ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №5, мод.331; с.2010, №7,- мод.555; с.2011, №12, мод.846) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 3 моддаи 48 сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба аудити муштарии ташкилоти қарзӣ дар қисми хизматрасонии маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои давлатӣ ва қарзи давлатӣ дар асоси мактуби раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон;".
2. Дар моддаи 52:
- қисми 9 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"9. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аудити фаъолияти молиявию хоҷагидории ташкилотҳои қарзии давлатиро мегузаронад. Аудити ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла ташкилотҳои қарзии давлатӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми хизматрасонии маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои давлатӣ ва қарзи давлатӣ гузаронида мешавад.";
- қисми 9 қисми 10 ҳисобида шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
12 ноябри соли 2013 № 1029
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров
ш. Душанбе, 10 октябри соли 2013 № 1272
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 11 ноябри соли 2013 № 568
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О БАНКОВСКОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 19 мая 2009 года "О банковской деятельности" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2009 г., №55 ст.331; 2010 г., №7, ст.555; 2011 г., №12, ст.846) следующие изменение и дополнения:
1. Пункт 3 статьи 48 дополнить абзацем четвертым следующего содержания:
"- Счётной палате Республики Таджикистан относительно аудита клиента кредитной организации в части обслуживания средств государственного бюджета, государственных фондов и государственных кредитов на основании письма председателя Счетной палаты Республики Таджикистан;".
2. В статье 52:
- дополнить пунктом 9 следующего содержания:
" 9. Счётная палата Республики Таджикистан проводит аудит финансово-хозяйственной деятельности государственных кредитных организаций. Аудит кредитных организаций, в том числе государственных кредитных организаций, производится Счетной палатой Республики Таджикистан в части обслуживания средств государственного бюджета, государственных фондов и государственных кредитов.";
- пункт 9 считать пунктом 10.
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 12 ноября 2013 года, № 1029
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменения и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О банковской деятельности"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменения и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О банковской деятельности".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш. Зухуров
г. Душанбе, 10 октября 2013 года, № 1272
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменения и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О банковской деятельности"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменения и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О банковской деятельности", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменения и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О банковской деятельности".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 11 ноября 2013 года, №568