ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 07.09.2006с. № 421)
Мувофиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ" барои танзими фаъолият дар соҳаи алоқа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Низомномаи Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
3. Шумораи умумии кормандони Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо дарназардошти ҳайати хизматрасон) 25 воҳид муқаррар карда шавад.
4. Маблағгузории Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
Шартҳои пардохти музди меҳнати кормандони мақомоти идораи давлати нисбати кормандони Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шаванд.
5. Истинодҳо ба Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷозатномаҳо, сертификатҳо ва хулосаҳои техникии амалкунанда ҳамчун истинодҳо ба Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешаванд.
6. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2001 № 337 "Дар бораи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 5 қарор баъди калимаҳои "Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои ", Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;
- сархати сеюми банди 6 қарор хориҷ карда шавад;
- ба Нақшаи идораи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон банди 3 дорои мазмуни зерин илова карда шавад:
"Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 10 майи соли 2005 № 172
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О создании Агентства регулирования связи при Министерстве связи Республики Таджикистан
(в редакции Постановления Правительства РТ от 07.09.2006г. №421)
В соответствии со статьей 8 Закона Республики Таджикистан "Об электрической связи" для регулирования деятельности в области связи Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Создать Агентство регулирования связи при Министерстве связи Республики Таджикистан.
2. Утвердить Положение об Агентстве регулирования связи при Министерстве связи Республики Таджикистан (прилагается).
3. Утвердить общую численность Агентства регулирования связи при Министерстве связи Республики Таджикистан в количестве 22 единицы (без обслуживающего персонала)().
4. Финансирование Агентства регулирования связи при Министерстве связи Республики Таджикистан осуществлять за счет специальных средств Министерства связи Республики Таджикистан.
Распространить на Агентство регулирования связи при Министерстве связи Республики Таджикистан условия оплаты труда органов государственного управления.
5. Ссылки на Министерство связи Республики Таджикистан в действующих лицензиях, сертификатах и технических заключениях рассматриваются как ссылки на Агентство регулирования связи при Министерстве связи Республики Таджикистан.
6. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 5 июля 2001 года № 337 "О Министерстве связи Республики Таджикистан" следующие изменения и дополнения:
- в пункте 5 постановления после слов "Министерство связи Республики Таджикистан" дополнить словами ", Агентство регулирования связи при Министерстве связи Республики Таджикистан";
- абзац третий пункта 6 постановления исключить;
- дополнить Схему управления Министерства связи Республики Таджикистан пунктом 3 следующего содержания:
"Агентство регулирования связи при Министерстве связи Республики Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 10 мая 2005 года №172
г. Душанбе