ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 майи соли 2017 № 775
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 июли соли 2017 № 422
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 505; с. 2003, №12, мод. 683; с. 2004, №7, мод. 455; с. 2005, №3, мод. 127; с. 2008, №3, мод. 190, №12, қ. 1, мод. 987; с. 2010, №7, мод. 552, №12, к. 1, мод. 810; с. 2011, №6, мод. 443; с. 2012, №4, мод. 255, №7, мод. 716, №12, к. 1, мод. 1018; с. 2013, №7, мод. 507, №12, мод. 880; с. 2015, №11, мод. 951, мод. 952; с. 2016, №3, мод. 129, №5, мод. 358, №11, мод. 876), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Матни моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".
2. Ба банди б) моддаи 81 пас аз калимаи "Душанбе" калимаҳои ", нақлиёти Тоҷикистон" илова карда шаванд.
3. Дар қисми 7 моддаи 82, қисми 6 моддаи 169, қисми 11 моддаи 208, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 216 ва қисми 1 моддаи 219 калимаҳои "акти" ва "акт" мувофиқан ба калимаҳои "санади" ва "санад" иваз карда шаванд.
4. Матни моддаи 147 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Дар ҳолатҳои истисноӣ, ҳангоми мусбӣ арзёбӣ гардидани рафтори маҳкумшудаи ба синни 18 расида, суд метавонад ӯро то ба синни 20 расидан бо пешниҳоди сардори колонияи тарбиявӣ ва бо розигии прокурор дар колонияи тарбиявӣ мононад.
2. Нисбат ба маҳкумшудаи ба синни 18 расидае, ки дар колонияи тарбиявӣ мононда шудааст, шартҳои адои ҷазо, меъёри хӯрокворӣ ва таъминоти моддию маишии барои маҳкумшудагони ноболиғ муқарраргардида татбиқ карда мешавад.".
5. Матни моддаи 148 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Шахсони ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, ки ба синни 18 расидаанд, бо пешниҳоди сардори муассиса ва розигии прокурор аз ҷониби суд ба колонияҳои ислоҳӣ аз рӯи низоми адои ҷазои таъингардида гузаронида мешаванд.
2. Маҳкумшудагоне, ки ба синни 20 расидаанд, бо қарори сардори колонияи тарбиявӣ барои адои минбаъдаи ҷазо ба колонияҳои ислоҳӣ аз рӯи низоми адои ҷазои таъингардида гузаронида мешаванд.".
6. Дар моддаи 208:
- ба қисми 1 пеш аз калимаи "пешниҳод" калимаҳои "бо розигии прокурор" илова карда шаванд;
- ба қисмҳои 7 ва 11 пас аз калимаҳои "иҷрокунандаи ҷазо" калимаҳои "бо розигии прокурор" илова карда шаванд.
7. Қисми 8 моддаи 211 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"8. Муассисае, ки иҷрои ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ таъмин мекунад, нозирони корҳои ислоҳӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти ваколатдор дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро дар хусуси ба наздикӣ озод шудани маҳкумшуда ва андешидани чораҳо ҷиҳати расондани кумаки иҷтимоӣ ба ӯ огоҳ месозад.".
8. Ба қисми 2 моддаи 213 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: "Барои таъмин намудани мушоҳида ва назорат муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мақомоти корҳои дохилиро дар хусуси ба наздикӣ озод шудани маҳкумшуда огоҳ мекунанд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишорӣ расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
18 июли соли 2017 № 1444
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОДЕКС ИСПОЛНЕНИЯ УГОЛОВНЫХ НАКАЗАНИЙ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Принят Постановлением МН МОРТ
от 11 мая 2017 года, №775
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 12 июля 2017 года, №422
Статья 1. Внести в Кодекс исполнения уголовных наказаний Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 6 августа 2001 года (Ахбор Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2001 г., №7, ст. 505; 2003 г., №12, ст. 683; 2004 г., №7, ст. 455; 2005 г., №3, ст. 127; 2008 г., №3, ст. 190, №12, ч. 1, ст. 987; 2010 г., №7, ст. 552, №12, ч. 1, ст. 810; 2011 г., №6, ст. 443; 2012 г., №4, ст. 255, №7, ст. 716, №12, ч. 1, ст. 1018; 2013 г., №7, ст. 507, №12, ст. 880; 2015 г., №11, ст. 951, ст. 952; 2016 г., №3, ст. 129, №5, ст. 358, №11, ст. 876), следующие изменения и дополнения:
1. Текст статьи 1 изложить в следующей редакции:
"Законодательство Республики Таджикистан об исполнении уголовных наказаний основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Кодекса, иных нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном.".
2. Пункт б) статьи 81 после слов "города Душанбе" дополнить словами ", транспортным прокурором Таджикистана".
3. В статье 147:
- часть 1 изложить в следующей редакции:
"1. В исключительных случаях, то есть положительной оценки поведения осужденного, достигшего 18 летнего возраста, суд может оставить его в воспитательной колонии до 20-летнего возраста по представлению начальника воспитательной колонии и с согласия прокурора.";
- часть 3 исключить.
4. Текст статьи 148 изложить в следующей редакции:
"1. Лица, осужденные к лишению свободы, достигшие 18-летнего возраста, переводятся судом в исправительные колонии установленного режима отбывания наказания по представлению начальника колонии и с согласия прокурора.
2. Осужденные, достигшие 20 - летнего возраста, переводятся постановлением начальника воспитательной колонии для дальнейшего отбывания наказания в исправительные колонии установленного режима отбывания.".
5. Части 1, 7 и 11 статьи 208 после слова "наказание" дополнить словами ", согласия прокурора".
6. Часть 8 статьи 211 изложить в следующей редакции:
"8. Учреждение, исполняющее наказание в виде ограничения свободы или лишения свободы, заблаговременно сообщает инспекции исправительных работ, местным исполнительным органам государственной власти, органам самоуправления поселков и сел, уполномоченным органам труда, миграции и занятости населения о предстоящем освобождении осужденного для принятия мер по оказанию ему социальной помощи.".
7. Часть 2 статьи 213 дополнить вторым предложением следующего содержания:
"Учреждения системы исполнения уголовного наказания сообщают органам внутренних дел о предстоящем освобождении осуждаемого для обеспечения наблюдения и надзора.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 18 июля 2017 года, №1444