Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006, № 421 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2005 № 172 "Дар бораи таъсиси Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2005 № 172 "Дар бораи таъсиси Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Воҳидҳои штатии ҳайати хизматрасони Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 3 воҳид ихтисор карда шаванд.

2. Дар банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2005 № 172 "Дар бораи таъсиси Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "(бо дарназардошти ҳайати хизматрасон) 25 воҳид" ба калимаҳои "22 воҳид (бе ҳайати хизматрасон)" иваз карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 7 сентябри соли 2006 № 421

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 10 мая 2005 года № 172 "О создании Агентства регулирования связи при Министерстве связи Республики Таджикистан"

В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Сократить штатные единицы обслуживающего персонала Агентства регулирования связи при Министерстве связи Республики Таджикистан в количестве 3 единиц.

2. В пункте 3 постановления Правительства Республики Таджикистан от 10 мая 2005 года № 172 "О создании Агентства регулирования связи при Министерстве связи Республики Таджикистан" слова "25 единиц (с учетом обслуживающего персонала)" заменить словами "22 единицы (без обслуживающего персонала)".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                     Э. Рахмонов

от "7" сентября 2006 года № 421

г. Душанбе