурат ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки:

а) бе маҳдудият мулоқот дошта бошанд;

б) ҳангоми рухсатии ҳарсола бо қарори маъмурияти колонияи ислоҳӣ, мутобиқи моддаи 98 ҳамин Кодекс, берун аз ҳудуди маҳалли ҷои адои ҷазо (ё маҳрум сохтан аз озодӣ) сафар кунанд.

Моддаи 131. Колонияҳои ислоҳии низоми сахт

1. Дар колонияҳои ислоҳии низоми сахт мардоне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин бори аввал ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, инчунин ҳангоми ретсидиви ҷиноят, агар маҳкумшуда ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо карда истода бошад ё қаблан ин намуди ҷазоро адо карда бошад, инчунин занони ҳангоми ретсидиви махсусан хавфнок маҳкумшуда ва заноне, ки нисбати онҳо ҷазо дар намуди қатл тибқи тартиби бахшиш ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, ҷазоро адо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

2. Мутобиқи қисми 7) моддаи 58 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар колонияҳои ислоҳии низоми сахт инчунин дигар ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, нигоҳ дошта шуданашон мумкин аст. Дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт мардоне, ки ҳангоми ретсидиви махсусан хавфнок маҳкумшуда ва ё ҷазо дар намуди қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, нигоҳ дошта намешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

Моддаи 132. Шароитҳои адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дар колонияҳои ислоҳии низоми сахт

1. Дар колонияҳои ислоҳии низоми сахт маҳкумшудагон:

а) дар биноҳои муқаррарии истиқоматӣ нигоҳ дошта мешаванд;

б) метавонанд барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз маблағи дар ҳисобномаи шахсӣ доштаашонро бе маҳдудият харҷ кунанд;

в) дар тӯли сол ба чор мулоқоти кӯтоҳмуддат ва се мулоқоти дарозмуддат ҳуқуқ доранд;

г) ҳуқуқ доранд бе маҳдудият фириста, дастовез ва баста гиранд.

2. Дар мавриди надоштани муҷозот барои вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи адои ҷазо ва муносибати софдилона ба меҳнат бо гузаштани на камтар аз се як ҳиссаи мӯҳлати адои ҷазо дар шароити муқаррарӣ маҳкумшударо ба шароити беҳбудигардонидашудаи нигоҳдошт гузаронидан мумкин аст. Дар ин сурат ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки дар тӯли сол ба таври иловагӣ чор мулоқоти кӯтоҳмуддат ва чор мулоқоти дарозмуддат дошта бошанд.

Моддаи 133. Колонияҳои ислоҳии низоми махсус

1. Дар колонияҳои ислоҳии низоми махсус мардони ҳангоми ретсидиви махсусан хавфнок маҳкумшуда ва маҳкумшудагоне, ки барояшон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин гардидааст ё ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, ҷазоро адо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 87).

2. Мардони ҳангоми ретсидиви махсусан хафнок маҳкумшуда аз дигар маҳкумони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида алоҳида нигоҳ дошта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

Моддаи 134. Шароити адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дар колонияҳои ислоҳии низоми махсус барои мардоне, ки ҳангоми ретсидиви махсусан хавфнок маҳкум шудаанд ва маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст

(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732)

1. Дар колонияҳои ислоҳии низоми махсус мардоне, ки ҳангоми ретсидиви махсусан хавфнок маҳкум шудаанд ва маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732):

а) дар шароити изолятсияи (ҷудонигоҳдорӣ) қатъӣ дар биноҳои навъи камера нигоҳ дошта мешаванд;

б) метавонанд барои хариди озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз аз маблағи дар ҳисобномаи шахсӣ доштаашон бе маҳдудият харҷ кунанд;

в) дар тӯли сол ба се мулоқоти кӯтоҳмуддат ва ду мулоқоти дарозмуддат ҳуқуқ доранд;

г) ҳуқуқ доранд бе маҳдудият фириста, дастовез ва баста гиранд;

д) аз гаштугузори ҳамарӯза бо давомнокии ду соат истифода баранд.

2. Дар мавриди надоштани муҷозот барои вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи адои ҷазо ва муносибати софдилона ба меҳнат бо гузаштани на камтар аз нисфи мӯҳлати адои ҷазо маҳкумшударо ба шароити беҳбудигардонидашудаи нигоҳдошт гузаронидан мумкин аст. Дар ин сурат маҳкумшудагон:

а) дар биноҳои муқаррарии истиқоматӣ нигоҳ дошта мешаванд;

б) дар тӯли сол ба таври иловагӣ ба се мулоқоти кӯтоҳмуддат ва ду мулоқоти дарозмуддат ҳуқуқ доранд;

Моддаи 134(1). Шароитҳои адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш махсус барои маҳкумшудагоне, ки барояшон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин шудааст

(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732)

1. Маҳкумшудагоне, ки барояшон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин гардидааст, дар камераҳо, аз рӯи қоида, на зиёда аз дунафарӣ нигоҳ дошта мешаванд. Аз рӯи хоҳиши маҳкумшудагон ва дар ҳолатҳои истисноӣ бо қарори сардори муассисаи ислоҳӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани таҳдид ба амнияти шахсии маҳкумшудагон нигоҳ доштани онҳо дар камераҳои якнафара мумкин аст. Меҳнати маҳкумшудагони мазкур бо назардошти талаботи нигохдории онҳо дар камераҳо ба роҳ монда мешавад.

2. Маҳкумшудагон ба сайру гашти ҳаррӯзаи давомнокиаш то якуним соат ҳуқуқ доранд. Ҳангоми нишон додани рафтори хуб бо қарори сардори муассисаи ислоҳӣ мумкин аст давомнокии сайру гашти маҳкумшуда то ду соат дароз карда шавад.

3. Ҳамаи маҳкумшудагон ҳангоми дохил шудан ба муассисаи ислоҳии низомаш махсус ба шароити муқаррарии адои ҷазо фаро гирифта мешаванд. Дар мавриди надоштани муҷозот барои вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи адои ҷазо ва муносибати софдилона ба меҳнат бо гузаштани на камтар аз даҳ соли мӯҳлати адои ҷазо маҳкумшударо аз шароити муқаррарии адои ҷазо ба шароити беҳбудигардонидашудаи нигаҳдошт гузаронидан мумкин аст.

4. Агар маҳкумшудаи ба шароити беҳбудигардонидашудаи адои ҷазо гузаронидашуда тартиботи муқарраршудаи дохили колонияи ислоҳиро ашаддӣ вайрон кунад, ба шароити муқаррарии адои ҷазо гузаронида мешавад. Такроран аз шароити муқаррарии адои ҷазо ба шароити беҳбудигардонидашуда маҳкумшуда танҳо баъди панҷ соли адои ҷазо дар шароити муқаррарӣ гузаронида мешавад.

5. Тартиби иҷрои ҷазо барои маҳкумшудагоне, ки онро дар шароити муқаррарӣ ва беҳбудигардонидашуда адо менамоянд, дар қисмати хароҷоти маблағ барои хариди озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз, шумора ва намуди мулоқотҳо, инчунин гирифтани фириста,- дастовез ва баста ба таври зайл муқаррар карда мешавад:

1) Маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар шароити муқаррарӣ адо менамоянд, метавонанд:

- барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз маблағи дар ҳисобномаи шахсӣ доштаашонро бе маҳдудият харҷ кунанд;

- дар давоми сол чор баста ё дастовез ва чор фириста гиранд, инчунин ду мулоқоти кӯтоҳмуддат анҷом диҳанд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1036).

2) Маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар шароити беҳбудигардонидашуда адо менамоянд, метавонанд:

- барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз маблағи дар ҳисобномаи шахсӣ доштаашонро бе маҳдудият харҷ кунанд;

- дар давоми сол шаш баста ё дастовез ва шаш фириста гиранд, инчунин се мулоқоти кӯтоҳмуддат анҷом диҳанд (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732, аз 28.12.2013 № 1036).

Моддаи 135. Маҳбасҳо

1. Мардоне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин ба мӯҳлати зиёда аз даҳ сол ба маҳрум сохтан аз озодӣ ва ё дар ҳолатҳои ретсидиви махсусан хавфнок маҳкум шудаанд, қисми мӯҳлати ҷазои таъиншуда, вале на зиёда аз панҷ соли онро дар маҳбасҳо адо мекунанд, инчунин маҳкумшудагоне, ки ба маҳбас барои вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомҳои умумӣ, пурзӯр, сахт ва махсус ба мӯҳлати то се сол гузаронида шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд. Дар маҳбас инчунин маҳкумшудагоне, ки тибқи асосҳои дар моддаҳои 75, 76 ва 81 ҳамин Кодекс пешбинишуда ҷойгир шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд.

2. Дар маҳбасҳо низомҳои умумӣ ва сахт муқаррар карда мешавад.

3. Дар низоми сахт маҳкумшудагоне, ки ба ҳамин маҳбасҳо дохил шудаанд ва маҳкумшудагоне, ки аз низоми умумӣ гузаронида шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд.

4. Дар низоми сахт маҳкумшудагони маъюбони гурӯҳи I ва II нигоҳ дошта намешаванд.

5. Пас аз адои на камтар аз як соли мӯҳлати ҷазо дар низоми сахт маҳкумшудагон ба низоми умумӣ гузаронида шуданашон мумкин аст.

6. Маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар низоми умумӣ адо мекунанд ва вайронкунандагони ашадии тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо эътироф шудаанд, ба низоми сахт гузаронида мешаванд. Ба низоми умумӣ такроран гузаронидани маҳкумшудагон тибқи тартиби пешбининамудаи қисми 5 ҳамин модда анҷом дода шуданаш мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

Моддаи 136. Шароитҳои адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дар маҳбасҳо

1. Маҳкумшудагон дар маҳбас дар камераҳои умумии қулфшаванда нигоҳ дошта мешаванд. Дар ҳолатҳои зарурӣ бо қарори асосноки сардори маҳбас ва бо розигии прокурори дахлдор маҳкумшудагон метавонанд дар камераҳои яккаса нигоҳ дошта шаванд.

2. Ҷойгир кардани маҳкумшудагон ба камераҳо бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 78 ҳамин Кодекс сурат мегирад.Инчунин дар алоҳидагӣ ва аз якдигар ҷудо маҳкумшудагони зерин нигоҳ дошта мешаванд: маҳкумшудагоне, ки аз колонияҳои ислоҳӣ гузаронида шудаанд; маҳкумшудагоне, ки дар маҳбас барои иҷрои корҳои хизматрасонии хоҷагӣ мононда шудаанд.

3. Гаштугузори маҳкумшудагоне, ки дар маҳбас нигоҳ дошта мешаванд, тибқи нақша, рӯзона, дар фазои кушод, дар қисми махсус таҷҳизонидашудаи ҳудуди маҳбас, ҳар як камера дар алоҳидагӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми аз ҷониби маҳкумшудагон вайрон кардани қоидаҳои муқарраргардидаи тартиботи дохилӣ гаштугузор пеш аз мӯҳлат қатъ карда шуданаш мумкин аст.

4. Ба маҳкумшудагоне, ки дар маҳбаси низоми умумӣ мебошанд, иҷозат дода мешавад, ки:

а) маблағи дар ҳисобномаҳои шахсӣ доштаашонро барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз бе маҳдудият харҷ намоянд;

б) дар тӯли сол ду мулоқоти кӯтоҳмуддат ва ду мулоқоти дарозмуддат дошта бошанд;

в) бе маҳдудият фириста, дастовез ва баста гиранд;

г) аз гаштугузори ҳамарӯза бо давомнокии ду соат истифода баранд.

5. Ба маҳкумшудагоне, ки дар маҳбас дар низоми сахт қарор доранд, иҷозат дода мешавад, ки:

а) барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз маблағи дар ҳисобномаҳои шахсӣ доштаашонро бе маҳдудият харҷ намоянд;

б) бе маҳдудият фириста, дастовез ва баста гиранд:

в) дар тӯли сол ду мулоқоти кӯтоҳмуддат дошта бошанд;

г) аз гаштугузори ҳамарӯза бо давомнокии як соат истифода баранд.

Моддаи 137. Шароити нигоҳ доштани маҳкумшудагоне, ки дар муассисаи муолиҷавӣ,  изоляторҳои тафтишотӣ ё маҳбас барои кори таъминоти хоҷагӣ мононда шудаанд

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1036)

Маҳкумшудагоне, ки мутобиқи қисми 3 моддаи 76 ҳамин Кодекс дар  муассисаи муолиҷавӣ, изоляторҳои тафтишотӣ ва маҳбасҳо барои кор оид ба хизматрасонии хоҷагӣ мононда шудаанд, дар биноҳои алоҳида аз дигар ашхос (дар ҳудуди ҳавлии хоҷагидорӣ), мутобиқи шароити барои колонияҳои дорои низоми умумӣ пешбининамудаи ҳамин Кодекс, нигоҳ дошта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1036аз 14.05.2016 № 1307).

Моддаи 138. Шароити нигоҳ доштани маҳкумшудагоне, ки муваққатан дар изоляторҳои тафтишотӣ ё маҳбасҳо мононда ё ба ин ҷойҳо гузаронида шудаанд

Маҳкумшудагоне, ки муваққатан дар изоляторҳои тафтишотӣ ё маҳбас мононда ё ба ин муассисаҳо тибқи моддаи 75 ва 81 ҳамин Кодекс гузаронида шудаанд, дорои ӯҳдадориҳои пешбининамудаи Низомнома дар бораи таҳти ҳабси пешакӣ гирифтан мебошанд. Ба онҳо мутобиқи меъёрҳои муқарраршуда ройгон хӯрока дода шуда, онҳо мулоқотҳои кӯтоҳмуддат мегузаронанд, фириста, дастовез ва баста мегиранд, мактуб мефиристанд ва бо ҳисоби ғайринақдӣ озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз харидорӣ мекунанд.

БОБИ 15.ХУСУСИЯТҲОИ АДОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДӢ ДАР КОЛОНИЯҲОИ ТАРБИЯВӢ

Моддаи 139. Намуди колонияҳои тарбиявӣ

Колонияҳои тарбиявӣ ба колонияҳои низоми умумӣ ва низоми пурзӯр тақсим мешаванд.

Моддаи 140. Колонияҳои тарбиявии низоми умумӣ

1. Дар колонияҳои тарбиявии низоми умумӣ ноболиғони ҷинси мард, ки бори аввал ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, инчунин ҳамаи маҳкумшудагони ноболиғи ҷинси зан ҷазоро адо мекунанд. Ашхосе, ки барои ҷинояти начандон вазнин ва дараҷаи миёна маҳкум шудаанд, аз ашхосе, ки барои ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин маҳкум шудаанд, ҷудо нигоҳ дошта мешаванд.

2. Дар колонияҳои тарбиявии низоми умумӣ маҳкумшудагон:

а) дар биноҳои муқаррарии истиқоматӣ нигоҳ дошта мешаванд;

б) ҳуқуқ доранд барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз маблағи дар ҳисобномаи шахсӣ доштаашонро бе маҳдудият харҷ кунанд;

в) бидуни маҳдудият ба мулоқоти кӯтоҳмуддат ва дар тули сол ба шаш мулоқоти дарозмуддат ҳуқуқ доранд;

г) ҳуқуқ доранд бидуни маҳдудият фириста, дастовез ва баста гиранд.

3. Ҳангоми рафтори шоиста ва муносибати софдилона ба меҳнат ва таҳсил, бо гузашти на камтар аз чоряки ҳиссаи мӯҳлати ҷазо маҳкумшудагонро ба шароити беҳбудигардонидашудаи нигоҳдошт гузаронидан мумкин аст. Дар ин ҳолат ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки:

а) бо қарори маъмурияти колонияи тарбиявӣ берун аз ҳудуди колонияи тарбиявӣ мулоқот гузаронанд;

б) ҳангоми рухсатии ҳарсола бо қарори маъмурияти колонияи тарбиявӣ, мутобиқи моддаи 98 ҳамин Кодекс, берун аз маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ сафар кунанд.

Моддаи 141. Колонияи тарбиявии низоми пурзӯр

1. Дар колонияҳои тарбиявии низоми пурзӯр маҳкумшудагони ноболиғи ҷинси мард, ки қаблан ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, нигоҳ дошта мешаванд.

2. Дар колонияҳои тарбиявии низоми пурзӯр маҳкумшудагон:

б) ҳуқуқ доранд барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз аз маблағи дар ҳисобномаҳои шахсӣ доштаашон бе маҳдудият харҷ кунанд;

в) бидуни маҳдудият ба мулоқоти кӯтоҳмуддат ва дар тӯли сол ба чор мулоқоти дарозмуддат ҳуқуқ доранд;

3. Ҳангоми рафтори шоиста ва муносибати софдилона ба меҳнат ва таҳсил, бо гузашти на камтар аз сеяки мӯҳлати адои ҷазо, маҳкумшудагонро ба шароити беҳбудгардонидашудаи нигоҳдошт гузаронидан мумкин аст. Дар ин ҳолат ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки ҳангоми рухсатии ҳарсола бо қарори маъмурияти колонияи тарбиявӣ, мутобиқи моддаи 98 ҳамин Кодекс, берун аз маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ сафар кунанд.

Моддаи 142. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ, ки нисбат ба ашхоси аз озодӣ маҳрумшуда дар колонияҳои тарбиявӣ татбиқ карда мешаванд

Барои рафтори шоиста, муносибати софдилона ба меҳнат ва таҳсил, иштироки фаъолона дар ташкилотҳои худфаъолият ва чорабиниҳои тарбиявӣ нисбат ба маҳкумшудагони ноболиғ дар баробари чораҳои пешбининамудаи бандҳои а), б) ва в) қисми 1 моддаи 118 ҳамин Кодекс инчунин чораҳои ҳавасмандгардонии зайл татбиқ шуданаш мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307):

а) додани ҳуқуқи ташриф овардан дар чорабиниҳои фарҳангию тамошобоб ва варзишӣ берун аз ҳудуди колонияи тарбиявӣ бо ҳамроҳии кормандони колония;

б) додани ҳуқуқи баромадан аз ҳудуди колонияи тарбиявӣ бо ҳамроҳии волидайн ё ашхоси ивазкунандаи онҳо ё дигар хешу ақрабои наздик;

в) пеш аз мӯҳлат озод кардан аз изолятори интизомӣ.

Моддаи 143. Тартиби татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ

1. Ба маҳкумшудагоне, ки тибқи тартиби ҳавасмандгардонӣ ҳуқуқи ташриф овардан дар чорабиниҳои фарҳангию тамошобоб ва варзишӣ берун аз ҳудуди колонияи тарбиявӣ бо ҳамроҳии кормандони колония ё ҳуқуқи баромадан аз ҳудуди колония бо ҳамроҳии волидайн ё ашхоси ивазкунандаи онҳо ё дигар хешу ақрабои наздик дода шудааст, либосҳои граждании онҳо дода мешавад.

2. Ташрифи маҳкумшудагон дар чорабиниҳои фарҳангию тамошобоб ва варзишӣ, ки шабона гузаронида мешаванд, манъ аст.

3. Давомнокии баромадан аз ҳудуди колонияҳои тарбиявӣ аз ҷониби сардори колония муайян гардида, вале наметавонад аз ҳашт соат бештар бошад.

Моддаи 144. Чораҳои муҷозот, ки нисбат ба ашхоси аз озодӣ маҳрумшуда дар колонияҳои тарбиявӣ татбиқ карда мешаванд

Барои вайрон кардани тартиби муқарраршудаи адои ҷазо нисбат ба маҳкумшудагони ноболиғ дар баробари чорабиниҳои пешбининамудаи бандҳои "а", "б" ва "в" қисми якуми моддаи 120 ҳамин Кодекс, чораҳои муҷозотии зерин татбиқ карда мешаванд:

а) маҳрум сохтан аз ҳуқуқи тамошои кинофилмҳо дар тӯли як моҳ;

б) ҷойгир кардан ба изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) интизомӣ ба мӯҳлати то ҳафт шабонарӯз бо баровардан ба идомаи таҳсил.

Моддаи 145. Тартиби татбиқи чораҳои муҷозот нисбат ба ашхоси аз озодӣ маҳрумшуда дар колонияҳои тарбиявӣ

1. Ба маҳкумшудагони дар изолятори интизомӣ ҷойгиркардашуда мулоқоти дарозмуддат, гуфтугӯи телефонӣ, харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз, гирифтани фириста, дастовез ва баста, тамошои кинофильм ва барномаҳои телевизион, истифодаи бозиҳои рӯимизӣ манъ аст. Онҳо метавонанд аз ҳуқуқи гаштугузори ҳамарӯза бо давомнокии ду соат истифода баранд.

2. Нисбат ба ашхосе, ки дар изолятори интизомӣ ҷойгир карда шудаанд ҳамагуна навъи муҷозот, ба истиснои ҷойгиркунӣ дар изолятори интизомӣ, истифода бурда мешавад.

3. Пеш аз мӯҳлат аз изолятори интизомӣ озод кардани маҳкумшуда аз ҷониби сардори колонияҳои тарбиявӣ ё шахси ивазкунандаи ӯ тибқи тартиби ҳавасмандгардонӣ, инчунин тибқи хулосаи тиббӣ истифода бурда мешавад.

Моддаи 146. Шахсони мансабдори колонияҳои тарбиявӣ, ки чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотро нисбат ба маҳкумшудагон татбиқ менамоянд

1. Сардорони колонияҳои тарбиявӣ ё ашхоси ивазкунандаи онҳо дорои ҳуқуқи дар ҳаҷми пурра истифода бурдани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозот мебошанд.

2. Сардорони отрядҳо ҳуқуқ доранд чораҳои зайли ҳавасмандгардониро истифода баранд:

а) раҳматнома эълон кунанд;

б) пеш аз мӯҳлат бардоштани муҷозоти қаблан додаи сардори отряд.

3. Мураббиёни шӯъбаҳо ҳуқуқ доранд чораҳои зерини ҳавасмандгардониро истифода баранд:

а) раҳматнома эълон кунанд;

б) пеш аз мӯҳлат бардоштани муҷозоти қаблан додаи мураббии шӯъба.

4. Сардорони отрядҳо ҳуқуқ доранд чораҳои зерини муҷозотро истифода баранд:

а) танбеҳи шифоҳӣ эълон кунанд;

б) маҳрум кардан аз ҳуқуқи тамошои кинофилмҳо ба мӯҳлати як моҳ.

5. Мураббиёни шӯъбаҳо ҳуқуқ доранд танбеҳи шифоҳӣ эълон кунанд.

Моддаи 147. Дар колонияҳои тарбиявӣ монондани маҳкумшудагони ба балоғатрасида

1. Дар ҳолатҳои истисноӣ, ҳангоми мусбӣ арзёбӣ гардидани рафтори маҳкумшудаи ба синни 18 расида, суд метавонад ӯро то ба синни 20 расидан бо пешниҳоди сардори колонияи тарбиявӣ ва бо розигии прокурор дар колонияи тарбиявӣ мононад.

2. Нисбат ба маҳкумшудаи ба синни 18 расидае, ки дар колонияи тарбиявӣ мононда шудааст, шартҳои адои ҷазо, меъёри хӯрокворӣ ва таъминоти моддию маишии барои маҳкумшудагони ноболиғ муқарраргардида татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1444).

Моддаи 148. Гузаронидани маҳкумшудагон аз колонияҳои тарбиявӣ ба колонияҳои ислоҳӣ

1. Шахсони ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, ки ба синни 18 расидаанд, бо пешниҳоди сардори муассиса ва розигии прокурор аз ҷониби суд ба колонияҳои ислоҳӣ аз рӯи низоми адои ҷазои таъингардида гузаронида мешаванд.

2. Маҳкумшудагоне, ки ба синни 20 расидаанд, бо қарори сардори колонияи тарбиявӣ барои адои минбаъдаи ҷазо ба колонияҳои ислоҳӣ аз рӯи низоми адои ҷазои таъингардида гузаронида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1444).

Моддаи 149. Ташкили раванди таълимию тарбиявӣ

1. Бо мақсади ислоҳи ашхоси аз озодӣ маҳрумшуда ва омода сохтани онҳо ба ҳаёти мустақилона раванди ягонаи таълимию тарбиявӣ ташкил карда мешавад, ки барои ташаккули рафтори итоаткорона нисбат ба қонун, муносибати софдилона ба меҳнат ва таҳсил, соҳиб шудан ба таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нӯҳсола), омодагии касбӣ, боло бурдани сатҳи маърифат ва фарҳанг равона карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

2. Соҳиб шудан ба таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нӯҳсола), маълумоти касбӣ ва омодагии касбии маҳкумшудагон дар заминаи мактабҳои шабонаи таҳсилоти умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ ва корхонаҳои колонияи тарбиявӣ анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48аз 14.05.2016 № 1307).

Моддаи 150. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар фаъолияти колонияҳои тарбиявӣ

1. Барои расонидани кӯмак ба маъмурияти колонияҳои тарбиявӣ ҷиҳати ташкили раванди таълиму тарбиявӣ ва таҳкими заминаи моддию техникӣ, барои ҳалли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии маҳкумшудагон, ҷобаҷокунии меҳнатӣ ва маишии ашхоси озодшаванда дар назди колонияи тарбиявӣ аз ҳисоби намояндагони корхонаю ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон Шӯрои васиён (парасторон) таъсис дода мешавад. Ташкил ва фаъолияти Шӯрои васиён тибқи низомномаи намунавӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, танзим карда мешавад.

2. Ба мақсади баланд бардоштани самаранокии таъсири тарбиявӣ ба маҳкумшудагон ва кӯмак ба маъмурияти колонияҳои тарбиявӣ дар назди отрядҳои колония аз ҳисоби падару модарон ё ашхосе, ки онҳоро иваз мекунанд ва дигар хешу ақрабои наздики маҳкумшудагон кумитаҳои волидайн таъсис дода шуданашон мумкин аст. Фаъолияти кумитаҳои волидайн тибқи Низомномае, ки сардори колонияи тарбиявӣ тасдиқ менамояд, танзим карда мешавад.

3. Дар фаъолияти колонияҳои тарбиявӣ инчунин дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок карда метавонанд.

ФАСЛИ VI.ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲДУД КАРДАН ДАР ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ВА НИГОҲ ДОШТАН ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ ИНТИЗОМӢ НИСБАТ БА ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИИ МАҲКУМШУДА

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

БОБИ 16.ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲДУД КАРДАН ДАР ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Моддаи 151. Маҳал ва тартиби иҷрои ҷазо дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ

1. Маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ мутобиқи ҳукми суд дар ҷои хизмати хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда адо карда мешавад.

2. Ҳангоми таъин намудани ҷазо дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ нусхаи ҳукме, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст ва фармоиш дар хусуси иҷрои он дар давоми на дертар аз даҳ рӯз аз ҷониби суд ба нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармондеҳии қисми ҳарбии маҳалли хизмати хизматчии ҳарбии маҳкумшуда фиристода мешавад.

3. Мутобиқи ҳукми суд командири қисми ҳарбӣ дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи пас аз гирифтани нусхаи ҳукми аз суд воридшуда ва фармоиш дар мавриди иҷрои он фармон мебарорад, ки дар он бо кадом асос ва дар давоми кадом мӯҳлат хизматчии ҳарбии маҳкумшуда барои ба мансаби баландтар ва гирифтани рутбаи навбатии ҳарбӣ пешниҳод намегардад, эълон карда мешавад. Чунин мӯҳлат ба мӯҳлати собиқаи хизмат ҷиҳати додани рутбаи навбатии хизматӣ ба ҳисоб гирифта намешавад. Ба ғайр аз ин зикр карда мешавад, ки дар кадом миқдор доштани маблағ аз таъминоти пулии хизматчии ҳарбии маҳкумшуда тибқи ҳукми суд дар давраи адои ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ мутобиқи моддаи 53 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фоидаи давлат нигоҳ дошта мешавад. Фармон дар қисми ҳарбӣ эълон ва ба маълумоти хизматчии ҳарбии маҳкумшуда расонида шуда, ҷиҳати иҷро қабул мегардад.

4. Дар бораи ворид шудани ҳукм, оид ба баровардани фармони дахлдор ва оид ба қабули он ҷиҳати иҷро командири қисми ҳарбӣ дар мӯҳлати се рӯз судеро , ки ҳукм баровардааст ва нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро огоҳ месозад. Нусхаи фармон ба суд фиристода мешавад.

Моддаи 152. Ташкили иҷрои ҷазо дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ

1. Нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ин навъи ҷазоро ба ҷо меорад, баҳисобгирии ҳамаи ашхоси ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшударо анҷом медиҳад; тартиб ва шароити адои ҷазоро тавзеҳ медиҳад; назорати саҳеҳи нигоҳ доштани маблағро аз таъминоти пулии маҳкумшудагон, инчунин аз ҷониби фармондеҳи қисмҳои ҳарбӣ риоя кардани шароити адои ҷазоро, ки қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, анҷом медиҳад; дар гузаронидани корҳои тарбиявӣ бо маҳкумшудагон иштирок менамояд; нисбат ба маҳкумшудагон чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотиро татбиқ мекунад; ҷустуҷӯи маҳкумшудагонеро, ки ҷои зисташон номаълум аст, анҷом медиҳад.

2. Дар сурати ба эҳтиёт ё истеъфо рафтани хизматчии ҳарбӣ, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ адо мекунад, суд мӯҳлати адонашудаи ҷазоро бо ҷазои корҳои ислоҳӣ иваз мекунад. Агар хизматчии ҳарбӣ ҳангоми озод шудан аз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри қобили меҳнат эътироф шуда бошад, суд ӯро аз ҷазо озод мекунад.

Моддаи 153. Шароити адои ҷазои маҳдуд кардани хизмати ҳарбӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ

1. Ашхоси ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшуда вазифадоранд тартиб ва шартҳои иҷрои ҷазоро риоя намуда, нисбат ба хизмати ҳарбӣ софдилона муносибат кунанд.

2. Аз таъминоти пулии ашхоси ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшуда дар давоми мӯҳлати адои ҷазо дар миқдори муайяннамудаи ҳукми суд нигоҳ доштани маблағ ба фоидаи давлат анҷом дода мешавад.

3. Дар давоми мӯҳлати адои ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ бо хоҳиши худ аз ҷои хизмат ба дигар ҷой гузаронидани маҳкумшудагон бидуни иҷозати нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ин намуди ҷазоро ба ҷо меорад, манъ аст.

4. Мӯҳлати адои ҷазо ба собиқае, ки барои гирифтани имтиёз, иловапулии фоизнок ва таъминоти пулию моддӣ ҳуқуқ медиҳад, ба ҳисоб гирифта намешавад.

5. Ашхоси ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшуда ба рухсатии пардохташаванда бо давомнокии бист рӯз ҳуқуқ доранд.

6. Ба ашхосе, ки ин намуди ҷазоро адо мекунанд, кӯмакпулӣ оид ба корношоямии муваққатӣ, ҳомила ва таваллуд аз ҳисоби маблағҳои пулӣ, баъди нигоҳ доштани маблағи тибқи ҳукми суд таъингардида, дода мешавад.

Моддаи 154. Баҳисобгирии мӯҳлати маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ

1. Мӯҳлати адои ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ бо моҳҳо ва рӯзҳо, ки дар тӯли он маҳкумшуда хизматро адо менамуд ва нигоҳ доштани маблағ аз таъминоти пулии ӯ сурат мегирифт, ҳисоб карда мешавад. Ба ин мӯҳлат инчунин вақте ки дар давоми он маҳкумшуда бо сабабҳои узрнок дар хизмат набуд, низ ба ҳисоб гирифта мешавад.

2. Агар дар давраи адои ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ нисбат ба маҳкумшуда муҷозоти интизомӣ дар намуди нигоҳ доштан дар гауптвахта ё тибқи тартиби чораи пешгирӣ баҳабсгирӣ истифода бурда шавад, дар ин сурат ин мӯҳлат ба мӯҳлати адои ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба ҳисоб гирифта намешавад.

Моддаи 155. Аз ҷое ба ҷое гузаронидани хизматчии ҳарбии маҳкумшуда вобаста ба хизмат

Агар бо назардошти хусусияти ҷинояти содиршуда ва дигар ҳолатҳо дар мансаб будани хизматчии ҳарбии маҳкумшуда вобаста бо роҳбарӣ ба тобеон имконнопазир бошад, ӯ бо қарори командири қисми ҳарбии дахлдор, бо мувофиқаи нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳудуди қисми ҳарбӣ ва ё ба дигар қисм ё маҳалл ба вазифаи дигар гузаронида мешавад ва дар ин маврид суде, ки ҳукм баровардааст, огоҳ карда мешавад.

Моддаи 156. Тартиби нигоҳ доштани маблағ аз таъминоти пулии ашхоси ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшуда

1. Ҳаҷми нигоҳдошташавандаи маблағ аз таъминоти пулии хизматчии ҳарбии маҳкумшуда, ки бо ҳукми суд муқаррар карда шудааст, аз рӯи маоши мансабӣ, маош вобаста ба рутбаи ҳарбӣ, иловапулиҳои ҳармоҳа , иловапулиҳо ва дигар пардохтҳои пулии иловагӣ бидуни хориҷ кардани пардохтҳои гуногун аз ин маблағ, инчунин сарфи назар аз мавҷуд будани даъво вобаста ба варақаҳои иҷро нисбат ба маҳкумшуда, ҳисоб карда мешавад.

2. Аз инҳо нигоҳ доштани маблағ анҷом дода намешавад: ёрдампулие, ки тибқи тартиби таъминоти иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ дода мешавад; пардохтҳои дорои хусусияти якдафъаина; маблағҳое, ки ҳамчун ҷубронпулӣ барои хароҷот вобаста ба сафарҳои хизматӣ пардохта шудаанд , инчунин дигар ҷубронпулиҳо.

3. Маблағҳои нигоҳдошташуда ҳар моҳ дар рӯзи додани таъминоти пулии кафолатдодашуда ба фоидаи давлат гузаронида мешаванд.

Моддаи 157. ӯҳдадории фармондеҳии қисмҳои ҳарбии маҳалли адои ҷазои ашхоси ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшуда

Ба зиммаи фармондеҳии қисмҳои ҳарбии маҳалли адои ҷазои ашхоси ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшуда ӯҳдадориҳои зайл гузошта мешавад:

а) ба маълумоти ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ расонидани ҳукми суд;

б) назорати рафтори маҳкумшудагон дар хизмат ва маишат ва иштирок дар корҳои тарбиявӣ нисбат ба маҳкумшудагон;

в) дуруст ва сари вақт нигоҳ доштани маблағ аз таъминоти пулии маҳкумшудагон ба фоидаи давлат ва интиқоли сари вақти маблағи нигоҳдошташуда тибқи тартиби муқарраргардида;

г) огоҳ намудани нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси нисбат ба маҳкумшуда истифода бурдани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозот, дар хусуси рафтори шоиста ва саркашии ӯ аз адои ҷазо;

д) қатъиян риоя намудани тартиб ва шароитҳои адои ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, ки ҳамин Кодекс пешбинӣ кардааст.

Моддаи 158. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотӣ нисбат ба ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ адо мекунанд

1. Нисбат ба ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ адо мекунанд, фармондеҳии қисми ҳарбии маҳалли адои ҷазо, инчунин нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ҷазоро анҷом медиҳад, мутобиқи Низомнома дар бораи адои хизмати ҳарбӣ чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотро истифода мебаранд.

2. Ҳангоми рафтори шоиста ва муносибати софдилона ба хизмати ҳарбӣ маҳкумшудагон аз ҷониби фармондеҳии қисми ҳарбӣ, бо мувофиқаи нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки иҷрои ҷазоро анҷом медиҳад, барои шартан пеш аз мӯҳлат озод шуданашон пешниҳод шуда метавонанд.

Моддаи 159. Қатъ кардани иҷрои ҷазо дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ

Дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз то гузашти мӯҳлати маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, ки бо ҳукми суд муқаррар ва бо фармон дар қисми ҳарбӣ эълон шудааст, командири қисми ҳарбӣ, бо огоҳонии минбаъдаи нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди қатъ кардани иҷрои ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ бо зикри таърихи қатъ кардани он фармон мебарорад. Нусхаи қарор ба суде, ки ҳукм баровардааст, фиристода мешавад.

БОБИ 17.Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 160. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 161. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 162. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 163. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 164. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 165. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

БОБИ 18.ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ НИГОҲ ДОШТАН ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ ИНТИЗОМӢ

Моддаи 166. Маҳалли адои ҷазои нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ

1. Хизматчиёни ҳарбие, ки ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкум шудаанд, ҷазоро дар баталонҳои алоҳидаи интизомӣ ё ротаҳои алоҳидаи интизомӣ адо мекунанд. Сохтори ташкилии қисмҳои ҳарбии интизомӣ ва ҳайати он аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

2. Ашхосе, ки ҷазоро дар намуди нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ адо мекунанд, дорои ӯҳдадорӣ ва ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи қонун ва оинномаҳои ҳарбӣ мебошанд, ки барои хизматчиёни хизмати хатмии ҳарбӣ, бо маҳдудиятҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ, муқаррар карда шудааст.

Моддаи 167. Тартиби фиристодан ва қабули хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда барои нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ

1. Хизматчиёни ҳарбие, ки барои нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкум шудаанд, аз ҷониби командири қисми ҳарбӣ дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи гирифтани фармоиши суд дар бораи иҷрои ҳукме, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, таҳти назорати посбонон барои адои ҷазо фиристода мешаванд.

2. Тартиби фиристодан ва қабули хизматчиёни ҳарбии маҳкумшударо Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муайян мекунад.

3. Фармондеҳии қисми ҳарбӣ вазифадор аст, оилаи маҳкумшударо, ки нисбат ба ӯ ҳукм эътибори қонунӣ пайдо кардааст, дар хусуси ҷиҳати адои ҷазо ба куҷо фиристода шуданаш огоҳ созад.

4. Фармондеҳии қисми ҳарбии интизомӣ судеро, ки ҳукм баровардааст, дар мавриди иҷрои он ва маҳалли аз тарафи маҳкумшуда адо намудани ҷазо фавран огоҳ месозад.

Моддаи 168. Воситаҳои асосии ислоҳи ашхоси ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкумшуда

1. Воситаҳои асосии ислоҳи ашхоси ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкумшуда иборатанд аз: тартиби муқарраршуда ва низоми адои ҷазо, кори тарбиявӣ, омодагии ҷангӣ ва башардӯстона, инчунин меҳнат.

2. Воситаҳои ислоҳи маҳкумшудагон бо назардошти хусусият ва дараҷаи хавфи ҷамъиятии ҷинояти содиршуда , шахсияти маҳкумшуда, инчунин рафтор ва муносибати ӯ ба хизмати ҳарбӣ ва меҳнат истифода бурда мешаванд.

Моддаи 169. Низом дар қисми ҳарбии интизомӣ

1. Дар қисми ҳарбии интизомӣ тартиби иҷро ва адои ҷазо, ки ба ислоҳи хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда, тарбияи интизоми ҳарбии онҳо мусоидат намуда, муносибати бошууронаро нисбат ба хизмати ҳарбӣ, иҷрои ӯҳдадории ҳарбии ба зиммаашон гузошташуда ва талабот оид ба омодагии ҳарбӣ, татбиқи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунӣ, ҳифзи хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда ва назорати онҳо, амнияти шахсии хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда ва кормандони қисми ҳарбии зикршударо таъмин менамояд, муқаррар карда мешавад.

2. Низом дар қисми ҳарбии интизомӣ мутобиқи талаботи боби 10 ҳамин Кодекс ва ҳамин модда таъмин карда мешавад.

3. Хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда бояд талаботи низоми дар қисми ҳарбии интизомӣ муқарраршударо риоя кунанд.

4. Дар давраи адои ҷазо дар қисми ҳарбии интизомӣ ҳамаи хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда, сарфи назар аз рутбаи ҳарбӣ ва мансаби қаблан ишғолнамудаашон, дар вазъи сарбоз (аскар) қарор доранд.

5. Маҳкумшудагон сару либоси муқарраргардидаи якхелаи дорои погонҳои аскари қаторӣ мепӯшанд. Ба онҳо иҷозат дода мешавад, ки танҳо мӯи сари кӯтоҳ ороста дошта бошанд. Маҳкумшудагон мутобиқи Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ метавонанд дар ҳудуди қисми ҳарбӣ ҳаракат кунанд, таҳти кофтуков қарор гирифтанашон мумкин аст. Мукотиботи маҳкумшудагон таҳти сензура қарор дода шуда ва фириста, дастовез ва бастаи онҳо аз назар гузаронида (тафтиш карда) мешавад.

6. Пул, коғазҳои киматнок ва дигар арзишҳое, ки аз хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда ёфт шудаанд, гирифта шуда мутобиқи қоидаҳои муайяншуда то адои мӯҳлати ҷазо нигоҳ дошта мешаванд. Чизу чораҳо ва моддаҳои манъшудае, ки аз хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда гирифта шудаанд, барои нигоҳдорӣ супорида мешаванд ё бо фармони командири қисми ҳарбии интизомӣ нобуд карда, дар ин бора санади дахлдор тартиб дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1444).

7. Номгӯӣ, миқдори асбобу анҷом ва чизу чорае, ки маҳкумшудагон бо худ дошта метавонанд, тибқи Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муқаррар карда мешавад.

8. Тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс, инчунин Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки бо ҳисоби ғайринақдӣ озуқаворӣ, маводи мавриди ниёз ва дигар молҳои саноатии истифодаашон манънашударо харидорӣ кунанд, хароҷоти хизматрасонии иловагии табобату пешгирии бемориро пардозанд, фириставу дастовез ва баста гиранд, мулоқот кунанд, мукотиба ва гуфтугӯҳои телефонӣ дошта бошанд, пул фиристанд ва муросилоти пулӣ гиранд.

Моддаи 170. Тартиби рӯз дар қисми ҳарбии интизомӣ

1. Дар қисми ҳарбии интизомӣ тартиби дохилии рӯз аз ҷониби командири ин қисм мувофиқи Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ, ки мутобиқи ҳамин Кодекс таҳия шудааст, муайян карда мешавад.

2. Тартиби рӯзи маҳкумшудагон бояд рафтори қатъии батанзимдаровардашудаи онҳоро дар давоми рӯз пешбинӣ намуда, вақти корӣ, фароғат, гузаронидани омодагии ҷангӣ ва хизматиро дар бар гирад.

3. Тартиби рӯз тибқи фармон ба маълумоти ҳамаи маҳкумшудагон расонида мешавад.

Моддаи 171. Низоми шароитҳои махсус дар қисми ҳарбии интизомӣ

Маҳдуд кардан, боздоштан ва ё иваз кардани низом дар қисми ҳарбии интизомӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 172. Мулоқот, гуфтугӯи телефонӣ ва гирифтани фиристаю дастовез ва баста аз ҷониби маҳкумшудагон

1. Ба хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда мулоқот дода мешавад:

а) кӯтоҳмуддат, бо давомнокии то чор соат, вале на бештар аз як маротиба дар як моҳ;

б) дарозмуддат, дар ҳудуди қисми ҳарбии интизомӣ бо давомнокии на бештар аз се шабонарӯз, вале на бештар аз як маротиба дар ду моҳ.

2. Мулоқоти кӯтоҳмуддат дар ҳузури намояндаи қисми ҳарбии интизомӣ дода мешавад. Мулоқоти дарозмуддат бо ҳуқуқи зисти якҷоя бо хешовандони наздик ва дар ҳолатҳои мустасно бо дигар ашхос дода мешавад.

3. Дар ҳолатҳои бемории вазнини маҳкумшуда командири қисми ҳарбии интизомӣ ба хешовандони наздики маҳкумшуда иҷозат медиҳад, ки ӯро хабар гиранд.

4. Барои гирифтани кӯмаки ҳуқуқӣ тибқи аризаи маҳкумшудагон бо адвокат мулоқот фароҳам оварда мешавад. Бо хоҳиши маҳкумшуда ё ашхоси зикргардида мулоқот дар танҳоӣ сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1231).

5. Ба маҳкумшудагон дар сурати мавҷуд будани имконоти техникӣ ҳуқуқи гуфтугӯи телефонӣ дода мешавад. Гуфтугӯи телефонӣ аз ҳисоби шахсии маҳкумшуда пардохта мешавад.

6. Ба маҳкумшудагон мувофиқи хоҳиши онҳо иҷозат дода мешавад, ки мулоқотҳои дарозмуддатро бо мулоқотҳои кӯтоҳмуддат иваз кунанд.

7. Дар давраи адои ҷазо ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки бе маҳдудият фириста, дастовез ва баста гиранд.

8. Тартиби фароҳам овардани мулоқот, гуфтугӯи телефонӣ, қабул ва супоридани фириста, дастовез ва баста, инчунин номгӯи чизу чорае, ки гирифтани онҳо ба маҳкумшудагон манъ гардидааст, Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муқаррар менамояд.

Моддаи 173. Аз ҷониби маҳкумшудагон гирифтан ва фиристодани муросилоти пулӣ

1. Ба хизматчиёни ҳарбии ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкумшуда иҷозат дода мешавад, ки муросилоти пулӣ гиранд ва пул фиристанд.

2. Маблағҳои пулии ба номи маҳкумшудагон воридгардида ба ҳисобномаи шахсии онҳо гузаронида шуда, дар ин маврид маҳкумшудагон огоҳ карда мешаванд. Баргардонидани ин маблағҳо ба маҳкумшудагон ҳангоми озод карда шуданашон сурат мегирад.

Моддаи 174. Аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда харидани озуқаворӣ ва дигар маводи мавриди ниёз

Маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд, ки аз маблағи дар ҳисобномаи шахсиашон буда бе маҳдудият озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз харанд.

Моддаи 175. Мукотибаи хизматчиёни ҳарбии ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкумшуда

1. Ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки аз ҳисоби шахсии худ бидуни маҳдудият мактубу барқия гиранд ва фиристанд.

2. Супурдани мактуби ба номи маҳкумшуда расида, инчунин фиристодани онҳо аз ҷониби старшинаи рота ё муовини командири взвод дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи расидани он ба қисми ҳарбӣ ё супурдани он аз ҷониби маҳкумшуда анҷом дода мешавад.

Моддаи 176. Сафарҳои кӯтоҳмуддат берун аз ҳудуди қисми ҳарбии интизомӣ

1. Ба хизматчиёни ҳарбии маҳкумшудаи дар қисми ҳарбии интизомӣ ҷойгиршуда мумкин аст сафари кӯтоҳмуддат берун аз ҳудуди қисми ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати на бештар аз ҳафт шабонарӯз, бидуни назардошти вақти барои рафтуомади зарурӣ (на бештар аз 5 шабонарӯз)дар ҳолатҳои мустаснои шахсӣ иҷозат дода шавад: фавт ё бемории вазнини хешовандони наздик, ки ба ҳаёти бемор таҳдид мекунад; офатҳои табиӣ, ки ба маҳкумшуда ё аъзои оилаи ӯ зарари калони моддӣ расонидааст.

2. Аризаи маҳкумшуда дар мавриди сафари фаврӣ вобаста ба ҳолатҳои мустаснои шахсӣ бояд дар мӯҳлати як шабонарӯз баррасӣ шавад. Иҷозати сафари кӯтоҳмуддат аз тарафи командири қисми ҳарбии интизомӣ ё сардори штаб, бо мувофиқаи прокурори ҳарбӣ, бо назардошти шахсият ва рафтори маҳкумшуда дода мешавад. Радди иҷозати сафари кӯтоҳмуддат бояд асоснок карда шавад. Мӯҳлати берун аз ҳудуди қисми ҳарбии интизомӣ қарор доштани маҳкумшуда ба мӯҳлати адои ҷазо ба ҳисоб гирифта мешавад. Арзиши роҳи маҳкумшуда шахсан ё аз ҷониби хешовандони ӯ пардохта мешавад. Ҳангоми берун аз ҳудуди қисми ҳарбии интизомӣ қарор доштан ба маҳкумшуда музди меҳнат ҳисоб карда намешавад.

3. Тартиби ба маҳкумшудагон додани сафари кӯтоҳмуддат берун аз ҳудуди қисми ҳарбии интизомӣ вобаста ба ҳолатҳои мустаснои шахсӣ аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мувофиқаи Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян карда мешавад.

Моддаи 177. Аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардани ашхоси дар қисми ҳарбии интизомӣ ҷойгиркардашуда бидуни посбон

1. Ба маҳкумшудагони алоҳидае, ки ба қатори ислоҳшудагон дохил карда шудаанд, пас аз адои на камтар аз сеяки мӯҳлати ҷазо мумкин аст иҷозати аз як ҷой ба ҷойи дигар ҳаракат кардан бидуни посбон берун аз ҳудуди қисми ҳарбии интизомӣ дода шавад, агар ин вобаста ба хусусияти кори иҷро менамудаи ӯ зарур бошад. Иҷозати аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан бидуни посбон бо фармони командири қисми ҳарбии интизомӣ ба расмият дароварда мешавад.

2. Қоидаҳои рафтори маҳкумшудагоне, ки барояшон иҷозати аз як ҷой ба ҷойи дигар ҳаракат кардан бидуни посбон берун аз ҳудуди қисми ҳарбии интизомӣ дода шудааст, аз ҷониби командири ин қисм муайян карда мешавад.

3. Дар сурати аз ҷониби маҳкумшуда вайрон кардани низом, қоидаҳои рафтор ё тағйир ёфтани хусусияти кор, аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан бидуни посбон мувофиқи фармони командири қисми ҳарбии интизомӣ бекор карда мешавад.

Моддаи 178. Талаботи низом дар корхонаҳо ва иншооти истеҳсолии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар корхонаҳо, устохонаҳои қисми ҳарбии интизомӣ ва иншооти истеҳсолии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи меҳнати ашхоси гражданӣ иҷозат дода мешавад. Тартиби муносибати чунин ашхосро, ки якҷоя бо маҳкумшудагон кор мекунанд, Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муайян мекунад.

Моддаи 179. Чораҳои амниятӣ ва асосҳои истифодаи силоҳ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 979)

Чораҳои амниятӣ ва асосҳои истифодаи кувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳ тибқи моддаи 87 ҳамин Кодекс танзим карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 979).

Моддаи 180. Таклиф ва арзу шикояти маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ адо мекунанд

1. Таклиф ва арзу шикояти маҳкумшудагон, ки ба унвонии прокурори ҳарбӣ, суд ва мақомоти давлатӣ, ки ҳуқуқи назорати фаъолияти қисмҳои ҳарбии интизомиро доранд, фиристонида мешаванд, аз назар гузаронида намешаванд ва дар мӯҳлати на дертар аз як шабонарӯз тибқи марбутият фиристода мешаванд.

2. Оид ба натичаҳои баррасии таклиф ва арзу шикоят ба маҳкумшуда таҳти забонхат эълон карда мешавад.

Моддаи 181. Корҳои тарбиявӣ бо маҳкумшудагоне, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд

1. Бо ашхосе, ки ҷазоро дар қисми ҳарбии интизомӣ адо мекунанд, фармондеҳии ин қисм, якҷоя бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва хайрия афзалтар аз ҳама бо усули эътиқодмандӣ ва ҳавасмандсозии мусбии рафтори маҳкумшудагон корҳои тарбиявиро мегузаронанд.

2. Корҳои тарбиявӣ бо маҳкумшудагон бояд барои тарбияи онҳо дар рӯҳияи иҷрои софдилонаи қарзи ҳарбии худ, интизоми бошуурона, риояи қатъии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо, талаботи савганди ҳарбӣ ва оинномаҳои ҳарбӣ равона карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1360).

3. Иштироки маҳкумшудагон дар чорабиниҳои тарбиявӣ ҳавасманд гардонида шуда, ҳангоми муайян намудани дараҷаи ислоҳи онҳо ба инобат гирифта мешавад.

Моддаи 182. Ташкили корҳои тарбиявӣ

1. Корҳои тарбиявӣ бо ашхосе, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд, аз ҷониби фармондеҳи ин қисм анҷом дода мешавад.

2. Командирҳои қисмҳои ҳарбие, ки аз онҷо хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда фиристода шудаанд, бояд бо командири қисми ҳарбии интизомӣ алоқаи доимӣ дошта, ба рафтори тобеъони қаблиашон таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд ва дар ислоҳи онҳо мусоидат кунанд.

3. Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба фармондеҳии қисми ҳарбии интизомӣ дар гузаронидани корҳои тарбиявӣ бо хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда кӯмак мерасонанд.

Моддаи 183. Ташкилотҳои худфаъолият дар қисми ҳарбии интизомӣ

1. Бо максади мусоидат ба фармондеҳии қисми ҳарбии интизомӣ дар кори ислоҳ ва тарбияи маҳкумшудагон аз ҳисоби онҳое, ки бо рафтори шоиста ва муносибати софдилона ба меҳнат ва хизмати ҳарбӣ худро нишон додаанд, шӯроҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд.

2. Тартиби ташкил ва фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятии маҳкумшудагонро Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муайян мекунад.

Моддаи 184. Омодагии ҷангӣ ва умумибашарии маҳкумшудагоне, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд

1. Омодагии ҷангии маҳкумшудагон тибқи барномаи махсуси таҳиянамудаи фармондеҳии қисми ҳарбии интизомӣ мувофиқи Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ ва Оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад.

2. Бо мақсади ташаккули муносибати эҳтиромона ба арзишҳои инсондӯстӣ, рафтори итоаткорона нисбат ба қонун, боло бардоштани сатҳи фарҳангию маънавӣ, рушди ташаббуси самарабахши маҳкумшудагон дар қисми ҳарбии интизомӣ фаъолияти (омодагии) инсондӯстӣ ба роҳ монда мешавад.

3. Омодагии инсондӯстӣ дар тарбияи ғоявӣ (идеологӣ) маънавӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ ва рушди ҷисмонии маҳкумшуда, ҳамчунин инкишофи фаъолияти ҷамъиятии ӯ зоҳир мегардад. Иштирок дар чорабиниҳои омодагии инсондӯстӣ ҳавасманд гардонида шуда, ҳангоми муайян кардани дараҷаи ислоҳи маҳкумшудагон ба инобат гирифта мешавад.

Моддаи 185. Ташкили меҳнати маҳкумшудагоне, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд

1. Ташкили меҳнат бояд ба ҳалли вазифаи ислоҳи маҳкумшудагон нигаронида шавад. Маҳкумшудагон барои меҳнат ба корхонаҳои истеҳсолӣ, устохонаҳои қисми ҳарбии интизомӣ ва ё дар дигар иншоотҳое, ки Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ҷалб карда мешаванд.

2. Меҳнати маҳкумшудагон, ки берун аз қисми ҳарбии интизомӣ ба кор ҷалб карда мешаванд, бояд бо риояи талаботи ҷудонигаҳдорӣ ва назорати посбонон ташкил карда шавад.

3. Номгӯи корҳоеро, ки дар онҳо истифодаи меҳнати маҳкумшудагон манъ аст, Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муайян мекунад.

4. Меҳнати маҳкумшудагон бо риояи қоидаҳои муҳофизати меҳнат, техникаи бехатарӣ ва беҳдории истеҳсолӣ, ки қонунгузории меҳнат муқаррар намудааст, ташкил карда мешавад.

Моддаи 186. Шароити кори ашхосе, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд

1. Барои ашхосе, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ ҷазоро адо мекунанд,вақти кор, оғоз ва анҷоми кор (баста) тибқи Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муайян карда мешавад. Мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории меҳнат онҳо дар рӯзҳои ид аз кор озод карда мешаванд. Ҳангоми зарурати дар рӯзҳои истироҳат ва ид ба кор ҷалб намудани маҳкумшудагон ба онҳо дар давоми моҳ рӯзҳои дигари истироҳат фароҳам оварда мешавад.

2. Дар баъзе намудҳои кор, ки вобаста ба шароити истеҳсолӣ риояи давомнокии вақти кории муқарраршудаи ҳаррӯза ё ҳарҳафтаина имконнопазир аст, баҳисобгирии маҷмӯии вақти корӣ иҷозат дода мешавад, то ин ки давомнокии ҳисоби миёнаи вақти корӣ дар давраи баҳисобгирӣ аз ҳашт соат дар як рӯз бештар набошад.

3. Ба маҳкумшудагон рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда дода намешавад.

Моддаи 187. Пардохти музди меҳнати ашхосе, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд

Музди меҳнати ашхосе, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд, мутобиқи нархгузории муқарраршудаи корхонае, ки хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда дар он кор мекунанд, пардохта мешавад.

Моддаи 188. Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнати ашхосе, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд

Аз музди меҳнати ба хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда ҳисобкардашуда барои ҷуброни хароҷоти нигоҳдошти маҳкумшудагон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию маишии онҳо ба ҳисоби қисми ҳарбии интизомӣ гузаронида мешавад. Маблағи боқимондаи музди меҳнати хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда ба ҳисобномаи шахсии онҳо гузаронида мешавад.

Моддаи 189. Таъминоти нафакаи ашхосе, ки ҳангоми адои ҷазо қобилияти меҳнатиро аз даст додаанд

Ашхосе, ки ҳангоми адои ҷазо қобилияти меҳнатии худро аз даст додаанд, ба нафақа ва ҷуброни зарар тибқи ҳолатҳо ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

Моддаи 190. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ, ки нисбат ба ашхоси дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ нигоҳдошташаванда истифода мегарданд

1. Нисбат ба ашхосе, ки бо рафтори шоиста ва муносибати софдилона ба хизмати ҳарбӣ ва меҳнат ба роҳи ислоҳӣ рафтани хешро собит сохтаанд, инчунин ашхосе, ки дар кори ташкилотҳои худфаъолият, дигар чорабиниҳои тарбиявӣ фаъолона иштирок менамоянд, чораҳои ҳавасмандгардонии зайл истифода шуданаш мумкин аст:

а) раҳматнома эълон кардан;

б) сарфароз намудан бо тӯҳфа;

в) мукофотпулӣ;

г) иҷозат барои мулоқоти иловагии кӯтоҳмуддат ва ё дарозмуддат;

д) пеш аз мӯҳлат бардоштани муҷозоти қаблан додашуда.

2. Хизматчиёни ҳарбии маҳкумшудаеро, ки барои ислоҳи худ ба пурра адо намудани ҷазои таъиннамудаи суд эҳтиёҷманд нестанд, аз ҷониби командири қисми ҳарбии интизомӣ барои шартан пеш аз мӯҳлат аз ҷазо озод шуданашон пешниҳод намудан мумкин аст.

Моддаи 191. Чораҳои муҷозоте, ки нисбат ба ашхоси дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ нигоҳдошташаванда истифода мегарданд

1. Барои вайрон кардани талаботи низоми адои ҷазо нисбат ба маҳкумшудагон чораҳои муҷозоти зайл истифода бурда мешаванд:

а) танбеҳ;

б) маҳрум сохтан аз мулоқоти навбатӣ, ё аз гуфтугӯи телефонӣ ба мӯҳлати як моҳ;

в) баҳабсгирӣ тибқи тартиби интизомӣ бо нигоҳ доштан дар гауптвахта ба мӯҳлати то даҳ шабонарӯз.

2. Хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда, ки тибқи тартиби интизомӣ ба ҳабс гирифта шудаанд, ҷазоро дар камераҳои якнафара дар гауптвахтаи қисми ҳарбии интизомӣ адо мекунанд.

Моддаи 192. Тартиби татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозот

Тартиби татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозот нисбат ба маҳкумшудагоне, ки дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ҷазоро адо мекунанд ва номгӯи ашхоси мансабдоре, ки ба истифодаи он ҳуқуқ доранд, инчунин доираи салоҳияти онҳоро Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муайян мекунад.

Моддаи 193. Низоми нигоҳ доштани маҳкумшудагон дар гауптвахта

Маҳкумшудагоне, ки тибқи тартиби интизомӣ ба ҳабс гирифта шудаанд, ҳабсро дар гауптвахтаи қисми ҳарбии интизомӣ мувофиқи талаботи Оинномаи хизмати гарнизонӣ ва қаровулиии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ адо мекунанд.

Моддаи 194. Таъминоти моддию маишии ашхосе, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд

1. Барои ашхосе, ки дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд, шароити зарурии манзилию маишӣ, ки ба қоидаҳои беҳдорию беҳдоштӣ ва талаботи оинномаҳои ҳарбӣ мутобиқанд, фароҳам оварда мешавад.

2. Хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда тибқи меъёри барои хизматчиёни ҳарбӣ муқарраршуда бо озуқаворӣ ва молу мулки шайъӣ таъмин мегарданд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

3. Таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда ҳар моҳ дар ҳаҷми маоши мансабӣ ё тибқи тарифи дараҷаи якум, ки барои сарбозони даъватшудаи соли аввали хизмат муқаррар шудааст, ба ҳисобномаи шахсии онҳо гузаронида мешавад.

4. Номгӯи чизу чора таъиноти моддию маишие, ки бо худ доштан, тибқи ҳисоби ғайринақдӣ харидан ё гирифтани онҳо дар посилкаю дастовез ва бандерол ба маҳкумшудагон мумкин аст, мутобиқи Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муайян карда мешавад.

Моддаи 195. Таъминоти тиббиву беҳдории ашхосе, ки дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд

1. Дар қисми ҳарбии интизомӣ корҳои табобатию пешгирӣ ва беҳдорию зиддисироятӣ тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва анҷом дода мешаванд. Фармондеҳии қисми ҳарбии интизомӣ вазифадор аст талаботи зарурии беҳдорию беҳдоштиро, ки ҳифзи саломатии маҳкумшудагонро таъмин мекунад, иҷро кунад. Маҳкумшудагон вазифадоранд талаботи беҳдоштӣ ва беҳдории ба онҳо марбутаро ба ҷо оранд.

2. Дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ нуқтаҳои зарурии табобативу пешгирӣ (қисмҳо, муассисаҳо) таъсис дода мешаванд. Маҳкумшудагони бемор дар ҳолатҳои зарурӣ барои муолиҷа таҳти посбонӣ ба шифохонаҳои ҳарбӣ (госпитал) фиристода шуда, дар палатаҳои махсус ҷиҳозонидашуда нигоҳ дошта мешаванд. Посбонии хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда дар ҳудуди шифохонаи ҳарбӣ аз ҷониби қувваҳои сардори гарнизони маҳалли ҷойгиршавии шифохонаи ҳарбӣ ва воситаҳои он анҷом дода мешавад.

3. Тартиби ба маҳкумшудагон расонидани ёрии тиббӣ, ташкил ва гузаронидани назорати беҳдорӣ, истифодаи муассисаҳои табобатию пешгирӣ ва беҳдорию пешгирӣ ва барои чунин мақсад ҷалб намудани кормандони соҳаи тибро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 196. Баҳисобгирии мӯҳлати дар қисми ҳарбии интизомӣ гузаронидаи хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда ба собиқаи умумии хизмати ҳарбӣ

1. Мӯҳлати дар қисми ҳарбии интизомӣ гузаронидаи хизматчии ҳарбии маҳкумшуда ба собиқаи умумии хизмати ҳарбӣ ба ҳисоб гирифта намешавад.

2. Мӯҳлати дар қисми ҳарбии интизомӣ гузаронидаи хизматчии ҳарбии маҳкумшуда, ки соҳиби ихтисоси ҳарбӣ буда, талаботи оинномаҳои ҳарбиро медонад ва дақиқ ба ҷо меорад, хизматро софдилона адо мекунад ва аз қисми ҳарбии интизомӣ пас аз гузаштани мӯҳлати даъват озод карда мешавад, ба собиқаи умумии хизмати ҳарбӣ ба ҳисоб гирифта шуданаш мумкин аст.

3. Тартиби ба собиқаи умумии хизмати ҳарбӣ ба ҳисоб гирифтани мӯҳлати дар қисми ҳарбии интизомӣ гузаронидаи хизматчии ҳарбии маҳкумшуда аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад

ФАСЛИ VII.ИҶРОИ ҶАЗОҲОИ ИЛОВАГӢ

БОБИ 19.ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲРУМ КАРДАН АЗ РУТБАҲОИ ҲАРБӢ,ДИПЛОМАТӢ, РУТБАҲО, УНВОНҲОИ МАХСУС, МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ ВА УНВОНҲОИ ИФТИХОРИИ ТОҶИКИСТОН

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 197. Иҷрои ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, унвонҳои махсус ва мукофотҳои давлатӣ

1. Суде, ки дар мавриди маҳрум кардани шахси маҳкумшуда аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон ҳукм баровардааст, пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани он нусхаи ҳукмро ба мақом ё шахси мансабдоре, ки ба маҳкумшуда рутбаи ҳарбӣ ё дипломатӣ ё унвонҳои махсус ё ӯро бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонидааст, мефиристад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

2. Бо гирифтани нусхаи ҳукми суд шахси мансабдор тибқи тартиби муқарраршуда ба асноди дахлдор дар мавриди маҳрум кардани маҳкумшуда аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлати ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сабт ворид намуда, инчунин оид ба маҳрум кардани ӯ аз ҳуқуқ ва имтиёзе, ки барои ашхоси дорои чунин рутба, унвон ё мукофот пешбинӣ шудааст, чораҳо меандешад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

3. Нусхаи ҳукми суд нисбат ба хизматчии ҳарбии эҳтиётӣ ба комиссариати ҳарбии маҳалле, ки ӯ дар он ҷо дар қайди ҳарбӣ мебошад, фиристода мешавад.

4. Шахси мансабдор судеро, ки ҳукм баровардааст, дар давоми як моҳ баъди гирифтани нусхаи ҳукм дар мавриди иҷрои ҷазо огоҳ месозад.

БОБИ 20.ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МУСОДИРАИ МОЛУ МУЛК

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648)

Моддаи 198. Тартиби иҷрои ҳукми суд дар хусуси мусодираи молу мулк

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648)

1. Суде, ки ҳукм баровардааст ва дар он ба сифати ҷазои иловагӣ мусодираи молу мулк пешбинӣ гардидааст, баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани он варақаи иҷроӣ, нусхаи рӯйхати молу мулк ва нусхаи ҳукмро чиҳати иҷро ба иҷрочии мақомоти иҷро мефиристад ва дар ин маврид мақомоти дахлдори молия ва идораи амволи давлатиро огоҳ месозад. Ҳангоми дар парванда мавҷуд набудани рӯйхати молу мулки маҳкумшуда дар хусуси он, ки рӯйхати молу мулк тартиб дода нашудааст, маълумотнома фиристода мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648аз 18.03.2022 № 1854).

2. Иҷрои ҷазо дар намуди мусодираи молу мулк аз ҷониби иҷрочиёни мақомоти иҷро анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 452, аз 29.12.2010 № 648, аз 18.03.2022 № 1854).

Моддаи 199. Молу мулке, ки бояд мусодира карда шавад

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648)

1. Молу мулки маҳкумшуда, аз ҷумла ҳиссаи ӯ дар моликияти умумӣ, сармояи оинномавии (шариконаи) ташкилотҳои тиҷоратӣ, пул, коғазҳои қиматнок, дигар арзишҳо, аз ҷумла оне, ки дар ҳисобномаҳо, амонат ё барои нигаҳдошт дар ташкилотҳои молиявию қарзӣ ва бонкҳо гузошта шудааст, инчунин молу мулке, ки маҳкумшуда барои идораи ба боварӣ асосёфта супурдааст, мусодира карда мешавад. Тартиби мусодираи молу мулки маҳкумшуда, ки дар сармояи оинномавии ташкилоти тиҷоратӣ мебошад, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648, аз 23.11.2015 № 1231аз 14.05.2016 № 1307).

2. Баҳсҳо дар мавриди марбутияти молу мукл, ки мувофиқи ҳукми суд бояд мусодира карда шавад, мутобиқи тартиби мурофиаи гражданӣ ҳал карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

Моддаи 200. Амали иҷрочии мақомоти иҷро оид ба иҷрои ҳукми суд дар бораи мусодираи молу мулк

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648, аз 18.03.2022 № 1854)

1. Иҷрочии мақомоти иҷро пас аз гирифтани варақаи иҷро, нусхаи руйхати молу мулк ва нусхаи ҳукми суд фавран мавҷуд будани молу мулки дар рӯйхат бударо тафтиш карда ва дигар молу мулки мусодира шавандаро ошкор намуда, ба рӯйхат дохил мекунад. Дар сурати мавҷуд будани маълумотнома оид ба он, ки рӯйхати молу мулк тартиб дода нашудааст, иҷрочии мақомоти иҷро дар мавриди ошкор намудани молу мулки мусодирашавандаи маҳкумшуда, ки таҳти мусодира бояд қарор гирад, тадбирҳо меандешад ва ҳангоми пайдо кардани онҳо рӯйхати чунин молу мулкро тартиб медиҳад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648, аз 18.03.2022 № 1854).

2. Дар номнавис номгӯи пурра ва дақиқи ҳар як ашё, аломати фарқкунандаи он, аз ҷумла вазн, ҳаҷм, ранг, метр, дараҷаи кӯҳнашавӣ ва хусусиятҳои хоси молу мулк зикр карда мешавад.Чизу чораи рӯихатшуда пломба ё мӯҳр гузошта шуда, оиди он дар рӯйхат сабти махсус гузошта мешавад ва барои нигоҳдошт супурда мешавад. Дар рӯйхати молу мулк инчунин маълумот дар бораи ҳиссаи маҳкумшуда дар моликияти умумӣ, сармояи оинномавии (шариконаи) ташкилотҳои тиҷоратӣ, оиди пул ва коғазҳои қиматнок, дигар арзишҳо (сарват) аз ҷумла, ки дар ҳисобномаҳо ва ба амонат ё барои нигоҳдошт дар ташкилотҳои молиявию кредитӣ ва бонкҳо гузошта шудаанд, бо ҳамроҳ кардани маълумотномаҳои ташкилотҳо ва бонкҳои зикршуда дохил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648аз 14.05.2016 № 1307).

3. Иҷрочии мақомоти иҷро вазифадор аст ҷиҳати ҳифзи молу мулки мусодирашаванда ва дар руйхат сабтгардида чораҳои зарурӣ андешад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648, аз 18.03.2022 № 1854).

4. Ҳиссаи маҳкумшуда дар моликияти умумӣ бо пешниҳоди (дархости) иҷрочии мақомоти иҷро аз ҷониби суди ноҳиявӣ ё шаҳр тибқи тартиби мурофиаи гражданӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 452, аз 18.03.2022 № 1854).

Моддаи 201. ӯҳдадориҳои ашхоси сеюм нисбат ба молу мулки мусодирашаванда

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648)

1. Корхонаю ташкилот, муассиса ва шаҳрвандоне, ки дар ихтиёри онҳо молу мулки тибқи ҳукми суд мусодирашаванда мавҷуд аст, бояд дар ин бора ба суд ё мақомоти дахлдори молия ва идораи амволи давлатӣ хабар диҳанд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648, аз 18.03.2022 № 1854).

2. Корхонаю ташкилот, муассиса ва шаҳрвандоне, ки молу мулки зикршуда барояшон мувофиқи моддаи 200 ҳамин Кодекс ҷиҳати нигаҳдошт супурда шудааст,ӯҳдадоранд муҳофизати онро таъмин намоянд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

3. Барои пинҳон кардан, вайрон кардан, аз худ намудан ё исроф кардани молу мулки зикргардида гунаҳкорон мутобиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

Моддаи 202. Ба мақомоти дахлдор супоридани молу мулки мусодирашуда

(Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1854)

1. Молу мулки мусодирашуда мувофиқи талаботи қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда пас аз қонеъ намудани тамоми даъвои (талаботи) тибқи

қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба маҳкумшуда пешниҳодгардида ба мақомоти дахлдор супорида мешавад.

2. Маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва дигар молу мулки мусодирашудаи ҳаммонанд, ба истиснои молу мулке, ки дар қисми 3 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, ба мақомоти молия супорида мешаванд.

3. Молу мулки ғайриманқул, воситаҳои нақлиёт, воситаҳои техникӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маводи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ ва дигар молу мулки мусодирашудаи ҳаммонанд ба мақомоти идораи амволи давлатӣ супорида мешаванд.

4. Хароҷоти интиқол, нигоҳдории молу мулк, барқарорсозии ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва техникӣ аз ҷониби мақомоти дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур пешбинигардида пардохт карда мешаванд.

5. Вобаста ба даъво, ки бояд аз ҳисоби молу мулки мусодирашудаи маҳкумшуда қонеъ гардонда шавад, давлат дар ҳудуди дороӣ ҷавоб медиҳад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1854).

Моддаи 203. Мусодираи молу мулке, ки пас аз иҷрои ҳукм ошкор карда шудааст

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648)

Суд то гузашти мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун оиди даъвои иҷрои ҳукми айбдоркунанда, бо пешниҳоди иҷрочии мақомоти иҷро масъалаи мусодираи молу мулкро ҳал мекунад. Суде, ки ҳукм баровардааст ё суди маҳалли иҷрои ҳукм бо пешниҳоди иҷрочии мақомоти иҷро дар бораи мусодираи молу мулки мусодиранашудаи маҳкумшуда, ки баъд муайян карда шудаанд, ки ӯ то баровардани ҳукм ва ё баъди баровардани ҳукм, вале аз ҳисоби маблағе, ки бояд мусодира шавад ба даст овардааст, таъинот мебарорад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648, аз 18.03.2022 № 1854).

Моддаи 204. Анҷоми амалҳои иҷроиявӣ

1. Баъди ба мақомоти молия ва идораи амволи давлатӣ супурдани молу мулки мусодирашуда варақаи иҷроия бо сабт дар бораи иҷрои ҳукм оиди мусодираи молу мулк ба суде, ки ҳукм баровардааст, баргардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648аз 18.03.2022 № 1854).

2. Мақомоти молия ва идораи амволи давлатӣ ба суде, ки ҳукм баровардааст, оид ба маълумоти тасдиқкунандаи иҷрои ҳукм дар қисмати мусодираи молу мулк хабар медиҳанд. Тартиби ихтиёрдорӣ, нигоҳдорӣ, баҳодиҳӣ ва фурӯши молу мулки ба манфиати давлат мусодиракардашуда аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648, аз 18.03.2022 № 1854).

ФАСЛИ VIII.ОЗОД НАМУДАН АЗ АДОИ ҶАЗО.КӯМАК БА МАҲКУМШУДАГОН, КИ АЗ АДОИ ҶАЗО ОЗОД КАРДА МЕШАВАНД ВА НАЗОРАТИ ОНҲО

БОБИ 21.ОЗОД НАМУДАН АЗ АДОИ ҶАЗО КӯМАК БА МАҲКУМШУДАГОНЕ, КИ АЗ АДОИ ҶАЗО ОЗОД КАРДА МЕШАВАНД ВА НАЗОРАТИ ОНҲО

Моддаи 205. Асосҳои озод намудан аз адои ҷазо

Маҳкумшудагон дар асосҳои зайл аз адои ҷазо озод карда мешаванд:

а) пас аз адои мӯҳлати ҷазои таъиннамуда бо ҳукми суд;

б) бо қувваи санади авф ё бахшиши ҷазо;

в) бекор кардани ҳукми суд, бо қатъ карда шудани парвандаи ҷиноятӣ;

г) шартан, пеш аз мӯҳлат аз адои минбаъдаи ҷазо озод кардан;

д) ба намуди ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо;

е) бемории вазнин ё маъюбӣ;

ж) вобаста ба ҳолатҳои фавқулодда;

з) бо асосҳои дигари пешбининамудаи қонун.

Моддаи 206. Қатъи адои ҷазо ва тартиби озод кардан

1. Адои ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардани озодӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, инчунин маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ва нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ дар рӯзи охирини мӯҳлати ҷазо, бо назардошти он тағьиротҳое, ки мутобиқи қонун ба мӯҳлати ҷазо ворид карда мешаванд, қатъ мегардад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

2. Ашхоси ба маҳдуд кардани озодӣ ва маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда дар қисмати ( нимаи) аввали рӯзи охирини мӯҳлати ҷазо озод карда мешаванд. Агар мӯҳлати ҷазо дар рӯзи истироҳат ё рӯзи ид хотима ёбад, маҳкумшудагон дар арафаи рӯзи истироҳат ё арафаи рӯзи ид аз адои ҷазо озод карда мешаванд. Ҳангоми бо моҳҳо ба ҳисоб гирифтани мӯҳлати ҷазо он дар санаи дахлдори моҳи охири адои ҷазо ва агар ҳамин моҳ дорои санаи дахлдор набошад - дар рӯзи охирини ҳамин моҳ хотима меёбад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

3. Пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод намудани маҳкумшуда дар рӯзи ворид гардидани асноди дахлдор ва агар асноди озод намудан пас аз хатми рӯзи корӣ расида бошад - субҳи рӯзи дигар анҷом дода мешавад.

4. Ҳангоми озодшавӣ ба маҳкумшуда ашё, арзишҳо ва пули марбути ӯ, ки дар ҳисобномаи шахсиаш гузошта шудааст, асноди шахсӣ ва коғазҳои қиматнок инчунин асноди аз ҷазо озод шудани маҳкумшуда ва асноди фаъолияти меҳнатии ӯ супурда мешавад. Бо хоҳиши маҳкумшуда ба ӯ тавсифнома дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

5. Шиноснома, дафтарчаи меҳнатӣ ва дафтарчаи нафақаи шахси ба маҳдуд кардани озодӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, ки дар парвандаи шахсии ӯ нигоҳ дошта мешаванд, ҳангоми озодшавӣ ба дасти ӯ супурда мешаванд. Ҳангоми мавҷуд набудани чунин аснод маъмурияти муассиса ё мақоми иҷрои ҷазо қаблан ҷиҳати гирифтани чунин аснод тадбирҳо меандешад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

6. Нозироти корҳои ислоҳӣ дар рӯзи хатми мӯҳлати корҳои ислоҳӣ ва ҳангоми бо дигар асосҳо озод намудан аз ин ҷазо пас аз гирифтани асноди дахлдор на дертар аз рӯзи кории минбаъда вазифадор аст ба маъмурияти ташкилоте, ки дар он маҳкумшуда ҷазоро адо мекард, дар мавриди қатъи нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнати маҳкумшуда пешниҳод манзур кунад. Ба озодшуда дар хусуси адои ҷазо ё озод шудан аз адои ҷазо санад дода мешавад.

7. Ба шахсе, ки дар натиҷаи бекор кардани ҳукми суд вобаста ба қатъи парвандаи ҷиноятӣ аз адои ҷазо озод карда шудааст, сардори муассиса ва ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо бояд ҳуқуқҳояшро оид ба барқарор намудани ҳуқуқҳои молу мулкию меҳнатӣ, манзилӣ ва дигар ҳуқуқҳои маҳрумшудааш тавзеҳ диҳад. Дар санади озод карда шудани маҳкумшуда аз номи давлат расман узр хоста (пурсида) мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

Моддаи 207. Озод кардани хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда аз адои ҷазо

1. Хизматчиёни ҳарбие, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ё нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ адо мекунанд, аз адои минбаъдаи ҷазо дар ҳолатҳои беморӣ, ки онҳоро ба адои хизмати ҳарбӣ ношоям мегардонад, озод карда мешаванд. Қисми адонакардаи ҷазо мумкин аст ба намуди ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда шавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

2. Хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда, ки ҷазоро ҳангоми ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ адо мекунанд, дар сурати ба миён омадани дигар асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои озод намудан аз хизмати ҳарбӣ мумкин аст тибқи тартиби муқарраршуда аз ҷониби суд пеш аз мӯҳлат бо ивази қисми адонанамудаи ҷазо ба ҷазои нисбатан сабуктар ё бидуни он аз ҷазо озод карда шаванд.

Моддаи 208. Тартиби пешниҳод кардан барои пеш аз мӯҳлат озод намудан аз адои ҷазо

1. Оид ба маҳкумшудае, ки нисбаташ шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан ё ивази қисми адонакардаи ҷазо ба намуди ҷазои нисбатан сабуктар истифода шуданаш мумкин аст, муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо ба суди маҳалли адои ҷазо тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ дар хусуси шартан пеш аз мӯҳлат озод кардан аз адои ҷазо ё иваз намудани қисми адонакардаи ҷазо ба ҷазои нисбатан сабуктар бо розигии прокурор пешниҳод мефиристад (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1444).

2. Ҳангоми аз ҷониби маҳкумшуда адо кардани қисми мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун маъмурияти муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо вазифадоранд дар давоми як моҳ масъаларо баррасӣ намуда, дар бораи пешниҳод ё радди пешниҳоди шартан пеш аз мӯҳлат озод кардани маҳкумшуда аз адои ҷазо ё иваз кардани қисми адонанамудаи ҷазо ба ҷазои нисбатан сабуктар қарор бароранд.

3. Нисбати маҳкумшудае, ки барои бахшиши ҷазо пешниҳод шудааст, маъмурият ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо мутобиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шафоатномаи дахлдор манзур медорад.

4. Дар пешниҳоди шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод намудан, иваз кардани қисми адонанамудаи ҷазо ба ҷазои нисбатан сабуктар ва бахшиши ҷазо бояд маълумоти тавсифкунандаи шахсияти маҳкумшуда, инчунин рафтори ӯ, муносибат ба таҳсил ва меҳнат ҳангоми адои ҷазо, муносибати маҳкумшуда ба кирдори содирнамудааш инъикос карда шавад.

5. Дар сурати аз ҷониби суд рад кардани шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардани маҳкумшуда ё иваз кардани қисми адонакардаи ҷазо ба ҷазои нисбатан сабуктар такроран манзур кардани пешниҳод оид ба ҳамин масъалаҳо метавонад на барвақттар аз гузаштани се моҳ аз рӯзи баровардани таъиноти раддия пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

6. Тартиби татбиқи авф аз ҷониби мақоме, ки санади авфро баровардааст, муайян карда мешавад.

7. Пешниҳод дар мавриди озод намудан аз адои ҷазо вобаста ба беморӣ дар асоси хулосаи комиссияи тиббӣ аз ҷониби сардори муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо бо розигии прокурор ба суд пешниҳод карда мешавад. Ҳамзамон бо пешниҳод ба суд парвандаи шахсии маҳкумшуда фиристода мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648, аз 18.07.2017 № 1444).

8. Дар сурати розӣ набудани роҳбари муассиса ё мақоми ваколатдори иҷрои ҷазо бо хулосаи комиссияи тиббие, ки боиси бо сабаби беморӣ аз адои ҷазо озод намудани маҳкумшуда гардида метавонад ӯ бо эътирози асосноки худ ба баррасии суд маводҳои дахлдорро мефиристад.

9. Дар сурате, ки ба корҳои ислоҳӣ ё маҳдуд кардани озодӣ маҳкумшуда маъюбони гурӯҳи I ё II дониста шудаанд, муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо дар хусуси пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардани ӯ ба суд пешниҳод манзур мекунад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

10. Дар сурати ҳомила будани зане, ки ба корҳои ҳатмӣ корҳои ислоҳӣ ё маҳдуд кардани озодӣ маҳкум шудааст, сардори муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо оиди мавқуф гузоштани адои ҷазо аз рӯзи додани рухсатӣ вобаста ба ҳомила ва таваллуд ба суд пешниҳод манзур мекунад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48, аз 29.12.2011 № 648).

11. Шахсе, ки барои ҷинояти начандон вазнин маҳкум шудааст, вобаста ба ҳолатҳои фавқулодда, ки моддаи 80 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, озод карда шуданаш мумкин аст. Пешниҳод оиди озод намудан аз адои ҷазо вобаста ба ҳолатҳои фавқулодда аз ҷониби сардори муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо бо розигии прокурор ба суд манзур карда мешавад. Ҳамзамон бо пешниҳод ба суд санади мақомоти маҳаллии ҷои истиқомати маҳкумшуда дар мавриди ҳодисаҳои бадбахтӣ ё маълумотномаи мақоми дахлдор дар мавриди бемории вазнин ё фавти ягона аъзои қобили меҳнати оила ва парвандаи шахсии маҳкумшуда фиристода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648, аз 18.07.2017 № 1444).

Моддаи 209. Мавқуф гузоштани адои ҷазо нисбати занони ҳомиладори маҳкумшуда ва занони маҳкумшудае, ки кӯдакони то синни ҳаштсола доранд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

1. Ба занони ҳомиладори маҳкумшуда ва занони маҳкумшудае, ки кӯдакони то синни ҳаштсола доранд ва ҷазоро дар колонияҳои ислоҳӣ адо мекунанд, ба ғайр аз онҳое, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум шудаанд суд метавонад тибқи моддаи 78 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои ҷазоро нисбати онҳо мавқуф гузорад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48, аз 29.12.2010 № 648).

2. Масъалаи мавқуф гузоштани адои ҷазо аз ҷониби суд бо дархости маҳкумшуда, намояндаи қонунии ӯ, хешовандони наздик, ҳимоятгар ё бо пешниҳоди прокурор ҳал карда мешавад. Инчунин ба дархост хулосаи тиббӣ дар хусуси ҳомила будани маҳкумшуда ё маълумотнома дар бораи доштани кӯдаки то синни ҳаштсола, розигии хешовандон дар мавриди қабул кардани маҳкумшуда бо фарзандаш, бо манзили истиқоматӣ таъмин кардани онҳо ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои зист дар якҷоягӣ бо кӯдак ё маълумотнома дар хусуси он, ки ӯ манзили истиқоматӣ ва шароити зарурӣ барои зист дар якҷоягӣ бо кӯдак дорад, замима мегарданд. Тибқи талаби суд маъмурияти муассисаи ислоҳӣ бояд тавсифнома ва парвандаи шахсии маҳкумшударо ба суд фиристад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

3. Маъмурияти муассисаи ислоҳӣ бо гирифтани таъиноти суд дар хусуси мавқуф гузоштани аз адои ҷазо нисбат ба зани маҳкумшуда ӯро озод мекунад. Аз зани маҳкумшуда оиди дар мавриди дар мӯҳлати се рӯзи пас аз расидан ҳозир шудан ба нозироти корҳои ислоҳии маҳалли истиқоматаш забонхат гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55, аз 15.07.2004 № 48).

4. Зани маҳкумшуда ба маҳалли истиқомати худ мустақилона аз ҳисоби давлат сафар мекунад.

5. Дар рӯзи озодшавӣ ба нозироти корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати зани маҳкумшуда нусхаи таъиноти суд дар мавриди озод намудан аз адои ҷазо бо нишон додани санаи озодкунӣ фиристода мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

6. Нозироти корҳои ислоҳӣ зани маҳкумшударо ба қайд гирифта, минбаъд рафтори ӯро назорат мекунад.

7. Пас аз ҳозиршавии зани маҳкумшуда нозироти корҳои ислоҳӣ дар давоми се шабонарӯз вазифадор аст ба муассисаи ислоҳии маҳалли озод шудани зани маҳкумшуда тасдиқнома фиристад.

8. Дар сурати ҳозир нашудани зани маҳкумшуда дар давоми ду ҳафта аз рӯзи озод шуданаш нозироти корҳои ислоҳӣ чорабиниҳои ибтидоии ҷустуҷӯиро анҷом медиҳад ва агар натиҷаи дилхоҳ ба даст наояд, кофтукови зани маҳкумшударо эълон мекунад.

9. Ба зани маҳкумшудае, ки тартиботи ҷамъиятӣ ё интизоми меҳнатро вайрон кардааст ё аз тарбияи фарзанд ва нигоҳубини ӯ саркашӣ кардааст, нозироти корҳои ислоҳӣ огоҳӣ эълон мекунад.

10. Ҳангоме, ки зани маҳкумшуда талаботи дар қисми 3 моддаи 78 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаро вайрон кардааст, нозироти корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати ӯ оиди бекор кардани таъиноти суд дар бораи мавқуф гузоштани адои ҷазо ва оиди фиристодани зани маҳкумшуда барои адои ҷазое, ки бо ҳукми суд таъин шудааст, ба суд пешниҳод манзур мекунад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48, аз 29.12.2010 № 648 аз 14.05.2016 № 1307).

11. Зани маҳкумшуда ҳангоме аз тарбияи фарзанд саркашинамуда ҳисобида мешавад, ки агар ӯ расман аз фарзанд даст накашида, вале ӯро дар таваллудхона гузошта бошад ва ё ба хонаи кӯдакон супурда бошад ва ё тарзи ҳаёти зиддиҷамъиятӣ гузаронад ва ба тарбия ва нигоҳубини фарзанд машғул нашавад ё фарзандашро дар назди хешу ақрабо ё дигар ашхос гузошта бошад ё пинҳон шуда бошад ё дигар кирдореро содир мекунад, ки дар хусуси саркашии ӯ аз тарбияи фарзанд гувоҳӣ медиҳад.

12. Баъди ба синни ҳаштсолагӣ расидани тифл ё дар сурати фавтидани ӯ нозироти корҳои ислоҳӣ бо назардошти хусусият ва дараҷаи хавфи ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, рафтори зани маҳкумшуда, муносибати ӯ ба тарбияи фарзанд, мӯҳлати адонамуда ва адонакардаи ҷазо дар хусуси озод кардани зани маҳкумшуда аз адои қисми боқимондаи ҷазо ё дар бораи иваз кардани қисми боқимондаи ҷазо ба намуди ҷазои нисбатан сабуктар ё ба муассисаи ислоҳӣ фиристодани ӯ ба суд пешниҳод мефиристад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48, аз 29.12.2010 № 648).

Моддаи 210. Вазъи ҳуқуқии ашхосе, ки ҷазоро адо кардаанд

1. Ашхосе, ки ҷазоро адо кардаанд, дорои ӯҳдадорӣ ва ҳуқуқҳое мебошанд, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, бо маҳдудиятҳое, ки барои ашхоси дорои доғи судӣ пешбинӣ гардидааст. Чунин маҳдудиятҳоро танҳо қонун пешбинӣ карда метавонад.

2. Ашхосе, ки ҷазоро адо кардаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мустақиман қонун пешбинӣ кардааст, ба барқарор намудани он манфиатҳои қонуние, ки ба доираи ҷазо дохил набуданд, вале вобаста ба иҷрои он поймол шуда буданд, ҳуқуқ доранд.

3. Онҳо вазифадор нестанд, ки оид ба воқеияти маҳкум шудани худ маълумот диҳанд.

4. Воқеияти (факти) адои ҷазо барои маҳдуд кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ин шахс ва ҳам хешовандони наздики ӯ асос шуда наметавонад.

Моддаи 211. Расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ба ашхосе, ки аз адои ҷазо озод карда мешаванд

1. Ба маҳкумшудагоне, ки аз адои ҷазо озод карда шудаанд, кӯмаки иҷтимоӣ расонида мешавад.

2. Кӯмаки иҷтимоӣ дар мусоидат ҷиҳати фароҳам овардани шароити меҳнатию маишатӣ, расонидани ёрии моддӣ, рафъи оқибатҳои адои ҷазо, таъмини нафақа, ҷойгир кунонидан дар муассисаҳои тиббӣ, интернат ва хонаи пиронсолон, муқаррар намудани васоят ифода меёбад.

3. Ашхоси аз адои ҷазо озодшуда барои сафар ба маҳалли истиқомат ё ҷои кор дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳпулӣ, инчунин бо озуқаворӣ ё пул таъмин карда мешаванд. Ҳангоми тибқи мавсим мавҷуд набудани сару либос ва пойафзол ва набудани маблағ барои харидории онҳо озодшудагон бо сару либос ва пойафзол таъмин карда мешаванд. Ба онҳо мумкин аст аз фонди махсуси муассисаи ислоҳӣ ё мақомоти иҷрокунандаи ҷазо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрдампулии яквақта дода шавад.

4. Ноболиғони озодшуда ба назди волидайн ё ашхоси ивазкунандаи онҳо фиристода мешаванд.

5. Дар сурати имконнопазирии фиристодани онҳо комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки маҳалли зисти озодшудагон бо пешниҳоди маъмурияти колония барои бо кор таъмин намудан ё ба таҳсил фаро гирифтани онҳо инчунин фароҳам овардани шароити манзилию маишӣ чораҳо меандешанд. Дар ҳолатҳои мустасно, ҳангоме ки ба маҳалли қаблии истиқомат фиристодани ноболиғ аз нуқтаи назари тарбиявӣ мувофиқи мақсад намебошад, ҷойгиркунии ӯ дар маҳалли дигар аз ҷониби комиссия оид ба кор бо ноболиғони маҳалли ҷойгиршавии колония бо назардошти фикру андешаи озодшуда анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

6. Ашхоси аз ҷазо озодшуда, ки ба нигоҳубини дигарон мӯҳтоҷанд, инчунин ноболиғони то синни шонздаҳсола ба маҳалли истиқомат бо ҳамроҳии хешовандон ё дигар ашхос ё корманди муассисаи ислоҳӣ фиристода мешаванд.

7. Сардори муассисаи ислоҳӣ ё бо супориши ӯ намояндаи маъмурият бо озодшудагон сӯҳбат доир намуда, ба онҳо ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшонро ҳамчун шаҳрванд тавзеҳ медиҳад.

8. Муассисае, ки иҷрои ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ таъмин мекунад, нозирони корҳои ислоҳӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти ваколатдор дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро дар хусуси ба наздикӣ озод шудани маҳкумшуда ва андешидани чораҳо ҷиҳати расондани кумаки иҷтимоӣ ба ӯ огоҳ месозад (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1444).

9. Нозироти корҳои ислоҳӣ баҳисобгирии ягонаи ашхоси дар ҳамин модда зикргардидаро, ки аз ҷазо озод карда шудаанд, анҷом медиҳад. Нисбат ба ҳар шахс масъалаи зарурат ва ҳадди имконпазири кӯмаки иҷтимоӣ, аз ҷумла пешкаш кардани ҷой дар хобгоҳҳои умумии маркази адаптатсияи иҷтимоӣ барои истиқомати муваққатӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Моддаи 212. Мақомоте, ки ба ашхоси аз адои ҷазо озодгардида кӯмаки иҷтимоӣ мерасонанд

1. Ба ашхосе, ки аз ҷазо озод гардидаанд, нозироти корҳои ислоҳӣ, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, маъмурият, коллективҳои меҳнатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии корхонаю муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо кӯмаки иҷтимоӣ мерасонанд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

2. Ҳамоҳангсозии ҷидду ҷаҳди ҳамаи мақомот ва ташкилотҳо дар мавриди расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ба зиммаи нозироти корҳои ислоҳӣ гузошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

3. Супориш ва дастури нозироти корҳои ислоҳӣ барои ҳамаи роҳбарони корхонаю ташкилот ва муассисаҳо ҳатмӣ мебошад.

Моддаи 213. Мушоҳида ва назорат ба рафтори ашхоси аз ҷазо озод карда шуда

1. Аз болои рафтори ашхосе, ки аз ҷазо озод карда шудаанд, мушоҳидаи нозироти корҳои ислоҳии комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, маъмурият, коллективҳои меҳнатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии маҳалли истиқомат, кор ё таҳсил муқаррар карда мешавад. Бо ин ашхос бо мақсади мустаҳкам кардани натиҷаҳои ислоҳӣ корҳои тарбиявӣ гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55, аз 29.12.2010 № 648).

2. Нисбат ба ашхосе, ки аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ озод гардида, барои ретсидиви махсусан хавфнок маҳкум шуда буданд, ашхосе, ки барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ҷазоро адо кардаанд ва ё ду ё бештар аз он барои ҳама гуна ҷиноятҳои қасдона суд шудаанд ё қаблан аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ то пурра адо намудани мӯҳлати муқаррарнамудаи суд озод шуда, дар мӯҳлати қисми адонашудаи ҷазо боз қасдан ҷиноят содир кардаанд, инчунин оид ба фаъолияти ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, вале рафтори онҳо дар давраи адои ҷазо ё баъди аз ҷазо озод шудан дар бораи ба роҳи ислоҳ нарафтани онҳо ва риоя накардани тартиботи ҳуқуқӣ гувоҳӣ диҳад, назорат муқаррар карда мешавад, ки онро мақомоти корҳои дохилӣ анҷом медиҳад. Барои таъмин намудани мушоҳида ва назорат муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мақомоти корҳои дохилиро дар хусуси ба наздикӣ озод шудани маҳкумшуда огоҳ мекунанд (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1444).

3. Муқаррар намудан ва татбиқи назорат аз ҷониби нозироти корҳои ислоҳӣ ҳам бо ташаббуси худ ва ҳам бо тавсияи мақомоти иҷрокунандаи ҷазо, дигар мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ анҷом дода мешавад.

4. Тартиби татбиқи мушоҳида ва назоратро санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар менамояд.

ФАСЛИ IХ.ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ ҚАТЛ

БОБИ 22.ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ ҚАТЛ

Моддаи 214. Тартиб ва ҷои нигоҳ доштани ашхоси ба ҷазои қатл маҳкумшуда

1. Пас аз бароварда шудани ҳукми суд шахсе, ки ба ҷазои қатл маҳкум шудааст, ба камераи махсуси яккасаи изолятори тафтишотӣ таҳти посбонии пурзӯре, ки ҷудо нигоҳ доштани ӯро таъмин мекунад, гузаронида мешавад. Дар ҳолатҳои мустасно дар як камера на бештар аз ду нафар ашхоси ба ҷазои қатл маҳкумшуда нигоҳ дошта мешаванд.

2. То эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ба ҷазои қатл маҳкумшудагон дорои ӯҳдадорӣ ва ҳуқуқе мебошанд, ки барои ашхоси дар маҳалҳои ҳабси пешакӣ қарордошта муқаррар гардидааст.

3. Номгӯй ва миқдори асбобу анҷом ва чизу чорае, ки ашхоси ба ҷазои қатл маҳкумшуда бо худ дошта метавонанд, тибқи Низомномаи тартиби нигоҳ доштани ашхоси ба ҷазои қатл маҳкумшуда дар изоляторҳои тафтишотӣ ва маҳбасҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

Моддаи 215. Вазъи ҳуқуқии ашхосе, ки ба ҷазои қатл маҳкум шудаанд

1. Пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд ашхоси ба ҷазои қатл маҳкумшуда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ҳуқуқ доранд, бо илтимоснома дар бораи бахшиши ҷазо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

2. Ба ҷазои қатл маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд:

а) бо адвокат бидуни маҳдудият дар давоми рӯзи корӣ мулоқот кунанд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1231);

б) бидуни маҳдудият мактуб ва барқия гиранд ва фиристанд;

в) бидуни маҳдудият посылка, дастовез ва бандероль гиранд;

г) дар як моҳ як маротиба то фиристодан ба маҳалли иҷрои ҷазо бо давомнокии то ду соат бо хешовандони наздик мулоқоти кӯтоҳмуддат дошта бошанд;

д) аз гаштугузори ҳамарӯза бо давомнокии 30 дақиқа истифода баранд;

е) бо пули худ бе маҳдудият озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз харанд;

ж) тибқи тартиби пешбининамудаи қонун муносибатҳои зарурии гражданию ҳуқуқӣ ва никоҳу оилавиро ба расмият дароранд;

з) бо ходимони дин мулоқот кунанд;

и) ёрии зарурии тиббӣ гиранд.

3.Ба ҷазои қатл маҳкумшудагон, ки нисбати онҳо ҳукми суд эътибори қонунӣ пайдо кардааст, вале ҳанӯз масъалаи бахшиши ҷазо ҳал нагардидааст ва ё илтимосномаи онҳо дар бораи бахшиши ҷазо қонеъ гардонида шудааст, то фиристодан ба муассисаи ислоҳӣ ҷиҳати адои минбаъдаи ҷазо дар шароите, ки барои колонияҳои ислоҳии дорои низоми махсус муқаррар гардидааст, нигоҳ дошта мешаванд.

4. Ба қатл маҳкумшудагоне, ки илтимосномаашон дар хусуси бахшиши ҷазо рад шудааст, то фиристодан ба муассисаҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои ҷазо дар шароите, ки барои маҳбасҳои низоми сахт муқаррар гардидааст, нигоҳ дошта мешаванд.

Моддаи 216. Тартиби бо илтимоснома дар бораи бахшиши ҷазо муроҷиат кардани шахси ба ҷазои қатл маҳкумшуда

1. Ашхоси ба ҷазои қатл маҳкумшуда дар давоми ҳафт шабонарӯз аз рӯзи ба онҳо супурда шудани нусхаи ҳукми суд ё таъиноти кассатсионӣ метавонанд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо илтимоснома дар бораи бахшиши ҷазо муроҷиат кунанд. Дар чунин ҳолат иҷрои ҳукми суд то аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардани қарор боздошта мешавад.

2. Агар ба ҷазои қатл маҳкумшуда дар мӯҳлати муайянгардида илтимоснома дар бораи бахшиши ҷазо пешниҳод накунад ё изҳор кунад, ки бо чунин илтимоснома муроҷиат нахоҳад кард, маъмурияти изолятори тафтишотӣ бо иштироки прокурор санади дахлдор тартиб медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1444).

3. Илтимоснома дар бораи бахшиши ҷазо ё акт бо маводи дахлдор дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз аз рӯзи қабули илтимоснома ё тартиб додани санад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1444).

Моддаи 217. Мӯҳлати баррасии илтимосномаи маҳкумшуда дар мавриди бахшиши ҷазо

1. Илтимоснома оид ба бахшиши ҷазои ашхосе, ки ба қатл маҳкум шудаанд, ё мавод дар мавриди аз ҷониби ин ашхос рад намудани пешниҳоди илтимоснома дар бораи бахшиши ҷазо дар мӯҳлати на дертар аз чор моҳи аз рӯзи расидани онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.

2. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси бахшиши ҷазо ё дар бораи радди илтимоснома дар бораи бахшиши ҷазо ҷиҳати иҷро ба сардори изолятори тафтишотӣ ва суде, ки ҳукм баровардааст, фиристода мешавад.

Моддаи 218. Чораҳои амниятӣ ва асосҳо барои истифодаи силоҳ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 979)

Нисбат ба ашхоси ба қатл маҳкумшуда чораҳои амниятӣ ва силоҳ дар ҳамон асосҳое, ки нисбат ба ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда истифода мегардад, татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 979).

Моддаи 219. Асос ва тартиби иҷрои ҷазои қатл

1. Барои иҷрои ҷазо дар намуди қатл ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд, хулосаҳои Раиси Судии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мавҷуд набудани асосҳо барои овардани эътироз ба тариқи назоратӣ аз болои ҳукми суд, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи радди шафоатнома дар бораи бахшиши ҷазо ва ё санад дар бораи радди муроҷиат бо шафоатнома дар бораи бахшиши ҷазо аз ҷониби маҳкумшуда асос шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1444).

2. Қатл дар шакли ғайриоммавӣ бо усули паррондан иҷро карда мешавад. Иҷрои ҷазои қатл нисбат ба якчанд шахс дар алоҳидагӣ ва дар ҳозир набудани дигарон анҷом дода мешавад.

Моддаи 220. Ашхосе, ки ҳангоми иҷрои ҷазои қатл иштирок мекунанд

1. Ҳангоми иҷрои ҷазои қатл прокуроре, ки қонуниятро дар маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ ва ҳабси пешакӣ назорат мекунад, сардори муассисае, ки ҳукмро иҷро мекунад ва духтур иштирок менамоянд.

2. Марги маҳкумшуда аз ҷониби духтур тасдиқ карда мешавад. Дар мавриди иҷрои ҳукм протокол тартиб дода мешавад, ки онро ашхоси дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида имзо мегузоранд (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

Моддаи 221. Огоҳинома оид ба иҷрои ҳукми қатл

1. Сардори муассисаи маҳалли иҷрои ҳукми қатл бо мактуби махсус фавран ба Раёсати иттилооти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои ҳукм маълумот медиҳад.

2. Раёсати иттилоот дар мӯҳлати се рӯз судеро, ки ҳукм баровардааст, дар мавриди иҷрои ин ҳукм хабар медиҳад.

3. Суд чунин хабарро гирифта, барои бақайдгирии марги маҳкумшуда ба шӯъбаи (бюро) сабти санадҳои ҳолати граждании маҳалли охирини зисти маҳкумшуда ва дар ҳолати имконнопазир будани муайян кардани ҷои истиқомати ӯ , ба маҳалли ҷойгиршавии суде, ки ҳукм баровардааст, огоҳинома мефиристад. Ҳамзамон хешовандони наздики маҳкумшударо низ дар бораи иҷрои хукми қатл огоҳ месозад. Ҷасади маҳкумшуда барои дафн дода намешавад ва ҷои дафн хабар дода намешавад.

Моддаи 222. Боз доштани иҷрои ҳукми қатл

1. Ҳангоми ошкор гардидани нишонаҳои вайроншавии вазъи рӯҳӣ дар ашхоси ба ҷазои қатл маҳкумшуда маъмурияти изолятори тафтишотӣ ташхиси тиббии ӯро аз ҷониби комиссия дар ҳайати се духтури мутахассис гузаронида, дар ин маврид протокол тартиб медиҳад.

2. Дар сурати муайян кардани бемории рӯҳие, ки маҳкумшударо аз дарк кардани ҳаракати худ ё идора кардани он маҳрум сохтааст, ҳукм оиди ҷазои қатл ба иҷро расонида намешавад ва протоколи ташхиси тиббӣ ба суде, ки ҳукм баровардааст, фиристода мешавад.

ФАСЛИ X.НАЗОРАТ АЗ БОЛОИ МАҲКУМШУДАГОНЕ, КИ БОШАРТАН ТАТБИҚ НАКАРДАНИ ҶАЗО МАҲКУМ ШУДААНД.

БОБИ 23.БА АМАЛ БАРОВАРДАНИ НАЗОРАТ АЗ БОЛОИ РАФТОРИ МАҲКУМШУДАГОН БО ШАРТАН ТАТБИҚ НАКАРДАНИ ҶАЗО

Моддаи 223. Мақомоте, ки назорати рафтори маҳкумшудагонро бо шартан татбиқ накардани ҷазо ба амал мебароранд

1. Назорат аз болои рафтори маҳкумшуда бо шартан татбиқ накардани ҷазо дар давоми мӯҳлати санҷиш аз ҷониби нозироти корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати маҳкумшуда, назорати хизматчиёни ҳарбӣ дар давраи адои хизмати ҳарбӣ бошад аз тарафи фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ ба амал бароварда мешавад.

2. Тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҷиҳати назорат аз болои рафтори маҳкумшудаи бо шартан татбиқ накардани ҷазо кормандони хадамоти дахдори мақомоти корҳои дохилӣ ҷалб карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

Моддаи 224. Баҳисобгирии мӯҳлати санҷиш

1. Мӯҳлати санҷиш аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд ба ҳисоб гирифта мешавад.

2. Пас аз гузашти мӯҳлати санҷиш назорат аз болои рафтори маҳкумшуда қатъ гардида, ӯ аз қайди нозироти корҳои ислоҳӣ бароварда мешавад.

Моддаи 225. Тартиби ба амал баровардани назорат аз болои рафтори маҳкумшуда бо шартан татбиқ накардани ҷазо

1. Нозироти корҳои ислоҳӣ баҳисобгирии инфиродии маҳкумшудагонро дар давоми мӯҳлати санҷиш ба амал бароварда, дар ҳолатҳо ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони хадамоти дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ аз тарафи маҳкумшуда риоя намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои аз ҷониби суд ба зиммааш гузошташударо назорат мекунад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

2. Ҳангоми нисбат ба маҳкумшудагон бо шартан татбиқ накардани ҷазо таъин намудани ҷазои иловагӣ дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян нозироти корҳои ислоҳӣ чорабиниҳои пешбининамудаи моддаҳои 33-38 ҳамин Кодексро дар ҳаҷми пурра ба амал мебарорад.

3. Дар сурати ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ даъват шудани шахси бо шартан татбиқ накардани ҷазо маҳкумшуда ба комиссариати ҳарбӣ нусхаи ҳукм ва дар ҳолатҳои зарурӣ дигар асноде, ки барои ба амал баровардани назорат аз болои рафтори шахси бо шартан татбиқ накардани ҷазо маҳкумшуда дар маҳалли адои хизмат лозиманд, фиристода мешаванд. Фармондехии қисми ҳарбӣ вазифадор аст дар мӯҳлати даҳ рӯз ба нозироти корҳои ислоҳӣ дар мавриди ба қайд гирифтани чунин шахс ва пас аз адои хизмат - дар мавриди ҷавоб шудани ӯ аз қисми ҳарбӣ иттилоъ диҳад.

4. Маҳкумшудагон бо шартан татбиқ накардани ҷазо вазифадоранд дар назди нозироти корҳои ислоҳӣ ва фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ оид ба рафтори худ ҳисобот дода, ӯҳдадориҳои аз ҷониби суд ба зиммаашон гузошташударо иҷро кунанд, бо даъвати нозирот ҳозир шаванд. Ҳангоми ба нозирот бидуни сабабҳои узрнок ҳозир нашудани маҳкумшуда ӯ маҷбурӣ оварда шуданаш мумкин аст.

5. Ҳангоми аз назорат саркашӣ намудани маҳкумшуда бо шартан татбиқ накардани ҷазо нозироти корҳои ислоҳӣ оид ба муайян намудани ҷои буду бош ва сабабҳои саркашии ӯ чораҳои ибтидоӣ меандешад.

Моддаи 226. Ҷавобгарии маҳкумшудагон бо шартан татбиқ накардани ҷазо

1. Ҳангоми саркашии маҳкумшуда бо шартан татбиқ накардани ҷазо аз иҷрои ӯҳдадориҳое, ки суд ба зимааш гузоштааст ё аз ҷониби ӯ вайрон гардидани тартиботи ҷамъиятӣ, ки барои он муҷозоти маъмурӣ андешида шуда буд, нозироти корҳои ислоҳӣ ӯро дар мавриди имконпазирии беэътибор донистани шартан татбиқ накардани ҷазо ба таври хаттӣ огоҳ месозад.

2. Дар сурати аз ҷониби маҳкумшуда бо шартан татбиқ накардани ҷазо ба ҷо наовардани талаботи дар қисми 4 моддаи 225 ҳамин Кодекс зикргардида, инчунин ҳангоми мавҷуд будани дигар ҳолатҳое, ки ба зиммаи ӯ вогузоштани дигар ӯҳдадориҳо мувофиқи мақсад аст, гувоҳӣ медиҳад, сардори нозироти корҳои ислоҳӣ ба суд пешниҳоди дахлдор ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

3. Дар сурати аз ҷониби маҳкумшуда бо шартан татбиқ накардани ҷазо дар давоми мӯҳлати санҷиш мунтазам ба қонуншиканиҳо роҳ дода, барои содир кардани онҳо ба ӯ муҷозоти интизомӣ таъин шуда бошад ва ё ашаддӣ аз иҷро кардани ӯҳдадориҳое, ки суд ба зиммааш гузошта буд, саркашӣ намояд, сардори нозироти корҳои ислоҳӣ ба суд дар мавриди беэътибор донистани шартан татбиқ накардани ҷазо ва иҷрои ҷазое, ки бо ҳукми суд таъин шудааст, пешниҳод ирсол менамояд.

4. Ба таври ашаддӣ саркашӣ намудан аз иҷро кардани ӯҳдадорӣ - ин содир кардани кирдорҳои манъшуда ё аз ҷониби шахси бо шартан татбиқ накардани ҷазо маҳкумшуда беш аз ду маротиба дар тӯли сол иҷро накардани ҳаракатҳое, ки ба зиммаи ӯ гузошта шудааст ё ба таври давомдор (беш аз 30 рӯз) иҷро накардани ӯҳдадориҳои аз ҷониби суд ба зиммааш гузошташуда ба ҳисоб мераванд.

ЗАМИМА

НОМГӯИ (РӯЙХАТИ) МОЛУ МУЛКЕ, КИ БО ҲУКМИ СУД МУСОДИРА КАРДА НАМЕШАВАД

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648)

Молу мулк ва чизу чораи зайл, ки ба маҳкумшуда вобаста ба ҳуқуқи моликияти шахсӣ марбутанд ё ҳиссаи ӯ дар моликияти умумӣ мебошанд ва барои маҳкумшуда ва ашхосе, ки таҳти сарпарастиаш қарор доранд, зарур мебошанд, мусодира карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648):

1. Бинои истиқоматӣ бо иншооти хоҷагӣ ё қисмҳои алоҳидаи он, агар маҳкумшуда ва оилаи ӯ доимӣ дар он зиндагӣ кунанд (вале на бештар аз як хона барои оила).

2. Хона ё қисми алоҳидаи он, агар маҳкумшуда ва оилаи ӯ доимӣ дар он зиндагӣ кунанд (вале на бештар аз як хона барои оила).

3. Қитъаҳои замин, ки дар онҳо хона ва иншооти хоҷагии мусодиранашаванда воқеанд, инчунин қитъаҳои замине, ки барои пешбурди корҳои кишоварзӣ ва хоҷагии ёрирасон зарур мебошанд.

4. Ягона гов ва дар сурати надоштани гов - ягона гӯсола; дар хоҷагихое, ки гову гӯсола надоранд - ягона буз, гӯсфанд ё хук; аз ашхосе, ки дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд - иншооти хоҷагӣ ва ҳайвоноти хонагӣ дар шуморае, ки барои қонеъ намудани талаботи ҳадди ақали аъзои оилаи ӯ заруранд, инчунин паррандаҳои хонагӣ.

5. Хӯрокаи чорво, ки то ҷамъоварии хӯрокаи нав ё то ба чарогоҳ баровардани мол зарур аст.

6. Тухмие, ки барои кишту кори навбатии зироатҳои кишоварзӣ заруранд.

7. Чизу чораи зарурии хона, асбобу анҷоми рӯзғор, сару либосе, ки барои маҳкумшуда ва аъзои таҳти парастории (таъминоти) ӯ қарордошта, заруранд;

а) яхдон, телевизор, радио, дигар асбобу таҷҳизоти барқии маишӣ;

б) сару либос, пойафзол, либоси таг, сомони хоб, мебель, асбобу анҷоми рӯзгор ва ошпазхона, ки истифода мешаванд (ба истиснои ашьёе, ки аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо тайёр карда шудаанд, ба ғайр аз нигинҳои ақди никоҳ ва ашьёе, ки ёдгории оилавӣ мебошанд, инчунин ашьёи дорои арзиши таърихию бадеӣ);

в) ҳама гуна асбобу анҷоми кӯдакон (ба ғайр аз техникаҳои компьютерӣ, аудио ва видео).

8. Озуқаворӣ дар ҳаҷме, ки барои маҳкумшуда ва аъзои оилаи ӯ то ҳосили нав зарур мебошанд, агар шуғли асосии маҳкумшуда соҳаи кишоварзӣ бошад, дар ҳолатҳои дигар озуқаворӣ ва пул ба маблағи умумие, ки ба андозаи садкаратаи маоши ҳадди ақал (дар рӯзи мусодира) барои маҳкумшуда ва ашхосе, ки ӯ вазифадор аст таъмин кунад, баробар бошад.

9. Сӯзишворӣ, ки барои пухтани озуқаворӣ ва гарм кардани бинои истиқоматии оила дар давоми мавсими гармидиҳӣ заруранд.

10. Ашё, (асбобу анҷом), васоити таълимӣ ва китоб, ки барои машғулияти касбии маҳкумшуда заруранд (ба истиснои оне, ки аз маводи қиматбаҳо сохта шудаанд, инчунин дорои арзиши таърихӣ ва бадеӣ мебошанд, инчунин дар ҳолатҳое, ки агар маҳкумшуда бо ҳукми суд аз машғул шудан ба фаъолияти муайян маҳрум кардашуда бошад ё ҳангоме, ки ашьё (асбобу анҷом) аз ҷониби маҳкумшуда барои содир намудани ҷиноят истифода гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

11. Воситаҳои нақлиёт, ки махсус барои ҳаракати маъюбон пешбинӣ гардидааст.

12. Мукофотҳои байналмилалӣ ва дигар мукофотҳое, ки маҳкумшуда сарфароз гардидааст (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1307).

Дар сурати мусодираи молу мулке, ки ҳиссаи маҳкумшуда дар моликияти умумӣ мебошад, ҳаҷми ҳисса пас аз берун намудани чизу чора ва асбобу анҷоми дар ҳамин Рӯйхат зикргардида муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оиди Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 

 23 июли соли 2001 № 217

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оиди мавриди амал қарор додани Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди расман интишор шуданаш аз 1 январи соли 2002 мавриди амал қарор дода шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин қарор мӯҳлати дигари мавриди амалӣ гардиданро муқаррар кардааст.

2. Минбаъд то ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ кардани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ онҳо дар қисме, ки ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, истифода карда мешаванд.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мутобиқ намудани қонунҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;

қарорҳои худро ба Кодекси мазкур мутобиқ гардонад.

4. Иҷрои ҳолатҳои моддаҳои 62-69 ва 160-165-и ҳамин Кодекс то 1 январи соли 2003 мавқуф гузошта шавад.

Моддаҳои 62-69 ва 160-165-и Кодекси мазкур аз 1 январи соли 2003 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе,

28 июни соли 2001, № 339

КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55, аз 15.07.2004 № 48,аз 1.03.2005 № 87, аз 20.03.2008 № 371, аз 31.12.2008 № 452, аз 21.07.2010 № 619, аз 29.12.2010 № 648, аз 28.06.2011 № 732, аз 16.04.2012 № 805)

ҚИСМИ УМУМӢ

ФАСЛИ I.МУҚАРРАРОТИ АСОСИИ ҚОНУНГУЗОРИИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БОБИ I.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳо иборат мебошад.

2. Қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст мувофиқат намояд.

Моддаи 2. Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои иҷрои ҷазо

Мақомоти ҳокимияти иҷроия оид ба масъалаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳуқуқ доранд санадҳои меъёрию ҳуқуқии ба қонун асосёфтаро қабул намоянд.

Моддаи 3. Мақсад ва вазифаҳои қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

1. Мақсади қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ислоҳи маҳкумшудагон ва пешгирии содир кардани ҷиноятҳои нав, чи аз тарафи онҳо ва чи аз ҷониби ашхоси дигар иборат мебошад.

2. Вазифаҳои қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз танзими тартиб ва шартҳои иҷро ва адои ҷазои ҷиноятӣ, муайян кардани воситаҳои ислоҳи маҳкумшудагон, ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо, ба маҳкумшудагон расонидани ёрӣ ҷиҳати адаптатсияи (одат кардан ба муҳити) иҷтимоӣ иборатанд.

3. Барои ноил шудан ба ин мақсаду вазифаҳо ҳамин Кодекс муқаррароти умумӣ ва принсипҳои иҷрои ҷазо ва дигар чораҳои дорои хусусияти ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ, ки Кодекси ҷиноятӣ пешбинӣ намудааст, тартиб ва шарти иҷро ва адои ҷазо, истифодаи воситаҳои ислоҳи маҳкумшудагон; ҳолати ҳуқуқии маҳкумшудагон ва системаи кафолатҳои таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо; тартиби фаъолияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо, инчунин иштироки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ, дигар ташкилот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар ислоҳи маҳкумшудагон; тартиби озод намудан аз ҷазо ва расонидани кӯмак ба озодшудагонро муайян мекунад.

Моддаи 4. Асосҳои иҷрои ҷазо ва истифодаи дигар чораҳои дорои

хусусияти ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ

Асосҳои иҷрои ҷазо ва истифодаи дигар чораҳои дорои хусусияти ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ, ҳукм ё таъиноти ивазкунандаи он ё қарори суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, инчунин қонун дар бораи авф ё санади бахшиши ҷазо ба ҳисоб мераванд.

Моддаи 5. Амали қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар замон ва макон

1. Иҷрои ҷазо, инчунин татбиқи воситаҳои ислоҳи маҳкумшуда ва расонидани ёрӣ ба озодшудагон мутобиқи қонунгузорие, ки дар вақти иҷрои он амал мекунанд, анҷом дода мешавад.

2. Қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.

Моддаи 6. Амали қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ашхосе, ки судҳои давлатҳои хориҷӣ маҳкум кардаанд

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ашхоси бешаҳрвандии доимо дар Тоҷикистон истиқоматкунандае, ки судҳои давлатҳои хориҷӣ маҳкум кардаанд, метавонанд мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофкарда ҷиҳати иҷрои ҷазо ё адои минбаъдаи ҷазо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шаванд.

Моддаи 7. Супурдани ашхосе, ки судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум кардаанд

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум намудаанд, бе ҳеҷ шарту шароит ба давлати хориҷӣ супурда намешаванд.

2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ, ки судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум намудаанд, барои иҷрои ҷазо ё адои минбаъдаи ҷазо мутобиқи шартномаҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои хориҷӣ супурда шуданашон мумкин аст.

Моддаи 8. Принсипи қонуният

1. Фаъолияти муассисаҳо, мақомот ва ашхоси мансабдоре, ки ҷазоро иҷро мекунанд, ба риояи ҳатмии қонунҳо асос меёбад. Ашхоси мансабдори ин муассисаҳо ва мақомот барои таъмини қонуният дар фаъолияташон тибқи тартиби муқарраргардида масъулият доранд.

2. Маҳкумшудагон вазифадоранд бе чуну чаро талаботи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро, ки тартиб ва шартҳои иҷро ва адои ҷазоро муайян менамоянд, риоя кунанд.

3. Ба маҳкумшудагон бояд ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшон, ки қонунҳо барояшон пешбинӣ намудаанд, дар ҳаҷми пурра тавзеҳ дода барои онҳо дастрас намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки иҷрои ҷазои ҷиноятиро танзим менамоянд, таъмин карда шавад.

Моддаи 9. Принсипи баробарии маҳкумшудагон дар назди қонун

Тартиб ва шартҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, қатъи назар аз вазъи иҷтимоӣ, хидматӣ ва молу мулкӣ, эътиқоди сиёсӣ, навъ ва хусусияти шуғли маҳкумшуда то содир намудани ҷиноят, мансубияти нажодӣ ва миллӣ, шаҳрвандӣ, таҳсилот, забон, муносибат ба дин ва дигар ҳолатҳо муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48, аз 29.12.2010 № 648).

Моддаи 10. Принсипи башардӯстӣ

1. Дар рафти иҷрои ҷазо нисбат ба маҳкумшуда маҳдуди-ятҳои ҳадди ақалли ҳуқуқ, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои ҷазо зарур ва кофӣ мебошанд, истифода мешаванд.

2. Маҳкумшударо азобу шиканҷа додан ё нисбат ба ӯ муно-сибати бераҳмона ва ё ғайриинсонӣ кардан ё шаъну эътибори ӯро паст задан, таҳти тадқиқоти тиббӣ ё дигар тадқиқоти илмӣ, ки метавонад ҳаёт ва саломатии ӯро таҳти хатар гузорад, ҳатто бо розигии ӯ қарор додан қатъиян манъ аст.

Моддаи 11. Принсипи демократизм

1. Нисбат ба маҳкумшудагон истифода бурдани воситаҳои ислоҳӣ дар асоси инкишоф додани ташаббуси муфиди онҳо, унсурҳои худидоракунӣ, иштироки ташкилотҳои худфаъолият, хешовандони наздик ва дигар ашхос, ки метавонанд ба онҳо таъсири мусбат расонанд, сурат мегирад.

2. Дар ислоҳи маҳкумшудагон, расонидани ёрӣ ба озодшудагон ҷиҳати таъмин кардан бо ҷои кор ва фароҳам овардани шароити маишӣ, инчунин дар фаъолияти муассиса ва мақомот, ки иҷрои ҷазоро анҷом медиҳанд, аҳли ҷомеа иштирок менамояд.

3. Фаъолияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо дар заминаи ошкорбаёнӣ ва ҳамкории мутақобила бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори умум анҷом дода мешавад.

Моддаи 12. Принсипи адолат ва ҳавасмандгардонии рафтори ҳуқуқӣ

1. Рафтори маҳкумшудагон ҳангоми адои ҷазо, риояи қоидаҳои муқарраршуда, муносибат нисбат ба меҳнат ва таълим ҳангоми тағьир додани шароити нигаҳдошт, зиёд ё кам кардани маҳдудияти ҳуқуқӣ дар доираи пешбининамудаи қонун ба инобат гирифта мешавад.

2. Ҳангоми қабули қарор дар мавриди истифодаи чораҳои ҳавасмандгардонӣ ё муҷозот нисбат ба маҳкумшудагон ашхоси мансабдор бояд айни (объективӣ) ва холисона бошанд ва танҳо қонунро ба роҳбарӣ гиранд.

Моддаи 13. Принсипи фарқгузорӣ (дифферентсиатсия) ва фардисозии(индивидуализатсия) иҷрои ҷазо

Иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мутобиқи талаботи фарқгузорӣ ва фардисозии он татбиқ гардида, ба инобатгирии хусусият ва дараҷаи хавфи ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, шахсияти маҳкумшуда, рафтори ӯро дар давраи адои ҷазо, муносибати ӯро нисбат ба меҳнат ва дигар ҳолатҳоро дар бар мегирад.

Моддаи 14. Ислоҳи маҳкумшудагон ва воситаҳои асосии он

1. Ислоҳи маҳкумшудагон ин дар онҳо ташаккул додани муносибати эҳтиромона ба одам, ҷамъият, меҳнат, меъёрҳо, қоидаҳо ва анъанаҳои ҳаёти умумии инсон ва ҳавасманд гардондани рафтори ҳуқуқӣ мебошад.

2. Воситаҳои асосии ислоҳи маҳкумшудагон аз тартиби муқарраршудаи иҷро ва адои ҷазо (низом), корҳои тарбиявӣ, меҳнат, соҳиб шудан ба таҳсилоти ҳамагонӣ, омодагии касбӣ ва таъсиррасонии ҷамъиятӣ иборатанд (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

3. Воситаҳои ислоҳи маҳкумшудагон бо назардошти намуди ҷазо, хусусият ва дараҷаи хавфи ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, шахсияти маҳкумшуда ва рафтори онҳо истифода бурда мешаванд.

БОБИ 2.ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ МАҲКУМШУДАГОН

Моддаи 15. Асосҳои вазъи ҳуқуқии маҳкумшудагон

1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии маҳкумшудагонро эҳтиром ва ҳифз менамояд, шароити муқаррарнамудаи қонунро ҷиҳати адои ҷазо, кафолати адолати иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ, инчунин амнияти шахсиро ҳангоми иҷрои ҷазо таъмин мекунад.

2. Ҳангоми иҷрои ҷазо ба маҳкумшудагон ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, ба истисно ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи қонунгузории ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дигар қонунгузориҳо кафолат дода мешавад. Маҳкумшудагон, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, наметавонанд аз иҷрои ӯҳдадориҳои шаҳрвандиашон озод карда шаванд.

3. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои маҳкумшудагонро ҳамин Кодекс бо назардошти тартиб ва шартҳои иҷрои намуди ҷазои мушаххас муайян мекунад.

Моддаи 16. Ҳуқуқҳои асосии маҳкумшудагон

1. Маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд оид ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои хеш, тартиб ва шартҳои адои намуди ҷазои таъин кардаи суд иттилооти хаттӣ гиранд. Муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо вазифадор аст ба маҳкумшудагон иттилооти зикршударо диҳад, инчунин онҳоро бо тағьир ёфтани тартиб ва шартҳои иҷрои адои ҷазо шинос намояд.

2. Маҳкумшудагон ба муносибати эҳтиромонаи кормандони муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо ҳуқуқ доранд. Онҳо набояд таҳти муносибати бераҳмона ва паст задани шаъну шарафи инсонӣ қарор гиранд. Чораҳои маҷбурӣ нисбат ба маҳкумшудагон танҳо дар асоси қонун истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

3. Маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд ба маъмурияти муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо, ба мақомоти болоии онҳо, суд, мақомоти прокуратура,

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин мақомоти байнидавлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ оиди ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бо таклиф ва арзу шикоят муроҷиат намоянд (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732).

4. Маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд баёнот диҳанд ва мукотиба намоянд, инчунин бо забони модарӣ ё дигар забоне, ки медонанд, таклиф ва арзу шикояти дар қисми сеюми ҳамин модда пешбинишударо пешниҳод кунанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз хизмати тарҷумон истифода баранд. Ба муроҷиати маҳкумшудагон ҷавоб ба забоне, ки онҳо муроҷиат кардаанд ва дар сурати имконнопазирии додани ҷавоб бо он забон, бо забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Тарҷумаи ҷавоб ба забони муроҷиатнамудаи маҳкумшуда аз ҷониби муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо таъмин карда мешавад.

5. Маҳкумшудагон ба ҳифзи саломатӣ, аз ҷумла вобаста ба хулосаи тиббӣ ба гирифтани ёрии ибтидоии тиббиву беҳдорӣ ва махсуси тиббӣ дар шароити амбулаторию дармонгоҳи ё беморхонавӣ ҳақ доранд, инчунин аз ҳуқуқи таъминоти моддию маишӣ истифода мебаранд.

6. Маҳкумшудагон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъминоти иҷтимоӣ, аз ҷумла дар асоси умумӣ ба гирифтани нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд.

7. Барои гирифтани кӯмаки мукаммали ҳуқуқӣ маҳкумшудагон метавонанд аз хизмати адвокат ва дигар ашхоси дорои чунин ҳуқуқи хизматрасонӣ дошта истифода баранд.

8. Маҳкумшудагон ба мулоқот бо аъзоёни оила, хешовандон, ҳамчунин ба қабул кардани хӯрокворӣ ва дигар маводҳои мавриди ниёз ҳуқуқ доранд.

9. Маҳкумшудагон мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонун ба товони зараре, ки ҳангоми иҷрои ҷазо ба онҳо расонида шудааст, ҳуқуқ доранд.

10. Тартиби татбиқи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон бо ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ муқаррар карда мешавад.

11. Ба амалбарории ҳуқуқи маҳкумшудагон набояд қоидаҳои тартиботи дохилиро вайрон кунад, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дигар ашхосро маҳдуд намояд.

Моддаи 17. ӯҳдадориҳои асосии маҳкумшудагон

1. Маҳкумшудагон бояд ӯҳдадориҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷро намоянд, инчунин меъёрҳои ахлоқу рафтори дар ҷомеа қабулшуда ва талаботи беҳдорию беҳдоштиро риоя кунанд.

2. Маҳкумшудагон дорои ӯҳдадориҳое мебошанд, ки аз намуди ҷазои таъиннамудаи суд бармеоянд.

3. Маҳкумшудагон вазифадоранд талаботи қонунро, ки тартиб ва шартҳои адои ҷазоро муайян менамояд, инчунин дигар асноди меъёрию ҳуқуқии мутобиқи он қабулшударо риоя кунанд.

4. Маҳкумшудагон вазифадоранд талаботи қонунан асоснокбудаи маъмурияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазоро ба ҷо оранд.

5. Маҳкумшудагон вазифадоранд бо кормандон ва дигар ашхосе, ки ба муассисаи иҷрокунандаи ҷазо меоянд инчунин нисбат ба дигар маҳкумшудагон хушмуомила муносибат кунанд.

6. Маҳкумшудагон вазифадоранд ба даъвати маъмурияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ҳозир шаванд ва оид ба масъалаҳои иҷрои талаботи ҳукм тавзеҳот диҳанд. Дар сурати ҳозир нашудани маҳкумшуда ӯ маҷбурӣ оварда шуданаш мумкин аст.

7. Аз ҷониби маҳкумшудагон иҷро накардани ӯҳдадориҳои ба зимаашон гузошташуда, инчунин талаботи қонунии маъмурияти муассиса ё мақомоти иҷрокунандаи ҷазо боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун мегардад.

Моддаи 18. Вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони маҳкумшудаи хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ

1. Шаҳрвандони маҳкумшудаи хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ дорои ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, инчунин ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунгузорӣ оид ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ, ба истисно ва маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонунгузории ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дигар қонунгузориҳо мебошанд.

2. Шаҳрвандони хориҷие, ки ба ҷазои маҳдуд кардани озодӣ, ё маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, ҳамчунин ҳуқуқ доранд бо намояндагони дипломатӣ ва муассисаҳои консулии давлатҳои хеш ва шаҳрвандони кишварҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои дипломатӣ ё консулгарӣ надоранд, бо намояндагони дипломатии кишваре, ки ҳифзи манфиати онҳоро ба ӯҳда гирифтааст ё мақомоти байналмилалие, ки ба муҳофизати онҳо машғул аст, иртибот дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

Моддаи 19. Муроҷиати маҳкумшудагон ва тартиби баррасии он

1. Маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд таклиф ва арзу шикоят пешниҳод намоянд, аз ҷумла оид ба масъалаҳои вобаста ба вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон.

2. Таклиф ва арзу шикояти маҳкумшудагон метавонад шифоҳӣ ё хаттӣ пешниҳод гардад. Онҳо аз ҷониби маъмурияти муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

3. Таклиф ва арзу шикояти онҳое, ки ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ,маҳрум сохтан аз озодӣ, ҷазои қатл маҳкум шудаанд, ба унвони мақомоти дар қисми сеюми моддаи 16 ҳамин Кодекс зикргардида аз тариқи маъмурияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо фиристода мешаванд. Онҳое ки ба намудҳои дигари ҷазо маҳкум шудаанд, таклиф ва арзу шикояташонро мустақилона ирсол мекунанд (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

4. Таклиф ва арзу шикояти ашхосе, ки ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, ҷазои қатл маҳкум шудаанд, ба унвони мақомоте, ки дорои ҳуқуқи ба амал баровардани татбиқи назорати аз болои фаъолияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо мебошанд, аз назар (сензура) гузаронида намешаванд ва бояд дар мӯҳлати на дертар аз як шабонарӯз, ба ғайр аз рӯзҳои истироҳат ва ид, тибқи марбутият фиристода шаванд (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

5. Таклиф ва арзу шикояти маҳкумшудагон оид ба қарор ва амали маъмурияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ин қарор ва амалро бознамедорад.

6. Мақомот ва ашхоси мансабдор, ки ба онҳо таклиф ва арзу шикояти маҳкумшудагон ирсол шудааст, бояд онҳоро дар мӯҳлатҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, қарори дар ин маврид қабулшударо ба маълумоти маҳкумшудагон расонанд.

Моддаи 20. Ҳуқуқи маҳкумшудагон ба амнияти шахсӣ

1. Маҳкумшудагон ба амнияти шахсӣ ҳуқуқ доранд.

2. Ҳангоми ба миён омадани хатар ба ҳаёт ва саломатӣ ё таҳдиди содир шудани дигар ҷиноят ба муқобили шахсияти маҳкумшуда аз ҷониби дигар ашхос ӯ ҳуқуқ дорад ба ҳар як шахси мансабдори муассисаи иҷрокунандаи ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ҷиҳати таъмини амният ва гузаронидан ба дигар бино, ки дар он ҷо чунин таҳдид вуҷуд надорад, бо ариза муроҷиат кунад. Дар чунин ҳолат шахси мансабдор вазифадор аст ҷиҳати таъмини амнияти шахсии маҳкумшудаи муроҷиатнамуда чораҳои таъхирнопазир андешад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

3. Сардори муассиса тибқи арзи маҳкумшуда ё бо ташаббуси худ дар мавриди ба ҷои бехатар гузаронидани маҳкумшуда қарор қабул мекунад ё дигар тадбирҳое меандешад, ки хавфи содир гардидани ҷиноятро нисбат ба маҳкумшуда рафъ намояд ё тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун масъалаи ҷои (маҳалли) минбаъд аз тарафи маҳкумшуда адо намудани ҷазоро ҳал мекунад.

4. Ҳангоми надидани чораҳои дахлдор барои таъмини бехатарии маҳкумшудагон шахси мансабдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Моддаи 21. Таъмини озодии виҷдон ва озодии эътиқоди динии маҳкумшудагон

1. Ба маҳкумшудагон озодии виҷдон ва озодии эътиқоди динӣ кафолат дода мешавад. Ҳар як маҳкумшуда ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян кунад, дар алоҳидагӣ ё якҷоя бо дигарон ба ҳар як дин эътиқод оварад ва ё ба ҳеҷ яке аз он эътиқод надошта бошад, дар таҷлили маъракаҳои динӣ, расму оинҳои динӣ иштирок намояд, ақидаи динӣ ё атеистиро озодона интихоб намояд ва ё дошта бошад ва мутобиқи он рафтор кунад.

2. Ба ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд, мутобиқи ҳоҳиши онҳо дар доираи ҳудуди маъмурие, ки маркази ислоҳӣ дар он воқеъ мебошад, иҷозати рафтан ба муассисаҳои динӣ дода шуданаш мумкин аст.

3. Ба назди ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо мекунанд (ба ғайр аз онҳое, ки дар картсер, изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ ва интизомӣ, дар биноҳои навъи камеравӣ ва камераҳои яккаса нигоҳ дошта мешаванд) бо ҳоҳиши онҳо ҳодимони иттиҳодияҳои динӣ, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудаанд, даъват карда мешаванд. Дар муассисаҳои иҷрокунандаи ҷазо ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки расму оинҳои диниро ба ҷо оранд, аз асбобу ашьёи динӣ ва адабиёти динӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд. Барои иҷрои ин мақсад маъмурияти муассиса бинои мувофиқ ҷудо мекунад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

4. Мутобиқи ҳоҳиши маҳкумшудагоне, ки бемори вазнинанд, инчунин ба ҷазои қатл маҳкумшудагон қабл аз иҷрои ҳукм барои ба ҷо овардани расму оинҳои динӣ бо даъвати ҳодими дин имконият фароҳам оварда мешавад.

5. Таҷлили расму оинҳои динӣ набояд қоидаҳои тартиботи дохилиро халалдор намояд ва ҳуқуқи ашхоси дигари адокунандаи ҷазоро маҳдуд созад.

Моддаи 22. Огоҳинома оид ба ҷои (маҳалли) адои ҷазо

Дар мавриди ба ҷои адои ҷазо расидани маҳкумшуда ва ҳангоми ба дигар ҷо гузаронидани ӯ маъмурияти муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо вазифадор аст бо ҳоҳиши маҳкумшуда хешовандони наздики ӯро дар давоми даҳ рӯз аз рӯзи расидан ё ба дигар ҷой гузаронидан огоҳ созад.

БОБИ 3.МУАСССИСА ВА МАҚОМОТИ ИҶРОКУНАНДАИ ҶАЗО ВА НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ ОНҲО

Моддаи 23. Муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо

1. Ҷазо дар намуди ҷарима ва мусодираи молу мулк аз ҷониби иҷрочии суд дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулк, ҷои кор ва ё маҳалли истиқомати маҳкумшуда иҷро карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 371, аз 29.12.2010 № 648).

2. Ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян аз ҷониби нозироти (инспексия) корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати маҳкумшуда, муассисаҳои ислоҳӣ ё қисмҳои ҳарбии интизомӣ иҷро карда мешавад. Талаботи ҳукм дар мавриди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян аз ҷониби маъмурияти ҷои кори маҳкумшуда, инчунин мақомоте, ки мутобиқи қонун ҳуқуқ доранд иҷозати машғул шудан ба навъҳои фаъолиятҳои дахлдорро беэътибор созанд, иҷро карда мешавад.

3. Ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон аз ҷониби иҷрочии суд иҷро карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 371). Талаботи ҳукм оид ба маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон аз ҷониби шахси мансабдор ё мақоме, ки ин рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтнхории Тоҷикистонро додааст, иҷро карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

4. Ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ва корҳои ислоҳӣ аз ҷониби нозироти (инспексияи) Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55, аз 15.07.2004 № 48, аз 16.04.2012 № 805).

5. Ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ва ҷазои қатл аз ҷониби муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ иҷро карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48, аз 29.12.2011 № 648).

6. Ҷазо нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ё нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад. Талаботи ҳукм дар бораи маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ аз ҷониби фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ, муассиса, мақомот ва воҳидҳои низомӣ, ки дар онҳо хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда хизматро адо мекунанд, иҷро карда мешавад; ҷазои нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ бошад, аз ҷониби қисмҳои ҳарбии махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад (Қонуни ҶТ аз15.07.2004 № 48).

7. Маҳкумшудагони бо шартан татбиқ накардани ҷазо ва онҳое, ки нисбаташон иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шудааст таҳти назорати нозироти корҳои ислоҳӣ қарор доранд. Назорати хизматчиёни ҳарбии бо шартан татбиқ накардани ҷазо маҳкумшударо фармондеҳии ҳарбӣ анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

Моддаи 24. Истифодаи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ

1. Муассисаҳои иҷрокунандаи ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ, ё маҳрум сохтан аз озодӣ иҷрои қарори судро дар мавриди истифодаи чораҳои маҷбурии муолиҷаи ашхоси мубталои бемориҳои майзадагӣ, нашъамандӣ ё заҳрмандӣ, инчунин бемории рӯҳиро, ки мукаллафиро истисно намекунад, таъмин менамоянд (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

2. Агар ҳангоми адои намуди ҷазоҳои дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида муайян карда шавад, ки маҳкумшуда ба бемории майзадагӣ ё нашъамандӣ ё заҳрмандӣ мубтало мебошад, муассисаи иҷрокунандаи ҷазо нисбати чунин шахс дар бораи истифода бурдани чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ ба суд пешниҳод мефиристад.

3. Шарт ва тартиби таъин, иҷро ва қатъи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ нисбат ба ашхоси дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида, инчунин нисбат ба ашхоси ба дигар навъи ҷазо маҳкумшударо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

4. Нисбат ба ашхоси гирифтори инфексияи ВИЧ, инчунин мубталои бемории сил ё ашхосе, ки курси пурраи муолиҷаи касалиҳои зӯҳравиро нагузаштаанд ва ба ҷазоҳои дар қисми якуми ҳамин модда зикршуда маҳкум гардидаанд, муассисаи иҷрокунандаи ҷазо мувофиқи қарори комиссияи тиббӣ муолиҷаи маҷбуриро истифода мебарад.

5. Дар ҳолатҳое, ки ҳангоми озодшавии маҳкумшуда муолиҷа хотима наёфтааст, маъмурияти муассисаи ислоҳӣ дар сурати мавҷуд будани хулосаи тиббӣ, барои идома додани муолиҷаи маҷбурии чунин шахс дар муассисаи тиббии дорои низоми махсус, ба суд пешниҳод мефиристад.

Моддаи 25. Назорати судӣ

1. Муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо судеро, ки ҳукм баровардааст, дар бораи оғоз ва ҷои адои ҷазо аз тарафи шахси ба маҳдуд кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, якумра аз озодӣ маҳрум сохтани маҳкумшуда ва инчунин оиди иҷрои ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ, ҷарима, маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, мусодираи молу мулк ва ҷазои қатл огоҳ месозанд (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48, аз 29.12.2010 № 648).

2. Суд иҷрои ҷазоро ҳангоми ҳалли масъалаҳои шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан, дар бораи ба намуди ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо, бо сабаби беморӣ аз ҷазо озод кардан, аз ҷазо дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда озод кардан, аз адои ҷазо озод кардани занони ҳомила ва заноне, ки кӯдаки то ҳаштсола доранд, инчунин ҳангоми тағйир додани намуди муассисаи ислоҳӣ назорат мекунад (Қонуни ҶТ аз29.12.2010 № 648).

3. Тибқи ҳолат ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шикоятҳои маҳкумшудагон ва дигар ашхосро дар хусуси амали маъмурияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Моддаи 26. Назорати прокурорӣ аз болои иҷрои ҷазо

Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо ҳангоми иҷро ва адои ҷазо аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокуророни тобеи ӯ мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 27. Назорати идоравӣ

1. Назорати бевоситаи (мустақими) фаъолияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо аз ҷониби мақомоти болоии идоравӣ ва ашхоси мансабдори он анҷом дода мешавад. Тартиби татбиқи назорати идоравиро санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ муайян менамоянд.

2. Дар ҳолати ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар фаъолияти кормандони муассиса ва мақомоти иҷрокукандаи ҷазо аз ҷониби мақомоти болоии идоравӣ, ки андешидани чораҳои қонунӣ оид ба ин масъалаҳо ба ваколати онҳо дохил намешавад, маводи санҷиши хизматӣ барои баррасӣ ва қабули қарори дахлдор ба прокурор пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732).

Моддаи 27(1). Санҷиши фаъолияти муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ҳангоми баррасии шикоят ё бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732)

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санҷиши шикоят бо ташаббуси худ ё ҳангоми гирифтани маълумот оид ба вайронкунии оммавӣ ва ҷиддии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ё дар ҳолатҳои аҳамияти махсуси ҷамъиятӣ доштани амалҳо оид ба вайрон кардани ҳуқуқи инсон метавонад мустақилона ё якҷоя бо шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори давлатӣ санҷиши фаъолияти муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятиро оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон гузаронад.

2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бо маҳкумшудагон дар танҳоӣ мулоқот карданро дорад.

3. Мукотиба байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҳкумшудагон таҳти назорат (сензура) қарор дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732).

Моддаи 28. Ёрӣ ва иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар кори муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо

Тибқи асос ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ метавонанд ба фаъолияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ёрии амалӣ расонанд.

Моддаи 29. Ташриф ба муассисаҳои иҷрокунандаи ҷазо

1. Ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ бидуни иҷозати махсус инҳо метавонанд ба муассисаҳои иҷрокунандаи ҷазо ташриф оваранд:

а) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳо (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648);

б) Прокурори генералӣ, инчунин прокурори ваколатдорнамудаи ӯ ва прокуророне, ки бевосита иҷрои ҷазоро дар қаламрави мазкур назорат мекунанд;

в) сардорони мақомоти идораи болоии муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо.

г) вакил ва аъзои комиссияи ба амал баровардаи назорат аз болои фаъолияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо-дар доираи ҳудуди дахлдор.

2. Намояндагони воситаҳои ахбори умум ва дигар ашхос ҳуқуқ доранд мувофиқи иҷозати махсуси маъмурияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ё мақомоти идораи болоии муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ба муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ташриф оваранд.

3. Ба навор гирифтани кино, суратгирӣ ва сабти видеои маҳкумшудагон, мусоҳиба бо онҳо, аз ҷумла бо истифодаи техникии аудио ва видео бо розигии хаттии худи маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад.

4. Ба навор гирифтани кино, суратгирӣ, сабти видеои иншоотҳое, ки амният ва ҳифзи маҳкумшудагонро таъмин менамояд, бо иҷозати хаттии маъмурияти муассиса ё мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ба амал бароварда мешавад.

ҚИСМИ МАХСУС

ФАСЛИ II.ИҶРОИ ҶАЗОЕ, КИ БО ҶУДО НИГОҲ ДОШТАНИ МАҲКУМШУДА АЗ ҶОМЕА ВОБАСТА НАМЕБОШАД

БОБИ 3(1) ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ КОРҲОИ ҲАТМӢ

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 29 (1). Тартиби иҷрои ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

1. Иҷрои ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ аз ҷониби нозироти корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати маҳкумшуда дар ҷойҳое, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо розигии нозироти корҳои ислоҳӣ муайян менамоянд, ба амал бароварда мешавад.

2. Ба ҷазои корҳои ҳатмӣ маҳкумшудагон дар мӯҳлати на дертар аз 15 рӯзи ба нозироти корҳои ислоҳӣ расидани фармоиши дахлдори суд бо нусхаи ҳукм (таъинот, қарор) барои адо кардани ҷазо ҷалб карда мешаванд.

3. Нозироти корҳои ислоҳӣ баҳисобгирии маҳкумшудагонро анҷом медиҳанд; тартиб ва шартҳои адои ҷазоро тавзеҳ медиҳанд; бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ феҳристи ҷойҳое, ки маҳкумшудагон ҷазои корҳои ҳатмиро адо менамоянд, мувофиқа мекунанд; рафтори маҳкумшудагонро назорат менамоянд; вақти коркарди умумии маҳкумшудагонро ба ҳисоб мегиранд (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

Моддаи 29 (2). Шартҳои иҷро ва адои ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

1. Ба корҳои ҳатмӣ маҳкумшудагон вазифадоранд: қоидаҳои тартиботи дохилаи ташкилотеро, ки дар он ҷо корҳои ҳатмиро адо менамоянд, риоя намуда, ба меҳнат софдилона муносибат кунанд; дар ҷойҳои барои онҳо муайяншуда кор карда, мӯҳлати ҳатмиро, ки суд муқаррар намудааст, иҷро кунанд; нозироти корҳои ислоҳиро оиди тағйир додани ҷои истиқоматашон хабардор намоянд.

2. Ба маҳкумшудагон додани рухсатии ҳарсолаи навбатӣ аз ҷои кори асоси иҷрои ҷазоро дар намуди корҳои ҳатмӣ бознамедорад.

3. Дар давраи адои ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ҳангоми маъюби гурӯҳи якум ё дуюм эътироф гардидан, расидан ба синни нафақа, бо сабаби нигоҳубини кӯдак дар рухсатӣ будан ва ё ҳомиладор гардидани маҳкумшуда нозироти корҳои ислоҳӣ дар хусуси озод намудан аз адои ҷазо ба суд пешниҳод мефиристад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

Моддаи 29 (3) Баҳисобгирии мӯҳлати ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

1. Мӯҳлати адои ҷазои корҳои ҳатмӣ ба соатҳое, ки дар давоми он маҳкумшуда адои ҷазо намудааст, ба ҳисоб гирифта мешавад.

2. Вақти корҳои ҳатмӣ дар рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳое, ки маҳкумшуда ба корҳои асосӣ, хизмат ё таълим машғул нест, аз чор соат зиёд буда наметавонад, дар рӯзҳои кори ду соат пас аз адои кор, хизмат ё таълим, дар ҳолати рози будани маҳкумшуда чор соат муқаррар шуданаш мумкин аст. Вақти корҳои ҳатмӣ дар давоми як ҳафта аз 12 соат кам буда наметавонад. Ҳангоми мавҷуд будани сабабҳои узрнок нозироти корҳои ислоҳи ҳуқуқ доранд ба маҳкумшуда як ҳафта коркарди миқдори соатҳои камтарро иҷозат диҳад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

Моддаи 29 (4) Вазифаҳои маъмурияти ташкилоте, ки дар он ҷо маҳкумшуда ҷазои корҳои ҳатмиро адо мекунад

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

1. Ба зиммаи маъмурияти ташкилоте, ки дар он ҷо маҳкумшуда ҷазои корҳои ҳатмиро адо мекунад, вазифаҳои зерин гузошта мешаванд: назорат аз болои иҷрои корҳое, ки барои маҳкумшудагон муайян гардидааст, огоҳ намудани нозироти корҳои ислоҳӣ оиди миқдори соатҳои коркард ё саркашӣ намудани маҳкумшудагон аз адои ҷазо.

2. Пардохт намудани товони зарар ба саломатии маҳкумшуда, ки вобаста ба иҷрои корҳои ҳатми расонида шудааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

Моддаи 29 (5) Ашаддӣ саркашӣ намудан аз адои ҷазои корҳои ҳатмӣ

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

1. Саркашӣ кардан аз адои ҷазои корҳои ҳатмӣ ҳамон вақт ашаддӣ ҳисобида мешавад, ки агар маҳкумшуда:

а) зиёда аз ду маротиба дар давоми як моҳ барои адои ҷазои корҳои ҳатмӣ бе сабабҳои узрнок набаромада бошад;

б) зиёда аз ду маротиба дар давоми як ҳафта интизоми меҳнатро вайрон карда бошад;

в) бо мақсади саркашӣ намудан аз адои ҷазо пинҳон шавад,

2. Нисбати маҳкумшудагоне, ки аз адои ҷазои корҳои ҳатмӣ ашаддӣ саркашӣ менамоянд, нозироти корҳои ислоҳӣ оиди иваз намудани ҷазои корҳои ҳатмӣ бо дигар намуди ҷазо тибқи талаботи қисми панҷуми моддаи 48 (1) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд пешниҳод мефиристад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48, аз 29.12.2010 № 648).

БОБИ 4.ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ ҶАРИМА

Моддаи 30. Тартиби иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима

1. Иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима аз ҷониби иҷрочии суд дар маҳалли истиқомат, маҳалли ҷойгиршавии молу мулк, ҷои кори маҳкумшуда ё дар маҳалли аз ҷониби маҳкумшуда адо кардани ҷазои асосӣ ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 371, аз 29.12.2010 № 648).

2. Аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд маҳкумшуда бояд дар давоми сӣ рӯз ҷаримаро пардозад.

3. Суд мутобиқи хоҳишномаи маҳкумшуда ва хулосаи иҷрочии суд метавонад вақти пардохти ҷаримаро ба мӯҳлати то шаш моҳ мавқуф гузорад ё дароз кунад, агар пардохти яквақтинаи он барои маҳкумшуда имконнопазир бошад.

4. Дар сурати аз ҷониби маҳкумшуда сари вақт напардохтани ҷарима иҷрои ин ҷазо ба тарзи маҷбурӣ, аз ҷумла бо роҳи ситонидани молу мулки маҳкумшуда, ки дар қисми якуми моддаи 199 ҳамин Кодекс зикр гардидааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

5. Ҷарима аз молу мулке, ки дар Номгӯи (рӯйхати) молу мулке, ки бо ҳукми суд мусодира карда намешавад зикр гардидааст, ситонидан мумкин нест (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

Моддаи 31. Ашаддӣ саркашӣ намудан аз пардохти ҷарима

1. Ашаддӣ саркашӣ намудан аз пардохти ҷарима ба ҳисоб меравад, агар маҳкумшуда ҷаримаро дар мӯҳлати муқаррар намудаи қисми дуюми моддаи 30 ҳамин Кодекс насупорида бошад ва даромаду молу мулки худро аз ситонидани маҷбурӣ пинҳон дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

2. Дар ҳолате, ки маҳкумшуда аз пардохти ҷарима ашаддӣ саркашӣ менамояд, ё супоридани ҷарима барои ӯ имконнопазир аст, иҷрочии суд оид ба дигар намуди ҷазо иваз намудани ҷарима тибқи қисмҳои панҷум ва нӯҳуми моддаи 49 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд пешниҳод ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 619).

Моддаи 32. Анҷоми амали иҷроиявӣ

Варақаи иҷроӣ бо қайди иҷрои ҳукм дар хусуси ситонидани ҷарима ба суде, ки ҳукм баровардааст, фиристода мешавад.

БОБИ 5.ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲРУМ КАРДАН АЗ ҲУҚУҚИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ МУАЙЯН Ё МАШҒУЛ ШУДАН БО ФАЪОЛИЯТИ МУАЙЯН

Моддаи 33. Тартиби иҷрои ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи

ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян

1. Иҷрои ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, ки ҳамчун ҷазои асосӣ ё ба сифати ҷазои иловагӣ ба ҷазои ҷарима ё корҳои ислоҳӣ, инчунин бо шартан татбиқ накардани ҷазо таъин шудааст, аз ҷониби нозироти корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати маҳкумшуда, инчунин маъмурияти ҷои кори ӯ ё мақоме, ки барои машғул шудан ба чунин навъи фаъолият иҷозат додааст, ба амал бароварда мешавад.

2. Иҷрои ин ҷазо, ки ба сифати ҷазои иловагӣ ба ҷазои асосӣ дар намуди маҳдуд кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ таъин гардидааст, аз ҷониби муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазои асосӣ анҷом дода мешавад. Маъмурияти ин муассисаҳо пас аз адои ҷазои асосӣ ё дар сурати аз адои ҷазо озод шудани маҳкумшуда ё иваз кардани ҷазо ба ҷазои нисбатан сабуктар, нусхаи ҳукмро ҷиҳати иҷрои минбаъда ба нозироти корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати маҳкумшуда мефиристад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

3. Дар сурати даъват ба хизмати ҳарбӣ ё ба хизмати алтернативӣ дохил шудани маҳкумшуда нозироти корҳои ислоҳӣ нусхаи ҳукми судро ҷиҳати иҷрои ин ҷазо ҳангоми хизмат ба комиссариати ҳарбӣ ё маҳалли хизмат мефиристад.

Моддаи 34. Баҳисобгирии мӯҳлати иҷрои ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян

1. Мӯҳлати иҷрои ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, ки ҳамчун ҷазои асосӣ ё ба сифати ҷазои иловагӣ ба ҷазои ҷарима, корҳои ислоҳӣ, инчунин ҳангоми шартан татбиқ накардани ҷазо, агар иҷрои ҷазои иловагӣ мавқуф гузошта нашуда бошад, аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд ба ҳисоб гирифта мешавад. Ба мӯҳлати ҷазои зикргардида, вақте, ки дар давоми он маҳкумшуда мансаби ба ӯ манъшударо ишғол менамуд ё ба фаъолияти манъшуда машғул буд, ба ҳисоб гирифта намешавад.

2. Ҳангоми таъини ин ҷазо ба сифати ҷазои иловагӣ ба ҷазои маҳдуд кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ва маҳрум сохтан аз озодӣ мӯҳлати ҷазои зикршуда дар тамоми давраи адои ҷазои асосӣ ва зиёда аз он пас аз адои ҷазои асосӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи ҳукм низ татбиқ гардида, аз рӯзи озод шудани маҳкумшуда аз маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ), аз қисми ҳарбии интизомӣ ё аз муассисаи ислоҳӣ ба ҳисоб гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

3. Ҳангоми нисбат ба ин гурӯҳи маҳкумшудагон истифода бурдани озодкунӣ аз адои минбаъдаи ҷазо мӯҳлати ҷазои иловагӣ аз лаҳзаи озодшавии онҳо ба ҳисоб гирифта мешавад.

Моддаи 35. Вазифаҳои нозироти корҳои ислоҳӣ вобаста ба иҷрои ҳукм дар мавриди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян

Нозироти корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати маҳкумшуда баҳисобгирии (бақайдгирии) маҳкумшудагонро анҷом медиҳад; риояи ҳукми судро дар хусуси маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян назорат мекунад; аз ҷониби маъмурияти корхона, ташкилоту муассиса ё мақоме, ки барои машғул шудан бо фаъолияти дахлдор иҷозат додааст, иҷро намудани талаботи пешбининамудаи ҳукми судро дар мавриди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян санҷиш менамояд; гузаронидани корҳои тарбиявиро ташкил мекунад.

Моддаи 36. ӯҳдадории маъмурияти ташкилоте, ки дар он маҳкумшуда кор мекунад

1. Талаботи ҳукм дар мавриди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян барои маъмурияти ташкилоте, ки дар он ҷо маҳкумшуда кор мекунад, ҳатмӣ мебошад.

2. Маъмурияти ташкилоте, ки маҳкумшуда дар он кор мекунад вазифадор аст:

а) маҳкумшударо аз мансабе, ки аз ҳуқуқи ишғоли он маҳрум шудааст, озод намояд ё машғул шуданашро ба фаъолияти муайяне, ки аз шуғли он маҳрум шудааст, манъ кунад ва оид ба иҷрои талаботи ҳукм ба нозироти корҳои ислоҳӣ дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯз маълумот диҳад;

б) тибқи дархости нозироти корҳои ислоҳӣ асноди вобаста ба иҷрои ҷазоро пешниҳод кунад;

в) дар ҳолати тағйир ёфтан ё қатъи созишномаи меҳнатӣ бо маҳкумшуда дар мӯҳлати се рӯз ба нозироти корҳои ислоҳӣ хабар диҳад;

г) дар сурати аз ташкилот озод карда шудани маҳкумшуда, ки ҷазоро адо накардааст, дар дафтарчаи меҳнатии ӯ бо кадом асос, ба кадом мӯҳлат ва аз кадом мансаб маҳрум карда шудани маҳкумшуда ё аз ҳуқуқи ба кадом фаъолият машғул шудан маҳрум гардидани ӯ сабт карда мешавад.

Моддаи 37. ӯҳдадории ашхоси ба ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян маҳкумшуда

Ашхосе, ки ба ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян маҳкум шудаанд, ӯҳдадоранд тамоми талаботи ҳукмро иҷро намуда, асноди вобаста ба адои ҷазои зикршударо ба талаби нозироти корҳои ислоҳӣ пешниҳод кунанд ва ба онҳо дар хусуси ҷои кор, тағйир ёфтани он ё аз кор озод шуданашон хабар диҳанд.

Моддаи 38. Ҷавобгарӣ барои иҷро накардани ҳукм дар мавриди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян

Шахси мансабдоре, ки барои иҷро накардани ҳукми суд дар мавриди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян гунаҳкораст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

БОБИ 6.ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ КОРҲОИ ИСЛОҲӢ

Моддаи 39. Тартиби иҷрои ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ

1. Корҳои ислоҳӣ мутобиқи ҳукми суд дар ҷои кори асосии маҳкумшуда ё дигар ҷойҳое, ки нозироти корҳои ислоҳӣ муайян намудааст, вале дар ноҳияи истиқоматии маҳкумшуда, бо назардошти қобилияти кории ӯ ва аз рӯи имконият тибқи ихтисоси ӯ адо карда мешаванд. Нисбат ба ноболиғ инчунин зарурати таъмини назорати дахлдор оиди рафтор ва соҳиби тахассуси истеҳсолӣ гардидани ӯ ба инобат гирифта мешавад.

2. Ҳукмҳо дар мавриди корҳои ислоҳӣ дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯз аз рӯзи ба нозироти корҳои ислоҳӣ расидани фармоиши дахлдори суд бо нусхаи ҳукм (таъинот, қарор) иҷро карда мешаванд.

3. Ашхосе, ки ба ҷазои корҳои ислоҳӣ дар ҷои корашон маҳкум шудаанд, дар ҳамон корҳона, муассиса, ташкилот, ки онҳо то маҳкумшавӣ кор мекарданд, дар ҳамон вазифа ва коре, ки қаблан ба ҷо меоварданд корро идома медиҳанд, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба дигар мансаб ё кори дигар гузаронидани ашхоси ба корҳои ислоҳӣ дар ҷои корашон маҳкумшуда дар асосҳои умумии пешбининамудаи қонунгузории меҳнат анҷом дода мешавад.

4. Ашхосе, ки ба ҷазои корҳои ислоҳӣ дар дигар ҷойҳо маҳкум шудаанд, метавонанд ба хадамоти шуғли аҳолӣ фиристода шуда, аз ҷониби он ба таври имтиёзнок бо кор таъмин карда шаванд. Ашхоси ба корҳои ислоҳӣ дар дигар ҷойҳо маҳкумшуда ҳуқуқ надорад кори ба ӯ пешниҳодшударо рад намояд, сарфи назар аз он, ки ин кор ба ихтисоси ӯ мутобиқат мекунад ё не.

Моддаи 40. Шартҳои адои ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ

1. Ба корҳои ислоҳӣ маҳкумшудагон вазифадоранд тартиб ва шартҳои адои ҷазоро риоя намуда, ба меҳнат софдилона муносибат кунанд, ӯҳдадориҳоро иҷро намуда, манъкуниҳоро, ки барояшон нозироти корҳои ислоҳӣ муқаррар намудааст, риоя кунанд ва тибқи даъвати он ҳозир шаванд.

2. Аз музди меҳнати ашхоси ба корҳои ислоҳӣ маҳкумшуда ба фоидаи давлат нигоҳ доштани маблағ дар ҳаҷми муқаррарнамудаи ҳукми суд анҷом дода мешавад.

3. Дар давоми мӯҳлати адои ҷазои корҳои ислоҳӣ ба маҳкумшудагон иҷозат дода намешавад, ки бидуни иҷозати хаттии нозироти корҳои ислоҳӣ бо ҳоҳиши худ аз кор озод шаванд. Иҷозат пас аз санҷиши асоснокии аризаи маҳкумшуда дода шуданаш мумкин аст. Радди додани иҷозат дар мавриди озодкунӣ аз кор бояд асоснок карда шавад. Оид ба қарори раддия тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун шикоят кардан мумкин аст.

4. Мӯҳлати адои ҷазои корҳои ислоҳӣ ба собиқаи кории умумӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Мӯҳлати адои ҷазо ба собиқаи корӣ, ки барои гирифтани имтиёз ё изофапулӣ ба маош ҳуқуқ медиҳад, ба ҳисоб гирифта намешавад.

5. Маҳкумшуда вазифадор аст дар мавриди тағйир ёфтани ҷои кор ё ҷои истиқомат дар давоми даҳ рӯз нозироти корҳои ислоҳиро огоҳ созад.

6. Дар давраи адои ҷазои корҳои ислоҳӣ рухсатии пардохташавандаи ҳарсола бо давомнокии ҳаждаҳ рӯзи корӣ аз ҷониби маъмурияти корхонае, ки дар он маҳкумшуда кор мекунад, бо мувофиқаи нозироти корҳои ислоҳӣ дода мешавад. Дигар намуди рухсатиҳо, ки қонунгузории меҳнат пешбинӣ намудааст, дар асосҳои умумӣ дода мешаванд.

7. Ба ашхоси адокунандаи ҷазои корҳои ислоҳӣ кӯмакпулӣ оид ба корношоямии муваққатӣ, ҳомила ва таваллуд вобаста аз маош, бо аз ҳисоб баровардани маблағи тибқи ҳукми суд нигоҳдошташаванда, ҳисоб карда мешавад.

Моддаи 41. Вазифаҳои мақоми иҷрокунандаи ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ

Нозироти корҳои ислоҳӣ баҳисобгирии инфиродии маҳкумшудагонро анҷом медиҳад; тартиб ва шартҳои адои ҷазоро тавзеҳ медиҳад; риояи шартҳои адои ҷазоро аз ҷониби маҳкумшуда ва иҷрои талаботи ҳукмро аз ҷониби маъмурияти ташкилоти ҷои кори маҳкумшуда назорат мекунад; рафтори маҳкумшудагонро назорат намуда, дар сурати зарурат онҳоро ҷиҳати таъмин бо кор ба маркази шуғл мефиристад; дар хусуси маҷбурӣ овардани маҳкумшудагоне, ки бидуни сабабҳои узрнок мувофиқи даъват ё барои бақайдгирӣ ҳозир нашудаанд, қарор қабул мекунад; корҳои ибтидоиро дар хусуси ҷустуҷӯи маҳкумшудагон анҷом медиҳад, ба хадамоти дахлдор дар хусуси маҳкумшудагоне, ки ҷои исташон маълум намебошад, маводи дахлдор таҳия ва ирсол медорад; чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотӣ, инчунин вазифаҳо ва манъкуниҳоеро, ки моддаи 42 ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, татбиқ менамояд; дар давраи адои ҷазо барои аз кор бо хоҳиши худ рафтани маҳкумшуда иҷозат медиҳад; бо маҳкумшудагон корҳои тарбиявӣ мегузаронад.

Моддаи 42. Вазифаҳо ва манъкуниҳое, ки барои ашхоси ба корҳои ислоҳӣ маҳкумшуда муқаррар карда мешаванд

1. Бо назардошти хусусият ва дараҷаи хавфи ҷамъиятии ҷинояти содиршуда шахсияти маҳкумшуда, рафтори ӯ дар давраи адои ҷазо ва бо мақсади пешгирии қонуншиканиҳои нав нозироти корҳои ислоҳӣ ҳуқуқ дорад барои маҳкумшудагон вазифа ва манъкуниҳои зеринро муайян кунад:

а) манъи тарки манзил дар вақти муайяни шабонарӯз;

б) манъи тарки маҳалли истиқомат дар рӯзҳои истироҳат ва давраи рухсатӣ;

в) манъи ҳузур доштан дар ҷойҳои муайяни ноҳия (шаҳр);

г) ӯҳдадор сохтан ҷиҳати дар як моҳ ду маротиба ҳозир шудан барои гузаштан аз қайди нозироти корҳои ислоҳӣ.

2. Вазифа ва манъкуниҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда ба мӯҳлати то шаш моҳ муқаррар карда мешаванд. Дар ҳолатҳои зарурӣ ин мӯҳлат ҳар дафъа боз шаш моҳ, дар доираи мӯҳлати адои ҷазо, дароз карда шуданаш мумкин аст.

3. Бекор будани маҳкумшуда амали вазифа ва манъкуниҳои муқарраршударо бознамедорад.

Моддаи 43. Баҳисобгирии мӯҳлати ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ

1. Мӯҳлати адои ҷазои корҳои ислоҳӣ бо солҳо, моҳҳо ва рӯзҳо, ки дар давоми он маҳкумшуда кор кардааст ва аз музди меҳнати ӯ маблағ дошта гирифта шудааст, ба ҳисоб гирифта мешавад. Шумораи рӯзҳое, ки маҳкумшуда кор кардааст, бояд аз шумораи рӯзҳои кории вобаста ба ҳар моҳи мӯҳлати ҷазои муайяннамудаи суд камтар набошад. Агар маҳкумшуда шумораи муқарраршудаи рӯзҳоро кор накарда бошад ва барои ҳисоби рӯзҳои корнакарда ба мӯҳлати ҷазо асосҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс вуҷуд надошта бошад, адои корҳои ислоҳӣ то пурра кор кардани шумораи муқарраршудаи рӯзҳои меҳнатӣ аз ҷониби маҳкумшуда идома меёбад.

2. Оғози мӯҳлати адои ҷазо рӯзи аз ҷониби маъмурияти ташкилоти ҷои кори маҳкумшуда гирифтани нусхаи ҳукми (таъинот, қарор) суд ва дигар асноде, ки аз нозироти корҳои ислоҳӣ ворид шудааст, ба ҳисоб меравад.

3. Ба мӯҳлати адои ҷазо вақте, ки дар давоми он маҳкумшуда бо сабабҳои узрнок кор накардааст, ба ҳисоб гирифта мешавад. Ба ин мӯҳлат инчунин вақте, ки дар давоми он маҳкумшуда расман бекор эътироф шудааст, дохил мегардад.

4. Ҳангоми ба бемории вазнин гирифтор шудани маҳкумшуда, ки беш аз чор моҳ пайдарҳам давом ёфтааст ва оянда монеаи адои ҷазо мегардад, нозироти корҳои ислоҳӣ дар хусуси озод намудан аз адои ҷазо ба суд пешниҳод мефиристад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

5. Ҳангоми дар давоми адои ҷазои корҳои ислоҳӣ ҳомила гардидани маҳкумшуда нозироти корҳои ислоҳӣ аз рӯзи додани рухсатӣ вобаста ба ҳомиладорӣ, таваллуд ва нигоҳубини кӯдаки то синни ҳаштсола оид ба мавқуф гузоштани иҷрои ҷазо ба суд пешниҳод мефиристад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

6. Мӯҳлати адои ҷазои маҳкумшудагоне, ки дар ташкилоте, ки дар онҳо баҳисобгирии маҷмӯии вақти корӣ истифода бурда мешавад, кор мекунанд, бо назардошти давомнокии вақти корӣ дар давраи баҳисобгирӣ, ки аз шумораи рӯзҳои кории муқарраршуда зиёд нест, ҳисоб карда мешавад.

7. Ба мӯҳлати адои ҷазо инҳо ба ҳисоб гирифта намешаванд: вақте, ки дар давоми он маҳкумшуда кор накардааст, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисми сеюми ҳамин модда; вақти беморӣ вобаста ба майзадагӣ, нашъамандӣ, заҳрмандӣ ё амали вобаста ба онҳо; вақти адои ҷазои маъмурӣ дар намуди ҳабс ё корҳои ислоҳӣ, инчунин вақти нигоҳ доштан дар ҳабс ба сифати чораи пешгирӣ оид ба парвандаи дигар дар давраи адои ҷазо.

Моддаи 44. Вазифаҳои маъмурияти ташкилоте, ки дар он ҷо маҳкумшуда ҷазои корҳои ислоҳиро адо мекунад

Ба зиммаи маъмурияти ташкилоте, ки дар он ҷо маҳкумшуда ҷазои корҳои ислоҳиро адо мекунад, вазифаҳои зерин гузошта мешаванд: ба маълумоти аъзоёни коллективи меҳнатӣ расонидани ҳукми суд; дуруст ва сари вақт дошта гирифтани маблағ аз музди меҳнати маҳкумшуда ва гузаронидани он тибқи тартиби муқарраршуда; назорати рафтори маҳкумшуда дар истехсолот ва мусоидат ба нозироти корҳои ислоҳӣ дар гузаронидани корҳои тарбиявӣ бо маҳкумшуда; риояи шартҳои адои ҷазо, ки ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст; огоҳ намудани нозироти корҳои ислоҳӣ дар мавриди нисбат ба маҳкумшуда истифода бурдани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозот, дар бораи саркашӣ кардани ӯ аз адои ҷазо, инчунин огоҳонии қаблӣ дар мавриди ба дигар вазифа гузаронидан, аз кор озод намудан ё додани рухсатӣ.

Моддаи 45. Тартиби нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнати шахси ба корҳои ислоҳӣ маҳкумшуда

1. Нозироти корҳои ислоҳӣ назорати дуруст ва сари вақт нигоҳ доштани маблағро аз музди меҳнати маҳкумшуда ва гузаронидани онро ба буҷети давлат анҷом медиҳад. Ҷиҳати иҷрои чунин назорат нозирот ҳуқуқ дорад мақомоти молия ва андозро ҷалб намояд.

2. Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнати ҷои кори асосии маҳкумшуда барои ҳар як моҳи корӣ ҳангоми пардохти музди меҳнати новобаста аз мавҷуд будани иддао бо дигар ҳуҷҷатҳои иҷроиявӣ ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

3. Ҳангоми нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнати маҳкумшуда ҳам даромади пулӣ ва ҳам даромад дар намуди асл ( натуралӣ) ба ҳисоб гирифта мешавад. Қисми аслии даромад, ки аз маҳкумшуда нигоҳ дошта гирифта шудааст дар ихтиёри ташкилот монда, арзиши он мутобиқи нархи хариди давлат ба фоидаи давлат гузаронида мешавад. Маблағи аз даромад нигоҳдошташуда ҳар моҳ ба фоидаи давлат гузаронида мешавад.

4. Дар ҳолатҳои зерин маблағ нигоҳ дошта намешавад, аз нафақа ва ёрдампулиҳое, ки тибқи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти иҷтимоӣ гирифта мешаванд, инчунин аз пардохтҳои якдафъаина, ба ғайр аз кӯмакпулӣ барои бекорӣ, аз маблағҳое, ки ба сифати чубронпулӣ барои хароҷоти вобаста ба сафари хизматӣ пардохта шаванда, ва аз дигар ҷубронпулиҳо.

5. Ёрдампулиҳо оид ба корношоямии муваққатии маҳкумшудагон аз музди меҳнати онҳо баъди нигоҳ доштани маблағ дар ҳаҷми муайяннамудаи ҳукми суд ба ҳисоб гирифта мешавад.

6. Дар сурати бекор кардан ё тағьир додани ҳукми суд вобаста ба катъи парванда маблағҳои изофагии аз музди меҳнати маҳкумшуда нигоҳдошташуда пурра баргардонида мешаванд.

Моддаи 46. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ, ки нисбат ба ашхоси адокунандаи ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ истифода бурда мешаванд

1. Барои рафтори шоиста ва муносибати софдилона ба меҳнат нисбат ба ашхоси адокунандаи ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ нозироти корҳои ислоҳӣ метавонад мӯҳлат ва ҳаҷми вазифаҳою манъкуниҳои дар моддаи 42 ҳамин Кодекс пешбинишударо кам ё бекор намояд.

2. Маҳкумшудагоне, ки ислоҳ гардидани хешро собит намудаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун аз ҷониби нозироти корҳои ислоҳӣ барои шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардани онҳо ба суд пешниҳод карда мешаванд.

Моддаи 47. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани тартиб ва шартҳои адои ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ва барои саркашӣ намудан аз адои он

1. Вайрон кардани тартиб ва шартҳои адои ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ иборатанд аз:

а) бидуни сабабҳои узрнок аз лаҳзаи бақайдгирӣ дар нозироти корҳои ислоҳӣ дар давоми даҳ рӯз ба кор набаромадан ё саркашӣ ба ҳамон мӯҳлат аз бақайдгирӣ дар маркази шуғли аҳолӣ;

б) бидуни сабабҳои узрнок ҳозир нашудан ба нозироти корҳои ислоҳӣ;

в) вайрон кардани вазифа ва манъкуниҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс;

г) ба кор набаромадан ё ҳозир шудан ба кор дар ҳолати мастӣ ё дар ҳолати мастии нашъа ё заҳрмандӣ.

2. Барои аз ҷониби маҳкумшуда вайрон кардани тартиб ва шартҳои адои ин намуди ҷазо нозироти корҳои ислоҳӣ метавонад ӯро оиди иваз намудани корҳои ислоҳӣ ба дигар намуди ҷазо хаттӣ огоҳ намояд.

3. Саркашӣ кардан аз адои ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ҳамон вақт ашаддӣ ҳисоб карда мешавад, ки агар маҳкумшуда такроран тартиб ва шартҳои адои ҷазоро пас аз содир кардани яке аз вайронкуниҳои дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида, ки ба таври хаттӣ огоҳонида шуда буд, содир карда бошад, инчунин маҳкумшудае, ки аз маҳалли истиқомат пинҳон шуда ҷои исти ӯ маълум намебошад.

4. Маҳкумшудае, ки аз маҳалли истиқоматӣ пинҳон шуда, ҷои исти ӯ маълум намебошад, нисбаташ кофтуков эълон карда шуда, мумкин аст бо санксияи прокурор ба мӯҳлати то си шабонарӯз дастгир карда шавад.

5. Нисбати маҳкумшудагоне, ки аз адои ҷазои корҳои ислоҳӣ ашаддӣ саркашӣ менамоянд нозироти корҳои ислоҳӣ оиди иваз намудани ҷазои корҳои ислоҳӣ ба дигар намуди ҷазо тибқи талаботи қисми сеюми моддаи 52 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд пешниҳод мефиристад.

ФАСЛИ III.ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲДУД КАРДАНИ ОЗОДӢ

БОБИ 7.ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲДУД КАРДАНИ ОЗОДӢ

Моддаи 48. Маҳалли адои ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ

1. Ашхоси ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкумшуда ҷазоро дар муассисаи махсус - марказҳои ислоҳӣ (табъидгоҳҳо) адо мекунанд.

2. Ашхосе, ки нисбат ба онҳо маҳдуд кардани озодӣ тибқи тартиби иваз кардани намуди дигари ҷазо таъин шудааст, метавонанд барои адои ҷазо ба марказҳои ислоҳӣ (табъидгоҳҳо) фиристода шаванд.

3. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо вазифадоранд ба мақомоти иҷрокунандаи ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ барои бо кор таъмин намудан ва беҳбуди вазъи маишии ашхоси барои адои ҷазо фиристодашуда мусоидат намоянд.

Моддаи 49. Фиристодани ашхоси ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкумшуда ба маҳалли адои ҷазо

1. Ашхоси ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкумшуда, инчунин ашхосе, ки нисбат ба онҳо ин ҷазо тибқи тартиби иваз кардани ҷазои дигар таъин шудааст, ба маҳалли адои ҷазо мустақилона, аз ҳисоби давлат равон карда мешаванд. Суде, ки ҳукм (таъинот) баровардааст, дар давоми се рӯз ба мақоми корҳои дохилии маҳалли истиқомати маҳкумшуда (ва дар сурати набудани ҷои истиқомат-ба маҳалли маҳкумшавӣ) дар бораи иҷрои ҳукми (таъиноти) эътибори қонунӣ пайдонамуда фармоиш ирсол мекунад. Мақомоти корҳои дохилӣ на дертар аз рӯзи дигари гирифтани фармоиш ба маҳкумшуда дар хусуси сафар ба маҳалли адои ҷазо амрнома (предписания) месупорад. Дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз аз рӯзи гирифтани амрнома маҳкумшуда вазифадор аст ба маҳалли адои ҷазо сафар кунад ва дар тӯли мӯҳлати барои сафар зарурӣ, ки дар амрномаи сафар зикр шудааст, ба он ҷой расад.

2. Дар ҳолати саркашӣ намудани маҳкумшуда аз гирифтани амрномаи сафар ба маҳалли адои ҷазо ё дар мӯҳлати муайян сафар накардан ё наомадан ба маҳалли адои ҷазо маҳкумшуда аз ҷониби мақоми корҳои дохилӣ бо санксияи прокурор ба мӯҳлати то понздаҳ шабонарӯз ҷиҳати муайян намудани сабабҳои вайрон кардани тартиби сафари мустақилона ба маҳалли адои ҷазо дастгир карда мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани сабабҳои узрнок мақомоти корҳои дохилӣ дастгиршударо тибқи тартиби муқарраршуда барои ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда ба маҳалли адои ҷазо мефиристад ё дар ҳолати аз адои ҷазо ашади саркашӣ намудан маводро ҷиҳати иваз кардани ҷазои маҳдуд кардани озодӣ ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба суд ирсол менамояд.

3. Маҳкумшудагоне, ки қисми адонакардаи ҷазояшон дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ бо ҷазои маҳдуд кардани озодӣ иваз карда шудааст, аз ҳабс озод карда шуда, онҳо мустақилона, аз ҳисоби давлат ба марказҳои ислоҳӣ (табъидгоҳҳо) сафар мекунанд. Дар чунин ҳолат маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ба маҳкумшуда амрномаи сафарро ба маҳалли адои ҷазо месупорад, ки дар он хатти сафар ва вақти расидан ба марказҳои ислоҳӣ(табъидгоҳ) муайян карда шудааст. Маъмурият инчунин метавонад ба мӯҳлати то панҷ шабонарӯз, бидуни баҳисобгирии вақти барои роҳ зарурӣ, бо шарти дар оянда мустақилона ҳозир шудан ба марказҳои ислоҳӣ(табъидгоҳ) рухсатии кӯтоҳмуддат диҳад.

4. Бо назардошти шахсияти маҳкумшуда, ҷойгиршавии муассисаи ислоҳӣ ва марказҳои ислоҳӣ (табъидгоҳҳо) маҳкумшуда тибқи таъиноти суд ба марказҳои ислоҳӣ (табъидгоҳҳо) таҳти назорати посбонон фиристода шуданаш мумкин аст.

5. Маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) судеро, ки ҳукм (таъинот) баровардааст, дар мавриди иҷрои он фавран огоҳ месозад.

6. Дар ҳолати ба ҷои адои ҷазо ҳозир нашудани маҳкумшуда кофтукови ӯ эълон карда мешавад.

7. Баъд аз дастгир намудани шахси маҳкумшуда вай ба ҷои иҷрои ҷазо тибқи тартиби муқарраршуда барои ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда фиристода мешавад, ё ин ки ба суд оиди иваз намудани ҷазои маҳдуд кардани озодӣ ба маҳрум сохтан аз озодӣ пешниҳод фиристода мешавад.

Моддаи 50. Тартиботи дохилӣ дар марказҳои ислоҳӣ (табъидгоҳ)

1. Дар марказҳои ислоҳӣ(табъидгоҳҳо) тартиботи дохилӣ муқаррар карда мешавад, ки инҳоро пешбинӣ менамояд: тартиби қабули маҳкумшудагон, қоидаҳои рафтори маҳкумшудагон дар вақти кор ва истироҳат, номгӯи кор ва вазифаҳое, ки истифодаи меҳнати маҳкумшудагон манъ аст, тартиби кашида гирифтани ашё, ки барои истифода манъ шудааст ва қоидаҳои гузаронидани санҷиш.

2. Тартиботи дохилӣ ба ҳамаи маҳкумшудагон эълон карда мешавад.

Моддаи 51. Баҳисобгирии мӯҳлати ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ

1. Мӯҳлати ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ аз рӯзи бақайдгирии маҳкумшуда дар маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) ба ҳисоб гирифта мешавад.

2. Вақти нигоҳ доштани маҳкумшуда таҳти ҳабс ба сифати чораи пешгирӣ ва вақти сафар таҳти назорати посбонон аз муассисаи ислоҳӣ ба маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ), ҳангоми иваз кардани қисми адонакардаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба маҳдуд кардани озодӣ аз рӯи ҳисоби як рӯзи таҳти ҳабс қарор доштан баробар ба ду рӯзи маҳдуд кардани озодӣ, инчунин вақти рухсатии кӯтоҳмуддат пас аз озодшавӣ аз муассисаи ислоҳӣ то ҳозир шудан ба маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) ба мӯҳлати ҷазо ҳисоб карда мешавад.

3. Ба мӯҳлати ҷазо вақти худсарона ҳузур надоштани маҳкумшуда дар кор ё набудани ӯ дар маҳалли истиқомат бештар аз як шабонарӯз ҳисоб карда намешавад.

Моддаи 52. Тартиби адои ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ

1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо бо пешниҳоди мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ сарҳади ҳудуди маркази ислоҳиро (табъидгоҳ) муайян намуда ва қоидаи рафтори аҳолиро дар ин ҳудуд муқаррар менамоянд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

2. Нисбат ба маҳкумшудагон дар маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) Қоидаҳои тартиботи дохилии маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) амал мекунад, ки онро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

3. Ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд, бидуни посбонон (қаровулон) нигоҳ дошта мешаванд, вале таҳти назорат буда, вазифадоранд:

а) талаботи Қоидаҳои тартиботи дохилии маркази ислоҳиро (табъидгоҳ)-ро қотеона риоя кунанд;

б) дар он ҷое, ки маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) фиристодааст, кор кунанд;

в) ҳамеша дар ҳудуди сарҳади маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) бошанд ва бидуни иҷозати маъмурият онро тарк накунанд. Ба ашхосе, ки ҷазояшон дар намуди маҳдуд кардани озодӣ тибқи тартиби иваз ба ҷазои нисбатан сабуктар татбиқ карда шудааст, дар ҳолатҳои зарурӣ пас аз бақайдгирии маҳкумшуда маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) метавонад барои ба мӯҳлати то панҷ шабонарӯз аз ҳудуди ҷои ҷойгиршавии маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) баромадан иҷозат диҳад, агар чунин иҷозат аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ пас аз озод намудан дода нашуда бошад;

г) чун қоида дар хобгоҳҳои махсуси барои маҳкумшудагон таъингардида зиндагӣ карда, онро бидуни иҷозати маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) шабона тарк накунанд;

д) бидуни пардохти маош дар ободонии бино ва ҳудуди маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) тибқи тартиби бонавбат, дар вақтҳои ғайрикорӣ ва ба мӯҳлати на бештар аз ду соат дар як ҳафта иштирок кунанд;

е) ҳуҷҷати шаҳодатдиҳандаи шахсии намунаи муқарраршуда дошта бошанд.

4. Чун қоида дар як маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) ашхосе, ки маҳдуд кардани озодӣ тибқи тартиби иваз ба ҷазои нисбатан сабуктар таъин карда шудааст ва ашхосе, ки барояшон ин ҷазо мутобиқи ҳукми суд таъин шудааст, бо ҳам нигоҳ дошта намешаванд.

5. Маҳкумшудагоне, ки қаблан ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо карда, доғи судӣ доранд, аз дигар маҳкумшудагон алоҳида нигоҳ дошта мешаванд. Маҳкумшудагоне, ки ҷиноятро дар шарикӣ содир намудаанд, ҷазоро ҷудо-ҷудо адо мекунанд.

6. Маҳкумшудагон ва биное, ки онҳо истиқомат мекунанд, таҳти кофтуков ва молу мулкашон таҳти азназаргузаронӣ қарор дода шуданаш мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

7. Ба маҳкумшудагон ба даст овардан, нигоҳ доштан ва истифодаи асбобу анҷом, ашё ва маводе, ки номгӯи онҳоро Қоидаҳои тартиботи дохилии марказҳои ислоҳӣ муайян кардааст, манъ мебошад. Дар сурати ёфт кардани чунин асбобу анҷом, ашё ё мавод дар маҳкумшудагон онҳо мутобиқи қарори сардори маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) аз маҳкумшудагон кашида гирифта шуда, барои нигоҳдошт супурда мешаванд ё несту нобуд ва ё ба фоидаи давлат гузаронида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

8. Ба маҳкумшудагоне, ки Қоидаҳои тартиботи дохилиро вайрон накардаанд ва оиладор мебошанд, мутобиқи қарори сардори маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) иҷозат дода шуданаш мумкин аст, ки бо оилаашон дар манзили ба иҷора гирифташуда ё манзили шахсӣ зиндагӣ кунанд. Ин маҳкумшудагон вазифадоранд аз ду то шаш маротиба дар як моҳ ҷиҳати бақайдгирӣ ба маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) ҳозир шаванд. Давомнокии бақайдгирӣ бо қарори сардори маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) муқаррар карда мешавад.

9. Ба маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд, иҷозат дода мешавад, ки дар муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи махсус, ки дар дохили воҳидҳои маъмурию ҳудудии маҳалли адои ҷазо воқеанд, ғоибона таҳсил кунанд.

Моддаи 53. Шароити меҳнати ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд

1. Маҳкумшудагон дар ташкилотҳои шаклҳои моликияташон гуногун ба кор ҷалб карда мешаванд.

2. Меҳнати ашхоси ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкумшуда тибқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои қоидаҳои қабул ба кор, озод намудан аз кор, гузаронидан ба кори дигар танзим карда мешавад.

3. Ба кори дигар гузаронидани маҳкумшудагон, аз ҷумла ба маҳалли дигар, аз ҷониби маъмурияти ташкилоте, ки маҳкумшуда дар он кор мекунад, бо мувофиқаи маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) ва ҳаддалимкон бо назардошти андешаи маҳкумшуда ва мутобиқи нишондоди хулосаи тиббӣ анҷом дода шуданаш мумкин аст.

4. Барои маҳкумшудагоне, ки ихтисоси зарурӣ надоранд, гирифтани маълумоти ибтидоии касбӣ ё омодагии касбӣ ташкил карда мешавад.

Моддаи 54. ӯҳдадориҳои маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ)

1. Маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) баҳисобгирии маҳкумшудагонро анҷом медиҳад; тартиб ва шартҳои адои ҷазоро тавзеҳ медиҳад; шароити корӣ, зист ва маишати маҳкумшудагонро фароҳам меорад; риояи тартиб ва шартҳои адои ҷазоро таъмин мекунад; назоратро аз болои маҳкумшудагон ба амал бароварда, ҷиҳати пешгирии вайронкунии тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо тадбирҳо меандешад; бо маҳкумшудагон корҳои тарбиявӣ мебарад; мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун чораҳои мукофотонӣ ва муҷозотро истифода мебарад; дар мавриди омода сохтани маҳкумшудагон ба озодӣ корҳоро ба амал мебарорад.

2. Тартиби иҷрои ӯҳдадориҳои зикршударо ҳамин Кодекс, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян менамоянд.

Моддаи 55. ӯҳдадориҳои маъмурияти ташкилоти маҳалли кори маҳкумшудае, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунад

1. Маъмурияти ташкилоти маҳалли кори ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд, бо назардошти вазъи саломатӣ ва аз рӯи имкон бо ихтисоси маҳкумшудагон онҳоро барои бо кор таъмин намудан ҷалб менамояд, барояшон маълумоти касбии ибтидоӣ ва ё омодагии касбӣ фароҳам меорад ва дар ташкили шароити манзилию маишӣ иштирок менамояд.

2. Дар хусуси ба кор ҳозир нашудани маҳкумшуда ва гузоштани муҷозоти интизомӣ маъмурияти ташкилот вазифадор аст фавран ба маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) иттилоъ диҳад.

3. Ба маъмурияти ташкилот бидуни розигии маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) аз кор озод кардани ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд, манъ аст.

Моддаи 56. Корҳои тарбиявӣ бо ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд

1. Бо ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд, аз ҷониби маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ), инчунин маъмурияти ташкилоти ҷои кори маҳкумшудагон ва сохторҳои ҷамъиятӣ корҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд.

2. Шаклҳои асосии корҳои тарбиявӣ иборатанд аз:

а) корҳои инфиродӣ, ки дар асоси омӯзиши шахсияти ҳар як маҳкумшуда бо назардошти ҷинояти содирнамудаи ӯ, синну сол, таҳсилот, касб ва дигар хислатҳои маҳкумшуда гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48);

б) фаҳмонда додани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) корҳои маданию оммавӣ ва варзишию ҷисмонӣ;

3. Иштироки фаъолонаи маҳкумшудагон дар гузаронидани чорабиниҳои дорои хусусияти тарбиявӣ дошта ҳавасманд гардонида шуда, ҳангоми муайян кардани дараҷаи ислоҳшавӣ ба инобат гирифта мешавад.

Моддаи 57. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ, ки нисбат ба ашхоси адокунандаи ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ истифода бурда мешаванд

1. Барои рафтори шоиста ва муносибати софдилона ба меҳнат маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) нисбат ба маҳкумшудагон чораҳои ҳавасмандгардонии зайлро истифода бурда метавонад:

а) эълони раҳматнома;

б) иҷозат барои баромадан аз ҳудуди маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) барои ҷашнгирии ид ва рӯзҳои истироҳат;

в) додани иҷозат барои берун аз ҳудуди маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) гузаронидани рухсатӣ;

г) пеш аз мӯҳлат бардоштани муҷозоти қаблан гузошташуда;

д) мукофотпулӣ.

2. Маҳкумшудагонро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун барои шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан ё барои ивази қисми адонанамудаи ҷазояшон ба намуди ҷазои нисбатан сабуктар пешниҳод кардан мумкин аст.

Моддаи 58. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани тартиб ва шартҳои адои ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ ва барои саркашии ашаддӣ аз адои ин намуди ҷазо

1. Вайронкунии тартиб ва шартҳои адои ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ иборатанд аз: вайронкунии интизоми меҳнат, тартиботи ҷамъиятӣ ё ин ки вайрон кардани қоидаҳои зисти барои маҳкумшудагон муқарраршуда, оиди оне, ки ба таври хаттӣ ба ӯ чораҳои муҷозотӣ гузошта шуда буд.

2. Барои вайрон кардани тартиби муқарраршуда ва шартҳои адои ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ, ки дар қисми якуми ҳамин модда зикр гардидааст, маъмурияти маркази ислоҳӣ (таъбидгоҳ) нисбат ба маҳкумшудагон чораҳои зайли муҷозотро метавонад истифода барад:

а) танбеҳ;

б) мутобиқи Қоидаҳои тартиботи дохилии маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) ҷойгиркунонӣ дар изолятори (тавқифгоҳи) интизомӣ ба мӯҳлати то се шабонарӯз;

в) манъи баромадан аз ҳудуди хобгоҳ дар соатҳои муайяни шабонарӯз ба мӯҳлати то як моҳ;

г) огоҳонӣ дар мавриди имконпазирии иваз намудани ҷазои маҳдуд кардани озодӣ ба маҳрум сохтан аз озодӣ.

3. Саркашии ашаддӣ аз адои ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ ин худсарона ва бидуни сабабҳои узрнок содир намудани кирдори зайл мебошад:

а) тарки ҳудуди маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ);

б) барнагаштан ё сари вақт наомадан ба маҳалли адои ҷазо;

в) тарк кардани ҷои кор ё маҳалли истиқомат.

4. Ҳангоми дар давоми даҳ шабонарӯз ёфт нашудани маҳкумшуда, ки ҳудуди маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ)-ро тарк намудааст, нисбати ӯ кофтуков эълон гардида, ӯ бояд дастгир карда шавад.

5. Дар мавриди дастгир намудани маҳкумшудае, ки ҳудуди маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ)-ро бидуни сабабҳои узрнок худсарона тарк намудааст, мақомоти корҳои дохилӣ ӯро ба ҷои адои ҷазо тибқи тартиби муқарраршуда барои ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда мефиристонад. Ҳангоми мавҷуд будани маълумотҳо оиди ашаддӣ саркашӣ намудани маҳкумшуда аз адои ҷазо ба суди маҳалли дастгиршудаи ӯ дар бораи иваз кардани қисми адонашудаи мӯҳлати ҷазои маҳдуд кардани озодӣ ба маҳрум сохтан аз озодӣ пешниҳод фиристонида мешавад.

6. Дастгир ва нигоҳ доштани маҳкумшуда дар ҳолатҳое, ки қисми сеюми ҳамин модда пешбинӣ намудааст, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ё маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) бо розигии прокурор ва иҷозати суд дар мӯҳлати на зиёда аз си шабонарӯз иҷро карда мешавад. Маблағҳое, ки барои ҷустуҷӯ ва дастгир намудани маҳкумшуда сарф мешавад, аз ҳисоби маҳкумшуда ба тариқи судӣ ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

Моддаи 59. Тартиби истифодаи чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотӣ нисбат ба ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд

1. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотӣ ба таври хаттӣ татбиқ карда мешаванд.

2. Ҳангоми истифодаи чораҳои муҷозот ҳолатҳои содир намудани қонуншиканӣ, шахсияти маҳкумшуда ва рафтори ӯ то содир намудани кирдор ба инобат гирифта мешавад. Муҷозоти татбиқшаванда бояд ба хусусият ва вазнинии кирдори содирнамудаи маҳкумшуда мувофиқ бошад. Муҷозот дар мӯҳлати на дертар аз даҳ шабонарӯз аз рӯзи ошкор гардидани кирдор ва дар сурате, ки вобаста ба кирдор санҷиш анҷом дода шуда бошад, аз рӯзи хатми он, вале на дертар аз як моҳи баъди содир намудани кирдор татбиқ карда мешавад. Муҷозот, чун қоида, фавран ва дар ҳолатҳои мустасно - дар мӯҳлати на дертар аз як моҳи татбиқ шудани он иҷро карда мешавад.

3. Ба татбиқ намудани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотии пешбининамудаи ҳамин Кодекс дар ҳаҷми пурра сардори маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) ва шахсе, ки ӯро иваз мекунад, ҳуқуқ доранд. Сардори даста (отряд) ҳуқуқ дорад ба маҳкумшуда раҳматнома эълон кунад.

Моддаи 60. Назорат аз болои ашхосе, ки ба ҷазои маҳдуд кардани озодӣ маҳкум шудаанд ва чораҳои пешгирии вайрон кардани тартиби муқарраршудаи адои ҳамин ҷазо

1. Назорат аз болои ашхосе, ки ба ҷазои маҳдуд кардани озодӣ маҳкум шудаанд, аз ҷониби маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) сурат гирифта, аз мушоҳида ва назорат аз болои маҳкумшудагон дар ҷои кор ва маҳалли истиқоматиашон, инчунин дар вақтҳои фориғ аз меҳнат иборат аст. Тартиби татбиқи назоратро санади меъёрию ҳуқуқӣ муайян менамояд.

2. Дар сурати аз ҷониби маҳкумшудагон вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҷиҳати тартиб додани протоколи қонуншиканӣ, таъмини баррасии саҳеҳ ва саривақтии мавод, ҳушёр сохтани маҳкумшуда ва ё фиристодани ӯ ба муассисаҳои дахлдори тиббӣ то ҳалли масъалаи нисбат ба ӯ андешидани чораи муҷозот ӯ ба изолятори (тавқифгоҳи) интизомӣ, вале ба мӯҳлати на бештар аз 24 соат ҷойгир карда шуданаш мумкин аст.

Моддаи 61. Таъминоти моддию маишӣ ва тиббиву беҳдории ашхосе, ки ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкум шудаанд

1. Ашхоси ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкумшуда дар маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) бо шароити зарурии манзилию маишӣ таъмин карда мешаванд. Онҳо дар хобгоҳҳои умумии маркази ислоҳӣ (табъидгоҳҳо), ки барояшон ҷои хоби инфиродӣ ва лавозимоти хоб дода мешавад, ҷойгир кунонида мешаванд. Меъёри майдони истиқоматӣ ба ҳисоби ҳар як маҳкумшуда набояд аз чаҳор метри мураббаъ камтар бошад.

2. Сару либос, либоси таг ва пойафзол аз маблағи худи маҳкумшудагон мустақилона харида мешавад. Озуқавории маҳкумшудагон аз ҷониби маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) ташкил шуда, аз ҳисоби маблағҳои шахсии маҳкумшудагон пардохта мешавад. Ҳангоме, ки маҳкумшудагон бо сабабҳои ба онҳо новобаста маблағ надошта бошанд, онҳо аз ҳисоби давлат, тибқи тартиби инфиродӣ бо озуқа таъмин карда мешаванд.

3. Барои ашхоси ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкумшуда ёрии пешгириву муолиҷавӣ ва беҳдориву пешгирӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва тартиби адои ҷазои муайяннамудаи ҳамин Кодекс расонида мешавад.

4. Барои таъминоти тиббии амбулатории маҳкумшудагон бо қарори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи тиббӣ таъсис дода шуданаш мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

5. Хизматрасонии тиббии беморхонавии маҳкумшудагон аз ҷониби муассисаҳои мақомоти тандурустии маҳалли ҷойгиршавии маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санади меъёрию ҳуқуқии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

6. Маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) барои иҷрои талаботи муқарраршудаи беҳдориву беҳдоштӣ ва зиддисироятӣ масъулият дорад.

ФАСЛИ IV.Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

БОБИ 8.Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 62. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 63. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 64. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 65. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 66. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 67. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 68. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 69. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

ФАСЛИ V.ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДӢ

БОБИ 9.МУҚАРРАРОТИ УМУМИИ ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДӢ

Моддаи 70. Маҳалли иҷрои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ

Ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, ҷазоро дар маҳалли ҷойгиршавии муассисаҳои дахлдори ислоҳӣ адо мекунанд.

Моддаи 71. Намудҳои муассисаҳои ислоҳӣ

1. Муассисаҳои ислоҳӣ - колонияҳои ислоҳӣ, колонияҳои тарбиявӣ, маҳбасҳо, муассисаҳои муолиҷавии ислоҳӣ ба ҳисоб мераванд. Изоляторҳои тафтишотӣ вазифаи муассисаи ислоҳиро нисбат ба маҳкумшудагоне, ки барои ҷиҳати иҷрои кори таъминоти хоҷагӣ мононда шудаанд, анҷом медиҳанд.

2. Колонияҳои ислоҳӣ ва маҳбасҳо барои адои ҷазо нисбати ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд ва ба балоғат расидаанд, муқаррар шудаанд. Колонияҳои ислоҳӣ ба колонияҳои -сукунат, низоми умумӣ, низоми пурзӯр, низоми сахт ва низоми махсус тақсим мешаванд.

3. Дар муассисаҳои муолиҷавии ислоҳӣ ҷазоро маҳкумшудагони дар қисми якум ва чоруми моддаи 24 ҳамин Кодекс зикргардида адо мекунанд.

4. Дар колонияҳои тарбиявӣ ҷазоро ноболиғоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, инчунин маҳкумшудагоне, ки дар колонияҳои тарбиявӣ то расидан ба синни 20-солагӣ мононда шудаанд, адо мекунанд.

Моддаи 72. Муайян кардани намуди муассисаи ислоҳӣ барои аз тарафи маҳкумшудагон адо кардани ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ

Намуди муассисаи ислоҳӣ мутобиқи низоме, ки дар он маҳкумшуда бояд ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо намояд, аз ҷониби суд дар асоси моддаи 58 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 73. Барои адои ҷазо фиристодани ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯзи аз ҷониби маъмурияти изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ гирифтани огоҳинома дар мавриди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд барои адои ҷазо фиристода мешаванд. Дар давоми ин мӯҳлат маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд бо хешу ақрабои наздик ё дигар ашхос мулоқоти кӯтоҳмуддат кунанд.

2. Тартиби ба муассисаҳои ислоҳӣ фиристодани маҳкумшудагонро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Кодекс муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

3. Нисбати ҳар як шахси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда парвандаи шахсӣ кушода мешавад.

Моддаи 74. Аз як ҷой ба ҷои дигар гузаронидани ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Маҳкумшудагон ба маҳалли адои ҷазо ва аз як маҳалли адои ҷазо ба маҳалли дигар таҳти назорати посбонон бурда мешаванд.

2. Аз ҷое ба ҷое гузаронидани маҳкумшудагон таҳти назорати посбонон, бо риояи қоидаҳои алоҳида нигоҳ доштани онҳо сурат мегирад: мардон алоҳида аз занон, ноболиғон алоҳида аз ашхоси болиғ; ба ҷазои қатл маҳкумшудагон - алоҳида аз категорияҳои дигар; маҳкумшудагони дар шарикӣ ҷиноят содирнамуда - дар алоҳидагӣ.

3. Маҳкумшудагони мубталои касалии сил ё курси пурраи муолиҷаи касалии зӯҳравиро нагирифта, гирифтори инфектсияи ВИЧ, инчунин мубталои бемориҳои рӯҳӣ, ки мукаллафиро истисно намекунад, аз як ҷо ба ҷои дигар дар алоҳидагӣ ва ҷудо - ҷудо аз маҳкумшудагони солим ва дар сурати зарурат мутобиқи хулосаи духтур таҳти ҳамроҳии кормандони тиб гузаронида мешаванд.

4. Ҳангоми аз як ҷо ба ҷои дигар гузаронидани маҳкумшудагон ба онҳо шароити зарурии моддию маишӣ ва беҳдориву беҳдоштӣ таъмин карда мешавад.

5. Ҳангоми аз як ҷо ба ҷои дигар гузаронидани маҳкумшудагон вобаста ба мавсим онҳо бо сару либос, пойафзол, инчунин барои тамоми мӯҳлати сафар тибқи меъёри барои маҳкумшудагон муқарраршуда бо озуқа таъмин карда мешаванд.

6. Тартиби аз як ҷо ба ҷои дигар гузаронидани маҳкумшудагонро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки дар асоси ҳамин Кодекс қабул гардидаанд, ба амал мебарорад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

Моддаи 75. Муваққатан нигоҳ доштани маҳкумшудагон дар изолятори тафтишотӣ ё маҳбас

1. Ҳангоми зарурати пешбурди ҳаракатҳои тафтишотӣ оид ба парванда дар мавриди ҷинояти содирнамудаи шахси дигар шахси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудае, ки ҷазоро дар колонияҳои ислоҳӣ ё колонияҳои тарбиявӣ бояд адо кунад, мумкин аст бо иҷозатномаи прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва прокурорҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, ё Сарпрокурори ҳарбӣ ба мӯҳлати то чор моҳ ва бо иҷозатномаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати то шаш моҳ дар изолятори(тавқифгоҳи) тафтишотӣ ё маҳбас нигоҳ дошта шавад.

2. Ҳангоме, ки маҳкумшуда оид ба дигар парвандаи ҷиноятӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад ва нисбат ба ӯ чораи пешгирӣ дар намуди баҳабсгирӣ интихоб шудааст, мӯҳлати нигоҳ доштани ӯ дар изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 76. Дар изолятори тафтишотӣ ё маҳбас барои корҳои оид ба хизматрасонии хоҷагӣ монондани ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Ашхоси бори аввал ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, ки барояшон адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ таъин гардидааст ва инчунин дар ҳолатҳои мустасно ашхоси бори аввал ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ҳафт сол маҳкумшуда, ки барояшон адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низоми пурзӯр таъин гардидааст, бо розигии онҳо дар маҳбас ё изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ барои иҷрои кор оид ба хизматрасонии хоҷагӣ нигоҳ дошта шуданашон мумкин аст.

2. Нигоҳ доштани маҳкумшудагон барои иҷрои чунин корҳо дар асоси фармони сардори изолятори(тавқифгоҳи) тафтишотӣ ё маҳбас, ва розигии прокурор дар сурати мавҷуд будани розигии хаттии маҳкумшудагон, анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732).

3. Маҳкумшудагоне, ки дар изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ ё маҳбас барои иҷрои хизматрасонии хоҷагӣ мононда шудаанд, дар биноҳои муқаррарӣ аз дигар ашхос алоҳида тибқи шартҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс барои колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ муқарраргардида нигоҳ дошта мешаванд.

Моддаи 77. Қабули маҳкумшудагон ба муассисаҳои ислоҳӣ

1. Қабули ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда ба муассисаҳои ислоҳӣ аз ҷониби маъмурият тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳӣ сурат мегирад.

2. Маҳкумшудагони ба муассисаи ислоҳӣ омада ба мӯҳлати то понздаҳ шабонарӯз дар шӯъбаи карантин ҷойгир карда мешаванд. Ҳангоми дар шӯъбаи карантин буданашон маҳкумшудагон таҳти шароити маъмулии адои ҷазо қарор доранд.

3. Маъмурияти муассисаи ислоҳӣ судеро, ки ҳукм баровардааст, инчунин яке аз аъзои оила ё хешовандони наздики маҳкумшударо бо интихоби ӯ дар мавриди ҷои адои ҷазо фавран огоҳ месозад.

Моддаи 78. Алоҳида (ҷудо) нигоҳ доштани маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ

1. Дар муассисаҳои ислоҳӣ дар алоҳидагӣ нигоҳ доштани занон ва мардон, ноболиғон ва ашхоси болиғ муқаррар шудааст.

2. Ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ бори аввал маҳкумшуда аз маҳкумоне, ки қаблан ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо кардаанд, дар алоҳидагӣ нигоҳ дошта мешаванд. Дар алоҳидагӣ, инчунин ҷудо аз дигарон инҳо нигоҳ дошта мешаванд: маҳкумшудагон ҳангоми ретсидиви махсусан хавфнок; маҳкумшудагоне, ки якумра аз озодӣ маҳрум сохта шудаанд; маҳкумшудагоне, ки барояшон ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 87).

3. Дар муассисаҳои ислоҳии алоҳида маҳкумшудагон-кормандони собиқи судҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигоҳ дошта мешаванд. Ба ин муассисаҳо инчунин дигар маҳкумшудагон низ фиристода шуданашон мумкин аст.

4. Ноболиғоне, ки барои дар давраи адои ҷазо қасдан ҷиноят содир намуда ва ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, инчунин ба таври мунтазам ё ашаддӣ низоми адои ҷазоро вайрон мекунанд, аз дигар маҳкумшудагон, ки дар колонияҳои тарбиявии низоми пурзӯр мебошанд, ҷудо нигоҳ дошта мешаванд.

5. Талаботи ҷудо нигоҳ доштани маҳкумшудагон, ки ҳамин модда муқаррар намудааст, ба муассисаҳои муолиҷавии ислоҳӣ, инчунин ба муассисаҳои ислоҳӣ, ки дар назди онҳо хонаҳои кӯдакон мавҷуданд, паҳн намегардад. Ашхосе, ки ба муассисаҳои зикргардида фиристода мешаванд, дар шароите, ки қонун барои чунин намуди колонияҳо муқаррар намудааст ва ин колонияҳоро суд таъин намудааст, нигоҳ дошта мешаванд. Тартиби нигоҳ доштани маҳкумшудагон дар онҳо, инчунин дар муассисаҳои муолиҷавӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

6. Маҳкумшудагони мубталои бемориҳои сирояткунанда дар алоҳидагӣ ва ҷудо аз маҳкумшудагони солим нигоҳ дошта мешаванд.

7. Ашхоси мубталои инфексияи ВИЧ аз дигар маҳкумшудагон, ки мубталои дигар бемориҳои сирояткунанда мебошанд, чудо нигоҳ дошта мешаванд.

8. Шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандии маҳкумшуда мутобиқи асосҳои умумӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Моддаи 79. Аз тарафи маҳкумшудагон адо кардани тамоми мӯҳлати ҷазо дар як муассисаи ислоҳӣ

1. Ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, чун қоида, бояд тамоми мӯҳлати ҷазоро дар як колонияи ислоҳӣ, маҳбас ё колонияҳои тарбиявӣ адо кунанд.

2. Барои адои минбаъдаи ҷазо аз як колония ба колонияи дигари дорои чунин низом ё аз як маҳбас ба маҳбаси дигар гузаронидан танҳо дар сурати беморӣ ё барои таъмини амнияти ӯ, ҳангоми таъсис ё барҳам додани муассисаи ислоҳӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳои мустасно, ки барои минбаъд дар ҳамин муассиса нигоҳ доштани маҳкумшуда халал мерасонад, иҷозат дода мешавад. Тартиби гузаронидани маҳкумшудагонро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

Моддаи 80. Иваз кардани намуди муассисаи ислоҳӣ

1. Вобаста ба рафтор ва муносибати маҳкумшудагон ба меҳнат онҳо аз як намуди муассисаи ислоҳӣ ба намуди дигар гузаронида шуданашон мумкин аст.

2. Маҳкумшудагоне, ки рафторашон мусбӣ арзьёбӣ гардидааст, мумкин аст барои адои минбаъдаи ҷазо ба таври зайл гузаронида шаванд:

а) аз маҳбас ба колонияи ислоҳӣ - баъди дар маҳбас аз тарафи маҳкумшуда адо намудани на камтар аз нисфи мӯҳлати ҷазое, ки бо ҳукми суд таъин гардидааст;

б) аз колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ, низоми пурзӯр ва низоми сахт ба колонияҳои ислоҳии сукунат - баъди адо намудани сеяки мӯҳлати ҷазо аз тарафи маҳкумшуда; маҳкумшудагоне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин ё қаблан шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ озод шудаанд ва дар давраи қисми адонанамудаи ҷазо ҷинояти нав содир намудаанд - баъди адо намудани на камтар аз се ду ҳиссаи мӯҳлати ҷазо.

3. Ба колонияҳои ислоҳии сукунат инҳо гузаронида намешаванд:

а) ашхосе, ки дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок ҷиноят содир намуда маҳкум шудаанд;

б) маҳкумшудагоне, ки барояшон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин гардидааст ё ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо бо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 87);

в) маҳкумшудагоне, ки курсҳои табобати ҳатмиро нагузаштаанд, инчунин бояд дар муассисаҳои навъи пӯшидаи тиббӣ табобати махсус гиранд;

г) маҳкумшудагоне, ки барои гузаронидан ба колонияи ислоҳи сукунат ризояти хаттӣ надодаанд.

4. Маҳкумшудагоне, ки вайронкунандаи ашадии тартиби муқарраршудаи адои ҷазо мебошанд ба ин муассисаҳо гузаронида шуданашон мумкин аст:

а) аз колонияҳои ислоҳии сукунат ба колонияи ислоҳии ҳамон хели низоме, ки қаблан суд муайян карда буд;

б) аз колонияҳои ислоҳии сукунат, ки ба он ҷо бо ҳукми суд фиристода шуда буданд ба колонияи ислоҳии низоми умумӣ;

в) аз колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ, низоми пурзӯр, низоми сахт ва низоми махсус ба маҳбас ба мӯҳлати на бештар аз се сол, ба истиснои занҳо бо адои мӯҳлати боқимондаи ҷазо дар колонияи ислоҳии ҳамон намуди низоме, ки аз он ҷо онҳо ба маҳбас фиристода шуда буданд.

5. Тағйир додани (иваз кардани) намуди муассисаи ислоҳӣ бо аризаи шахси маҳкумшуда ё бо пешниҳоди сардори муассиса аз ҷониби суд ба амал бароварда мешавад.

6. Агар суд аризаи маҳкумшуда ё пешниҳоди сардори муассисаи ислоҳиро дар хусуси гузаронидани маҳкумшуда аз маҳбас ба колонияҳои ислоҳӣ ва аз колонияҳои ислоҳӣ ба колонияи ислоҳии сукунат рад намояд, баррасии такрории ариза ё пешниҳод оид ба ҳамин масъала баъди гузаштани 6 (шаш) моҳ аз рӯзи қабули қарор дар бораи рад кардани ариза ё пешниҳод имконпазир аст (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

Моддаи 81. Аз муассисаи ислоҳӣ ба изолятори (тавқифгоҳи)тафтишотӣ ё маҳбас гузаронидани маҳкумшуда

Аз муассисаи ислоҳӣ ба изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ ё маҳбас гузаронидани маҳкумшуда дар ҳолати зайл иҷозат дода мешавад:

а) ҳангоми баррасии парванда, бо таъиноти суд дар давоми дида баромадани ҳамин парванда;

б) ҳангоми гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ оиди парвандаи ҷиноятӣ нисбати дигар шахси ҷиноят содирнамуда, тибқи иҷозатномаи прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурори вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва Сарпрокурори ҳарбӣ ба мӯҳлати то чор моҳ ва бо иҷозатномаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати то шаш моҳ.

БОБИ 10.НИЗОМ ДАР МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲӢ ВА ВОСИТАҲОИ ТАЪМИНИ ОН

Моддаи 82. Низом дар муассисаҳои ислоҳӣ ва талаботҳои асосии он

1. Низом дар муассисаҳои ислоҳӣ - ин тартиби иҷро ва адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ мебошад, ки аз тарафи қонун ва дигар санади меъёрии ба қонун мувофиқ буда муқаррар шудаанд ва онҳо ҳифз ва ҷудо нигоҳ доштани маҳкумшудагон; назорати доимии онҳо; иҷрои ӯҳдадории ба зиммаи маҳкумшудагон гузошташуда; татбиқи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, амнияти маҳкумшудагон ва кормандон; алоҳида нигоҳ доштани категорияҳои гуногуни маҳкумшудагон; шароитҳои гуногуни нигоҳ доштанро вобаста ба хели муассисаи ислоҳӣ, ки суд таъин кардааст ва тағйир додани шароити адои ҷазоро таъмин мекунанд.

2. Низом дар муассисаи ислоҳӣ барои истифода бурдани дигар воситаҳои ислоҳкунии маҳкумшудагон шароит фароҳам месозад.

3. Дар муассисаҳои ислоҳӣ Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳӣ, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, амал мекунад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

4. Дар муассисаҳои ислоҳӣ маҳкумшудагон либоси намунаи ягона мепӯшанд. Намунаи либосро Вазорати адлияи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

5. Маҳкумшудагон, сару либос ва пойафзоли онҳо, биное, ки истиқомат мекунанд, таҳти кофтуков ва азназаргузаронӣ қарор дода шуданашон мумкин аст. Кофтукови шахсӣ аз ҷониби ашхоси ҳамҷинс сурат мегирад. Кофтукови биноҳои истиқоматӣ дар ҳузури маҳкумшудагон дар ҳолатҳои таъхирнопазир гузаронида мешавад.

6. Бо мақсади таъмини тартиботи зарурии иҷро ва адои ҷазо ба маҳкумшудагон нигаҳдошт ва истифодаи пул, коғазҳои қиматнок ва чизу чораҳои қиматнок инчунин асбобу анҷоми дар Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳӣ зикргардида иҷозат дода намешавад.

7. Пул, қоғазҳои қиматнок ва дигар чизу чораҳои қиматноке, ки аз маҳкумшудагон ёфта ва гирифта шудаанд, мутобиқи Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳотӣ аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ то озод шудани маҳкумшуда бидуни ҳуқуқи истифодабарӣ ва ихтиёрдории онҳо дар вақти адои ҷазо нигоҳ дошта мешаванд. Ашё ва моддаҳои манъшудае, ки аз маҳкумшудагон гирифта шуданд, барои нигоҳдорӣ супорида мешаванд ё бо қарори сардори муассисаи ислоҳӣ нобуд карда, дар ин бора акти дахлдор тартиб дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

8. Ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки бо ташкилотҳои суғурта шартномаи суғурта банданд, инчунин маблағҳои дар ҳисобномаҳои муассисаи ислоҳӣ доштаашонро ба ҳисобномаҳои дар шӯъбаи бонки маҳаллӣ кушодаашон гузаронанд.

9. Нигоҳдошти пул, қоғазҳои қиматнок ва чизу чораҳои қиматноки маҳкумшудагон, ки тибқи тартиби муқарраршуда ба даст овардаанд, аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ таъмин гардида, ҳангоми озод шудан аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ ба онҳо баргардонида мешавад.

10. Дар ҳолатҳои зарурӣ маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ҳуқуқ дорад азназаргузаронии ашхос, молу мулки онҳо, воситаҳои нақлиётеро, ки дар ҳудуди муассисаи ислоҳӣ ё дар қаламрави атрофи он мавҷуданд ва дар он талаботи низомӣ амал мекунад, анҷом диҳад, инчунин чизу чораҳои манъшударо, ки номгӯи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи ислоҳӣ муқаррар менамоянд, кашида гирад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

11. Тартиби анҷом додани кофтуков ва азназаргузарониро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

Моддаи 83. Тартиботи дохилӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ

1. Дар муассисаҳои ислоҳӣ тартиби қатъии танзимшудаи дохилӣ муқаррар карда мешавад, ки инҳоро пешбинӣ менамояд: тартиби қабули маҳкумшудагон ба муассисаҳои ислоҳӣ; қоидаҳои рафтори маҳкумшудагон ҳангоми кор, истироҳат, таҳсил; номгӯи тадбирҳои тарбиявӣ, инчунин он корҳо ва вазифаҳое, ки дар онҳо истифодаи маҳкумшудагон манъ аст; номгуй ва шумораи асбобу анҷом ва чизу чораҳое, ки маҳкумшудагон бо худ дошта метавонанд; тартиби кашида гирифтани асбобу анҷомҳое, ки истифодаашон манъ аст; қоидаҳои анҷом додани санҷиш, мулоқот, қабул ва супоридани фиристаҳо, дастовез, баста ва муросилот ба маҳкумшудагон, номгӯи озуқаворӣ ва маводҳои мавриди ниёз ки барои ба маҳкумшудагон фурӯхтан иҷозат дода мешавад.

2. Тартиботи дохилӣ бо фармони сардори муассисаи ислоҳӣ ба ҳамаи маҳкумшудагон эълон карда , дастхати онҳо дар ин хусус гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732).

Моддаи 84. Воситаҳои назорати техникӣ

1. Маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ҷиҳати пешгирии фирори маҳкумшудагон ва дигар ҷиноятҳо, вайронкунии тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо ва бо мақсади гирифтани маълумоти зарурӣ оид ба рафтори маҳкумшудагон ҳуқуқ дорад аз воситаҳои назорати аудиовизуалӣ, электронӣ ва дигар воситаҳои назорати техникӣ истифода барад.

2. Маъмурияти муассисаҳои ислоҳӣ вазифадор аст таҳти имзои маҳкумшудагон онҳоро дар мавриди истифодаи воситаҳои назорати техникӣ, ки ҳамзамон вазифаи муҳофизатро анҷом медиҳад ва аз кор баровардани онҳо боиси хавф ба ҳаёт ва саломатии маҳкумшудагон гардида метавонад, огоҳ созад.

3. Номгӯи воситаҳои назорати техникӣ ва тартиби истифодаи онро санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 85. Фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ

1. Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои ислоҳӣ фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ ба амал бароварда мешавад, ки вазифаҳои он иборат аст аз: таъмини амнияти маҳкумшудагон, кормандони муассисаи ислоҳӣ ва дигар ашхос; ошкор, пешгирӣ ва фош кардани тайёрӣ ба ҷиноят ва ҷиноятҳои дар муассисаҳои ислоҳӣ содиршуда ва вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо; тибқи тартиби муқарраршуда ҷустуҷӯ намудани маҳкумшудагоне, ки аз муассисаи ислоҳӣ фирор кардаанд, инчунин маҳкумшудагоне, ки аз адои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ саркашӣ мекунанд; мусоидат дар ошкор ва фош кардани ҷинояте, ки маҳкумшуда то омадан ба муассисаи ислоҳӣ содир намудааст.

2. Фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби дастгохи оперативию ҷустуҷӯии муассисаи ислоҳӣ, инчунин дигар мақомот дар доираи салоҳияташон анҷом дода мешавад.

Моддаи 86. Низоми шароитҳои махсус дар муассисаҳои ислоҳӣ

1. Ҳангоми офатҳои табиӣ, дар минтақаи ҷойгиршавии муассисаи ислоҳӣ ҷорӣ кардани ҳолати фавқулодда, махсус ё ҳолати ҳарбӣ, ҳангоми бетартибиҳои оммавӣ,гурӯҳона итоат накардани маҳкумшудагон, инчунин ҳангоми аз берун сар задани таҳдиди воқеъии ҳуҷуми мусаллаҳона ба муассисаи ислоҳӣ низоми шароитҳои махсус ҷорӣ карда шуданаш мумкин аст.

2. Дар давраи амали низоми шароитҳои махсус дар муассисаи ислоҳӣ татбиқи баъзе ҳуқуқҳои маҳкумшудагон, ки моддаҳои 89-99 ҳамин Кодекс пешбинӣ намудаанд мумкин аст боз дошта шуда, тариқи қавии ( пурзӯр) муҳофизат ва назорат, тартиби махсуси ворид шудан ба иншоот (объектҳо ) ҷорӣ карда ва тартиби рӯз тағьир дода шавад, фаъолияти хадамоти истеҳсолӣ, коммуналӣ-маишӣ, маданӣ-маърифатӣ, тиббиву беҳдорӣ ва дигар хадамот маҳдуд ё боздошта шавад.

3. Низоми шароитҳои махсус бо амри Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати то сӣ шабонарӯз ҷорӣ карда мешавад. Дар ҳолатҳои мустасно мутобиқи асосҳои муайяннамудаи қисми якуми ҳамин модда мӯҳлати амали низоми шароитҳои махсус аз ҷониби ашхоси мансабдори зикргардида иловагӣ ба сӣ шабонарӯз дароз шуданаш мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

4. Дар сурати ба миён омадани хавфи бевосита ба ҳаёт ва саломатии маҳкумшудагон, кормандон ё дигар ашхос дар муассисаҳои ислоҳӣ сардори муассисаи ислоҳӣ метавонад мустақилона, бо огоҳонии фаврии шахси мансабдоре, ки барои қабули чунин қарор ваколатдор аст, чораҳои пешбининамудаи қисми дуюми ҳамин моддаро ҷорӣ намояд. Дар чунин ҳолат шахси мансабдори дар қисми сеюми ҳамин модда зикргардида дар давоми се шабонарӯз аз лаҳзаи гирифтани огоҳинома оиди ҷорӣ намудани низоми шароитҳои махсус ё бекор кардани чораҳои андешидашуда қарор қабул мекунад.

Моддаи 87. Чораҳои амниятӣ ва асосҳои татбиқи онҳо

1. Нисбат ба ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, агар онҳо ба кормандони муассисаҳои ислоҳӣ муқобилият нишон диҳанд, аз иҷрои талаботи қонунии онҳо ашаддӣ саркашӣ намоянд, тундхӯӣ зоҳир намоянд, дар бетартибиҳои оммавӣ, ғасби гаравгон иштирок кунанд, ба шаҳрвандон ҳуҷум оваранд ва ё дигар ҳаракати барои ҷомеа хавфнокро содир кунанд, инчунин ҳангоми фирор ё дастгир кардани маҳкумшудагони аз муассисаи ислоҳӣ фирорнамуда бо мақсади пешгирии чунин кирдорҳои ғайриқонунӣ, инчунин рафъи расонидани зарар аз ҷониби ин ашхос ба атрофиён ва ё ба худ, истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқ иҷозат дода мешавад.

2. Қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.

БОБИ 11.ШАРОИТҲОИ АДОИ ҶАЗО ДАР МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲӢ

Моддаи 88. Шароитҳои адои ҷазо барои ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Дар доираи як муассисаи ислоҳӣ шароити адои ҷазо ба маҳкумшудагон метавонад вобаста ба рафтори онҳо ва муносибаташон ба меҳнат тағйир дода шавад. Ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудагон дар шароити муқаррарӣ ва беҳбудгардонидашудаи адои ҷазо, ки навъи низоми ҳамин муассисаи ислоҳӣ пешбинӣ намудааст, қарор дошта метавонанд.

2. Тағйир додани шароити адои ҷазо боиси ҳамзамон фароҳам овардани шароити беҳбудгардонидашудаи нигаҳдошти пешбининамудаи моддаҳои 128, 130, 132, 134, 140 ва 141 ҳамин Кодекс шуда ҳамзамон бекор кардани ҳамаи шароитҳои беҳбудгардондашудаи нигаҳдошт дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 120 ҳамин Кодекс мегардад.

3. Аз як шароит ба шароити дигар гузаронидани маҳкумшудагон бо қарори комиссияи муассисаи ислоҳӣ анҷом дода мешавад. Комиссияи муассисаи ислоҳӣ инчунин масъалаи аз низоми умумӣ ба низоми сахт ва аз низоми сахт ба низоми умумӣ гузаронидани маҳкумшудагонро, ки дар маҳбас мебошанд, низ ҳал мекунад.

4. Дар сурате, ки агар маҳкумшуда оиди бекор кардани шароитҳои беҳбудгардонидашудаи нигоҳдошт ва ё ба гузаронидан ба низоми сахт дар маҳбас розӣ набошад, ӯ метавонад тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз болои қарори комиссия ба прокурор ва ё суд шикоят намояд (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732).

Моддаи 89. Аз ҷониби ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда харидорӣ намудани озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз

1. Ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки бидуни маҳдудият тибқи ҳисобу китоби ғайринақдӣ бо маблағи дар ҳисобномаи шахсӣ доштаашон, аз он ҷумла аз ҳисоби нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёзро харидорӣ кунанд.

2. Номгӯӣ озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз, ки фурӯши онҳо ба маҳкумшудагон манъ аст, тибқи Коидаҳои тартиботи дохилии муассисаи ислоҳӣ муқаррар карда мешавад.

Моддаи 90. Аз ҷониби ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда ба даст овардани адабиёт ва асбобҳои хатнависӣ

1. Ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки дар фиристаҳо, дастовезҳо ва баста адабиёт ва асбобҳои хатнависиро гиранд, бидуни маҳдудият аз нуқтаҳои савдо онро бо маблағи хеш харидорӣ кунанд, ба рӯзномаву маҷаллаҳо обуна шаванд.

2. Ба маҳкумшудагон гирифтан, харидан, нигоҳ доштан ва паҳн намудани нашрияҳое, ки ҷанг, барафрӯхтани низои миллӣ ва динӣ, парастиши зӯроварӣ ё бераҳмиро тарғиб менамоянд, нашрияҳои дорои хусусияти порнографӣ, инчунин обунаи онҳо манъ карда мешавад.

Моддаи 91. Мулоқоти ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Ба маҳкумшудагон мулоқот иҷозат дода мешавад: кӯтоҳмуддат - бо давомнокии чор соат ва дарозмуддат дар ҳудуди муассисаи ислоҳӣ ва ё берун аз он - бо давомнокии се шабонарӯз.

2. Мулоқоти кӯтоҳмуддат бо хешу ақрабо ё дигар ашхос дар ҳузури намояндаи муассисаи ислоҳӣ дода мешавад. Мулоқоти дарозмуддат бо ҳуқуқи зиндагии якҷоя бо хешу ақрабои наздик, дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732).

3. Дар сурати бемории вазнини маҳкумшуда, ки ҳаёти ӯ зери хавф мебошад, сардори муассисаи ислоҳӣ хешу ақрабои наздики ӯро огоҳ намуда, барои боздиди онҳо шароит фароҳам меорад.

4. Бо хоҳиши маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки мулоқоти дарозмуддат ба мулоқоти кӯтоҳмуддат иваз карда шавад. Тартиб ва ҷои мулоқот, инчунин иваз намудани як намуди мулоқот ба намуди дигар тибқи Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи ислоҳӣ муқаррар карда мешавад.

5. Барои гирифтани кӯмаки ҳуқуқӣ бо адвокат ё ашхоси дигар, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ҳақ доранд, тибқи аризаи маҳкумшудагон мулоқот фароҳам оварда мешавад. Мувофиқи хоҳиши маҳкумшуда ва ашхоси зикргардида ин мулоқот дар танҳоӣ сурат мегирад.

Моддаи 92. Гуфтугӯи телефонии ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Ба маҳкумшудагон барои гуфтугӯи телефонӣ аз нуқтаи телефонии дар ҳуҷраи алоҳида муайянкардаи маъмурияти муассисаи ислоҳӣ иҷозат дода мешавад. Гуфтугӯи телефонӣ аз ҳисоби шахсии маҳкумшуда ё хешу ақрабои наздики ӯ пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732).

2. Ба маҳкумшудагоне, ки чораи муҷозотиро дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ ё интизомӣ, биноҳои навъи камера ва камераҳои яккаса адо мекунанд, ба гуфтугӯи телефонӣ дар ҳолатҳои мустаснои шахсӣ иҷозат дода мешавад.

3. Гуфтугӯҳои телефонӣ байни маҳкумшудагоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ мебошанд, манъ аст.

4. Гуфтугӯҳои телефонии маҳкумшудагон аз ҷониби кормандони муассисаи ислоҳӣ назорат карда мешавад.

Моддаи 93. Аз ҷониби ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда гирифтани фириста, дастовез ва баста

1. Миқдори фириста, дастовез ва бастае, ки маҳкумшудагон мегиранд, бемаҳдуд аст.

2. Маводи доруворӣ ва маснуоти таъиноти тиббӣ дошта, ки маҳкумшудагон тибқи хулосаи тиббӣ мегиранд, ба қисми тиббии муассисаи ислоҳӣ барои муолиҷаи ҳамин маҳкумшудагон супурда мешаванд.

3. Фириста, дастовез ва бастаҳо аз назар гузаронида мешаванд.

4. Тартиби қабул ва супурдани фириста, дастовез ва баста, инчунин номгӯи чизу чораҳое, ки гирифтанашон барои маҳкумшудагон манъ аст, тибқи Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳӣ муқаррар карда мешаванд.

5. Бо иҷозати маъмурияти муассисаи ислоҳӣ маҳкумшудагон метавонанд фириста ва баста фиристанд.

Моддаи 94. Гирифтан ва фиристодани муросилоти пулӣ аз ҷониби ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда ҳуқуқ доранд муросилоти пулӣ гиранд, инчунин ба хешовандони наздик ва бо иҷозати маъмурияти муассисаи ислоҳӣ инчунин ба дигар ашхос пул ирсол намоянд.

2. Маблағҳои пулии расида ба ҳисобномаи шахсии маҳкумшуда гузаронида мешаванд.

Моддаи 95. Мукотибаи ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки аз ҳисоби худ бе маҳдудияти миқдор мактуб ва барқия гиранд ё фиристанд.

2. Мукотиботи фиристода ё гирифташаванда таҳти назорат (сензура) қарор дода мешавад.

3. Мукотиба байни маҳкумшудагоне, ки дар маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд ва хешованд нестанд, бо иҷозати маъмурияти муассисаи ислоҳӣ сурат мегирад.

4. Супурдани мактубҳои ба номи маҳкумшуда расида, инчунин фиристодани онҳо тибқи суроға аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ дар муддати на дертар аз се рӯзи дохил шудани он ба муассисаи ислоҳӣ ё супурдани он аз тарафи маҳкумшуда анҷом дода мешавад. Супоридани барқия ба маҳкумшудагон аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ фавран анҷом дода мешавад.

Моддаи 96. Тамошои кинофилмҳо, намоишҳои телевизион ва шунидани барномаҳои радио аз ҷониби ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд

1. Барои ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда на камтар аз як маротиба дар як ҳафта кинофилмҳо намоиш дода мешавад. Намоиши кинофилмҳо ба маҳкумоне, ки ҷазоро дар маҳбас адо мекунанд, маҳбусоне, ки ба изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ, биноҳои навъи камера ва камераҳои яккаса гузаронида шудаанд, манъ мебошад.

2. Ба маҳкумшудагон, ба истиснои онҳое, ки ба изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ, биноҳои навъи камера ва камераҳои яккаса гузаронида шудаанд, дар соатҳои фориғ аз кор, ба истиснои вақте, ки тибқи тартиби рӯз барои истироҳати шабона ҷудо гардидааст, тамошои барномаҳои телевизион иҷозат дода мешавад.

3. Маҳкумшудагон ё гурӯҳи маҳкумшудагон метавонанд аз ҳисоби маблағҳои шахсӣ аз нуқтаҳои савдо телевизор ва радио харанд ё аз хешу ақрабо ва дигар ашхос онро ба даст оранд. Ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки дар соатҳои фориғ аз кор, ба истиснои вақте, ки тибқи тартиби рӯз барои истироҳати шабона ҷудо карда шудааст, барномаҳои радиоро шунаванд. Биноҳои истиқоматӣ, утоқҳои корҳои тарбиявӣ, утоқҳои истироҳатӣ, биноҳои корӣ, камераҳои изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ, биноҳои навъи камера, камераҳои яккаса аз ҳисоби маблағҳои муассиса бо нуқтаҳои радиошунавонӣ ҷиҳозонида мешаванд.

Моддаи 97. Гаштугузори ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар биноҳои қулфшаванда, изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ, изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) интизомӣ, биноҳои навъи камера ва камераҳои яккаса адо мекунанд, агар онҳо дар фазои кушод кор накунанд, ба гаштугузоре, ки давомнокии онро моддаҳои 123, 134, 136 ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, ҳуқуқ доранд.

2. Гаштугузори маҳкумшудагон мувофиқи ҳар як камера алоҳида, рӯзона, дар қисми махсус муҷаҳҳазгардонидашудаи муассисаи ислоҳӣ анҷом дода мешавад. Гаштугузор дар сурати аз ҷониби маҳкумшуда вайрон кардани қоидаҳои муайяншуда пеш аз мӯҳлат қатъ гардиданаш мумкин аст.

Моддаи 98. Сафари маҳкумшудагон берун аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ

1. Ба маҳкумшудагоне, ки дар колонияҳои ислоҳӣ ва колонияҳои тарбиявӣ нигоҳ дошта мешаванд, инчунин барои корҳои хизматрасонии хоҷагӣ дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ ва маҳбасҳо мононда шудаанд, ба истиснои маҳкумшудагони дар моддаи 100 ҳамин Кодекс зикргардида, мумкин аст сафарҳои зерин берун аз муассисаи ислоҳӣ иҷозат дода шавад:

а) сафарҳои кӯтоҳмуддат ба мӯҳлати на бештар аз 7 шабонарӯз, бидуни дарназардошти вақте, ки барои рафту омад (на бештар аз се шабонарӯз) зарур аст, вобаста ба ҳолатҳои мустаснои шахсӣ: фавт ё бемории вазнини хешу ақрабои наздик, ки ба ҳаёти бемор таҳдид мекунад, офати табиӣ, ки ба маҳкумшуда ва аҳли оилаи ӯ зиёни назарраси моддӣ расонидааст, инчунин барои ҳаллу фасли пешакии масъалаҳои таъминоти меҳнатию маишии баъди озодшавӣ;

б) сафарҳои дарозмуддат дар мавриди рухсатии пардохтшаванда нисбати маҳкумшудагони дар қисми дуюми моддаи 107 ҳамин Кодекс зикргардида ё ин ки маҳкумшудагони бо сабабҳои узрнок ба кор таъминнабуда бошад, ба мӯҳлати баробари рухсатии пардохтшавандаи ҳарсола.

2. Сафарҳои кӯтоҳмуддат берун аз маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба занони маҳкумшуда, ки дар хонаҳои кӯдакони назди муассисаҳои ислоҳӣ фарзанд доранд, барои дар назди хешовандон, сарпарастон (васиён) ё хонаҳои кӯдакон ҷойгир намудани онҳо ба мӯҳлати на бештар аз ҳафт шабонарӯз, бидуни дарназардошти вақти барои роҳ зарурӣ ва ба заноне, ки кӯдакони ноболиғи маъюб доранд барои мулоқот бо онҳо - як сафари кӯтоҳмуддат дар давоми сол ба ҳамон мӯҳлат иҷозат дода шуданаш мумкин аст.

3. Ба маҳкумшудагони ноболиғ сафар бо ҳамроҳии хешовандон ё дигар шахси ҳамроҳикунанда иҷозат дода мешавад.

4. Аризаи маҳкумшуда дар мавриди сафари фаврӣ вобаста ба ҳолатҳои мустаснои шахсӣ бояд дар мӯҳлати як шабонарӯз баррасӣ карда шавад.

5. Иҷозати сафари кӯтоҳмуддат аз ҷониби сардори муассисаи ислоҳӣ, бо дарназардошти хусусият ва вазнинии ҷинояти содирнамуда, мӯҳлати адои ҷазо, шахсияти маҳкумшуда ва рафтори ӯ дода мешавад. Рад кардани иҷозати сафари кӯтоҳмуддат бояд асоснок карда шавад.

6. Мӯҳлати берун аз муассисаи ислоҳӣ қарор доштани маҳкумшуда ба мӯҳлати адои ҷазо ба ҳисоб гирифта мешавад.

7. Хароҷоти сафари маҳкумшуда шахсан аз ҷониби ӯ ё аз ҳисоби хешовандони ӯ пардохта мешавад. Ҳангоми берун аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ қарор доштани маҳкумшуда ба ӯ музди меҳнат дода намешавад.

8. Тартиби ба маҳкумшудагон фароҳам овардани сафарҳои берун аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ мутобиқи Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳӣ муайян карда мешавад.

9. Дар сурати ба миён омадани ҳолатҳои ғайричашмдошт, ки дар мӯҳлати муайян баргаштани маҳкумшударо душвор мегардонад, бо қарори асоснокшудаи сардори мақомоти корҳои дохилии маҳалли исти маҳкумшуда, бо фавран огоҳонии ҳатмии маъмурияти муассисаи ислоҳӣ мӯҳлати бозгашт ба муассисаи ислоҳӣ то панҷ шабонарӯз дароз карда шуданаш мумкин аст.

10. Ҳангоми дар мӯҳлати муайяншуда аз баргаштан ба муассисаи ислоҳӣ саркашӣ кардани маҳкумшуда ӯ бояд аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии маҳалли зисташ бо розигии прокурор ва қарори суд ба мӯҳлати на бештар аз сӣ шабонарӯз ҷиҳати ҳалли масъала оиди таҳти назорати посбонон ба маҳалли адои ҷазо фиристодан ё ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан дастгир карда шавад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732).

11. Сафари маҳкумшуда ба қаламрави давлати дигар мувофиқи тартибот ва дар ҳолатҳое, ки мутобиқи шартномаҳо бо давлатҳои дахлдор пешбинӣ шудааст, иҷозат дода мешавад.

Моддаи 99. Шарт ва тартиби аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардани ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда бидуни назорати посбонон ва шахси ҳамроҳикунанда

1. Дар колонияҳои ислоҳӣ ба маҳкумшудагоне, ки қатъӣ ба роҳи ислоҳ ворид шудаанд, инчунин ба маҳкумшудагоне, ки барои кор ҷиҳати хизматрасонии хоҷагӣ дар изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ ё маҳбас мононда шудаанд, баъди адои на камтар аз сеяки мӯҳлати ҷазо иҷозати аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан берун аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ бидуни назорати посбонон ва шахси ҳамроҳикунанда дода шуданаш мумкин аст, агар ин вобаста ба хусусияти иҷрои кори маҳкумшуда зарур бошад.

2. Ба маҳкумшудагоне, ки дар колонияҳои тарбиявӣ нигоҳ дошта мешаванд ва онҳо қатъӣ ба роҳи ислоҳ ворид шудаанд ва мӯҳлати на камтар аз шаш моҳи маҳрум сохтан аз озодиро адо кардаанд, мумкин аст барои аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан берун аз ҳудуди колония бидуни назорати посбонон ва шахси ҳамроҳикунанда иҷозат дода шавад, агар ин вобаста ба хусусияти иҷрои кори маҳкумшуда зарур бошад.

3. Ҳуқуқи бидуни посбонон ё бидуни ҳамроҳикунандагон аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардани маҳкумшудагон берун аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ бо қарори асосноки сардори муассисаи ислоҳӣ дода мешавад.

4. Маҳкумшудагоне, ки барои аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан бидуни посбонон ё шахси ҳамроҳикунанда ҳуқуқ доранд, бояд дар биноҳои алоҳидаи истиқоматӣ ҷойгир карда шаванд. Ба онҳо иҷозат дода шуданаш мумкин аст, ки дар хобгоҳҳои умумии берун аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ, вале дар қаламрави муқаррарнамудаи маъмурияти муассисаи ислоҳӣ, ки бо мақоми худидораи маҳаллӣ мувофиқа шудааст, истиқомат кунанд.

5. Қоидаҳои рафтори маҳкумшудагоне, ки барояшон ҳуқуқи аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан берун аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ бидуни посбонон ё шахси ҳамроҳикунанда дода шудааст, тибқи Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳӣ муайян карда мешаванд.

6. Дар сурати аз ҷониби маҳкумшудагон вайрон кардани низом, қоидаҳои рафтор ё ҳангоми тағйир ёфтани хусусияти коре, ки маҳкумшуда анҷом медиҳад, аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан бидуни посбонон ё шахси ҳамроҳикунанда бо фармони сардори муассисаи ислоҳӣ бекор карда мешавад.

Моддаи 100. Манъи аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан бидуни посбонон ё шахси ҳамроҳикунанда барои категорияҳои алоҳидаи маҳкумшудагон

1. Аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан бидуни посбонон ё ҳамроҳикунандагон берун аз муассисаи ислоҳӣ ба инҳо иҷозат дода намешавад:

а) ба маҳкумшудагоне, ки дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок ҷиноят содир намудаанд;

б) ба маҳкумшудагоне, ки ҷазо дар намуди якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин гардидааст ё қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 87);

в) ба маҳкумшудагоне, ки дар давраи адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ҷинояти қасдона содир намудаанд ва ё қаблан ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ барои ҷиноятҳои қасдона адо карда боз ҷинояти қасдона содир кардаанд;

г) ба маҳкумшудагоне, ки аз ҳуқуқи аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат карданро бидуни посбонон ё бидуни ҳамроҳикунандагон истифода намуда, вале вобаста ба қонуншиканиҳои содирнамудаашон аз он маҳрум карда шудаанд;

д) ба ашхосе, ки барои ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шудаанд;

е) ба маҳкумшудагоне, ки муҷозоти беэътибор донистанашуда ё адокарданашуда доранд;

ж) ба маҳкумшудагоне, ки курсҳои пурраи муолиҷаро аз майзадагӣ, нашъамандӣ, токсикоманӣ, касалии сил ва касалиҳои зӯҳравӣ нагузаштаанд;

з) маҳкумони мубталои инфексияи ВИЧ;

и) маҳкумони мукаллафи маҳдуд эътирофшуда.

2. Аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардани маҳкумшудагон бидуни посбонон, ё шахси ҳамроҳикунанда дар шаҳри Душанбе, маҳаллаҳои курортӣ ва минтақаҳои сарҳадӣ, инчунин маҳалҳои аҳолинишин, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, манъ мебошад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

Моддаи 101. Хусусиятҳои адои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ аз ҷониби занони ҳомила ва заноне, ки фарзанд доранд

1. Дар назди колонияҳои ислоҳӣ дар сурати зарурат хонаҳои кӯдакон таъсис дода шуданаш мумкин аст. Дар хонаҳои кӯдакон барои зисту зиндагӣ ва рушди мӯътадили кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Занони маҳкумшуда ҳақ доранд фарзандони худро то синни сесолагӣ ба хонаҳои кӯдакон ҷойгир кунанд, дар вақтҳои фориғ аз кор бидуни маҳдудият бо онҳо бошанд. Ба занони маҳкумшуда мумкин аст зиндагии якҷоя бо кӯдакашон иҷозат дода шавад.

2. Фарзандони занони маҳкумшуда бо розигии модар ба хешовандон ё бо розигии модар ва тибқи қарори мақомоти васӣ ва парасторӣ мумкин аст ба дигар ашхос супурда шаванд ё бо расидан ба синни сесолагӣ ба муассисаҳои дахлдори кӯдакон фиристода шаванд.

3. Агар мӯҳлати адонакардаи ҷазои модари фарзанде, ки ба синни сесолагӣ расидааст аз як сол зиёд набошад ва ӯ вазифаи модарии худро софдилона ба ҷо орад, пас мӯҳлати исти кӯдак дар хонаи кӯдакон аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ мумкин аст то озод шудани модар дароз карда шавад. Дар сурати аз тарафи модар вайрон кардани низоми нигоҳдорӣ қарор оиди дароз кардани мӯҳлати исти кӯдак дар хонаи кӯдакон мумкин аст бекор карда шавад.

4. Занони ҳомила то таваллуд, ҳангоми таваллуд ва давраи баъди таваллуд ба ёрии махсусгардонидашуда ҳуқуқ доранд.

Моддаи 102. Зиндагии занони маҳкумшуда берун аз колония

1. Ба занони маҳкумшуда, ки нисбат ба меҳнат софдилона муносибат менамоянд ва низомро риоя мекунанд, тибқи қарори асосноки сардори муассисаи ислоҳӣ, барои зист берун аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ дар вақтҳои озод будан аз кор бо сабаби ҳомила ё таваллуд, инчунин то ба синни сесолагӣ расидани кӯдак иҷозат дода шуданаш мумкин аст.

2. Занони маҳкумшуда, ки барояшон иҷозати зиндагӣ берун аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ дода шудааст:

а) дар наздикии қаламрави колония зиндагӣ карда, таҳти назорати доимии маъмурияти муассисаи ислоҳӣ қарор мегиранд;

б) бо худ пул ва чизу чораи қиматнок дошта бошанд, онро метавонанд бе маҳдудият истифода баранд;

в) метавонанд бе маҳдудият мактуб фиристанд, муросилоти пулӣ гиранд, мулоқот гузаронанд, фириста, дастовез ва баста гиранд;

г) дар соатҳои баъд аз хоб хестан то вақти хоб дар ҳудуде, ки қаламрави онро сардори муассисаи ислоҳӣ муайян мекунад, ҳуқуқи озодона аз як ҷой ба ҷойи дигар ҳаракат карданро доранд.

3. Дар сурати мунтазам ё ашадӣ вайрон кардани низом ё қоидаҳои рафтор тибқи қарори асосноки сардори муассисаи ислоҳӣ ҳуқуқи зиндагии берун аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ бекор карда шуда, маҳкумшуда ҷиҳати адои минбаъдаи ҷазо ба колония гузаронида мешавад.

Моддаи 103. Суғуртаи иҷтимоии ҳатмии давлатӣ ва таъмини нафақаи ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, ки ба меҳнат ҷалб карда шудаанд, бояд ба суғуртаи ҳатмии давлатӣ фаро гирифта шуда, занон бошанд ба ғайр аз ин вобаста ба ҳомила ва таваллуд дар асосҳои умумӣ бо ёрдампулиҳо таъмин карда шаванд.

2. Ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда дар асосҳои умумӣ ба таъминоти нафақаи давлатӣ вобаста ба пиронсолӣ, маъюбӣ, аз даст додани сарпараст ва дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла дар ҳолатҳое, ки қобилияти меҳнатиашонро дар давраи адои ҷазо аз даст додаанд ҳуқуқ доранд.

3. Пардохти нафақа ба маҳкумшудагон аз ҷониби мақомоти таъминоти иҷтимоии маҳалли ҷойгиршавии муассисаи ислоҳӣ бо роҳи гузаронидани нафақа ба ҳисобномаи шахсии маҳкумшудагон анҷом дода мешавад.

4. Аз нафақаи маҳкумшудагон маблағ нигоҳ дошта мешавад. Асосҳо, намуд ва тартиби нигоҳ доштани маблағ аз нафақа тибқи моддаи 111 ҳамин Кодекс муқаррар карда мешавад.

Моддаи 104. Таъминоти моддӣ-маишии ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Барои ашхосе, ки ҷазоро дар маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ адо мекунанд, шароити зарурии манзилию-маишӣ, ки ба қоидаҳои санитарӣ ва гигиена мувофиқанд, фароҳам оварда мешаванд. Меъёри майдони истиқоматӣ ба ҳисоби ҳар як нафари ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда дар колонияҳои ислоҳӣ аз ду метри мураббаъ, дар маҳбасҳо - аз дуним метри мураббаъ, дар колонияҳои барои занон таъингардида - аз се метри мураббаъ ва дар колонияҳои тарбиявӣ - аз сеюним метри мураббаъ, дар муассисаҳои муолиҷавии ислоҳӣ - аз се метри мураббаъ ва дар муассисаҳои муолиҷавӣ-профилактикӣ аз панҷ метри мураббаъ набояд камтар бошад.

2. Ба маҳкумшудагон ҷои инфиродии хоб ва лавозимоти хоб (бистар) дода мешавад. Онҳо вобаста ба мавсим бо дарназардошти синну сол, ҷинс ва шароити иқлимӣ бо сару либос, либоси таг ва пойафзол таъмин карда мешаванд.

3. Маҳкумшудагон он миқдори озуқавориеро мегиранд, ки фаъолияти мӯътадили вуҷуди инсонро таъмин мекунад. Меъёри озуқаворӣ вобаста ба вазъи саломатӣ, синну сол, шароити иқлимӣ, мавқеи ҷойгиршавии муассисаи ислоҳӣ, хусусият ва вазнинии кори анҷоммедодаи маҳкумшудагон тафриқабандӣ (дифференсатсия ) карда мешавад. Аз ҳисоби маблағҳои муассисае, ки маҳкумшударо ба кор ҷалб кардааст, ба онҳо озуқавории иловагӣ зиёда аз меъёри муқарраршуда ташкил карда шуданаш мумкин аст. Маҳкумшудагоне, ки ба ҳолатҳои аз онҳо вобаста набуда музди меҳнат надоранд, инчунин ба дигар асосҳо дар ҳисобномаҳои шахсӣ маблағ надоранд, аз ҳисоби бучети давлат бо хӯрока ва маводи мавриди ниёзи аввалия таъмин карда мешаванд.

4. Маҳкумшудагони ба балоғатрасидаи қобили меҳнат, ки музди меҳнат мегиранд ва маҳкумшудагони нафақагир арзиши озуқаворӣ, либос ва хизматрасонии коммуналӣ-маиширо ба истиснои арзиши озуқаи махсус ва либоси махсус, мепардозанд. Аз маҳкумшудагоне, ки аз кор саркашӣ мекунанд, ин хароҷот аз маблағе, ки дар ҳисобномаҳои шахсии онҳо ҳаст нигоҳ дошта мешавад. Пардохти арзиши озуқаворӣ, либос ва хизмати коммуналӣ-маишӣ ҳар моҳ дар доираи хароҷоти воқеие, ки ҳамон моҳ ҷой дошт, анҷом дода мешавад.

5. Маҳкумшудагоне, ки вобаста ба беморӣ аз кор озод шудаанд, занони ҳомила ва модари фарзанди синамак дошта дар давраи аз кор озод карда шуданашон бо озуқаворӣ ройгон таъмин карда мешаванд. Ба маҳкумшудагони ноболиғ ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, мардони бекори аз синни 63-сола боло ва занони аз синни 58 боло озуқаворӣ ва сару либос ройгон дода мешавад.

6. Ба занони ҳомила, занони синамакон, ноболиғон, инчунин беморон ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II шароитҳои беҳбудгардонидашудаи манзилию-маишӣ фароҳам оварда шуда, меъёри зиёдкардашудаи озуқа муқаррар мегардад.

7. Меъёри озуқаворӣ ва дигар таъминоти моддию маишии ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

8. Занони маҳкумшуда, ки фарзандонашон дар хонаҳои кӯдакони назди муассисаи ислоҳӣ мебошанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба нигоҳубини кӯдак ба гирифтани кӯмакпулӣ ҳуқуқ доранд.

Моддаи 105. Таъминоти тиббиву беҳдории ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Ёрии пешгириву табобатӣ ва беҳдориву пешгирӣ ба маҳкумшудагон дар маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ мутобиқи Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад.

2. Барои хизматрасонии тиббии маҳкумшудагон муассисаҳои пешгириву табобатӣ (шифохона, беморхонаҳои махсуси психиатрӣ ва сил, қисмҳои тиббӣ) ва барои таъминот ва муолиҷаи амбулатории маҳкумшудагоне, ки бемории сил, майзадагӣ, нашъамандӣ, беморони мубталои инфексияи ВИЧмуассисаҳои ислоҳии тиббӣ ташкил карда мешаванд.

3. Маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд ҷиҳати машварат ва муолиҷа ба соҳаҳои хизматрасонии пулакии тиббӣ муроҷиат кунанд. Пардохти чунин хизматрасониҳо ва харидории дорувории зарурӣ аз ҷониби худи маҳкумшудагон ё хешовандони онҳо аз ҳисоби маблағи худашон анҷом дода мешавад. Дар чунин ҳолат машварат ва муолиҷа дар қисмҳои тиббиву беҳдории маҳалли адои ҷазо таҳти назорати кормандони тиббиву беҳдории қисм сурат мегирад.

4. Маъмурияти маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ вазифадор аст талаботи зарурии беҳдориву беҳдоштӣ ва зиддисироятиро, ки ҳифзи саломатии маҳкумшудагонро таъмин менамояд, ба ҷо орад. Ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда бошанд вазифадоранд талаботи беҳдоштӣ ва беҳдории нисбат ба онҳо пешниҳодшударо иҷро кунанд.

5. Дар сурати аз қабули хӯрока саркашӣ намудани маҳкумшуда ва ба миён омадани таҳдид ба ҳаёти ӯ тибқи нишондодҳои тиббӣ ӯро ба истеъмоли хӯрока маҷбур кардан мумкин аст.

6. Тартиби ба ашхоси аз озодӣ маҳрумшуда расонидани ёрии тиббӣ, ташкил ва гузаронидани назорати беҳдорӣ, истифодаи муассисаҳои пешгириву табобатӣ ва беҳдорию пешгирии мақомоти тандурустӣ ва барои ин мақсад ҷалб намудани кормандони тиб аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

Моддаи 106. Ҷавобгарии моддии ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда барои ҳангоми адои ҷазо расонидани зарари моддӣ ба давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ масъулияти моддиро ба ӯҳда доранд:

а) барои зараре, ки маҳкумшудагон ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ расонидаанд - дар ҳаҷми муқаррарнамудаи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) барои зараре, ки бо кирдори дигар аз ҷониби маҳкумшудагон расонида шудааст, дар ҳаҷми муқаррарнамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон .

2. Маҳкумшудагон вазифадоранд зарари ба муассисаи ислоҳӣ расонидаашон, инчунин хароҷоти иловагиро вобаста ба пешгирии фирори ӯ, инчунин вобаста ба муолиҷаи ӯ дар сурати қасдан расонидани зарар ба саломатии хеш пардохт кунанд.

3. Рӯёнидани товони зарари моддӣ, ки маҳкумшуда ҳангоми адои ҷазо дар маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ расонидааст ва аз пардохти ихтиёрии он саркашӣ менамояд, бо аризаи даъвогии сардори муассисаи ислоҳӣ ё прокурор аз ҷониби суд баррасӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732).

4. Аз болои қарори сардори муассисаи ислоҳӣ ба сардори болоӣ ё суд шикоят кардан мумкин аст.

5. Сардори болоӣ ҳуқуқ дорад ҳаҷми маблағи ситонидашавандаро тағйир диҳад ё қарорро дар мавриди ситонидани зарар вобаста ба мавчуд набудани гуноҳи маҳкумшуда бекор кунад.

6. Маблағе, ки барои расонидани зарари моддӣ нодуруст ситонида шудааст, бояд ба маҳкумшуда баргардонида шавад ва он ба ҳисобномаи шахсии ӯ гузаронида мешавад.

7. Баъди аз ҷазо озод шудан маҳкумшуда зарари ҳангоми адои ҷазо пардохтнакардаи ӯ бо қарори суд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ситонда мешавад.

БОБИ 12.МЕҲНАТ, ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ ВА ОМОДАГИИ КАСБИИ АШХОСИ БА МАҲРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДӢ МАҲКУМШУДА

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 107. Ба меҳнат ҷалб намудани ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Ҳар як шахси ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда ӯҳдадор аст дар маҳал ва дар коре, ки маъмурияти муассисаи ислоҳӣ муайян намудааст, меҳнат кунад. Маъмурияти муассисаи ислоҳӣ маҳкумшудагонро ба меҳнат дар корхонаҳои муассисаи ислоҳӣ, корхонаҳои давлатӣ ва дигар корхонаҳои шакли гуногуни моликият бо шарти таъмини амнияти дахлдор ва алоҳида нигоҳ доштани онҳо, бо дарназардошти ҷинс, синну сол, қобилияти меҳнатӣ, вазъи саломатӣ ва ҳадалимкон бо дарназардошти тахассуси онҳо, ҷалб менамояд. Ба маҳкумшудагон дар сурати набудани корҳои дигар барои машғул шудан ба фаъолияти инфиродии меҳнатӣ иҷозат дода шуданаш мумкин аст.

2. Ба маҳкумшудагони мард, ки синнашон болотар аз 63 сола, занони синнашон болотар аз 58 сола, маъюбони гурӯҳҳои I ва II, заноне, ки дар хонаҳои кӯдакони назди муассисаҳои ислоҳӣ фарзанд доранд, бо хоҳиши онҳо мувофиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи иҷтимоии мъюбон иҷозати кор дода мешавад. Ашхоси ноболиғ тибқи қонунгузории меҳнат ба кор ҷалб карда мешаванд.

3. Меҳнати маҳкумшудагон, ки ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро дар маҳбас адо мекунанд, танҳо дар ҳудуди маҳбас анҷом дода мешавад.

4. Номгӯи кор ва вазифаҳое, ки дар он истифодаи меҳнати маҳкумшудагон манъ мебошад, тибқи Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи ислоҳӣ муқаррар карда мешавад.

5. Фаъолияти истеҳсолию хоҷагии муассисаҳои ислоҳӣ бояд ба вазифаи асосии онҳо-ислоҳи маҳкумшудагон равона карда шавад.

6. Маҳкумшудагон ҳуқуқ надоранд, бо мақсади ҳалли мухолифати меҳнатӣ ё дигар ихтилофот корро қатъ кунанд. Қатъи кор ҳамчун вайрон кардани низоми адои ҷазо ҳисоб гардида, боиси масъулияти пешбининамудаи ҳамин Кодекс мегардад.

Моддаи 108. Шароити меҳнати ашхоси ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Давомнокии вақти корӣ, қоидаҳои муҳофизати меҳнат, техникаи бехатарӣ ва беҳдории истеҳсолӣ нисбати ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда тибқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Вақти оғоз ва анҷоми кор (баст) тибқи ҷадвали бастӣ, ки аз тарафи маъмурияти муассисаи ислоҳӣ бо маъмурияти корхонаи ҷои кори маҳкумшуда мувофиқ шудааст, муайян карда мешавад. Тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории меҳнат онҳо дар рӯзҳои ид аз кор озод карда мешаванд.

2. Дар иҷрои баъзе навъи корҳо, ки вобаста ба шароити истеҳсолӣ риояи давомнокии вақти кории ҳаррӯза ё ҳарҳафтаина номумкин аст, мутобиқи қонунгузории меҳнат баҳисобгирии маҷмӯии вақти корӣ, ба истиснои муассисаи тарбиявӣ, роҳ дода мешавад. Давомнокии вақти корӣ ба ҳисоби миёна дар давраи баҳисобгирӣ набояд аз ҳашт соат дар як рӯз зиёд бошад.

3. Ҳангоми зарурати дар рӯзҳои истироҳат ва ид ба кор ҷалб намудани маҳкумшудагон ба онҳо дар рӯзҳои дигар, бо фармони сардори муассисаи ислоҳӣ дар тӯли моҳ рӯзи истироҳат фароҳам оварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732).

4. Маҳкумшудагони коркунанда ба рухсатии пардохтшавандаи ҳарсола ҳуқуқ доранд: бо давомнокии ҳаждаҳ рӯзи корӣ барои онҳое, ки маҳрумӣ аз озодиро дар колонияҳои тарбиявӣ адо мекунанд; бо давомнокии дувоздаҳ рӯзи корӣ барои онҳое, ки маҳрумӣ аз озодиро дар дигар муассисаҳои ислоҳӣ адо мекунанд. Рухсатии нишондодашуда бо берун шудан аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ ё бидуни он мутобиқи моддаи 98 ҳамин Кодекс дода мешавад. Вақти нигоҳ доштани маҳкумшуда дар бинои навъи камера ва камераи яккаса ба мӯҳлате, ки барои додани рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда зарур аст, ба ҳисоб гирифта намешавад.

5. Мӯҳлати ҷалби маҳкумшудагон ба меҳнати пардохтшаванда ба собиқаи умумии кори онҳо ба ҳисоб гирифта мешавад. Баҳисобгирии вақти корӣ ба зиммаи маъмурияти муассисаи ислоҳӣ буда, оид ба натиҷаи соли тақвимӣ анҷом дода мешавад.

6. Ҳангоми ба таври мунтазам аз иҷрои кор саркашӣ намудани маҳкумшуда давраи дахлдор бо қарори маъмурияти муассисаи ислоҳӣ аз собиқаи умумии кор берун карда мешавад. Қарори маъмурияти муассисаи ислоҳиро маҳкумшуда метавонад ба суд шикоят кунад.

Моддаи 109. Пардохти музди меҳнати ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Меҳнати ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда мутобиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

2. Пардохти музди меҳнати маҳкумшудагон, ки меъёри вақти кории моҳонаро пурра иҷро кардаанд ва андозаи муайянкардаи меҳнатро ба ҷо овардаанд, аз андозаи муқарраршудаи маоши ҳадди ақал набояд кам бошад.

Моддаи 110. Ҷалби ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда ба корҳо бе пардохти музди меҳнат

1. Маҳкумшудагонро ба кори бе пардохти музди меҳнат танҳо ҷиҳати ободонии маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ ва атрофи он, ба истиснои иншоотҳои ҳифзкунанда, инчунин ба корҳои ёрирасон ҷиҳати беҳбуд бахшидани шароити маданию маишии маҳкумшудагон ва таъминоти муассисаҳои ислоҳӣ бо озуқаворӣ, ҷалб кардан мумкин аст. Корҳои зикргардида, чун қоида бо навбат, дар соатҳои фориғ аз кор анҷом дода шуда, давомнокии он набояд аз ҳашт соат дар як моҳ бештар бошад.

2. Барои кор ҷиҳати барқарорсозии иншоотҳои ҳифзкунанда маҳкумшудагон танҳо дар сурати хароб гардидани иншоотҳои ҳифзкунанда ҳангоми офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда ҷалб шуданашон мумкин аст.

Моддаи 111. Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат ва дигар даромади ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Аз музди меҳнат, нафақа ва дигар даромади маҳкумшудагон ҷиҳати ҷуброни хароҷоти таъминоти онҳо мутобиқи қисми чоруми моддаи 104 ҳамин Кодекс нигоҳ доштани маблағ анҷом дода мешавад.

2. Аз ҷониби маҳкумшудагон ҷуброни хароҷоти таъминоти онҳо пас аз нигоҳ доштани алимент, андоз аз даромад, маблағгузаронӣ ба фонди иҷтимоӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ сурат мегирад. Нигоҳ доштани маблағ вобаста ба варақаҳои иҷрокунӣ ва дигар асноди иҷроия аз маблағи боқимонда тибқи тартиби пешбининамудаи Кодекси мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

3. Дар муассисаҳои ислоҳӣ ба ҳисобномаи шахсии маҳкумшудагон, сарфи назар аз ҳар гуна нигоҳ доштани маблағ, на камтар аз 25 фоиз, ба ҳисобномаи мардони аз 63 сола боло ва занони аз 58 сола боло, маъюбони гурӯҳи I ва II, ноболигон, занони ҳомила, заноне, ки дар хонаҳои кӯдакони назди муассисаҳои ислоҳӣ фарзанд доранд - на камтар аз 50 фоизи музди меҳнат, нафақа ва дигар даромадҳои ба онҳо пардохташуда бояд гузаронида шавад.

4. Ба занони маҳкумшуда, ки мутобиқи моддаи 102 ҳамин Кодекс барояшон истиқомати берун аз ҳудуди колония иҷозат дода шудааст, сарфи назар аз ҳар гуна нигоҳ доштани маблағ, бояд на камтар аз 50 фоизи маблағи умумии музди меҳнат пардохта шавад.

Моддаи 112. Талаботи низом дар корхонаҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва иншооти истеҳсолии дигар вазорату идораҳо

1. Дар корхонаҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва иншоотҳои истеҳсолии дигар вазорату идораҳо истифодаи меҳнати кормандони кироя, ки мустақиман ба кори маҳкумшудагон роҳбарӣ мекунанд, инчунин коргарони баландихтисоси кироя, вале на бештар 15 фоиз аз шумораи маҳкумшудагони коркунанда ҷалб шуданашон мумкин аст.

2. Ашхосе, ки якҷоя бо маҳкумшудагон кор мекунанд, вазифадоранд тартиби муносибат бо онҳоро, ки маъмурияти муассисаи ислоҳӣ муайян кардааст, риоя намоянд. Дар сурати вайрон кардани ин тартибот маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ҳуқуқ дорад рафтуомади ин ашхосро ба иншооти истеҳсолие, ки дар он маҳкумшудагон кор мекунанд, манъ намояд.

3. Ба маҳкумшудагон додани ашё, озуқаворӣ, пул ва дигар асбобу анҷоме, ки истифодаи онҳо дар муассисаи ислоҳӣ манъ шудааст, роҳ дода намешавад. Гунаҳкорони чунин кирдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

4. Дар ҳолатҳои зарурӣ маъмурияти муассиса ҳуқуқ дорад иншооти истеҳсолӣ, ки дар он маҳкумшудагон кор мекунанд, инчунин ашё ва сару либоси ашхосеро, ки ба ин иншооти истеҳсолӣ ворид ё аз он берун мешаванд, кофтуков кунад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

Моддаи 113. Таҳсилоти касбӣ ва омодагии касбии ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

1. Дар муассисаҳои ислоҳӣ таълими ҳатмии ибтидоии касбӣ ё омодагии касбии маҳкумшудагон, ки барои кор дар муассисаи ислоҳӣ ва баъди озод шудан аз он ихтисоси (касб) зарурӣ надоранд ташкил карда мешавад.

2. Маъюбони гурӯҳи I ва II, мардони болотар аз синни 63-сола ва занони болотар аз синни 58 мувофиқи хоҳишашон омодагии дахлдори касбӣ гирифта метавонанд.

3. Муносибати маҳкумшудагон барои гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва омодагии касбӣ ҳангоми муайян намудани дараҷаи ислоҳшавӣ ба инобат гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

4. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва омодагии касбии маҳкумшудагон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

5. Маҳбусоне, ки ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтанро адо мекунанд, омодагии касбиро бевосита дар истеҳсолот мегиранд (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 87).

БОБИ 13.ТАЪСИРРАСОНИИ ТАРБИЯВӢ БА АШХОСЕ, КИ БА МАҲРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДӢ МАҲКУМ ШУДААНД

Моддаи 114. Корҳои тарбиявӣ бо ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд

1. Бо ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо мекунанд, маъмурияти муассисаи ислоҳӣ якҷоя бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, хайрия ва динӣ корҳои тарбиявӣ мегузаронанд, ки мақсади он ислоҳи маҳкумшудагон, ташаккул ва таҳкими саъю кӯшиши маҳкумшудагон нисбати машғул шудан ба фаъолияти самарабахши ҷамъиятӣ, муносибати самимона нисбат ба инсон, ҷамъият, меҳнат, риояи талаботи қонун ва дигар қоидаҳои рафтори дар ҷамъият қабул шуда ва анъанаҳо, рушди сатҳи маънавӣ ва фарҳангии онҳо мебошад.

2. Иштироки маҳкумшудагон дар чорабиниҳои тарбиявӣ ҳавасманд гардонида шуда, ҳангоми муайян намудани дараҷаи ислоҳ шуданашон ва андешидани чораҳои ҳавасмандгардонию муҷозотӣ ба инобат гирифта мешавад.

3. Тибқи тартиби рӯзи муассисаи ислоҳӣ мумкин аст чорабиниҳои тарбиявӣ пешбинӣ гардад, ки дар он иштироки маҳкумшудагон ҳатмӣ мебошад.

4. Корҳои тарбиявӣ бо маҳкумшудагон бо дарназардошти хусусияти инфиродии шахс ва характери маҳкумшуда ва ҳолатҳои содир намудани ҷиноят гузаронида мешавад.

Моддаи 115. Ташкил, шаклҳои асосӣ ва усули корҳои тарбиявӣ бо ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Дар муассисаҳои ислоҳӣ тарбияи маънавӣ, ҳуқуқӣ, меҳнатӣ, ҷисмонӣ ва дигар навъи тарбияи маҳкумшудагон, ки барои ноил гардидан ба мақсади ислоҳи маҳкумшудагон мусоидат менамояд, ба амал бароварда мешавад.

2. Корҳои тарбиявӣ бо маҳкумшудагон дар шаклҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ ва оммавӣ, дар асоси усулҳои равоншиносӣ (психологӣ), педагогӣ гузаронида мешавад ва онҳо ба таври тафриқавӣ (дифферентсиявӣ) бо дарназардошти намуди муассисаи ислоҳӣ ва низоми дар он муайянгардида, мӯҳлати ҷазо ва шароити нигаҳдошт ташкил карда мешавад.

3. Корҳои инфиродӣ дар асоси омӯзиши шахсияти ҳар як маҳкумшуда, бо дарназардошти ҷинояти содирнамудаи ӯ, синну сол, вазъи рӯҳӣ, маълумот, касб ва дигар хусусиятҳои маҳкумшуда гузаронида мешавад.

4. Барои гузаронидани корҳои тарбиявӣ бо маҳкумшудагон матбуоти даврӣ, радио, телевизион, тамошои кино истифода бурда шуда, корҳои китобдорӣ ташкил карда мешавад.

Моддаи 116. Ташкилотҳои худфаъолияти ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

1. Дар муассисаҳои ислоҳӣ ташкилотҳои худфаъолияти маҳкумшудагоне, ки таҳти назорати маъмурияти муассисаи ислоҳӣ кор мекунад, таъсис дода мешавад.

2. Иштироки маҳкумшудагон дар кори ташкилотҳои худфаъолият ҳавасманд гардонида шуда, ҳангоми муайян кардани дараҷаи ислоҳ ба инобат гирифта мешавад.

3. Вазифаҳои асосии ташкилотҳои худфаъолият иборатанд аз: расонидани кӯмак дар худтарбиякунии маҳкумшудагон; рушди маънавӣ, касбӣ ва ҷисмонии онҳо; рушди ташаббуси самарабахш, ва расонидани таъсири мусбат ба ислоҳи маҳкумшудагон; иштирок дар ҳалли масъалаҳои ташкили меҳнат, корҳои маишӣ ва фароғати маҳкумшудагон; мусоидат ба маъмурият дар нигоҳ доштани тартибу интизом, ташаккули муносибатҳои солим байни маҳкумшудагон; расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ба маҳкумшудагон ва оилаҳои онҳо. Дар назди ташкилотҳои худфаъолият инчунин вазифаҳои дигар, ки хилофи мақсад, тартиб ва шартҳои иҷрои ҷазо намебошанд, гузошта шуданашон мумкин аст.

4. Аъзои ташкилотҳои худфаъолияти маҳкумшудагон аз имтиёзҳои иловагӣ истифода намебаранд. Ташкилотҳои худфаъолияти маҳкумшудагон ва аъзои онҳо салоҳияти маъмурияти муассисаи ислоҳиро дошта наметавонанд.

5. Тартиби таъсис ва фаъолияти ташкилотҳои худфаъолияти маҳкумшудагонро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

6. Дар муассисаҳои ислоҳӣ аз ҳисоби маҳкумшудагоне, ки худро мусбат нишон додаанд, шӯрои коллективи муассисаҳои ислоҳӣ ва шӯроҳои отрядҳо таъсис дода мешавад. Дар муассисаҳои ислоҳӣ, мумкин аст инчунин дигар ташкилотҳои худфаъолияти маҳкумшудагон, ки фаъолияташон барои ҳалли масъалаҳои дар қисми сеюми ҳамин модда зикргардида равона шудааст, таъсис дода шавад.

7. Дар маҳбасҳо ва дар байни маҳкумшудагоне, ки дар биноҳои навъи камера нигоҳ дошта мешаванд, ташкилотҳои худфаъолиятӣ таъсис дода намешаванд.

Моддаи 117. Ташкили гирифтани таҳсилоти умумӣ аз ҷониби ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

1. Дар муассисаҳои ислоҳӣ аз ҷониби ашхосе, ки ҳанӯз ба синни сисолагӣ нарасидаанд, ҳатман соҳиб шудан ба таҳсилоти умумии асосӣ (нӯҳсола) ташкил карда мешавад. Ба маҳкумшудагоне, ки мехоҳанд таҳсилро ҷиҳати соҳиб шудан ба маълумоти миёнаи (пурра) ҳамагонӣ идома диҳанд, аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ва мақомоти дахлдори худидораи маҳаллӣ шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

2. Маҳкумшудагони аз синни сисола боло, маъюбони гурӯҳи I ва II таҳсилоти умумии асосӣ (нӯҳсола) ё маълумоти миёнаи (пурра) ҳамагонии асосиро бо хоҳиши худ соҳиб мешаванд (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

3. Барои супоридани имтиҳон маҳкумшудагон мутобиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кор озод карда мешаванд.

4. Кӯшиши маҳкумшудагон барои соҳиб шудан ба таҳсилоти аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ҳавасманд гардонида шуда, ҳангоми ҳалли масъалаҳои гузаронидан ба шароити беҳбудгардонидашуда, иваз кардани қисми адонанамудаи ҷазо ба намуди ҷазои нисбатан сабуктар ва шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан ба инобат гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

5. Ҳайатҳои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба маъмурияти муассисаҳои ислоҳӣ дар кори тарбиявии маҳкумшудагон кӯмак мерасонанд (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

6. Ташкили кор оиди с оҳиб шудани маҳкумшудагон ба таҳсилоти умумии асосӣ (нӯҳсола) ва миёнаи (пурра) ҳамагонӣ, таъсис, азнавсозӣ ва барҳам додани муасисаҳои маълумоти умумӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ (мактабҳо ва нуқтаҳои таълимию машваратӣ) тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

Моддаи 118. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ нисбат ба ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд

1. Барои рафтори шоиста, муносибати софдилона ба меҳнат ва таълим, иштироки фаъолона дар кори ташкилотҳои худфаъолият ва чорабиниҳои тарбиявӣ нисбат ба маҳкумшудагон чораҳои зайли ҳавасмандгардонӣ мумкин аст истифода бурда шаванд:

а) раҳматнома;

б) сарфароз намудан бо тӯҳфа;

в) мукофотпулӣ;

г) додани мулоқоти иловагии кӯтоҳмуддат ё дарозмуддат;

д) пеш аз мӯҳлат бардоштани муҷозоти қаблан гузошташуда;

е) дар колонияи ислоҳии низоми махсус ба биноҳои истиқоматии муқаррарӣ дар худи ҳамон колония гузаронидани маҳкумшудагоне, ки на камтар аз сеяки мӯҳлати ҷазоро дар биноҳои навъи камера адо кардаанд;

ж) зиёд кардани давомнокии гаштугузор то дуюним соат дар як рӯз ба мӯҳлати то як моҳ, нисбати маҳкумшудагоне, ки дар колонияҳои низоми махсус ва маҳбас нигоҳ дошта мешаванд.

2. Нисбат ба маҳкумшудагоне, ки дар колонияҳои ислоҳии сукунат ҷазоро адо мекунанд, мумкин аст чораи ҳавасмандгардонӣ дар намуди иҷозати гузаронидани рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои ид берун аз ҳудуди колония дода шавад.

3. Нисбат ба маҳкумшудагоне, ки рафторашон мусбӣ арзёбӣ шудааст, инчунин чораҳои пешбининамудаи қисми дуюми моддаи 80 ҳамин Кодекс истифода шуданаш мумкин аст.

4. Маҳкумшудагоне, ки ислоҳ гардидани худро нишон додаанд, барои пеш аз мӯҳлат шартан аз адои ҷазо озод кардан ё барои ивази қисми адонакардаи ҷазо ба намуди ҷазои нисбатан сабуктар пешниҳод шуданашон мумкин аст.

5. Нисбат ба маҳкумшудагоне, ки рафторашон мусбӣ арзёбӣ шудааст, мумкин аст шафоатнома оид ба бахшиши ҷазо пешниҳод карда шавад.

Моддаи 119. Тартиби истифодаи чораҳои ҳавасмандгардонӣ нисбат ба маҳкумшудагон

1. Ҳавасмандгардонӣ дар намуди раҳматнома шифоҳӣ ё хаттӣ, дигар намуди ҳавасмандгардонӣ бошад танҳо хаттӣ эълон карда мешавад.

2. Мукофоти пулии маҳкумшуда ба ҳисобномаи шахсии ӯ гузаронида мешавад.

3. Нисбат ба маҳкумшудагоне, ки дар маҳбаси дорои низоми сахт нигоҳ дошта мешаванд, ҳавасмандгардонӣ дар намуди иҷозати мулоқот истифода бурда намешавад. Ба маҳкумшудагоне, ки дар маҳбаси дорои низоми умумӣ нигоҳ дошта мешаванд, тибқи тартиби ҳавасмандгардонӣ мумкин аст танҳо барои мулоқоти кӯтоҳмуддат иҷозат дода шавад.

4. Ҳавасмандгардонӣ дар намуди пеш аз мӯҳлат бардоштани муҷозоти қаблан гузошташуда на барвақттар аз адои мӯҳлати шаш моҳи муҷозот, ки дар моддаи 120 ҳамин Кодекс зикр гардидааст, иҷозат дода мешавад. Мувофиқи тартиби ҳавасмандгардонӣ чун қоида пеш аз мӯҳлат як муҷозоти қаблан ба маҳкумшуда додашуда бекор карда мешавад.

5. Гузаронидани маҳкумшуда дар колонияҳои ислоҳии низоми махсус аз биноҳои навъи камера ба биноҳои истиқоматии маъмулӣ дар ҳамон колония бо қарори сардори колония мутобиқи хулосаи комиссияи муассисаи ислоҳӣ анҷом дода мешавад.

Моддаи 120. Чораҳои муҷозотӣ нисбат ба ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд

1. Барои вайрон кардани тартиби муқарраршудаи адои ҷазо нисбат ба маҳкумшудагон чораҳои зайли муҷозотӣ мумкин аст истифода бурда шаванд:

а) танбеҳ;

б) бекор кардани шароитҳои беҳбудгардонидашудаи нигаҳдошт, ки моддаҳои 128, 130, 132, 134, 140 ва 141 ҳамин Кодекс пешбинӣ кардаанд;

в) маҳрум сохтан аз мулоқоти навбатии кӯтоҳмуддат ё дарозмуддат, ё гуфтугӯи телефонӣ ба мӯҳлати то як моҳ;

г) ҷойгиронии маҳкумшудагоне, ки дар колонияҳои ислоҳӣ ё маҳбасҳо нигоҳ дошта мешаванд ба изолятори (тавқифгоҳи) ҷаримавӣ ба мӯҳлати то понздаҳ шабонарӯз;

д) гузаронидани маҳкумшудагони ҷинси мард, ки ашаддӣ вайронкунандаи тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо дониста шудаанд ва дар колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ, пурзӯр ва сахт нигоҳ дошта мешаванд ба биноҳои навъи камера ба мӯҳлати то шаш моҳ ва агар дар колонияҳои ислоҳии низоми махсус бошад - ба камераҳои яккаса ба мӯҳлати то шаш моҳ;

е) гузаронидани маҳкумшудагони ҷинси зан, ки ашаддӣ вайронкунандаи тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо дониста шудаанд, ба биноҳои навъи камера ба мӯҳлати то се моҳ.

2. Нисбат ба маҳкумшудагоне, ки маҳрум сохтан аз озодиро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд ва ашхосе, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд, муҷозотҳои пешбининамудаи бандҳои "д" ва "е" қисми якуми ҳамин модда истифода бурда намешаванд.

3. Занони маҳкумшуда, ки дар хонаҳои кӯдакони муассисаи ислоҳӣ фарзандони ширхор доранд, инчунин занони маҳкумшуда, ки бо сабаби ҳомила ва таваллуд аз кор озод карда шудаанд, ҳамчунин маъюбони гурӯҳи 1 ва II ба изолятори (тавқифгоҳи) ҷаримавӣ, биноҳои навъи камера ва камераҳои яккаса гузаронида намешаванд.

4. Нисбат ба маҳкумшудагоне, ки вайронкунандагони ашадии тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо мебошанд, ҳамчунин чораҳои пешбининамудаи қисми чоруми моддаи 80 ҳамин Кодекс истифода шуданаш мумкин аст.

5. Маҳкумшудагон барои иҷро накардани меъёри коркард ё вазифаи бастӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида намешаванд, агар он бо рад ё саркашии ашадӣ аз кор алоқаманд набошад.

Моддаи 121. Тартиби истифодаи чораҳои муҷозот нисбат ба маҳкумшудагон

1. Ҳангоми истифодаи чораҳои муҷозот ҳолатҳои содир намудани қонуншиканӣ, шахсият ва рафтори маҳкумшуда то содир намудани кирдор ба инобат гирифта мешавад. Муҷозоти андешидашуда бояд ба вазнинӣ ва хусусияти кирдори маҳкумшуда мувофиқ бошад.

2. Муҷозот дар мӯҳлати на дертар аз даҳ шабонарӯз аз рӯзи ошкор гардидани кирдор ва агар вобаста ба кирдор санҷиш сурат гирифта бошад, аз рӯзи хатми он, вале на дертар аз се моҳ аз лаҳзаи содир гардидани кирдор гузошта мешавад. Муҷозот фавран ва дар ҳолатҳои мустасно дар мӯҳлати на дертар аз сӣ рӯз аз рӯзи гузоштани он иҷро карда мешавад. Барои як қонуншиканӣ андешидани якчанд муҷозот манъ аст.

3. Муҷозот дар намуди танбеҳ шифоҳӣ ё хаттӣ, дигар навъи муҷозот бошад танҳо хаттӣ бо қарори асосноки сардори муассисаи ислоҳӣ ё шахси ивазкунандаи ӯ гузошта мешавад, ба истиснои банди ,б, қисми якуми моддаи 120 ҳамин Кодекс, ки бо қарори комиссияи муассисаи ислоҳӣ татбиқ карда мешавад.

4. Гузаронидани маҳкумшудагон ба биноҳои навъи камера ва камераҳои яккаса бо нишондоди мӯҳлати нигоҳ доштан дар онҳо мутобиқи қарори асосноки сардори муассисаи ислоҳӣ, бо хулосаи комиссияи муассисаи ислоҳӣ анҷом дода мешавад.

5. Гузаронидани маҳкумшудагон ба биноҳои навъи камера, инчунин ба камераҳои яккаса ҳангоми бесамар будани истифодаи дигар чораҳои таъсиррасонӣ, инчунин ҳангоми ашадӣ вайрон кардани қоидаҳои муқарраргардидаи адои ҷазо анҷом дода мешавад.

6. Нисбат ба маҳкумшудагоне, ки ба биноҳои навъи камера гузаронида шудаанд, ҳамаи навъҳои муҷозот, ба истиснои гузаронидан ба бинои навъи камера, истифода шуданаш мумкин аст.

7. Агар дар муддати як сол аз рӯзи адо кардани муҷозоти интизомӣ ба маҳкумшуда муҷозоти нав гузошта нашавад ӯ муҷозотнадошта ҳисобида мешавад.

Моддаи 122. Ашаддӣ вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо

1. Ашаддӣ вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо иборат аст аз: истеъмоли воситаҳои нашъаовар ва машруботи алкоголӣ; авбошии майда; таҳдид, итоат накардан ба намояндаи маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ё таҳқири онҳо; таҳдид ё таҳқири дигар намояндагони ҳокимият ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон; ташкили корпартоӣ ва дигар намуди итоат накардани гурӯҳӣ, ҳамчунин иштирок дар онҳо; ташкили гурӯҳҳои маҳкумшудагон, ки барои содир кардани қонуншиканиҳои дар ҳамин модда зикргардида равона шудаанд ё иштироки фаъолона дар онҳо; бачабозӣ; ҷимои зан бо зан (лесбиянство) ё дигар кирдори дорои хусусияти шаҳвонидошта.

2. Ашаддӣ мумкин аст ҳисобида шавад, инчунин дар тӯли як сол такроран вайрон кардани тартиботи муқарраршудаи адои ҷазо, агар барои ҳардуи ин қонуншиканӣ нисбат ба маҳкумшуда муҷозот дар намуди гузаронидан ба изолятори (тавқифгоҳи) ҷаримавӣ истифода гардида бошад.

3. Маҳкумшудае, ки вайронкуниҳои дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда зикргардидаро содир кардааст, ки нисбати ӯ муҷозотҳои пешбининамудаи бандҳои "г", "д", "е" қисми якуми моддаи 120 ҳамин Кодекс истифода бурда шудаанд, ашаддӣ вайронкунандаи тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо дониста мешаванд.

4. Маҳкумшуда бо қарори асосноки сардори муассисаи ислоҳӣ ҳамзамон бо гузоштани (додани) муҷозот вайронкунандаи ашадии тартиботи муқарраргардидаи адои ҷазо эътироф карда мешавад.

Моддаи 123. Шароити нигоҳ доштани маҳкумшудагон дар изоляторҳои(тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ, биноҳои навъи камера ва камераҳои яккаса

1. Ба маҳкумшудагони дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) чаримавӣ ҷойгиркардашуда мулоқот, гуфтугӯҳои телефонӣ, харидории маводи озуқаворӣ, гирифтани фириста, дастовез ва баста манъ мебошад. Онҳо ҳуқуқ доранд аз гаштугузори ҳаррӯза бо давомнокии то як соат истифода баранд.

2. Маҳкумшудагоне, ки тибқи тартиби муҷозот ба бинои навъи камера ё камераҳои яккаса гузаронида шудаанд, ҳуқуқ доранд, ки:

а) ҳар моҳ барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз аз маблағи дар муассисаи ислоҳӣ кор кардаашон дар ҳаҷми ду маоши ҳадди ақали муқарраршуда сарф кунанд;

б) дар давоми шаш моҳ як фириста ё дастовез ва як баста гиранд;

в) аз гаштугузори ҳаррӯза бо давомнокии якуним соат истифода баранд;

г) бо иҷозати маъмурияти муассиса дар давоми шаш моҳ як мулоқоти кӯтоҳмуддат дошта бошанд.

3. Маҳкумшудагони дар изолятори (тавқифгоҳи) ҷаримавӣ ҷойгиркардашуда, ба бинои навъи камера ё камераҳои яккаса гузаронидашуда аз дигар маҳкумшудагон ҷудо кор мекунанд.

4. Дар сурати гузаронидани маҳкумшудагон аз изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ, биноҳои навъи камера, ва камераҳои яккаса ба муассисаҳои муолиҷавӣ, ки бо сабабҳои қасдан маъюб кардани узв ва бемориҳои сохта (қалбакӣ) алоқаманд намебошанд, мӯҳлати дар муассисаҳои муолиҷавӣ гузаронидаи онҳо ба мӯҳлати адои муҷозот ба ҳисоб гирифта мешавад.

5. Мӯҳлати умумии нигоҳ доштан дар биноҳои навъи камера ё камераҳои яккаса дар тӯли сол наметавонад бештар аз шаш моҳ ва дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ бештар аз шаст шабонарӯз бошад.

6. Таъминоти моддӣ-маишии маҳкумшудагон дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ, биноҳои навъи камера ва камераҳои яккаса тибқи меъёри муқарраргардидаи нигоҳдошти маҳкумшудагон дар маҳбаси низоми умумӣ сурат мегирад.

Моддаи 124. Шахси мансабдори муассисаҳои ислоҳӣ, ки нисбат ба ашхоси аз озодӣ маҳрумшуда чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотро истифода мебарад

1. Сардорони муассисаҳои ислоҳӣ ва ашхоси ивазкунандаи онҳо ҳуқуқ доранд чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотии дар моддаҳои 118 ва 120 ҳамин Кодекс зикргардидаро, ба истиснои банди "б" қисми якуми моддаи 120 ҳамин Кодекс, дар ҳаҷми пурра истифода баранд.

2. Сардорони отрядхо ҳуқуқ доранд чораҳои зайли ҳавасмандгардониро истифода баранд:

а) раҳматнома эълон кунанд;

б) пеш аз мӯҳлат бардоштани муҷозоти аз ҷониби сардори отряд гузошташуда.

3. Сардорони отрядҳо ҳуқуқ доранд шифоҳӣ танбеҳ эълон кунанд.

БОБИ 14.ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲИИ ХЕЛҲОИ ГУНОГУН

Моддаи 125. Колонияҳои ислоҳии сукунат

1. Дар колонияҳои ислоҳии сукунат ҷазоро мардҳое адо мекунанд, ки барои аз беэҳтиётӣ содир намудани ҷиноят ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати на зиёда аз панҷ сол маҳкум шудаанд, инчунин занҳое, ки барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содирнамуда маҳкум шудаанд; дар колонияҳои ислоҳии сукунат барои маҳкумшудагони мусбӣ арзёбӣ шуда, маҳкумшудагоне ҷазоро адо мекунанд, ки тибқи тартиби пешбининамудаи моддаи 80 ҳамин Кодекс аз колонияҳои низоми умумӣ,пурзӯр ва низоми сахт гузаронида шудаанд.

2. Дар ҳарду намуди колонияи ислоҳии сукунат маҳкумшудагон ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро дар ҳамон як шароит адо мекунанд.

3. Дар як колонияи ислоҳии сукунат метавонанд маҳкумшудагони ҷинси мард ва зан нигоҳ дошта шаванд. Маҳкумшудагоне, ки дар ҳамшарикӣ ҷиноят содир кардаанд, чун қоида аз ҳамдигар ҷудо ҷазоро адо мекунанд.

Моддаи 126. Шароитҳои адои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ дар колонияи сукунат

1. Дар колонияҳои сукунат ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудагон:

а) бидуни посбон, вале таҳти назорати маъмурияти колонияи сукунат нигоҳ дошта мешаванд; тибқи реҷаи рӯз ҳуқуқ доранд озодона дар доираи колонияи сукунат ҳаракат кунанд; бо иҷозати маъмурияти колонияи сукунат бе назорат берун аз колонияи сукунат, вале дар доираи ҳудуди қаламрави маъмурӣ мувофиқан ташкилёфта метавонанд рафту омад намоянд, агар ин аз рӯи хусусияти кори анҷомдиҳандаи ӯ ва ё марбут ба хонишаш зарурат дошта бошад; метавонанд бо худ пул, чизу чораҳои қиматбаҳо дошта бошанд; бе маҳдудият пулро истифода баранд; фириста, дастовез ва баста гиранд; бе маҳдудияти шумора мулоқот карда метавонанд;

б) чун қоида дар хобгоҳҳои махсуси барои онҳо таъин гардида истиқомат мекунанд; маҳкумшудагоне, ки ба вайрон кардани Қоидаҳои муқаррар кардаи адои ҷазо роҳ надодаанд ва оиладор мебошанд бо қарори сардори колонияи сукунат иҷозат дода шуданашон мумкин аст, ки бо оилаашон дар манзили иҷорагирифташуда ё манзили шахсӣ дар қаламрави колонияи сукунат ё берун аз он зиндагӣ намоянд. Ин маҳкумшудагон ӯҳдадоранд дар як моҳ то чор маротиба барои аз қайд гузаштан ба колонияи сукунат ҳозир шаванд. Пайдарҳамии аз қайд гузаштанро сардори колонияи сукунат бо қарори худ муқаррар мекунад. Ба биноҳои истиқоматие, ки дар онҳо маҳкумшудагон зиндагӣ мекунанд, намояндагони маъмурияти колонияи сукунат дар ҳама маврид ташриф оварда метавонанд;

в) маҳкумшудагон дорои ҳуҷҷати намунаи муайяншуда мебошанд, ки шахсияти онҳоро тасдиқ мекунад. Шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои шахсии онҳо якҷоя бо парвандаҳои шахсияшон нигоҳ дошта мешаванд.

2. Барои маҳкумшудагон ба ҷои истиқоматӣ овардан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани номгӯи чизу чораҳое, ки Қоидаи тартиби дохилии муассисаҳои ислоҳӣ иҷозат надодааст, манъ аст.

3. Меҳнати маҳкумшудагон бо истиснои қоидаи ба кор қабул кардан, аз кор озод кардан ва ба дигар кор гузаронидан тибқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад. Гузаронидани маҳкумшудагон ба кори дигар, аз он ҷумла ба маҳалли дигар, мумкин аст аз ҷониби маъмурияти ташкилоте, ки ӯ дар он ҷо кор мекунад, бо розигии маъмурияти колонияи сукунат ба амал бароварда мешавад.

4. Ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки онҳо ғоибона дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва олӣ, ки дар дохили воҳидҳои маъмурию ҳудуди маҳалли адои ҷазо ҷойгиранд таҳсил намоянд (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

Моддаи 127. Колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ

1. Дар колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ мардҳое, ки бори аввал бо маҳрум сохтан аз озодӣ барои қасдан содир намудани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна, инчунин мардҳое, ки барои содир намудани ҷиноят аз беэҳтиётӣ ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати зиёда аз панҷ сол маҳкум шудаанд, ҳамчунин заноне, ки аз озодӣ маҳрум шудаанд, ба истиснои заноне, ки ҷиноятро дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок ва ё аз беэҳтиётӣ содир намудаанд, ҷазоро адо мекунанд.

2. Мутобиқи қисми ҳафти моддаи 58 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар колонияҳои ислоҳи низоми умумӣ инчунин дигар ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, ба истиснои ашхоси дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок маҳкумшуда, инчунин маҳкумшудагоне, ки ҷазояшон дар намуди қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, нигоҳ дошта шуданашон мумкин аст.

3. Дар колонияҳои ислоҳи низоми умумӣ ашхосе, ки барои ҷинояти начандон вазнин ва миёна маҳкум шудаанд аз ашхосе, ки барои ҷиноятҳои вазнин маҳкум шудаанд, ҷудо нигоҳ дошта мешаванд.

Моддаи 128. Шароити адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дар муассисаҳои ислоҳии низоми умумӣ

1. Дар колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ маҳкумшудагон:

а) дар биноҳои муқаррарии истиқоматӣ нигоҳ дошта мешаванд;

б) метавонанд барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз маблағи дар ҳисобномаи шахсӣ доштаашонро бе маҳдудият харҷ кунанд;

в) дар тӯли сол ба ҳашт мулоқоти кӯтоҳмуддат ва шаш мулоқоти дарозмуддат ҳуқуқ доранд;

г) ҳуқуқ доранд бе маҳдудият фириста, дастовез ва баста гиранд.

2. Дар мавриди надоштани муҷозот барои вайрон кардани қоидаҳои муқарраргардидаи адои ҷазо ва муносибати софдилона ба меҳнат бо гузашти на камтар аз шаш моҳи мӯҳлати адои ҷазо дар шароити муқаррарӣ маҳкумшударо ба шароити беҳбудгардонидашудаи нигоҳдошт гузаронидан мумкин аст. Дар ин сурат ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки:

а) бе маҳдудият мулоқот дошта бошанд;

б) ҳангоми рухсатии ҳарсола бо қарори маъмурияти колонияи ислоҳӣ, мутобиқи моддаи 98 ҳамин Кодекс, берун аз ҳудуди маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ сафар кунанд.

Моддаи 129. Колонияҳои ислоҳии низоми пурзӯр

1. Дар колонияҳои ислоҳии низоми пурзӯр мардоне, ки бори аввал барои қасдан содир намудани ҷиноятҳои вазнин ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, ҷазоро адо мекунанд.

2. Ҳамчунин мутобиқи қисми ҳафти моддаи 58 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар колонияҳои ислоҳии низоми пурзӯр дигар ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, ба истиснои онҳое, ки ҳангоми ретсидиви махсусан хавфнок маҳкум шудаанд, инчунин маҳкумшудагоне, ки ҷазояшон дар намуди қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, нигоҳ дошта шуданашон мумкин аст.

Моддаи 130. Шароитҳои адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дар колонияҳои ислоҳии низоми пурзӯр

1. Дар колонияҳои ислоҳии низоми пурзӯр маҳкумшудагон дар биноҳои муқаррарии истиқоматӣ нигоҳ дошта мешаванд. Онҳо ҳуқуқ доранд:

а) барои хариди озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз маблағи дар ҳисобномаҳои шахсӣ доштаашонро бе маҳдудият харҷ кунанд;

б) дар тӯли сол шаш мулоқоти кӯтоҳмуддат ва чор мулоқоти дарозмуддат гузаронанд;

в) бе маҳдудият фириста, дастовез ва баста гиранд;

2. Дар мавриди надоштани муҷозот барои вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи адои ҷазо ва муносибати софдилона ба меҳнат бо гузашти на камтар аз як соли мӯҳлати адои ҷазо дар шароити муқаррарӣ маҳкумшударо ба шароити беҳбудигардонидашудаи нигаҳдошт гузаронидан мумкин аст. Дар ин сурат ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки:

а) бе маҳдудият мулоқот дошта бошанд;

б) ҳангоми рухсатии ҳарсола бо қарори маъмурияти колонияи ислоҳӣ, мутобиқи моддаи 98 ҳамин Кодекс, берун аз ҳудуди маҳалли ҷои адои ҷазо (ё маҳрум сохтан аз озодӣ) сафар кунанд.

Моддаи 131. Колонияҳои ислоҳии низоми сахт

1. Дар колонияҳои ислоҳии низоми сахт мардоне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин бори аввал ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, инчунин ҳангоми ретсидиви ҷиноят, агар маҳкумшуда ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо карда истода бошад ё қаблан ин намуди ҷазоро адо карда бошад, инчунин занони ҳангоми ретсидиви махсусан хавфнок маҳкумшуда ва заноне, ки нисбати онҳо ҷазо дар намуди қатл тибқи тартиби бахшиш ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, ҷазоро адо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

2. Мутобиқи қисми ҳафти моддаи 58 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар колонияҳои ислоҳии низоми сахт инчунин дигар ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, нигоҳ дошта шуданашон мумкин аст. Дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт мардоне, ки ҳангоми ретсидиви махсусан хавфнок маҳкумшуда ва ё ҷазо дар намуди қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, нигоҳ дошта намешаванд.

Моддаи 132. Шароитҳои адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дар колонияҳои ислоҳии низоми сахт

1. Дар колонияҳои ислоҳии низоми сахт маҳкумшудагон:

а) дар биноҳои муқаррарии истиқоматӣ нигоҳ дошта мешаванд;

б) метавонанд барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз маблағи дар ҳисобномаи шахсӣ доштаашонро бе маҳдудият харҷ кунанд;

в) дар тӯли сол ба чор мулоқоти кӯтоҳмуддат ва се мулоқоти дарозмуддат ҳуқуқ доранд;

г) ҳуқуқ доранд бе маҳдудият фириста, дастовез ва баста гиранд.

2. Дар мавриди надоштани муҷозот барои вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи адои ҷазо ва муносибати софдилона ба меҳнат бо гузаштани на камтар аз се як ҳиссаи мӯҳлати адои ҷазо дар шароити муқаррарӣ маҳкумшударо ба шароити беҳбудигардонидашудаи нигоҳдошт гузаронидан мумкин аст. Дар ин сурат ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки дар тӯли сол ба таври иловагӣ чор мулоқоти кӯтоҳмуддат ва чор мулоқоти дарозмуддат дошта бошанд.

Моддаи 133. Колонияҳои ислоҳии низоми махсус

1. Дар колонияҳои ислоҳии низоми махсус мардони ҳангоми ретсидиви махсусан хавфнок маҳкумшуда ва маҳкумшудагоне, ки барояшон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин гардидааст ё ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, ҷазоро адо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 87).

2. Мардони ҳангоми ретсидиви махсусан хафнок маҳкумшуда аз дигар маҳкумони дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида алоҳида нигоҳ дошта мешаванд.

Моддаи 134. Шароити адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дар колонияҳои ислоҳии низоми махсус барои мардоне, ки ҳангоми ретсидиви махсусан хавфнок маҳкум шудаанд ва маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст

(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732)

1. Дар колонияҳои ислоҳии низоми махсус мардоне, ки ҳангоми ретсидиви махсусан хавфнок маҳкум шудаанд ва маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732):

а) дар шароити изолятсияи (ҷудонигоҳдорӣ) қатъӣ дар биноҳои навъи камера нигоҳ дошта мешаванд;

б) метавонанд барои хариди озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз аз маблағи дар ҳисобномаи шахсӣ доштаашон бе маҳдудият харҷ кунанд;

в) дар тӯли сол ба се мулоқоти кӯтоҳмуддат ва ду мулоқоти дарозмуддат ҳуқуқ доранд;

г) ҳуқуқ доранд бе маҳдудият фириста, дастовез ва баста гиранд;

д) аз гаштугузори ҳамарӯза бо давомнокии ду соат истифода баранд.

2. Дар мавриди надоштани муҷозот барои вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи адои ҷазо ва муносибати софдилона ба меҳнат бо гузаштани на камтар аз нисфи мӯҳлати адои ҷазо маҳкумшударо ба шароити беҳбудигардонидашудаи нигоҳдошт гузаронидан мумкин аст. Дар ин сурат маҳкумшудагон:

а) дар биноҳои муқаррарии истиқоматӣ нигоҳ дошта мешаванд;

б) дар тӯли сол ба таври иловагӣ ба се мулоқоти кӯтоҳмуддат ва ду мулоқоти дарозмуддат ҳуқуқ доранд;

Моддаи 134(1). Шароитҳои адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш махсус барои маҳкумшудагоне, ки барояшон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин шудааст

(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732)

1. Маҳкумшудагоне, ки барояшон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин гардидааст, дар камераҳо, аз рӯи қоида, на зиёда аз дунафарӣ нигоҳ дошта мешаванд. Аз рӯи хоҳиши маҳкумшудагон ва дар ҳолатҳои истисноӣ бо қарори сардори муассисаи ислоҳӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани таҳдид ба амнияти шахсии маҳкумшудагон нигоҳ доштани онҳо дар камераҳои якнафара мумкин аст. Меҳнати маҳкумшудагони мазкур бо назардошти талаботи нигохдории онҳо дар камераҳо ба роҳ монда мешавад.

2. Маҳкумшудагон ба сайру гашти ҳаррӯзаи давомнокиаш то якуним соат ҳуқуқ доранд. Ҳангоми нишон додани рафтори хуб бо қарори сардори муассисаи ислоҳӣ мумкин аст давомнокии сайру гашти маҳкумшуда то ду соат дароз карда шавад.

3. Ҳамаи маҳкумшудагон ҳангоми дохил шудан ба муассисаи ислоҳии низомаш махсус ба шароити муқаррарии адои ҷазо фаро гирифта мешаванд. Дар мавриди надоштани муҷозот барои вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи адои ҷазо ва муносибати софдилона ба меҳнат бо гузаштани на камтар аз даҳ соли мӯҳлати адои ҷазо маҳкумшударо аз шароити муқаррарии адои ҷазо ба шароити беҳбудигардонидашудаи нигаҳдошт гузаронидан мумкин аст.

4. Агар маҳкумшудаи ба шароити беҳбудигардонидашудаи адои ҷазо гузаронидашуда тартиботи муқарраршудаи дохили колонияи ислоҳиро ашаддӣ вайрон кунад, ба шароити муқаррарии адои ҷазо гузаронида мешавад. Такроран аз шароити муқаррарии адои ҷазо ба шароити беҳбудигардонидашуда маҳкумшуда танҳо баъди панҷ соли адои ҷазо дар шароити муқаррарӣ гузаронида мешавад.

5. Тартиби иҷрои ҷазо барои маҳкумшудагоне, ки онро дар шароити муқаррарӣ ва беҳбудигардонидашуда адо менамоянд, дар қисмати хароҷоти маблағ барои хариди озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз, шумора ва намуди мулоқотҳо, инчунин гирифтани фириста,- дастовез ва баста ба таври зайл муқаррар карда мешавад:

1) Маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар шароити муқаррарӣ адо менамоянд, метавонанд:

- барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз маблағи дар ҳисобномаи шахсӣ доштаашонро бе маҳдудият харҷ кунанд;

- дар давоми сол ду баста ё дастовез ва ду фириста гиранд, инчунин як мулоқоти кӯтоҳмуддат анҷом диҳанд.

2) Маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар шароити беҳбудигардонидашуда адо менамоянд, метавонанд:

- барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз маблағи дар ҳисобномаи шахсӣ доштаашонро бе маҳдудият харҷ кунанд;

- дар давоми сол се баста ё дастовез ва се фириста гиранд, инчунин ду мулоқоти кӯтоҳмуддат анҷом диҳанд (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 732).

Моддаи 135. Маҳбасҳо

1. Мардоне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин ба мӯҳлати зиёда аз даҳ сол ба маҳрум сохтан аз озодӣ ва ё дар ҳолатҳои ретсидиви махсусан хавфнок маҳкум шудаанд, қисми мӯҳлати ҷазои таъиншуда, вале на зиёда аз панҷ соли онро дар маҳбасҳо адо мекунанд, инчунин маҳкумшудагоне, ки ба маҳбас барои вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомҳои умумӣ, пурзӯр, сахт ва махсус ба мӯҳлати то се сол гузаронида шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд. Дар маҳбас инчунин маҳкумшудагоне, ки тибқи асосҳои дар моддаҳои 75, 76 ва 81 ҳамин Кодекс пешбинишуда ҷойгир шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд.

2. Дар маҳбасҳо низомҳои умумӣ ва сахт муқаррар карда мешавад.

3. Дар низоми сахт маҳкумшудагоне, ки ба ҳамин маҳбасҳо дохил шудаанд ва маҳкумшудагоне, ки аз низоми умумӣ гузаронида шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд.

4. Дар низоми сахт маҳкумшудагони маъюбони гурӯҳи I ва II нигоҳ дошта намешаванд.

5. Пас аз адои на камтар аз як соли мӯҳлати ҷазо дар низоми сахт маҳкумшудагон ба низоми умумӣ гузаронида шуданашон мумкин аст.

6. Маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар низоми умумӣ адо мекунанд ва вайронкунандагони ашадии тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо эътироф шудаанд, ба низоми сахт гузаронида мешаванд. Ба низоми умумӣ такроран гузаронидани маҳкумшудагон тибқи тартиби пешбининамудаи қисми панҷуми ҳамин модда анҷом дода шуданаш мумкин аст.

Моддаи 136. Шароитҳои адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дар маҳбасҳо

1. Маҳкумшудагон дар маҳбас дар камераҳои умумии қулфшаванда нигоҳ дошта мешаванд. Дар ҳолатҳои зарурӣ бо қарори асосноки сардори маҳбас ва бо розигии прокурори дахлдор маҳкумшудагон метавонанд дар камераҳои яккаса нигоҳ дошта шаванд.

2. Ҷойгир кардани маҳкумшудагон ба камераҳо бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 78 ҳамин Кодекс сурат мегирад.Инчунин дар алоҳидагӣ ва аз якдигар ҷудо маҳкумшудагони зерин нигоҳ дошта мешаванд: маҳкумшудагоне, ки аз колонияҳои ислоҳӣ гузаронида шудаанд; маҳкумшудагоне, ки дар маҳбас барои иҷрои корҳои хизматрасонии хоҷагӣ мононда шудаанд.

3. Гаштугузори маҳкумшудагоне, ки дар маҳбас нигоҳ дошта мешаванд, тибқи нақша, рӯзона, дар фазои кушод, дар қисми махсус таҷҳизонидашудаи ҳудуди маҳбас, ҳар як камера дар алоҳидагӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми аз ҷониби маҳкумшудагон вайрон кардани қоидаҳои муқарраргардидаи тартиботи дохилӣ гаштугузор пеш аз мӯҳлат қатъ карда шуданаш мумкин аст.

4. Ба маҳкумшудагоне, ки дар маҳбаси низоми умумӣ мебошанд, иҷозат дода мешавад, ки:

а) маблағи дар ҳисобномаҳои шахсӣ доштаашонро барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз бе маҳдудият харҷ намоянд;

б) дар тӯли сол ду мулоқоти кӯтоҳмуддат ва ду мулоқоти дарозмуддат дошта бошанд;

в) бе маҳдудият фириста, дастовез ва баста гиранд;

г) аз гаштугузори ҳамарӯза бо давомнокии ду соат истифода баранд.

5. Ба маҳкумшудагоне, ки дар маҳбас дар низоми сахт қарор доранд, иҷозат дода мешавад, ки:

а) барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз маблағи дар ҳисобномаҳои шахсӣ доштаашонро бе маҳдудият харҷ намоянд;

б) бе маҳдудият фириста, дастовез ва баста гиранд:

в) дар тӯли сол ду мулоқоти кӯтоҳмуддат дошта бошанд;

г) аз гаштугузори ҳамарӯза бо давомнокии як соат истифода баранд.

Моддаи 137. Шароити нигоҳ доштани маҳкумшудагоне, ки дар изоляторҳои тафтишотӣ ё маҳбас барои кори таъминоти хоҷагӣ мононда шудаанд

Маҳкумшудагоне, ки мутобиқи қисми сеюми моддаи 76 ҳамин Кодекс дар изоляторҳои тафтишотӣ ва маҳбасҳо барои кор оид ба хизматрасонии хоҷагӣ мононда шудаанд, дар биноҳои алоҳида аз дигар ашхос (дар ҳудуди ҳавлии хоҷагидорӣ), мутобиқи шароити барои колонияҳои дорои низоми умумӣ пешбининамудаи ҳамин Кодекс, нигоҳ дошта мешаванд.

Моддаи 138. Шароити нигоҳ доштани маҳкумшудагоне, ки муваққатан дар изоляторҳои тафтишотӣ ё маҳбасҳо мононда ё ба ин ҷойҳо гузаронида шудаанд

Маҳкумшудагоне, ки муваққатан дар изоляторҳои тафтишотӣ ё маҳбас мононда ё ба ин муассисаҳо тибқи моддаи 75 ва 81 ҳамин Кодекс гузаронида шудаанд, дорои ӯҳдадориҳои пешбининамудаи Низомнома дар бораи таҳти ҳабси пешакӣ гирифтан мебошанд. Ба онҳо мутобиқи меъёрҳои муқарраршуда ройгон хӯрока дода шуда, онҳо мулоқотҳои кӯтоҳмуддат мегузаронанд, фириста, дастовез ва баста мегиранд, мактуб мефиристанд ва бо ҳисоби ғайринақдӣ озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз харидорӣ мекунанд.

БОБИ 15.ХУСУСИЯТҲОИ АДОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДӢ ДАР КОЛОНИЯҲОИ ТАРБИЯВӢ

Моддаи 139. Намуди колонияҳои тарбиявӣ

Колонияҳои тарбиявӣ ба колонияҳои низоми умумӣ ва низоми пурзӯр тақсим мешаванд.

Моддаи 140. Колонияҳои тарбиявии низоми умумӣ

1. Дар колонияҳои тарбиявии низоми умумӣ ноболиғони ҷинси мард, ки бори аввал ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, инчунин ҳамаи маҳкумшудагони ноболиғи ҷинси зан ҷазоро адо мекунанд. Ашхосе, ки барои ҷинояти начандон вазнин ва дараҷаи миёна маҳкум шудаанд, аз ашхосе, ки барои ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин маҳкум шудаанд, ҷудо нигоҳ дошта мешаванд.

2. Дар колонияҳои тарбиявии низоми умумӣ маҳкумшудагон:

а) дар биноҳои муқаррарии истиқоматӣ нигоҳ дошта мешаванд;

б) ҳуқуқ доранд барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз маблағи дар ҳисобномаи шахсӣ доштаашонро бе маҳдудият харҷ кунанд;

в) бидуни маҳдудият ба мулоқоти кӯтоҳмуддат ва дар тули сол ба шаш мулоқоти дарозмуддат ҳуқуқ доранд;

г) ҳуқуқ доранд бидуни маҳдудият фириста, дастовез ва баста гиранд.

3. Ҳангоми рафтори шоиста ва муносибати софдилона ба меҳнат ва таҳсил, бо гузашти на камтар аз чоряки ҳиссаи мӯҳлати ҷазо маҳкумшудагонро ба шароити беҳбудигардонидашудаи нигоҳдошт гузаронидан мумкин аст. Дар ин ҳолат ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки:

а) бо қарори маъмурияти колонияи тарбиявӣ берун аз ҳудуди колонияи тарбиявӣ мулоқот гузаронанд;

б) ҳангоми рухсатии ҳарсола бо қарори маъмурияти колонияи тарбиявӣ, мутобиқи моддаи 98 ҳамин Кодекс, берун аз маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ сафар кунанд.

Моддаи 141. Колонияи тарбиявии низоми пурзӯр

1. Дар колонияҳои тарбиявии низоми пурзӯр маҳкумшудагони ноболиғи ҷинси мард, ки қаблан ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, нигоҳ дошта мешаванд.

2. Дар колонияҳои тарбиявии низоми пурзӯр маҳкумшудагон:

а) дар биноҳои муқаррарии истиқоматӣ нигоҳ дошта мешаванд;

б) ҳуқуқ доранд барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз аз маблағи дар ҳисобномаҳои шахсӣ доштаашон бе маҳдудият харҷ кунанд;

в) бидуни маҳдудият ба мулоқоти кӯтоҳмуддат ва дар тӯли сол ба чор мулоқоти дарозмуддат ҳуқуқ доранд;

г) ҳуқуқ доранд бидуни маҳдудият фириста, дастовез ва баста гиранд.

3. Ҳангоми рафтори шоиста ва муносибати софдилона ба меҳнат ва таҳсил, бо гузашти на камтар аз сеяки мӯҳлати адои ҷазо, маҳкумшудагонро ба шароити беҳбудгардонидашудаи нигоҳдошт гузаронидан мумкин аст. Дар ин ҳолат ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки ҳангоми рухсатии ҳарсола бо қарори маъмурияти колонияи тарбиявӣ, мутобиқи моддаи 98 ҳамин Кодекс, берун аз маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ сафар кунанд.

Моддаи 142. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ, ки нисбат ба ашхоси аз озодӣ маҳрумшуда дар колонияҳои тарбиявӣ татбиқ карда мешаванд

Барои рафтори шоиста, муносибати софдилона ба меҳнат ва таҳсил, иштироки фаъолона дар ташкилотҳои худфаъолият ва чорабиниҳои тарбиявӣ нисбат ба маҳкумшудагони ноболиғ дар баробари чораҳои пешбининамудаи бандҳои "а", "б" "в", "г" ва "д" қисми якуми моддаи 118 ҳамин Кодекс инчунин чораҳои ҳавасмандгардонии зайл татбиқ шуданаш мумкин аст:

а) додани ҳуқуқи ташриф овардан дар чорабиниҳои фарҳангию тамошобоб ва варзишӣ берун аз ҳудуди колонияи тарбиявӣ бо ҳамроҳии кормандони колония;

б) додани ҳуқуқи баромадан аз ҳудуди колонияи тарбиявӣ бо ҳамроҳии волидайн ё ашхоси ивазкунандаи онҳо ё дигар хешу ақрабои наздик;

в) пеш аз мӯҳлат озод кардан аз изолятори интизомӣ.

Моддаи 143. Тартиби татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ

1. Ба маҳкумшудагоне, ки тибқи тартиби ҳавасмандгардонӣ ҳуқуқи ташриф овардан дар чорабиниҳои фарҳангию тамошобоб ва варзишӣ берун аз ҳудуди колонияи тарбиявӣ бо ҳамроҳии кормандони колония ё ҳуқуқи баромадан аз ҳудуди колония бо ҳамроҳии волидайн ё ашхоси ивазкунандаи онҳо ё дигар хешу ақрабои наздик дода шудааст, либосҳои граждании онҳо дода мешавад.

2. Ташрифи маҳкумшудагон дар чорабиниҳои фарҳангию тамошобоб ва варзишӣ, ки шабона гузаронида мешаванд, манъ аст.

3. Давомнокии баромадан аз ҳудуди колонияҳои тарбиявӣ аз ҷониби сардори колония муайян гардида, вале наметавонад аз ҳашт соат бештар бошад.

Моддаи 144. Чораҳои муҷозот, ки нисбат ба ашхоси аз озодӣ маҳрумшуда дар колонияҳои тарбиявӣ татбиқ карда мешаванд

Барои вайрон кардани тартиби муқарраршудаи адои ҷазо нисбат ба маҳкумшудагони ноболиғ дар баробари чорабиниҳои пешбининамудаи бандҳои "а", "б" ва "в" қисми якуми моддаи 120 ҳамин Кодекс, чораҳои муҷозотии зерин татбиқ карда мешаванд:

а) маҳрум сохтан аз ҳуқуқи тамошои кинофилмҳо дар тӯли як моҳ;

б) ҷойгир кардан ба изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) интизомӣ ба мӯҳлати то ҳафт шабонарӯз бо баровардан ба идомаи таҳсил.

Моддаи 145. Тартиби татбиқи чораҳои муҷозот нисбат ба ашхоси аз озодӣ маҳрумшуда дар колонияҳои тарбиявӣ

1. Ба маҳкумшудагони дар изолятори интизомӣ ҷойгиркардашуда мулоқоти дарозмуддат, гуфтугӯи телефонӣ, харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз, гирифтани фириста, дастовез ва баста, тамошои кинофильм ва барномаҳои телевизион, истифодаи бозиҳои рӯимизӣ манъ аст. Онҳо метавонанд аз ҳуқуқи гаштугузори ҳамарӯза бо давомнокии ду соат истифода баранд.

2. Нисбат ба ашхосе, ки дар изолятори интизомӣ ҷойгир карда шудаанд ҳамагуна навъи муҷозот, ба истиснои ҷойгиркунӣ дар изолятори интизомӣ, истифода бурда мешавад.

3. Пеш аз мӯҳлат аз изолятори интизомӣ озод кардани маҳкумшуда аз ҷониби сардори колонияҳои тарбиявӣ ё шахси ивазкунандаи ӯ тибқи тартиби ҳавасмандгардонӣ, инчунин тибқи хулосаи тиббӣ истифода бурда мешавад.

Моддаи 146. Шахсони мансабдори колонияҳои тарбиявӣ, ки чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотро нисбат ба маҳкумшудагон татбиқ менамоянд

1. Сардорони колонияҳои тарбиявӣ ё ашхоси ивазкунандаи онҳо дорои ҳуқуқи дар ҳаҷми пурра истифода бурдани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозот мебошанд.

2. Сардорони отрядҳо ҳуқуқ доранд чораҳои зайли ҳавасмандгардониро истифода баранд:

а) раҳматнома эълон кунанд;

б) пеш аз мӯҳлат бардоштани муҷозоти қаблан додаи сардори отряд.

3. Мураббиёни шӯъбаҳо ҳуқуқ доранд чораҳои зерини ҳавасмандгардониро истифода баранд:

а) раҳматнома эълон кунанд;

б) пеш аз мӯҳлат бардоштани муҷозоти қаблан додаи мураббии шӯъба.

4. Сардорони отрядҳо ҳуқуқ доранд чораҳои зерини муҷозотро истифода баранд:

а) танбеҳи шифоҳӣ эълон кунанд;

б) маҳрум кардан аз ҳуқуқи тамошои кинофилмҳо ба мӯҳлати як моҳ.

5. Мураббиёни шӯъбаҳо ҳуқуқ доранд танбеҳи шифоҳӣ эълон кунанд.

Моддаи 147. Дар колонияҳои тарбиявӣ монондани маҳкумшудагони ба балоғатрасида

1. Ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудае, ки ба синни 18-солагӣ расидаанд, чун қоида дар колонияҳои тарбиявӣ нигоҳ дошта мешаванд, вале на бештар аз мӯҳлати ба синни 20-солагӣ расидани онҳо.

2. Нисбат ба маҳкумшудагони ба синни 18-солагӣ расида ва дар колонияҳои тарбиявӣ монондашуда шартҳои адои ҷазо, меъёри хӯрока ва таъминоти моддию маишии барои маҳкумони ноболиғ муқарраргардида татбиқ карда мешавад.

3. Дар колонияҳои тарбиявӣ нигоҳ доштани маҳкумшудагони ба синни 18-солагӣ расида бо қарори сардори колонияи тарбиявӣ бо иҷозати прокурор анҷом дода мешавад.

Моддаи 148. Гузаронидани маҳкумшудагон аз колонияҳои тарбиявӣ ба колонияҳои ислоҳӣ

1. Аз озодӣ маҳрумшудагоне , ки манфӣ арзёбӣ гардидаанд ва ба синни 18-солагӣ расидаанд, барои адои минбаъдаи ҷазо аз колонияҳои тарбиявӣ ба колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ ё пурзӯр гузаронида мешаванд.

2. Қарор дар мавриди ба колонияи ислоҳӣ гузаронидани маҳкумшудаи ба синни 18-солагӣ расида аз ҷониби суд мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

3. Ҳамаи маҳкумшудагони ба синни 20-солагӣ расида бо қарори сардори колонияи тарбиявӣ барои адои минбаъдаи ҷазо аз колонияҳои тарбиявӣ ба колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ ё пурзӯр гузаронида мешаванд.

Моддаи 149. Ташкили раванди таълимию тарбиявӣ

1. Бо мақсади ислоҳи ашхоси аз озодӣ маҳрумшуда ва омода сохтани онҳо ба ҳаёти мустақилона раванди ягонаи таълимию тарбиявӣ ташкил карда мешавад, ки барои ташаккули рафтори итоаткорона нисбат ба қонун, муносибати софдилона ба меҳнат ва таҳсил, соҳиб шудан ба таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нӯҳсола), омодагии касбӣ, боло бурдани сатҳи маърифат ва фарҳанг равона карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

2. Соҳиб шудан ба таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нӯҳсола), маълумоти касбӣ ва омодагии касбии маҳкумшудагон дар заминаи мактабҳои шабонаи таҳсилоти ҳамагонӣ, омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ ва корхонаҳои колонияи тарбиявӣ анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

Моддаи 150. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар фаъолияти колонияҳои тарбиявӣ

1. Барои расонидани кӯмак ба маъмурияти колонияҳои тарбиявӣ ҷиҳати ташкили раванди таълиму тарбиявӣ ва таҳкими заминаи моддию техникӣ, барои ҳалли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии маҳкумшудагон, ҷобаҷокунии меҳнатӣ ва маишии ашхоси озодшаванда дар назди колонияи тарбиявӣ аз ҳисоби намояндагони корхонаю ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон Шӯрои васиён (парасторон) таъсис дода мешавад. Ташкил ва фаъолияти Шӯрои васиён тибқи низомномаи намунавӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, танзим карда мешавад.

2. Ба мақсади баланд бардоштани самаранокии таъсири тарбиявӣ ба маҳкумшудагон ва кӯмак ба маъмурияти колонияҳои тарбиявӣ дар назди отрядҳои колония аз ҳисоби падару модарон ё ашхосе, ки онҳоро иваз мекунанд ва дигар хешу ақрабои наздики маҳкумшудагон кумитаҳои волидайн таъсис дода шуданашон мумкин аст. Фаъолияти кумитаҳои волидайн тибқи Низомномае, ки сардори колонияи тарбиявӣ тасдиқ менамояд, танзим карда мешавад.

3. Дар фаъолияти колонияҳои тарбиявӣ инчунин дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок карда метавонанд.

ФАСЛИ VI.ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲДУД КАРДАН ДАР ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ВА НИГОҲ ДОШТАН ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ ИНТИЗОМӢ НИСБАТ БА ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИИ МАҲКУМШУДА

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

БОБИ 16.ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲДУД КАРДАН ДАР ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Моддаи 151. Маҳал ва тартиби иҷрои ҷазо дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ

1. Маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ мутобиқи ҳукми суд дар ҷои хизмати хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда адо карда мешавад.

2. Ҳангоми таъин намудани ҷазо дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ нусхаи ҳукме, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст ва фармоиш дар хусуси иҷрои он дар давоми на дертар аз даҳ рӯз аз ҷониби суд ба нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармондеҳии қисми ҳарбии маҳалли хизмати хизматчии ҳарбии маҳкумшуда фиристода мешавад.

3. Мутобиқи ҳукми суд командири қисми ҳарбӣ дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи пас аз гирифтани нусхаи ҳукми аз суд воридшуда ва фармоиш дар мавриди иҷрои он фармон мебарорад, ки дар он бо кадом асос ва дар давоми кадом мӯҳлат хизматчии ҳарбии маҳкумшуда барои ба мансаби баландтар ва гирифтани рутбаи навбатии ҳарбӣ пешниҳод намегардад, эълон карда мешавад. Чунин мӯҳлат ба мӯҳлати собиқаи хизмат ҷиҳати додани рутбаи навбатии хизматӣ ба ҳисоб гирифта намешавад. Ба ғайр аз ин зикр карда мешавад, ки дар кадом миқдор доштани маблағ аз таъминоти пулии хизматчии ҳарбии маҳкумшуда тибқи ҳукми суд дар давраи адои ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ мутобиқи моддаи 53 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фоидаи давлат нигоҳ дошта мешавад. Фармон дар қисми ҳарбӣ эълон ва ба маълумоти хизматчии ҳарбии маҳкумшуда расонида шуда, ҷиҳати иҷро қабул мегардад.

4. Дар бораи ворид шудани ҳукм, оид ба баровардани фармони дахлдор ва оид ба қабули он ҷиҳати иҷро командири қисми ҳарбӣ дар мӯҳлати се рӯз судеро , ки ҳукм баровардааст ва нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро огоҳ месозад. Нусхаи фармон ба суд фиристода мешавад.

Моддаи 152. Ташкили иҷрои ҷазо дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ

1. Нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ин навъи ҷазоро ба ҷо меорад, баҳисобгирии ҳамаи ашхоси ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшударо анҷом медиҳад; тартиб ва шароити адои ҷазоро тавзеҳ медиҳад; назорати саҳеҳи нигоҳ доштани маблағро аз таъминоти пулии маҳкумшудагон, инчунин аз ҷониби фармондеҳи қисмҳои ҳарбӣ риоя кардани шароити адои ҷазоро, ки қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, анҷом медиҳад; дар гузаронидани корҳои тарбиявӣ бо маҳкумшудагон иштирок менамояд; нисбат ба маҳкумшудагон чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотиро татбиқ мекунад; ҷустуҷӯи маҳкумшудагонеро, ки ҷои зисташон номаълум аст, анҷом медиҳад.

2. Дар сурати ба эҳтиёт ё истеъфо рафтани хизматчии ҳарбӣ, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ адо мекунад, суд мӯҳлати адонашудаи ҷазоро бо ҷазои корҳои ислоҳӣ иваз мекунад. Агар хизматчии ҳарбӣ ҳангоми озод шудан аз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри қобили меҳнат эътироф шуда бошад, суд ӯро аз ҷазо озод мекунад.

Моддаи 153. Шароити адои ҷазои маҳдуд кардани хизмати ҳарбӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ

1. Ашхоси ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшуда вазифадоранд тартиб ва шартҳои иҷрои ҷазоро риоя намуда, нисбат ба хизмати ҳарбӣ софдилона муносибат кунанд.

2. Аз таъминоти пулии ашхоси ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшуда дар давоми мӯҳлати адои ҷазо дар миқдори муайяннамудаи ҳукми суд нигоҳ доштани маблағ ба фоидаи давлат анҷом дода мешавад.

3. Дар давоми мӯҳлати адои ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ бо хоҳиши худ аз ҷои хизмат ба дигар ҷой гузаронидани маҳкумшудагон бидуни иҷозати нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ин намуди ҷазоро ба ҷо меорад, манъ аст.

4. Мӯҳлати адои ҷазо ба собиқае, ки барои гирифтани имтиёз, иловапулии фоизнок ва таъминоти пулию моддӣ ҳуқуқ медиҳад, ба ҳисоб гирифта намешавад.

5. Ашхоси ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшуда ба рухсатии пардохташаванда бо давомнокии бист рӯз ҳуқуқ доранд.

6. Ба ашхосе, ки ин намуди ҷазоро адо мекунанд, кӯмакпулӣ оид ба корношоямии муваққатӣ, ҳомила ва таваллуд аз ҳисоби маблағҳои пулӣ, баъди нигоҳ доштани маблағи тибқи ҳукми суд таъингардида, дода мешавад.

Моддаи 154. Баҳисобгирии мӯҳлати маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ

1. Мӯҳлати адои ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ бо моҳҳо ва рӯзҳо, ки дар тӯли он маҳкумшуда хизматро адо менамуд ва нигоҳ доштани маблағ аз таъминоти пулии ӯ сурат мегирифт, ҳисоб карда мешавад. Ба ин мӯҳлат инчунин вақте ки дар давоми он маҳкумшуда бо сабабҳои узрнок дар хизмат набуд, низ ба ҳисоб гирифта мешавад.

2. Агар дар давраи адои ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ нисбат ба маҳкумшуда муҷозоти интизомӣ дар намуди нигоҳ доштан дар гауптвахта ё тибқи тартиби чораи пешгирӣ баҳабсгирӣ истифода бурда шавад, дар ин сурат ин мӯҳлат ба мӯҳлати адои ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба ҳисоб гирифта намешавад.

Моддаи 155. Аз ҷое ба ҷое гузаронидани хизматчии ҳарбии маҳкумшуда вобаста ба хизмат

Агар бо назардошти хусусияти ҷинояти содиршуда ва дигар ҳолатҳо дар мансаб будани хизматчии ҳарбии маҳкумшуда вобаста бо роҳбарӣ ба тобеон имконнопазир бошад, ӯ бо қарори командири қисми ҳарбии дахлдор, бо мувофиқаи нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳудуди қисми ҳарбӣ ва ё ба дигар қисм ё маҳалл ба вазифаи дигар гузаронида мешавад ва дар ин маврид суде, ки ҳукм баровардааст, огоҳ карда мешавад.

Моддаи 156. Тартиби нигоҳ доштани маблағ аз таъминоти пулии ашхоси ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшуда

1. Ҳаҷми нигоҳдошташавандаи маблағ аз таъминоти пулии хизматчии ҳарбии маҳкумшуда, ки бо ҳукми суд муқаррар карда шудааст, аз рӯи маоши мансабӣ, маош вобаста ба рутбаи ҳарбӣ, иловапулиҳои ҳармоҳа , иловапулиҳо ва дигар пардохтҳои пулии иловагӣ бидуни хориҷ кардани пардохтҳои гуногун аз ин маблағ, инчунин сарфи назар аз мавҷуд будани даъво вобаста ба варақаҳои иҷро нисбат ба маҳкумшуда, ҳисоб карда мешавад.

2. Аз инҳо нигоҳ доштани маблағ анҷом дода намешавад: ёрдампулие, ки тибқи тартиби таъминоти иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ дода мешавад; пардохтҳои дорои хусусияти якдафъаина; маблағҳое, ки ҳамчун ҷубронпулӣ барои хароҷот вобаста ба сафарҳои хизматӣ пардохта шудаанд , инчунин дигар ҷубронпулиҳо.

3. Маблағҳои нигоҳдошташуда ҳар моҳ дар рӯзи додани таъминоти пулии кафолатдодашуда ба фоидаи давлат гузаронида мешаванд.

Моддаи 157. ӯҳдадории фармондеҳии қисмҳои ҳарбии маҳалли адои ҷазои ашхоси ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшуда

Ба зиммаи фармондеҳии қисмҳои ҳарбии маҳалли адои ҷазои ашхоси ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшуда ӯҳдадориҳои зайл гузошта мешавад:

а) ба маълумоти ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ расонидани ҳукми суд;

б) назорати рафтори маҳкумшудагон дар хизмат ва маишат ва иштирок дар корҳои тарбиявӣ нисбат ба маҳкумшудагон;

в) дуруст ва сари вақт нигоҳ доштани маблағ аз таъминоти пулии маҳкумшудагон ба фоидаи давлат ва интиқоли сари вақти маблағи нигоҳдошташуда тибқи тартиби муқарраргардида;

г) огоҳ намудани нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси нисбат ба маҳкумшуда истифода бурдани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозот, дар хусуси рафтори шоиста ва саркашии ӯ аз адои ҷазо;

д) қатъиян риоя намудани тартиб ва шароитҳои адои ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, ки ҳамин Кодекс пешбинӣ кардааст.

Моддаи 158. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотӣ нисбат ба ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ адо мекунанд

1. Нисбат ба ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ адо мекунанд, фармондеҳии қисми ҳарбии маҳалли адои ҷазо, инчунин нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ҷазоро анҷом медиҳад, мутобиқи Низомнома дар бораи адои хизмати ҳарбӣ чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотро истифода мебаранд.

2. Ҳангоми рафтори шоиста ва муносибати софдилона ба хизмати ҳарбӣ маҳкумшудагон аз ҷониби фармондеҳии қисми ҳарбӣ, бо мувофиқаи нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки иҷрои ҷазоро анҷом медиҳад, барои шартан пеш аз мӯҳлат озод шуданашон пешниҳод шуда метавонанд.

Моддаи 159. Қатъ кардани иҷрои ҷазо дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ

Дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз то гузашти мӯҳлати маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, ки бо ҳукми суд муқаррар ва бо фармон дар қисми ҳарбӣ эълон шудааст, командири қисми ҳарбӣ, бо огоҳонии минбаъдаи нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди қатъ кардани иҷрои ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ бо зикри таърихи қатъ кардани он фармон мебарорад. Нусхаи қарор ба суде, ки ҳукм баровардааст, фиристода мешавад.

БОБИ 17.Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 160. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 161. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 162. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 163. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 164. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 165. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

БОБИ 18.ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ НИГОҲ ДОШТАН ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ ИНТИЗОМӢ

Моддаи 166. Маҳалли адои ҷазои нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ

1. Хизматчиёни ҳарбие, ки ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкум шудаанд, ҷазоро дар баталонҳои алоҳидаи интизомӣ ё ротаҳои алоҳидаи интизомӣ адо мекунанд. Сохтори ташкилии қисмҳои ҳарбии интизомӣ ва ҳайати он аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

2. Ашхосе, ки ҷазоро дар намуди нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ адо мекунанд, дорои ӯҳдадорӣ ва ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи қонун ва оинномаҳои ҳарбӣ мебошанд, ки барои хизматчиёни хизмати хатмии ҳарбӣ, бо маҳдудиятҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ, муқаррар карда шудааст.

Моддаи 167. Тартиби фиристодан ва қабули хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда барои нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ

1. Хизматчиёни ҳарбие, ки барои нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкум шудаанд, аз ҷониби командири қисми ҳарбӣ дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи гирифтани фармоиши суд дар бораи иҷрои ҳукме, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, таҳти назорати посбонон барои адои ҷазо фиристода мешаванд.

2. Тартиби фиристодан ва қабули хизматчиёни ҳарбии маҳкумшударо Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муайян мекунад.

3. Фармондеҳии қисми ҳарбӣ вазифадор аст, оилаи маҳкумшударо, ки нисбат ба ӯ ҳукм эътибори қонунӣ пайдо кардааст, дар хусуси ҷиҳати адои ҷазо ба куҷо фиристода шуданаш огоҳ созад.

4. Фармондеҳии қисми ҳарбии интизомӣ судеро, ки ҳукм баровардааст, дар мавриди иҷрои он ва маҳалли аз тарафи маҳкумшуда адо намудани ҷазо фавран огоҳ месозад.

Моддаи 168. Воситаҳои асосии ислоҳи ашхоси ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкумшуда

1. Воситаҳои асосии ислоҳи ашхоси ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкумшуда иборатанд аз: тартиби муқарраршуда ва низоми адои ҷазо, кори тарбиявӣ, омодагии ҷангӣ ва башардӯстона, инчунин меҳнат.

2. Воситаҳои ислоҳи маҳкумшудагон бо назардошти хусусият ва дараҷаи хавфи ҷамъиятии ҷинояти содиршуда , шахсияти маҳкумшуда, инчунин рафтор ва муносибати ӯ ба хизмати ҳарбӣ ва меҳнат истифода бурда мешаванд.

Моддаи 169. Низом дар қисми ҳарбии интизомӣ

1. Дар қисми ҳарбии интизомӣ тартиби иҷро ва адои ҷазо, ки ба ислоҳи хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда, тарбияи интизоми ҳарбии онҳо мусоидат намуда, муносибати бошууронаро нисбат ба хизмати ҳарбӣ, иҷрои ӯҳдадории ҳарбии ба зиммаашон гузошташуда ва талабот оид ба омодагии ҳарбӣ, татбиқи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунӣ, ҳифзи хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда ва назорати онҳо, амнияти шахсии хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда ва кормандони қисми ҳарбии зикршударо таъмин менамояд, муқаррар карда мешавад.

2. Низом дар қисми ҳарбии интизомӣ мутобиқи талаботи боби 10 ҳамин Кодекс ва ҳамин модда таъмин карда мешавад.

3. Хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда бояд талаботи низоми дар қисми ҳарбии интизомӣ муқарраршударо риоя кунанд.

4. Дар давраи адои ҷазо дар қисми ҳарбии интизомӣ ҳамаи хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда, сарфи назар аз рутбаи ҳарбӣ ва мансаби қаблан ишғолнамудаашон, дар вазъи сарбоз (аскар) қарор доранд.

5. Маҳкумшудагон сару либоси муқарраргардидаи якхелаи дорои погонҳои аскари қаторӣ мепӯшанд. Ба онҳо иҷозат дода мешавад, ки танҳо мӯи сари кӯтоҳ ороста дошта бошанд. Маҳкумшудагон мутобиқи Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ метавонанд дар ҳудуди қисми ҳарбӣ ҳаракат кунанд, таҳти кофтуков қарор гирифтанашон мумкин аст. Мукотиботи маҳкумшудагон таҳти сензура қарор дода шуда ва фириста, дастовез ва бастаи онҳо аз назар гузаронида (тафтиш карда) мешавад.

6. Пул, коғазҳои киматнок ва дигар арзишҳое, ки аз хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда ёфт шудаанд, гирифта шуда мутобиқи қоидаҳои муайяншуда то адои мӯҳлати ҷазо нигоҳ дошта мешаванд. Чизу чораҳо ва моддаҳои манъшудае, ки аз хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда гирифта шудаанд, барои нигоҳдорӣ супорида мешаванд ё бо фармони командири қисми ҳарбии интизомӣ нобуд карда, дар ин бора акти дахлдор тартиб дода мешавад.

7. Номгӯӣ, миқдори асбобу анҷом ва чизу чорае, ки маҳкумшудагон бо худ дошта метавонанд, тибқи Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муқаррар карда мешавад.

8. Тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс, инчунин Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки бо ҳисоби ғайринақдӣ озуқаворӣ, маводи мавриди ниёз ва дигар молҳои саноатии истифодаашон манънашударо харидорӣ кунанд, хароҷоти хизматрасонии иловагии табобату пешгирии бемориро пардозанд, фириставу дастовез ва баста гиранд, мулоқот кунанд, мукотиба ва гуфтугӯҳои телефонӣ дошта бошанд, пул фиристанд ва муросилоти пулӣ гиранд.

Моддаи 170. Тартиби рӯз дар қисми ҳарбии интизомӣ

1. Дар қисми ҳарбии интизомӣ тартиби дохилии рӯз аз ҷониби командири ин қисм мувофиқи Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ, ки мутобиқи ҳамин Кодекс таҳия шудааст, муайян карда мешавад.

2. Тартиби рӯзи маҳкумшудагон бояд рафтори қатъии батанзимдаровардашудаи онҳоро дар давоми рӯз пешбинӣ намуда, вақти корӣ, фароғат, гузаронидани омодагии ҷангӣ ва хизматиро дар бар гирад.

3. Тартиби рӯз тибқи фармон ба маълумоти ҳамаи маҳкумшудагон расонида мешавад.

Моддаи 171. Низоми шароитҳои махсус дар қисми ҳарбии интизомӣ

Маҳдуд кардан, боздоштан ва ё иваз кардани низом дар қисми ҳарбии интизомӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 172. Мулоқот, гуфтугӯи телефонӣ ва гирифтани фиристаю дастовез ва баста аз ҷониби маҳкумшудагон

1. Ба хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда мулоқот дода мешавад:

а) кӯтоҳмуддат, бо давомнокии то чор соат, вале на бештар аз як маротиба дар як моҳ;

б) дарозмуддат, дар ҳудуди қисми ҳарбии интизомӣ бо давомнокии на бештар аз се шабонарӯз, вале на бештар аз як маротиба дар ду моҳ.

2. Мулоқоти кӯтоҳмуддат дар ҳузури намояндаи қисми ҳарбии интизомӣ дода мешавад. Мулоқоти дарозмуддат бо ҳуқуқи зисти якҷоя бо хешовандони наздик ва дар ҳолатҳои мустасно бо дигар ашхос дода мешавад.

3. Дар ҳолатҳои бемории вазнини маҳкумшуда командири қисми ҳарбии интизомӣ ба хешовандони наздики маҳкумшуда иҷозат медиҳад, ки ӯро хабар гиранд.

4. Барои гирифтани кӯмаки ҳуқуқӣ тибқи аризаи маҳкумшудагон бо адвокат ва дигар ашхосе, ки барои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ҳақ доранд, мулоқот фароҳам оварда мешавад. Бо хоҳиши маҳкумшуда ё ашхоси зикргардида мулоқот дар танҳоӣ сурат мегирад.

5. Ба маҳкумшудагон дар сурати мавҷуд будани имконоти техникӣ ҳуқуқи гуфтугӯи телефонӣ дода мешавад. Гуфтугӯи телефонӣ аз ҳисоби шахсии маҳкумшуда пардохта мешавад.

6. Ба маҳкумшудагон мувофиқи хоҳиши онҳо иҷозат дода мешавад, ки мулоқотҳои дарозмуддатро бо мулоқотҳои кӯтоҳмуддат иваз кунанд.

7. Дар давраи адои ҷазо ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки бе маҳдудият фириста, дастовез ва баста гиранд.

8. Тартиби фароҳам овардани мулоқот, гуфтугӯи телефонӣ, қабул ва супоридани фириста, дастовез ва баста, инчунин номгӯи чизу чорае, ки гирифтани онҳо ба маҳкумшудагон манъ гардидааст, Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муқаррар менамояд.

Моддаи 173. Аз ҷониби маҳкумшудагон гирифтан ва фиристодани муросилоти пулӣ

1. Ба хизматчиёни ҳарбии ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкумшуда иҷозат дода мешавад, ки муросилоти пулӣ гиранд ва пул фиристанд.

2. Маблағҳои пулии ба номи маҳкумшудагон воридгардида ба ҳисобномаи шахсии онҳо гузаронида шуда, дар ин маврид маҳкумшудагон огоҳ карда мешаванд. Баргардонидани ин маблағҳо ба маҳкумшудагон ҳангоми озод карда шуданашон сурат мегирад.

Моддаи 174. Аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда харидани озуқаворӣ ва дигар маводи мавриди ниёз

Маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд, ки аз маблағи дар ҳисобномаи шахсиашон буда бе маҳдудият озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз харанд.

Моддаи 175. Мукотибаи хизматчиёни ҳарбии ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкумшуда

1. Ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки аз ҳисоби шахсии худ бидуни маҳдудият мактубу барқия гиранд ва фиристанд.

2. Супурдани мактуби ба номи маҳкумшуда расида, инчунин фиристодани онҳо аз ҷониби старшинаи рота ё муовини командири взвод дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи расидани он ба қисми ҳарбӣ ё супурдани он аз ҷониби маҳкумшуда анҷом дода мешавад.

Моддаи 176. Сафарҳои кӯтоҳмуддат берун аз ҳудуди қисми ҳарбии интизомӣ

1. Ба хизматчиёни ҳарбии маҳкумшудаи дар қисми ҳарбии интизомӣ ҷойгиршуда мумкин аст сафари кӯтоҳмуддат берун аз ҳудуди қисми ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати на бештар аз ҳафт шабонарӯз, бидуни назардошти вақти барои рафтуомади зарурӣ (на бештар аз 5 шабонарӯз)дар ҳолатҳои мустаснои шахсӣ иҷозат дода шавад: фавт ё бемории вазнини хешовандони наздик, ки ба ҳаёти бемор таҳдид мекунад; офатҳои табиӣ, ки ба маҳкумшуда ё аъзои оилаи ӯ зарари калони моддӣ расонидааст.

2. Аризаи маҳкумшуда дар мавриди сафари фаврӣ вобаста ба ҳолатҳои мустаснои шахсӣ бояд дар мӯҳлати як шабонарӯз баррасӣ шавад. Иҷозати сафари кӯтоҳмуддат аз тарафи командири қисми ҳарбии интизомӣ ё сардори штаб, бо мувофиқаи прокурори ҳарбӣ, бо назардошти шахсият ва рафтори маҳкумшуда дода мешавад. Радди иҷозати сафари кӯтоҳмуддат бояд асоснок карда шавад. Мӯҳлати берун аз ҳудуди қисми ҳарбии интизомӣ қарор доштани маҳкумшуда ба мӯҳлати адои ҷазо ба ҳисоб гирифта мешавад. Арзиши роҳи маҳкумшуда шахсан ё аз ҷониби хешовандони ӯ пардохта мешавад. Ҳангоми берун аз ҳудуди қисми ҳарбии интизомӣ қарор доштан ба маҳкумшуда музди меҳнат ҳисоб карда намешавад.

3. Тартиби ба маҳкумшудагон додани сафари кӯтоҳмуддат берун аз ҳудуди қисми ҳарбии интизомӣ вобаста ба ҳолатҳои мустаснои шахсӣ аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мувофиқаи Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян карда мешавад.

Моддаи 177. Аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардани ашхоси дар қисми ҳарбии интизомӣ ҷойгиркардашуда бидуни посбон

1. Ба маҳкумшудагони алоҳидае, ки ба қатори ислоҳшудагон дохил карда шудаанд, пас аз адои на камтар аз сеяки мӯҳлати ҷазо мумкин аст иҷозати аз як ҷой ба ҷойи дигар ҳаракат кардан бидуни посбон берун аз ҳудуди қисми ҳарбии интизомӣ дода шавад, агар ин вобаста ба хусусияти кори иҷро менамудаи ӯ зарур бошад. Иҷозати аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан бидуни посбон бо фармони командири қисми ҳарбии интизомӣ ба расмият дароварда мешавад.

2. Қоидаҳои рафтори маҳкумшудагоне, ки барояшон иҷозати аз як ҷой ба ҷойи дигар ҳаракат кардан бидуни посбон берун аз ҳудуди қисми ҳарбии интизомӣ дода шудааст, аз ҷониби командири ин қисм муайян карда мешавад.

3. Дар сурати аз ҷониби маҳкумшуда вайрон кардани низом, қоидаҳои рафтор ё тағйир ёфтани хусусияти кор, аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан бидуни посбон мувофиқи фармони командири қисми ҳарбии интизомӣ бекор карда мешавад.

Моддаи 178. Талаботи низом дар корхонаҳо ва иншооти истеҳсолии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар корхонаҳо, устохонаҳои қисми ҳарбии интизомӣ ва иншооти истеҳсолии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи меҳнати ашхоси гражданӣ иҷозат дода мешавад. Тартиби муносибати чунин ашхосро, ки якҷоя бо маҳкумшудагон кор мекунанд, Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муайян мекунад.

Моддаи 179. Чораҳои амниятӣ ва асосҳои истифодаи яроқ

Чораҳои амниятӣ ва асосҳои истифодаи кувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқ тибқи моддаи 87 ҳамин Кодекс танзим карда мешаванд.

Моддаи 180. Таклиф ва арзу шикояти маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ адо мекунанд

1. Таклиф ва арзу шикояти маҳкумшудагон, ки ба унвонии прокурори ҳарбӣ, суд ва мақомоти давлатӣ, ки ҳуқуқи назорати фаъолияти қисмҳои ҳарбии интизомиро доранд, фиристонида мешаванд, аз назар гузаронида намешаванд ва дар мӯҳлати на дертар аз як шабонарӯз тибқи марбутият фиристода мешаванд.

2. Оид ба натичаҳои баррасии таклиф ва арзу шикоят ба маҳкумшуда таҳти забонхат эълон карда мешавад.

Моддаи 181. Корҳои тарбиявӣ бо маҳкумшудагоне, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд

1. Бо ашхосе, ки ҷазоро дар қисми ҳарбии интизомӣ адо мекунанд, фармондеҳии ин қисм, якҷоя бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва хайрия афзалтар аз ҳама бо усули эътиқодмандӣ ва ҳавасмандсозии мусбии рафтори маҳкумшудагон корҳои тарбиявиро мегузаронанд.

2. Корҳои тарбиявӣ бо маҳкумшудагон бояд барои тарбияи онҳо дар рӯҳияи иҷрои софдилонаи қарзи ҳарбии худ, интизоми бошуурона, риояи қатъии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо, талаботи савганди ҳарбӣ ва оинномаҳои ҳарбӣ равона карда шаванд.

3. Иштироки маҳкумшудагон дар чорабиниҳои тарбиявӣ ҳавасманд гардонида шуда, ҳангоми муайян намудани дараҷаи ислоҳи онҳо ба инобат гирифта мешавад.

Моддаи 182. Ташкили корҳои тарбиявӣ

1. Корҳои тарбиявӣ бо ашхосе, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд, аз ҷониби фармондеҳи ин қисм анҷом дода мешавад.

2. Командирҳои қисмҳои ҳарбие, ки аз онҷо хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда фиристода шудаанд, бояд бо командири қисми ҳарбии интизомӣ алоқаи доимӣ дошта, ба рафтори тобеъони қаблиашон таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд ва дар ислоҳи онҳо мусоидат кунанд.

3. Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба фармондеҳии қисми ҳарбии интизомӣ дар гузаронидани корҳои тарбиявӣ бо хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда кӯмак мерасонанд.

Моддаи 183. Ташкилотҳои худфаъолият дар қисми ҳарбии интизомӣ

1. Бо максади мусоидат ба фармондеҳии қисми ҳарбии интизомӣ дар кори ислоҳ ва тарбияи маҳкумшудагон аз ҳисоби онҳое, ки бо рафтори шоиста ва муносибати софдилона ба меҳнат ва хизмати ҳарбӣ худро нишон додаанд, шӯроҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд.

2. Тартиби ташкил ва фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятии маҳкумшудагонро Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муайян мекунад.

Моддаи 184. Омодагии ҷангӣ ва умумибашарии маҳкумшудагоне, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд

1. Омодагии ҷангии маҳкумшудагон тибқи барномаи махсуси таҳиянамудаи фармондеҳии қисми ҳарбии интизомӣ мувофиқи Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ ва Оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад.

2. Бо мақсади ташаккули муносибати эҳтиромона ба арзишҳои инсондӯстӣ, рафтори итоаткорона нисбат ба қонун, боло бардоштани сатҳи фарҳангию маънавӣ, рушди ташаббуси самарабахши маҳкумшудагон дар қисми ҳарбии интизомӣ фаъолияти (омодагии) инсондӯстӣ ба роҳ монда мешавад.

3. Омодагии инсондӯстӣ дар тарбияи ғоявӣ (идеологӣ) маънавӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ ва рушди ҷисмонии маҳкумшуда, ҳамчунин инкишофи фаъолияти ҷамъиятии ӯ зоҳир мегардад. Иштирок дар чорабиниҳои омодагии инсондӯстӣ ҳавасманд гардонида шуда, ҳангоми муайян кардани дараҷаи ислоҳи маҳкумшудагон ба инобат гирифта мешавад.

Моддаи 185. Ташкили меҳнати маҳкумшудагоне, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд

1. Ташкили меҳнат бояд ба ҳалли вазифаи ислоҳи маҳкумшудагон нигаронида шавад. Маҳкумшудагон барои меҳнат ба корхонаҳои истеҳсолӣ, устохонаҳои қисми ҳарбии интизомӣ ва ё дар дигар иншоотҳое, ки Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ҷалб карда мешаванд.

2. Меҳнати маҳкумшудагон, ки берун аз қисми ҳарбии интизомӣ ба кор ҷалб карда мешаванд, бояд бо риояи талаботи ҷудонигаҳдорӣ ва назорати посбонон ташкил карда шавад.

3. Номгӯи корҳоеро, ки дар онҳо истифодаи меҳнати маҳкумшудагон манъ аст, Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муайян мекунад.

4. Меҳнати маҳкумшудагон бо риояи қоидаҳои муҳофизати меҳнат, техникаи бехатарӣ ва беҳдории истеҳсолӣ, ки қонунгузории меҳнат муқаррар намудааст, ташкил карда мешавад.

Моддаи 186. Шароити кори ашхосе, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд

1. Барои ашхосе, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ ҷазоро адо мекунанд,вақти кор, оғоз ва анҷоми кор (баста) тибқи Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муайян карда мешавад. Мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории меҳнат онҳо дар рӯзҳои ид аз кор озод карда мешаванд. Ҳангоми зарурати дар рӯзҳои истироҳат ва ид ба кор ҷалб намудани маҳкумшудагон ба онҳо дар давоми моҳ рӯзҳои дигари истироҳат фароҳам оварда мешавад.

2. Дар баъзе намудҳои кор, ки вобаста ба шароити истеҳсолӣ риояи давомнокии вақти кории муқарраршудаи ҳаррӯза ё ҳарҳафтаина имконнопазир аст, баҳисобгирии маҷмӯии вақти корӣ иҷозат дода мешавад, то ин ки давомнокии ҳисоби миёнаи вақти корӣ дар давраи баҳисобгирӣ аз ҳашт соат дар як рӯз бештар набошад.

3. Ба маҳкумшудагон рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда дода намешавад.

Моддаи 187. Пардохти музди меҳнати ашхосе, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд

Музди меҳнати ашхосе, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд, мутобиқи нархгузории муқарраршудаи корхонае, ки хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда дар он кор мекунанд, пардохта мешавад.

Моддаи 188. Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнати ашхосе, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд

Аз музди меҳнати ба хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда ҳисобкардашуда барои ҷуброни хароҷоти нигоҳдошти маҳкумшудагон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию маишии онҳо ба ҳисоби қисми ҳарбии интизомӣ гузаронида мешавад. Маблағи боқимондаи музди меҳнати хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда ба ҳисобномаи шахсии онҳо гузаронида мешавад.

Моддаи 189. Таъминоти нафакаи ашхосе, ки ҳангоми адои ҷазо қобилияти меҳнатиро аз даст додаанд

Ашхосе, ки ҳангоми адои ҷазо қобилияти меҳнатии худро аз даст додаанд, ба нафақа ва ҷуброни зарар тибқи ҳолатҳо ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

Моддаи 190. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ, ки нисбат ба ашхоси дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ нигоҳдошташаванда истифода мегарданд

1. Нисбат ба ашхосе, ки бо рафтори шоиста ва муносибати софдилона ба хизмати ҳарбӣ ва меҳнат ба роҳи ислоҳӣ рафтани хешро собит сохтаанд, инчунин ашхосе, ки дар кори ташкилотҳои худфаъолият, дигар чорабиниҳои тарбиявӣ фаъолона иштирок менамоянд, чораҳои ҳавасмандгардонии зайл истифода шуданаш мумкин аст:

а) раҳматнома эълон кардан;

б) сарфароз намудан бо тӯҳфа;

в) мукофотпулӣ;

г) иҷозат барои мулоқоти иловагии кӯтоҳмуддат ва ё дарозмуддат;

д) пеш аз мӯҳлат бардоштани муҷозоти қаблан додашуда.

2. Хизматчиёни ҳарбии маҳкумшудаеро, ки барои ислоҳи худ ба пурра адо намудани ҷазои таъиннамудаи суд эҳтиёҷманд нестанд, аз ҷониби командири қисми ҳарбии интизомӣ барои шартан пеш аз мӯҳлат аз ҷазо озод шуданашон пешниҳод намудан мумкин аст.

Моддаи 191. Чораҳои муҷозоте, ки нисбат ба ашхоси дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ нигоҳдошташаванда истифода мегарданд

1. Барои вайрон кардани талаботи низоми адои ҷазо нисбат ба маҳкумшудагон чораҳои муҷозоти зайл истифода бурда мешаванд:

а) танбеҳ;

б) маҳрум сохтан аз мулоқоти навбатӣ, ё аз гуфтугӯи телефонӣ ба мӯҳлати як моҳ;

в) баҳабсгирӣ тибқи тартиби интизомӣ бо нигоҳ доштан дар гауптвахта ба мӯҳлати то даҳ шабонарӯз.

2. Хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда, ки тибқи тартиби интизомӣ ба ҳабс гирифта шудаанд, ҷазоро дар камераҳои якнафара дар гауптвахтаи қисми ҳарбии интизомӣ адо мекунанд.

Моддаи 192. Тартиби татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозот

Тартиби татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозот нисбат ба маҳкумшудагоне, ки дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ҷазоро адо мекунанд ва номгӯи ашхоси мансабдоре, ки ба истифодаи он ҳуқуқ доранд, инчунин доираи салоҳияти онҳоро Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муайян мекунад.

Моддаи 193. Низоми нигоҳ доштани маҳкумшудагон дар гауптвахта

Маҳкумшудагоне, ки тибқи тартиби интизомӣ ба ҳабс гирифта шудаанд, ҳабсро дар гауптвахтаи қисми ҳарбии интизомӣ мувофиқи талаботи Оинномаи хизмати гарнизонӣ ва қаровулиии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ адо мекунанд.

Моддаи 194. Таъминоти моддию маишии ашхосе, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд

1. Барои ашхосе, ки дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд, шароити зарурии манзилию маишӣ, ки ба қоидаҳои беҳдорию беҳдоштӣ ва талаботи оинномаҳои ҳарбӣ мутобиқанд, фароҳам оварда мешавад.

2. Хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда тибқи меъёри барои хизматчиёни ҳарбӣ муқарраршуда бо озуқаворӣ ва молу мулки шайъӣ таъмин мегарданд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

3. Таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда ҳар моҳ дар ҳаҷми маоши мансабӣ ё тибқи тарифи дараҷаи якум, ки барои сарбозони даъватшудаи соли аввали хизмат муқаррар шудааст, ба ҳисобномаи шахсии онҳо гузаронида мешавад.

4. Номгӯи чизу чора таъиноти моддию маишие, ки бо худ доштан, тибқи ҳисоби ғайринақдӣ харидан ё гирифтани онҳо дар посилкаю дастовез ва бандерол ба маҳкумшудагон мумкин аст, мутобиқи Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муайян карда мешавад.

Моддаи 195. Таъминоти тиббиву беҳдории ашхосе, ки дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд

1. Дар қисми ҳарбии интизомӣ корҳои табобатию пешгирӣ ва беҳдорию зиддисироятӣ тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва анҷом дода мешаванд. Фармондеҳии қисми ҳарбии интизомӣ вазифадор аст талаботи зарурии беҳдорию беҳдоштиро, ки ҳифзи саломатии маҳкумшудагонро таъмин мекунад, иҷро кунад. Маҳкумшудагон вазифадоранд талаботи беҳдоштӣ ва беҳдории ба онҳо марбутаро ба ҷо оранд.

2. Дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ нуқтаҳои зарурии табобативу пешгирӣ (қисмҳо, муассисаҳо) таъсис дода мешаванд. Маҳкумшудагони бемор дар ҳолатҳои зарурӣ барои муолиҷа таҳти посбонӣ ба шифохонаҳои ҳарбӣ (госпитал) фиристода шуда, дар палатаҳои махсус ҷиҳозонидашуда нигоҳ дошта мешаванд. Посбонии хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда дар ҳудуди шифохонаи ҳарбӣ аз ҷониби қувваҳои сардори гарнизони маҳалли ҷойгиршавии шифохонаи ҳарбӣ ва воситаҳои он анҷом дода мешавад.

3. Тартиби ба маҳкумшудагон расонидани ёрии тиббӣ, ташкил ва гузаронидани назорати беҳдорӣ, истифодаи муассисаҳои табобатию пешгирӣ ва беҳдорию пешгирӣ ва барои чунин мақсад ҷалб намудани кормандони соҳаи тибро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 196. Баҳисобгирии мӯҳлати дар қисми ҳарбии интизомӣ гузаронидаи хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда ба собиқаи умумии хизмати ҳарбӣ

1. Мӯҳлати дар қисми ҳарбии интизомӣ гузаронидаи хизматчии ҳарбии маҳкумшуда ба собиқаи умумии хизмати ҳарбӣ ба ҳисоб гирифта намешавад.

2. Мӯҳлати дар қисми ҳарбии интизомӣ гузаронидаи хизматчии ҳарбии маҳкумшуда, ки соҳиби ихтисоси ҳарбӣ буда, талаботи оинномаҳои ҳарбиро медонад ва дақиқ ба ҷо меорад, хизматро софдилона адо мекунад ва аз қисми ҳарбии интизомӣ пас аз гузаштани мӯҳлати даъват озод карда мешавад, ба собиқаи умумии хизмати ҳарбӣ ба ҳисоб гирифта шуданаш мумкин аст.

3. Тартиби ба собиқаи умумии хизмати ҳарбӣ ба ҳисоб гирифтани мӯҳлати дар қисми ҳарбии интизомӣ гузаронидаи хизматчии ҳарбии маҳкумшуда аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад

ФАСЛИ VII.ИҶРОИ ҶАЗОҲОИ ИЛОВАГӢ

БОБИ 19.ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲРУМ КАРДАН АЗ РУТБАҲОИ ҲАРБӢ,ДИПЛОМАТӢ, РУТБАҲО, УНВОНҲОИ МАХСУС, МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ ВА УНВОНҲОИ ИФТИХОРИИ ТОҶИКИСТОН

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

Моддаи 197. Иҷрои ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, унвонҳои махсус ва мукофотҳои давлатӣ

1. Суде, ки дар мавриди маҳрум кардани шахси маҳкумшуда аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон ҳукм баровардааст, пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани он нусхаи ҳукмро ба мақом ё шахси мансабдоре, ки ба маҳкумшуда рутбаи ҳарбӣ ё дипломатӣ ё унвонҳои махсус ё ӯро бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонидааст, мефиристад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

2. Бо гирифтани нусхаи ҳукми суд шахси мансабдор тибқи тартиби муқарраршуда ба асноди дахлдор дар мавриди маҳрум кардани маҳкумшуда аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлати ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сабт ворид намуда, инчунин оид ба маҳрум кардани ӯ аз ҳуқуқ ва имтиёзе, ки барои ашхоси дорои чунин рутба, унвон ё мукофот пешбинӣ шудааст, чораҳо меандешад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

3. Нусхаи ҳукми суд нисбат ба хизматчии ҳарбии эҳтиётӣ ба комиссариати ҳарбии маҳалле, ки ӯ дар он ҷо дар қайди ҳарбӣ мебошад, фиристода мешавад.

4. Шахси мансабдор судеро, ки ҳукм баровардааст, дар давоми як моҳ баъди гирифтани нусхаи ҳукм дар мавриди иҷрои ҷазо огоҳ месозад.

БОБИ 20.ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МУСОДИРАИ МОЛУ МУЛК

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648)

Моддаи 198. Тартиби иҷрои ҳукми суд дар хусуси мусодираи молу мулк

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648)

1. Суде, ки ҳукм баровардааст ва дар он ба сифати ҷазои иловагӣ мусодираи молу мулк пешбинӣ гардидааст, баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани он варақаи иҷроӣ, нусхаи рӯйхати молу мулк ва нусхаи ҳукмро чиҳати иҷро ба иҷрочии суд мефиристад ва дар ин маврид мақоми дахлдори молиявиро огоҳ месозад. Ҳангоми дар парванда мавҷуд набудани рӯйхати молу мулки маҳкумшуда дар хусуси он, ки рӯйхати молу мулк тартиб дода нашудааст, маълумотнома фиристода мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648)).

2. Иҷрои ҷазо дар намуди мусодираи молу мулк аз ҷониби иҷрочиёни суд анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 452, аз 29.12.2010 № 648).

Моддаи 199. Молу мулке, ки бояд мусодира карда шавад

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648)

1. Молу мулки маҳкумшуда, аз ҷумла ҳиссаи ӯ дар моликияти умумӣ, сармояи оинномавии ташкилотҳои тиҷоратӣ, пул, коғазҳои қиматнок, дигар арзишҳо, аз ҷумла оне, ки дар ҳисобномаҳо, амонат ё барои нигаҳдошт дар ташкилотҳои молиявию қарзӣ ва бонкҳо гузошта шудааст, инчунин молу мулке, ки маҳкумшуда барои идоракунии эътимодӣ супурдааст, мусодира карда мешавад. Тартиби мусодираи молу мулки маҳкумшуда, ки дар сармояи оинномавии ташкилоти тиҷоратӣ мебошад, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

2. Баҳсҳо дар мавриди марбутияти молу мукл, ки мувофиқи ҳукми суд бояд мусодира карда шавад, мутобиқи тартиби мурофиаи гражданӣ ҳал карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

Моддаи 200. Амали иҷрочии суд оид ба иҷрои ҳукми суд дар бораи мусодираи молу мулк

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648)

1. Иҷрочии суд пас аз гирифтани варақаи иҷро, нусхаи руйхати молу мулк ва нусхаи ҳукми суд фавран мавҷуд будани молу мулки дар рӯйхат бударо тафтиш карда ва дигар молу мулки мусодира шавандаро ошкор намуда, ба рӯйхат дохил мекунад. Дар сурати мавҷуд будани маълумотнома оид ба он, ки рӯйхати молу мулк тартиб дода нашудааст, иҷрочии суд дар мавриди ошкор намудани молу мулки мусодирашавандаи маҳкумшуда, ки таҳти мусодира бояд қарор гирад, тадбирҳо меандешад ва ҳангоми пайдо кардани онҳо рӯйхати чунин молу мулкро тартиб медиҳад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

2. Дар номнавис номгӯи пурра ва дақиқи ҳар як ашё, аломати фарқкунандаи он, аз ҷумла вазн, ҳаҷм, ранг, метр, дараҷаи кӯҳнашавӣ ва хусусиятҳои хоси молу мулк зикр карда мешавад.Чизу чораи рӯихатшуда пломба ё мӯҳр гузошта шуда, оиди он дар рӯйхат сабти махсус гузошта мешавад ва барои нигоҳдошт супурда мешавад. Дар рӯйхати молу мулк инчунин маълумот дар бораи ҳиссаи маҳкумшуда дар моликияти умумӣ, сармояи оинномавии ташкилотҳои тиҷоратӣ, оиди пул ва коғазҳои қиматнок, дигар арзишҳо (сарват) аз ҷумла, ки дар ҳисобномаҳо ва ба амонат ё барои нигоҳдошт дар ташкилотҳои молиявию кредитӣ ва бонкҳо гузошта шудаанд, бо ҳамроҳ кардани маълумотномаҳои ташкилотҳо ва бонкҳои зикршуда дохил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

3. Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 452).

4. Иҷрочии суд вазифадор аст ҷиҳати ҳифзи молу мулки мусодирашаванда ва дар руйхат сабтгардида чораҳои зарурӣ андешад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

5. Ҳиссаи маҳкумшуда дар моликияти умумӣ бо пешниҳоди (дархости) иҷрочии суд аз ҷониби суди ноҳиявӣ ё шаҳр тибқи тартиби мурофиаи гражданӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 452).

Моддаи 201. ӯҳдадориҳои ашхоси сеюм нисбат ба молу мулки мусодирашаванда

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648)

1. Корхонаю ташкилот, муассиса ва шаҳрвандоне, ки дар ихтиёри онҳо молу мулки тибқи ҳукми суд мусодирашаванда мавҷуд аст, бояд дар ин бора ба суд ё мақоми дахлдори молиявӣ хабар диҳанд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

2. Корхонаю ташкилот, муассиса ва шаҳрвандоне, ки молу мулки зикршуда барояшон мувофиқи моддаи 200 ҳамин Кодекс ҷиҳати нигаҳдошт супурда шудааст,ӯҳдадоранд муҳофизати онро таъмин намоянд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

3. Барои пинҳон кардан, вайрон кардан, аз худ намудан ё исроф кардани молу мулки зикргардида гунаҳкорон мутобиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

Моддаи 202. Ба мақомоти молиявӣ супурдани молу мулки мусодирашуда

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648)

Молу мулки мусодирашуда мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз қонеъ намудани тамоми даъвои (талаботи) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба маҳкумшуда пешниҳодгардида ба мақомоти молиявӣ супурда мешавад. Вобаста ба даъво, ки бояд аз ҳисоби молу мулки мусодирашудаи маҳкумшуда қонеъ гардонида шавад, давлат дар ҳудуди актив ҷавоб медиҳад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

Моддаи 203. Мусодираи молу мулке, ки пас аз иҷрои ҳукм ошкор карда шудааст

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648)

Суд то гузашти мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун оиди даъвои иҷрои ҳукми айбдоркунанда, бо пешниҳоди иҷрочии суд масъалаи мусодираи молу мулкро ҳал мекунад. Суде, ки ҳукм баровардааст ё суди маҳалли иҷрои ҳукм бо пешниҳоди иҷрочии суд дар бораи мусодираи молу мулки мусодиранашудаи маҳкумшуда, ки баъд муайян карда шудаанд, ки ӯ то баровардани ҳукм ва ё баъди баровардани ҳукм, вале аз ҳисоби маблағе, ки бояд мусодира шавад ба даст овардааст, таъинот мебарорад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

Моддаи 204. Анҷоми амалҳои иҷроиявӣ

1. Баъди ба мақомоти молия супурдани молу мулки мусодирашуда варақаи иҷроия бо сабт дар бораи иҷрои ҳукм оиди мусодираи молу мулк ба суде, ки ҳукм баровардааст, баргардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

2. Мақомоти молиявӣ ба суде, ки ҳукм баровардааст, оид ба маълумоти тасдиқкунандаи иҷрои ҳукм дар қисмати мусодираи молу мулк хабар медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

ФАСЛИ VIII.ОЗОД НАМУДАН АЗ АДОИ ҶАЗО.КӯМАК БА МАҲКУМШУДАГОН, КИ АЗ АДОИ ҶАЗО ОЗОД КАРДА МЕШАВАНД ВА НАЗОРАТИ ОНҲО

БОБИ 21.ОЗОД НАМУДАН АЗ АДОИ ҶАЗО КӯМАК БА МАҲКУМШУДАГОНЕ, КИ АЗ АДОИ ҶАЗО ОЗОД КАРДА МЕШАВАНД ВА НАЗОРАТИ ОНҲО

Моддаи 205. Асосҳои озод намудан аз адои ҷазо

Маҳкумшудагон дар асосҳои зайл аз адои ҷазо озод карда мешаванд:

а) пас аз адои мӯҳлати ҷазои таъиннамуда бо ҳукми суд;

б) бо қувваи санади авф ё бахшиши ҷазо;

в) бекор кардани ҳукми суд, бо қатъ карда шудани парвандаи ҷиноятӣ;

г) шартан, пеш аз мӯҳлат аз адои минбаъдаи ҷазо озод кардан;

д) ба намуди ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо;

е) бемории вазнин ё маъюбӣ;

ж) вобаста ба ҳолатҳои фавқулодда;

з) бо асосҳои дигари пешбининамудаи қонун.

Моддаи 206. Қатъи адои ҷазо ва тартиби озод кардан

1. Адои ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардани озодӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, инчунин маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ва нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ дар рӯзи охирини мӯҳлати ҷазо, бо назардошти он тағьиротҳое, ки мутобиқи қонун ба мӯҳлати ҷазо ворид карда мешаванд, қатъ мегардад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

2. Ашхоси ба маҳдуд кардани озодӣ ва маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда дар қисмати ( нимаи) аввали рӯзи охирини мӯҳлати ҷазо озод карда мешаванд. Агар мӯҳлати ҷазо дар рӯзи истироҳат ё рӯзи ид хотима ёбад, маҳкумшудагон дар арафаи рӯзи истироҳат ё арафаи рӯзи ид аз адои ҷазо озод карда мешаванд. Ҳангоми бо моҳҳо ба ҳисоб гирифтани мӯҳлати ҷазо он дар санаи дахлдори моҳи охири адои ҷазо ва агар ҳамин моҳ дорои санаи дахлдор набошад - дар рӯзи охирини ҳамин моҳ хотима меёбад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

3. Пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод намудани маҳкумшуда дар рӯзи ворид гардидани асноди дахлдор ва агар асноди озод намудан пас аз хатми рӯзи корӣ расида бошад - субҳи рӯзи дигар анҷом дода мешавад.

4. Ҳангоми озодшавӣ ба маҳкумшуда ашё, арзишҳо ва пули марбути ӯ, ки дар ҳисобномаи шахсиаш гузошта шудааст, асноди шахсӣ ва коғазҳои қиматнок инчунин асноди аз ҷазо озод шудани маҳкумшуда ва асноди фаъолияти меҳнатии ӯ супурда мешавад. Бо хоҳиши маҳкумшуда ба ӯ тавсифнома дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

5. Шиноснома, дафтарчаи меҳнатӣ ва дафтарчаи нафақаи шахси ба маҳдуд кардани озодӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, ки дар парвандаи шахсии ӯ нигоҳ дошта мешаванд, ҳангоми озодшавӣ ба дасти ӯ супурда мешаванд. Ҳангоми мавҷуд набудани чунин аснод маъмурияти муассиса ё мақоми иҷрои ҷазо қаблан ҷиҳати гирифтани чунин аснод тадбирҳо меандешад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

6. Нозироти корҳои ислоҳӣ дар рӯзи хатми мӯҳлати корҳои ислоҳӣ ва ҳангоми бо дигар асосҳо озод намудан аз ин ҷазо пас аз гирифтани асноди дахлдор на дертар аз рӯзи кории минбаъда вазифадор аст ба маъмурияти ташкилоте, ки дар он маҳкумшуда ҷазоро адо мекард, дар мавриди қатъи нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнати маҳкумшуда пешниҳод манзур кунад. Ба озодшуда дар хусуси адои ҷазо ё озод шудан аз адои ҷазо санад дода мешавад.

7. Ба шахсе, ки дар натиҷаи бекор кардани ҳукми суд вобаста ба қатъи парвандаи ҷиноятӣ аз адои ҷазо озод карда шудааст, сардори муассиса ва ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо бояд ҳуқуқҳояшро оид ба барқарор намудани ҳуқуқҳои молу мулкию меҳнатӣ, манзилӣ ва дигар ҳуқуқҳои маҳрумшудааш тавзеҳ диҳад. Дар санади озод карда шудани маҳкумшуда аз номи давлат расман узр хоста (пурсида) мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

Моддаи 207. Озод кардани хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда аз адои ҷазо

1. Хизматчиёни ҳарбие, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ё нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ адо мекунанд, аз адои минбаъдаи ҷазо дар ҳолатҳои беморӣ, ки онҳоро ба адои хизмати ҳарбӣ ношоям мегардонад, озод карда мешаванд. Қисми адонакардаи ҷазо мумкин аст ба намуди ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда шавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

2. Хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда, ки ҷазоро ҳангоми ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ адо мекунанд, дар сурати ба миён омадани дигар асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои озод намудан аз хизмати ҳарбӣ мумкин аст тибқи тартиби муқарраршуда аз ҷониби суд пеш аз мӯҳлат бо ивази қисми адонанамудаи ҷазо ба ҷазои нисбатан сабуктар ё бидуни он аз ҷазо озод карда шаванд.

Моддаи 208. Тартиби пешниҳод кардан барои пеш аз мӯҳлат озод намудан аз адои ҷазо

1. Оид ба маҳкумшудае, ки нисбаташ шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан ё ивази қисми адонакардаи ҷазо ба намуди ҷазои нисбатан сабуктар истифода шуданаш мумкин аст, муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо ба суди маҳалли адои ҷазо тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ дар хусуси шартан пеш аз мӯҳлат озод кардан аз адои ҷазо ё иваз намудани қисми адонакардаи ҷазо ба ҷазои нисбатан сабуктар пешниҳод мефиристад.

2. Ҳангоми аз ҷониби маҳкумшуда адо кардани қисми мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун маъмурияти муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо вазифадоранд дар давоми як моҳ масъаларо баррасӣ намуда, дар бораи пешниҳод ё радди пешниҳоди шартан пеш аз мӯҳлат озод кардани маҳкумшуда аз адои ҷазо ё иваз кардани қисми адонанамудаи ҷазо ба ҷазои нисбатан сабуктар қарор бароранд.

3. Нисбати маҳкумшудае, ки барои бахшиши ҷазо пешниҳод шудааст, маъмурият ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо мутобиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шафоатномаи дахлдор манзур медорад.

4. Дар пешниҳоди шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод намудан, иваз кардани қисми адонанамудаи ҷазо ба ҷазои нисбатан сабуктар ва бахшиши ҷазо бояд маълумоти тавсифкунандаи шахсияти маҳкумшуда, инчунин рафтори ӯ, муносибат ба таҳсил ва меҳнат ҳангоми адои ҷазо, муносибати маҳкумшуда ба кирдори содирнамудааш инъикос карда шавад.

5. Дар сурати аз ҷониби суд рад кардани шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардани маҳкумшуда ё иваз кардани қисми адонакардаи ҷазо ба ҷазои нисбатан сабуктар такроран манзур кардани пешниҳод оид ба ҳамин масъалаҳо метавонад на барвақттар аз гузаштани се моҳ аз рӯзи баровардани таъиноти раддия пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

6. Тартиби татбиқи авф аз ҷониби мақоме, ки санади авфро баровардааст, муайян карда мешавад.

7. Пешниҳод дар мавриди озод намудан аз адои ҷазо вобаста ба беморӣ дар асоси хулосаи комиссияи тиббӣ аз ҷониби сардори муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо ба суд пешниҳод карда мешавад. Ҳамзамон бо пешниҳод ба суд парвандаи шахсии маҳкумшуда фиристода мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

8. Дар сурати розӣ набудани роҳбари муассиса ё мақоми ваколатдори иҷрои ҷазо бо хулосаи комиссияи тиббие, ки боиси бо сабаби беморӣ аз адои ҷазо озод намудани маҳкумшуда гардида метавонад ӯ бо эътирози асосноки худ ба баррасии суд маводҳои дахлдорро мефиристад.

9. Дар сурате, ки ба корҳои ислоҳӣ ё маҳдуд кардани озодӣ маҳкумшуда маъюбони гурӯҳи I ё II дониста шудаанд, муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо дар хусуси пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардани ӯ ба суд пешниҳод манзур мекунад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

10. Дар сурати ҳомила будани зане, ки ба корҳои ҳатмӣ корҳои ислоҳӣ ё маҳдуд кардани озодӣ маҳкум шудааст, сардори муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо оиди мавқуф гузоштани адои ҷазо аз рӯзи додани рухсатӣ вобаста ба ҳомила ва таваллуд ба суд пешниҳод манзур мекунад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48, аз 29.12.2011 № 648).

11. Шахсе, ки барои ҷинояти начандон вазнин маҳкум шудааст, вобаста ба ҳолатҳои фавқулодда, ки моддаи 80 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, озод карда шуданаш мумкин аст. Пешниҳод оиди озод намудан аз адои ҷазо вобаста ба ҳолатҳои фавқулодда аз ҷониби сардори муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо ба суд манзур карда мешавад. Ҳамзамон бо пешниҳод ба суд акти мақомоти маҳаллии ҷои истиқомати маҳкумшуда дар мавриди ҳодисаҳои бадбахтӣ ё маълумотномаи мақоми дахлдор дар мавриди бемории вазнин ё фавти ягона аъзои қобили меҳнати оила ва парвандаи шахсии маҳкумшуда фиристода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

Моддаи 209. Мавқуф гузоштани адои ҷазо нисбати занони ҳомиладори маҳкумшуда ва занони маҳкумшудае, ки кӯдакони то синни ҳаштсола доранд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48)

1. Ба занони ҳомиладори маҳкумшуда ва занони маҳкумшудае, ки кӯдакони то синни ҳаштсола доранд ва ҷазоро дар колонияҳои ислоҳӣ адо мекунанд, ба ғайр аз онҳое, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум шудаанд суд метавонад тибқи моддаи 78 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои ҷазоро нисбати онҳо мавқуф гузорад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48, аз 29.12.2010 № 648).

2. Масъалаи мавқуф гузоштани адои ҷазо аз ҷониби суд бо дархости маҳкумшуда, намояндаи қонунии ӯ, хешовандони наздик, ҳимоятгар ё бо пешниҳоди прокурор ҳал карда мешавад. Инчунин ба дархост хулосаи тиббӣ дар хусуси ҳомила будани маҳкумшуда ё маълумотнома дар бораи доштани кӯдаки то синни ҳаштсола, розигии хешовандон дар мавриди қабул кардани маҳкумшуда бо фарзандаш, бо манзили истиқоматӣ таъмин кардани онҳо ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои зист дар якҷоягӣ бо кӯдак ё маълумотнома дар хусуси он, ки ӯ манзили истиқоматӣ ва шароити зарурӣ барои зист дар якҷоягӣ бо кӯдак дорад, замима мегарданд. Тибқи талаби суд маъмурияти муассисаи ислоҳӣ бояд тавсифнома ва парвандаи шахсии маҳкумшударо ба суд фиристад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

3. Маъмурияти муассисаи ислоҳӣ бо гирифтани таъиноти суд дар хусуси мавқуф гузоштани аз адои ҷазо нисбат ба зани маҳкумшуда ӯро озод мекунад. Аз зани маҳкумшуда оиди дар мавриди дар мӯҳлати се рӯзи пас аз расидан ҳозир шудан ба нозироти корҳои ислоҳии маҳалли истиқоматаш забонхат гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55, аз 15.07.2004 № 48).

4. Зани маҳкумшуда ба маҳалли истиқомати худ мустақилона аз ҳисоби давлат сафар мекунад.

5. Дар рӯзи озодшавӣ ба нозироти корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати зани маҳкумшуда нусхаи таъиноти суд дар мавриди озод намудан аз адои ҷазо бо нишон додани санаи озодкунӣ фиристода мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

6. Нозироти корҳои ислоҳӣ зани маҳкумшударо ба қайд гирифта, минбаъд рафтори ӯро назорат мекунад.

7. Пас аз ҳозиршавии зани маҳкумшуда нозироти корҳои ислоҳӣ дар давоми се шабонарӯз вазифадор аст ба муассисаи ислоҳии маҳалли озод шудани зани маҳкумшуда тасдиқнома фиристад.

8. Дар сурати ҳозир нашудани зани маҳкумшуда дар давоми ду ҳафта аз рӯзи озод шуданаш нозироти корҳои ислоҳӣ чорабиниҳои ибтидоии ҷустуҷӯиро анҷом медиҳад ва агар натиҷаи дилхоҳ ба даст наояд, кофтукови зани маҳкумшударо эълон мекунад.

9. Ба зани маҳкумшудае, ки тартиботи ҷамъиятӣ ё интизоми меҳнатро вайрон кардааст ё аз тарбияи фарзанд ва нигоҳубини ӯ саркашӣ кардааст, нозироти корҳои ислоҳӣ огоҳӣ эълон мекунад.

10. Ҳангоме, ки зани маҳкумшуда талаботи дар қисми сеюми моддаи 78 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаро вайрон кардааст, нозироти корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати ӯ оиди бекор кардани таъиноти суд дар бораи мавқуф гузоштани адои ҷазо ва оиди фиристодани зани маҳкумшуда барои адои ҷазое, ки бо ҳукми суд таъин шудааст, ба суд пешниҳод манзур мекунад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48, аз 29.12.2010 № 648).

11. Зани маҳкумшуда ҳангоме аз тарбияи фарзанд саркашинамуда ҳисобида мешавад, ки агар ӯ расман аз фарзанд даст накашида, вале ӯро дар таваллудхона гузошта бошад ва ё ба хонаи кӯдакон супурда бошад ва ё тарзи ҳаёти зиддиҷамъиятӣ гузаронад ва ба тарбия ва нигоҳубини фарзанд машғул нашавад ё фарзандашро дар назди хешу ақрабо ё дигар ашхос гузошта бошад ё пинҳон шуда бошад ё дигар кирдореро содир мекунад, ки дар хусуси саркашии ӯ аз тарбияи фарзанд гувоҳӣ медиҳад.

12. Баъди ба синни ҳаштсолагӣ расидани тифл ё дар сурати фавтидани ӯ нозироти корҳои ислоҳӣ бо назардошти хусусият ва дараҷаи хавфи ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, рафтори зани маҳкумшуда, муносибати ӯ ба тарбияи фарзанд, мӯҳлати адонамуда ва адонакардаи ҷазо дар хусуси озод кардани зани маҳкумшуда аз адои қисми боқимондаи ҷазо ё дар бораи иваз кардани қисми боқимондаи ҷазо ба намуди ҷазои нисбатан сабуктар ё ба муассисаи ислоҳӣ фиристодани ӯ ба суд пешниҳод мефиристад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48, аз 29.12.2010 № 648).

Моддаи 210. Вазъи ҳуқуқии ашхосе, ки ҷазоро адо кардаанд

1. Ашхосе, ки ҷазоро адо кардаанд, дорои ӯҳдадорӣ ва ҳуқуқҳое мебошанд, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, бо маҳдудиятҳое, ки барои ашхоси дорои доғи судӣ пешбинӣ гардидааст. Чунин маҳдудиятҳоро танҳо қонун пешбинӣ карда метавонад.

2. Ашхосе, ки ҷазоро адо кардаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мустақиман қонун пешбинӣ кардааст, ба барқарор намудани он манфиатҳои қонуние, ки ба доираи ҷазо дохил набуданд, вале вобаста ба иҷрои он поймол шуда буданд, ҳуқуқ доранд.

3. Онҳо вазифадор нестанд, ки оид ба воқеияти маҳкум шудани худ маълумот диҳанд.

4. Воқеияти (факти) адои ҷазо барои маҳдуд кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ин шахс ва ҳам хешовандони наздики ӯ асос шуда наметавонад.

Моддаи 211. Расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ба ашхосе, ки аз адои ҷазо озод карда мешаванд

1. Ба маҳкумшудагоне, ки аз адои ҷазо озод карда шудаанд, кӯмаки иҷтимоӣ расонида мешавад.

2. Кӯмаки иҷтимоӣ дар мусоидат ҷиҳати фароҳам овардани шароити меҳнатию маишатӣ, расонидани ёрии моддӣ, рафъи оқибатҳои адои ҷазо, таъмини нафақа, ҷойгир кунонидан дар муассисаҳои тиббӣ, интернат ва хонаи пиронсолон, муқаррар намудани васоят ифода меёбад.

3. Ашхоси аз адои ҷазо озодшуда барои сафар ба маҳалли истиқомат ё ҷои кор дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳпулӣ, инчунин бо озуқаворӣ ё пул таъмин карда мешаванд. Ҳангоми тибқи мавсим мавҷуд набудани сару либос ва пойафзол ва набудани маблағ барои харидории онҳо озодшудагон бо сару либос ва пойафзол таъмин карда мешаванд. Ба онҳо мумкин аст аз фонди махсуси муассисаи ислоҳӣ ё мақомоти иҷрокунандаи ҷазо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрдампулии яквақта дода шавад.

4. Ноболиғони озодшуда ба назди волидайн ё ашхоси ивазкунандаи онҳо фиристода мешаванд.

5. Дар сурати имконнопазирии фиристодани онҳо комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки маҳалли зисти озодшудагон бо пешниҳоди маъмурияти колония барои бо кор таъмин намудан ё ба таҳсил фаро гирифтани онҳо инчунин фароҳам овардани шароити манзилию маишӣ чораҳо меандешанд. Дар ҳолатҳои мустасно, ҳангоме ки ба маҳалли қаблии истиқомат фиристодани ноболиғ аз нуқтаи назари тарбиявӣ мувофиқи мақсад намебошад, ҷойгиркунии ӯ дар маҳалли дигар аз ҷониби комиссия оид ба кор бо ноболиғони маҳалли ҷойгиршавии колония бо назардошти фикру андешаи озодшуда анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

6. Ашхоси аз ҷазо озодшуда, ки ба нигоҳубини дигарон мӯҳтоҷанд, инчунин ноболиғони то синни шонздаҳсола ба маҳалли истиқомат бо ҳамроҳии хешовандон ё дигар ашхос ё корманди муассисаи ислоҳӣ фиристода мешаванд.

7. Сардори муассисаи ислоҳӣ ё бо супориши ӯ намояндаи маъмурият бо озодшудагон сӯҳбат доир намуда, ба онҳо ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшонро ҳамчун шаҳрванд тавзеҳ медиҳад.

8. Муассисае, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ иҷро мекунад, қаблан нозироти корҳои ислоҳӣ, инчунин мақомоти худидораи маҳаллӣ ва хадамоти шуғлро дар мавриди ба наздикӣ озод гардидани маҳкумшуда ва андешидани чораҳо ҷиҳати расонидани кӯмаки иҷтимоӣ огоҳ месозад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55, аз 15.07.2004 № 48).

9. Нозироти корҳои ислоҳӣ баҳисобгирии ягонаи ашхоси дар ҳамин модда зикргардидаро, ки аз ҷазо озод карда шудаанд, анҷом медиҳад. Нисбат ба ҳар шахс масъалаи зарурат ва ҳадди имконпазири кӯмаки иҷтимоӣ, аз ҷумла пешкаш кардани ҷой дар хобгоҳҳои умумии маркази адаптатсияи иҷтимоӣ барои истиқомати муваққатӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Моддаи 212. Мақомоте, ки ба ашхоси аз адои ҷазо озодгардида кӯмаки иҷтимоӣ мерасонанд

1. Ба ашхосе, ки аз ҷазо озод гардидаанд, нозироти корҳои ислоҳӣ, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, маъмурият, коллективҳои меҳнатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии корхонаю муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо кӯмаки иҷтимоӣ мерасонанд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

2. Ҳамоҳангсозии ҷидду ҷаҳди ҳамаи мақомот ва ташкилотҳо дар мавриди расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ба зиммаи нозироти корҳои ислоҳӣ гузошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

3. Супориш ва дастури нозироти корҳои ислоҳӣ барои ҳамаи роҳбарони корхонаю ташкилот ва муассисаҳо ҳатмӣ мебошад.

Моддаи 213. Мушоҳида ва назорат ба рафтори ашхоси аз ҷазо озод карда шуда

1. Аз болои рафтори ашхосе, ки аз ҷазо озод карда шудаанд, мушоҳидаи нозироти корҳои ислоҳии комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, маъмурият, коллективҳои меҳнатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии маҳалли истиқомат, кор ё таҳсил муқаррар карда мешавад. Бо ин ашхос бо мақсади мустаҳкам кардани натиҷаҳои ислоҳӣ корҳои тарбиявӣ гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55, аз 29.12.2010 № 648).

2. Нисбат ба ашхосе, ки аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ озод гардида, барои ретсидиви махсусан хавфнок маҳкум шуда буданд, ашхосе, ки барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ҷазоро адо кардаанд ва ё ду ё бештар аз он барои ҳама гуна ҷиноятҳои қасдона суд шудаанд ё қаблан аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ то пурра адо намудани мӯҳлати муқаррарнамудаи суд озод шуда, дар мӯҳлати қисми адонашудаи ҷазо боз қасдан ҷиноят содир кардаанд, инчунин оид ба фаъолияти ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, вале рафтори онҳо дар давраи адои ҷазо ё баъди аз ҷазо озод шудан дар бораи ба роҳи ислоҳ нарафтани онҳо ва риоя накардани тартиботи ҳуқуқӣ гувоҳӣ диҳад, назорат муқаррар карда мешавад, ки онро мақомоти корҳои дохилӣ анҷом медиҳад.

3. Муқаррар намудан ва татбиқи назорат аз ҷониби нозироти корҳои ислоҳӣ ҳам бо ташаббуси худ ва ҳам бо тавсияи мақомоти иҷрокунандаи ҷазо, дигар мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ анҷом дода мешавад.

4. Тартиби татбиқи мушоҳида ва назоратро санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар менамояд.

ФАСЛИ IХ.ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ ҚАТЛ

БОБИ 22.ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ ҚАТЛ

Моддаи 214. Тартиб ва ҷои нигоҳ доштани ашхоси ба ҷазои қатл маҳкумшуда

1. Пас аз бароварда шудани ҳукми суд шахсе, ки ба ҷазои қатл маҳкум шудааст, ба камераи махсуси яккасаи изолятори тафтишотӣ таҳти посбонии пурзӯре, ки ҷудо нигоҳ доштани ӯро таъмин мекунад, гузаронида мешавад. Дар ҳолатҳои мустасно дар як камера на бештар аз ду нафар ашхоси ба ҷазои қатл маҳкумшуда нигоҳ дошта мешаванд.

2. То эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ба ҷазои қатл маҳкумшудагон дорои ӯҳдадорӣ ва ҳуқуқе мебошанд, ки барои ашхоси дар маҳалҳои ҳабси пешакӣ қарордошта муқаррар гардидааст.

3. Номгӯй ва миқдори асбобу анҷом ва чизу чорае, ки ашхоси ба ҷазои қатл маҳкумшуда бо худ дошта метавонанд, тибқи Низомномаи тартиби нигоҳ доштани ашхоси ба ҷазои қатл маҳкумшуда дар изоляторҳои тафтишотӣ ва маҳбасҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

Моддаи 215. Вазъи ҳуқуқии ашхосе, ки ба ҷазои қатл маҳкум шудаанд

1. Пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд ашхоси ба ҷазои қатл маҳкумшуда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ҳуқуқ доранд, бо илтимоснома дар бораи бахшиши ҷазо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

2. Ба ҷазои қатл маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд:

а) бо адвокат ва дигар ашхосе, ки барои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ҳақ доранд, бидуни маҳдудият дар давоми рӯзи корӣ мулоқот кунанд;

б) бидуни маҳдудият мактуб ва барқия гиранд ва фиристанд;

в) бидуни маҳдудият посылка, дастовез ва бандероль гиранд;

г) дар як моҳ як маротиба то фиристодан ба маҳалли иҷрои ҷазо бо давомнокии то ду соат бо хешовандони наздик мулоқоти кӯтоҳмуддат дошта бошанд;

д) аз гаштугузори ҳамарӯза бо давомнокии 30 дақиқа истифода баранд;

е) бо пули худ бе маҳдудият озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз харанд;

ж) тибқи тартиби пешбининамудаи қонун муносибатҳои зарурии гражданию ҳуқуқӣ ва никоҳу оилавиро ба расмият дароранд;

з) бо ходимони дин мулоқот кунанд;

и) ёрии зарурии тиббӣ гиранд.

3.Ба ҷазои қатл маҳкумшудагон, ки нисбати онҳо ҳукми суд эътибори қонунӣ пайдо кардааст, вале ҳанӯз масъалаи бахшиши ҷазо ҳал нагардидааст ва ё илтимосномаи онҳо дар бораи бахшиши ҷазо қонеъ гардонида шудааст, то фиристодан ба муассисаи ислоҳӣ ҷиҳати адои минбаъдаи ҷазо дар шароите, ки барои колонияҳои ислоҳии дорои низоми махсус муқаррар гардидааст, нигоҳ дошта мешаванд.

4. Ба қатл маҳкумшудагоне, ки илтимосномаашон дар хусуси бахшиши ҷазо рад шудааст, то фиристодан ба муассисаҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои ҷазо дар шароите, ки барои маҳбасҳои низоми сахт муқаррар гардидааст, нигоҳ дошта мешаванд.

Моддаи 216. Тартиби бо илтимоснома дар бораи бахшиши ҷазо муроҷиат кардани шахси ба ҷазои қатл маҳкумшуда

1. Ашхоси ба ҷазои қатл маҳкумшуда дар давоми ҳафт шабонарӯз аз рӯзи ба онҳо супурда шудани нусхаи ҳукми суд ё таъиноти кассатсионӣ метавонанд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо илтимоснома дар бораи бахшиши ҷазо муроҷиат кунанд. Дар чунин ҳолат иҷрои ҳукми суд то аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардани қарор боздошта мешавад.

2. Агар ба ҷазои қатл маҳкумшуда дар мӯҳлати муайянгардида илтимоснома дар бораи бахшиши ҷазо пешниҳод накунад ё изҳор кунад, ки бо чунин илтимоснома муроҷиат нахоҳад кард, маъмурияти изолятори тафтишотӣ бо иштироки прокурор акти дахлдор тартиб медиҳанд.

3. Илтимоснома дар бораи бахшиши ҷазо ё акт бо маводи дахлдор дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз аз рӯзи қабули илтимоснома ё тартиб додани акт ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Моддаи 217. Мӯҳлати баррасии илтимосномаи маҳкумшуда дар мавриди бахшиши ҷазо

1. Илтимоснома оид ба бахшиши ҷазои ашхосе, ки ба қатл маҳкум шудаанд, ё мавод дар мавриди аз ҷониби ин ашхос рад намудани пешниҳоди илтимоснома дар бораи бахшиши ҷазо дар мӯҳлати на дертар аз чор моҳи аз рӯзи расидани онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.

2. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси бахшиши ҷазо ё дар бораи радди илтимоснома дар бораи бахшиши ҷазо ҷиҳати иҷро ба сардори изолятори тафтишотӣ ва суде, ки ҳукм баровардааст, фиристода мешавад.

Моддаи 218. Чораҳои амниятӣ ва асосҳо барои истифодаи яроқ

Нисбат ба ашхоси ба қатл маҳкумшуда чораҳои амниятӣ ва яроқ дар ҳамон асосҳое, ки нисбат ба ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда истифода мегардад, татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 48).

Моддаи 219. Асос ва тартиби иҷрои ҷазои қатл

1. Барои иҷрои ҷазо дар намуди қатл ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд, хулосаҳои Раиси Судии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мавҷуд набудани асосҳо барои овардани эътироз ба тариқи назоратӣ аз болои ҳукми суд, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи радди шафоатнома дар бораи бахшиши ҷазо ва ё акт дар бораи радди муроҷиат бо шафоатнома дар бораи бахшиши ҷазо аз ҷониби маҳкумшуда асос шуда метавонанд.

2. Қатл дар шакли ғайриоммавӣ бо усули паррондан иҷро карда мешавад. Иҷрои ҷазои қатл нисбат ба якчанд шахс дар алоҳидагӣ ва дар ҳозир набудани дигарон анҷом дода мешавад.

Моддаи 220. Ашхосе, ки ҳангоми иҷрои ҷазои қатл иштирок мекунанд

1. Ҳангоми иҷрои ҷазои қатл прокуроре, ки қонуниятро дар маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ ва ҳабси пешакӣ назорат мекунад, сардори муассисае, ки ҳукмро иҷро мекунад ва духтур иштирок менамоянд.

2. Марги маҳкумшуда аз ҷониби духтур тасдиқ карда мешавад. Дар мавриди иҷрои ҳукм протокол тартиб дода мешавад, ки онро ашхоси дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида имзо мегузоранд.

Моддаи 221. Огоҳинома оид ба иҷрои ҳукми қатл

1. Сардори муассисаи маҳалли иҷрои ҳукми қатл бо мактуби махсус фавран ба Раёсати иттилооти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои ҳукм маълумот медиҳад.

2. Раёсати иттилоот дар мӯҳлати се рӯз судеро, ки ҳукм баровардааст, дар мавриди иҷрои ин ҳукм хабар медиҳад.

3. Суд чунин хабарро гирифта, барои бақайдгирии марги маҳкумшуда ба шӯъбаи (бюро) сабти санадҳои ҳолати граждании маҳалли охирини зисти маҳкумшуда ва дар ҳолати имконнопазир будани муайян кардани ҷои истиқомати ӯ , ба маҳалли ҷойгиршавии суде, ки ҳукм баровардааст, огоҳинома мефиристад. Ҳамзамон хешовандони наздики маҳкумшударо низ дар бораи иҷрои хукми қатл огоҳ месозад. Ҷасади маҳкумшуда барои дафн дода намешавад ва ҷои дафн хабар дода намешавад.

Моддаи 222. Боз доштани иҷрои ҳукми қатл

1. Ҳангоми ошкор гардидани нишонаҳои вайроншавии вазъи рӯҳӣ дар ашхоси ба ҷазои қатл маҳкумшуда маъмурияти изолятори тафтишотӣ ташхиси тиббии ӯро аз ҷониби комиссия дар ҳайати се духтури мутахассис гузаронида, дар ин маврид протокол тартиб медиҳад.

2. Дар сурати муайян кардани бемории рӯҳие, ки маҳкумшударо аз дарк кардани ҳаракати худ ё идора кардани он маҳрум сохтааст, ҳукм оиди ҷазои қатл ба иҷро расонида намешавад ва протоколи ташхиси тиббӣ ба суде, ки ҳукм баровардааст, фиристода мешавад.

ФАСЛИ X.НАЗОРАТ АЗ БОЛОИ МАҲКУМШУДАГОНЕ, КИ БОШАРТАН ТАТБИҚ НАКАРДАНИ ҶАЗО МАҲКУМ ШУДААНД.

БОБИ 23.БА АМАЛ БАРОВАРДАНИ НАЗОРАТ АЗ БОЛОИ РАФТОРИ МАҲКУМШУДАГОН БО ШАРТАН ТАТБИҚ НАКАРДАНИ ҶАЗО

Моддаи 223. Мақомоте, ки назорати рафтори маҳкумшудагонро бо шартан татбиқ накардани ҷазо ба амал мебароранд

1. Назорат аз болои рафтори маҳкумшуда бо шартан татбиқ накардани ҷазо дар давоми мӯҳлати санҷиш аз ҷониби нозироти корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати маҳкумшуда, назорати хизматчиёни ҳарбӣ дар давраи адои хизмати ҳарбӣ бошад аз тарафи фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ ба амал бароварда мешавад.

2. Тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҷиҳати назорат аз болои рафтори маҳкумшудаи бо шартан татбиқ накардани ҷазо кормандони хадамоти дахдори мақомоти корҳои дохилӣ ҷалб карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

Моддаи 224. Баҳисобгирии мӯҳлати санҷиш

1. Мӯҳлати санҷиш аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд ба ҳисоб гирифта мешавад.

2. Пас аз гузашти мӯҳлати санҷиш назорат аз болои рафтори маҳкумшуда қатъ гардида, ӯ аз қайди нозироти корҳои ислоҳӣ бароварда мешавад.

Моддаи 225. Тартиби ба амал баровардани назорат аз болои рафтори маҳкумшуда бо шартан татбиқ накардани ҷазо

1. Нозироти корҳои ислоҳӣ баҳисобгирии инфиродии маҳкумшудагонро дар давоми мӯҳлати санҷиш ба амал бароварда, дар ҳолатҳо ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони хадамоти дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ аз тарафи маҳкумшуда риоя намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои аз ҷониби суд ба зиммааш гузошташударо назорат мекунад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55).

2. Ҳангоми нисбат ба маҳкумшудагон бо шартан татбиқ накардани ҷазо таъин намудани ҷазои иловагӣ дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян нозироти корҳои ислоҳӣ чорабиниҳои пешбининамудаи моддаҳои 33-38 ҳамин Кодексро дар ҳаҷми пурра ба амал мебарорад.

3. Дар сурати ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ даъват шудани шахси бо шартан татбиқ накардани ҷазо маҳкумшуда ба комиссариати ҳарбӣ нусхаи ҳукм ва дар ҳолатҳои зарурӣ дигар асноде, ки барои ба амал баровардани назорат аз болои рафтори шахси бо шартан татбиқ накардани ҷазо маҳкумшуда дар маҳалли адои хизмат лозиманд, фиристода мешаванд. Фармондехии қисми ҳарбӣ вазифадор аст дар мӯҳлати даҳ рӯз ба нозироти корҳои ислоҳӣ дар мавриди ба қайд гирифтани чунин шахс ва пас аз адои хизмат - дар мавриди ҷавоб шудани ӯ аз қисми ҳарбӣ иттилоъ диҳад.

4. Маҳкумшудагон бо шартан татбиқ накардани ҷазо вазифадоранд дар назди нозироти корҳои ислоҳӣ ва фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ оид ба рафтори худ ҳисобот дода, ӯҳдадориҳои аз ҷониби суд ба зиммаашон гузошташударо иҷро кунанд, бо даъвати нозирот ҳозир шаванд. Ҳангоми ба нозирот бидуни сабабҳои узрнок ҳозир нашудани маҳкумшуда ӯ маҷбурӣ оварда шуданаш мумкин аст.

5. Ҳангоми аз назорат саркашӣ намудани маҳкумшуда бо шартан татбиқ накардани ҷазо нозироти корҳои ислоҳӣ оид ба муайян намудани ҷои буду бош ва сабабҳои саркашии ӯ чораҳои ибтидоӣ меандешад.

Моддаи 226. Ҷавобгарии маҳкумшудагон бо шартан татбиқ накардани ҷазо

1. Ҳангоми саркашии маҳкумшуда бо шартан татбиқ накардани ҷазо аз иҷрои ӯҳдадориҳое, ки суд ба зимааш гузоштааст ё аз ҷониби ӯ вайрон гардидани тартиботи ҷамъиятӣ, ки барои он муҷозоти маъмурӣ андешида шуда буд, нозироти корҳои ислоҳӣ ӯро дар мавриди имконпазирии беэътибор донистани шартан татбиқ накардани ҷазо ба таври хаттӣ огоҳ месозад.

2. Дар сурати аз ҷониби маҳкумшуда бо шартан татбиқ накардани ҷазо ба ҷо наовардани талаботи дар қисми чоруми моддаи 225 ҳамин Кодекс зикргардида, инчунин ҳангоми мавҷуд будани дигар ҳолатҳое, ки ба зиммаи ӯ вогузоштани дигар ӯҳдадориҳо мувофиқи мақсад аст, гувоҳӣ медиҳад, сардори нозироти корҳои ислоҳӣ ба суд пешниҳоди дахлдор ирсол менамояд.

3. Дар сурати аз ҷониби маҳкумшуда бо шартан татбиқ накардани ҷазо дар давоми мӯҳлати санҷиш мунтазам ба қонуншиканиҳо роҳ дода, барои содир кардани онҳо ба ӯ муҷозоти интизомӣ таъин шуда бошад ва ё ашаддӣ аз иҷро кардани ӯҳдадориҳое, ки суд ба зиммааш гузошта буд, саркашӣ намояд, сардори нозироти корҳои ислоҳӣ ба суд дар мавриди беэътибор донистани шартан татбиқ накардани ҷазо ва иҷрои ҷазое, ки бо ҳукми суд таъин шудааст, пешниҳод ирсол менамояд.

4. Ба таври ашаддӣ саркашӣ намудан аз иҷро кардани ӯҳдадорӣ - ин содир кардани кирдорҳои манъшуда ё аз ҷониби шахси бо шартан татбиқ накардани ҷазо маҳкумшуда беш аз ду маротиба дар тӯли сол иҷро накардани ҳаракатҳое, ки ба зиммаи ӯ гузошта шудааст ё ба таври давомдор (беш аз 30 рӯз) иҷро накардани ӯҳдадориҳои аз ҷониби суд ба зиммааш гузошташуда ба ҳисоб мераванд.

ЗАМИМА

НОМГӯИ (РӯЙХАТИ) МОЛУ МУЛКЕ, КИ БО ҲУКМИ СУД МУСОДИРА КАРДА НАМЕШАВАД

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648)

Молу мулк ва чизу чораи зайл, ки ба маҳкумшуда вобаста ба ҳуқуқи моликияти шахсӣ марбутанд ё ҳиссаи ӯ дар моликияти умумӣ мебошанд ва барои маҳкумшуда ва ашхосе, ки таҳти сарпарастиаш қарор доранд, зарур мебошанд, мусодира карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648):

1. Бинои истиқоматӣ бо иншооти хоҷагӣ ё қисмҳои алоҳидаи он, агар маҳкумшуда ва оилаи ӯ доимӣ дар он зиндагӣ кунанд (вале на бештар аз як хона барои оила).

2. Хона ё қисми алоҳидаи он, агар маҳкумшуда ва оилаи ӯ доимӣ дар он зиндагӣ кунанд (вале на бештар аз як хона барои оила).

3. Қитъаҳои замин, ки дар онҳо хона ва иншооти хоҷагии мусодиранашаванда воқеанд, инчунин қитъаҳои замине, ки барои пешбурди корҳои кишоварзӣ ва хоҷагии ёрирасон зарур мебошанд.

4. Ягона гов ва дар сурати надоштани гов - ягона гӯсола; дар хоҷагихое, ки гову гӯсола надоранд - ягона буз, гӯсфанд ё хук; аз ашхосе, ки дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд - иншооти хоҷагӣ ва ҳайвоноти хонагӣ дар шуморае, ки барои қонеъ намудани талаботи ҳадди ақали аъзои оилаи ӯ заруранд, инчунин паррандаҳои хонагӣ.

5. Хӯрокаи чорво, ки то ҷамъоварии хӯрокаи нав ё то ба чарогоҳ баровардани мол зарур аст.

6. Тухмие, ки барои кишту кори навбатии зироатҳои кишоварзӣ заруранд.

7. Чизу чораи зарурии хона, асбобу анҷоми рӯзғор, сару либосе, ки барои маҳкумшуда ва аъзои таҳти парастории (таъминоти) ӯ қарордошта, заруранд;

а) яхдон, телевизор, радио, дигар асбобу таҷҳизоти барқии маишӣ;

б) сару либос, пойафзол, либоси таг, сомони хоб, мебель, асбобу анҷоми рӯзгор ва ошпазхона, ки истифода мешаванд (ба истиснои ашьёе, ки аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо тайёр карда шудаанд, ба ғайр аз нигинҳои ақди никоҳ ва ашьёе, ки ёдгории оилавӣ мебошанд, инчунин ашьёи дорои арзиши таърихию бадеӣ);

в) ҳама гуна асбобу анҷоми кӯдакон (ба ғайр аз техникаҳои компьютерӣ, аудио ва видео).

8. Озуқаворӣ дар ҳаҷме, ки барои маҳкумшуда ва аъзои оилаи ӯ то ҳосили нав зарур мебошанд, агар шуғли асосии маҳкумшуда соҳаи кишоварзӣ бошад, дар ҳолатҳои дигар озуқаворӣ ва пул ба маблағи умумие, ки ба андозаи садкаратаи маоши ҳадди ақал (дар рӯзи мусодира) барои маҳкумшуда ва ашхосе, ки ӯ вазифадор аст таъмин кунад, баробар бошад.

9. Сӯзишворӣ, ки барои пухтани озуқаворӣ ва гарм кардани бинои истиқоматии оила дар давоми мавсими гармидиҳӣ заруранд.

10. Ашё, (асбобу анҷом), васоити таълимӣ ва китоб, ки барои машғулияти касбии маҳкумшуда заруранд (ба истиснои оне, ки аз маводи қиматбаҳо сохта шудаанд, инчунин дорои арзиши таърихӣ ва бадеӣ мебошанд, инчунин дар ҳолатҳое, ки агар маҳкумшуда бо ҳукми суд аз машғул шудан ба фаъолияти муайян маҳрум кардашуда бошад ё ҳангоме, ки ашьё (асбобу анҷом) аз ҷониби маҳкумшуда барои содир намудани ҷиноят истифода гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 648).

11. Воситаҳои нақлиёт, ки махсус барои ҳаракати маъюбон пешбинӣ гардидааст.

12. Мукофотҳои байналхалқӣ ва дигар мукофотҳое, ки маҳкумшуда сарфароз гардидааст.