ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №5, мод.331; с.2010, №7, мод.555; с.2011, №12, мод.84б; с.2013, №11, мод.786; с.2014, №11, мод.663; с.2018, №7-8, мод.532; с.2019, №6, мод. 328)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии фаъолияти бонкиро муайян намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- фаъолияти бонкӣ - аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) анҷом додани амалиёти бонкӣ ва аҳдҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст ;
- низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари қарзии молиявии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда ;
- ташкилотҳои қарзии молиявӣ - ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти дар қонун пешбинишударо амалӣ менамоянд
- ташкилотҳои қарзӣ - шахсони ҳуқуқие (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории хурд), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо иҷро менамоянд
- ташкилоти қарзии давлатӣ - ташкилоти қарзие, ки сармояи (фонди) оинномавии он пурра ба давлат тааллуқ дорад
- бонкӣ фаръӣ - бонке, ки аз ҷониби дигар ташкилоти қарзӣ ё ҷамъияти ҳолдингии бонкӣ назорат карда мешавад
ҷамъияти фаръӣ - шахси ҳуқуқӣ, аз ҷумла бонкӣ фаръие, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ назорат карда мешавад ;
- ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ - ташкилотҳои қарзие, ки ҳуқуқи иҷрои баъзе аз амалиёти бонкиро доранд. Номгӯи амалиёти бонкиро барои ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд ;
- бонки фаръӣ - бонке, ки зиёда аз панҷоҳ фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаи он ба бонки дигар тааллуқ дорад;
- кормандони роҳбарикунанда - раиси ташкилоти қарзӣ ва муовинони ӯ, раиси раёсат ва аъзои дигари он, сармуҳосиби ташкилоти қарзӣ, инчунин роҳбар ва сармуҳосиби филиали ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла филиали бонки хориҷӣ ;
- ҷамъияти ҳолдингии бонкӣ - шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзӣ намебошад ва он дар ташкилоти қарзӣ дорои ваколати назоратӣ мебошад ;
- ҷамъияти вобаста - шахси ҳуқуқие, ки дар он ташкилоти қарзӣ мустақилона ё тавассути ягон кас ё якҷоя бо як ё бештар шахсон бевосита ё бавосита дорои ҳиссаи иштироки зиёда аз 20 фоизи саҳмияҳои овоздиҳанда (ҳиссаҳо) мебошад
- ҷамъияти алоқаманд - шахси ҳуқуқие, ки дар ташкилоти қарзӣ дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнок ё ваколати назоратӣ мебошад, инчунин ҳар гуна шахси ҳуқуқии дигаре, ки дар онҳо ин шахси ҳуқуқӣ дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнок ё ваколати назоратӣ мебошад ;
- ваколати назоратӣ - яке аз ваколатҳои зерин, ки шахе мустақилона (инфиродӣ) ё тавассути ягон кас ё якҷоя бо як ё бештар шахсон:
а) бевосита ё бавосита доранда ё идоракунандаи бештар аз 50 фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаи (ҳиссаҳои) шахси ҳуқуқӣ мебошад;
б) имконияти интихоби аксарияти аъзои Шурои нозирони шахси ҳуқуқӣ ё мақоми ба он баробарро дорад;
в) новобаста аз иштирок дар сармояи шахси ҳуқуқӣ, дорои имконияти бевосита ё бавосита таъсири ҳалкунанда расонидан дар қабули қарорҳои шахси ҳуқуқиро дорад;
г) дорои ваколати назоратии дигаре мебошад, ки Бонки миллии Тоҷикистон муайян кардааст
- филиал - воҳиди махсуси сохтории ташкилоти қарзӣ, ки берун аз маҳали ҷойгиршавии он қарор дошта, аз номи он пурра ё қисман фаъолияти бонкиро иҷро менамояд ва бо ташкилоти қарзӣ сармояи оинномавӣ ва тавозуни ягона дорад ;
- филиали бонки хориҷӣ - воҳиди махсуси сохторӣ, ки аз ҷониби бонки хориҷӣ барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст;
- намояндагӣ - воҳиди махсуси сохтории ташкилоти қарзӣ, ки берун аз маҳали ҷойгиршавии он қарор дошта, манфиатҳои онро ҳифз ва намояндагӣ мекунад ва ягон намуди фаъолияти бонкиро иҷро наменамояд ;
- қарз - маблағе, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ ба қарзгир бо шартҳои пардохти фоиз ва баргардонидан ба мӯҳлати муайян дода шудааст ;
- амонат - маблағ ва сарвати дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба ташкилоти қарзӣ барои нигаҳдорӣ супурда шудаанд ;
- пасандоз - маблағе, ки ҳуқуқи истифодаи муваққатиаш ба ташкилотҳои қарзӣ бо шарти пардохти фоизи муайян вогузор шудааст ;
- резидентҳо - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба ҳамин сифат мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" эътироф шудаанд ;
- ғайрирезидентҳо - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки резидент намебошанд ;
- шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод - шахсе ҳисобида мешавад, ки агар:
а) шахси воқеӣ - резидент ё ғайрирезидент бо ҳукми суд барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона (аз ҷумла ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта) аз озодӣ маҳрум нашуда бошад;
б) нисбат ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ - резидент ё ғайрирезидент барҳамдиҳии маҷбурӣ, муфлисшавӣ татбиқ нашуда бошанд ё аз тарафи суд амалҳо ё беамалии ин шахс ҳамчун дорандаи ҳиссаи иштироки афзалиятнок ё узви мақоми идора ё мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқӣ боиси барҳамдиҳии маҷбурӣ, аз ҷумла муфлисшавӣ эътироф нашуда бошанд;
в) иҷозатномаи ташкилоти қарзии молиявӣ дар давраи ба ҳайси раис (муовинони ӯ), узви раёсат ё сармуҳосиби ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолият кардани шахси воқеӣрезидент ё ғайрирезидент бинобар татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ нисбат ба он бозхонд нашуда бошад;
г) шахси воқеӣ - резидент ё ғайрирезидент аз тарафи суд аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти муайян ё аз ишғоли мансабҳои муайян маҳрум нашуда бошад;
д) шахси воқеӣ - резидент ё ғайрирезидент ҳамчун узви мақоми идора ё корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии молиявӣ бинобар татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ё мақоми назорати бонкии хориҷӣ аз вазифа озод нашуда бошад;
е) шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ - резидент ё ғайрирезидент б о қарори суд ӯҳдадориҳои молиявии иҷронашуда надошта бошанд;
ё) шахси воқеӣ - резидент ё ғайрирезидент барои содир кардани ҷиноятҳои қасдонаи хусусияти коррупсионӣ дошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашуда бошад ;
- ҳиссаи иштироки афзалиятнок - ҳиссаи иштироки шахсе, ки мустақилона (инфиродӣ) ё. тавассути ягон кас ё якҷоя бо як ё бештар шахсон бевосита ё бавосита дорои даҳ фоиз ё зиёда аз он саҳмияҳои овоздиҳандаи (ҳиссаҳои) ташкилоти қарзи мебошад ё ҳиссаи иштироки афзалиятнок, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян гардидааст
- аъзои оила - зан (шавҳар), фарзандон (фарзандхондагон), падару модар, бародарон, хоҳарон, набера, фарзандони зан (шавҳар)
- шахси вобаста - шахсони зерин дар назар дошта мешаванд:
а) аъзои Шӯрои нозирон ва кумитаи аудити ташкилоти қарзӣ;
б) кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ;
в) роҳбарони (муовинони онҳо) воҳидҳои сохтории иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва назорати дохилии ташкилоти қарзӣ;
г) шахси воқеии дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнок дар ташкилоти қарзӣ;
ғ) аъзои оилаи шахсони дар зербандҳои а), б), в) ва г) сархати мазкур зикршуда;
д) шахси ҳуқуқие, ки дар ташкилоти қарзӣ ҳиссаи иштироки афзалиятнок дорад, инчунин аъзои Шӯрои нозирон, мақоми иҷроия, роҳбарони (муовинони онҳо) воҳидҳои сохтории иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва назорати дохилии чунин шахси ҳуқуқӣ ва аъзои оилаи онҳо;
е) шахси ҳуқуқие, ки дар он шахсони дар зербандҳои а), б), в), г) ва д) сархати мазкур зикршуда ҳиссаи иштироки афзалиятнок доранд;
ё) шахси ҳуқуқие, ки дар он ташкилоти қарзӣ ҳиссаи иштироки афзалиятнок дорад, инчунин аъзои Шӯрои нозирон, мақоми иҷроия, роҳбарони (муовинони онҳо) воҳидҳои сохтории иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва назорати дохилии чунин шахси ҳуқуқӣ ва аъзои оилаи онҳо;
ж) ҳар шахси дигар, ки бевосита ё бавосита метавонад ба қабули қарорҳои ташкилоти қарзӣ таъсир расонад
- меъёрҳои мақбул - меъёрҳои иқтисодие, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ муқаррар гардида, риояи онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ҳатмӣ мебошад ;
- пазириши хавф - дараҷа ва намудҳои қаблан муайяншудаи хавфҳое, ки ташкилоти қарзӣ омодааст дар доираи сатҳи ҷоизи хавф барои ноил шудан ба мақсадҳои дар стратегия ва нақшаи тиҷоратии худ пешбинишуда вобаста ба миқёс ва хусусияти фаъолияти худ қабул намояд
- хизматрасониҳои пардохтӣ - қабул намудан ва додани маблағҳои нақд, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли маблағҳо, аз ҷумла интиқоли маблағҳои электронӣ, барориш (эмиссия) ва (ё) хизматрасонии воситаҳои пардохтӣ ва хизматрасонӣ оид ба қабули пардохтҳо ;
- форфейтинг - маблағгузории аҳдҳои тиҷоратӣ бо роҳи баҳисобгирии векселҳо бидуни ӯҳдадории фурӯшанда ;
- факторинг - маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад .
Моддаи 3. Амалиёти бонкӣ ва дигар аҳдҳои ташкилотҳои қарзи (кредитӣ)
1. Ба амалиёти бонкӣ инҳо тааллуқ доранд:
- ҷалби амонат ва пасандозҳо;
- додани қарзҳо (таъминшуда ва таъминнашуда), аз ҷумла :
а) қарзҳои истеъмолӣ, ипотекӣ ва байнибонкӣ ;
б) факторинг;
в) форфейтинг ;
- кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ;
- хариду фурӯши воситаҳои зерин барои худ ё муштариён:
а) воситаҳои бозории пулӣ (аз ҷумла: чекҳо, векселҳо, ӯҳдадориномаҳо ва тасдиқномаҳои пасандозӣ ;
б) асъори хориҷӣ;
в) саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматноки интиқолшаванда;
г) қарордодҳои форвардӣ, созишномаи своп, фючерс, опсион ва дигар ҳосилаҳое, ки ба асъор, саҳмияҳо, вомбаргҳо, металлу сангҳои қиматбаҳо ё қурбу меъёрҳои фоизӣ дахл доранд;
- додани кафолат, баҳисобгирии ӯҳдадориҳои шартӣ, аз ҷумла кафолатҳо ва эътиборномаҳо (аккредитивҳо) барои худ ва муштариён;
- ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли маблағҳо, аз ҷумла интиқоли маблағҳои электронӣ, барориш ва ё хизматрасонии воситаҳои пардохт, ба истиснои интиқолҳои почта ;
- миёнаравӣ дар бозори пулӣ;
- амалиёти сейфӣ, нигаҳдорӣ ва идоракунии дороиҳо (пул, коғазҳои қиматнок, металлҳо, ҷавоҳирот ва ғайра);
- хизматрасонии амалиёти ба боварӣ асосёфта (идоракунии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ва ғайра ба манфиати боварикунанда ва дар асоси супориши он);
- ҳар гуна амалиёти дигаре, ки аз амалиёти дар моддаи мазкур зикршуда бармеоянд ва бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
- амалиёти кассавӣ: қабул намудан, аз нав ҳисоб кардан, иваз намудан, бастан ва нигоҳ доштани пулҳои коғазӣ ва тангаҳо;
- қабул намудан (инкассатсия) ва фиристодани пулҳои коғазӣ, тангаҳо ва ашёи қиматбаҳо;
2. Амалиёти бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар сурати доштани иҷозатномаи дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон ҳам бо пули миллӣ ва ҳам бо асъори хориҷӣ метавонад анҷом дода шавад .
3. Тартиби гузаронидани амалиёти ҷудогонае, ки дар қисми 1 моддаи мазкур номбар шудаанд, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад .
4. Ташкилотҳои қарзӣ, ғайр аз амалиёти бонкии дар қисми 1 моддаи мазкур номбаршуда, ҳуқуқ доранд аҳдҳои зеринро ба амал бароранд :
- додани замонат, ки иҷрои ӯҳдадориҳои пулиро дар назди шахси сеюм пешбинӣ менамояд;
- иҷораи молиявӣ (лизинг);
- амалиёт бо металлу сангҳои қиматбаҳо мутобиқи қонунгузорӣ;
- хизматрасонӣ ба сифати агенти молиявӣ;
- хизматрасонӣ ба сифати мушовир ё маслиҳатгари молиявӣ;
- хизматрасонии иттилооти молиявӣ ва қарзӣ .
5. Анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ ва аҳдҳои пешбининамудаи кисмҳои 1 ва 4 моддаи мазкур бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ метавонад дар доираи таъсис ва татбиқи (гузаронидани) реҷаи махсуси танзим, ки тартиб ва шартҳои таъсис ва татбиқи (гузаронидани) он бо санади меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, озмоиш карда шавад
6. Машғул шудани ташкилоти қарзӣ ба фаъолияти истеҳсолӣ, савдо ва бевосита ба фаъолияти суғурта манъ аст
Моддаи 4. Муносибати байни ташкилоти қарзӣ ва давлат
1. Ташкилоти қарзӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои давлат ва давлат аз рӯи ӯхдадориҳои ташкилоти қарзӣ ҷавобгар намебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар онҳо чунин ӯҳдадориҳоро қабул карда бошанд .
2. Ташкилоти қарзӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи ӯхдадориҳои ташкилоти қарзӣ ҷавобгар намебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар онҳо чунин ӯҳдадориҳоро қабул карда бошанд .
3. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ дахолат кунанд .
4. Барои таъсиси ташкилоти қарзӣ, филиал ё намояндагии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини кормандони роҳбарикунандаи онҳо розигии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ талаб карда намешавад .
5. Ташкилоти қарзӣ аз рӯи шартномаи махсуси дар асоси озмун басташуда метавонад супоришҳои ҷудогонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатиро иҷро кунад, бо маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ амалиёт ва ҳисоббаробаркуниҳо гузаронад. Чунин шартнома бояд ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафайн, шарти назорати мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, инчунин тартиби ҳисоббаробаркунии байниҳамдигариро пешбинӣ намояд .
Моддаи 5. Иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои) ташкилотҳои қарзӣ
1. Ташкилотҳои қарзӣ метавонанд бо мақсади ҳимояи манфиатҳои худ иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои) ғайритиҷоратӣ таъсис диҳанд .
2. Тавассути иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳои) ташкилотҳои қарзии аъзо метавонанд фаъолияти худро ҳамоҳанг созанд, ба робитаҳои байни ташкилотҳои қарзии ватанӣ ва хориҷӣ мусоидат намоянд, дастовардҳои мутақобилаи илмӣ, иттилоотӣ ва касбиро дастраси ҳамдигар гардонанд, ба Бонки миллии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ оид ба фаъолияти бонкӣ тавсияҳо пешниҳод намоянд .
БОБИ 2. БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ ВА ИҶОЗАТНОМАДИҲИИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ
Моддаи 6. Таъсис ва бақайдгирии давлатии ташкилотҳои қарзӣ
1. Тартиби таъсиси ташкилоти қарзӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд" ва қонунҳои дигар бо назардошти муқаррароти Қонуни мазкур муайян карда мешавад .
2. Бонкҳо, ба истиснои бонки давлатӣ, дар шакли ҷамъияти саҳомӣ таъсис меёбанд.
3. Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои қарзӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад .
Моддаи 7. Иҷозатномадиҳии фаъолияти бонкӣ
1. Фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ (минбаъд - иҷозатнома) амалӣ мегардад.
2. Иҷозатнома бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ дар шакли хаттӣ, бемӯҳлат ва бе ҳуқуқи ба шахси дигар вогузор кардани он дода мешавад .
3. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад фаъолияти бонкиро бе иҷозатнома дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" анҷом диҳад.
4. Ташкилотҳои қарзӣ аз лаҳзаи гирифтани иҷозатнома ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти бонкиро пайдо мекунанд .
5. Розигӣ барои оғози фаъолият ба филиали бонки хориҷӣ танҳо дар ҳолате дода мешавад, ки бонки асосии он аз ҷониби мақоми дахлдори давлате, ки ин бонк дар он ҷойгир аст, зери танзим ва назорати маҷмӯии бонкӣ қарор дошта бошад.
6. Бонкҳои фаръӣ ва филиалҳои бонки хориҷӣ тибқи талаботи нисбат ба бонкҳои ватанӣ муқаррарнамудаи қонунгузории бонкӣ таҳти танзим ва назорат қарор мегиранд.
7. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои бонкҳои фаръӣ ва филиалҳои бонкҳои хориҷӣ оид ба анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ маҳдудиятҳо муқаррар намояд, агар дар давлатҳои дахлдори хориҷӣ нисбат ба бонкҳои фаръӣ ва филиалҳои бонкҳои ватанӣ чунин маҳдудиятҳо пешбинӣ карда шаванд.
Моддаи 8. Манъи фаъолияти бонкӣ
1. Ягон шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти бонкӣ бе иҷозатномае, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, машғул шуда наметавонад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барҳам додани шахси ҳуқуқиро, ки бе иҷозатнома амалиёти бонкӣ иҷро мекунад, талаб намояд.
3. Талаботи Қонуни мазкур нисбат ба шахсони зерин татбиқ намегардад:
- ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки фаъолияти онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" танзим мегардад;
- шахсоне, ки барои қарзи додаашон фоиз намегиранд ;
4. Калимаҳои "ташкилоти қарзӣ", "бонк", "ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ" ё калимаҳои аз онҳо бавуҷудомада дар ҳар шакле, ки набошад, наметавонад нисбат ба фаъолият ё хизматрасонӣ бе иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон истифода шаванд, ба истиснои чунин истифодабарие, ки мувофиқи қонун ё шартномаҳои байналмилалӣ муқаррар ё эътироф шуда бошад ё дар матне, ки калимаю ибораҳои номбаршуда истифода шудаанд, муайян бошад, ки он фаъолияти бонкиро дар назар надорад .
5. Намояндагӣ калимаҳои "ташкилоти қарзӣ" ё калимаи "бонк"-ро дар номи худ набояд истифода барад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки калимаҳои "ташкилоти қарзӣ" ё калимаи "бонк" қисми ҷудонопазири номи ташкилоти қарзӣ ё бонки хориҷиеро ифода кунад, ки онҳо ба ӯ тааллуқ доранд ба шарте ки дар чунин ҳолатҳо калимаи намояндагӣ илова карда шавад .
6. Ташкилоти қарзӣ бояд инҳоро дошта бошад :
- номи расмӣ ва ихтисораи он, ки ба шакли ташкилию ҳуқуқии он ишора мекунад;
- номгӯи фаъолият, ки ба забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ сабт шудааст;
- мӯҳр, бо зикри номи ташкилоти қарзӣ бо забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ .
7. Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор аст ҳангоми баррасии ариза барои гирифтани иҷозатнома истифодаи номи ташкилоти қарзиро манъ кунад, агар чунин ном аллакай дар Феҳристи сабти ташкилотҳои қарзӣ мавҷуд бошад № 2072).
Моддаи 9. Ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд
1. Муассиси (муассисони)ташкилотҳои қарзӣ пеш аз бақайдгирии давлатӣ ва гирифтани иҷозатнома бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон ариза, ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зеринро бо забони давлатӣ дар шакли хаттӣ ё тавассути низоми электронӣ пешниҳод намуда, хулосаи пешакии Бонки миллии Тоҷикистонро гиранд № 2072):
- лоиҳаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ бо нишон додани маблағи эълоншудаи сармояи оинномавӣ
- маълумотнома бо зикри ному насаб, шаҳрвандӣ, ҷойи доимии истиқомат, фаъолият ё касб, таҳсилот, маълумоти муфассал оид ба собиқаи кории ҳар як узви Шӯрои нозирон ва корманди роҳбарикунанда
- нусхаи ҳуҷҷат дар бораи доштани таҳсилоти олии иқтисодии кормандони роҳбарикунанда;
- ҳуҷҷат оид ба шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод будани ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятноки ташкилоти қарзӣ, инчунин дигар шахсони ҳуқуқие, ки ин моликон дар онҳо дорои ваколати назоратӣ мебошанд ва аъзои Шӯрои нозирон ва кормандони роҳбарикунандаи онҳо
- маълумотнома бо зикри ному насаб, шаҳрвандӣ, ҷойи доимии истиқомат, фаъолият ё касби молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, ки вазъи молиявии онҳоро тасдиқ мекунад;
- маълумотнома оид ба манбаи қонунии маблағҳои пулии ба сармояи оинномавӣ воридшаванда;
- нусхаи ҳисоботи молиявии шахси ҳуқуқӣ - молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок барои се соли охир бо хулосаи аудиторӣ;
- рӯйхати саҳмиядорон ва манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳо, ки нишонии маҳалли ҷойгиршавӣ ва миқдори саҳмияҳоро дар бар мегирад;
- эъломияи хаттӣ аз ҷониби ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, узви Шӯрои нозирон ва корманди роҳбарикунанда оид ба шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод будан
- нақшаи фаъолияти пешбиникунандаи мақсаду намудҳои фаъолият, тавсифи сохтори ташкилӣ, идоракунии хавфҳо ва низоми назорати дохилӣ, аз ҷумла тадбирҳои дахлдор барои муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, инчунин дурнамои ҳисоботи тавозунӣ, даромаду хароҷот ва гардишҳои пулӣ дар давоми се соли оянда № 2072);
- барои ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии чунин ҳиссаи иштироки афзалиятнок, рӯйхати шахсони ҳуқуқие, ки иштироки онҳо дар сармояашон вуҷуд дорад, бо нишон додани ҳисса ва маҳали ҷойгиршавии онҳо;
- маълумот оид ба маҳали ҷойгиршавии саридора ва ҳар гуна маҳалли дигари воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он, ки дар он ҷо фаъолияти бонкӣ амалӣ карда мешавад;
- ҳуҷҷати пардохти хироҷ барои баррасии ариза (№ 2072);
- ҳуҷҷат дар хусуси он ки мақоми назорати бонкии кишваре, ки бонки хориҷии (асосии) ё ҷамъияти ҳолдингии бонкӣ (кредитӣ) дар он ҷой таъсис ёфта, фаъолият мекунад, ба анҷомдиҳии фаъолияти бонкии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва назорати маҷмӯии бонкии аризадиҳандаро амалӣ месозад № 2072)
2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад вобаста ба баррасии ариза иттилооти дигари иловагиро талаб намояд (№ 2072).
Моддаи 10. Тартиби додани иҷозатнома
1. Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати то се моҳ аз рӯзи қабули ариза ба ташкилоти қарзӣ дар хусуси ба талаботи Қонуни мазкур ҷавобгӯ будан ё набудани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда хулосаи худро медиҳад № 2072).
2. Бо мақсади таҳияи хулоса Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо санҷида, маълумоти иловагии заруриро аз ташкилотҳои қарзӣ, мақомоти дигари давлатӣ ва мақоми назоратии хориҷии дахлдор дархост менамояд .
3. Дар сурати мусбат будани хулоса Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати як моҳ аз санаи аз қайди давлатӣ гузаштани ташкилоти қарзӣ ба вай иҷозатнома медиҳад .
4. Дар ҳолатҳои истисноӣ Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мӯҳлати дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишударо ба мӯҳлати то ду моҳ тамдид намуда, аризадиҳандаро дар ин хусус бо зикри сабаби чунин таъхир хабардор мекунад (№ 2072).
5. Дар сурати манфӣ будани хулоса Бонки миллии Тоҷикистон ба аризадиҳанда дар хусуси радкунии додани иҷозатнома бо нишон додани сабабҳои радкунӣ ба таври хаттӣ ҷавоб медиҳад. Дар ин ҳолат хироҷ барои баррасии ариза ҷиҳати гирифтани иҷозатнома баргардонида намешавад (№ 2072).
6. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ талаботеро, ки ҳангоми баррасии аризаҳо барои гирифтани иҷозатнома истифода мебарад, муайян ва нашр менамояд (№ 2072).
7. Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи додани иҷозатнома ба ташкилоти карзӣ бо назардошти асосҳои зерин қарор қабул мекунад :
- қонунӣ ва боэътимод будани маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда;
- қаноатбахш будани вазъи молиявӣ ва фаъолияти муассисон;
- ба талаботи шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод ҷавобгӯ будани моликони ҳиссаи иштироки афзалиятноки ташкилоти қарзӣ, инчунин дигар шахсони ҳуқуқие, ки ин моликон дар онҳо дорои ваколати назоратӣ мебошанд ва узви Шӯрои нозирон ва кормандони роҳбарикунандаи онҳо
- ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ мутобиқ будани сохтор ва ҳайати кормандон, захираҳои ҷорӣ, молиявӣ ва ташаккули сармояи ташкилоти қарзӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳо ;
- мақбул будани амалиёти дар оиннома нишондодашуда;
- воқеӣ будани нақшаи фаъолият;
- тасмими ташкилоти карзӣ дар хусуси фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи доимӣ ;
- амалӣ шудани дараҷаи мақбули мушоҳида ва назорат аз ҷониби мақомоти назорати хориҷӣ дар асоси маҷмӯӣ.
8. Баъд аз қабули қарор дар бораи додани иҷозатнома ташкилоти қарзӣ дар муддати як моҳ аз таърихи қабули қарори мазкур маблағи ҳадди ақалли сармояи оинномавиро ворид намуда, маблағи пардохт барои додани иҷозатномаро ба суратҳисобҳои дахлдор дар Бонки миллии Тоҷикистон мепардозад. Дар ҳолати аз ҷониби ташкилоти қарзӣ иҷро кардани шартҳои мазкур Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати се рӯзи корӣ ба вай иҷозатнома медиҳад .
9. Қарори Бонки миллии Тоҷикистон оид ба додани иҷозатнома дар нашрияи он интишор мегардад.
10. Ташкилотҳои қарзӣ минбаъд дар хусуси ҳама гуна тағйирот, ки ба ҳуҷҷатҳои барои гирифтани иҷозатнома пешниҳодшуда дахл доранд, Бонки миллии Тоҷикистонро хабардор мекунанд .
Моддаи 11. Филиалҳо ва воҳидҳои дигари сохтории ташкилотҳои қарзӣ
1. Ташкилотҳои қарзии ватанӣ барои оғози фаъолияти филиалҳои худ бояд розигии хаттии Бонки миллии Тоҷикистонро гиранд. Ташкилотҳои қарзии ватанӣ бо ин мақсад ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зеринро пешниҳод менамоянд :
- нусхаи қарори мақоми дахлдор оид ба таъсиси филиал
- нусхаи бо мӯҳр ва имзои роҳбари ташкилоти қарзӣ тасдиқгардидаи низомномаи филиал бо зикри номгӯи амалиёти бонкии ба филиал иҷозатдодашуда ;
- маълумоти муфассал дар бораи кормандони роҳбарикунанда мутобиқи талаботи Қонуни мазкур.
2. Масъалаи додани розигӣ барои оғози фаъолияти филиал аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми ду моҳ баррасӣ карда мешавад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон барои оғози фаъолияти филиал дар ҳолатҳои зерин розигӣ намедиҳад:
- ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ набудани номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи филиал;
- мувофиқ набудани бино ва таҷҳизоти филиал ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;
- аз ҷониби ташкилоти қарзӣ риоя нагардидани қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва меъёрҳои мақбул .
4. Ташкилотҳои қарзӣ дар хусуси бастани филиалҳои худ бояд Бонки миллии Тоҷикистонро хабардор намоянд .
5. Ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо метавонанд берун аз маҳалли воқеъгардидаи худ воҳидҳои дигари сохториро бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон таъсис диҳанд
6. Воҳидҳои сохтории мазкур аз номи ташкилоти қарзӣ амалиёти алоҳидаи бонкиеро иҷро мекунанд, ки номгӯи онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад .
Моддаи 12. Таъсиси филиали бонки хориҷӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба бонки хориҷӣ барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодани филиал бо мақсади анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ розигӣ диҳад.
2. Ариза барои гирифтани розигӣ аз ҷониби бонки хориҷӣ дар шакли хаттӣ бо забони давлатӣ, ҳамроҳ бо ҳуҷҷатҳои зерин ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад (№ 2072):
- қарори бонки хориҷӣ оид ба таъсиси филиал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ бо нишон додани маҳали ҷойгиршавии бонки хориҷӣ ва филиали навтаъсиси он;
- номгӯи амалиёти бонкие, ки бонки хориҷӣ анҷомдиҳии онҳоро ба филиал иҷозат додааст;
- маълумотнома бо зикри ному насаб, миллат, шаҳрвандӣ, ҷойи доимии истиқомат, фаъолият ё касб, дараҷаи маълумотнокӣ, маълумоти муфассал оид ба собиқаи корӣ барои ҳар як корманди роҳбарикунанда;
- нусхаи ҳуҷҷат дар бораи доштани таҳсилоти олии иқтисодии кормандони роҳбарикунанда;
- нусхаи ҳисоботи молиявии се соли охири бонки хориҷӣ бо хулосаи аудиторӣ;
- рӯйхати саҳмиядорон ва манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳои бонки хориҷӣ бо нишон додани маҳалли ҷойгиршавӣ, миқдори саҳмияҳо ва нусхаи ҳуҷҷати бақайдгирии саҳмиядорон;
- эъломияи хаттии корманди роҳбарикунанда оид ба надоштани доғи судӣ, муфлис набудан, надоштани маҳдудият дар фаъолияти касбӣ;
- нақшаи фаъолият, ки мақсадҳои корӣ ва намудҳои фаъолиятро пешбинӣ кардааст, тавсифи сохтори ташкилӣ ва низоми назорати дохилӣ, аз ҷумла тадбирҳои дахлдор барои муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, инчунин дурнамои суратҳисобҳои тавозунӣ, суратҳисобҳои даромаду хароҷот ва гардишҳои пулӣ барои се соли минбаъдаи фаъолият№ 2072);
- маълумотнома оид ба маҳалли ҷойгиршавии филиал;
- ҳуҷҷати пардохти хироҷ барои баррасии ариза (№ 2072);
- розигии хаттии мақоми назорати бонкии давлате, ки дар он бонки хориҷӣ таъсис ёфтааст, барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисдиҳии филиал ва анҷомдиҳии назорати бонкии маҷмӯии фаъолияти бонки хориҷӣ;
- кафолати мақоми олии идоракунии бонки хориҷӣ ҷиҳати ҷудо кардани маблағи зарурӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои филиал, ки аз амалиёти бонкии дар иҷозатнома пешбинишуда бармеоянд. Навъи асъор ва ҷои нигоҳдории маблағи чунин кафолат аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ номгӯи ҳуҷҷатҳои иловагии дар қисми 2 моддаи мазкур пешбининашударо муқаррар намояд.
4. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ тартиби додани розигиро барои аз ҷониби бонки хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодани филиал муқаррар менамояд
Моддаи 13. Таъсиси намояндагии ташкилоти қарзии хориҷӣ
1. Ташкилоти қарзии хориҷӣ барои кушодани намояндагӣ вазифадор аст розигии Бонки миллии Тоҷикистонро гирад .
2. Барои кушодани намояндагӣ ташкилоти қарзӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд :
- қарори мақоми дахлдори ташкилоти қарзӣ дар бораи кушодани намояндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- тасдиқи хаттии мақоми назорати бонкии давлати дахлдор дар бораи он, ки ташкилоти қарзии хориҷии аризадиҳанда барои иҷрои амалиёти бонкӣ иҷозатнома дорад № 2072).
3. Ариза дар бораи додани розигӣ барои кушодани намояндагӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ баррасӣ карда мешавад (№ 2072).
Моддаи 14. Хусусияти таъсиси филиал, намояндагӣ ва бонки фаръии ташкилоти қарзӣ берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ташкилоти қарзии ватанӣ бе гирифтани розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон наметавонад берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон филиал, намояндагӣ ё бонки фаръӣ таъсис диҳад.
2. Ташкилоти қарзӣ барои гирифтани розигии пешакӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон нусхаи қарори мақоми дахлдори худро дар бораи таъсиси филиал, намояндагӣ, бонки фаръӣ ва таъини роҳбарони онҳо пешниҳод менамояд .
3. Ташкилотҳои қарзӣ доир ба ҳар гуна тағйирот вобаста ба маҳалли ҷойгиршавӣ ё қатъи фаъолияти филиал, намояндагӣ ё бонки фаръии худ Бонки миллии Тоҷикистонро хабардор мекунанд.
Моддаи 15. Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон пешбурди Феҳристи ташкилотҳои қарзиро анҷом медиҳад .
2. Дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ маълумоти зерин дарҷ мегардад: ном, маҳали ҷойгиршавӣ, рақами шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ташкилоти қарзӣ ва рақами шаҳодатномаи баҳисобгирии филиал, санаи додан ва бекор кардани онҳо, рақами иҷозатнома, санаи додан ва бозхонди он .
3. Дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ маълумоти дигари иловагӣ дарҷ карда мешавад, агар онро Бонки миллии Тоҷикистон зарур шуморад .
4. Рӯйхати ташкилотҳои қарзӣ, ки ном, маҳали ҷойгиршавӣ ва намуди иҷозатномаро дар бар мегирад, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳар сол дар моҳи январ дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад .
5. Ҳар гуна тағйирот дар рӯйхати ташкилотҳои қарзӣ, ки дар давоми сол рух медиҳад, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад .
Моддаи 16. Пардохти хироҷ
Бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба буҷети давлатӣ хироҷ пардохт менамоянд (№ 2072).
Моддаи 17. Бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ
1. Иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ метавонад танҳо бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси як ё якчанд сабаби зерин бозхонд шавад, агар:
- ташкилоти қарзӣ дар давоми дувоздаҳ моҳ аз рӯзи амали иҷозатнома ба фаъолияти бонкӣ машғул нашавад ё зиёда аз шаш моҳ фаъолияти бонкиро қатъ карда бошад;
- амалиёти аз ҷониби ташкилоти қарзӣ иҷрошаванда хавфнок ва ё беасос бошад;
- ташкилоти қарзӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, ҳама гуна шарту талаботи иҷозатномаро вайрон кунад ё чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонии тибқи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" андешидашударо иҷро накунад;
- асосҳо барои татбиқи чораҳои батанзимдарорӣ, ки дар моддаи 50 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" пешбинӣ шудаанд, мавҷуд бошанд;
- Бонки миллии Тоҷикистон далелҳои асоснок дошта бошад, ки ташкилоти қарзӣ ё роҳбарони он ба фаъолияти ҷиноятӣ машғул шудаанд, ки дар натиҷаи он манфиатҳои пасандоздоронро зери хатари ҷиддӣ мегузоранд;
- ташкилоти қарзӣ аз ӯҳдаи иҷрои талаботи Бонки миллии Тоҷикистон набаромада, ба иҷрои вазифаҳои назоратии он, аз ҷумла тавассути пинҳон кардан ё пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои ҳисобдорӣ, баҳисобгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо барои санҷиш, монеъ гардад;
- ташкилоти қарзӣ, бонки хориҷӣ ва ҷамъияти ҳолдингии бонкӣ, ки бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ҷамъияти фаръии онҳо мебошанд, дар содир намудани ҷиноят, аз ҷумла қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, иштирок карда бошанд ё аз иҷозатнома маҳрум шуда бошанд ;
- дар гузаронидани назорати бонкӣ бо сабаби пурра ё қисман ба кишвари дигар кӯчондани ташкилоти қарзӣ монеаҳо пайдо шаванд;
- пайдо шудани монеаҳо дар гузаронидани назорати бонкӣ, бо сабаби узви гурӯҳи ҷамъиятҳо будани ташкилоти қарзӣ ё бо сабаби он, ки ташкилоти қарзӣ ҷамъияти фаръии бонки хориҷӣ ё ҷамъияти ҳолдингии бонкӣ буда, ба таври дахлдор назорат карда нашавад
- мақоми хориҷии назоратии бонки хориҷӣ ё ҷамъияти ҳолдингии бонкӣ, ки бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ҷамъияти фаръии он мебошанд, барои бонки хориҷӣ ё ҷамъияти ҳолдингии бонкӣ мудири муваққатӣ ё барҳамдиҳандаро таъин карда бошад
- фаъолияти ташкилоти қарзӣ барои низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон хавфнок бошад;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ.
2. Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор аст иҷозатномаи ташкилоти қарзиро бозхонд намояд, агар муайян гардад, ки иҷозатнома дар асоси ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё маълумоти бардурӯғ гирифта шудааст.
3. Бозхонди иҷозатнома ба ғайр аз асосҳое, ки дар Қонуни мазкур зикр гардидаанд, манъ аст.
4. Дар қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бозхонди иҷозатнома бояд маълумоти зерин дарҷ гардад:
- асосҳои қабули қарор;
- номи пурраи ташкилоти қарзӣ;
- санаи эътибор пайдо кардани қарор;
- насаб, ном ва номи падар, вазифаҳои асосии мудир тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ.
5. Нусхаи қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон фавран дар рӯзи қабули қарор ба ташкилоти қарзӣ дода мешавад.
6. Қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми як ҳафта аз рӯзи қабули он дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад.
7. Бонки миллии Тоҷикистон нусхаи қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзиро ба Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ирсол менамояд
Моддаи 18. Барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ
Ташкилоти қарзӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ" барҳам дода мешавад .
БОБИ 3. САРМОЯ
Моддаи 19. Сармояи ташкилотҳои қарзӣ
1. Сармояи оинномавии ташкилотҳои қарзӣ бо пули миллӣ ташаккул меёбад .
2. Ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ барои ташкилоти қарзии навтаъсис аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо пули миллӣ муқаррар мегардад .
3. Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи тағйир додани ҳадди ақалли сармояи оинномавии ташкилоти қарзӣ пас аз 90 рӯзи интишори расмии он мавриди амал қарор дода мешавад .
4. Барои ташкилотҳои қарзии навтаъсис - бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ҳадди ақалли сармояи оинномавие, ки дар рӯзи ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид шудани ариза дар бораи гирифтани иҷозатнома амал мекунад, татбиқ мегардад № 2072).
5. Сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, ки барои гирифтани мақоми бонк ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намудааст, бояд аз ҳадди ақалли сармояи оинномавие, ки барои бонки навтаъсис дар рӯзи ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид шудани ариза дар бораи гирифтани иҷозатнома амал мекунад, кам набошад № 2072).
6. Тартиби ҳисоби сармояи танзимшаванда ва қисмҳои таркибии онро Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ оид ба назорати бонкӣ муқаррар мекунад.
7. Ташкилоти қарзӣ наметавонад сармояи худро аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ, фондҳои ғайрибуҷетии давлатӣ, грантҳое, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд (ба истиснои ташкилоти қарзии давлатӣ), воситаҳои ҷалбшуда ва қарзӣ ташкил ва пурра намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар моддаи 551 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" пешбинӣ гардидаанд .
8. Ташкилоти қарзӣ наметавонад даромади софи худро ҳамчун суди (дивиденди) саҳмия байни саҳмиядорони худ тақсим кунад, агар ин гуна амал боиси риоя нашудани меъёри кифоятии сармоя гардад .
9. Ташкилоти қарзӣ наметавонад даромади софи худро то пӯшонидани ҳамаи хароҷоти марбут ба таъсисёбии худ дар байни саҳмиядорон ҳамчун суди (дивиденди) саҳмия тақсим намояд .
Моддаи 20. Меъёри дороиҳои софи дохилӣ барои филиалҳои бонкҳои хориҷӣ
Бонки миллии Тоҷикистон барои филиалҳои бонкҳои хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда меъёри барзиёдии дороиҳо нисбат ба ӯҳдадориҳояшонро дар назди резидентҳо муқаррар мекунад.
БОБИ 4. ИДОРАКУНИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ
Моддаи 21. Мақомоти идоракунии ташкилоти қарзӣ
1. Тартиби таъсис ва фаъолияти мақомоти идоракунии ташкилоти қарзӣ бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва "Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд" ва қонунҳои дигар бо дарназардошти муқаррароти Қонуни мазкур муайян карда мешаванд.
2. Идоракунии ташкилоти қарзӣ аз ҷониби мақомоти зерин амалӣ мегардад:
-мақоми олӣ - маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён);
- мақоми идора - Шӯрои нозирон, ки аз ҷониби маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён) таъсис дода мешавад;
- мақоми иҷроия, ки аз ҷониби Шӯрои нозирон таъсис дода мешавад.
3. Мақомоти идоракунии ташкилоти қарзии давлатӣ ва ваколатҳои онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти Қонуни мазкур муайян менамояд.
4. Шӯрои нозирон барои муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти қарзӣ ва назорати онҳо масъул мебошад. Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
-муқаррар намудани стандартҳои идоракунии хавфҳо, муайян кардани пазириши хавф ва ҳадди ақалли меъёрҳои мақбули дохилӣ;
-назорати тадбирҳое, ки мақоми иҷроияи ташкилоти қарзӣ барои ошкор, андозагирӣ, мониторинг ва назорати хавфҳо меандешад;
-нигаҳдории низоми мувофиқу босамари назорати дохилӣ, инчунин мониторинги самарабахшии низоми назорати дохилии аз тарафи мақоми иҷроияи ташкилоти қарзӣ амалишаванда;
- муқаррар намудани сиёсати дохилӣ ва сармоягузорӣ, низоми назорати дохилӣ, комплаенс (мувофиқа) ва меъёрҳои ахлоқӣ;
-маъқул донистани ба вазифа таъин (интихоб) ва аз вазифа озод намудани аъзои мақоми иҷроия ва кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ, ба пешниҳоди раис ё раиси раёсати ташкилоти қарзӣ, ба истиснои роҳбар ва сармуҳосиби филиали ташкилоти қарзӣ;
-тасдиқи сохтори ташкилӣ;
-таъини роҳбари сохтори аудити дохилӣ (сараудитор) ва роҳбари сохтори идоракунии хавфҳои (сардори воҳиди сохтории идоракунии хавфҳои) ташкилоти қарзӣ;
-муайян кардани шартҳо ва андозаи музди меҳнати раис, муовинони ӯ, аъзои раёсат, сараудитор ва сардори воҳиди сохтории идоракунии хавфҳои ташкилоти қарзӣ;
-таъсис ва барҳамдиҳии филиалҳо ва намояндагиҳои ташкилоти қарзӣ;
- баррасии натиҷаҳои аудит ва санҷишҳои дохилию берунӣ,
5. Ҳайати Шӯрои нозирон наметавонад камтар аз панҷ нафар бошад, Аъзои Шӯрои нозирон ба мӯҳлати на зиёда аз 4 сол дар маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён) интихоб мегарданд. Аъзои Шӯрои нозирон метавонанд аз нав интихоб шаванд.
6. Шӯрои нозирон метавонад аз ҳисоби шахсоне, ки дорои таҳсилоти олӣ буда, шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод мебошанд,. интихоб гардад. Шӯрои нозирон аз байни аъзои худ раиси Шӯроро интихоб мекунад.
7. Аъзои Шӯрои нозирон наметавонанд:
- кормандони ягон ташкилоти қарзии молиявии ватании дигар бошанд (№ 2072);
- аъзои Шӯрои нозирон ё дорандаи ҳиссаи иштироки афзалиятнок дар дигар ташкилоти қарзии молиявии молиявӣ бошанд (№ 2072);
- корманд, аз ҷумла корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ, ҷамъияти вобаста ва фаръии он бошанд, ба истиснои корманди ҷамъияти алоқаманди ташкилоти қарзӣ;
- хизматчии давлатӣ бошанд, ба истиснои узви Шӯрои нозирони ташкилоти қарзие, ки давлат дар он саҳмдор аст;
- синнашон аз сӣ кам бошад.
8. На камтар аз чор як ҳиссаи аъзои Шӯрои нозирон бояд дар низоми бонкӣ (ватанӣ ва ё хориҷӣ) таҷрибаи кории зиёда аз се сол дошта бошанд.
9. Аъзои Шурои нозирони ташкилоти қарзӣ, ба истиснои ташкилоти қарзии давлатӣ пас аз мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмиядорони (иштирокчиёни) ташкилоти қарзӣ интихоб карда мешаванд. Тартиби мувофиқа намудани аъзои Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад
Моддаи 22. Мақомоти иҷроияи ташкилоти қарзӣ
1. Роҳбарии бевоситаи фаъолияти ҷории ташкилоти қарзӣ аз ҷониби мақоми иҷроияи он - Раёсат (мақоми дастаҷамъии иҷроия) ё раиси ташкилоти қарзӣ (мақоми инфиродии иҷроия) ё Раёсат ва раиси ташкилоти қарзӣ амалӣ мегардад. Агар Раёсат ва раиси ташкилоти қарзӣ дар як вақт ҳамчун мақоми иҷроия таъсис дода шаванд, он гоҳ раиси ташкилоти қарзӣ вазифаи раиси Раёсати онро иҷро менамояд.
2. Мақоми иҷроияи ташкилоти қарзӣ аз ҷониби Шӯрои нозирон таъсис дода шуда, он барои иҷрои қарорҳои Шӯрои нозирон ва идоракунии амалиёти ҳаррӯзаи ташкилоти қарзӣ масъул мебошад. Ҳайати Раёсати ташкилоти қарзӣ набояд аз се нафар кам бошад.
3. Раис ва узви Раёсати ташкилоти қарзӣ наметавонанд узви Шӯрои нозирон интихоб гарданд.
4. Раёсати ташкилоти қарзӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- татбиқи самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти қарзӣ;
- таъмини риояи меъёрҳои идоракунии корпоративӣ ва талаботи идоракунии хавфҳои ташкилоти қарзӣ;
- таъмини сатҳи зарурии низоми идоракунии ташкилоти қарзӣ, ки масъулият, ваколат ва муносибатҳои байниҳамдигарии сохторҳои дохилӣ, шахсони мансабдор ва кормандони дигари ташкилоти қарзиро муқаррар менамояд;
- ташкили низоми назорати дохилии ташкилоти қарзӣ, мониторинги мутобиқат ва самаранокии он
5. Раиси ташкилоти қарзӣ ваколатҳои зеринро ба зимма дорад:
- аз номи ташкилоти қарзӣ бе ваколатнома баромад карда, онро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ намояндагӣ мекунад, шартномаҳо мебандад;
- кормандони ташкилоти қарзиро ба кор қабул ва аз кор озод мекунад;
- дар ҷаласаҳои Раёсати ташкилоти қарзӣ раисӣ мекунад;
- ба қарорҳо ва протоколҳои маҷлисҳои Раёсати ташкилоти қарзӣ имзо мегузорад;
- вазифаҳоро дар байни муовинон тақсим мекунад;
- фармону амрҳо медиҳад, ки иҷрояшон барои кормандони ташкилоти қарзӣ ҳатмӣ мебошад;
- шартҳо ва андозаи музди меҳнати кормандони ташкилоти қарзиро, ба истиснои раис, муовинони раис ва сараудитори ташкилоти қарзӣ муайян мекунад;
- барои фаъолияти ташкилоти қарзӣ пурра масъул мебошад;
- масъалаҳои дигари фаъолияти ташкилоти қарзиро, ки ба салоҳияти Раёсат, Шӯрои нозирон ва Маҷлиси умумии саҳмиядорони (иштирокдорони) ташкилоти қарзӣ тааллуқ надоранд, баррасӣ мекунад.
6. Ҳангоми аз ҷониби як шахс таъсис додани ташкилоти қарзӣ ҳамин шахс наметавонад раис ё раиси Раёсати ташкилоти қарзӣ бошад .
Моддаи 23. Тартиби интихоб ва ба вазифа таъин кардани кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ
1. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ, ба истиснои раис ва аъзои раёсати ташкилоти қарзии давлатӣ, баъди аз санҷиши тахассусӣ гузаштани онҳо, бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон ба вазифа таъин (интихоб) карда мешаванд. Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад .
2. Аъзои Раёсати ташкилоти қарзиро Шӯрои нозирон интихоб намуда, раиси ташкилоти қарзӣ ва раиси Раёсати онро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
3. Муовини раиси ташкилоти қарзӣ ва сармуҳосибро раиси ташкилоти қарзӣ бо ҷонибдории Шӯрои нозирон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
4. Роҳбар ва сармуҳосиби филиали ташкилоти қарзӣ аз ҷониби раис ё раиси Раёсати ташкилоти қарзӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
5. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:
- дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз панҷсола аз рӯи ихтисос дар низоми бонкӣ (ватанӣ ва ё хориҷӣ) ва (ё) молия, ки на камтар аз се соли онро собиқа дар вазифаҳои роҳбар ё муовини роҳбари воҳидҳои сохтории иқтисодӣ ташкил диҳадбарои аъзои Раёсат, раис, муовини ӯ, сармуҳосиб ;
- дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз сесола аз рӯи ихтисос дар сохторҳои иқтисодии низоми бонкӣ (ватанӣ ва ё хориҷӣ) ва (ё) молия ё таҳсилоти дигари олӣ ва собиқаи кории на камтар аз даҳсола дар сохторҳои иқтисодии низоми бонкӣ ва (ё) молия - барои роҳбар ва сармуҳосиби филиал
- шахсони аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод бошанд;
- оид ба қонунгузории бонкӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон дониши кофӣ дошта бошанд;
- аъзои мақоми идоракунӣ, иҷроия ва ё корманди дигар ташкилоти қарзии молиявӣ набошанд
- дар ҳамин ташкилоти қарзӣ пурра ва дар як вазифа кор кунанд, ба истиснои намояндаи давлат дар раёсати ташкилоти қарзии давлатӣ;
- дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ кунанд .
6. Ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст, ки Бонки миллии Тоҷикистонро дар бораи аз вазифа озод кардани кормандони роҳбарикунанда на дертар аз се рӯзи баъди қабули қарори дахлдор хабардор намояд.
хориҷ карда шуд
Моддаи 24. Кумитаи аудит ва сараудитори дохилии ташкилоти қарзӣ
1. Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ бояд Кумитаи аудит таъсис диҳад .
2. Аъзои кумита ва Раиси он аз ҷониби Шӯрои нозирон ба мӯҳлати 4 сол интихоб карда мешаванд.
3. Раиси Шӯрои нозирон, Раиси ташкилоти қарзӣ ё аъзои Раёсати ташкилоти қарзӣ аъзои Кумитаи аудит буда наметавонанд .
4. Кумитаи аудит дар назди Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ амал карда, дорои ваколату ӯҳдадориҳои зерин мебошад :
-баррасии сиёсати ташкилоти қарзӣ дар самти аудити дохилӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
-назорати таъмини пурра, дақиқ ва саҳеҳи ҳисобдорӣ, ҳисоботи молиявӣ ва ҳисоботи молиявии маҷмӯии ташкилоти қарзӣ;
- баррасӣ ва тавсияи қабули нақшаи солонаи аудит, қоидаҳои ҳисобдорию назорати онҳо ва идоракунии хавфҳо дар ташкилоти қарзӣ;
- додани тавсияҳо дар барои таъини аудитори берунии ташкилоти қарзӣ мутобиқи моддаи 45 Қонуни мазкур, подошпулӣ ва қатъи шартнома бо он;
- баррасии ҳисоботи аудитори берунӣ оид ба ҳисоботи молиявии ташкилоти қарзӣ ва ба Шӯрои нозирон хабар додани ҳар гуна камбудиҳои ошкоршуда то аз ҷониби он маъқул донистани ҳисоботи молиявӣ;
- додани тавсия ба Шӯрои нозирон оид ба сохтори аудити дохилӣ, номзадии сараудитори дохилӣ ва подошпулии ӯ;
- талаб кардани ҳисобот аз сараудитори дохилии ташкилоти қарзӣ;
-баррасии ҳисоботи аудити дохилӣ ва назорати аз тарафи мақоми иҷроия сари вақт бартараф гардидани камбудиҳои низоми назорати дохилӣ, инчунин дигар камбудиҳое, ки аз ҷониби аудиторон ва воҳидҳои назораткунанда ошкор шудаанд;
- назорати мутобиқати фаъолияти ташкилоти қарзӣ ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешниҳоди маълумот ба Шӯрои нозирон;
- баррасии ҳисоботи ташкилоти қарзӣ, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мешавад;
- гузориш оид ба ҳар гуна масъалаҳое, ки аз ҷониби Шӯрои нозирон дар назди Кумитаи аудит гузошта шудаанд;
- ҳар семоҳа пешниҳод намудани ҳисобот ба Шӯрои нозирон оид ба фаъолияти Кумитаи аудит, инчунин пешниҳоди тавсияҳо оид ба масъалаҳое, ки аз ҷониби Шӯрои нозирон дар назди Кумитаи аудит дар доираи ваколати он гузошта шудааст;
- баррасии амалиёт ва аҳдҳои ташкилоти қарзӣ дар заминаи нақшаҳое, ки Кумитаи аудит мутобиқи дархости Шӯрои нозирон, дархости саҳмиядорони (иштирокчиёни) ташкилоти қарзӣ, ки беш аз 10 фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаро (ҳиссаҳоро) соҳибанд, қабул кардааст, ё тавре ки инро оинномаи ташкилоти қарзӣ муқаррар кардааст;
- ҳар сол на камтар аз як маротиба пешниҳод намудани ҳисобот дар маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён) оид ба фаъолияти худ
5. Қарорҳои Кумитаи аудит бо аксарияти овози аъзои иштирокдошта қабул мешаванд. Ҳангоми баробар будани миқдори овозҳо, овози Раиси Кумитаи аудит ҳалкунанда мебошад.
6. Дар ташкилоти қарзӣ сохтори аудити дохилӣ амал менамояд, ки ба он сараудитори дохилӣ роҳбарӣ менамояд .
7. Сараудитори дохилии ташкилоти қарзӣ бояд ба талаботи қисми 5 моддаи 23 Қонуни мазкур ҷавобгӯ бошад .
Моддаи 24(1). Маҳдудияти якҷоя кор кардани хешовандони наздик
1. Дар вазифаи узви Шӯрои нозирон, раис (муовинони он), узви раёсат, сараудитор, сармуҳосиб ё хазинадори ташкилоти қарзӣ якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ муносибати хешутаборӣ (зан (шавҳар), фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан (шавҳар), қудоҳо, келинҳо, домодҳо, бародарзодагон, хоҳарзодагон, набера, писархондкунанда, фарзандхондагон) дошта бошанд, манъ аст.
2. Дар як ташкилоти қарзӣ якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ тибқи талаботи қисми 1 моддаи мазкур муносибати хешутаборӣ дошта бошанд ва агар кори онҳо ба итоату назорати бевоситаи ҳамдигарӣ алоқаманд бошад, манъ аст .
Моддаи 25. Ифшо кардани манфиатҳои шахсӣ
1. Корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ ҳангоми ба вазифа интихоб ё таъин шудан ва минбаъд ҳар сол бояд бо таври хаттӣ ба Шӯрои нозирон оид ба ҳар гуна манфиатҳои шахсии молиявии бевосита ё бавоситаи худ, аъзои оила ва шахсони дигаре, ки бо ӯ хоҷагии умумӣ доранд" иваз карда маълумот диҳад .
2. Ҳангоми аз ҷониби Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ ё мақоми дигари ваколатдори он баррасӣ гардидани масъалаи вобаста ба манфиатҳои шахсии молиявии корманди роҳбарикунанда ӯ ҳуқуқ дорад дар чунин баррасӣ иштирок намояд .
3. Кормандони ташкилоти қарзии давлатӣ (ба истиснои ҳайати техники ва хизматрасон) эъломияҳо дар бораи андоз аз даромад ва вазъи молумулкии худро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд
Моддаи 26. Тартиби ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнок
1. Ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнок дар ташкилоти қарзӣ бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Ҳар як шахсе, ки мустақилона (инфиродӣ) ё тавассути ягон кас, ё якҷоя бо як ё бештар шахсон мехоҳад бевосита, ё бавосита ҳиссаи иштироки афзалиятнокро дар ташкилоти қарзӣ ба даст оварад, ё дар натиҷаи ба даст овардани саҳмияҳои (ҳиссаҳои) иловагӣ дорои ҳиссаи афзалиятноки иштирок мегардад, ба Бонки миллии Тоҷикистон дархости хаттӣ манзур менамояд.
3. Дархост дар бораи ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнок инҳоро дар бар мегирад:
- насаб, ном, номи падар, шаҳрвандӣ, маҳалли доимии истиқомат, фаъолияти корӣ ё касби ҳар як шахси талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок;
- маълумотнома барои ҳар як талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок бо зикри насаб, ном, номи падар, шаҳрвандӣ, маҳалли доимии истиқомат, фаъолият ё касби талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, ки вазъи молиявии онҳоро тасдиқ менамояд;
- дар ҳолате, ки агар шахси талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок шахси ҳуқуқӣ бошад, нусхаи ҳисоботи тавозунӣ ва ҳисоботи фоида ва зиёни солонаи соли охир, ки аз аудит гузаштааст;
- маълумот оид ба шахсони ҳуқуқие, ки дар он ҳар як шахси талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок дорои ваколати назоратӣ мебошад;
- шартҳои ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнок;
- манбаи қонунии маблағҳои пулие, ки барои ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнок истифода мешаванд;
- ҳуҷҷат оид ба шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод будани ҳар як талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии он, инчунин дигар шахсони ҳуқуқие, ки ин талабгорон дар онҳо дорои ваколати назоратӣ мебошанд ва узви Шӯрои нозирон ва кормандони роҳбарикунандаи онҳо;
- ҳар як нақша ё пешниҳод оид ба тағйироти куллӣ дар фаъолият, сохтори корпоративӣ ё идоракунии ташкилоти қарзӣ;
- хулосаи пешакии хаттии ташкилоти қарзӣ;
- маълумоти дигаре, ки Бонки миллии Тоҷикистон метавонад талаб намояд.
4. Бонки миллии Тоҷикистон оқибатҳои таъсири ивазшавии молик ба устувории ташкилоти қарзӣ ва ба талаботи муқарраршуда мувофиқ будани талабгорони моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнокро муайян намуда, дар давоми 60 рӯз аз рӯзи гирифтани дархост ба дархосткунанда ё дархосткунандагон ба таври хаттӣ дар бораи розигӣ ё радкунии дархост ҷавоб мадиҳад. Дар ҳолати аз ҷониби талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок пешниҳод намудани маълумоти нопурра ё мутобиқнабуда ба талаботи моддаи мазкур, мӯҳлати баррасии дархост аз рӯзе оғоз меёбад, ки маълумот тибқи талаботи муқарраршуда пурра пешниҳод шуда бошад. Дар ҳолати радкунӣ, асоси он бояд нишон дода шавад.
5. Агар Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи қарори худ дар мӯҳлати зикршуда хабар надиҳад, пас ин маънои додани розигӣ барон ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнокро дорад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ҳангоми баъдан ошкор кардани ғайриқаноатбахш будани вазъи молиявии моликон ва шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод набудани моликон, инчунин ҳолатҳои аз ҷониби талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок вайрон намудани талаботи моддаи мазкур бекор кардани ин аҳдро талаб намояд.
6. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолате дархостро маъқул намешуморад, агар:
- вазъи молиявӣ, манбаи маблағҳои ҳар як шахси талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ғайриқаноатбахш дониста шаванд;
- талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод набошад;
- мушаххаскунии талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии он ғайриимкон бошад;
- нақша ё пешниҳоди талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок оид ба тағйироти куллӣ дар фаъолият, сохтори корпоративӣ ё идоракунии ташкилоти қарзӣ устувории молиявӣ ё манфиатҳои амонатгузорону пасандоздорон ва қарздеҳони онро зери хатар гузорад;
- ин бадастоварӣ рақобатро то андозае маҳдуд карда, устувории молиявии ташкилоти қарзӣ ё манфиатҳои амонатгузорону пасандоздорон ва қарздеҳонро зери хатар гузорад.
7. Ҳар як шахсе, ки мустақилона (инфиродӣ) ё тавассути ягон кас ё якҷоя бо як ё бештар шахсон мехоҳад бевосита ё бавосита ҳиссаи иштироки афзалиятноки худро дар ташкилоти қарзӣ то ба 20, 33, 50 ё 75 фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаи (ҳиссаҳои) ташкилоти қарзӣ расонад ё мутаносибан аз он бештар зиёд намояд, бояд на кам аз 30 (сӣ) рӯз пеш Бонки миллии Тоҷикистонро ба таври хаттӣ огоҳ намояд.
8. Ташкилоти қарзие, ки аз пешниҳоди ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнок ё пешниҳоди зиёд кардани ҳиссаи мавҷудаи он хабар дор мешавад, дар ин хусус фавран ба Бонки миллии Тоҷикистон огоҳиномаи хаттӣ мефиристад.
9. Ташкилоти қарзӣ дар ҳолати хабардор шуданаш аз он, ки моликони вай, аз ҷумла моликони ҳиссаи иштироки афзалиятнок минбаъд шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод нестанд, дар ин хусус фавран Бонки миллии Тоҷикистонро дар шакли хаттӣ огоҳ менамояд.
10. Аҳд дар мавриди ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнок дар ташкилоти қарзӣ, ки бе розигии Бонки миллии Тоҷикистон анҷом ёфтааст, беэътибор мебошад.
11. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ тартиби ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнокро муқаррар менамояд
Моддаи 27. Азнавташкилдиҳии ташкилотҳои қарзӣ
1. Азнавташкилдиҳии (муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ, табдилдиҳӣ) ташкилоти қарзӣ танҳо бо розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад .
2. Ташкилоти қарзӣ қабл аз азнавташкилдиҳӣ дар мӯҳлати на камтар аз 30 рӯз пеш дар ин бора ба Бонки миллии Тоҷикистон дархости пешакӣ фиристода, маълумоти заруриро ирсол мекунад .
3. Бонки миллии Тоҷикистон ба захираҳои молиявӣ, идоракунӣ ва дурнамои фаъолияти ташкилотҳои қарзии амалкунанда ва навтаъсис баҳо дода, то ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ҷавобгӯ нагардидани ташкилоти қарзии навтаъсис ба дархости онҳо розигӣ намедиҳад. Бонки миллии Тоҷикистон ба амали дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, дар ҳолати риоя нашудани талаботҳои қонунгузории зиддиинҳисорӣ низ розигӣ намедиҳад .
БОБИ 5. ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ
Моддаи 28. Қоидаҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ
1. Ташкилотҳои қарзӣ фаъолияти худро устуворона ва оқилона, мутобиқи талаботи Қонуни мазкур, меъёрҳои байналмилалии идоракунии корпоративӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва иҷозатномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ менамоянд .
2. Ташкилотҳои қарзӣ бояд :
- кифоятии сармоя ва пардохтпазириро нигоҳ доранд;
- ҳангоми пастшавии арзиши дороиҳо фонди ҷуброни талафоти имконпазирро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ташкил намоянд ;
- ҳисобдории мувофиқ ва дигар баҳисобгириро ба роҳ монанд;
- назорати мукаммал ва самаранокро аз рӯи хавфҳо амалӣ намоянд;
- барои иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳо ва ҷуброни зиён захираи кофӣ дошта бошанд ;
- бо мақсади кам кардани хавфҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон низоми худии идоракунии хавфҳо ва назорати дохилиро ташкил намоянд ;
- дороиҳои худро вобаста аз хавфи зиён мураттаб созанд.
3. Ташкилотҳои қарзӣ ва ҷамъиятҳои алоқаманди онҳо набояд сохторҳои гурӯҳиеро, ки ба амалӣ кардани назорати босамар монеъ мегарданд, ташкил кунанд. Бонки миллии Тоҷикистон қоидаҳоро барои ҷамъияти вобаста ва фаръии ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла талабот ба аҳдҳои байни ташкилоти қарзӣ ва ҳар гуна ҷамъиятҳои вобаста ва фаръии онро, ки ҳангоми таҳия ва ҷамъбасти ҳисоботи молиявии маҷмӯӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд, муқаррар мекунад .
4. Бонки миллии Тоҷикистон талаботеро, ки мутобиқи меъёрҳои боби мазкур барои ташкилотҳои қарзии ватанӣ муқаррар шудаанд, нисбат ба филиалҳои бонкҳои хориҷӣ низ татбиқ менамояд .
5. Агар ба раиси ташкилоти қарзӣ маълум гардад, ки меъёри кифоятии сармояи ташкилоти қарзӣ аз андозаи муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон кам гардидааст, ӯ бояд дар ин хусус дар шакли хаттӣ фавран ба Шӯрои нозирон ва Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳад .
Моддаи 29. Меъёрҳои мақбул
1. Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкилотҳои қарзӣ меъёрҳои мақбули зерин муқаррар карда мешаванд :
- ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ барои бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкии навтаъсис ;
хориҷ карда шуд ;
- андозаи ниҳоии қисми ғайрипулии сармояи оинномавӣ;
- андозаи ниҳоии хавф барои як қарзгир ё гурӯҳи қарзгирони ба ҳам алоқаманд;
- меъёри кифоятии сармоя;
- меъёри пардохтпазирии ҷорӣ;
- меъёри хавфҳои асъорӣ, фоизӣ ва хавфҳои дигар ;
- меъёри истифодаи маблағҳои худии бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ барои харидани саҳмияҳои (ҳиссаҳои) шахсони ҳуқуқӣ ;
- андозаи ниҳоии қарзҳо, кафолатҳо ва замонатҳое, ки бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ба шахсони вобастаи худ додаанд .
2. Бонки миллии Тоҷикистон тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва амалияи пешқадам ва мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ меъёрҳои мақбул ва тартиби ҳисоби онҳоро барои ташкилотҳои қарзӣ муқаррар намуда, ҳангоми амалӣ намудани назорат онҳоро истифода мекунад .
3. Бонки миллии Тоҷикистон талаботи меъёрҳои муайяншудаи боби мазкурро нисбат ба ташкилотҳои қарзӣ ва ҷамъиятҳои алоқаманд, вобаста ё фаръии онҳо дар заминаи назорати маҷмӯӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ муқаррар менамояд
4. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои мақбули дигарро, ки дар амалияи байналмилалии танзими фаъолияти бонкӣ истифода мешаванд, муқаррар намояд.
5. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад нисбат ба меъёри фоизӣ, мӯҳлати пардохт ва дигар шартҳои қарздиҳӣ ва ҷалби маблағҳо (аз ҷумла, амонат ва пасандоз) ё ӯҳдадориҳои ғайритавозунӣ низ талабот муқаррар намояд .
6. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои тафриқашудаи мақбул ва тартиби ҳисобкунии онҳоро аз рӯи намудҳои ташкилотҳои қарзӣ ё вобаста ба хавфҳое, ки онҳо дучор шудаанд, инчунин барои ташкилотҳои қарзии низомсоз муқаррар намояд.
Ташкилоти қарзии низомсоз тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад .
7. Қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи тағйир додани меъёрҳои мақбул ва тартиби ҳисобкунии онҳо пас аз 90 рӯзи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад .
8. Ташкилоти қарзӣ сиёсати дохилии худро бо риояи ҳадди ақал ва ниҳоии хавфҳо, қоидаҳои идоракунии хавфҳо, сиёсати сармоягузорӣ ва қарздиҳӣ, инчунин дигар меъёрҳои мақбули танзими сармоя, дороиҳо, суратҳисобҳои ғайритавозунӣ ва захираҳо пеш мебарад .
9. Ташкилоти қарзӣ сиёсати дохилии идоракунии меъёрҳои мақбулро дар самтҳои зерин таҳия ва амалӣ менамояд :
- дороиҳои пардохтпазир нисбат ба дороиҳои умумӣ ё ӯҳдадориҳо ва ё тағйирёбии онҳо (аз ҷумла, кафолатҳо ва гарави гирифташуда), ба шарте ки ташкилоти қарзӣ ҳуқуқи дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳдории қисме аз дороиҳои пардохтпазири худро дошта бошад ;
- ҳадди ниҳоии қарзҳо ва сармоягузориҳо ё қисме аз онҳо ;
- тасниф ва баҳогузории дороиҳо, ташкили захира ва фонди талафоти имконпазири дороиҳо дар заминаи чунин тасниф ва баҳодиҳӣ, инчунин муқаррар кардани мӯҳлате, ки бо мурури он даромад аз фоизи қарзҳои пардохтнашаванда наметавонад ҳамчун даромад ҳисобида шавад, ба истиснои даромад бо пули нақд;
- шартҳои қабули амонат, пасандоз ва додани қарз, аз ҷумла мӯҳлат ва фоизи онҳо ;
- мамнуиятҳо, махдудиятҳо ё шартҳои дигари вобаста ба:
а) навъи қарзҳо, сармоягузориҳо ва ӯҳдадориҳо, мутобиқати дороиҳо ва ӯҳдадориҳо аз рӯи мӯҳлат ва фоизи онҳо, инчунин дороиҳо ва ӯҳдадориҳои шартӣ ;
б) мавқеи кушода:
- бо асъори хориҷӣ, металлу сангҳои қиматбаҳо;
- хорич карда шуд ;
- саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматноки интиқолшаванда;
- қарордодҳои форвардӣ, созишномаи своп, фючерс, опсион ва дигар ҳосилаҳои ба асъор, саҳмияҳо, вомбаргҳо, металлу сангҳои қиматбаҳо ё қурбу меъёрҳои фоизӣ дахлдошта, ки хавфи онҳо суғурта нашуда, аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд мебошад.
Моддаи 30. Хавфҳои қарзи калон
1. Ташкилоти қарзӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои зерин қарз намедиҳад, агар :
- хориҷ карда шуд ;
- маблағи умумии бақияи қарзҳои асосии ташкилоти қарзӣ ба ин шахс аз бист фоизи сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзӣ зиёд бошад ;
- маблағи умумии бақияи қарзҳои асосии калони ташкилоти қарзӣ аз андозаи секаратаи маблағи сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзӣ зиёд бошад .
2. Муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур нисбат ба аҳдҳои бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё таҳти кафолати он басташуда татбиқ намегарданд
3. Бо мақсади татбиқи моддаи мазкур муқаррар карда мешавад, ки шахси дар ин модда зикршуда шахсест, ки бо шахси дигар бевосита ё бавосита тавре вобаста аст, ки устувории молиявии яке аз онҳо метавонад ба устувории молиявии дигарӣ ё дигарҳо таъсир расонад, ё ҳамон омилҳо метавонанд ба устувории молиявии якчанд нафар ё ҳамаи онҳо таъсир расонанд ё вобаста аз муносибатҳои онҳо шахси дигар воқеан барои баргардонидани қарз дар назди ташкилоти қарзӣ ҷавобгар бошад .
Моддаи 31. Қарз ба шахси вобаста
1. Ташкилоти қарзӣ наметавонад ба шахси вобаста қарз (кредит) диҳад, агар :
- қарз ва шартҳои он аз ҷониби Шӯрои нозирон ё дар ҳолати филиали ҷамъияти вобаста ва хориҷӣ будан, аз тарафи роҳбари он маъқул дониста нашавад ;
- фоизи қарз аз меъёри фоизии бозории барои чунин қарзҳо амалкунанда пасттар бошад ;
- қарзи ба корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ додашуда, аз ҷумла ҳар гуна қарзи аз тарафи як ё якчанд бонки фаръии ташкилоти қарзӣ додашуда аз сӣ фоизи даромади солонаи ин шахс зиёд бошад ;
- мӯҳлати қарз, барасмиятдарории он ва сифати гарав аз қарзҳои мавҷуда моҳиятан фарқ дошта бошанд ;
- маблағи умумии ҳамаи қарзҳои ба шахсони вобаста додашуда аз даҳ фоизи сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзӣ зиёд бошад .
2. Ташкилоти қарзӣ дар хусуси ҳар як қарзе, ки ба шахси вобаста дода мешавад, фавран ба Кумитаи аудити худ хабар медиҳад. Агар ташкилоти қарзӣ қарзро ба шахси вобаста бо риоя накардани шартҳои қисми 1 моддаи мазкур диҳад, он гоҳ чунин қарз бояд фавран баргардонида шавад. Аъзои Шӯрои нозирон ё роҳбари филиали бонки хориҷӣ вобаста аз вазъу ҳолати мавҷуда барои пардохти қарзи асосӣ, фоиз ва дигар хароҷот оид ба ҳар як қарзе, ки бо огоҳӣ ва розигии онҳо бо риоя накардани талаботи қисми 1 моддаи мазкур дода шудааст, масъулияти шахсӣ ва муштаракро ба зимма доранд .
Моддаи 32. Хавфи асъорӣ
Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ меъёрҳои ҳадди ниҳоии мавқеи кушодаи асъорӣ ва тартиби ҳисоби онҳоро барои ташкилотҳои қарзие, ки дорои ҳуқуқи гузаронидани амалиёти бонкӣ бо асъори хориҷиро доранд, муқаррар менамояд .
Моддаи 33. Маҳдудияти сармоягузорӣ
1. Ташкилоти қарзӣ наметавонад ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) ва вомбаргҳои ба саҳмия (ҳисса) табдилёбандаи шахсони ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзӣ нестанд, ба андозаи зиёда аз даҳ фоизи сармояи танзимшавандааш сармоягузорӣ намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки ташкилоти қарзӣ онҳоро дар натиҷаи анҷом додани амалиёти бонкӣ соҳиб шуда бошад. Дар ҳолатҳое, ки дар натиҷаи анҷом додани амалиёти бонкӣ ҳаҷми чунин сармоягузорӣ зиёда аз даҳ фоизи сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзиро ташкил мадиҳад, ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст, ба шарти зарар надидан, дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ ва дар ҳар сурат дар мӯҳлати на дертар аз як соли баъди соҳиб шудани чунин коғазҳои қиматнок. (ҳиссаҳо) онҳоро ба шахсони ба ташкилоти қарзӣ вобастанабуда фурӯшад.
2. Ба ташкилоти қарзӣ молик шудан ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) ва вомбаргҳои ба саҳмия (ҳисса) табдилёбандаи дигар шахси ҳуқуқӣ, ки дар натиҷа он ҷамъияти вобаста ё фаръии ташкилоти қарзӣ мегардад, бе гирифтани розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки ташкилоти қарзӣ онҳоро дар натиҷаи анҷом додани амалиёти бонкӣ соҳиб шудааст. Ташкилоти қарзӣ наметавонад молики ҷамъияти вобаста ва фаръии гардад, ки онҳо ба фаъолияти ғайримолиявӣ ва ё ғайрибонкӣ машғул мебошанд. Ҷамъияти вобаста ва фаръии ташкилоти қарзӣ бояд танҳо ба фаъолияти молиявӣ ва ё бонкӣ, инчунин ба ҳар гуна фаъолияти дигаре, ки аз фаъолияти молиявӣ ва ё бонкӣ бармеоянд, машғул бошад.
3. Дар ҳолате, ки агар Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти қарзӣ барои нигоҳдории саҳмияҳо (ҳиссаҳо) ва вомбаргҳои ба саҳмия (ҳисса) табдилёбандаи ҷамъияти вобаста ё фаръӣ, ки дар натиҷаи амалиёти бонкӣ соҳиб шудааст, розигӣ надиҳад ё ташкилоти қарзӣ барои гирифтани розигӣ дар мӯҳлати як моҳ дархост пешниҳод накарда бошад, ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст, коғазҳои қиматноки (ҳиссаҳои) мазкурро, ба шарти зарар надидан, дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ ва дар ҳар сурат дар мӯҳлати на дертар аз як соли баъди ба даст оварданашон ба шахсони ба ташкилоти қарзӣ вобастанабуда фурӯшад.
4. Ташкилоти қарзӣ ҳуқуқ надорад соҳиби молу мулки ғайриманқул гардад, ба истиснои молу мулки ғайриманқуле, ки барои таъмини фаъолияти худ ва эҳтиёҷоти иҷтимоии кормандон, аз ҷумла таъмини онҳо бо манзил зарур аст.
5. Ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст, ҳама гуна молу мулки ғайриманқулеро, ки дар рафти гузаронидани амалиёти бонкӣ ба моликияташ гузаштааст, ба шарти зарар надидан, дар муддати кӯтоҳ (на дертар аз се моҳ) ва дар ҳар сурат дар мӯҳлати на дертар аз ду соли баъди ба даст оварданаш фурӯшад.
6. Ташкилоти қарзӣ ҳар гуна қисми зиёдатии молу мулки ғайриманқулро ба иҷора дода метавонад, ба шарте ки он ба фаъолияти ташкилоти қарзӣ халал нарасонад.
7. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ тартиби аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ сармоягузорӣ намудан ба коғазҳои қиматнок ё ҳиссаҳо, аз ҷумла харид ва фурӯши (соҳиб шудан ва бегона намудани) онҳо, инчунин меъёрҳои мақбулро нисбат ба чунин амалиёт муқаррар менамояд
Моддаи 34. Реҷаи кории ташкилоти қарзӣ
1. Ташкилотҳои қарзӣ дар давоми соатҳои кории аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқарраршуда ба муштариён хизмат мерасонанд .
2. Дар ҳолатҳои зарурӣ бо мақсади таъмини суботи низоми бонкӣ ва ҳифзи манфиатҳои муштариён Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба ташкилотҳои қарзӣ дар хусуси боз доштани кор ва қатъи амалиёт супориш диҳад. Дар ин ҳолат ташкилотҳои қарзӣ танҳо бо иҷозати Бонки миллии Тоҷикистон аз нав ба кор шурӯъ карда метавонанд .
Моддаи 35. Аҳд ва амалиёти шубҳанок
1. Ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст дар бораи иҷрои ҳама гуна аҳд ва амалиёти шубҳаноки муштариёни худ (кӯшиши анҷом додани аҳд ва амалиёти шубҳанок) фавран ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда , маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо тартиби муқарраршуда хабар диҳад
2. Аз ҷониби ташкилоти қарзӣ тибқи қисми 1 моддаи мазкур ифшо намудани маълумот риоя нашудани талаботи сирри бонкӣ ҳисоб наёфта, ташкилоти қарзӣ барои амали мазкур ҷавобгар намебошад .
3. Ба ташкилоти қарзӣ додани иттилоот ба муштариёни худ ва шахсони дигар оид ба пешниҳоди маълумот ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом доир ба иҷрои ҳама гуна аҳд ва амалиёти шубҳаноки муштариёни худ манъ аст .
Моддаи 36. Маҳдудияти амалиёт бо саҳмияҳо
1. Ташкилоти қарзӣ наметавонад таҳти гарави саҳмияҳои худ ягон хел қарз, пешпардохт, кафолатнома ё коғази қиматноки дигар диҳад ё дигар ӯҳдадориҳоро ба зимма гирад .
2. Ташкилоти қарзӣ метавонад саҳмияҳои худро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон харидорӣ намояд .
Моддаи 37. Суратҳисобҳои ғайрифаъол
1. Суратҳисоби бонкие, ки соҳибаш дар давоми даҳ соли охир ба он ягон хел таваҷҷӯҳ зоҳир накардааст, ба истиснои суратҳисобҳои пасандозии шахсони воқеӣ, суратҳисоби ғайрифаъол дониста шуда, маблағи он бо риояи қоидаҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда нигоҳ дошта мешавад .
2. Ташкилоти қарзӣ дар рӯзи аввали кории соли ояндаи тақвимӣ ба соҳиби суратҳисоби ғайрифаъол ба нишонии охирини маълумбудаи вай тавассути почта огоҳинома ирсол намуда, ҳамзамон дар на камтар аз ду рӯзномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи соҳиби суратҳисоби ғайрифаъол эълон медиҳад. Агар соҳиби суратҳисоби ғайрифаъол дар давоми як моҳи баъди ирсоли огоҳинома ва нашри эълон аз худ дарак надиҳад, ташкилоти қарзӣ суратҳисоби ғайрифаъолро баста, маблағи онро барои нигоҳдории минбаъда ба суратҳисоби махсуси дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодашуда интиқол медиҳад .
3. Бонки миллии Тоҷикистон маблағҳои суратҳисоби махсусро ба коғазҳои қиматноки давлатӣ ва дар ҳолати набудани онҳо ба дигар коғазҳои қиматнок сармоягузорӣ мекунад. Дар давоми 20 соли дигар ҳар як шахс, бо далели тасдиқкунандаи соҳибият ба ин маблағҳо, метавонад ба Бонки миллии Тоҷикистон барои гирифтани онҳо муроҷиат намояд. Баъди ба охир расидани давраи мазкур Бонки миллии Тоҷикистон маблағи дархостнашудаи чунин суратҳисобро ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба амонат нигоҳ доштан дар Хазинадории давлатӣ мегузаронад.
Моддаи 38. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва сабтҳо
1. Ташкилотҳои қарзӣ ҳуҷҷатҳо ва сабтҳои зеринро аз рӯи ҳар як аҳд ба мӯҳлати на кам аз панҷ сол пас аз анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ нигоҳ медоранд :
- маълумоти мушаххасшуда оид ба муштарӣ;
- дархост ва ҳамаи ҳуҷҷатҳо оид ба аҳдҳо (аз ҷумла, созишномаҳои қарз ва кафолатҳои таъминшуда) ва қарорҳои ташкилоти қарзӣ дар бораи маъқул донистани онҳо ;
- сабти аҳдҳо бо шарикон (аз ҷумла, кредитор, дебитор ва кафилон) ва ҳар гуна гувоҳиномаҳои дигари ҳуҷҷатӣ, ки барои маъқул донистани ин аҳдҳо асос шудааст;
- кушодани суратҳисобҳои бонкии онҳо;
- дигар ҳуҷҷатҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ муқаррар кардааст.
2. Сабтҳо дар шакли хаттӣ анҷом дода мешаванд. Ташкилоти қарзӣ бояд сабтҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, муросилот (мактубҳо), интиқолҳои телеграфӣ, огоҳиномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои ба фаъолияти молиявии вай дахлдоштаро дар шакли мухтасар (микрофилм, шаклҳои гуногуни электронӣ ва ғайра) ба ҷои нусхаи асл ба мӯҳлати муқарраркардаи қонун тавре нигоҳ дорад, ки низоми мувофиқ ва қоидаҳои пурра барқарорсозии маълумот дар ҳамон ҷой вуҷуд дошта бошанд. Ин гуна нусхаҳои мухтасар баробари нусхаи асл эътибор доранд .
3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад оид ба низоми нигоҳдории ҳуҷҷатҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намояд.
Моддаи 39. Низоми пардохтӣ
1. Ташкилотҳои қарзӣ бо гирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ аз Бонки миллии Тоҷикистон, метавонанд низоми пардохтӣ ё ҳисоббаробаркуниҳоро таъсис диҳанд.
2. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ қоида ва усулҳои фаъолияти низоми пардохтӣ, аз ҷумла шаклҳои ҳисоббаробаркуниро муқаррар мекунад.
3. Тартиби иштироки ташкилотҳои қарзиро дар низомҳои пардохтии байналмилалӣ ва анҷом додани интиқоли фаромарзии маблағҳо Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
4. Бонки миллии Тоҷикистон тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтиро аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ танзим ва назорат менамояд .
БОБИ 6. ҲИСОБДОРӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ
Моддаи 40. Соли молиявӣ
Соли молиявии ташкилотҳои қарзӣ 1 январ оғоз ёфта, 31 декабр ба охир мерасад. Барои филиали бонки хориҷӣ соли молиявӣ метавонад дигар бошад .
Моддаи 41. Пешниҳоди ҳисобот
1. Бо мақсади танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ қоидаҳои ҳисобдорӣ, феҳрист, шаклҳо, тартиби таҳия ва мӯҳлати пешниҳоди ҳисоботи молиявиро муқаррар менамояд .
2. Ташкилотҳои қарзӣ ӯҳдадоранд ба Бонки миллии Тоҷикистон дар баробари ҳисоботи молиявӣ, инчунин маълумоти зеринро пешниҳод намоянд :
- оид ба дороиҳо ва ӯҳдадориҳо;
- оид ба риояи меъёрҳои мақбул;
- оид ба суратҳисобҳо ва нишондиҳандаҳои молиявӣ;
- ҳисоботи оморӣ дар алоҳидагӣ ва дар шакли маҷмӯӣ;
- дигар иттилооти зарурӣ, ки Бонки миллии Тоҷикистон талаб мекунад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ҳангоми зарурат аз ҳар як ҷамъияти алоқаманд, вобаста ё фаръии ташкилоти.қарзӣ барои амалӣ намудани назорати маҷмӯӣ ҳисобот талаб кунад .
Моддаи 42. Асосҳои ҳисобдорӣ ва таҳияи ҳисоботи молиявӣ
1. Ташкилоти қарзӣ бояд қоидаҳо ва низоми ҳисобдорӣ, аз ҷумла баҳисобгирии ҳаррӯзаи даромаду хароҷотро риоя намояд .
2. Ташкилоти қарзӣ ҳисоботи молиявии худро, ки аз тавозун, ҳисобот дар бораи фоидаву зиён, ҳисобот дар бораи гардиши пулӣ ва ҳисобот дар бораи тағйирот дар сармоя иборат мебошад, мутобиқи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва талаботи иловагии Бонки миллии Тоҷикистон омода мекунад .
3. Ҳисоботи молиявӣ вазъи воқеии молиявии ташкилоти қарзӣ ва филиалҳои онро инъикос намуда, маълумот дар бораи низоми идоракунии дохилии ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла ҳисоботи Шӯрои нозирони ташкилоти қарзиро низ дар бар мегирад .
Моддаи 43. Ҳисоботи молиявии солона
1. Ташкилоти қарзӣ ҳисоботи молиявии солона ва дар сурати доштани як ё якчанд ҷамъияти фаръӣ ҳисоботи молиявии маҷмӯии солонаро омода мекунад .
2. Бонки миллии Тоҷикистон дигар ҷамъиятҳои алоқаманд, вобаста ё фаръии ташкилоти қарзиро, ки онҳо дорои дигар ҷамъиятҳои фаръӣ мебошанд, муайян карда метавонад ва ин ташкилоти қарзӣ бояд дар бораи онҳо ҳисоботи молиявии маҷмӯии солона пешниҳод намояд
3. Филиалҳои бонки хориҷӣ маълумот оид ба суратҳисобҳо ва ҳисоботи молиявӣ доир ба амалиёти солонаи худро омода намуда, бевосита ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
4. Нусхаи ҳисоботи молиявии солона, аз ҷумла ҳисоботи молиявии маҷмӯии солонаи ташкилоти қарзӣ, ки аз аудит гузаштааст, на дертар аз чор моҳи баъди анҷоми соли молиявӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
5. Бонки хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як ё якчанд филиал дорад, нусхаи ҳисоботи молиявии маҷмӯии солонаи худро, ки аз аудит гузаштааст, дар мӯҳлати на дертар аз шаш моҳи баъди анҷоми соли молиявии он ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.
Моддаи 44. Нашри ҳисоботи молиявии солона
1. Ташкилоти қарзӣ ҳисоботи молиявии солонаи худ, аз ҷумла ҳисоботи молиявии маҷмӯии солонаро, ки аз аудит гузаштааст, дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ баъди гирифтани хулосаи аудиторӣ дар на камтар аз ду рӯзномаи ҷумҳуриявӣ нашр менамояд .
2. Ташкилоти қарзӣ дар дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои худ нусхаи ҳисоботи молиявии солонаи худро, ки аз аудит гузаштааст ва рӯйхати аъзои Шӯрои нозирони хешро дар ҷойи ба муштариён намоён ба намоиш мегузорад .
БОБИ 7. АУДИТ
Моддаи 45. Аудит
1. Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати ташкилотҳои аудиториеро, ки дорои иҷозатномаи дахлдор, тахассус ва таҷрибаи кофии аудити ташкилоти қарзии молиявӣ буда, аудити ташкилотҳои қарзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида метавонанд, муайян ва нашр мекунад .
2. Ташкилоти қарзӣ танҳо аз рӯи ҳамин рӯйхат ташкилоти аудиториро барои гузаронидани аудит таъин менамояд.
3. Муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" нисбат ба ташкилотҳои аудитории хориҷие, ки ба руйхати Бонки миллии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, татбиқ намегардад (№ 2072).
4. Муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" нисбат ба ташкилотҳои аудиторие, ки аудити ташкилотҳои қарзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронанд, бо назардошти Қонуни мазкур татбиқ мегардад .
5. Ташкилоти аудиторӣ ё корманди он бояд молик, корманди роҳбарикунанда, корманд ё намояндаи ташкилоти қарзӣ набошад. Шахсе, ки дар ташкилоти қарзӣ манфиат надорад, ба истиснои ҳолатҳои доштани амонат ва пасандоз дар ташкилоти қарзӣ, метавонад аудитори он таъин гардад .
6. Агар ташкилоти аудиторӣ ҳангоми гузаронидани аудит соҳиби ин гуна манфиат дар ташкилоти қарзӣ гардад, пас хизматрасонии аудитории вай қатъ гардида, ташкилоти қарзӣ ташкилоти аудитории дигарро таъин мекунад .
7. Ташкилоти аудиторӣ ба ташкилоти қарзӣ хизматрасониҳоеро, ки бо вазифаҳои назорати дохилии ташкилоти қарзӣ алоқаманданд, пешниҳод намекунад, ба истиснои хизматрасониҳои таълимие, ки дорои хусусияти доимӣ намебошанд .
8. Ташкилоти қарзӣ наметавонад пайдарпай як ташкилоти аудиториро ба мӯҳлати зиёда аз се сол аудитор таъин намояд .
9. Мутобиқи стандартҳои байналмилалии аудит ташкилоти аудиторӣ аудити ташкилоти қарзиро дар асоси назорати маҷмӯӣ анҷом медиҳад ва:
- изҳор мекунад, ки ташкилоти аудиторӣ ё ягон корманди ташкилоти аудиторӣ дар ташкилоти қарзӣ ягон манфиат надорад ва талаботи қисми 7 моддаи мазкурро иҷро мекунад ;
- дар риоя ва нигоҳдории қоидаҳои ташкили низоми дурусти ҳисобгирӣ ба ташкилоти қарзӣ кӯмак мерасонад ;
- дар нигоҳдории низоми дурусти назорати молиявӣ ва идоракунии хавфҳо ба ташкилоти қарзӣ мадад мерасонад ;
- бо дархости Кумитаи аудити ташкилоти қарзӣ дар маҷлисҳои он иштирок менамояд ;
- дар мӯҳлати 3 моҳи баъди анҷоми соли молиявӣ дар бораи мукаммалӣ, холисӣ ва дурустии ҳисоботи молиявӣ хулосаи аудиторӣ ва назари аудиторӣ омода намуда, дар бораи вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ мутобиқи талаботи Қонуни м азкур ба Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ маълумоти муфассал пешниҳод мекунад ;
- ба Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи низоми таснифи қарзҳо ва таъминнокии дороиҳои (аз ҷумла, қарзҳои) шубҳанок тибқи талаботи Бонки миллии Тоҷикистон, бо нишон додани камбудиҳо назари ташкилоти аудиториро пешниҳод мекунад ;
- ба ҳар як узви Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ ва ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ҳар як амали корманди роҳбарикунанда, корманд ё намояндаи ташкилоти қарзӣ, ки аз нигоҳи он вайрон кардани талаботи ин Қонун ё ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ мебошад хабар медиҳад ;
- ба ҳар як узви Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ ва ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ҳар як норасоӣ ё камбудии дар идоракунӣ ё амалиёти ташкилоти қарзӣ ошкоршуда, хабар медиҳад .
10. Ҳангоми таҳияи хулосаи аудиторӣ инҳо бояд ба назар гирифта шаванд:
- қаноатбахш будани баёнот ва иттилооте, ки аз корманди роҳбарикунанда, корманд ё намояндаи ташкилоти қарзӣ ҳангоми аудит талаб шудааст ;
- дараҷаи воқеан ҷавобгӯй будани ташкилоти қарзӣ ба талаботи низоми назорати дохилӣ ва ҳисобдорӣ ;
- усуле, ки ташкилоти қарзӣ барои пешбурди китобҳои ҳисобдорӣ, ҳуҷҷатҳо, ҳисобот ва фарогирии амалиёт, ки барои мониторинг ва аудити дохилию берунӣ зарур аст, истифода мебарад ;
- қобилияти кордонӣ ва ба талабот мувофиқ будани роҳбарияти ташкилоти қарзӣ ;
- камбудиҳои ҷойдошта, эродҳо ва тавсияҳо барои бартараф кардани онҳо, инчунин иҷрои тавсияҳо ва бартараф намудани эродҳои солҳои гузашта;
- дараҷаи дақиқ будани ҳуҷҷатҳои ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳодшуда ва мувофиқати онҳо ба мазмуни сабтҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, низоми ҳисобдорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ҳамин ҳуҷҷатҳо.
11. Ташкилоти қарзӣ дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯзи баъди дастрасии хулосаи аудиторӣ ва тавсияномаи ташкилоти аудиторӣ нусхаи онҳоро ба Бонки миллиӣ Тоҷикистон ирсол менамояд. Ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст, ки бо дарназардошти хулосаи аудиторӣ ҳисоботи молиявии ислоҳшударо ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд .
12. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад аз ташкилоти аудиторӣ маълумоти иловагиро вобаста ба хулосаи он талаб намояд.
13. Пешниҳод кардани хулосаи аудитории носаҳеҳ ва ё муносибати ғаразноки ташкилоти аудиторӣ бо ташкилоти қарзӣ сабаби хориҷ кардани ташкилоти аудиторӣ аз рӯйхати Бонки миллии Тоҷикистон мегардад .
Моддаи 46. ӯҳдадориҳои иловагӣ
1. Илова ба муқаррароти дар моддаи 45 Қонуни мазкур зикргардида, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба зиммаи ташкилоти аудиторие, ки аудити ташкилоти қарзиро мегузаронад, ӯҳдадориҳои зеринро вогузор намояд :
- пешниҳоди маълумоти иловагӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи аудит, ки онро Бонки миллии Тоҷикистон зарур мешуморад;
- пешниҳоди ҳисобот, амалӣ кардани бозрасӣ ё иҷро намудани ҳар гуна қоидаи аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқарраршуда;
- ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод кардани ҳисобот дар бораи ҳисобдорӣ ва назорати дохилӣ;
- таъмини иштироки намояндагон барои баррасии хулосаи аудитории ташкилоти қарзӣ бо даъвати Бонки миллии Тоҷикистон ;
- додани хулоса оид ба ҷавобгӯ будани чораҳои мубориза бар зидди қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада , маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки ташкилот.и қарзӣ мутобиқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон андешидааст .
2. Хароҷоти иҷрои ӯҳдадориҳои иловагӣ ба зиммаи ташкилоти қарзӣ вогузор карда мешавад .
Моддаи 47. Масунияти ташкилоти аудиторӣ
1. Ташкилоти аудиторӣ риояи талаботи махфияти касбӣ ва сирри бонкиро дар ташкилоти қарзӣ арзёбӣ мекунад .
2. Ташкилоти аудиторӣ барои мутобиқи талаботи Қонуни мазкур пешниҳод намудани маълумоти дорои сирри бонкӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҷавобгар намебошад.
3. Ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намудани маълумоти дар сархатҳои ҳафтум ва ҳаштуми қисми 9 моддаи 45 Қонун мазкур пешбинигардида, риоя накардани ӯҳдадории нигоҳдории сирри маълумот дониста намешавад.
БОБИ 8. МАХФИЯТ
Моддаи 48. Сирри бонкӣ
1. Маълумот дар бораи фаъолият ва ҳолати молиявии муштарӣ, ки ба ташкилоти қарзӣ ҳангоми хизматрасонӣ ва муносибат бо муштарӣ ё бо шахси сеюм маълум шудааст ва ошкор кардани он мумкин аст ба муштарӣ зиёни моддӣ ё маънавӣ расонад, сирри бонкӣ мебошад .
2. Маълумоти зерин сирри бонкӣ маҳсуб мешавад:
- дар бораи мавҷудияти суратҳисобҳои бонкӣ ва воситаҳои пардохтӣ, соҳибон ва дорандагони онҳо, дар бораи маблағҳои пулии дар онҳо мавҷуда ва амалиёти бо ин суратҳисобҳо ва воситаҳои пардохтӣ иҷрошавандаи муштариён ;
- дар бораи интиқоли маблағҳои пулӣ аз тарафи шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб ва дар бораи фиристонандагони (гирандагони) онҳо;
- дар бораи маблағҳои пулӣ ва ашёи қиматбаҳои муштарӣ, ки дар ташкилоти қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд .
3. Маълумоте, ки ба сирри бонкӣ мансуб мебошад, танҳо ба шахсони зерин дода мешавад:
- ба соҳиби суратҳисоби бонкӣ ва соҳиби ашёи қиматбаҳо ё намояндаи онҳо;
- ба дорандагони воситаҳои пардохтӣ ё намояндагони онҳо;
- ба шахсони аз тарафи ташкилоти қарзӣ барои амалисозии супориши муштарӣ оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ ҷалбгардида - дар доирае, ки барои амалисозии амалиёти бонкии супоришшуда зарур мебошад
- ба фиристонандагон ва гирандагони интиқолҳои пулӣ;
- ба Бонки миллии Тоҷикистон бо талаби он;
- ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба аудити муштарии ташкилоти қарзӣ дар қисми хизматрасонии маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои давлатӣ ва қарзи давлатӣ дар асоси мактуби раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- ба судҳо - дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя) ;
- ба иҷрочии суд дар асоси қарори иҷрочии мақомоти иҷро вобаста ба ҳуҷҷати иҷро
- ба бюрои таърихи қарз мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таърихи қарз (кредит)" ;
- ба мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба муштариёни ташкилоти қарзӣ - дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя) мутобиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- ба мақомоти андоз вобаста ба суратҳисобҳои андозсупорандаи санҷишшаванда ва андозсупорандагоне, ки нисбат ба онҳо қарор дар бораи ба таври ғайрисудӣ рӯёнидани қарзҳои эътирофшудаи андоз қабул гардидааст ва (ё) андозсупорандагони бемасъулият эътироф шудаанд - дар асоси дархости хаттии роҳбари мақоми андоз якҷо бо замимаи нусхаи фармоиш ё қарори дахлдори мақоми андоз
4. Муқаррароти мазкур дар ҳолати бо сабабҳои гуногун қатъ гардидани муносибатҳо байни муштарӣ ва ташкилоти қарзӣ низ эътибори худро гум намекунанд .
5. Маълумот дар бораи сирри бонкӣ дар сурати вафоти муштарӣ дода мешавад:
- ба шахсоне, ки аз тарафи муштарӣ дар васиятнома зикр шудаанд;
- ба судҳо, идораҳои нотариалӣ ва муассисаҳои консулгарии хориҷӣ аз рӯи парвандаҳои меросии муштарии фавтида.
6. Ифшои сирри бонкӣ бе риояи шартҳои дар қисми 3 моддаи мазкур муқарраршуда манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур .
7. Барои ғайриқонунӣ ошкор намудани сирри бонкӣ шахсони гунаҳкор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
8. Ташкилотҳои қарзӣ бо мақсади таъмини амнияти молу мулк ва сирри бонкӣ ҳуқуқ доранд хадамоти махсуси худро таъсис диҳанд ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи яроқ" силоҳ ва воситаҳои зарурии техникиро дастрас намуда истифода баранд
9. Маблағҳои дар суратҳисобҳои бонкӣ ё маблағҳои ва дороиҳои дигари дар ташкилотҳои қарзӣ нигоҳдошташаванда дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя), қарори иҷрочии мақомоти иҷро вобаста ба ҳуҷҷати иҷро ҳабс карда мешаванд
10. Ҳангоми ҳабс намудани маблағҳои пулии дар суратҳисобҳои бонкӣ буда, ташкилоти қарзӣ фавран амалиёти додани онро дар доираи маблағе, ки ҳабс карда шудааст, қатъ мекунад .
11. Ҳангоми ҳабс намудани ашёи қиматбаҳои дигаре, ки дар ташкилоти қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд, ташкилоти қарзӣ додани онҳоро ба соҳибонаш қатъ менамояд .
Моддаи 49. Ҳифзи сирри бонкӣ аз ҷониби кормандони ташкилоти қарзӣ ва шахсони сеюм
1. Аз ҷониби кормандони роҳбарикунанда, кормандон ва намояндагони амалкунанда ё собиқи ташкилоти қарзӣ пешниҳод намудани сирри бонкӣ ба шахсони сеюм, ошкор кардан ё додани имконият барои таҳлили он манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки мувофиқи Қонуни мазкур иҷозат дода шудаанд .
2. Маҳдудият ҳамчунин ба кормандон ва нозирони Бонки миллии Тоҷикистон ва шахсоне, ки аз ҷониби он барои санҷиш мутобиқи моддаи 52 Қонуни мазкур таъин гардидаанд, инчунин ба онҳое, ки чунин иттилоот ё маълумотро бо тақозои касб, вазифа ё фаъолияти худ мустақиман ё ғайримустақим таҳқиқ менамоянд, тааллуқ дорад.
Моддаи 50. Ҳолатҳои истисноӣ
Талаботи моддаҳои 48 ва 49 Қонуни мазкур дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад:
- ҳангоми иҷрои вазифаҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ба ӯҳдаи ташкилоти аудиторӣ вогузор карда шудаанд;
- нисбат ба маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ё Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бинобар иҷрои вазифаҳои он талаб карда мешаванд;
- ҳангоми андешидани тадбирҳо ва иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳо ё чораҳои дигари зидди қонунигардони даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада , маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом , ки мувофиқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар шудаанд
- ҳангоми додани тасдиқнома ё огоҳнома сабабҳои рад кардани пардохти чек бо талаби соҳиби қонунии он;
- ҳангоми пешниҳоди маълумот дар хусуси қарздории муштарӣ ҷиҳати муайян намудани эътимоднокии баргашти қарз, чекҳои қалбакӣ ва оид ба ҳар гуна аҳдҳои дигаре, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини устувории низоми бонкӣ зарур меҳисобад;
- ҳангоми аз тарафи ташкилоти қарзӣ ошкор намудани ҳама ё қисме аз маълумот дар бораи ахдҳои муштариён, бо мақсади исботи талаби худ дар баҳси судӣ ;
- нисбат ба маълумоте, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ба дигар мақомоти назораткунанда пешниҳод мегардад.
Моддаи 51. Ҳифзи маълумоте, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод шудааст
1. Ҳар гуна маълумоти аз ташкилоти қарзӣ оид ба ҳар як муштарӣ, аҳдҳои муштарӣ ва дигар маълумоти муфассал дар хусуси муносибатҳои он бо муштариён ҷамъовардашуда махфӣ нигоҳ дошта шуда, танҳо бо розигии ташкилоти қарзӣ ё мувофиқи Қонуни мазкур ошкор карда мешавад .
2. Дар Бонки миллии Тоҷикистон дастрасӣ ба ин гуна маълумот танҳо ба он кормандоне иҷозат дода мешавад, ки дорои ваколати дахлдор мебошанд.
3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад маълумоти ифшошавандаи аз ташкилотҳои қарзӣ гирифташударо пурра ё қисман нашр намояд .
4. Бонки миллии Тоҷикистон бе розигии ташкилоти қарзӣ тафсилоти амалиёти ташкилоти қарзиро ифшо мекунад, агар чунин тафсилот дар ҳисоботи молиявии аз ҷониби Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ тасдиқшуда дарҷ шуда ё аллакай дастраси умум гардида бошад .
БОБИ 9. НАЗОРАТ ВА САНҶИШ
Моддаи 52. Назорат ва санҷиш
1. Бонки миллии Тоҷикистон аз болои ташкилотҳои қарзӣ бо тартиби зерин назорат, аз ҷумла назорати маҷмӯӣ мебарад
-ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот, далелҳо ва маълумотӣ аз ҷониби ташкилоти қарзӣ тибқи Қонуни мазкур пешниҳодшударо баррасӣ менамояд;
- аз ташкилотҳои қарзӣ ва ҳар гуна ҷамъиятҳои алоқаманд, во баста ё фаръии онҳо дар шакли хаттӣ пешниҳод ва тасдиқ намудани ҳар гуна маълумоти иловагӣ, ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот ва ё далелҳоро талаб менамояд;
- дар хусуси вазъи молиявӣ, манбаи маблағҳои пулӣ, нуфузу эътибори саҳмиядорони (иштирокчиёни) бевосита ё бавоситаи ташкилоти қарзӣ ва оид ба шахсе, ки барои соҳиб шудани ҳиссаи иштироки афзалиятнок ё ваколати назоратӣ дар ташкилоти қарзӣ муроҷиат мекунад, маълумот талаб менамояд;
- санҷиши ташкилоти қарзӣ, ҷамъиятҳои алоқаманд, фаръӣ ва вобастаи онро тавассути корманд ё кормандони худ ё шахсоне, ки бо ин мақсад аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудаанд, анҷом медиҳад
2. Санҷиш баррасии фаъолияти ташкилоти қарзиро барои муайян кардани вазъи молиявии он, инчунин мувофиқати фаъолияти ташкилоти қарзӣ ба талаботи Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон", санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, санадҳо ва сиёсати дохилии онро дар бар мегирад .
3. Бонки миллии Тоҷикистон на камтар аз як маротиба дар як сол санҷиши ҳамаҷонибаи ҳар як ташкилоти қарзиро анҷом медиҳад, ба истиснои намояндагиҳо, ки на камтар аз як маротиба дар ду сол санҷиш карда мешаванд .
4. Шахсони тибқи моддаи мазкур барои гузаронидани санҷиш таъиншуда барои риояи талаботи сирри бонкӣ масъул мебошанд. Кормандони роҳбарикунанда, кормандон ва намояндаи ташкилоти қарзӣ ё ҷамъиятҳои алоқаманд, вобаста ва фаръии он вазифадоранд дастрасии шахсони мазкурро ба ҳамаи утоқҳои корӣ, аз ҷумла ба кассаҳо, хазинаҳо ва ганҷхонаҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, суратҳисобҳо, ҳуҷҷатҳо, сабтҳо, аз ҷумла сабтҳои электронӣ таъмин намоянд .
5. Ҳар гуна маълумот, аз ҷумла маълумоти дорои сирри бонкӣ, ки аз ҷониби санҷишгарон талаб мегардад, бояд аз ҷониби ташкилоти қарзӣ сари вақт пешниҳод карда шавад. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ вазифадоранд дар гузаронидани санҷиш ҳамаҷониба мусоидат намоянд .
6. Бонки миллии Тоҷикистон Шӯрои нозирони ташкилоти қарзиро оид ба натиҷаҳои санҷиш огоҳ месозад .
7. Тартиби гузаронидани санҷиш, ҷамъбаст ва пешниҳоди натиҷаҳои он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
8. Мақомоти андоз метавонанд ташкилоти қарзиро аз рӯи масоили пардохти андоз аз фаъолияти бонкӣ санҷиш намоянд .
9. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аудити фаъолияти молиявию хоҷагидории ташкилотҳои қарзии давлатиро мегузаронад. Аудити ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла ташкилотҳои қарзии давлатӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми хизматрасонии маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои давлатӣ ва қарзи давлатӣ гузаронида мешавад
10. Мақомоти дигари давлатӣ наметавонанд фаъолияти ташкилоти қарзиро санҷанд. Муносибати байни онҳо ва ташкилоти қарзӣ ба тартибе, ки моддаи 48 Қонуни мазкур муқаррар кардааст, сурат мегирад .
Моддаи 53. Чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ
Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" нисбат ба ташкилотҳои қарзӣ чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасониро татбиқ менамояд .
БОБИ 10. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 54. Баррасии баҳсҳо
1. Ташкилотҳои қарзӣ метавонанд нисбат ба қарорҳои Бонки миллии Тоҷикистон оид ба рад кардани аризаи гирифтани иҷозатнома, татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ, татбиқи чораҳои батанзимдарорӣ ба Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 30 рӯз аз рӯзи гирифтани онҳо шикоят намоянд № 2072).
2. Баррасии баҳсҳо нисбат ба қарорҳои Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 88(1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" анҷом дода мешавад .
Моддаи 55. Ҳимояи манфиати муштариён
1. Муносибати муштариён бо ташкилоти қарзӣ дар асоси шартнома сурат мегирад, агар дар қонун тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад .
2. Мӯҳлат ва меъёрҳои фоизии қарзҳо, амонатҳо, пасандозҳо, инчунин ҳаққи хизмат аз ҷониби ташкилоти қарзӣ дар шартнома бо муштарӣ муқаррар карда мешаванд .
3. Пеш аз оғози хизматрасонӣ ташкилоти қарзӣ ба муштарии худ ҳатман дар бораи хизматрасонии пешниҳодшаванда, аз ҷумла дар бораи ҳаққи хизмат, меъёрҳои фоизӣ ва дигар хароҷоти иловагии муштарӣ хабар медиҳад
4. Ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст интиқоли маблағи муштарӣ ва ба суратҳисоби вай гузаронидани маблағро на дертар аз рӯзи дигари гирифтани ҳуҷҷати дахлдори пардохт амалӣ намояд, агар дар қонунгузорӣ, шартнома ё ҳуҷҷати пардохт мӯҳлати дигар муқаррар нашуда бошад .
5. Дар сурати дер ё нодуруст ба суратҳисоби муштарии худ гузаронидан ё аз он хориҷ кардани маблағҳои пулӣ, ташкилоти қарзӣ бояд барои ҳар рӯзи таъхир ба муштарӣ аз рӯи маблағи мӯҳлати пардохташ батаъхирафтода мувофиқ ба меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон ҷарима диҳад .
6. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар интихоби ташкилоти қарзӣ озод буда, метавонанд дар як ё якчанд ташкилоти қарзӣ суратҳисоби бонкӣ кушоянд .
7. Ташкилотҳои қарзӣ ӯҳдадоранд тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи молиявӣ ва маълумот оид ба фаъолият ва хизматрасониҳо, сохтори моликият (саҳмиядорон ё иштирокчиён, манфиатдорони ниҳоӣ), сохтори ташкилӣ ва идоракунӣ, риояи меъёрҳои мақбул, шахсони вобастаи ташкилотҳои қарзӣ ва хулосаи аудитории соли гузаштаро ифшо намоянд
8. Ташкилоти қарзӣ ҳуқуқ надорад меъёрҳои фоизии қарзҳои додашуда, амонатҳо, пасандозҳо, ҳаққи хизмат ва мӯҳлати амали шартномаҳои бо муштариён басташударо якҷониба тағйир диҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар шартномаи бо муштариён басташуда пешбинӣ гардидааст .
9. Ташкилоти қарзӣ ҳуқуқ надорад, ки ба муштарӣ қарз дода ё хизмати дигар расонида, дар назди вай шарт гузорад, ки ҳатман аз дигар хизматрасониҳои ҳамин ташкилоти қарзӣ ё муассисаҳои он истифода барад .
10. Ҳангоми аз ҷониби муштарӣ пеш аз мӯҳлат баргардондани маблағи қарзи асосӣ ташкилоти қарзӣ ҳуқуқи рад кардани қабули маблағи қарзи асосиро надорад. Ҳисоб кардани фоиз ба мӯҳлати боқимонда ва ҷарима барои пеш аз мӯҳлат баргардондани қарзи асосӣ манъ аст .
11. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаҳдорӣ ва баргардонидани амонату пасандозҳои шахсони воқеиро дар бонки давлатӣ кафолат медиҳад.
12. Нисбат ба талаботи ташкилотҳои қарзӣ дар бораи баргардонидани қарзҳои додашуда мӯҳлати панҷсолаи даъво муқаррар карда мешавад .
Моддаи 56. Муқаррароти хотимавӣ
1. Ташкилоти қарзие, ки дар рӯзи эътибор пайдо кардани Қонуни мазкур дорои иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, фаъолияти худро ҳамчун ташкилоти қарзӣ дар асоси муқаррароти Қонуни мазкур идома медиҳад .
2. Чунин ташкилотҳои қарзӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон номгӯи саҳмиядорон (иштирокчиён) ва барои ҳар як дорандаи ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок, маълумот ва гувоҳинома, ҳамчунин маълумоти дигарро дар бораи онҳо, ки Бонки миллии Тоҷикистон талаб мекунад, дар давоми 3 моҳи баъди эътибор пайдо кардани Қонуни мазкур пешниҳод мекунанд .
3. Талаботи сархати дуюми қисми 1 моддаи 30 Қонуни мазкур нисбат ба ташкилотҳои қарзӣ то 1 сентябри соли 2010 татбиқ намегардад, бо шарте ки онҳо маблағи асосии чунин қарзҳои калонро дар ин муддат зиёд накунанд .
4. Муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд" нисбат ба ташкилотҳои қарзӣ дар он қисме татбиқ мегардад, ки ба муқаррароти Қонуни мазкур мухолифат надошта бошад .
5. То мутобиқ кардани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни мазкур, онҳо дар қисме татбиқ карда мешаванд, ки хилофи меъёрҳои Қонуни мазкур нестанд.
Моддаи 57. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 58. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1998 "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 10, мод. 143; с. 2002, № 11, мод. 669; с. 2005, № 12, мод. 647; с. 2007, № 7, мод. 678) беэътибор дониста шавад.
Моддаи 59. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
19 майи соли 2009, № 524
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе, 30 апрели соли 2009, № 1329
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе,
18 майи соли 2009 № 644
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №5, мод.331; с.2010, №7, мод.555; с.2011, №12, мод.84б; с.2013, №11, мод.786; с.2014, №11, мод.663; с.2018, №7-8, мод.532; с.2019, №6, мод. 328)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии фаъолияти бонкиро муайян намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- фаъолияти бонкӣ - аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) анҷом додани амалиёти бонкӣ ва аҳдҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст ;
- низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари қарзии молиявии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда ;
- ташкилотҳои қарзии молиявӣ - ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти дар қонун пешбинишударо амалӣ менамоянд
- ташкилотҳои қарзӣ - шахсони ҳуқуқие (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории хурд), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо иҷро менамоянд
- ташкилоти қарзии давлатӣ - ташкилоти қарзие, ки сармояи (фонди) оинномавии он пурра ба давлат тааллуқ дорад
- бонкӣ фаръӣ - бонке, ки аз ҷониби дигар ташкилоти қарзӣ ё ҷамъияти ҳолдингии бонкӣ назорат карда мешавад
ҷамъияти фаръӣ - шахси ҳуқуқӣ, аз ҷумла бонкӣ фаръие, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ назорат карда мешавад ;
- ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ - ташкилотҳои қарзие, ки ҳуқуқи иҷрои баъзе аз амалиёти бонкиро доранд. Номгӯи амалиёти бонкиро барои ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд ;
- бонки фаръӣ - бонке, ки зиёда аз панҷоҳ фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаи он ба бонки дигар тааллуқ дорад;
- кормандони роҳбарикунанда - раиси ташкилоти қарзӣ ва муовинони ӯ, раиси раёсат ва аъзои дигари он, сармуҳосиби ташкилоти қарзӣ, инчунин роҳбар ва сармуҳосиби филиали ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла филиали бонки хориҷӣ ;
- ҷамъияти ҳолдингии бонкӣ - шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзӣ намебошад ва он дар ташкилоти қарзӣ дорои ваколати назоратӣ мебошад ;
- ҷамъияти вобаста - шахси ҳуқуқие, ки дар он ташкилоти қарзӣ мустақилона ё тавассути ягон кас ё якҷоя бо як ё бештар шахсон бевосита ё бавосита дорои ҳиссаи иштироки зиёда аз 20 фоизи саҳмияҳои овоздиҳанда (ҳиссаҳо) мебошад
- ҷамъияти алоқаманд - шахси ҳуқуқие, ки дар ташкилоти қарзӣ дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнок ё ваколати назоратӣ мебошад, инчунин ҳар гуна шахси ҳуқуқии дигаре, ки дар онҳо ин шахси ҳуқуқӣ дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнок ё ваколати назоратӣ мебошад ;
- ваколати назоратӣ - яке аз ваколатҳои зерин, ки шахе мустақилона (инфиродӣ) ё тавассути ягон кас ё якҷоя бо як ё бештар шахсон:
а) бевосита ё бавосита доранда ё идоракунандаи бештар аз 50 фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаи (ҳиссаҳои) шахси ҳуқуқӣ мебошад;
б) имконияти интихоби аксарияти аъзои Шурои нозирони шахси ҳуқуқӣ ё мақоми ба он баробарро дорад;
в) новобаста аз иштирок дар сармояи шахси ҳуқуқӣ, дорои имконияти бевосита ё бавосита таъсири ҳалкунанда расонидан дар қабули қарорҳои шахси ҳуқуқиро дорад;
г) дорои ваколати назоратии дигаре мебошад, ки Бонки миллии Тоҷикистон муайян кардааст
- филиал - воҳиди махсуси сохтории ташкилоти қарзӣ, ки берун аз маҳали ҷойгиршавии он қарор дошта, аз номи он пурра ё қисман фаъолияти бонкиро иҷро менамояд ва бо ташкилоти қарзӣ сармояи оинномавӣ ва тавозуни ягона дорад ;
- филиали бонки хориҷӣ - воҳиди махсуси сохторӣ, ки аз ҷониби бонки хориҷӣ барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст;
- намояндагӣ - воҳиди махсуси сохтории ташкилоти қарзӣ, ки берун аз маҳали ҷойгиршавии он қарор дошта, манфиатҳои онро ҳифз ва намояндагӣ мекунад ва ягон намуди фаъолияти бонкиро иҷро наменамояд ;
- қарз - маблағе, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ ба қарзгир бо шартҳои пардохти фоиз ва баргардонидан ба мӯҳлати муайян дода шудааст ;
- амонат - маблағ ва сарвати дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба ташкилоти қарзӣ барои нигаҳдорӣ супурда шудаанд ;
- пасандоз - маблағе, ки ҳуқуқи истифодаи муваққатиаш ба ташкилотҳои қарзӣ бо шарти пардохти фоизи муайян вогузор шудааст ;
- резидентҳо - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба ҳамин сифат мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" эътироф шудаанд ;
- ғайрирезидентҳо - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки резидент намебошанд ;
- шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод - шахсе ҳисобида мешавад, ки агар:
а) шахси воқеӣ - резидент ё ғайрирезидент бо ҳукми суд барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона (аз ҷумла ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта) аз озодӣ маҳрум нашуда бошад;
б) нисбат ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ - резидент ё ғайрирезидент барҳамдиҳии маҷбурӣ, муфлисшавӣ татбиқ нашуда бошанд ё аз тарафи суд амалҳо ё беамалии ин шахс ҳамчун дорандаи ҳиссаи иштироки афзалиятнок ё узви мақоми идора ё мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқӣ боиси барҳамдиҳии маҷбурӣ, аз ҷумла муфлисшавӣ эътироф нашуда бошанд;
в) иҷозатномаи ташкилоти қарзии молиявӣ дар давраи ба ҳайси раис (муовинони ӯ), узви раёсат ё сармуҳосиби ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолият кардани шахси воқеӣрезидент ё ғайрирезидент бинобар татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ нисбат ба он бозхонд нашуда бошад;
г) шахси воқеӣ - резидент ё ғайрирезидент аз тарафи суд аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти муайян ё аз ишғоли мансабҳои муайян маҳрум нашуда бошад;
д) шахси воқеӣ - резидент ё ғайрирезидент ҳамчун узви мақоми идора ё корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии молиявӣ бинобар татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ё мақоми назорати бонкии хориҷӣ аз вазифа озод нашуда бошад;
е) шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ - резидент ё ғайрирезидент б о қарори суд ӯҳдадориҳои молиявии иҷронашуда надошта бошанд;
ё) шахси воқеӣ - резидент ё ғайрирезидент барои содир кардани ҷиноятҳои қасдонаи хусусияти коррупсионӣ дошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашуда бошад ;
- ҳиссаи иштироки афзалиятнок - ҳиссаи иштироки шахсе, ки мустақилона (инфиродӣ) ё. тавассути ягон кас ё якҷоя бо як ё бештар шахсон бевосита ё бавосита дорои даҳ фоиз ё зиёда аз он саҳмияҳои овоздиҳандаи (ҳиссаҳои) ташкилоти қарзи мебошад ё ҳиссаи иштироки афзалиятнок, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян гардидааст
- аъзои оила - зан (шавҳар), фарзандон (фарзандхондагон), падару модар, бародарон, хоҳарон, набера, фарзандони зан (шавҳар)
- шахси вобаста - шахсони зерин дар назар дошта мешаванд:
а) аъзои Шӯрои нозирон ва кумитаи аудити ташкилоти қарзӣ;
б) кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ;
в) роҳбарони (муовинони онҳо) воҳидҳои сохтории иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва назорати дохилии ташкилоти қарзӣ;
г) шахси воқеии дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнок дар ташкилоти қарзӣ;
ғ) аъзои оилаи шахсони дар зербандҳои а), б), в) ва г) сархати мазкур зикршуда;
д) шахси ҳуқуқие, ки дар ташкилоти қарзӣ ҳиссаи иштироки афзалиятнок дорад, инчунин аъзои Шӯрои нозирон, мақоми иҷроия, роҳбарони (муовинони онҳо) воҳидҳои сохтории иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва назорати дохилии чунин шахси ҳуқуқӣ ва аъзои оилаи онҳо;
е) шахси ҳуқуқие, ки дар он шахсони дар зербандҳои а), б), в), г) ва д) сархати мазкур зикршуда ҳиссаи иштироки афзалиятнок доранд;
ё) шахси ҳуқуқие, ки дар он ташкилоти қарзӣ ҳиссаи иштироки афзалиятнок дорад, инчунин аъзои Шӯрои нозирон, мақоми иҷроия, роҳбарони (муовинони онҳо) воҳидҳои сохтории иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва назорати дохилии чунин шахси ҳуқуқӣ ва аъзои оилаи онҳо;
ж) ҳар шахси дигар, ки бевосита ё бавосита метавонад ба қабули қарорҳои ташкилоти қарзӣ таъсир расонад
- меъёрҳои мақбул - меъёрҳои иқтисодие, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ муқаррар гардида, риояи онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ҳатмӣ мебошад ;
- пазириши хавф - дараҷа ва намудҳои қаблан муайяншудаи хавфҳое, ки ташкилоти қарзӣ омодааст дар доираи сатҳи ҷоизи хавф барои ноил шудан ба мақсадҳои дар стратегия ва нақшаи тиҷоратии худ пешбинишуда вобаста ба миқёс ва хусусияти фаъолияти худ қабул намояд
- хизматрасониҳои пардохтӣ - қабул намудан ва додани маблағҳои нақд, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли маблағҳо, аз ҷумла интиқоли маблағҳои электронӣ, барориш (эмиссия) ва (ё) хизматрасонии воситаҳои пардохтӣ ва хизматрасонӣ оид ба қабули пардохтҳо ;
- форфейтинг - маблағгузории аҳдҳои тиҷоратӣ бо роҳи баҳисобгирии векселҳо бидуни ӯҳдадории фурӯшанда ;
- факторинг - маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад .
Моддаи 3. Амалиёти бонкӣ ва дигар аҳдҳои ташкилотҳои қарзи (кредитӣ)
1. Ба амалиёти бонкӣ инҳо тааллуқ доранд:
- ҷалби амонат ва пасандозҳо;
- додани қарзҳо (таъминшуда ва таъминнашуда), аз ҷумла :
а) қарзҳои истеъмолӣ, ипотекӣ ва байнибонкӣ ;
б) факторинг;
в) форфейтинг ;
- кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ;
- хариду фурӯши воситаҳои зерин барои худ ё муштариён:
а) воситаҳои бозории пулӣ (аз ҷумла: чекҳо, векселҳо, ӯҳдадориномаҳо ва тасдиқномаҳои пасандозӣ ;
б) асъори хориҷӣ;
в) саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматноки интиқолшаванда;
г) қарордодҳои форвардӣ, созишномаи своп, фючерс, опсион ва дигар ҳосилаҳое, ки ба асъор, саҳмияҳо, вомбаргҳо, металлу сангҳои қиматбаҳо ё қурбу меъёрҳои фоизӣ дахл доранд;
- додани кафолат, баҳисобгирии ӯҳдадориҳои шартӣ, аз ҷумла кафолатҳо ва эътиборномаҳо (аккредитивҳо) барои худ ва муштариён;
- ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли маблағҳо, аз ҷумла интиқоли маблағҳои электронӣ, барориш ва ё хизматрасонии воситаҳои пардохт, ба истиснои интиқолҳои почта ;
- миёнаравӣ дар бозори пулӣ;
- амалиёти сейфӣ, нигаҳдорӣ ва идоракунии дороиҳо (пул, коғазҳои қиматнок, металлҳо, ҷавоҳирот ва ғайра);
- хизматрасонии амалиёти ба боварӣ асосёфта (идоракунии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ва ғайра ба манфиати боварикунанда ва дар асоси супориши он);
- ҳар гуна амалиёти дигаре, ки аз амалиёти дар моддаи мазкур зикршуда бармеоянд ва бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
- амалиёти кассавӣ: қабул намудан, аз нав ҳисоб кардан, иваз намудан, бастан ва нигоҳ доштани пулҳои коғазӣ ва тангаҳо;
- қабул намудан (инкассатсия) ва фиристодани пулҳои коғазӣ, тангаҳо ва ашёи қиматбаҳо;
2. Амалиёти бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар сурати доштани иҷозатномаи дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон ҳам бо пули миллӣ ва ҳам бо асъори хориҷӣ метавонад анҷом дода шавад .
3. Тартиби гузаронидани амалиёти ҷудогонае, ки дар қисми 1 моддаи мазкур номбар шудаанд, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад .
4. Ташкилотҳои қарзӣ, ғайр аз амалиёти бонкии дар қисми 1 моддаи мазкур номбаршуда, ҳуқуқ доранд аҳдҳои зеринро ба амал бароранд :
- додани замонат, ки иҷрои ӯҳдадориҳои пулиро дар назди шахси сеюм пешбинӣ менамояд;
- иҷораи молиявӣ (лизинг);
- амалиёт бо металлу сангҳои қиматбаҳо мутобиқи қонунгузорӣ;
- хизматрасонӣ ба сифати агенти молиявӣ;
- хизматрасонӣ ба сифати мушовир ё маслиҳатгари молиявӣ;
- хизматрасонии иттилооти молиявӣ ва қарзӣ .
5. Машғул шудани ташкилоти қарзӣ ба фаъолияти истеҳсолӣ, савдо ва бевосита ба фаъолияти суғурта манъ аст .
Моддаи 4. Муносибати байни ташкилоти қарзӣ ва давлат
1. Ташкилоти қарзӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои давлат ва давлат аз рӯи ӯхдадориҳои ташкилоти қарзӣ ҷавобгар намебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар онҳо чунин ӯҳдадориҳоро қабул карда бошанд .
2. Ташкилоти қарзӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи ӯхдадориҳои ташкилоти қарзӣ ҷавобгар намебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар онҳо чунин ӯҳдадориҳоро қабул карда бошанд .
3. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ дахолат кунанд .
4. Барои таъсиси ташкилоти қарзӣ, филиал ё намояндагии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини кормандони роҳбарикунандаи онҳо розигии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ талаб карда намешавад .
5. Ташкилоти қарзӣ аз рӯи шартномаи махсуси дар асоси озмун басташуда метавонад супоришҳои ҷудогонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатиро иҷро кунад, бо маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ амалиёт ва ҳисоббаробаркуниҳо гузаронад. Чунин шартнома бояд ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафайн, шарти назорати мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, инчунин тартиби ҳисоббаробаркунии байниҳамдигариро пешбинӣ намояд .
Моддаи 5. Иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои) ташкилотҳои қарзӣ
1. Ташкилотҳои қарзӣ метавонанд бо мақсади ҳимояи манфиатҳои худ иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои) ғайритиҷоратӣ таъсис диҳанд .
2. Тавассути иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳои) ташкилотҳои қарзии аъзо метавонанд фаъолияти худро ҳамоҳанг созанд, ба робитаҳои байни ташкилотҳои қарзии ватанӣ ва хориҷӣ мусоидат намоянд, дастовардҳои мутақобилаи илмӣ, иттилоотӣ ва касбиро дастраси ҳамдигар гардонанд, ба Бонки миллии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ оид ба фаъолияти бонкӣ тавсияҳо пешниҳод намоянд .
БОБИ 2. БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ ВА ИҶОЗАТНОМАДИҲИИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ
Моддаи 6. Таъсис ва бақайдгирии давлатии ташкилотҳои қарзӣ
1. Тартиби таъсиси ташкилоти қарзӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд" ва қонунҳои дигар бо назардошти муқаррароти Қонуни мазкур муайян карда мешавад .
2. Бонкҳо, ба истиснои бонки давлатӣ, дар шакли ҷамъияти саҳомӣ таъсис меёбанд.
3. Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои қарзӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад .
Моддаи 7. Иҷозатномадиҳии фаъолияти бонкӣ
1. Фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ (минбаъд - иҷозатнома) амалӣ мегардад.
2. Иҷозатнома бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ дар шакли хаттӣ, бемӯҳлат ва бе ҳуқуқи ба шахси дигар вогузор кардани он дода мешавад .
3. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад фаъолияти бонкиро бе иҷозатнома дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" анҷом диҳад.
4. Ташкилотҳои қарзӣ аз лаҳзаи гирифтани иҷозатнома ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти бонкиро пайдо мекунанд .
5. Розигӣ барои оғози фаъолият ба филиали бонки хориҷӣ танҳо дар ҳолате дода мешавад, ки бонки асосии он аз ҷониби мақоми дахлдори давлате, ки ин бонк дар он ҷойгир аст, зери танзим ва назорати маҷмӯии бонкӣ қарор дошта бошад.
6. Бонкҳои фаръӣ ва филиалҳои бонки хориҷӣ тибқи талаботи нисбат ба бонкҳои ватанӣ муқаррарнамудаи қонунгузории бонкӣ таҳти танзим ва назорат қарор мегиранд.
7. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои бонкҳои фаръӣ ва филиалҳои бонкҳои хориҷӣ оид ба анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ маҳдудиятҳо муқаррар намояд, агар дар давлатҳои дахлдори хориҷӣ нисбат ба бонкҳои фаръӣ ва филиалҳои бонкҳои ватанӣ чунин маҳдудиятҳо пешбинӣ карда шаванд.
Моддаи 8. Манъи фаъолияти бонкӣ
1. Ягон шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти бонкӣ бе иҷозатномае, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, машғул шуда наметавонад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барҳам додани шахси ҳуқуқиро, ки бе иҷозатнома амалиёти бонкӣ иҷро мекунад, талаб намояд.
3. Талаботи Қонуни мазкур нисбат ба шахсони зерин татбиқ намегардад:
- ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки фаъолияти онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" танзим мегардад;
- шахсоне, ки барои қарзи додаашон фоиз намегиранд ;
4. Калимаҳои "ташкилоти қарзӣ", "бонк", "ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ" ё калимаҳои аз онҳо бавуҷудомада дар ҳар шакле, ки набошад, наметавонад нисбат ба фаъолият ё хизматрасонӣ бе иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон истифода шаванд, ба истиснои чунин истифодабарие, ки мувофиқи қонун ё шартномаҳои байналмилалӣ муқаррар ё эътироф шуда бошад ё дар матне, ки калимаю ибораҳои номбаршуда истифода шудаанд, муайян бошад, ки он фаъолияти бонкиро дар назар надорад .
5. Намояндагӣ калимаҳои "ташкилоти қарзӣ" ё калимаи "бонк"-ро дар номи худ набояд истифода барад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки калимаҳои "ташкилоти қарзӣ" ё калимаи "бонк" қисми ҷудонопазири номи ташкилоти қарзӣ ё бонки хориҷиеро ифода кунад, ки онҳо ба ӯ тааллуқ доранд ба шарте ки дар чунин ҳолатҳо калимаи намояндагӣ илова карда шавад .
6. Ташкилоти қарзӣ бояд инҳоро дошта бошад :
- номи расмӣ ва ихтисораи он, ки ба шакли ташкилию ҳуқуқии он ишора мекунад;
- номгӯи фаъолият, ки ба забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ сабт шудааст;
- мӯҳр, бо зикри номи ташкилоти қарзӣ бо забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ .
7. Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор аст ҳангоми баррасии дархост барои гирифтани иҷозатнома истифодаи номи ташкилоти қарзиро манъ кунад, агар чунин ном аллакай дар Феҳристи сабти ташкилотҳои қарзӣ мавҷуд бошад .
Моддаи 9. Ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд
1. Муассиси (муассисони)ташкилотҳои қарзӣ пеш аз бақайдгирии давлатӣ ва гирифтани иҷозатнома бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон дархост, ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зеринро бо забони давлатӣ пешниҳод намуда, хулосаи пешакии Бонки миллии Тоҷикистонро гиранд :
- лоиҳаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ бо нишон додани маблағи эълоншудаи сармояи оинномавӣ
- маълумотнома бо зикри ному насаб, шаҳрвандӣ, ҷойи доимии истиқомат, фаъолият ё касб, таҳсилот, маълумоти муфассал оид ба собиқаи кории ҳар як узви Шӯрои нозирон ва корманди роҳбарикунанда
- нусхаи ҳуҷҷат дар бораи доштани таҳсилоти олии иқтисодии кормандони роҳбарикунанда;
- ҳуҷҷат оид ба шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод будани ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятноки ташкилоти қарзӣ, инчунин дигар шахсони ҳуқуқие, ки ин моликон дар онҳо дорои ваколати назоратӣ мебошанд ва аъзои Шӯрои нозирон ва кормандони роҳбарикунандаи онҳо
- маълумотнома бо зикри ному насаб, шаҳрвандӣ, ҷойи доимии истиқомат, фаъолият ё касби молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, ки вазъи молиявии онҳоро тасдиқ мекунад;
- маълумотнома оид ба манбаи қонунии маблағҳои пулии ба сармояи оинномавӣ воридшаванда;
- нусхаи ҳисоботи молиявии шахси ҳуқуқӣ - молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок барои се соли охир бо хулосаи аудиторӣ;
- рӯйхати саҳмиядорон ва манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳо, ки нишонии маҳалли ҷойгиршавӣ ва миқдори саҳмияҳоро дар бар мегирад;
- эъломияи хаттӣ аз ҷониби ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, узви Шӯрои нозирон ва корманди роҳбарикунанда оид ба шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод будан
-нақшаи фаъолияти пешбиникунандаи мақсаду намудҳои фаъолият, тавсифи сохтори ташкилӣ, идоракунии хавфҳо ва низоми назорати дохилӣ, аз ҷумла тадбирҳои дахлдор барои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, инчунин дурнамои ҳисоботи тавозунӣ, даромаду хароҷот ва гардишҳои пулӣ дар давоми се соли оянда
- барои ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии чунин ҳиссаи иштироки афзалиятнок, рӯйхати шахсони ҳуқуқие, ки иштироки онҳо дар сармояашон вуҷуд дорад, бо нишон додани ҳисса ва маҳали ҷойгиршавии онҳо;
- маълумот оид ба маҳали ҷойгиршавии саридора ва ҳар гуна маҳалли дигари воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он, ки дар он ҷо фаъолияти бонкӣ амалӣ карда мешавад;
- ҳуҷҷати пардохти ҳаққи хизмати баррасии дархост;
- ҳуҷҷат дар хусуси он ки мақоми назорати бонкии кишваре, ки бонки хориҷии (асосии) ё ҷамъияти ҳолдингии бонкӣ (кредитӣ) дар он ҷой таъсис ёфта, фаъолият мекунад, ба анҷомдиҳии фаъолияти бонкии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва назорати маҷмӯии бонкии дархосткунандаро амалӣ месозад
2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад вобаста ба баррасии дархост иттилооти дигари иловагиро талаб намояд.
Моддаи 10. Тартиби додани иҷозатнома
1. Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати то се моҳ аз рӯзи қабули дархост ба ташкилоти қарзӣ дар хусуси ба талаботи Қонуни мазкур ҷавобгӯ будан ё набудани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда хулосаи худро медиҳад .
2. Бо мақсади таҳияи хулоса Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо санҷида, маълумоти иловагии заруриро аз ташкилотҳои қарзӣ, мақомоти дигари давлатӣ ва мақоми назоратии хориҷии дахлдор дархост менамояд .
3. Дар сурати мусбат будани хулоса Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати як моҳ аз санаи аз қайди давлатӣ гузаштани ташкилоти қарзӣ ба вай иҷозатнома медиҳад .
4. Дар ҳолатҳои истисноӣ Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мӯҳлати дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишударо ба мӯҳлати то ду моҳ тамдид намуда, дархосткунандаро дар ин хусус бо зикри сабаби чунин таъхир хабардор мекунад.
5. Дар сурати манфӣ будани хулоса Бонки миллии Тоҷикистон ба дархосткунанда дар хусуси радкунии додани иҷозатнома бо нишон додани сабабҳои радкунӣ ба таври хаттӣ ҷавоб медиҳад. Дар ин ҳолат ҳаққи хизмати баррасии дархост барои гирифтани иҷозатнома баргардонида намешавад.
6. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ талаботеро, ки ҳангоми баррасии дархостҳо барои гирифтани иҷозатнома истифода мебарад, муайян ва нашр менамояд.
7. Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи додани иҷозатнома ба ташкилоти карзӣ бо назардошти асосҳои зерин қарор қабул мекунад :
- қонунӣ ва боэътимод будани маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда;
- қаноатбахш будани вазъи молиявӣ ва фаъолияти муассисон;
- ба талаботи шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод ҷавобгӯ будани моликони ҳиссаи иштироки афзалиятноки ташкилоти қарзӣ, инчунин дигар шахсони ҳуқуқие, ки ин моликон дар онҳо дорои ваколати назоратӣ мебошанд ва узви Шӯрои нозирон ва кормандони роҳбарикунандаи онҳо
- ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ мутобиқ будани сохтор ва ҳайати кормандон, захираҳои ҷорӣ, молиявӣ ва ташаккули сармояи ташкилоти қарзӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳо ;
- мақбул будани амалиёти дар оиннома нишондодашуда;
- воқеӣ будани нақшаи фаъолият;
- тасмими ташкилоти карзӣ дар хусуси фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи доимӣ ;
- амалӣ шудани дараҷаи мақбули мушоҳида ва назорат аз ҷониби мақомоти назорати хориҷӣ дар асоси маҷмӯӣ.
8. Баъд аз қабули қарор дар бораи додани иҷозатнома ташкилоти қарзӣ дар муддати як моҳ аз таърихи қабули қарори мазкур маблағи ҳадди ақалли сармояи оинномавиро ворид намуда, маблағи пардохт барои додани иҷозатномаро ба суратҳисобҳои дахлдор дар Бонки миллии Тоҷикистон мепардозад. Дар ҳолати аз ҷониби ташкилоти қарзӣ иҷро кардани шартҳои мазкур Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати се рӯзи корӣ ба вай иҷозатнома медиҳад .
9. Қарори Бонки миллии Тоҷикистон оид ба додани иҷозатнома дар нашрияи он интишор мегардад.
10. Ташкилотҳои қарзӣ минбаъд дар хусуси ҳама гуна тағйирот, ки ба ҳуҷҷатҳои барои гирифтани иҷозатнома пешниҳодшуда дахл доранд, Бонки миллии Тоҷикистонро хабардор мекунанд .
Моддаи 11. Филиалҳо ва воҳидҳои дигари сохтории ташкилотҳои қарзӣ
1. Ташкилотҳои қарзии ватанӣ барои оғози фаъолияти филиалҳои худ бояд розигии хаттии Бонки миллии Тоҷикистонро гиранд. Ташкилотҳои қарзии ватанӣ бо ин мақсад ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зеринро пешниҳод менамоянд :
- нусхаи қарори мақоми дахлдор оид ба таъсиси филиал
- нусхаи бо мӯҳр ва имзои роҳбари ташкилоти қарзӣ тасдиқгардидаи низомномаи филиал бо зикри номгӯи амалиёти бонкии ба филиал иҷозатдодашуда ;
- маълумоти муфассал дар бораи кормандони роҳбарикунанда мутобиқи талаботи Қонуни мазкур.
2. Масъалаи додани розигӣ барои оғози фаъолияти филиал аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми ду моҳ баррасӣ карда мешавад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон барои оғози фаъолияти филиал дар ҳолатҳои зерин розигӣ намедиҳад:
- ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ набудани номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи филиал;
- мувофиқ набудани бино ва таҷҳизоти филиал ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;
- аз ҷониби ташкилоти қарзӣ риоя нагардидани қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва меъёрҳои мақбул .
4. Ташкилотҳои қарзӣ дар хусуси бастани филиалҳои худ бояд Бонки миллии Тоҷикистонро хабардор намоянд .
5. Ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо метавонанд берун аз маҳалли воқеъгардидаи худ воҳидҳои дигари сохториро бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон таъсис диҳанд
6. Воҳидҳои сохтории мазкур аз номи ташкилоти қарзӣ амалиёти алоҳидаи бонкиеро иҷро мекунанд, ки номгӯи онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад .
Моддаи 12. Таъсиси филиали бонки хориҷӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба бонки хориҷӣ барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодани филиал бо мақсади анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ розигӣ диҳад.
2. Дархост барои гирифтани розигӣ аз ҷониби бонки хориҷӣ дар шакли хаттӣ бо забони давлатӣ, ҳамроҳ бо ҳуҷҷатҳои зерин ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад:
- қарори бонки хориҷӣ оид ба таъсиси филиал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ бо нишон додани маҳали ҷойгиршавии бонки хориҷӣ ва филиали навтаъсиси он;
- номгӯи амалиёти бонкие, ки бонки хориҷӣ анҷомдиҳии онҳоро ба филиал иҷозат додааст;
- маълумотнома бо зикри ному насаб, миллат, шаҳрвандӣ, ҷойи доимии истиқомат, фаъолият ё касб, дараҷаи маълумотнокӣ, маълумоти муфассал оид ба собиқаи корӣ барои ҳар як корманди роҳбарикунанда;
- нусхаи ҳуҷҷат дар бораи доштани таҳсилоти олии иқтисодии кормандони роҳбарикунанда;
- нусхаи ҳисоботи молиявии се соли охири бонки хориҷӣ бо хулосаи аудиторӣ;
- рӯйхати саҳмиядорон ва манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳои бонки хориҷӣ бо нишон додани маҳалли ҷойгиршавӣ, миқдори саҳмияҳо ва нусхаи ҳуҷҷати бақайдгирии саҳмиядорон;
- эъломияи хаттии корманди роҳбарикунанда оид ба надоштани доғи судӣ, муфлис набудан, надоштани маҳдудият дар фаъолияти касбӣ;
- нақшаи фаъолият, ки мақсадҳои корӣ ва намудҳои фаъолиятро пешбинӣ кардааст, тавсифи сохтори ташкилӣ ва низоми назорати дохилӣ, аз ҷумла тадбирҳои дахлдор барои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, инчунин дурнамои суратҳисобҳои тавозунӣ, суратҳисобҳои даромаду хароҷот ва гардишҳои пулӣ барои се соли минбаъдаи фаъолият
- маълумотнома оид ба маҳалли ҷойгиршавии филиал;
- ҳуҷҷати пардохти ҳаққи хизмати баррасии дархост;
- розигии хаттии мақоми назорати бонкии давлате, ки дар он бонки хориҷӣ таъсис ёфтааст, барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисдиҳии филиал ва анҷомдиҳии назорати бонкии маҷмӯии фаъолияти бонки хориҷӣ;
- кафолати мақоми олии идоракунии бонки хориҷӣ ҷиҳати ҷудо кардани маблағи зарурӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои филиал, ки аз амалиёти бонкии дар иҷозатнома пешбинишуда бармеоянд. Навъи асъор ва ҷои нигоҳдории маблағи чунин кафолат аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ номгӯи ҳуҷҷатҳои иловагии дар қисми 2 моддаи мазкур пешбининашударо муқаррар намояд.
4. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ тартиби додани розигиро барои аз ҷониби бонки хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодани филиал муқаррар менамояд
Моддаи 13. Таъсиси намояндагии ташкилоти қарзии хориҷӣ
1. Ташкилоти қарзии хориҷӣ барои кушодани намояндагӣ вазифадор аст розигии Бонки миллии Тоҷикистонро гирад .
2. Барои кушодани намояндагӣ ташкилоти қарзӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд :
- қарори мақоми дахлдори ташкилоти қарзӣ дар бораи кушодани намояндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- тасдиқи хаттии мақоми назорати бонкии давлати дахлдор дар бораи он, ки ташкилоти қарзии хориҷии дархосткунанда барои иҷрои амалиёти бонкӣ иҷозатнома дорад .
3. Дархост дар бораи додани розигӣ барои кушодани намояндагӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ баррасӣ карда мешавад.
Моддаи 14. Хусусияти таъсиси филиал, намояндагӣ ва бонки фаръии ташкилоти қарзӣ берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ташкилоти қарзии ватанӣ бе гирифтани розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон наметавонад берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон филиал, намояндагӣ ё бонки фаръӣ таъсис диҳад.
2. Ташкилоти қарзӣ барои гирифтани розигии пешакӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон нусхаи қарори мақоми дахлдори худро дар бораи таъсиси филиал, намояндагӣ, бонки фаръӣ ва таъини роҳбарони онҳо пешниҳод менамояд .
3. Ташкилотҳои қарзӣ доир ба ҳар гуна тағйирот вобаста ба маҳалли ҷойгиршавӣ ё қатъи фаъолияти филиал, намояндагӣ ё бонки фаръии худ Бонки миллии Тоҷикистонро хабардор мекунанд.
Моддаи 15. Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон пешбурди Феҳристи ташкилотҳои қарзиро анҷом медиҳад .
2. Дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ маълумоти зерин дарҷ мегардад: ном, маҳали ҷойгиршавӣ, рақами шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ташкилоти қарзӣ ва рақами шаҳодатномаи баҳисобгирии филиал, санаи додан ва бекор кардани онҳо, рақами иҷозатнома, санаи додан ва бозхонди он .
3. Дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ маълумоти дигари иловагӣ дарҷ карда мешавад, агар онро Бонки миллии Тоҷикистон зарур шуморад .
4. Рӯйхати ташкилотҳои қарзӣ, ки ном, маҳали ҷойгиршавӣ ва намуди иҷозатномаро дар бар мегирад, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳар сол дар моҳи январ дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад .
5. Ҳар гуна тағйирот дар рӯйхати ташкилотҳои қарзӣ, ки дар давоми сол рух медиҳад, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад .
Моддаи 16. Ҳаққи хизмат ва хироҷи иҷозатномадиҳӣ
1. Барои баррасии дархост ҷиҳати гирифтани иҷозатнома бонк ба маблағи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ ба маблағи 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳаққи хизмат пардохт мекунанд.
2. Барои гирифтани иҷозатнома бонк ба маблағи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ ба маблағи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба буҷети давлатӣ хироҷ пардохт мекунанд .
Моддаи 17. Бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ
1. Иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ метавонад танҳо бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси як ё якчанд сабаби зерин бозхонд шавад, агар:
- ташкилоти қарзӣ дар давоми дувоздаҳ моҳ аз рӯзи амали иҷозатнома ба фаъолияти бонкӣ машғул нашавад ё зиёда аз шаш моҳ фаъолияти бонкиро қатъ карда бошад;
- амалиёти аз ҷониби ташкилоти қарзӣ иҷрошаванда хавфнок ва ё беасос бошад;
- ташкилоти қарзӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, ҳама гуна шарту талаботи иҷозатномаро вайрон кунад ё чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонии тибқи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" андешидашударо иҷро накунад;
- асосҳо барои татбиқи чораҳои батанзимдарорӣ, ки дар моддаи 50 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" пешбинӣ шудаанд, мавҷуд бошанд;
- Бонки миллии Тоҷикистон далелҳои асоснок дошта бошад, ки ташкилоти қарзӣ ё роҳбарони он ба фаъолияти ҷиноятӣ машғул шудаанд, ки дар натиҷаи он манфиатҳои пасандоздоронро зери хатари ҷиддӣ мегузоранд;
- ташкилоти қарзӣ аз ӯҳдаи иҷрои талаботи Бонки миллии Тоҷикистон набаромада, ба иҷрои вазифаҳои назоратии он, аз ҷумла тавассути пинҳон кардан ё пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои ҳисобдорӣ, баҳисобгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо барои санҷиш, монеъ гардад;
- ташкилоти қарзӣ, бонки хориҷӣ ва ҷамъияти ҳолдингии бонкӣ, ки бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ҷамъияти фаръии онҳо мебошанд, дар содир намудани ҷиноят, аз ҷумла қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, иштирок карда бошанд ё аз иҷозатнома маҳрум шуда бошанд ;
- дар гузаронидани назорати бонкӣ бо сабаби пурра ё қисман ба кишвари дигар кӯчондани ташкилоти қарзӣ монеаҳо пайдо шаванд;
- пайдо шудани монеаҳо дар гузаронидани назорати бонкӣ, бо сабаби узви гурӯҳи ҷамъиятҳо будани ташкилоти қарзӣ ё бо сабаби он, ки ташкилоти қарзӣ ҷамъияти фаръии бонки хориҷӣ ё ҷамъияти ҳолдингии бонкӣ буда, ба таври дахлдор назорат карда нашавад
- мақоми хориҷии назоратии бонки хориҷӣ ё ҷамъияти ҳолдингии бонкӣ, ки бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ҷамъияти фаръии он мебошанд, барои бонки хориҷӣ ё ҷамъияти ҳолдингии бонкӣ мудири муваққатӣ ё барҳамдиҳандаро таъин карда бошад
- фаъолияти ташкилоти қарзӣ барои низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон хавфнок бошад;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ.
2. Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор аст иҷозатномаи ташкилоти қарзиро бозхонд намояд, агар муайян гардад, ки иҷозатнома дар асоси ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё маълумоти бардурӯғ гирифта шудааст.
3. Бозхонди иҷозатнома ба ғайр аз асосҳое, ки дар Қонуни мазкур зикр гардидаанд, манъ аст.
4. Дар қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бозхонди иҷозатнома бояд маълумоти зерин дарҷ гардад:
- асосҳои қабули қарор;
- номи пурраи ташкилоти қарзӣ;
- санаи эътибор пайдо кардани қарор;
- насаб, ном ва номи падар, вазифаҳои асосии мудир тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ.
5. Нусхаи қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон фавран дар рӯзи қабули қарор ба ташкилоти қарзӣ дода мешавад.
6. Қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми як ҳафта аз рӯзи қабули он дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад.
7. Бонки миллии Тоҷикистон нусхаи қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзиро ба Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ирсол менамояд .
Моддаи 18. Барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ
Ташкилоти қарзӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ" барҳам дода мешавад .
БОБИ 3. САРМОЯ
Моддаи 19. Сармояи ташкилотҳои қарзӣ
1. Сармояи оинномавии ташкилотҳои қарзӣ бо пули миллӣ ташаккул меёбад .
2. Ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ барои ташкилоти қарзии навтаъсис аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо пули миллӣ муқаррар мегардад .
3. Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи тағйир додани ҳадди ақалли сармояи оинномавии ташкилоти қарзӣ пас аз 90 рӯзи интишори расмии он мавриди амал қарор дода мешавад .
4. Барои ташкилотҳои қарзии навтаъсис - бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ҳадди ақалли сармояи оинномавие, ки дар рӯзи ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид шудани дархост дар бораи гирифтани иҷозатнома амал мекунад, татбиқ мегардад .
5. Сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, ки барои гирифтани мақоми бонк ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намудааст, бояд аз ҳадди ақалли сармояи оинномавие, ки барои бонки навтаъсис дар рӯзи ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид шудани дархост дар бораи гирифтани иҷозатнома амал мекунад, кам набошад .
6. Тартиби ҳисоби сармояи танзимшаванда ва қисмҳои таркибии онро Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ оид ба назорати бонкӣ муқаррар мекунад.
7. Ташкилоти қарзӣ наметавонад сармояи худро аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ, фондҳои ғайрибуҷетии давлатӣ, грантҳое, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд (ба истиснои ташкилоти қарзии давлатӣ), воситаҳои ҷалбшуда ва қарзӣ ташкил ва пурра намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар моддаи 551 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" пешбинӣ гардидаанд .
8. Ташкилоти қарзӣ наметавонад даромади софи худро ҳамчун суди (дивиденди) саҳмия байни саҳмиядорони худ тақсим кунад, агар ин гуна амал боиси риоя нашудани меъёри кифоятии сармоя гардад .
9. Ташкилоти қарзӣ наметавонад даромади софи худро то пӯшонидани ҳамаи хароҷоти марбут ба таъсисёбии худ дар байни саҳмиядорон ҳамчун суди (дивиденди) саҳмия тақсим намояд .
Моддаи 20. Меъёри дороиҳои софи дохилӣ барои филиалҳои бонкҳои хориҷӣ
Бонки миллии Тоҷикистон барои филиалҳои бонкҳои хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда меъёри барзиёдии дороиҳо нисбат ба ӯҳдадориҳояшонро дар назди резидентҳо муқаррар мекунад.
БОБИ 4. ИДОРАКУНИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ
Моддаи 21. Мақомоти идоракунии ташкилоти қарзӣ
1. Тартиби таъсис ва фаъолияти мақомоти идоракунии ташкилоти қарзӣ бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва "Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд" ва қонунҳои дигар бо дарназардошти муқаррароти Қонуни мазкур муайян карда мешаванд.
2. Идоракунии ташкилоти қарзӣ аз ҷониби мақомоти зерин амалӣ мегардад:
-мақоми олӣ - маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён);
- мақоми идора - Шӯрои нозирон, ки аз ҷониби маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён) таъсис дода мешавад;
- мақоми иҷроия, ки аз ҷониби Шӯрои нозирон таъсис дода мешавад.
3. Мақомоти идоракунии ташкилоти қарзии давлатӣ ва ваколатҳои онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти Қонуни мазкур муайян менамояд.
4. Шӯрои нозирон барои муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти қарзӣ ва назорати онҳо масъул мебошад. Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
-муқаррар намудани стандартҳои идоракунии хавфҳо, муайян кардани пазириши хавф ва ҳадди ақалли меъёрҳои мақбули дохилӣ;
-назорати тадбирҳое, ки мақоми иҷроияи ташкилоти қарзӣ барои ошкор, андозагирӣ, мониторинг ва назорати хавфҳо меандешад;
-нигаҳдории низоми мувофиқу босамари назорати дохилӣ, инчунин мониторинги самарабахшии низоми назорати дохилии аз тарафи мақоми иҷроияи ташкилоти қарзӣ амалишаванда;
- муқаррар намудани сиёсати дохилӣ ва сармоягузорӣ, низоми назорати дохилӣ, комплаенс (мувофиқа) ва меъёрҳои ахлоқӣ;
-маъқул донистани ба вазифа таъин (интихоб) ва аз вазифа озод намудани аъзои мақоми иҷроия ва кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ, ба пешниҳоди раис ё раиси раёсати ташкилоти қарзӣ, ба истиснои роҳбар ва сармуҳосиби филиали ташкилоти қарзӣ;
-тасдиқи сохтори ташкилӣ;
-таъини роҳбари сохтори аудити дохилӣ (сараудитор) ва роҳбари сохтори идоракунии хавфҳои (сардори воҳиди сохтории идоракунии хавфҳои) ташкилоти қарзӣ;
-муайян кардани шартҳо ва андозаи музди меҳнати раис, муовинони ӯ, аъзои раёсат, сараудитор ва сардори воҳиди сохтории идоракунии хавфҳои ташкилоти қарзӣ;
-таъсис ва барҳамдиҳии филиалҳо ва намояндагиҳои ташкилоти қарзӣ;
- баррасии натиҷаҳои аудит ва санҷишҳои дохилию берунӣ,
5. Ҳайати Шӯрои нозирон наметавонад камтар аз панҷ нафар бошад, Аъзои Шӯрои нозирон ба мӯҳлати на зиёда аз 4 сол дар маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён) интихоб мегарданд. Аъзои Шӯрои нозирон метавонанд аз нав интихоб шаванд.
6. Шӯрои нозирон метавонад аз ҳисоби шахсоне, ки дорои таҳсилоти олӣ буда, шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод мебошанд,. интихоб гардад. Шӯрои нозирон аз байни аъзои худ раиси Шӯроро интихоб мекунад.
7. Аъзои Шӯрои нозирон наметавонанд:
- кормандони ягон ташкилоти қарзии молиявии дигар бошанд;
- аъзои Шӯрои нозирон ё дорандаи ҳиссаи иштироки афзалиятнок дар дигар ташкилоти қарзии молиявӣ бошанд;
- корманд, аз ҷумла корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ, ҷамъияти вобаста ва фаръии он бошанд, ба истиснои корманди ҷамъияти алоқаманди ташкилоти қарзӣ;
- хизматчии давлатӣ бошанд, ба истиснои узви Шӯрои нозирони ташкилоти қарзие, ки давлат дар он саҳмдор аст;
- синнашон аз сӣ кам бошад.
8. На камтар аз чор як ҳиссаи аъзои Шӯрои нозирон бояд дар низоми бонкӣ (ватанӣ ва ё хориҷӣ) таҷрибаи кории зиёда аз се сол дошта бошанд.
9. Аъзои Шурои нозирони ташкилоти қарзӣ, ба истиснои ташкилоти қарзии давлатӣ пас аз мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмиядорони (иштирокчиёни) ташкилоти қарзӣ интихоб карда мешаванд. Тартиби мувофиқа намудани аъзои Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад
Моддаи 22. Мақомоти иҷроияи ташкилоти қарзӣ
1. Роҳбарии бевоситаи фаъолияти ҷории ташкилоти қарзӣ аз ҷониби мақоми иҷроияи он - Раёсат (мақоми дастаҷамъии иҷроия) ё раиси ташкилоти қарзӣ (мақоми инфиродии иҷроия) ё Раёсат ва раиси ташкилоти қарзӣ амалӣ мегардад. Агар Раёсат ва раиси ташкилоти қарзӣ дар як вақт ҳамчун мақоми иҷроия таъсис дода шаванд, он гоҳ раиси ташкилоти қарзӣ вазифаи раиси Раёсати онро иҷро менамояд.
2. Мақоми иҷроияи ташкилоти қарзӣ аз ҷониби Шӯрои нозирон таъсис дода шуда, он барои иҷрои қарорҳои Шӯрои нозирон ва идоракунии амалиёти ҳаррӯзаи ташкилоти қарзӣ масъул мебошад. Ҳайати Раёсати ташкилоти қарзӣ набояд аз се нафар кам бошад.
3. Раис ва узви Раёсати ташкилоти қарзӣ наметавонанд узви Шӯрои нозирон интихоб гарданд.
4. Раёсати ташкилоти қарзӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- татбиқи самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти қарзӣ;
- таъмини риояи меъёрҳои идоракунии корпоративӣ ва талаботи идоракунии хавфҳои ташкилоти қарзӣ;
- таъмини сатҳи зарурии низоми идоракунии ташкилоти қарзӣ, ки масъулият, ваколат ва муносибатҳои байниҳамдигарии сохторҳои дохилӣ, шахсони мансабдор ва кормандони дигари ташкилоти қарзиро муқаррар менамояд;
- ташкили низоми назорати дохилии ташкилоти қарзӣ, мониторинги мутобиқат ва самаранокии он
5. Раиси ташкилоти қарзӣ ваколатҳои зеринро ба зимма дорад:
- аз номи ташкилоти қарзӣ бе ваколатнома баромад карда, онро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ намояндагӣ мекунад, шартномаҳо мебандад;
- кормандони ташкилоти қарзиро ба кор қабул ва аз кор озод мекунад;
- дар ҷаласаҳои Раёсати ташкилоти қарзӣ раисӣ мекунад;
- ба қарорҳо ва протоколҳои маҷлисҳои Раёсати ташкилоти қарзӣ имзо мегузорад;
- вазифаҳоро дар байни муовинон тақсим мекунад;
- фармону амрҳо медиҳад, ки иҷрояшон барои кормандони ташкилоти қарзӣ ҳатмӣ мебошад;
- шартҳо ва андозаи музди меҳнати кормандони ташкилоти қарзиро, ба истиснои раис, муовинони раис ва сараудитори ташкилоти қарзӣ муайян мекунад;
- барои фаъолияти ташкилоти қарзӣ пурра масъул мебошад;
- масъалаҳои дигари фаъолияти ташкилоти қарзиро, ки ба салоҳияти Раёсат, Шӯрои нозирон ва Маҷлиси умумии саҳмиядорони (иштирокдорони) ташкилоти қарзӣ тааллуқ надоранд, баррасӣ мекунад.
6. Ҳангоми аз ҷониби як шахс таъсис додани ташкилоти қарзӣ ҳамин шахс наметавонад раис ё раиси Раёсати ташкилоти қарзӣ бошад .
Моддаи 23. Тартиби интихоб ва ба вазифа таъин кардани кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ
1. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ, ба истиснои раис ва аъзои раёсати ташкилоти қарзии давлатӣ, баъди аз санҷиши тахассусӣ гузаштани онҳо, бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон ба вазифа таъин (интихоб) карда мешаванд. Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад .
2. Аъзои Раёсати ташкилоти қарзиро Шӯрои нозирон интихоб намуда, раиси ташкилоти қарзӣ ва раиси Раёсати онро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
3. Муовини раиси ташкилоти қарзӣ ва сармуҳосибро раиси ташкилоти қарзӣ бо ҷонибдории Шӯрои нозирон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
4. Роҳбар ва сармуҳосиби филиали ташкилоти қарзӣ аз ҷониби раис ё раиси Раёсати ташкилоти қарзӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
5. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:
- дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз панҷсола аз рӯи ихтисос дар низоми бонкӣ (ватанӣ ва ё хориҷӣ) ва (ё) молия, ки на камтар аз се соли онро собиқа дар вазифаҳои роҳбар ё муовини роҳбари воҳидҳои сохтории иқтисодӣ ташкил диҳадбарои аъзои Раёсат, раис, муовини ӯ, сармуҳосиб ;
- дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз сесола аз рӯи ихтисос дар сохторҳои иқтисодии низоми бонкӣ (ватанӣ ва ё хориҷӣ) ва (ё) молия ё таҳсилоти дигари олӣ ва собиқаи кории на камтар аз даҳсола дар сохторҳои иқтисодии низоми бонкӣ ва (ё) молия - барои роҳбар ва сармуҳосиби филиал
- шахсони аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод бошанд;
- оид ба қонунгузории бонкӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон дониши кофӣ дошта бошанд;
- аъзои мақоми идоракунӣ, иҷроия ва ё корманди дигар ташкилоти қарзии молиявӣ набошанд
- дар ҳамин ташкилоти қарзӣ пурра ва дар як вазифа кор кунанд, ба истиснои намояндаи давлат дар раёсати ташкилоти қарзии давлатӣ;
- дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ кунанд .
6. Ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст, ки Бонки миллии Тоҷикистонро дар бораи аз вазифа озод кардани кормандони роҳбарикунанда на дертар аз се рӯзи баъди қабули қарори дахлдор хабардор намояд.
хориҷ карда шуд
Моддаи 24. Кумитаи аудит ва сараудитори дохилии ташкилоти қарзӣ
1. Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ бояд Кумитаи аудит таъсис диҳад .
2. Аъзои кумита ва Раиси он аз ҷониби Шӯрои нозирон ба мӯҳлати 4 сол интихоб карда мешаванд.
3. Раиси Шӯрои нозирон, Раиси ташкилоти қарзӣ ё аъзои Раёсати ташкилоти қарзӣ аъзои Кумитаи аудит буда наметавонанд .
4. Кумитаи аудит дар назди Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ амал карда, дорои ваколату ӯҳдадориҳои зерин мебошад :
-баррасии сиёсати ташкилоти қарзӣ дар самти аудити дохилӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
-назорати таъмини пурра, дақиқ ва саҳеҳи ҳисобдорӣ, ҳисоботи молиявӣ ва ҳисоботи молиявии маҷмӯии ташкилоти қарзӣ;
- баррасӣ ва тавсияи қабули нақшаи солонаи аудит, қоидаҳои ҳисобдорию назорати онҳо ва идоракунии хавфҳо дар ташкилоти қарзӣ;
- додани тавсияҳо дар барои таъини аудитори берунии ташкилоти қарзӣ мутобиқи моддаи 45 Қонуни мазкур, подошпулӣ ва қатъи шартнома бо он;
- баррасии ҳисоботи аудитори берунӣ оид ба ҳисоботи молиявии ташкилоти қарзӣ ва ба Шӯрои нозирон хабар додани ҳар гуна камбудиҳои ошкоршуда то аз ҷониби он маъқул донистани ҳисоботи молиявӣ;
- додани тавсия ба Шӯрои нозирон оид ба сохтори аудити дохилӣ, номзадии сараудитори дохилӣ ва подошпулии ӯ;
- талаб кардани ҳисобот аз сараудитори дохилии ташкилоти қарзӣ;
-баррасии ҳисоботи аудити дохилӣ ва назорати аз тарафи мақоми иҷроия сари вақт бартараф гардидани камбудиҳои низоми назорати дохилӣ, инчунин дигар камбудиҳое, ки аз ҷониби аудиторон ва воҳидҳои назораткунанда ошкор шудаанд;
- назорати мутобиқати фаъолияти ташкилоти қарзӣ ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешниҳоди маълумот ба Шӯрои нозирон;
- баррасии ҳисоботи ташкилоти қарзӣ, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мешавад;
- гузориш оид ба ҳар гуна масъалаҳое, ки аз ҷониби Шӯрои нозирон дар назди Кумитаи аудит гузошта шудаанд;
- ҳар семоҳа пешниҳод намудани ҳисобот ба Шӯрои нозирон оид ба фаъолияти Кумитаи аудит, инчунин пешниҳоди тавсияҳо оид ба масъалаҳое, ки аз ҷониби Шӯрои нозирон дар назди Кумитаи аудит дар доираи ваколати он гузошта шудааст;
- баррасии амалиёт ва аҳдҳои ташкилоти қарзӣ дар заминаи нақшаҳое, ки Кумитаи аудит мутобиқи дархости Шӯрои нозирон, дархости саҳмиядорони (иштирокчиёни) ташкилоти қарзӣ, ки беш аз 10 фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаро (ҳиссаҳоро) соҳибанд, қабул кардааст, ё тавре ки инро оинномаи ташкилоти қарзӣ муқаррар кардааст;
- ҳар сол на камтар аз як маротиба пешниҳод намудани ҳисобот дар маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён) оид ба фаъолияти худ
5. Қарорҳои Кумитаи аудит бо аксарияти овози аъзои иштирокдошта қабул мешаванд. Ҳангоми баробар будани миқдори овозҳо, овози Раиси Кумитаи аудит ҳалкунанда мебошад.
6. Дар ташкилоти қарзӣ сохтори аудити дохилӣ амал менамояд, ки ба он сараудитори дохилӣ роҳбарӣ менамояд .
7. Сараудитори дохилии ташкилоти қарзӣ бояд ба талаботи қисми 5 моддаи 23 Қонуни мазкур ҷавобгӯ бошад .
Моддаи 24(1). Маҳдудияти якҷоя кор кардани хешовандони наздик
1. Дар вазифаи узви Шӯрои нозирон, раис (муовинони он), узви раёсат, сараудитор, сармуҳосиб ё хазинадори ташкилоти қарзӣ якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ муносибати хешутаборӣ (зан (шавҳар), фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан (шавҳар), қудоҳо, келинҳо, домодҳо, бародарзодагон, хоҳарзодагон, набера, писархондкунанда, фарзандхондагон) дошта бошанд, манъ аст.
2. Дар як ташкилоти қарзӣ якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ тибқи талаботи қисми 1 моддаи мазкур муносибати хешутаборӣ дошта бошанд ва агар кори онҳо ба итоату назорати бевоситаи ҳамдигарӣ алоқаманд бошад, манъ аст .
Моддаи 25. Ифшо кардани манфиатҳои шахсӣ
1. Корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ ҳангоми ба вазифа интихоб ё таъин шудан ва минбаъд ҳар сол бояд бо таври хаттӣ ба Шӯрои нозирон оид ба ҳар гуна манфиатҳои шахсии молиявии бевосита ё бавоситаи худ, аъзои оила ва шахсони дигаре, ки бо ӯ хоҷагии умумӣ доранд" иваз карда маълумот диҳад .
2. Ҳангоми аз ҷониби Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ ё мақоми дигари ваколатдори он баррасӣ гардидани масъалаи вобаста ба манфиатҳои шахсии молиявии корманди роҳбарикунанда ӯ ҳуқуқ дорад дар чунин баррасӣ иштирок намояд .
3. Кормандони ташкилоти қарзии давлатӣ (ба истиснои ҳайати техники ва хизматрасон) эъломияҳо дар бораи андоз аз даромад ва вазъи молумулкии худро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд
Моддаи 26. Тартиби ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнок
1. Ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнок дар ташкилоти қарзӣ бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Ҳар як шахсе, ки мустақилона (инфиродӣ) ё тавассути ягон кас, ё якҷоя бо як ё бештар шахсон мехоҳад бевосита, ё бавосита ҳиссаи иштироки афзалиятнокро дар ташкилоти қарзӣ ба даст оварад, ё дар натиҷаи ба даст овардани саҳмияҳои (ҳиссаҳои) иловагӣ дорои ҳиссаи афзалиятноки иштирок мегардад, ба Бонки миллии Тоҷикистон дархости хаттӣ манзур менамояд.
3. Дархост дар бораи ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнок инҳоро дар бар мегирад:
- насаб, ном, номи падар, шаҳрвандӣ, маҳалли доимии истиқомат, фаъолияти корӣ ё касби ҳар як шахси талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок;
- маълумотнома барои ҳар як талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок бо зикри насаб, ном, номи падар, шаҳрвандӣ, маҳалли доимии истиқомат, фаъолият ё касби талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, ки вазъи молиявии онҳоро тасдиқ менамояд;
- дар ҳолате, ки агар шахси талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок шахси ҳуқуқӣ бошад, нусхаи ҳисоботи тавозунӣ ва ҳисоботи фоида ва зиёни солонаи соли охир, ки аз аудит гузаштааст;
- маълумот оид ба шахсони ҳуқуқие, ки дар он ҳар як шахси талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок дорои ваколати назоратӣ мебошад;
- шартҳои ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнок;
- манбаи қонунии маблағҳои пулие, ки барои ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнок истифода мешаванд;
- ҳуҷҷат оид ба шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод будани ҳар як талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии он, инчунин дигар шахсони ҳуқуқие, ки ин талабгорон дар онҳо дорои ваколати назоратӣ мебошанд ва узви Шӯрои нозирон ва кормандони роҳбарикунандаи онҳо;
- ҳар як нақша ё пешниҳод оид ба тағйироти куллӣ дар фаъолият, сохтори корпоративӣ ё идоракунии ташкилоти қарзӣ;
- хулосаи пешакии хаттии ташкилоти қарзӣ;
- маълумоти дигаре, ки Бонки миллии Тоҷикистон метавонад талаб намояд.
4. Бонки миллии Тоҷикистон оқибатҳои таъсири ивазшавии молик ба устувории ташкилоти қарзӣ ва ба талаботи муқарраршуда мувофиқ будани талабгорони моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнокро муайян намуда, дар давоми 60 рӯз аз рӯзи гирифтани дархост ба дархосткунанда ё дархосткунандагон ба таври хаттӣ дар бораи розигӣ ё радкунии дархост ҷавоб мадиҳад. Дар ҳолати аз ҷониби талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок пешниҳод намудани маълумоти нопурра ё мутобиқнабуда ба талаботи моддаи мазкур, мӯҳлати баррасии дархост аз рӯзе оғоз меёбад, ки маълумот тибқи талаботи муқарраршуда пурра пешниҳод шуда бошад. Дар ҳолати радкунӣ, асоси он бояд нишон дода шавад.
5. Агар Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи қарори худ дар мӯҳлати зикршуда хабар надиҳад, пас ин маънои додани розигӣ барон ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнокро дорад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ҳангоми баъдан ошкор кардани ғайриқаноатбахш будани вазъи молиявии моликон ва шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод набудани моликон, инчунин ҳолатҳои аз ҷониби талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок вайрон намудани талаботи моддаи мазкур бекор кардани ин аҳдро талаб намояд.
6. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолате дархостро маъқул намешуморад, агар:
- вазъи молиявӣ, манбаи маблағҳои ҳар як шахси талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ғайриқаноатбахш дониста шаванд;
- талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод набошад;
- мушаххаскунии талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии он ғайриимкон бошад;
- нақша ё пешниҳоди талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок оид ба тағйироти куллӣ дар фаъолият, сохтори корпоративӣ ё идоракунии ташкилоти қарзӣ устувории молиявӣ ё манфиатҳои амонатгузорону пасандоздорон ва қарздеҳони онро зери хатар гузорад;
- ин бадастоварӣ рақобатро то андозае маҳдуд карда, устувории молиявии ташкилоти қарзӣ ё манфиатҳои амонатгузорону пасандоздорон ва қарздеҳонро зери хатар гузорад.
7. Ҳар як шахсе, ки мустақилона (инфиродӣ) ё тавассути ягон кас ё якҷоя бо як ё бештар шахсон мехоҳад бевосита ё бавосита ҳиссаи иштироки афзалиятноки худро дар ташкилоти қарзӣ то ба 20, 33, 50 ё 75 фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаи (ҳиссаҳои) ташкилоти қарзӣ расонад ё мутаносибан аз он бештар зиёд намояд, бояд на кам аз 30 (сӣ) рӯз пеш Бонки миллии Тоҷикистонро ба таври хаттӣ огоҳ намояд.
8. Ташкилоти қарзие, ки аз пешниҳоди ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнок ё пешниҳоди зиёд кардани ҳиссаи мавҷудаи он хабар дор мешавад, дар ин хусус фавран ба Бонки миллии Тоҷикистон огоҳиномаи хаттӣ мефиристад.
9. Ташкилоти қарзӣ дар ҳолати хабардор шуданаш аз он, ки моликони вай, аз ҷумла моликони ҳиссаи иштироки афзалиятнок минбаъд шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод нестанд, дар ин хусус фавран Бонки миллии Тоҷикистонро дар шакли хаттӣ огоҳ менамояд.
10. Аҳд дар мавриди ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнок дар ташкилоти қарзӣ, ки бе розигии Бонки миллии Тоҷикистон анҷом ёфтааст, беэътибор мебошад.
11. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ тартиби ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнокро муқаррар менамояд
Моддаи 27. Азнавташкилдиҳии ташкилотҳои қарзӣ
1. Азнавташкилдиҳии (муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ, табдилдиҳӣ) ташкилоти қарзӣ танҳо бо розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад .
2. Ташкилоти қарзӣ қабл аз азнавташкилдиҳӣ дар мӯҳлати на камтар аз 30 рӯз пеш дар ин бора ба Бонки миллии Тоҷикистон дархости пешакӣ фиристода, маълумоти заруриро ирсол мекунад .
3. Бонки миллии Тоҷикистон ба захираҳои молиявӣ, идоракунӣ ва дурнамои фаъолияти ташкилотҳои қарзии амалкунанда ва навтаъсис баҳо дода, то ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ҷавобгӯ нагардидани ташкилоти қарзии навтаъсис ба дархости онҳо розигӣ намедиҳад. Бонки миллии Тоҷикистон ба амали дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, дар ҳолати риоя нашудани талаботҳои қонунгузории зиддиинҳисорӣ низ розигӣ намедиҳад .
БОБИ 5. ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ
Моддаи 28. Қоидаҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ
1. Ташкилотҳои қарзӣ фаъолияти худро устуворона ва оқилона, мутобиқи талаботи Қонуни мазкур, меъёрҳои байналмилалии идоракунии корпоративӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва иҷозатномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ менамоянд .
2. Ташкилотҳои қарзӣ бояд :
- кифоятии сармоя ва пардохтпазириро нигоҳ доранд;
- ҳангоми пастшавии арзиши дороиҳо фонди ҷуброни талафоти имконпазирро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ташкил намоянд ;
- ҳисобдории мувофиқ ва дигар баҳисобгириро ба роҳ монанд;
- назорати мукаммал ва самаранокро аз рӯи хавфҳо амалӣ намоянд;
- барои иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳо ва ҷуброни зиён захираи кофӣ дошта бошанд ;
- бо мақсади кам кардани хавфҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон низоми худии идоракунии хавфҳо ва назорати дохилиро ташкил намоянд ;
- дороиҳои худро вобаста аз хавфи зиён мураттаб созанд.
3. Ташкилотҳои қарзӣ ва ҷамъиятҳои алоқаманди онҳо набояд сохторҳои гурӯҳиеро, ки ба амалӣ кардани назорати босамар монеъ мегарданд, ташкил кунанд. Бонки миллии Тоҷикистон қоидаҳоро барои ҷамъияти вобаста ва фаръии ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла талабот ба аҳдҳои байни ташкилоти қарзӣ ва ҳар гуна ҷамъиятҳои вобаста ва фаръии онро, ки ҳангоми таҳия ва ҷамъбасти ҳисоботи молиявии маҷмӯӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд, муқаррар мекунад .
4. Бонки миллии Тоҷикистон талаботеро, ки мутобиқи меъёрҳои боби мазкур барои ташкилотҳои қарзии ватанӣ муқаррар шудаанд, нисбат ба филиалҳои бонкҳои хориҷӣ низ татбиқ менамояд .
5. Агар ба раиси ташкилоти қарзӣ маълум гардад, ки меъёри кифоятии сармояи ташкилоти қарзӣ аз андозаи муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон кам гардидааст, ӯ бояд дар ин хусус дар шакли хаттӣ фавран ба Шӯрои нозирон ва Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳад .
Моддаи 29. Меъёрҳои мақбул
1. Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкилотҳои қарзӣ меъёрҳои мақбули зерин муқаррар карда мешаванд :
- ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ барои бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкии навтаъсис ;
хориҷ карда шуд ;
- андозаи ниҳоии қисми ғайрипулии сармояи оинномавӣ;
- андозаи ниҳоии хавф барои як қарзгир ё гурӯҳи қарзгирони ба ҳам алоқаманд;
- меъёри кифоятии сармоя;
- меъёри пардохтпазирии ҷорӣ;
- меъёри хавфҳои асъорӣ, фоизӣ ва хавфҳои дигар ;
- меъёри истифодаи маблағҳои худии бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ барои харидани саҳмияҳои (ҳиссаҳои) шахсони ҳуқуқӣ ;
- андозаи ниҳоии қарзҳо, кафолатҳо ва замонатҳое, ки бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ба шахсони вобастаи худ додаанд .
2. Бонки миллии Тоҷикистон тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва амалияи пешқадам ва мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ меъёрҳои мақбул ва тартиби ҳисоби онҳоро барои ташкилотҳои қарзӣ муқаррар намуда, ҳангоми амалӣ намудани назорат онҳоро истифода мекунад .
3. Бонки миллии Тоҷикистон талаботи меъёрҳои муайяншудаи боби мазкурро нисбат ба ташкилотҳои қарзӣ ва ҷамъиятҳои алоқаманд, вобаста ё фаръии онҳо дар заминаи назорати маҷмӯӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ муқаррар менамояд
4. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои мақбули дигарро, ки дар амалияи байналмилалии танзими фаъолияти бонкӣ истифода мешаванд, муқаррар намояд.
5. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад нисбат ба меъёри фоизӣ, мӯҳлати пардохт ва дигар шартҳои қарздиҳӣ ва ҷалби маблағҳо (аз ҷумла, амонат ва пасандоз) ё ӯҳдадориҳои ғайритавозунӣ низ талабот муқаррар намояд .
6. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои тафриқашудаи мақбул ва тартиби ҳисобкунии онҳоро аз рӯи намудҳои ташкилотҳои қарзӣ ё вобаста ба хавфҳое, ки онҳо дучор шудаанд, инчунин барои ташкилотҳои қарзии низомсоз муқаррар намояд.
Ташкилоти қарзии низомсоз тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад .
7. Қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи тағйир додани меъёрҳои мақбул ва тартиби ҳисобкунии онҳо пас аз 90 рӯзи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад .
8. Ташкилоти қарзӣ сиёсати дохилии худро бо риояи ҳадди ақал ва ниҳоии хавфҳо, қоидаҳои идоракунии хавфҳо, сиёсати сармоягузорӣ ва қарздиҳӣ, инчунин дигар меъёрҳои мақбули танзими сармоя, дороиҳо, суратҳисобҳои ғайритавозунӣ ва захираҳо пеш мебарад .
9. Ташкилоти қарзӣ сиёсати дохилии идоракунии меъёрҳои мақбулро дар самтҳои зерин таҳия ва амалӣ менамояд :
- дороиҳои пардохтпазир нисбат ба дороиҳои умумӣ ё ӯҳдадориҳо ва ё тағйирёбии онҳо (аз ҷумла, кафолатҳо ва гарави гирифташуда), ба шарте ки ташкилоти қарзӣ ҳуқуқи дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳдории қисме аз дороиҳои пардохтпазири худро дошта бошад ;
- ҳадди ниҳоии қарзҳо ва сармоягузориҳо ё қисме аз онҳо ;
- тасниф ва баҳогузории дороиҳо, ташкили захира ва фонди талафоти имконпазири дороиҳо дар заминаи чунин тасниф ва баҳодиҳӣ, инчунин муқаррар кардани мӯҳлате, ки бо мурури он даромад аз фоизи қарзҳои пардохтнашаванда наметавонад ҳамчун даромад ҳисобида шавад, ба истиснои даромад бо пули нақд;
- шартҳои қабули амонат, пасандоз ва додани қарз, аз ҷумла мӯҳлат ва фоизи онҳо ;
- мамнуиятҳо, махдудиятҳо ё шартҳои дигари вобаста ба:
а) навъи қарзҳо, сармоягузориҳо ва ӯҳдадориҳо, мутобиқати дороиҳо ва ӯҳдадориҳо аз рӯи мӯҳлат ва фоизи онҳо, инчунин дороиҳо ва ӯҳдадориҳои шартӣ ;
б) мавқеи кушода:
- бо асъори хориҷӣ, металлу сангҳои қиматбаҳо;
- хорич карда шуд ;
- саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматноки интиқолшаванда;
- қарордодҳои форвардӣ, созишномаи своп, фючерс, опсион ва дигар ҳосилаҳои ба асъор, саҳмияҳо, вомбаргҳо, металлу сангҳои қиматбаҳо ё қурбу меъёрҳои фоизӣ дахлдошта, ки хавфи онҳо суғурта нашуда, аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд мебошад.
Моддаи 30. Хавфҳои қарзи калон
1. Ташкилоти қарзӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои зерин қарз намедиҳад, агар :
- хориҷ карда шуд ;
- маблағи умумии бақияи қарзҳои асосии ташкилоти қарзӣ ба ин шахс аз бист фоизи сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзӣ зиёд бошад ;
- маблағи умумии бақияи қарзҳои асосии калони ташкилоти қарзӣ аз андозаи секаратаи маблағи сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзӣ зиёд бошад .
2. Муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур нисбат ба аҳдҳои бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё таҳти кафолати он басташуда татбиқ намегарданд
3. Бо мақсади татбиқи моддаи мазкур муқаррар карда мешавад, ки шахси дар ин модда зикршуда шахсест, ки бо шахси дигар бевосита ё бавосита тавре вобаста аст, ки устувории молиявии яке аз онҳо метавонад ба устувории молиявии дигарӣ ё дигарҳо таъсир расонад, ё ҳамон омилҳо метавонанд ба устувории молиявии якчанд нафар ё ҳамаи онҳо таъсир расонанд ё вобаста аз муносибатҳои онҳо шахси дигар воқеан барои баргардонидани қарз дар назди ташкилоти қарзӣ ҷавобгар бошад .
Моддаи 31. Қарз ба шахси вобаста
1. Ташкилоти қарзӣ наметавонад ба шахси вобаста қарз (кредит) диҳад, агар :
- қарз ва шартҳои он аз ҷониби Шӯрои нозирон ё дар ҳолати филиали ҷамъияти вобаста ва хориҷӣ будан, аз тарафи роҳбари он маъқул дониста нашавад ;
- фоизи қарз аз меъёри фоизии бозории барои чунин қарзҳо амалкунанда пасттар бошад ;
- қарзи ба корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ додашуда, аз ҷумла ҳар гуна қарзи аз тарафи як ё якчанд бонки фаръии ташкилоти қарзӣ додашуда аз сӣ фоизи даромади солонаи ин шахс зиёд бошад ;
- мӯҳлати қарз, барасмиятдарории он ва сифати гарав аз қарзҳои мавҷуда моҳиятан фарқ дошта бошанд ;
- маблағи умумии ҳамаи қарзҳои ба шахсони вобаста додашуда аз даҳ фоизи сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзӣ зиёд бошад .
2. Ташкилоти қарзӣ дар хусуси ҳар як қарзе, ки ба шахси вобаста дода мешавад, фавран ба Кумитаи аудити худ хабар медиҳад. Агар ташкилоти қарзӣ қарзро ба шахси вобаста бо риоя накардани шартҳои қисми 1 моддаи мазкур диҳад, он гоҳ чунин қарз бояд фавран баргардонида шавад. Аъзои Шӯрои нозирон ё роҳбари филиали бонки хориҷӣ вобаста аз вазъу ҳолати мавҷуда барои пардохти қарзи асосӣ, фоиз ва дигар хароҷот оид ба ҳар як қарзе, ки бо огоҳӣ ва розигии онҳо бо риоя накардани талаботи қисми 1 моддаи мазкур дода шудааст, масъулияти шахсӣ ва муштаракро ба зимма доранд .
Моддаи 32. Хавфи асъорӣ
Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ меъёрҳои ҳадди ниҳоии мавқеи кушодаи асъорӣ ва тартиби ҳисоби онҳоро барои ташкилотҳои қарзие, ки дорои ҳуқуқи гузаронидани амалиёти бонкӣ бо асъори хориҷиро доранд, муқаррар менамояд .
Моддаи 33. Маҳдудияти сармоягузорӣ
1. Ташкилоти қарзӣ наметавонад ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) ва вомбаргҳои ба саҳмия (ҳисса) табдилёбандаи шахсони ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзӣ нестанд, ба андозаи зиёда аз даҳ фоизи сармояи танзимшавандааш сармоягузорӣ намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки ташкилоти қарзӣ онҳоро дар натиҷаи анҷом додани амалиёти бонкӣ соҳиб шуда бошад. Дар ҳолатҳое, ки дар натиҷаи анҷом додани амалиёти бонкӣ ҳаҷми чунин сармоягузорӣ зиёда аз даҳ фоизи сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзиро ташкил мадиҳад, ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст, ба шарти зарар надидан, дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ ва дар ҳар сурат дар мӯҳлати на дертар аз як соли баъди соҳиб шудани чунин коғазҳои қиматнок. (ҳиссаҳо) онҳоро ба шахсони ба ташкилоти қарзӣ вобастанабуда фурӯшад.
2. Ба ташкилоти қарзӣ молик шудан ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) ва вомбаргҳои ба саҳмия (ҳисса) табдилёбандаи дигар шахси ҳуқуқӣ, ки дар натиҷа он ҷамъияти вобаста ё фаръии ташкилоти қарзӣ мегардад, бе гирифтани розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки ташкилоти қарзӣ онҳоро дар натиҷаи анҷом додани амалиёти бонкӣ соҳиб шудааст. Ташкилоти қарзӣ наметавонад молики ҷамъияти вобаста ва фаръии гардад, ки онҳо ба фаъолияти ғайримолиявӣ ва ё ғайрибонкӣ машғул мебошанд. Ҷамъияти вобаста ва фаръии ташкилоти қарзӣ бояд танҳо ба фаъолияти молиявӣ ва ё бонкӣ, инчунин ба ҳар гуна фаъолияти дигаре, ки аз фаъолияти молиявӣ ва ё бонкӣ бармеоянд, машғул бошад.
3. Дар ҳолате, ки агар Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти қарзӣ барои нигоҳдории саҳмияҳо (ҳиссаҳо) ва вомбаргҳои ба саҳмия (ҳисса) табдилёбандаи ҷамъияти вобаста ё фаръӣ, ки дар натиҷаи амалиёти бонкӣ соҳиб шудааст, розигӣ надиҳад ё ташкилоти қарзӣ барои гирифтани розигӣ дар мӯҳлати як моҳ дархост пешниҳод накарда бошад, ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст, коғазҳои қиматноки (ҳиссаҳои) мазкурро, ба шарти зарар надидан, дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ ва дар ҳар сурат дар мӯҳлати на дертар аз як соли баъди ба даст оварданашон ба шахсони ба ташкилоти қарзӣ вобастанабуда фурӯшад.
4. Ташкилоти қарзӣ ҳуқуқ надорад соҳиби молу мулки ғайриманқул гардад, ба истиснои молу мулки ғайриманқуле, ки барои таъмини фаъолияти худ ва эҳтиёҷоти иҷтимоии кормандон, аз ҷумла таъмини онҳо бо манзил зарур аст.
5. Ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст, ҳама гуна молу мулки ғайриманқулеро, ки дар рафти гузаронидани амалиёти бонкӣ ба моликияташ гузаштааст, ба шарти зарар надидан, дар муддати кӯтоҳ (на дертар аз се моҳ) ва дар ҳар сурат дар мӯҳлати на дертар аз ду соли баъди ба даст оварданаш фурӯшад.
6. Ташкилоти қарзӣ ҳар гуна қисми зиёдатии молу мулки ғайриманқулро ба иҷора дода метавонад, ба шарте ки он ба фаъолияти ташкилоти қарзӣ халал нарасонад.
7. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ тартиби аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ сармоягузорӣ намудан ба коғазҳои қиматнок ё ҳиссаҳо, аз ҷумла харид ва фурӯши (соҳиб шудан ва бегона намудани) онҳо, инчунин меъёрҳои мақбулро нисбат ба чунин амалиёт муқаррар менамояд
Моддаи 34. Реҷаи кории ташкилоти қарзӣ
1. Ташкилотҳои қарзӣ дар давоми соатҳои кории аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқарраршуда ба муштариён хизмат мерасонанд .
2. Дар ҳолатҳои зарурӣ бо мақсади таъмини суботи низоми бонкӣ ва ҳифзи манфиатҳои муштариён Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба ташкилотҳои қарзӣ дар хусуси боз доштани кор ва қатъи амалиёт супориш диҳад. Дар ин ҳолат ташкилотҳои қарзӣ танҳо бо иҷозати Бонки миллии Тоҷикистон аз нав ба кор шурӯъ карда метавонанд .
Моддаи 35. Аҳд ва амалиёти шубҳанок
1. Ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст дар бораи иҷрои ҳама гуна аҳд ва амалиёти шубҳаноки муштариёни худ (кӯшиши анҷом додани аҳд ва амалиёти шубҳанок) фавран ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда , маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо тартиби муқарраршуда хабар диҳад
2. Аз ҷониби ташкилоти қарзӣ тибқи қисми 1 моддаи мазкур ифшо намудани маълумот риоя нашудани талаботи сирри бонкӣ ҳисоб наёфта, ташкилоти қарзӣ барои амали мазкур ҷавобгар намебошад .
3. Ба ташкилоти қарзӣ додани иттилоот ба муштариёни худ ва шахсони дигар оид ба пешниҳоди маълумот ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом доир ба иҷрои ҳама гуна аҳд ва амалиёти шубҳаноки муштариёни худ манъ аст .
Моддаи 36. Маҳдудияти амалиёт бо саҳмияҳо
1. Ташкилоти қарзӣ наметавонад таҳти гарави саҳмияҳои худ ягон хел қарз, пешпардохт, кафолатнома ё коғази қиматноки дигар диҳад ё дигар ӯҳдадориҳоро ба зимма гирад .
2. Ташкилоти қарзӣ метавонад саҳмияҳои худро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон харидорӣ намояд .
Моддаи 37. Суратҳисобҳои ғайрифаъол
1. Суратҳисоби бонкие, ки соҳибаш дар давоми даҳ соли охир ба он ягон хел таваҷҷӯҳ зоҳир накардааст, ба истиснои суратҳисобҳои пасандозии шахсони воқеӣ, суратҳисоби ғайрифаъол дониста шуда, маблағи он бо риояи қоидаҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда нигоҳ дошта мешавад .
2. Ташкилоти қарзӣ дар рӯзи аввали кории соли ояндаи тақвимӣ ба соҳиби суратҳисоби ғайрифаъол ба нишонии охирини маълумбудаи вай тавассути почта огоҳинома ирсол намуда, ҳамзамон дар на камтар аз ду рӯзномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи соҳиби суратҳисоби ғайрифаъол эълон медиҳад. Агар соҳиби суратҳисоби ғайрифаъол дар давоми як моҳи баъди ирсоли огоҳинома ва нашри эълон аз худ дарак надиҳад, ташкилоти қарзӣ суратҳисоби ғайрифаъолро баста, маблағи онро барои нигоҳдории минбаъда ба суратҳисоби махсуси дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодашуда интиқол медиҳад .
3. Бонки миллии Тоҷикистон маблағҳои суратҳисоби махсусро ба коғазҳои қиматноки давлатӣ ва дар ҳолати набудани онҳо ба дигар коғазҳои қиматнок сармоягузорӣ мекунад. Дар давоми 20 соли дигар ҳар як шахс, бо далели тасдиқкунандаи соҳибият ба ин маблағҳо, метавонад ба Бонки миллии Тоҷикистон барои гирифтани онҳо муроҷиат намояд. Баъди ба охир расидани давраи мазкур Бонки миллии Тоҷикистон маблағи дархостнашудаи чунин суратҳисобро ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба амонат нигоҳ доштан дар Хазинадории давлатӣ мегузаронад.
Моддаи 38. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва сабтҳо
1. Ташкилотҳои қарзӣ ҳуҷҷатҳо ва сабтҳои зеринро аз рӯи ҳар як аҳд ба мӯҳлати на кам аз панҷ сол пас аз анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ нигоҳ медоранд :
- маълумоти мушаххасшуда оид ба муштарӣ;
- дархост ва ҳамаи ҳуҷҷатҳо оид ба аҳдҳо (аз ҷумла, созишномаҳои қарз ва кафолатҳои таъминшуда) ва қарорҳои ташкилоти қарзӣ дар бораи маъқул донистани онҳо ;
- сабти аҳдҳо бо шарикон (аз ҷумла, кредитор, дебитор ва кафилон) ва ҳар гуна гувоҳиномаҳои дигари ҳуҷҷатӣ, ки барои маъқул донистани ин аҳдҳо асос шудааст;
- кушодани суратҳисобҳои бонкии онҳо;
- дигар ҳуҷҷатҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ муқаррар кардааст.
2. Сабтҳо дар шакли хаттӣ анҷом дода мешаванд. Ташкилоти қарзӣ бояд сабтҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, муросилот (мактубҳо), интиқолҳои телеграфӣ, огоҳиномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои ба фаъолияти молиявии вай дахлдоштаро дар шакли мухтасар (микрофилм, шаклҳои гуногуни электронӣ ва ғайра) ба ҷои нусхаи асл ба мӯҳлати муқарраркардаи қонун тавре нигоҳ дорад, ки низоми мувофиқ ва қоидаҳои пурра барқарорсозии маълумот дар ҳамон ҷой вуҷуд дошта бошанд. Ин гуна нусхаҳои мухтасар баробари нусхаи асл эътибор доранд .
3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад оид ба низоми нигоҳдории ҳуҷҷатҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намояд.
Моддаи 39. Низоми пардохтӣ
1. Ташкилотҳои қарзӣ бо гирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ аз Бонки миллии Тоҷикистон, метавонанд низоми пардохтӣ ё ҳисоббаробаркуниҳоро таъсис диҳанд.
2. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ қоида ва усулҳои фаъолияти низоми пардохтӣ, аз ҷумла шаклҳои ҳисоббаробаркуниро муқаррар мекунад.
3. Тартиби иштироки ташкилотҳои қарзиро дар низомҳои пардохтии байналмилалӣ ва анҷом додани интиқоли фаромарзии маблағҳо Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
4. Бонки миллии Тоҷикистон тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтиро аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ танзим ва назорат менамояд .
БОБИ 6. ҲИСОБДОРӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ
Моддаи 40. Соли молиявӣ
Соли молиявии ташкилотҳои қарзӣ 1 январ оғоз ёфта, 31 декабр ба охир мерасад. Барои филиали бонки хориҷӣ соли молиявӣ метавонад дигар бошад .
Моддаи 41. Пешниҳоди ҳисобот
1. Бо мақсади танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ қоидаҳои ҳисобдорӣ, феҳрист, шаклҳо, тартиби таҳия ва мӯҳлати пешниҳоди ҳисоботи молиявиро муқаррар менамояд .
2. Ташкилотҳои қарзӣ ӯҳдадоранд ба Бонки миллии Тоҷикистон дар баробари ҳисоботи молиявӣ, инчунин маълумоти зеринро пешниҳод намоянд :
- оид ба дороиҳо ва ӯҳдадориҳо;
- оид ба риояи меъёрҳои мақбул;
- оид ба суратҳисобҳо ва нишондиҳандаҳои молиявӣ;
- ҳисоботи оморӣ дар алоҳидагӣ ва дар шакли маҷмӯӣ;
- дигар иттилооти зарурӣ, ки Бонки миллии Тоҷикистон талаб мекунад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ҳангоми зарурат аз ҳар як ҷамъияти алоқаманд, вобаста ё фаръии ташкилоти.қарзӣ барои амалӣ намудани назорати маҷмӯӣ ҳисобот талаб кунад .
Моддаи 42. Асосҳои ҳисобдорӣ ва таҳияи ҳисоботи молиявӣ
1. Ташкилоти қарзӣ бояд қоидаҳо ва низоми ҳисобдорӣ, аз ҷумла баҳисобгирии ҳаррӯзаи даромаду хароҷотро риоя намояд .
2. Ташкилоти қарзӣ ҳисоботи молиявии худро, ки аз тавозун, ҳисобот дар бораи фоидаву зиён, ҳисобот дар бораи гардиши пулӣ ва ҳисобот дар бораи тағйирот дар сармоя иборат мебошад, мутобиқи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва талаботи иловагии Бонки миллии Тоҷикистон омода мекунад .
3. Ҳисоботи молиявӣ вазъи воқеии молиявии ташкилоти қарзӣ ва филиалҳои онро инъикос намуда, маълумот дар бораи низоми идоракунии дохилии ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла ҳисоботи Шӯрои нозирони ташкилоти қарзиро низ дар бар мегирад .
Моддаи 43. Ҳисоботи молиявии солона
1. Ташкилоти қарзӣ ҳисоботи молиявии солона ва дар сурати доштани як ё якчанд ҷамъияти фаръӣ ҳисоботи молиявии маҷмӯии солонаро омода мекунад .
2. Бонки миллии Тоҷикистон дигар ҷамъиятҳои алоқаманд, вобаста ё фаръии ташкилоти қарзиро, ки онҳо дорои дигар ҷамъиятҳои фаръӣ мебошанд, муайян карда метавонад ва ин ташкилоти қарзӣ бояд дар бораи онҳо ҳисоботи молиявии маҷмӯии солона пешниҳод намояд
3. Филиалҳои бонки хориҷӣ маълумот оид ба суратҳисобҳо ва ҳисоботи молиявӣ доир ба амалиёти солонаи худро омода намуда, бевосита ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
4. Нусхаи ҳисоботи молиявии солона, аз ҷумла ҳисоботи молиявии маҷмӯии солонаи ташкилоти қарзӣ, ки аз аудит гузаштааст, на дертар аз чор моҳи баъди анҷоми соли молиявӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
5. Бонки хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як ё якчанд филиал дорад, нусхаи ҳисоботи молиявии маҷмӯии солонаи худро, ки аз аудит гузаштааст, дар мӯҳлати на дертар аз шаш моҳи баъди анҷоми соли молиявии он ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.
Моддаи 44. Нашри ҳисоботи молиявии солона
1. Ташкилоти қарзӣ ҳисоботи молиявии солонаи худ, аз ҷумла ҳисоботи молиявии маҷмӯии солонаро, ки аз аудит гузаштааст, дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ баъди гирифтани хулосаи аудиторӣ дар на камтар аз ду рӯзномаи ҷумҳуриявӣ нашр менамояд .
2. Ташкилоти қарзӣ дар дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои худ нусхаи ҳисоботи молиявии солонаи худро, ки аз аудит гузаштааст ва рӯйхати аъзои Шӯрои нозирони хешро дар ҷойи ба муштариён намоён ба намоиш мегузорад .
БОБИ 7. АУДИТ
Моддаи 45. Аудит
1. Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати ташкилотҳои аудиториеро, ки дорои иҷозатномаи дахлдор, тахассус ва таҷрибаи кофии аудити ташкилоти қарзии молиявӣ буда, аудити ташкилотҳои қарзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида метавонанд, муайян ва нашр мекунад .
2. Ташкилоти қарзӣ танҳо аз рӯи ҳамин рӯйхат ташкилоти аудиториро барои гузаронидани аудит таъин менамояд.
3. Муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" нисбат ба ташкилотҳои аудитории хориҷие, ки ба руйхати Бонки миллии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, татбиқ намегардад.
4. Муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" нисбат ба ташкилотҳои аудиторие, ки аудити ташкилотҳои қарзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронанд, бо назардошти Қонуни мазкур татбиқ мегардад .
5. Ташкилоти аудиторӣ ё корманди он бояд молик, корманди роҳбарикунанда, корманд ё намояндаи ташкилоти қарзӣ набошад. Шахсе, ки дар ташкилоти қарзӣ манфиат надорад, ба истиснои ҳолатҳои доштани амонат ва пасандоз дар ташкилоти қарзӣ, метавонад аудитори он таъин гардад .
6. Агар ташкилоти аудиторӣ ҳангоми гузаронидани аудит соҳиби ин гуна манфиат дар ташкилоти қарзӣ гардад, пас хизматрасонии аудитории вай қатъ гардида, ташкилоти қарзӣ ташкилоти аудитории дигарро таъин мекунад .
7. Ташкилоти аудиторӣ ба ташкилоти қарзӣ хизматрасониҳоеро, ки бо вазифаҳои назорати дохилии ташкилоти қарзӣ алоқаманданд, пешниҳод намекунад, ба истиснои хизматрасониҳои таълимие, ки дорои хусусияти доимӣ намебошанд .
8. Ташкилоти қарзӣ наметавонад пайдарпай як ташкилоти аудиториро ба мӯҳлати зиёда аз се сол аудитор таъин намояд .
9. Мутобиқи стандартҳои байналмилалии аудит ташкилоти аудиторӣ аудити ташкилоти қарзиро дар асоси назорати маҷмӯӣ анҷом медиҳад ва:
- изҳор мекунад, ки ташкилоти аудиторӣ ё ягон корманди ташкилоти аудиторӣ дар ташкилоти қарзӣ ягон манфиат надорад ва талаботи қисми 7 моддаи мазкурро иҷро мекунад ;
- дар риоя ва нигоҳдории қоидаҳои ташкили низоми дурусти ҳисобгирӣ ба ташкилоти қарзӣ кӯмак мерасонад ;
- дар нигоҳдории низоми дурусти назорати молиявӣ ва идоракунии хавфҳо ба ташкилоти қарзӣ мадад мерасонад ;
- бо дархости Кумитаи аудити ташкилоти қарзӣ дар маҷлисҳои он иштирок менамояд ;
- дар мӯҳлати 3 моҳи баъди анҷоми соли молиявӣ дар бораи мукаммалӣ, холисӣ ва дурустии ҳисоботи молиявӣ хулосаи аудиторӣ ва назари аудиторӣ омода намуда, дар бораи вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ мутобиқи талаботи Қонуни м азкур ба Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ маълумоти муфассал пешниҳод мекунад ;
- ба Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи низоми таснифи қарзҳо ва таъминнокии дороиҳои (аз ҷумла, қарзҳои) шубҳанок тибқи талаботи Бонки миллии Тоҷикистон, бо нишон додани камбудиҳо назари ташкилоти аудиториро пешниҳод мекунад ;
- ба ҳар як узви Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ ва ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ҳар як амали корманди роҳбарикунанда, корманд ё намояндаи ташкилоти қарзӣ, ки аз нигоҳи он вайрон кардани талаботи ин Қонун ё ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ мебошад хабар медиҳад ;
- ба ҳар як узви Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ ва ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ҳар як норасоӣ ё камбудии дар идоракунӣ ё амалиёти ташкилоти қарзӣ ошкоршуда, хабар медиҳад .
10. Ҳангоми таҳияи хулосаи аудиторӣ инҳо бояд ба назар гирифта шаванд:
- қаноатбахш будани баёнот ва иттилооте, ки аз корманди роҳбарикунанда, корманд ё намояндаи ташкилоти қарзӣ ҳангоми аудит талаб шудааст ;
- дараҷаи воқеан ҷавобгӯй будани ташкилоти қарзӣ ба талаботи низоми назорати дохилӣ ва ҳисобдорӣ ;
- усуле, ки ташкилоти қарзӣ барои пешбурди китобҳои ҳисобдорӣ, ҳуҷҷатҳо, ҳисобот ва фарогирии амалиёт, ки барои мониторинг ва аудити дохилию берунӣ зарур аст, истифода мебарад ;
- қобилияти кордонӣ ва ба талабот мувофиқ будани роҳбарияти ташкилоти қарзӣ ;
- камбудиҳои ҷойдошта, эродҳо ва тавсияҳо барои бартараф кардани онҳо, инчунин иҷрои тавсияҳо ва бартараф намудани эродҳои солҳои гузашта;
- дараҷаи дақиқ будани ҳуҷҷатҳои ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳодшуда ва мувофиқати онҳо ба мазмуни сабтҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, низоми ҳисобдорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ҳамин ҳуҷҷатҳо.
11. Ташкилоти қарзӣ дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯзи баъди дастрасии хулосаи аудиторӣ ва тавсияномаи ташкилоти аудиторӣ нусхаи онҳоро ба Бонки миллиӣ Тоҷикистон ирсол менамояд. Ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст, ки бо дарназардошти хулосаи аудиторӣ ҳисоботи молиявии ислоҳшударо ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд .
12. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад аз ташкилоти аудиторӣ маълумоти иловагиро вобаста ба хулосаи он талаб намояд.
13. Пешниҳод кардани хулосаи аудитории носаҳеҳ ва ё муносибати ғаразноки ташкилоти аудиторӣ бо ташкилоти қарзӣ сабаби хориҷ кардани ташкилоти аудиторӣ аз рӯйхати Бонки миллии Тоҷикистон мегардад .
Моддаи 46. ӯҳдадориҳои иловагӣ
1. Илова ба муқаррароти дар моддаи 45 Қонуни мазкур зикргардида, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба зиммаи ташкилоти аудиторие, ки аудити ташкилоти қарзиро мегузаронад, ӯҳдадориҳои зеринро вогузор намояд :
- пешниҳоди маълумоти иловагӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи аудит, ки онро Бонки миллии Тоҷикистон зарур мешуморад;
- пешниҳоди ҳисобот, амалӣ кардани бозрасӣ ё иҷро намудани ҳар гуна қоидаи аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқарраршуда;
- ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод кардани ҳисобот дар бораи ҳисобдорӣ ва назорати дохилӣ;
- таъмини иштироки намояндагон барои баррасии хулосаи аудитории ташкилоти қарзӣ бо даъвати Бонки миллии Тоҷикистон ;
- додани хулоса оид ба ҷавобгӯ будани чораҳои мубориза бар зидди қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада , маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки ташкилот.и қарзӣ мутобиқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон андешидааст .
2. Хароҷоти иҷрои ӯҳдадориҳои иловагӣ ба зиммаи ташкилоти қарзӣ вогузор карда мешавад .
Моддаи 47. Масунияти ташкилоти аудиторӣ
1. Ташкилоти аудиторӣ риояи талаботи махфияти касбӣ ва сирри бонкиро дар ташкилоти қарзӣ арзёбӣ мекунад .
2. Ташкилоти аудиторӣ барои мутобиқи талаботи Қонуни мазкур пешниҳод намудани маълумоти дорои сирри бонкӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҷавобгар намебошад.
3. Ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намудани маълумоти дар сархатҳои ҳафтум ва ҳаштуми қисми 9 моддаи 45 Қонун мазкур пешбинигардида, риоя накардани ӯҳдадории нигоҳдории сирри маълумот дониста намешавад.
БОБИ 8. МАХФИЯТ
Моддаи 48. Сирри бонкӣ
1. Маълумот дар бораи фаъолият ва ҳолати молиявии муштарӣ, ки ба ташкилоти қарзӣ ҳангоми хизматрасонӣ ва муносибат бо муштарӣ ё бо шахси сеюм маълум шудааст ва ошкор кардани он мумкин аст ба муштарӣ зиёни моддӣ ё маънавӣ расонад, сирри бонкӣ мебошад .
2. Маълумоти зерин сирри бонкӣ маҳсуб мешавад:
- дар бораи мавҷудияти суратҳисобҳои бонкӣ, соҳибони онҳо, дар бораи маблағҳои пулии дар онҳо мавҷуда ва амалиёти бо ин суратҳисобҳо иҷрошавандаи муштариён;
- дар бораи интиқоли маблағҳои пулӣ аз тарафи шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб ва дар бораи фиристонандагони (гирандагони) онҳо;
- дар бораи маблағҳои пулӣ ва ашёи қиматбаҳои муштарӣ, ки дар ташкилоти қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд .
3. Маълумоте, ки ба сирри бонкӣ мансуб мебошад, танҳо ба шахсони зерин дода мешавад:
- ба соҳиби суратҳисоби бонкӣ ва соҳиби ашёи қиматбаҳо ё намояндаи онҳо;
- ба фиристонандагон ва гирандагони интиқолҳои пулӣ;
- ба Бонки миллии Тоҷикистон бо талаби он;
- ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба аудити муштарии ташкилоти қарзӣ дар қисми хизматрасонии маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои давлатӣ ва қарзи давлатӣ дар асоси мактуби раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- ба судҳо - дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя) ;
- ба иҷрочии суд дар асоси қарори иҷрочии мақомоти иҷро вобаста ба ҳуҷҷати иҷро
- ба бюрои таърихи қарз мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таърихи қарз (кредит)" ;
- ба мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба муштариёни ташкилоти қарзӣ - дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя) мутобиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- ба мақомоти андоз аз рӯи масъалаҳои пардохти андози шахсони ҳуқуқӣ дар асоси мактуби роҳбари мақоми андоз бо пешниҳоди нусхаи фармони мақоми андоз оид ба санҷиши онҳо, агар ин бо Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад.
4. Муқаррароти мазкур дар ҳолати бо сабабҳои гуногун қатъ гардидани муносибатҳо байни муштарӣ ва ташкилоти қарзӣ низ эътибори худро гум намекунанд .
5. Маълумот дар бораи сирри бонкӣ дар сурати вафоти муштарӣ дода мешавад:
- ба шахсоне, ки аз тарафи муштарӣ дар васиятнома зикр шудаанд;
- ба судҳо, идораҳои нотариалӣ ва муассисаҳои консулгарии хориҷӣ аз рӯи парвандаҳои меросии муштарии фавтида.
6. Ифшои сирри бонкӣ бе риояи шартҳои дар қисми 3 моддаи мазкур муқарраршуда манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур .
7. Барои ғайриқонунӣ ошкор намудани сирри бонкӣ шахсони гунаҳкор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
8. Ташкилотҳои қарзӣ бо мақсади таъмини амнияти молу мулк ва сирри бонкӣ ҳуқуқ доранд хадамоти махсуси худро таъсис диҳанд ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи яроқ" силоҳ ва воситаҳои зарурии техникиро дастрас намуда истифода баранд
9. Маблағҳои дар суратҳисобҳои бонкӣ ё маблағҳои ва дороиҳои дигари дар ташкилотҳои қарзӣ нигоҳдошташаванда дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя), қарори иҷрочии мақомоти иҷро вобаста ба ҳуҷҷати иҷро ҳабс карда мешаванд
10. Ҳангоми ҳабс намудани маблағҳои пулии дар суратҳисобҳои бонкӣ буда, ташкилоти қарзӣ фавран амалиёти додани онро дар доираи маблағе, ки ҳабс карда шудааст, қатъ мекунад .
11. Ҳангоми ҳабс намудани ашёи қиматбаҳои дигаре, ки дар ташкилоти қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд, ташкилоти қарзӣ додани онҳоро ба соҳибонаш қатъ менамояд .
Моддаи 49. Ҳифзи сирри бонкӣ аз ҷониби кормандони ташкилоти қарзӣ ва шахсони сеюм
1. Аз ҷониби кормандони роҳбарикунанда, кормандон ва намояндагони амалкунанда ё собиқи ташкилоти қарзӣ пешниҳод намудани сирри бонкӣ ба шахсони сеюм, ошкор кардан ё додани имконият барои таҳлили он манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки мувофиқи Қонуни мазкур иҷозат дода шудаанд .
2. Маҳдудият ҳамчунин ба кормандон ва нозирони Бонки миллии Тоҷикистон ва шахсоне, ки аз ҷониби он барои санҷиш мутобиқи моддаи 52 Қонуни мазкур таъин гардидаанд, инчунин ба онҳое, ки чунин иттилоот ё маълумотро бо тақозои касб, вазифа ё фаъолияти худ мустақиман ё ғайримустақим таҳқиқ менамоянд, тааллуқ дорад.
Моддаи 50. Ҳолатҳои истисноӣ
Талаботи моддаҳои 48 ва 49 Қонуни мазкур дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад:
- ҳангоми иҷрои вазифаҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ба ӯҳдаи ташкилоти аудиторӣ вогузор карда шудаанд;
- нисбат ба маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ё Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бинобар иҷрои вазифаҳои он талаб карда мешаванд;
- ҳангоми андешидани тадбирҳо ва иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳо ё чораҳои дигари зидди қонунигардони даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада , маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом , ки мувофиқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар шудаанд
- ҳангоми додани тасдиқнома ё огоҳнома сабабҳои рад кардани пардохти чек бо талаби соҳиби қонунии он;
- ҳангоми пешниҳоди маълумот дар хусуси қарздории муштарӣ ҷиҳати муайян намудани эътимоднокии баргашти қарз, чекҳои қалбакӣ ва оид ба ҳар гуна аҳдҳои дигаре, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини устувории низоми бонкӣ зарур меҳисобад;
- ҳангоми аз тарафи ташкилоти қарзӣ ошкор намудани ҳама ё қисме аз маълумот дар бораи ахдҳои муштариён, бо мақсади исботи талаби худ дар баҳси судӣ ;
- нисбат ба маълумоте, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ба дигар мақомоти назораткунанда пешниҳод мегардад.
Моддаи 51. Ҳифзи маълумоте, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод шудааст
1. Ҳар гуна маълумоти аз ташкилоти қарзӣ оид ба ҳар як муштарӣ, аҳдҳои муштарӣ ва дигар маълумоти муфассал дар хусуси муносибатҳои он бо муштариён ҷамъовардашуда махфӣ нигоҳ дошта шуда, танҳо бо розигии ташкилоти қарзӣ ё мувофиқи Қонуни мазкур ошкор карда мешавад .
2. Дар Бонки миллии Тоҷикистон дастрасӣ ба ин гуна маълумот танҳо ба он кормандоне иҷозат дода мешавад, ки дорои ваколати дахлдор мебошанд.
3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад маълумоти ифшошавандаи аз ташкилотҳои қарзӣ гирифташударо пурра ё қисман нашр намояд .
4. Бонки миллии Тоҷикистон бе розигии ташкилоти қарзӣ тафсилоти амалиёти ташкилоти қарзиро ифшо мекунад, агар чунин тафсилот дар ҳисоботи молиявии аз ҷониби Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ тасдиқшуда дарҷ шуда ё аллакай дастраси умум гардида бошад .
БОБИ 9. НАЗОРАТ ВА САНҶИШ
Моддаи 52. Назорат ва санҷиш
1. Бонки миллии Тоҷикистон аз болои ташкилотҳои қарзӣ бо тартиби зерин назорат, аз ҷумла назорати маҷмӯӣ мебарад
-ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот, далелҳо ва маълумотӣ аз ҷониби ташкилоти қарзӣ тибқи Қонуни мазкур пешниҳодшударо баррасӣ менамояд;
- аз ташкилотҳои қарзӣ ва ҳар гуна ҷамъиятҳои алоқаманд, во баста ё фаръии онҳо дар шакли хаттӣ пешниҳод ва тасдиқ намудани ҳар гуна маълумоти иловагӣ, ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот ва ё далелҳоро талаб менамояд;
- дар хусуси вазъи молиявӣ, манбаи маблағҳои пулӣ, нуфузу эътибори саҳмиядорони (иштирокчиёни) бевосита ё бавоситаи ташкилоти қарзӣ ва оид ба шахсе, ки барои соҳиб шудани ҳиссаи иштироки афзалиятнок ё ваколати назоратӣ дар ташкилоти қарзӣ муроҷиат мекунад, маълумот талаб менамояд;
- санҷиши ташкилоти қарзӣ, ҷамъиятҳои алоқаманд, фаръӣ ва вобастаи онро тавассути корманд ё кормандони худ ё шахсоне, ки бо ин мақсад аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудаанд, анҷом медиҳад
2. Санҷиш баррасии фаъолияти ташкилоти қарзиро барои муайян кардани вазъи молиявии он, инчунин мувофиқати фаъолияти ташкилоти қарзӣ ба талаботи Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон", санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, санадҳо ва сиёсати дохилии онро дар бар мегирад .
3. Бонки миллии Тоҷикистон на камтар аз як маротиба дар як сол санҷиши ҳамаҷонибаи ҳар як ташкилоти қарзиро анҷом медиҳад, ба истиснои намояндагиҳо, ки на камтар аз як маротиба дар ду сол санҷиш карда мешаванд .
4. Шахсони тибқи моддаи мазкур барои гузаронидани санҷиш таъиншуда барои риояи талаботи сирри бонкӣ масъул мебошанд. Кормандони роҳбарикунанда, кормандон ва намояндаи ташкилоти қарзӣ ё ҷамъиятҳои алоқаманд, вобаста ва фаръии он вазифадоранд дастрасии шахсони мазкурро ба ҳамаи утоқҳои корӣ, аз ҷумла ба кассаҳо, хазинаҳо ва ганҷхонаҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, суратҳисобҳо, ҳуҷҷатҳо, сабтҳо, аз ҷумла сабтҳои электронӣ таъмин намоянд .
5. Ҳар гуна маълумот, аз ҷумла маълумоти дорои сирри бонкӣ, ки аз ҷониби санҷишгарон талаб мегардад, бояд аз ҷониби ташкилоти қарзӣ сари вақт пешниҳод карда шавад. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ вазифадоранд дар гузаронидани санҷиш ҳамаҷониба мусоидат намоянд .
6. Бонки миллии Тоҷикистон Шӯрои нозирони ташкилоти қарзиро оид ба натиҷаҳои санҷиш огоҳ месозад .
7. Тартиби гузаронидани санҷиш, ҷамъбаст ва пешниҳоди натиҷаҳои он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
8. Мақомоти андоз метавонанд ташкилоти қарзиро аз рӯи масоили пардохти андоз аз фаъолияти бонкӣ санҷиш намоянд .
9. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аудити фаъолияти молиявию хоҷагидории ташкилотҳои қарзии давлатиро мегузаронад. Аудити ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла ташкилотҳои қарзии давлатӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми хизматрасонии маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои давлатӣ ва қарзи давлатӣ гузаронида мешавад
10. Мақомоти дигари давлатӣ наметавонанд фаъолияти ташкилоти қарзиро санҷанд. Муносибати байни онҳо ва ташкилоти қарзӣ ба тартибе, ки моддаи 48 Қонуни мазкур муқаррар кардааст, сурат мегирад .
Моддаи 53. Чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ
Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" нисбат ба ташкилотҳои қарзӣ чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасониро татбиқ менамояд .
БОБИ 10. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 54. Баррасии баҳсҳо
1. Ташкилотҳои қарзӣ метавонанд нисбат ба қарорҳои Бонки миллии Тоҷикистон оид ба рад кардани дархости гирифтани иҷозатнома, татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ, татбиқи чораҳои батанзимдарорӣ ба Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 30 рӯз аз рӯзи гирифтани онҳо шикоят намоянд