Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2010 № 832 "Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд) .
2) Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон 350 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ 90 воҳид, кумитаҳои идораи замини вилоятӣ, шаҳри ва ноҳиявӣ 260 воҳид мукаррар карда шавад. Маблағгузории 335 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, аз он дастгоҳи марказӣ 85 воҳид ва 15 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсус, аз он дастгоҳи марказӣ 5 воҳид амалӣ карда шавад
3) Ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки се муовини раис, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад .
4) Ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 19 адад, аз он ҷумла барои дастгоҳи марказӣ ба миқдори 6 адад муқаррар карда шавад .
5) Маблағгузории дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти дар Нақшаи идоракунии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад .
6) Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ :
- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои худро бо қарори мазкур мувофиқ намояд.
7) Дар бандҳои 1 ва 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2008 № 456 "Дар бораи муайян намудани мақоми махсуси ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он" калимаҳои "Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд .
8) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 613 "Дар бораи Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 майи соли 2010 № 225
ш. Душанбе