Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2001, № 337 "Дар бораи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 03.06.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 602 беэътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати Ҷт аз 10.05.2005с. № 172, аз 03.06.2006с. № 255)

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2001 № 536 "Дар бораи тадбирҳои такмили баъзе сохторҳои идораи давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идораи вазорат ва Номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки бо Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартҳои созишномаҳои дуҷониба фаъолият мекунанд, дар таҳрири нав тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2006с. № 255).

2. Шумораи ниҳоии дастгоҳи марказии Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 воҳид (бидуни дастгоҳи хизматрасон ва ҳайати муҳофизати биноҳо) ва нақшаи замимашавандаи Вазорати мазкур муқаррар карда шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2006с. № 255).

Ба Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 3 муовини вазир, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовараи иборат аз 7 нафарро дошта бошад.

Барои Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ 4 воҳид муқаррар карда шавад.

3. Маблағгузории дастгоҳи марказии Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.

сархати дуюми банди 3 хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2006с. № 255).

4. Дар заминаи Инспексияи давлатии алоқаи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Инспексияи давлатии алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил дода шавад.

5. Муқаррар гардад, ки Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инспексияи давлатии алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдаки, 57 ҷойгир мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ от 10.05.2005с. № 172).

6. Банди 6 хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2006с. № 255).

7. Ба корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансубанд ва фаъолияташонро дар соҳаи алоқа тибқи шартҳои созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, дар мӯҳлати чор моҳ оинномаҳои худро бо Низомномаи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида, ҳар сол бо Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо кардани созишномаҳои дуҷонибаро таъмин намоянд. Муқаррар гардад, ки тағйири номи ин корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирии (азнавбақайдгирии) давлатии онҳо монеа намебошад.

8. Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 1992 № 275 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Э. Раҳмонов

аз 5 июли соли 2001 № 337

ш. Душанбе

 

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 28.12.2006г. №602

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

"О Министерстве связи Республики Таджикистан"

(в редакции Постановления Правительства РТ от 10.05.2005г.N172, от 3.06.2006г.№255)

В соответствии с Указом Президента Республики Таджикистан от 14 марта 2001 года № 536 <О мерах по совершенствованию некоторых структур государственного управления> Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Утвердить прилагаемые Положение о Министерстве связи Республики Таджикистан Структуру центрального аппарата, Схему управления министерства и Перечень предприятий, учреждений и других организаций, деятельность которых осуществляется с Министерством связи Республики Таджикистан на основании условий двусторонних соглашений, в новой редакции (прилагаются)(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.06.2006г.№255).

2. Установить предельную численность центрального аппарата Министерства связи Республики Таджикистан в количестве 42 единицы (без обслуживающего аппарата и персонала по охране зданий)и прилагаемую схему управления указанного Министерства. Разрешить Министерству связи Республики Таджикистан иметь 3 заместителей Министра, в том числе одного первого и коллегию в составе 7 человек. Установить Министерству связи Республики Таджикистан лимит служебных легковых автомобилей в количестве 4 единиц(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.06.2006г.№255).

3.Финансирование центрального аппарата Министерства связи Республики Таджикистан осуществлять за счет средств республиканского бюджета.

4.На базе Государственной инспекции связи Министерства связи Республики Таджикистан образовать Государственную инспекцию связи при Министерстве связи Республики Таджикистан.

5.Установить, что Министерство связи Республики Таджикистан и Государственная инспекция связи при Министерстве связи Республики Таджикистан,Агентство регулирования связи при Министерстве связи Республики Таджикистан размещаются по адресу город Душанбе, проспект Рудаки, 57(в редакции Постановления Правительства РТ от 10.05.2005г.N172).

6.ичключен (в редакции Постановления Правительства РТ от 3.06.2006г.№255 )

7.Предприятиям, учреждениям и организациям, относящимся к республиканской собственности и осуществляющим деятельность в области связи на условиях двусторонних соглашений с Министерством связи Республики Таджикистан, в четырехмесячный срок привести свои уставы в соответствие с Положением о Министерстве связи Республики Таджикистан и обеспечить ежегодное подписание двусторонних соглашений с Министерством связи Республики Таджикистан. Установить, что изменение наименований этих предприятий, учреждений и организаций в соответствии с Гражданским кодексом Республики Таджикистан не является препятствием для их государственной регистрации (перерегистрации).

8.Признать утратившим силу постановление Кабинета Министров Республики Таджикистан от 22 июля 1992 года № 275 "Об утверждении Положения о Министерстве связи Республики Таджикистан".

Председатель

Правитетельства Республики Таджикистан Э. Рахмонов

от 5 июля 2001 года №. 337

ш. Душанбе