×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009, № 508 "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ"

Санаи амалкуни: 15.03.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №5, мод.316; с.2010, №12, қ.1, мод.828; с.2012, №12, қ.1, мод.1006; с.2015, №11, мод.972; с.2016, №5, мод.370; с.2019, №1, мод.33, №7, мод.475)

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669, аз 28.12.2012 № 912, аз 23.11.2015 № 1251, аз 14.05.2016 № 1319, аз 2.01.2019 № 1586, аз 19.07.2019 № 1646, аз 2.01.2020 № 1681, аз 15.03.2023 № 1952)

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мавзӯи танзим ва доираи амали Қонуни мазкур

1. Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқӣ, бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ, қатъ намудани фаъолияти онҳо, бақайдгирии давлатии таъсисёбӣ ва қатъ намудани фаъолияти филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, пешбурд ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба миён меоянд, танзим менамояд.

2. Амали Қонуни мазкур нисбати мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки шахси ҳуқуқӣ буда, тартиби таъсис додан ва фаъолияти онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, татбиқ намегардад.

3. Тартиби бақайдгирии давлатии ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ ё қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои онҳо ва иттиҳодияҳои динӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 912).

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (минбаъд-бақайдгирии давлатӣ) - амали мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (минбаъд - мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ) дар хусуси ба расмият даровардани воқеияти ҳуқуқии таъсисёбӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқӣ, шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ ва қатъ намудани фаъолияти онҳо (минбаъд - соҳибкорони инфиродӣ), таъсисёбӣ ва қатъ намудани фаъолияти филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин ворид намудани маълумот дар бораи онҳо ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;

- Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (минбаъд - Феҳристи ягонаи давлатӣ) - махзани ягонаи давлатии иттилоотӣ дар бораи шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои онҳо, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ;

- ҳуҷҷате, ки бақайдгирии давлатиро тасдиқ менамояд - ҳуҷҷати аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ додашуда (Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ё Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ё Патент барои ҳуқуқи амалигардонии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ё Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ва (ё) иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ), ки аз далели таъсисёбӣ, азнавташкилдиҳй ё барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ, оғозёбӣ ё қатъ намудани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ, таъсисёбӣ ё қатъ намудани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ва ворид намудани маълумот дар бораи онҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ шаҳодат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669);

- рақами ягонаи мушаххас - рамзи ягонаи рақамӣ, ки ба рақами мушаххаси андозсупоранда асос ёфта, такрорнашаванда мебошад ва ҳангоми бақайдгирии давлатӣ аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфородӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дода шуда, барои мушаххасгардонии онҳо хизмат мекунад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669);

- аризадиҳанда - шахсе, ки ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ бо аризаи хаттӣ барои бақайдгирии давлатӣ муроҷиат намудааст;

- тасдиқи, ифодаи аслӣ будани имзо ва дар ҳолатҳои зарурӣ мӯҳр дар ҳуҷҷатҳо ва санадҳо бо мақсади истифода бурдани онҳо дар дигар давлат  (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1251);

- гузоштани апостил - тасдиқ намудани аслияти имзо, мӯҳр (штамп) дар нусхаи асли ҳуҷҷат (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1251);

- молик - бенефитсиар (манфиатгир) - як ё якчанд шахси воқеӣ, ки бевосита ё бавосита соҳиби моликият (соҳиби зиёда аз 25 фоиз иштироки афзалиятнок дар сармояи муштарӣ ё миқдори умумии саҳмияҳои муштарӣ бо ҳуқуқи овоз) мебошанд ё муштарӣ ва/ё шахсеро, ки ба манфиати онҳо аҳд/амалиёт анҷом дода мешавад, воқеан назорат мекунанд, инчунин шахсоне, ки шахси ҳуқуқиро назорат мекунанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1586).

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1586).

Моддаи 4. Бақайдгирии давлатӣ мувофиқи принсипи "равзанаи ягона"

1. Бақайдгирии давлатӣ аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ мувофиқи принсипи "равзанаи ягона" бе гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида амалӣ гардонида мешавад.

2. Бақайдгирии давлатӣ мувофиқи принсипи "равзанаи ягона" мазмуни зеринро дорад:

1) барои бақайдгирии давлатӣ аризадиҳанда ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкурро дар шакли коғазӣ ва ё электронӣ танҳо ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ аз рӯи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқӣ (маҳалли зисти роҳбари шахси ҳуқуқӣ), маҳалли зисти (фаъолияти) соҳибкори инфиродӣ, маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ (маҳалли зисти роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ) пешниҳод менамояд. Барои дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида ва пуррагии маълумоти дар онҳо инъикосёфта аризадиҳанда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро ба зимма дорад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1952);

2) мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ маълумотро дар бораи шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷиро ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид намуда, дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи қайди баҳисобгирии андоз, омор ва суғуртаи иҷтимоии давлатиро медиҳад. Бақайдгирии давлатӣ дар Феҳристи ягонаи давлатӣ бақайдгирии яквақтаро дар мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ, мақомоти давлатии омор ва мақомоти суғуртаи -иҷтимоии давлатиро дар назар дорад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669).

3) ҳангоми бақайдгирӣ дар Феҳристи ягонаи давлатӣ ба субъектҳо Рақами ягонаи мушаххас дода мешавад, ки барои ҳар як шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ такрорнашаванда мебошад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669).

3. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ:

1) пас аз қабули ҳуҷҷатҳои таъсисӣ дар муддати то се рӯзи корӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва дар муддати як рӯзи корӣ нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ маълумотро ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид менамоянд;

2) пас аз иҷрои амалҳои дар банди 1) қисми мазкур пешбинишуда, ин маълумотро дар шакли электронӣ барои гузаронидани қайди дохилии баҳисобгирӣ ба мақомоти давлатии омор ва мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ мефиристанд ва ба мақомоти номбаршуда дастрасии онро таъмин менамоянд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669).

4. Мақомоти давлатии омор ва мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ аз рӯи маълумоти гирифташуда дар муддати на дертар аз як рӯзи корӣ қайди дохилии баҳисобгирии шахси ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкори инфиродиро анҷом дода, маълумотро доир ба шахси мазкур (бо тасдиқи ба қайди дохилӣ гирифтан) дар шакли электронӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ бозпас мефиристанд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669).

5. Рақами ягонаи мушаххас танҳо як маротиба ҳангоми бақайдгирии аввалия дода мешавад, дар тамоми давраи фаъолият бояд тағйир наёбад ва дар мавриди бекор гардидани бақайдгирии субъекти мушаххас ба субъекти дигар дода нашавад.

6. Субъектҳои бақайдгирифташуда ӯҳдадоранд Рақами ягонаи мушаххаси худро дар мукотибаи худ бо шахсони сеюм нишон диҳанд.

7. Мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳангоми додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ онҳоро дар бораи ӯҳдадории пешниҳод намудани ҳисоботи давлатии муқарраргардида ба мақомоти давлатии омор, суғуртаи иҷтимоии давлатӣ бо роҳи қайд намудани ин ӯхдадорӣ дар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ хабардор мекунад.

8. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ барои кушодани суратҳисобҳо дар ташкилотҳои бонкӣ, инчунин барои тайёр намудани мӯҳр ва тамғаи шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ асос мебошад.

9. Талаб намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ бо мақсади бақайдгирии давлатӣ, дода шудани Рақами ягонаи мушаххас, рақами мушаххаси суғуртавӣ ва рамзҳои оморӣ, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур манъ аст.

10. Мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати дар шакли электронӣ анҷом додани бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ маълумоти заруриро тавассути системаи ҳамгироии иттилоотии андоз дар реҷаи мустақим (онлайн) пешниҳод менамоянд. Тартиб ва шакли пешниҳоди маълумот аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1952).

11. Қоидаҳои гузаронидани бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 912, аз 15.03.2023 № 1952).

Моддаи 5. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ва ваколатҳои он

Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

1. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:

1) пешбурди сиёсати ягонаро дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ таъмин менамоянд;

2) Пешбурди Феҳристи ягонаи давлатиро амалӣ месозад ва дастрас будани маълумоти онро таъмин менамоянд;

3) шакли аризаҳоро барои бақайдгирии давлатӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ, инчунин шакли ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷиро муқаррар менамоянд;

4) маълумотро дар бораи шахсони ҳуқуқии ба қайдгирифташуда, аз нав ташкилгардида ва барҳамдодашуда, соҳибкорони инфиродии ба қайдгирифташуда ва фаъолияташон қатъгардида, намояндагиҳои таъсисдодашуда ва фаъолияти худро қатънамудаи шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, тағйир ёфтани маълумоти ба Феҳристи ягонаи давлатӣ воридгардидаро дар сомонаи расмии худ ҷойгир намуда, онро мунтазам нав мегардонанд;

5) ваколатҳои дигарро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

2. Мақомоти андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дорои ваколатҳои зерин мебошанд:

1) бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷиро амалӣ менамоянд ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатиро медиҳанд;

2) маълумотро дар бораи бақайдгирии давлатӣ ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид менамоянд;

3) ба Феҳристи ягонаи давлатӣ тағйиру иловаҳо ворид менамоянд;

4) нусха ва маълумотномаро аз Феҳристи ягонаи давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур медиҳанд;

5) ваколатҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкурро амалӣ менамоянд.

Моддаи 6. Боҷи давлатӣ ва пардохт барои амалҳои бақайдгирии давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 912)

1. Боҷи давлатӣ ва пардохт барои амалҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ситонида намешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 912, аз 2.01.2020 № 1681).

2. Пешниҳод намудани иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ ва додани маълумотнома дар бораи дар феҳристи мазкур мавҷуд набудани маълумот оид ба субъектҳо ройгон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1681).

Моддаи 7. Пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ

1. Феҳристи ягонаи давлатӣ дорои маълумот дар бораи шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахсони ҳуқуқии хориҷии бақайдгирифташуда, инчунин дигар маълумоти пешбининамудаи Қонуни мазкур мебошад.

2. Тартиби гирифтан ва пешниҳод намудани маълумотро аз Феҳристи ягонаи давлатӣ Қонуни мазкур муайян менамояд.

3. Феҳристи ягонаи давлатӣ дар ҳомили электронӣ (магнитӣ) ва ҳомили коғазӣ пеш бурда мешавад. Дар ҳолати ба ҳам мувофиқат накардани маълумоти Феҳристи ягонаи давлатӣ дар ҳомили электронӣ ва коғазӣ маълумоти дар воситаи ҳомили коғазӣ мавҷудбуда ҳамчун асос ҳисобида мешавад.

4. Пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ ба воситаи ҳомили электронӣ тибқи принсипҳои ягонаи ташкилӣ, якшаклӣ, эътиборнокӣ, ошкороӣ, методологӣ ва барномавию-техникӣ, ки ҳамбастагии Феҳристи ягонаи давлатиро бо системаҳои дигар ва шабакаҳои иттилоотии давлатӣ таъмин менамояд, анҷом дода мешавад.

5. Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ягонаи давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Моддаи 8. Мазмуни Феҳристи ягонаи давлатӣ

1. Феҳристи ягонаи давлатӣ маълумоти зеринро дар бораи шахси ҳуқуқӣ дар бар мегирад:

1) шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ;

2) номи пурраи фирмавии (дар ҳолати мавҷуд будан, инчунин номи кӯтоҳи) шахси ҳуқуқӣ бо забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3) маълумот дар бораи тағйирёбии номи фирмавии шахси ҳуқуқӣ;

4) маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқӣ (роҳбари шахси ҳуқуқӣ), маълумот дар бораи тағйир ёфтани он, маълумот барои тамос бо онҳо;

5) тарзи ташкилёбии шахси ҳуқуқӣ (таъсисёбӣ ё азнавташкилдиҳӣ);

6) санаи бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ;

7) маълумот дар бораи муассисон (нисбати ҷамъиятҳои саҳомӣ маълумот оид ба дорандаи феҳристи саҳмдорон) ва роҳбари шахси ҳуқуқӣ (номгӯи шахси ҳуқуқӣ ё маълумот аз ҳуҷҷате, ки шахсияти шахси воқеиро тасдиқ мекунад), инчунин маълумот дар бораи молик - бенефитсиари шахси ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319,  аз 2.01.2019 № 1586);

8) маълумот дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, ки бо роҳи азнавташкилдиҳӣ таъсис ёфтааст (шакли азнавташкилдиҳӣ, санаи бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқие, ки бо роҳи азнавташкилдиҳӣ таъсис ёфтааст (дар мавриди мавҷуд будани чунин ҳолат);

9) маълумот дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои шахси ҳуқуқӣ (қарор дар бораи таъсис ё барҳам додани филиал ва намояндагӣ, маълумот аз ҳуҷҷате ки шахсияти роҳбари филиал ва намояндагиро тасдиқ мекунад, маълумот барои тамос бо он), маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) онҳо, санаи ворид намудани маълумот дар бораи онҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ;

10) маълумот дар бораи сармояи оинномавӣ (шарикона), фонди оинномавӣ (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1646);

11) маълумот оид ба қарор доштани шахси ҳуқуқӣ дар ҷараёни барҳамдиҳӣ;

12) маълумот дар бораи барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ;

13) намуди (намудҳои) асосии фаъолияте, ки шахси ҳуқуқӣ нияти амалӣ кардани онро (онҳоро) дорад;

14) маълумот дар бораи мақоми ваколатдори идоракунии давлатӣ нисбат ба корхонаи давлатӣ ва маълумот нисбат ба шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, ки ҳиссаи (саҳмияҳои) дар сармояи оинномавии (шариконаи) ташкилотҳои тиҷоратӣ қарордоштаи моликияти худро дар давраи дар хизмати давлатӣ буданаш ба шахси дигар бо ҳуқуқи идораи ба боварӣ асосёфта додааст, инчунин маълумот дар бораи васӣ ва парастори муассиси (муассисони) шахси ҳуқуқӣ, ки худ шахси ноболиғ мебошад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319, аз 19.07.2019 № 1646);

15) маълумот дар бораи тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319).

2. Феҳристи ягонаи давлатӣ дар бораи соҳибкорони инфиродӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319):

1) насаб, ном, номи падар ва ҷинсияти соҳибкори инфиродӣ (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669);

2) маълумот аз ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ;

3) суроғаи ҷойи истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (суроғае, ки дар он ҷой соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст), суроғаи ҷойи истиқомати муваққатӣ ва маҳалли анҷомдиҳии фаъолияти соҳибкори инфиродӣ (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669);

4) шаҳрвандии соҳибкори инфиродӣ;

5) маълумот дар бораи ҳуҷҷате, ки дар асоси он ба шахси воқеии хориҷӣ сукунат ва амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст (раводид, варақаи бақайдгирӣ, гувоҳномаи иқомат (маҳалли зист) ва мӯҳлати эътибори он (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669);

6) санаи бақайдгирии давлатии соҳибкори инфиродӣ;

7) маълумот дар бораи он, ки соҳибкори инфиродӣ дар ҷараёни қатъ гардидани фаъолияти худ ё муфлисшавӣ қарор дорад;

8) маълумот оид ба намудҳои фаъолияти асосие, ки дар асоси аризаи худ соҳибкори инфиродӣ мақсади амалигардонии онҳоро дорад;

9) асосҳои қатъ намудани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ (тибқи ариза ё дигар асосҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд) (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669);

10) намуди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии соҳибкори инфиродӣ (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669);

11) маълумот дар бораи тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319);

12) маълумот дар бораи аъзо ва роҳбари хоҷагии деҳқонӣ (маълумот аз ҳуҷҷате, ки шахсияти аъзои хоҷагии деҳқониро тасдиқ мекунад)(Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319);

13) маълумот дар бораи номи хоҷагии деҳқонӣ, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷудо гардидани қитъаи замин, масоҳати қитъаи замини ҷудогардида, маҳалли ҷойгиршавӣ, намуд ва шакли замин аз рӯи тақсимоти кадастрӣ (обӣ, лалмӣ, корам ва ё чарогоҳ) (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319).

3. Феҳристи ягонаи давлатӣ маълумоти зеринро дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар бар мегирад:

1) шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон филиал ё намояндагӣ таъсис додааст;

2) номи пурраи фирмавии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки филиал ё намояндагӣ таъсис додааст;

3) маълумот дар бораи тағйирёбии номи фирмавии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки филиал ё намояндагӣ таъсис додааст;

4) маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқии хориҷие, ки филиал ё намояндагӣ таъсис додаст, инчунин маълумот дар бораи тағйир ёфтани он;

5) маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6) маълумот дар бораи роҳбари филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ (маълумот аз ҳуҷҷате, ки шахсияти шахси воқеиро тасдиқ мекунад, маълумот барои тамос), инчунин маълумот дар бораи молик - бенефитсиари шахси ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1586);

7) маълумот дар бораи дар марҳилаи қатъ гардидани фаъолият қарор доштани филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ;

8) маълумот дар бораи қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ;

9) намуди (намудҳои) асосии фаъолияте, ки филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ нияти амалӣ кардани онро (онҳоро) дорад;

10) маълумот дар бораи тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ  (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319).

4. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ уҳдадор аст дар Феҳристи ягонаи давлатӣ иттилоотро дар бораи молик - бенефитсиари шахси ҳуқуқӣ на камтар аз панҷ сол аз лаҳзаи барҳам хӯрдани шахси ҳуқуқӣ нигоҳ дорад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1586).

Моддаи 9. Пешниҳоди маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ

1. Маълумоти дар Феҳристи ягонаи давлатӣ мавҷудбуда ошкоро ва дастраси умум мебошад.

2. Маълумотро аз Феҳристи ягонаи давлатӣ мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар муддати як рӯзи корӣ аз лаҳзаи гирифтани дархости хаттӣ пешниҳод менамоянд.

3. Маълумот дар бораи маҳалли истиқомат ва маълумот дар бораи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари шахси ҳуқуқӣ ва муассиси шахси ҳуқуқӣ, инчунин маълумот дар бораи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти соҳибкори инфиродӣ, ба истиснои маҳалли зисти ӯ махфӣ мебошанд.

4. Рад намудани додани маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ, ба истиснои маълумоти пешбининамудаи қисми 3 моддаи мазкур роҳ дода намешавад.

5. Маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ дар шакли иқтибос ё маълумот дар бораи мавҷуд набудани маълумоти дархостгардида пешниҳод карда мешаванд.

6. хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1952).

БОБИ 2. БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ТАЪСИСЁБИИ ШАХСИ ҲУҚУҚӢ

Моддаи 10. Тартиби бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ

1. Бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқиро мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқӣ дар муддати 24 соат аз лаҳзаи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое, ки номгӯи онҳоро моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, бо додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ дар худи ҳамин муддат амалӣ мегардонанд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1952).

2. Агар пас аз ба охир расидани 24 соат мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ қарорро дар бораи бақайдгирии давлатӣ ё рад кардани бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ қабул накарда бошад ва ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқиро надода бошанд, мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ӯҳдадоранд фавран пас аз гузаштани мӯҳлати дар боло нишондодашуда ба Феҳристи ягонаи давлатӣ маълумотро дар бораи таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ ворид созанд ва ба аризадиҳанда дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ Шаҳодатнома диҳанд ё онро ба суроғаи дар ариза нишондодашуда фиристанд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1952).

3. Ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ муассисони шахси ҳуқуқӣ ё шахсони ваколатдори онҳо пешниҳод карда метавонанд.

Шахсони ваколатдор инҳо буда метавонанд:

1) роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ, ки ваколатҳои ӯро қарори муассисон дар бораи таъйин намудани ӯ тасдиқ мекунад;

2) шахси дигаре, ки аз номи муассисони шахси ҳуқуқӣ дар асоси ваколатнома баромад мекунад.

Моддаи 11. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ

1. Барои амалигардонии бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

1) ариза барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ. Дар ариза маълумоти зерин нишон дода мешавад:

а) шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ;

б) номи пурраи (дар ҳолати мавҷуд будан, инчунин номи кӯтоҳи) фирмавии шахси ҳуқуқӣ бо забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқӣ;

г) тарзи ташкилёбии шахси ҳуқуқӣ (таъсисёбӣ ё азнавташкилдиҳӣ);

д) маълумот дар бораи муассис (муассисон) ва роҳбари шахси ҳуқуқӣ (номи фирмавии шахси ҳуқуқӣ, насаб, ном ва номи падари шахси воқеӣ, маҳалли ҷойгиршавии шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, маълумот барои тамос), инчунин маълумоте, ки молик - бенефитсиари шахси ҳуқуқиро муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1586);

е) намуди (намудҳои) асосии фаъолияте, ки шахси ҳуқуқӣ нияти анҷом додани онро (онҳоро) дорад;

ж) санаи пешниҳод гардидани ариза ва имзои аризадиҳанда.

2) қарори муассис (протоколи маҷлиси муассисон) дар бораи таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ. Қарор дар бораи таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби муассис (муассисон)-и шахси ҳуқуқӣ имзо карда мешавад;

3) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқии таъсисёбанда дар сурати аз ҷониби роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқии таъсисёбанда пешниҳод гардидани ҳуҷҷат ё нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва ваколатнома ба номи шахси ваколатдор дар сурати аз ҷониби шахси ваколатдори муассисон пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ. Агар роҳбари мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқии таъсисёбанда шаҳрванди хориҷӣ бошад, инчунин нусхаи ҳуҷҷате, ки дар асоси он ба шахси воқеии хориҷӣ барои сукунат ва амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст (раводид, варақаи бақайдгирӣ ва гувоҳномаи иқомат бо мӯҳлати амали на кам аз се моҳ) (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319);

4) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти ҳар як муассиси (шахси воқеии) шахси ҳуқуқии таъсисёбанда, инчунин нисбати муассис - ҷамъияти саҳомӣ - иқтибос аз феҳристи саҳмдорон ва хуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дорандаи феҳристи саҳмдорон ва маълумотномаи мақомоти андоз нисбат ба муассис - шахси ҳуқуқӣ доир ба надоштани қарзи андоз (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669, аз 14.05.2016 № 1319);

5) дар ҳолати таъсис додани шахси ҳуқуқӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ маълумотномаи маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669);

6) иқтибоси ҳуҷҷат дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ё нусха аз феҳристи шахсони ҳуқуқии давлати хориҷӣ (ё дигар ҳуҷҷати дигари аз рӯи қувваи ҳуқуқиаш ба он баробар, ки мақоми шахси ҳуқуқии хориҷиро исбот менамояд), дар сурате, ки агар муассис шахси ҳуқуқии хориҷӣ бошад;

7) хулосаи мақомоти дахлдор дар мавриди бақайдгирии воситаҳои ахбори омма;

8) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқии таъсисёбанда (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 912, аз 2.01.2020 № 1681).

2. Ҳуҷҷатҳои иловагии пешниҳодшаванда барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқии бо роҳи азнавташкилдиҳӣ таъсисёфта инҳо мебошанд:

1) қарори мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ дар бораи азнавташкилдиҳӣ бо ҳатман нишон додани шакли азнавташкилдиҳӣ;

2) санади (акти) супурдан ё баланси тақсимот вобаста аз шакли азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ.

3) хулосаи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи рақобат" (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1646);

4) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти ҳар як молик - бенефитсиар (шахси воқеӣ) (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1586).

3. Барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ пешниҳод намудани Оинномаи шахси ҳуқуқӣ талаб карда намешавад.

4. Барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ташаккулёбии сармояи оинномавӣ (шарикона), фонди оинномавӣ талаб карда намешавад. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ташаккулёбии сармояи оинномавӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар муддати як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешавад. Дар ҳолати ташкил надодани ҳадди ақали ҳаҷми сармояи оинномавӣ шахси ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешавад. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуқуқ доранд бо талаби барҳам додани чунин шахси ҳуқуқӣ ба суд муроҷиат кунанд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1646).

5. Ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 2), 3), 4), ва 6) қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, ки бо мақсади бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳод гардидаанд, бояд ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҷума карда шаванд. Ҳуҷҷатҳои дар банди 5) қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, ки бо мақсади бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳод гардидаанд, бояд тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (легализатсия) карда шаванд ё ба онҳо апостил гузошта шавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 912аз 23.11.2015 № 1251).

6. Тарҷумаи ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 2), 3), 4) ва 6) қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, ки бо мақсади бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳод гардидаанд, бояд ба тариқи нотариалӣ тасдиқ карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 912).

7. Тасдиқ (легализатсия) ё гузоштани апостил ба ҳуҷҷатҳое, ки бо мақсади бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷии мамлакатҳои иштирокчии шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалии дахлдори эътирофнамудаи Тоҷикистон пешниҳод мегарданд, талаб карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1251).

8. Ҳангоми бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқие, ки муассиси он дар ҳудуди минтақаи оффшорӣ ба қайд гирифта шуда, баромад менамояд, аризадиҳанда ӯҳдадор аст ба мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар бораи соҳибмулкони асосии шахси ҳуқуқӣ дар ҳудуди минтақаи оффшорӣ маълумот пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319).

9. Бақайдгирии давлатӣ дар асоси пурра пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, анҷом дода мешавад. Талаб намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ манъ аст.

10. Барои бақайдгирии давлатӣ аризадиҳанда ҳуҷҷатҳоро шахсан пешниҳод менамояд.

11. Ба аризадиҳанда оид ба гирифтани ҳуҷҷатҳо бо нишон додани номгӯй ва санаи қабули онҳо аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ забонхат дода мешавад.

12. Шахси ҳуқуқӣ ӯҳдадор аст ҳамаи маълумоти дастрасбударо дар бораи молик - бенефитсиари шахси ҳуқуқӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ пешниҳод намояд, инчунин ба дастрасии минбаъдаи маълумот дар бораи молик - бенефитсиари шахси ҳуқуқӣ мусоидат намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1586).

Моддаи 12. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ

1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ мебошад. Ҳамзамон, дар ин Шаҳодатнома бояд нишондод оид ба зарурати пешниҳод намудани ҳисоботи дахлдори оморӣ ва ҳисобот оид ба суғуртаи иҷтимоӣ ба мақомоти дахлдор мавҷуд бошад.

2. Дар ҳолати гум кардани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ муассиси (муассисон) шахси ҳуқуқӣ ё шахсони дигари ваколатдори шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ оид ба гирифтани нусхаи (дубликати) он муроҷиат намоянд, ки он дар муддати 24 соат аз лаҳзаи гирифтани аризаи дахлдор дода мешавад. Ба ариза эълон дар бораи аз эътибор соқит донистани Шаҳодатномаи гумшуда дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, ки дар яке аз воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ нашр гардидааст, замима карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1952).

БОБИ 3. БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ШАХСИ ҲУКУҚИЕ, КИ БО РОҲИ АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ТАЪСИС ЁФТААСТ

Моддаи 13. Тартиби бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқие, ки бо роҳи азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ таъсис ёфтааст

1. Бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқие, ки бо роҳи азнавташкилдиҳӣ таъсис ёфтааст, бо тартиби пешбининамудаи боби 2 Қонуни мазкур амалӣ гардонида мешавад.

2. Азнавташкилдиҳии шахсони ҳуқуқӣ пас аз ворид намудани тағйироти дахлдор ба Феҳристи ягонаи давлатӣ барои шахсони сеюм эътибор пайдо мекунад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669).

Моддаи 14. Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли муттаҳидшавӣ

1. Ҳангоми муттаҳидшавии ду ё зиёда шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҳар яки онҳо ба шахси ҳуқуқии навтаъсис гузашта, фаъолияти шахсони ҳуқуқии муттаҳидгардида бо минбаъд ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатӣ оид ба ин қатъшавӣ, қатъ мегардад.

2. Шахси ҳуқуқии навтаъсис бояд аз бақайдгирии давлатӣ гузарад.

Моддаи 15. Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли ҷудо кардан

1. Ҳангоми аз ҳайати шахси ҳуқуқӣ ҷудо кардани як ё якчанд шахси ҳуқуқӣ шахсони ҳуқуқии нав таъсис меёбанд, вале шахси ҳуқуқии аввал мавҷудияти худро давом медиҳад.

2. Шахсони ҳуқуқии ҷудошуда бояд аз бақайдгирии давлатӣ гузаранд.

Моддаи 16. Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли ҳамроҳкунӣ

1. Дар сурати ҳамроҳкунии як ё якчанд шахси ҳуқуқӣ ба шахси ҳуқуқии дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсони ҳуқуқии ҳамроҳшуда ба шахси охирон гузашта, ҳамзамон шахсони ҳуқуқии ҳамроҳшуда мавҷудияти худро қатъ мекунанд.

2. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ маълумотро оид ба қатъ гардидани мавҷудияти шахсони ҳуқуқии ҳамроҳшуда ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид менамоянд.

Моддаи 17. Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли тақсимшавӣ

1. Ҳангоми тақсимшавии шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои он ба шахсони ҳуқуқии навтаъсис мегузарад, ҳамзамон шахси ҳуқуқии тақсимгардида мавҷудияти худро қатъ намуда, ду ва ё зиёда шахсони ҳуқуқии нав таъсис меёбанд.

2. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ маълумотро оид ба қатъ гардидани мавҷудияти шахси ҳукуқие, ки ба ду ё зиёда шахсони ҳуқуқӣ тақсим карда шудааст, ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид намуда, бақайдгирии давлатии ду ва ё зиёда шахсони нави ҳуқуқии дар натиҷаи тақсимкунии шахси ҳуқуқи таъсисёфтаро анҷом медиҳад.

Моддаи 18. Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли табдилдиҳӣ

Ҳангоми аз як шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба шакли дигари ташкилию ҳуқуқии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил додани шахси ҳуқуқӣ мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ба Феҳристи ягонаи давлатӣ маълумотро оид ба тағйир ёфтани шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ, ки дар ариза нишон дода шудааст, ворид менамояд.

БОБИ 4. БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ БАРҲАМДИҲИИ ШАХСИ ҲУҚУҚӢ

Моддаи 19. Тартиби бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ

1. Бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар асоси қарори муассис (муассисон) ё мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ ё дар асоси қарори суд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, пас аз иҷрои расмиёти барҳамдиҳии шахси ҳуқуқии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида анҷом дода мешавад.

2. Муассис (муассисон) ва мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ ё суд, ки қарор дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқиро қабул намудаанд, ӯҳдадоранд, ки дар муддати даҳ рӯзи корӣ аз рӯзи қабул гардидани қарор мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатиро дар бораи қабул гардидани чунин қарор бо замимаи қарор дар бораи барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ огоҳ намояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1952).

3. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар асоси огоҳинома оид ба қабули қарор дар бораи барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ба Феҳристи ягонаи давлатӣ маълумотро оид ба дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доштани шахси ҳуқуқӣ ворид менамоянд.

4. Бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар муддати 24 соат аз лаҳзаи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи моддаи 20 Қонуни мазкур амалӣ гардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1952).

5. Барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ баитмомрасида ва шахси ҳуқуқӣ фаъолияти худро қатънамуда танҳо баъд аз ворид намудани маълумот дар ин хусус ба Феҳристи ягонаи давлатӣ эътироф гардида, бо додани иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 20. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои анҷом додани бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ

1. Барои анҷомдиҳии бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

1) ариза дар бораи бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ. Дар ариза тасдиқ карда мешавад, ки расмиёти муқаррарнамудаи қонун оид ба барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ риоя шуда, ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторони он ба итмом расонида шудааст;

2) тавозуни барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ аз рӯи натиҷаи кори комиссияи барҳамдиҳӣ, ки онро муассиси (муассисони) шахси ҳуқуқӣ ё мақомоти дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ қарорқабулкарда тасдиқ кардааст;

3) санад оид ба санҷиши маҷмӯии андоз, ки надоштани қарзи андозро тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669);

4) Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда;

5) нусхаи эълон дар бораи барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ, ки дар яке аз воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ нашр гардидааст;

6) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба супоридани мӯҳрҳо (тамғаҳо) ва баста шудани ҳисобҳои бонкӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1681).

2. Ҳуҷҷатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ пас аз ба охир расидани ҷараёни барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешаванд.

3. Ҳангоми барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар ҳолати татбиқ намудани расмиёти муфлисшавӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ таъйиноти суд дар бораи ба охир расидани истеҳсолоти озмунӣ пешниҳод карда мешавад.

Моддаи 20(1). Барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ва қатъ намудани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ дар асоси аризаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669)

Дар ҳолати дар мӯҳлати зиёда аз шаш моҳи пай дар пай бо тартиби муқарраргардида пешниҳод накардани ҳисоботи андоз (омор ё суғуртаи иҷтимоии давлатӣ), ё пардохт накардани андозҳои муқарраршуда, ё сари вақт тағйир надодани маълумот дар Феҳристи ягонаи давлатӣ оид ба маҳалли ҷойгиршавӣ (суроға) мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ метавонанд барои барҳам додани шахси ҳуқуқӣ, қатъ намудани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ё соҳибкори инфиродӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд бо ариза муроҷиат намоянд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669).

Моддаи 20(2). Хориҷ намудани шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷии бефаъолият аз Феҳристи ягонаи давлатӣ бо қарори мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319)

Шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷие, ки дар давоми дувоздаҳ моҳи охир пеш аз лаҳзаи қабули қарори дахлдор аз тарафи мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳисобот ва эъломияҳои пешбининамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод накардаанд, фаъолияти воридотӣ ва содиротии гумрукӣ анҷом надодаанд ва ягон амалиёти бонкӣ нагузаронидаанд, воқеан субъекти фаъолияташ қатъшуда (минбаъд - субъекти бефаъолият) ба ҳисоб мераванд. Субъекти бефаъолият бо қарори мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Феҳристи ягонаи давлатӣ хориҷ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319).

БОБИ 5. БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ШАХСИ ВОҚЕӢ БА СИФАТИ СОҲИБКОРИ ИНФИРОДӢ ВА ҚАТЪ ГАШТАНИ ФАЪОЛИЯТИ ШАХСИ ВОҚЕӢ БА СИФ АТИ СОҲИБКОРИ ИНФИРОДӢ

Моддаи 21. Тартиби бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ

1. Бақайдгирии давлатии шахси воқеиро ба сифати соҳибкори инфиродӣ мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар муддати 24 соат аз лаҳзаи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дар моддаи 22 Қонуни мазкур нишондодашуда амалӣ мегардонанд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1952).

2. Бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ҳангоми гирифтани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ӯ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ё ҳангоми гирифтани Патент барои ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар маҳалли анҷомдиҳии фаъолияти соҳибкории чунин шахс амалӣ мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669).

3. Агар пас аз ба охир расидани мӯҳлати дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ Қарорро дар бораи бақайдгирии давлатӣ ё рад кардани бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ қабул накарда бошад, мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ӯҳдадор аст, бе таъхир пас аз гузаштани мӯҳлати дар боло нишондодашуда ба Феҳристи ягонаи давлатӣ маълумотро дар бораи шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ворид созад ва ба аризадиҳанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси воқеиро ба сифати соҳибкори инфиродӣ диҳад ё онро ба суроғаи дар ариза нишондодашуда фиристад.

4. Бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ роҳ дода намешавад, агар бақайдгирии давлатии амалкунандаи ӯ ба ин сифат, ба истиснои ҳолати пешбининамудаи қисми 1 моддаи 35 Қонуни мазкур, эътиборашро гум накарда бошад ё аз рӯзи қабул намудани қарори суд оид ба муфлисшавии ӯ дар натиҷаи қонеъ гардонида натавонистани талаботи кредиторон, ки ба фаъолияти пештари соҳибкории ӯ вобаста мебошад, мӯҳлат нагузаштааст ё мӯҳлате, ки бо санади суд ба ӯ ҳуқуқи ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан манъ гардидааст, ба охир нарасидааст.

Моддаи 22. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ

Барои амалӣ гардонидани бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

1) ариза барои бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ. Дар ариза маълумоти зерин нишон дода мешавад:

а) ному насаби шахси воқеӣ;

б) суроғаи ҷойи истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (суроғае, ки дар он ҷой шахси воқеӣ ба қайд гирифта шудааст), суроғаи ҷойи истиқомати муваққатӣ ва маҳалли анҷомдиҳии фаъолияти соҳибкори инфиродӣ, маълумот барои тамос бо шахси воқеӣ (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669);

в) рақами мушаххаси андозсупорандаи (РМА) шахси воқеӣ;

г) намуди (намудҳои) асосии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, ки шахси воқеӣ хоҳиши анҷом додани онро (онҳоро) дорад;

д) санаи пешниҳод гардидани ариза ва имзои аризадиҳанда.

2) нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсияти шахси воқеиро тасдиқ мекунад, инчунин ду расми андозаи 4x6;

3) нусхаи сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин ё нусхаи қарор дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин дар ҳолати бақайдгирии хоҷагии деҳқонии (фермерии) фардӣ ё оилавӣ, рӯйхати аъзои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), рақами мушаххаси андозсупоранда барои ҳар яки онҳо (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669);

4) нусхаи ҳуҷҷате, ки дар асоси он ба шахси воқеии хориҷӣ сукунат ва амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст (раводид, варақаи бақайдгирӣ, гувоҳномаи иқомат бо мӯҳлати амали на кам аз се моҳ) (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319аз 15.03.2023 № 1952);

5) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) фаъолияти соҳибкории шахси воқеӣ (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319);

6) пардохтномаи (квитансия)-и пешпардохти маблағи Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ барои шумораи муайяни моҳ (мӯҳлати амали Патент) - барои шахсоне, ки хоҳиши гирифтани Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродиро доранд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669,  аз 2.01.2020 № 1681).

Моддаи 23. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ

1. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ва ё Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ мебошанд.

2. Шахси воқеӣ метавонад фаъолияти соҳибкории инфиродиро дар асоси Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродӣ тибқи рӯйхате, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, амалӣ намояд.

3. Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ҳуҷҷате мебошад, ки барои машғул шудан ба ҳама намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ ҳуқуқ медиҳад, агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд.

4. Шахси воқеӣ наметавонад дар як вақт ҳам соҳиби Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ва ҳам соҳиби Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ бошад.

5. Дар ҳолати гум кардани Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ё Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ, соҳибкори инфиродӣ ҳуқуқ дорад ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои гирифтани нусхаи (дубликати) он муроҷиат намояд. Нусхаи (дубликати) Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ё Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ дар асоси аризаи соҳибкори инфиродӣ дар муддати 24 соат аз лаҳзаи пешниҳоди ариза бо қайди "Нусха (дубликат)" дода мешавад. Ба ариза эълон дар бораи аз эътибор соқит донистани Шаҳодатнома ё Патенти гумшуда, ки дар яке аз воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ нашр гардидааст, замима мегардад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1952).

Моддаи 24. Асосҳои қатъ гардидани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ

Бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ бо асосҳои зайл амалӣ мегардад:

1) аризаи соҳибкори инфиродӣ;

2) вафоти соҳибкори инфиродӣ;

3) қарори суд дар бораи муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ;

4) қарори суд дар бораи бедарак ғоибшуда ё фавтида эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ;

5) қарори суд дар бораи қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ба таври маҷбурӣ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6) санади эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд дар бораи маҳрум намудан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ ба мӯҳлати муайян;

7) бекор кардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи шахси хориҷӣ барои муваққатан ё доимӣ истиқомат намудан ва анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба охир расидани мӯҳлати чунин ҳуҷҷат.

Моддаи 25. Тартиби бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ

1. Бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ дар маҳалли бақайдгирии давлатии ӯ дар муддати 24 соат аз лаҳзаи пешниҳод намудани ариза анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1952).

2. Бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ пас аз ворид намудани сабт дар бораи он ба Феҳристи ягонаи давлатӣ қувваи худро гум мекунад ва бо иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ тасдиқ карда мешавад.

3. Соҳибкори инфиродие, ки фаъолияти худро тибқи Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ анҷом медиҳад, дар ҳолати пешбининамудаи бандҳои 1), 3), 5), 6) ва 7) моддаи 24 Қонуни мазкур дар як вақт бо додани ариза дар бораи қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ бояд ба мақомоти андози маҳалли гирифтани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ эъломияи андоз, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иҷрои ӯҳдадории андози ба фаъолияти соҳибкории ӯ вобастабуда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи супоридани мӯҳрҳо ва маҳкам кардани суратҳисобҳои бонкиро пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 912).

4. Аз ҷониби мақомоти андоз тариқи маълумотнома тасдиқ намудани мавҷуд набудани ӯҳдадории андози соҳибкори инфиродӣ (ки дар асоси Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ё Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ фаъолият намудааст) барои барасмиятдарории ҳуқуқии қатъ гардидани фаъолияти соҳибкории инфиродии ӯ асос мебошад. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии қатъ шудани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ дар ин ҳолат иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ мебошад.

5. Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар қисмҳои 1 ва 3 моддаи мазкур пешбинигардида соҳибкори инфиродӣ, ки фаъолияти худро қатъ менамояд, бояд ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ асли Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ё Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродиро супорад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1681).

6. Дар ҳолати қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ дар асоси қарори суд дар бораи муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ бақайдгирии давлатиро мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар асоси нусхаи қарори суд дар бораи муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ворид, гардидааст, амалӣ менамояд.

7. Дар ҳолати қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ дар асоси қарори суд дар бораи бедарак ғоибшуда ё фавтида эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ, инчунин дар асоси қарори суд дар бораи қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ба таври маҷбурӣ, бақайдгирии давлатиро мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар муддати 24 соат аз лаҳзаи ворид гардидани нусхаи дахлдори қарори суд анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1952).

8. Дар ҳолати қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ дар асоси санади эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд дар бораи маҳрум намудан аз ҳуқуқи машғул шудан ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ ба мӯҳлати муайян, бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти соҳибкорӣ аз тарафи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар муддати 24 соат аз лаҳзаи бо тартиби муқарраргардида гирифтани маълумот дар бораи эътибори қонунӣ пайдо кардани ин ҳукми суд, анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1952).

9. Бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродиро дар ҳолати вафоти ӯ мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар асоси маълумоти ба ин мақомот тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии вафоти ин шахс воридгардида, анҷом медиҳанд.

10. Бақайдгирии давлатӣ ҳангоми қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ вобаста бо бекор кардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи шахси хориҷӣ барои муваққатан ё доимӣ сукунат намудан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба охир расидани мӯҳлати он, дар асоси маълумоти ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида воридгардида дар бораи бекор намудани чунин ҳуҷҷат ё ба охир расидани мӯҳлати амали он бо назардошти маълумоти дар Феҳристи ягонаи давлатӣ оид ба чунин мӯҳлат мавҷудбуда, анҷом дода мешавад.

БОБИ 6. ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ФЕҲРИСТИ ЯГОНАИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 26. Асосҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ

Асосҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ, тағйир ёфтани маълумот оид ба шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ, ки дар моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, мебошанд.

Моддаи 27. Тартиби ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо

1. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ тағйиру иловаҳоро ба маълумоти дар Феҳристи ягонаи давлатӣ мавҷудбуда тибқи ариза дар шакли тасдиқкардаи мақомоти ваколатдори андоз дар муддати 24 соат аз лаҳзаи гирифтани ариза ворид намуда, иқтибосро аз Феҳристи ягонаи давлатӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо медиҳад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669, аз 2.01.2020 № 1681аз 15.03.2023 № 1952).

2. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ дар хусуси ба расмият даровардани таъсисёбӣ ва (ё) қатъ намудани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қисми 4 моддаи мазкур амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669).

3. Муассисон, мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ӯҳдадоранд дар муддати то даҳ рӯзи корӣ аз рӯзи қабул намудани қарор дар бораи тағйир ёфтани маълумоти дар моддаи 26 Қонуни мазкур нишондодашуда, мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатиро ба таври хаттӣ хабардор созанд. Тағйиру иловаҳо пас аз ворид намудани онҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ қувваи қонунӣ пайдо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1952).

4. Ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ вобаста ба таъсис додан ё қать намудани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахси ҳуқуқӣ ба мақокоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669):

1) ариза аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ, ки дорои маълумоти зерин мебошад:

а) шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва номи фирмавии шахси ҳуқуқӣ;

б) маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) филиал ё намояндагии таъсисдодашаванда ё қатъшавандаи шахси ҳуқуқӣ, маълумот барои тамос бо роҳбари он;

в) санаи додани ариза ва имзои аризадиҳанда;

2) қарор дар бораи таъсис додан ё қатъ намудани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқӣ;

3) ҳангоми таъсис додани филиал ё намояндагӣ - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқӣ, ваколатномаи роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ дода шудааст;

4) ҳангоми қатъ намудани фаъолияти филиал ва (ё) намояндагӣҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба супоридани мӯҳрҳо (тамғаҳо) дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории андоз - санади санҷиши хотимавӣ ва маълумотнома оид ба баста шудани суратҳисобҳои бонкӣ (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669аз 28.12.2012 № 912).

5. Дар сурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ вобаста ба гузашти ҳисса (саҳм) дар сармояи оинномавии (шариконаи) шахси ҳуқуқӣ, аз тарафи шахси ҳуқуқӣ ба мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ хулосаи мақомоти дахлдор оид ба, иҷрои ӯҳдадориҳои андозӣ пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319аз 19.07.2019 № 1646).

6. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маълумоти дар Феҳристи ягонаи давлатӣ мавҷудбуда оид ба ивазшавии муассиси (саҳмдори) шахси ҳуқуқӣ, ки ӯ шахси ҳуқуқии хориҷии дар ҳудуди минтақаи оффшорӣ бақайдгирифташуда мебошад, бо дастрасии муқаррароти қисми 8 моддаи 11 Қонуни мазкур ба роҳ монда мешавад. Талаб намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ, ки Қонуни мазкур пешбинӣ накардааст, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319).

7. Ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ аз рӯи асосҳои пешбининамудаи моддаи 26 Қонуни мазкур ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ мебошад. Ҳангоми тағйир ёфтани шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва номи фирмавии шахси ҳуқуқӣ, инчунин насаб, ном ва номи падари соҳибкори инфиродӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ҳуҷҷати нави тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ оид ба ворид намудани тағйирот мебошад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319).

БОБИ 7. ХУСУСИЯТҲОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ТАЪСИСЁБӢ, ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ФИЛИАЛҲО ВА НАМОЯНДАГИҲОИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚИИ ХОРИҶӢ, ИНЧУНИН ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА МАЪЛУМОТЕ, КИ ДАР ФЕҲРИСТИ ЯГОНАИ ДАВЛАТӢ ДАР БОРАИ ФИЛИАЛҲО ВА НАМОЯНДАГИҲОИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚИИ ХОРИҶӢ МАВҶУД АСТ

Моддаи 28. Тартиби бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ

1. Бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷиро мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) филиал ё намояндагӣ дар муддати 24 соат аз лаҳзаи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое, ки номгӯи онҳоро моддаи 29 Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, бо дар худи ҳамин муддат додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии он амалӣ мегардонанд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1952).

2. Агар дар мӯҳлати пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагиро иҷро накунад ё бақайдгирии давлатиро бо асосҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 34 Қонуни мазкур рад накарда бошанд, мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ӯҳдадоранд фавран пас аз гузаштани мӯҳлати дар боло зикргардида ба Феҳристи ягонаи давлатӣ маълумотро дар бораи таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ бе таъхир ворид намоянд ва ба аризадиҳанда Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ диҳад ё онро ба суроғаи дар ариза нишондодашуда фиристанд.

3. Ҳуқуқи супоридани ҳуҷҷатҳои бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷиро намояндагони ваколатдори шахси ҳуқуқии хориҷӣ доранд.

Моддаи 29. Ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳодшаванда

1. Барои амалигардонии бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

1) ариза барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ. Дар ариза маълумоти зерин нишон дода мешавад:

а) шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки филиал ё намояндагӣ таъсис медиҳад;

б) номи фирмавии шахси ҳуқуқии хориҷӣ;

в) маҳали ҷойгиршавии (суроғаи) филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ;

г) маълумот дар бораи роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ (маълумот аз ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ, маълумот барои тамос)

д) намудҳои асосии фаъолият, ки филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ нияти амалӣ гардонидани онро дорад;

е) санаи пешниҳод гардидани ариза ва имзои аризадиҳанда.

2) қарори мақоми ваколатдори шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар бораи таъсис додани филиал ё намояндагӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи таъин намудани роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки онҳоро шахсони ваколатдори шахси ҳуқуқии хориҷӣ имзо кардаанд;

3) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар ҳолате, ки агар ҳуҷҷатҳоро роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳод кунад; нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва ваколатнома ба номи шахси ваколатдор, агар аз ҷониби шахси ваколатдор ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳод гардад. Агар роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ шаҳрванди хориҷӣ бошад, инчунин нусхаи ҳуҷҷате, ки дар асоси он ба шахси воқеии хориҷӣ барои сукунат ва амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода, шудадст (раводид, варақаи бақайдгирӣ ва гувоҳномаи иқомат бо мӯҳлати амали на кам аз се моҳ) (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319).

4) ваколатнома ба номи роҳбари филиал ё намояндагӣ;

5) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ё дигар ҳуҷҷати бо қувваи қонуниаш ба он баробар, ки ҳолати ҳуқуқии ин шахсро тасдиқ мекунад;

6) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319, аз 2.01.2020 № 1681).

2. Ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 2), 3), 4) ва 5) қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, ки бо мақсади бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳод гардидаанд, бояд ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҷума карда шаванд. Ҳуҷҷатҳои дар банди 5) қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, ки бо мақсади бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳод гардидаанд, бояд тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (легализатсия) карда шаванд ё ба онҳо апостил гузошта шавад. Тарҷумаи ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 2), 3), 4) ва 5) қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, ки бо мақсади бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳод гардидаанд, бояд ба тариқи нотариалӣ тасдиқ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1251).

3. Тасдиқ (легализатсия) ё гузоштани апостил барои ҳуҷҷатҳое, ки бо мақсади бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷии мамлакатҳои иштирокчии шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, талаб карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1251).

4. Барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки дар ҳудуди минтақаҳои оффшорӣ ба қайд гирифта шудааст, аризадиҳанда ӯҳдадор аст ба мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ маълумот дар бораи соҳибмулкони асосии шахси ҳуқуқии хориҷии дар ҳудуди минтақаҳои оффшорӣ бақайдгирифташударо пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319).

Моддаи 30. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ

1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ мебошад.

2. Дар ҳолати гум кардани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ шахси ваколатдори филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ҳуқуқ дорад ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар бораи гирифтани нусхаи (дубликати) он муроҷиат намояд. Нусхаи (дубликати) Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ бо нишондоди "Нусха (дубликат)" дар асоси аризаи шахси ваколатдор дар муддати 24 соат аз лаҳзаи гирифтани ариза дода мешавад. Ба ариза эълон дар бораи аз эътибор соқит донистани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷии гумшуда, ки дар яке аз воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ нашр гардидааст, замима карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1952).

Моддаи 31. Тартиби бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ

1. Бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар асоси қарори мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқии хориҷӣ ё дар асоси қарори суд бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.

2. Бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар маҳалли бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар муддати 24 соат аз лаҳзаи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи моддаи 32 Қонуни мазкур амалӣ гардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1952).

3. Шахси ваколатдори шахси ҳуқуқии хориҷӣ ӯҳдадор аст, ки дар муддати даҳ рӯзи корӣ аз лаҳзаи қабул намудани қарор дар бораи қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагӣ мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатиро дар бораи қабул намудани чунин қарор ба тариқи хаттӣ огоҳ созад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1952).

4. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар асоси огоҳномаи дар қисми 3 моддаи мазкур пешниҳодгардида ба Феҳристи ягонаи давлатӣ маълумотро дар бораи он ки филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар марҳилаи қатъ гардидани фаъолияти худ қарор дорад, ворид месозад.

5. Шахси ваколатдори шахси ҳуқуқии хориҷӣ ӯҳдадор аст, ки ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатии ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи моддаи 32 Қонуни мазкурро пешниҳод намояд.

6. Бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз гузаштани на камтар аз ду моҳ аз рӯзи нашр намудани маълумот дар ин хусус дар яке аз воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ба анҷом расонида мешавад.

7. Қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи ворид намудани маълумот дар ин хусус ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ба итмомрасида ҳисоб ёфта, бо иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 32. Ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳодшаванда

Барои амалигардонии бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

1) ариза дар бораи қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ;

2) қарори мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар бораи қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ бо нишон додани ҳайати комиссия дар бораи қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагӣ;

3) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба супоридани мӯҳр ва маҳкам карда шудани суратҳисобҳои бонкӣ;

4) қарори суд дар ҳолате, ки қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагӣ дар асоси қарори суд амалӣ гардонида мешавад;

5) ҳуҷҷате, ки аз ҷониби шахси ҳуқуқии хориҷӣ эътироф намудани қарзро дар назди кредиторон тасдиқ мекунад, ба истиснои ӯҳдадориҳои андоз;

6) ҳуҷҷате (санади санҷиши хотимавии андози филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ), ки адо намудани қарзро дар бораи пардохти андозе, ки дар робита ба фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст, тасдиқ мекунад;

7) нусхаи аслии Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии таъсиси филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1681).

Моддаи 33. Асосҳо ва тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маълумот оид ба филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар Феҳристи ягонаи давлатӣ

1. Асосҳо барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маълумот дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар Феҳристи ягонаи давлатӣ, ин тағйир ёфтани маълумот оид ба онҳо, ки дар моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, мебошанд.

2. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ба маълумоте, ки дар Феҳристи ягонаи давлатӣ мавҷуд мебошад, тағйиру иловаҳоро тибқи аризаи намояндаи ваколатдори шахси ҳуқуқии хориҷии дар шакли аз ҷониби мақомоти ваколатдори андоз тасдиқгардида дар муддати се рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза ворид менамояд.

3. Шахси ҳуқуқии хориҷӣ ё филиал ё намояндагии он ӯҳдадор аст, ки дар муддати на зиёда аз сӣ рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ба миён омадани асосҳои дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатиро ба таври хаттӣ огоҳ намояд. Тағйиру иловаҳо пас аз ворид намудани онҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ қувваи қонунӣ пайдо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669).

4. Ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ аз рӯи асосҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ мебошад, агар тартиби дигар дар қисми 5 ҳамин модда пешбинӣ нашуда бошад.

5. Ҳангоми тағйир ёфтани шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва номи фирмавии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ҳуҷҷати нави тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ мебошад.

6. Аз Феҳристи ягонаи давлатӣ ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маълумот дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ иқтибос дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1681).

БОБИ 8. АСОСҲО БАРОИ РАД КАРДАНИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 34. Асосҳо барои рад кардани бақайдгирии давлатӣ

1. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои зерин бақайдгирии давлатиро рад намоянд:

1) агар ҳуҷҷатҳои бо мақсади бақайдгирии давлатӣ пешниҳодгардида ба талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накунанд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 912);

2) агар номи фирмавии шахси ҳуқуқӣ ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накунад;

3) агар бо худи ҳамон ном дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқии дигар ба қайд гирифта шуда бошад.

4) агар муассиси шахси ҳуқуқии таъсисёбанда аз ҳисоби андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз буҷет қарздор бошад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669);

5) агар шахси ҳуқуқӣ - муассиси шахси ҳуқуқии таъсисёбанда дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669);

6) ҳангоми ҷой доштани баҳси судӣ байни муассисони шахси ҳуқуқӣтибқи муроҷиати хаттии онҳо (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669);

7) агар андозсупоранда ва (ё) шахси масъули андозсупоранда ҳамчун муассис ва (ё) роҳбари дигар шахси ҳуқуқие бошад, ки ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият дохил карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 912, аз 14.05.2016 № 1319);

8) агар шахс дар асоси ҳукми суд аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян маҳрум шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319).

2. Ҳангоми рад намудани бақайдгирии давлатӣ ба аризадиҳанда огоҳии хаттӣ дар хусуси рад намудан бо нишон додани сабаби радкунӣ фиристонида мешавад (супорида мешавад) ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи ӯ барои бартараф кардани номутобиқатии ошкоргардида баргардонида мешаванд. Нусхаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида дар мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд.

3. Рад намудани бақайдгирии давлатӣ, инчунин саркашӣ намудан аз бақайдгирии давлатӣ боиси ба суд шикоят намудан шуда метавонад.

БОБИ 9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 35. Муқаррароти интиқолӣ

1. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷии тибқи Қонуни мазкур бақайдгирифташаванда, ки то эътибор пайдо кардани Қонуни мазкур ба қайд гирифта шуда, фаъолияти худро давом дода истодаанд, ӯҳдадоранд, ки дар муддати як сол аз рӯзи мавриди амал қарор дода шудани Қонуни мазкур ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи моддаҳои 8, 11, 22 ва 29 Қонуни мазкурро барои ворид намудани маълумоти дахлдор ба Феҳристи ягонаи давлатӣ пешниҳод намоянд. Дар ин ҳолат ба чунин шахсони ҳуқуқӣ талаботи банди

2) қисми 1 моддаи 34 Қонуни мазкур татбиқ карда намешаванд.

2. Ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, ки ба Феҳристи ягонаи давлатӣ тибқи қисми 1 моддаи мазкур ворид гардидаанд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ мувофиқи Қонуни мазкур дода мешавад.

3. Дар ҳолати иҷро нагардидани талаботи қисми 1 моддаи мазкур бақайдгирии давлатӣ аз рӯзи ба охир расидани мӯҳлати пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур қувваи қонунии худро гум мекунад.

4. Анҷом додани фаъолият бе ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатӣ тибқи қисми 1 моддаи мазкур соҳибкории ғайриқонунӣ ҳисоб гардида, шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

5. Ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ва додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ тибқи қисми 1 моддаи мазкур ройгон анҷом дода мешавад.

6. Дар давраи то таъсис додани системаи иттилоотии мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ, бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳо ё намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкорони инфиродиро мақомоти ҳудудии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии андоз, ки имкониятҳои дахлдори моддӣ доранд, тибқи рӯйхат ва ҳудуди аз ҷониби мақомоти ваколатдори андоз муайянгардида анҷом медиҳанд.

Моддаи 36. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 37. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003 "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2003, № 4, моддаи 135) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 38. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур аз 1 июли соли 2009 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

19 майи соли 2009, № 508

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе

18 майи соли 2009 №643

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 316; с. 2010, №12, қ.1, мод. 828; с. 2012, №12, қ.1, мод. 1006; с. 2015, №11, мод. 972; с. 2016, №5, мод. 370; с. 2019, №1, мод. 33)

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669, аз 28.12.2012 № 912, аз 23.11.2015 № 1251, аз 14.05.2016 № 1319, аз 2.01.2019 № 1586, аз 19.07.2019 № 1646)

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мавзӯи танзим ва доираи амали Қонуни мазкур

1. Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқӣ, бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ, қатъ намудани фаъолияти онҳо, бақайдгирии давлатии таъсисёбӣ ва қатъ намудани фаъолияти филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, пешбурд ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба миён меоянд, танзим менамояд.

2. Амали Қонуни мазкур нисбати мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки шахси ҳуқуқӣ буда, тартиби таъсис додан ва фаъолияти онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, татбиқ намегардад.

3. Тартиби бақайдгирии давлатии ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ ё қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои онҳо ва иттиҳодияҳои динӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 912).

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (минбаъд-бақайдгирии давлатӣ) - амали мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (минбаъд - мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ) дар хусуси ба расмият даровардани воқеияти ҳуқуқии таъсисёбӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқӣ, шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ ва қатъ намудани фаъолияти онҳо (минбаъд - соҳибкорони инфиродӣ), таъсисёбӣ ва қатъ намудани фаъолияти филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин ворид намудани маълумот дар бораи онҳо ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;

- Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (минбаъд - Феҳристи ягонаи давлатӣ) - махзани ягонаи давлатии иттилоотӣ дар бораи шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои онҳо, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ;

- ҳуҷҷате, ки бақайдгирии давлатиро тасдиқ менамояд - ҳуҷҷати аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ додашуда (Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ё Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ё Патент барои ҳуқуқи амалигардонии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ё Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ва (ё) иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ), ки аз далели таъсисёбӣ, азнавташкилдиҳй ё барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ, оғозёбӣ ё қатъ намудани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ, таъсисёбӣ ё қатъ намудани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ва ворид намудани маълумот дар бораи онҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ шаҳодат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669);

- рақами ягонаи мушаххас - рамзи ягонаи рақамӣ, ки ба рақами мушаххаси андозсупоранда асос ёфта, такрорнашаванда мебошад ва ҳангоми бақайдгирии давлатӣ аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфородӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дода шуда, барои мушаххасгардонии онҳо хизмат мекунад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669);

- аризадиҳанда - шахсе, ки ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ бо аризаи хаттӣ барои бақайдгирии давлатӣ муроҷиат намудааст;

- тасдиқи, ифодаи аслӣ будани имзо ва дар ҳолатҳои зарурӣ мӯҳр дар ҳуҷҷатҳо ва санадҳо бо мақсади истифода бурдани онҳо дар дигар давлат  (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1251);

- гузоштани апостил - тасдиқ намудани аслияти имзо, мӯҳр (штамп) дар нусхаи асли ҳуҷҷат (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1251);

- молик - бенефитсиар (манфиатгир) - як ё якчанд шахси воқеӣ, ки бевосита ё бавосита соҳиби моликият (соҳиби зиёда аз 25 фоиз иштироки афзалиятнок дар сармояи муштарӣ ё миқдори умумии саҳмияҳои муштарӣ бо ҳуқуқи овоз) мебошанд ё муштарӣ ва/ё шахсеро, ки ба манфиати онҳо аҳд/амалиёт анҷом дода мешавад, воқеан назорат мекунанд, инчунин шахсоне, ки шахси ҳуқуқиро назорат мекунанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1586).

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1586).

Моддаи 4. Бақайдгирии давлатӣ мувофиқи принсипи "равзанаи ягона"

1. Бақайдгирии давлатӣ аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ мувофиқи принсипи "равзанаи ягона" бе гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида амалӣ гардонида мешавад.

2. Бақайдгирии давлатӣ мувофиқи принсипи "равзанаи ягона" мазмуни зеринро дорад:

1) барои бақайдгирии давлатӣ аризадиҳанда ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкурро танҳо ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ аз рӯи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқӣ (маҳалли зисти роҳбари шахси ҳуқуқӣ), маҳалли зисти (фаъолияти) соҳибкори инфиродӣ, маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ (маҳалли зисти роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ) пешниҳод менамояд. Барои дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида ва пуррагии маълумоти дар онҳо инъикосёфта аризадиҳанда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро ба зимма дорад;

2) мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ маълумотро дар бораи шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷиро ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид намуда, дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи қайди баҳисобгирии андоз, омор ва суғуртаи иҷтимоии давлатиро медиҳад. Бақайдгирии давлатӣ дар Феҳристи ягонаи давлатӣ бақайдгирии яквақтаро дар мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ, мақомоти давлатии омор ва мақомоти суғуртаи -иҷтимоии давлатиро дар назар дорад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669).

3) ҳангоми бақайдгирӣ дар Феҳристи ягонаи давлатӣ ба субъектҳо Рақами ягонаи мушаххас дода мешавад, ки барои ҳар як шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ такрорнашаванда мебошад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669).

3. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ:

1) пас аз қабули ҳуҷҷатҳои таъсисӣ дар муддати то се рӯзи корӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва дар муддати як рӯзи корӣ нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ маълумотро ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид менамоянд;

2) пас аз иҷрои амалҳои дар банди 1) қисми мазкур пешбинишуда, ин маълумотро дар шакли электронӣ барои гузаронидани қайди дохилии баҳисобгирӣ ба мақомоти давлатии омор ва мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ мефиристанд ва ба мақомоти номбаршуда дастрасии онро таъмин менамоянд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669).

4. Мақомоти давлатии омор ва мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ аз рӯи маълумоти гирифташуда дар муддати на дертар аз як рӯзи корӣ қайди дохилии баҳисобгирии шахси ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкори инфиродиро анҷом дода, маълумотро доир ба шахси мазкур (бо тасдиқи ба қайди дохилӣ гирифтан) дар шакли электронӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ бозпас мефиристанд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669).

5. Рақами ягонаи мушаххас танҳо як маротиба ҳангоми бақайдгирии аввалия дода мешавад, дар тамоми давраи фаъолият бояд тағйир наёбад ва дар мавриди бекор гардидани бақайдгирии субъекти мушаххас ба субъекти дигар дода нашавад.

6. Субъектҳои бақайдгирифташуда ӯҳдадоранд Рақами ягонаи мушаххаси худро дар мукотибаи худ бо шахсони сеюм нишон диҳанд.

7. Мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳангоми додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ онҳоро дар бораи ӯҳдадории пешниҳод намудани ҳисоботи давлатии муқарраргардида ба мақомоти давлатии омор, суғуртаи иҷтимоии давлатӣ бо роҳи қайд намудани ин ӯхдадорӣ дар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ хабардор мекунад.

8. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ барои кушодани суратҳисобҳо дар ташкилотҳои бонкӣ, инчунин барои тайёр намудани мӯҳр ва тамғаи шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ асос мебошад.

9. Талаб намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ бо мақсади бақайдгирии давлатӣ, дода шудани Рақами ягонаи мушаххас, рақами мушаххаси суғуртавӣ ва рамзҳои оморӣ, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур манъ аст.

10. Қоидаҳои гузаронидани бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 912).

Моддаи 5. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ва ваколатҳои он

Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

1. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:

1) пешбурди сиёсати ягонаро дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ таъмин менамоянд;

2) Пешбурди Феҳристи ягонаи давлатиро амалӣ месозад ва дастрас будани маълумоти онро таъмин менамоянд;

3) шакли аризаҳоро барои бақайдгирии давлатӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ, инчунин шакли ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷиро муқаррар менамоянд;

4) маълумотро дар бораи шахсони ҳуқуқии ба қайдгирифташуда, аз нав ташкилгардида ва барҳамдодашуда, соҳибкорони инфиродии ба қайдгирифташуда ва фаъолияташон қатъгардида, намояндагиҳои таъсисдодашуда ва фаъолияти худро қатънамудаи шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, тағйир ёфтани маълумоти ба Феҳристи ягонаи давлатӣ воридгардидаро дар сомонаи расмии худ ҷойгир намуда, онро мунтазам нав мегардонанд;

5) ваколатҳои дигарро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

2. Мақомоти андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дорои ваколатҳои зерин мебошанд:

1) бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷиро амалӣ менамоянд ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатиро медиҳанд;

2) маълумотро дар бораи бақайдгирии давлатӣ ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид менамоянд;

3) ба Феҳристи ягонаи давлатӣ тағйиру иловаҳо ворид менамоянд;

4) нусха ва маълумотномаро аз Феҳристи ягонаи давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур медиҳанд;

5) ваколатҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкурро амалӣ менамоянд.

Моддаи 6. Боҷи давлатӣ ва пардохт барои амалҳои бақайдгирии давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 912)

1. Боҷи давлатӣ ва пардохт барои амалҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 912).

2. Барои нигоҳдории Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ва пешниҳод намудани иқтибос аз Феҳристи мазкур ё додани маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани маълумот дар бораи ҳар як субъект - ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ҳисоби мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ маблағ пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 912).

Моддаи 7. Пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ

1. Феҳристи ягонаи давлатӣ дорои маълумот дар бораи шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахсони ҳуқуқии хориҷии бақайдгирифташуда, инчунин дигар маълумоти пешбининамудаи Қонуни мазкур мебошад.

2. Тартиби гирифтан ва пешниҳод намудани маълумотро аз Феҳристи ягонаи давлатӣ Қонуни мазкур муайян менамояд.

3. Феҳристи ягонаи давлатӣ дар ҳомили электронӣ (магнитӣ) ва ҳомили коғазӣ пеш бурда мешавад. Дар ҳолати ба ҳам мувофиқат накардани маълумоти Феҳристи ягонаи давлатӣ дар ҳомили электронӣ ва коғазӣ маълумоти дар воситаи ҳомили коғазӣ мавҷудбуда ҳамчун асос ҳисобида мешавад.

4. Пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ ба воситаи ҳомили электронӣ тибқи принсипҳои ягонаи ташкилӣ, якшаклӣ, эътиборнокӣ, ошкороӣ, методологӣ ва барномавию-техникӣ, ки ҳамбастагии Феҳристи ягонаи давлатиро бо системаҳои дигар ва шабакаҳои иттилоотии давлатӣ таъмин менамояд, анҷом дода мешавад.

5. Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ягонаи давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Моддаи 8. Мазмуни Феҳристи ягонаи давлатӣ

1. Феҳристи ягонаи давлатӣ маълумоти зеринро дар бораи шахси ҳуқуқӣ дар бар мегирад:

1) шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ;

2) номи пурраи фирмавии (дар ҳолати мавҷуд будан, инчунин номи кӯтоҳи) шахси ҳуқуқӣ бо забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3) маълумот дар бораи тағйирёбии номи фирмавии шахси ҳуқуқӣ;

4) маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқӣ (роҳбари шахси ҳуқуқӣ), маълумот дар бораи тағйир ёфтани он, маълумот барои тамос бо онҳо;

5) тарзи ташкилёбии шахси ҳуқуқӣ (таъсисёбӣ ё азнавташкилдиҳӣ);

6) санаи бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ;

7) маълумот дар бораи муассисон (нисбати ҷамъиятҳои саҳомӣ маълумот оид ба дорандаи феҳристи саҳмдорон) ва роҳбари шахси ҳуқуқӣ (номгӯи шахси ҳуқуқӣ ё маълумот аз ҳуҷҷате, ки шахсияти шахси воқеиро тасдиқ мекунад), инчунин маълумот дар бораи молик - бенефитсиари шахси ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319,  аз 2.01.2019 № 1586);

8) маълумот дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, ки бо роҳи азнавташкилдиҳӣ таъсис ёфтааст (шакли азнавташкилдиҳӣ, санаи бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқие, ки бо роҳи азнавташкилдиҳӣ таъсис ёфтааст (дар мавриди мавҷуд будани чунин ҳолат);

9) маълумот дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои шахси ҳуқуқӣ (қарор дар бораи таъсис ё барҳам додани филиал ва намояндагӣ, маълумот аз ҳуҷҷате ки шахсияти роҳбари филиал ва намояндагиро тасдиқ мекунад, маълумот барои тамос бо он), маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) онҳо, санаи ворид намудани маълумот дар бораи онҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ;

10) маълумот дар бораи сармояи оинномавӣ (шарикона), фонди оинномавӣ (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1646);

11) маълумот оид ба қарор доштани шахси ҳуқуқӣ дар ҷараёни барҳамдиҳӣ;

12) маълумот дар бораи барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ;

13) намуди (намудҳои) асосии фаъолияте, ки шахси ҳуқуқӣ нияти амалӣ кардани онро (онҳоро) дорад;

14) маълумот дар бораи мақоми ваколатдори идоракунии давлатӣ нисбат ба корхонаи давлатӣ ва маълумот нисбат ба шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, ки ҳиссаи (саҳмияҳои) дар сармояи оинномавии (шариконаи) ташкилотҳои тиҷоратӣ қарордоштаи моликияти худро дар давраи дар хизмати давлатӣ буданаш ба шахси дигар бо ҳуқуқи идораи ба боварӣ асосёфта додааст, инчунин маълумот дар бораи васӣ ва парастори муассиси (муассисони) шахси ҳуқуқӣ, ки худ шахси ноболиғ мебошад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319, аз 19.07.2019 № 1646);

15) маълумот дар бораи тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319).

2. Феҳристи ягонаи давлатӣ дар бораи соҳибкорони инфиродӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319):

1) насаб, ном, номи падар ва ҷинсияти соҳибкори инфиродӣ (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669);

2) маълумот аз ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ;

3) суроғаи ҷойи истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (суроғае, ки дар он ҷой соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст), суроғаи ҷойи истиқомати муваққатӣ ва маҳалли анҷомдиҳии фаъолияти соҳибкори инфиродӣ (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669);

4) шаҳрвандии соҳибкори инфиродӣ;

5) маълумот дар бораи ҳуҷҷате, ки дар асоси он ба шахси воқеии хориҷӣ сукунат ва амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст (раводид, варақаи бақайдгирӣ, гувоҳномаи иқомат (маҳалли зист) ва мӯҳлати эътибори он (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669);

6) санаи бақайдгирии давлатии соҳибкори инфиродӣ;

7) маълумот дар бораи он, ки соҳибкори инфиродӣ дар ҷараёни қатъ гардидани фаъолияти худ ё муфлисшавӣ қарор дорад;

8) маълумот оид ба намудҳои фаъолияти асосие, ки дар асоси аризаи худ соҳибкори инфиродӣ мақсади амалигардонии онҳоро дорад;

9) асосҳои қатъ намудани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ (тибқи ариза ё дигар асосҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд) (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669);

10) намуди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии соҳибкори инфиродӣ (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669);

11) маълумот дар бораи тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319);

12) маълумот дар бораи аъзо ва роҳбари хоҷагии деҳқонӣ (маълумот аз ҳуҷҷате, ки шахсияти аъзои хоҷагии деҳқониро тасдиқ мекунад)(Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319);

13) маълумот дар бораи номи хоҷагии деҳқонӣ, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷудо гардидани қитъаи замин, масоҳати қитъаи замини ҷудогардида, маҳалли ҷойгиршавӣ, намуд ва шакли замин аз рӯи тақсимоти кадастрӣ (обӣ, лалмӣ, корам ва ё чарогоҳ) (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319).

3. Феҳристи ягонаи давлатӣ маълумоти зеринро дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар бар мегирад:

1) шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон филиал ё намояндагӣ таъсис додааст;

2) номи пурраи фирмавии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки филиал ё намояндагӣ таъсис додааст;

3) маълумот дар бораи тағйирёбии номи фирмавии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки филиал ё намояндагӣ таъсис додааст;

4) маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқии хориҷие, ки филиал ё намояндагӣ таъсис додаст, инчунин маълумот дар бораи тағйир ёфтани он;

5) маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6) маълумот дар бораи роҳбари филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ (маълумот аз ҳуҷҷате, ки шахсияти шахси воқеиро тасдиқ мекунад, маълумот барои тамос), инчунин маълумот дар бораи молик - бенефитсиари шахси ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1586);

7) маълумот дар бораи дар марҳилаи қатъ гардидани фаъолият қарор доштани филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ;

8) маълумот дар бораи қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ;

9) намуди (намудҳои) асосии фаъолияте, ки филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ нияти амалӣ кардани онро (онҳоро) дорад;

10) маълумот дар бораи тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ  (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319).

4. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ уҳдадор аст дар Феҳристи ягонаи давлатӣ иттилоотро дар бораи молик - бенефитсиари шахси ҳуқуқӣ на камтар аз панҷ сол аз лаҳзаи барҳам хӯрдани шахси ҳуқуқӣ нигоҳ дорад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1586).

Моддаи 9. Пешниҳоди маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ

1. Маълумоти дар Феҳристи ягонаи давлатӣ мавҷудбуда ошкоро ва дастраси умум мебошад.

2. Маълумотро аз Феҳристи ягонаи давлатӣ мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар муддати як рӯзи корӣ аз лаҳзаи гирифтани дархости хаттӣ пешниҳод менамоянд.

3. Маълумот дар бораи маҳалли истиқомат ва маълумот дар бораи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари шахси ҳуқуқӣ ва муассиси шахси ҳуқуқӣ, инчунин маълумот дар бораи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти соҳибкори инфиродӣ, ба истиснои маҳалли зисти ӯ махфӣ мебошанд.

4. Рад намудани додани маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ, ба истиснои маълумоти пешбининамудаи қисми 3 моддаи мазкур роҳ дода намешавад.

5. Маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ дар шакли иқтибос ё маълумот дар бораи мавҷуд набудани маълумоти дархостгардида пешниҳод карда мешаванд.

6. Бо тартиби пешбининамудаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ иқтибосро аз Феҳристи ягонаи давлатӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо аз рӯи парвандаҳои дар истеҳсолоти онҳо мавҷудбуда ройгон пешниҳод менамоянд.

БОБИ 2. БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ТАЪСИСЁБИИ ШАХСИ ҲУҚУҚӢ

Моддаи 10. Тартиби бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ

1. Бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқиро мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқӣ дар муддати то панҷ рӯзи корӣ аз лаҳзаи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое, ки номгӯи онҳоро моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, бо додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ дар худи ҳамин муддат амалӣ мегардонанд.

2. Агар пас аз ба охир расидани панҷ рӯзи корӣ мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ қарорро дар бораи бақайдгирии давлатӣ ё рад кардани бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ қабул накарда бошад ва ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқиро надода бошанд, мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ӯҳдадоранд фавран пас аз гузаштани мӯҳлати дар боло нишондодашуда ба Феҳристи ягонаи давлатӣ маълумотро дар бораи таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ ворид созанд ва ба аризадиҳанда дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ Шаҳодатнома диҳанд ё онро ба суроғаи дар ариза нишондодашуда фиристанд.

3. Ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ муассисони шахси ҳуқуқӣ ё шахсони ваколатдори онҳо пешниҳод карда метавонанд.

Шахсони ваколатдор инҳо буда метавонанд:

1) роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ, ки ваколатҳои ӯро қарори муассисон дар бораи таъйин намудани ӯ тасдиқ мекунад;

2) шахси дигаре, ки аз номи муассисони шахси ҳуқуқӣ дар асоси ваколатнома баромад мекунад.

Моддаи 11. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ

1. Барои амалигардонии бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

1) ариза барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ. Дар ариза маълумоти зерин нишон дода мешавад:

а) шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ;

б) номи пурраи (дар ҳолати мавҷуд будан, инчунин номи кӯтоҳи) фирмавии шахси ҳуқуқӣ бо забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқӣ;

г) тарзи ташкилёбии шахси ҳуқуқӣ (таъсисёбӣ ё азнавташкилдиҳӣ);

д) маълумот дар бораи муассис (муассисон) ва роҳбари шахси ҳуқуқӣ (номи фирмавии шахси ҳуқуқӣ, насаб, ном ва номи падари шахси воқеӣ, маҳалли ҷойгиршавии шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, маълумот барои тамос), инчунин маълумоте, ки молик - бенефитсиари шахси ҳуқуқиро муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1586);

е) намуди (намудҳои) асосии фаъолияте, ки шахси ҳуқуқӣ нияти анҷом додани онро (онҳоро) дорад;

ж) санаи пешниҳод гардидани ариза ва имзои аризадиҳанда.

2) қарори муассис (протоколи маҷлиси муассисон) дар бораи таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ. Қарор дар бораи таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби муассис (муассисон)-и шахси ҳуқуқӣ имзо карда мешавад;

3) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқии таъсисёбанда дар сурати аз ҷониби роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқии таъсисёбанда пешниҳод гардидани ҳуҷҷат ё нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва ваколатнома ба номи шахси ваколатдор дар сурати аз ҷониби шахси ваколатдори муассисон пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ. Агар роҳбари мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқии таъсисёбанда шаҳрванди хориҷӣ бошад, инчунин нусхаи ҳуҷҷате, ки дар асоси он ба шахси воқеии хориҷӣ барои сукунат ва амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст (раводид, варақаи бақайдгирӣ ва гувоҳномаи иқомат бо мӯҳлати амали на кам аз се моҳ) (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319);

4) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти ҳар як муассиси (шахси воқеии) шахси ҳуқуқии таъсисёбанда, инчунин нисбати муассис - ҷамъияти саҳомӣ - иқтибос аз феҳристи саҳмдорон ва хуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дорандаи феҳристи саҳмдорон ва маълумотномаи мақомоти андоз нисбат ба муассис - шахси ҳуқуқӣ доир ба надоштани қарзи андоз (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669, аз 14.05.2016 № 1319);

5) дар ҳолати таъсис додани шахси ҳуқуқӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ маълумотномаи маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669);

6) иқтибоси ҳуҷҷат дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ё нусха аз феҳристи шахсони ҳуқуқии давлати хориҷӣ (ё дигар ҳуҷҷати дигари аз рӯи қувваи ҳуқуқиаш ба он баробар, ки мақоми шахси ҳуқуқии хориҷиро исбот менамояд), дар сурате, ки агар муассис шахси ҳуқуқии хориҷӣ бошад;

7) хулосаи мақомоти дахлдор дар мавриди бақайдгирии воситаҳои ахбори омма;

8) пардохтномаи (квитансия) боҷи давлатӣ;

9) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқии таъсисёбанда (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 912).

2. Ҳуҷҷатҳои иловагии пешниҳодшаванда барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқии бо роҳи азнавташкилдиҳӣ таъсисёфта инҳо мебошанд:

1) қарори мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ дар бораи азнавташкилдиҳӣ бо ҳатман нишон додани шакли азнавташкилдиҳӣ;

2) санади (акти) супурдан ё баланси тақсимот вобаста аз шакли азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ.

3) хулосаи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи рақобат" (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1646);

4) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти ҳар як молик - бенефитсиар (шахси воқеӣ) (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1586).

3. Барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ пешниҳод намудани Оинномаи шахси ҳуқуқӣ талаб карда намешавад.

4. Барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ташаккулёбии сармояи оинномавӣ (шарикона), фонди оинномавӣ талаб карда намешавад. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ташаккулёбии сармояи оинномавӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар муддати як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешавад. Дар ҳолати ташкил надодани ҳадди ақали ҳаҷми сармояи оинномавӣ шахси ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешавад. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуқуқ доранд бо талаби барҳам додани чунин шахси ҳуқуқӣ ба суд муроҷиат кунанд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1646).

5. Ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 2), 3), 4), ва 6) қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, ки бо мақсади бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳод гардидаанд, бояд ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҷума карда шаванд. Ҳуҷҷатҳои дар банди 5) қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, ки бо мақсади бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳод гардидаанд, бояд тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (легализатсия) карда шаванд ё ба онҳо апостил гузошта шавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 912аз 23.11.2015 № 1251).

6. Тарҷумаи ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 2), 3), 4) ва 6) қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, ки бо мақсади бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳод гардидаанд, бояд ба тариқи нотариалӣ тасдиқ карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 912).

7. Тасдиқ (легализатсия) ё гузоштани апостил ба ҳуҷҷатҳое, ки бо мақсади бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷии мамлакатҳои иштирокчии шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалии дахлдори эътирофнамудаи Тоҷикистон пешниҳод мегарданд, талаб карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1251).

8. Ҳангоми бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқие, ки муассиси он дар ҳудуди минтақаи оффшорӣ ба қайд гирифта шуда, баромад менамояд, аризадиҳанда ӯҳдадор аст ба мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар бораи соҳибмулкони асосии шахси ҳуқуқӣ дар ҳудуди минтақаи оффшорӣ маълумот пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319).

9. Бақайдгирии давлатӣ дар асоси пурра пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, анҷом дода мешавад. Талаб намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ манъ аст.

10. Барои бақайдгирии давлатӣ аризадиҳанда ҳуҷҷатҳоро шахсан пешниҳод менамояд.

11. Ба аризадиҳанда оид ба гирифтани ҳуҷҷатҳо бо нишон додани номгӯй ва санаи қабули онҳо аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ забонхат дода мешавад.

12. Шахси ҳуқуқӣ ӯҳдадор аст ҳамаи маълумоти дастрасбударо дар бораи молик - бенефитсиари шахси ҳуқуқӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ пешниҳод намояд, инчунин ба дастрасии минбаъдаи маълумот дар бораи молик - бенефитсиари шахси ҳуқуқӣ мусоидат намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1586).

Моддаи 12. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ

1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ мебошад. Ҳамзамон, дар ин Шаҳодатнома бояд нишондод оид ба зарурати пешниҳод намудани ҳисоботи дахлдори оморӣ ва ҳисобот оид ба суғуртаи иҷтимоӣ ба мақомоти дахлдор мавҷуд бошад.

2. Дар ҳолати гум кардани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ муассиси (муассисон) шахси ҳуқуқӣ ё шахсони дигари ваколатдори шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ оид ба гирифтани нусхаи (дубликати) он муроҷиат намоянд, ки он дар муддати ду рӯзи кори аз лаҳзаи гирифтани аризаи дахлдор дода мешавад. Ба ариза эълон дар бораи аз эътибор соқит донистани Шаҳодатномаи гумшуда дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, ки дар яке аз воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ нашр гардидааст, замима карда мешавад.

БОБИ 3. БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ШАХСИ ҲУКУҚИЕ, КИ БО РОҲИ АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ТАЪСИС ЁФТААСТ

Моддаи 13. Тартиби бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқие, ки бо роҳи азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ таъсис ёфтааст

1. Бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқие, ки бо роҳи азнавташкилдиҳӣ таъсис ёфтааст, бо тартиби пешбининамудаи боби 2 Қонуни мазкур амалӣ гардонида мешавад.

2. Азнавташкилдиҳии шахсони ҳуқуқӣ пас аз ворид намудани тағйироти дахлдор ба Феҳристи ягонаи давлатӣ барои шахсони сеюм эътибор пайдо мекунад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669).

Моддаи 14. Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли муттаҳидшавӣ

1. Ҳангоми муттаҳидшавии ду ё зиёда шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҳар яки онҳо ба шахси ҳуқуқии навтаъсис гузашта, фаъолияти шахсони ҳуқуқии муттаҳидгардида бо минбаъд ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатӣ оид ба ин қатъшавӣ, қатъ мегардад.

2. Шахси ҳуқуқии навтаъсис бояд аз бақайдгирии давлатӣ гузарад.

Моддаи 15. Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли ҷудо кардан

1. Ҳангоми аз ҳайати шахси ҳуқуқӣ ҷудо кардани як ё якчанд шахси ҳуқуқӣ шахсони ҳуқуқии нав таъсис меёбанд, вале шахси ҳуқуқии аввал мавҷудияти худро давом медиҳад.

2. Шахсони ҳуқуқии ҷудошуда бояд аз бақайдгирии давлатӣ гузаранд.

Моддаи 16. Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли ҳамроҳкунӣ

1. Дар сурати ҳамроҳкунии як ё якчанд шахси ҳуқуқӣ ба шахси ҳуқуқии дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсони ҳуқуқии ҳамроҳшуда ба шахси охирон гузашта, ҳамзамон шахсони ҳуқуқии ҳамроҳшуда мавҷудияти худро қатъ мекунанд.

2. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ маълумотро оид ба қатъ гардидани мавҷудияти шахсони ҳуқуқии ҳамроҳшуда ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид менамоянд.

Моддаи 17. Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли тақсимшавӣ

1. Ҳангоми тақсимшавии шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои он ба шахсони ҳуқуқии навтаъсис мегузарад, ҳамзамон шахси ҳуқуқии тақсимгардида мавҷудияти худро қатъ намуда, ду ва ё зиёда шахсони ҳуқуқии нав таъсис меёбанд.

2. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ маълумотро оид ба қатъ гардидани мавҷудияти шахси ҳукуқие, ки ба ду ё зиёда шахсони ҳуқуқӣ тақсим карда шудааст, ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид намуда, бақайдгирии давлатии ду ва ё зиёда шахсони нави ҳуқуқии дар натиҷаи тақсимкунии шахси ҳуқуқи таъсисёфтаро анҷом медиҳад.

Моддаи 18. Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли табдилдиҳӣ

Ҳангоми аз як шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба шакли дигари ташкилию ҳуқуқии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил додани шахси ҳуқуқӣ мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ба Феҳристи ягонаи давлатӣ маълумотро оид ба тағйир ёфтани шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ, ки дар ариза нишон дода шудааст, ворид менамояд.

БОБИ 4. БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ БАРҲАМДИҲИИ ШАХСИ ҲУҚУҚӢ

Моддаи 19. Тартиби бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ

1. Бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар асоси қарори муассис (муассисон) ё мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ ё дар асоси қарори суд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, пас аз иҷрои расмиёти барҳамдиҳии шахси ҳуқуқии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида анҷом дода мешавад.

2. Муассис (муассисон) ва мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ ё суд, ки қарор дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқиро қабул намудаанд, ӯҳдадоранд, ки дар муддати се рӯзи корӣ аз рӯзи қабул гардидани қарор мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатиро дар бораи қабул гардидани чунин қарор бо замимаи қарор дар бораи барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ огоҳ намояд.

3. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар асоси огоҳинома оид ба қабули қарор дар бораи барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ба Феҳристи ягонаи давлатӣ маълумотро оид ба дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доштани шахси ҳуқуқӣ ворид менамоянд.

4. Бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар муддати то панҷ рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи моддаи 20 Қонуни мазкур амалӣ гардонида мешавад.

5. Барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ баитмомрасида ва шахси ҳуқуқӣ фаъолияти худро қатънамуда танҳо баъд аз ворид намудани маълумот дар ин хусус ба Феҳристи ягонаи давлатӣ эътироф гардида, бо додани иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 20. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои анҷом додани бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ

1. Барои анҷомдиҳии бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

1) ариза дар бораи бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ. Дар ариза тасдиқ карда мешавад, ки расмиёти муқаррарнамудаи қонун оид ба барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ риоя шуда, ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторони он ба итмом расонида шудааст;

2) тавозуни барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ аз рӯи натиҷаи кори комиссияи барҳамдиҳӣ, ки онро муассиси (муассисони) шахси ҳуқуқӣ ё мақомоти дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ қарорқабулкарда тасдиқ кардааст;

3) санад оид ба санҷиши маҷмӯии андоз, ки надоштани қарзи андозро тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669);

4) Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда;

5) нусхаи эълон дар бораи барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ, ки дар яке аз воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ нашр гардидааст;

6) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба супоридани мӯҳрҳо (тамғаҳо) ва баста шудани ҳисобҳои бонкӣ;

7) пардохтномаи (квитансия) пардохти боҷи давлатӣ.

2. Ҳуҷҷатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ пас аз ба охир расидани ҷараёни барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешаванд.

3. Ҳангоми барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар ҳолати татбиқ намудани расмиёти муфлисшавӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ таъйиноти суд дар бораи ба охир расидани истеҳсолоти озмунӣ пешниҳод карда мешавад.

Моддаи 20(1). Барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ва қатъ намудани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ дар асоси аризаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669)

Дар ҳолати дар мӯҳлати зиёда аз шаш моҳи пай дар пай бо тартиби муқарраргардида пешниҳод накардани ҳисоботи андоз (омор ё суғуртаи иҷтимоии давлатӣ), ё пардохт накардани андозҳои муқарраршуда, ё сари вақт тағйир надодани маълумот дар Феҳристи ягонаи давлатӣ оид ба маҳалли ҷойгиршавӣ (суроға) мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ метавонанд барои барҳам додани шахси ҳуқуқӣ, қатъ намудани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ё соҳибкори инфиродӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд бо ариза муроҷиат намоянд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669).

Моддаи 20(2). Хориҷ намудани шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷии бефаъолият аз Феҳристи ягонаи давлатӣ бо қарори мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319)

Шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷие, ки дар давоми дувоздаҳ моҳи охир пеш аз лаҳзаи қабули қарори дахлдор аз тарафи мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳисобот ва эъломияҳои пешбининамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод накардаанд, фаъолияти воридотӣ ва содиротии гумрукӣ анҷом надодаанд ва ягон амалиёти бонкӣ нагузаронидаанд, воқеан субъекти фаъолияташ қатъшуда (минбаъд - субъекти бефаъолият) ба ҳисоб мераванд. Субъекти бефаъолият бо қарори мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Феҳристи ягонаи давлатӣ хориҷ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319).

БОБИ 5. БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ШАХСИ ВОҚЕӢ БА СИФАТИ СОҲИБКОРИ ИНФИРОДӢ ВА ҚАТЪ ГАШТАНИ ФАЪОЛИЯТИ ШАХСИ ВОҚЕӢ БА СИФ АТИ СОҲИБКОРИ ИНФИРОДӢ

Моддаи 21. Тартиби бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ

1. Бақайдгирии давлатии шахси воқеиро ба сифати соҳибкори инфиродӣ мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар муддати се рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дар моддаи 22 Қонуни мазкур нишондодашуда амалӣ мегардонанд.

2. Бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ҳангоми гирифтани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ӯ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ё ҳангоми гирифтани Патент барои ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар маҳалли анҷомдиҳии фаъолияти соҳибкории чунин шахс амалӣ мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669).

3. Агар пас аз ба охир расидани мӯҳлати дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ Қарорро дар бораи бақайдгирии давлатӣ ё рад кардани бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ қабул накарда бошад, мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ӯҳдадор аст, бе таъхир пас аз гузаштани мӯҳлати дар боло нишондодашуда ба Феҳристи ягонаи давлатӣ маълумотро дар бораи шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ворид созад ва ба аризадиҳанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси воқеиро ба сифати соҳибкори инфиродӣ диҳад ё онро ба суроғаи дар ариза нишондодашуда фиристад.

4. Бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ роҳ дода намешавад, агар бақайдгирии давлатии амалкунандаи ӯ ба ин сифат, ба истиснои ҳолати пешбининамудаи қисми 1 моддаи 35 Қонуни мазкур, эътиборашро гум накарда бошад ё аз рӯзи қабул намудани қарори суд оид ба муфлисшавии ӯ дар натиҷаи қонеъ гардонида натавонистани талаботи кредиторон, ки ба фаъолияти пештари соҳибкории ӯ вобаста мебошад, мӯҳлат нагузаштааст ё мӯҳлате, ки бо санади суд ба ӯ ҳуқуқи ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан манъ гардидааст, ба охир нарасидааст.

Моддаи 22. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ

Барои амалӣ гардонидани бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

1) ариза барои бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ. Дар ариза маълумоти зерин нишон дода мешавад:

а) ному насаби шахси воқеӣ;

б) суроғаи ҷойи истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (суроғае, ки дар он ҷой шахси воқеӣ ба қайд гирифта шудааст), суроғаи ҷойи истиқомати муваққатӣ ва маҳалли анҷомдиҳии фаъолияти соҳибкори инфиродӣ, маълумот барои тамос бо шахси воқеӣ (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669);

в) рақами мушаххаси андозсупорандаи (РМА) шахси воқеӣ;

г) намуди (намудҳои) асосии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, ки шахси воқеӣ хоҳиши анҷом додани онро (онҳоро) дорад;

д) санаи пешниҳод гардидани ариза ва имзои аризадиҳанда.

2) нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсияти шахси воқеиро тасдиқ мекунад, инчунин ду расми андозаи 4x6;

3) нусхаи сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин ё нусхаи қарор дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин дар ҳолати бақайдгирии хоҷагии деҳқонии (фермерии) фардӣ ё оилавӣ, рӯйхати аъзои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), рақами мушаххаси андозсупоранда барои ҳар яки онҳо (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669);

4) нусхаи ҳуҷҷате, ки дар асоси он ба шахси воқеии хориҷӣ сукунат ва амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст (раводид, варақаи бақайдгирӣ, гувоҳномаи иқомат бо мӯҳлати амали на кам аз шаш моҳ) (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319);

5) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) фаъолияти соҳибкории шахси воқеӣ (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319);

6) пардохтномаи (квитансия) боҷи давлатӣ, ва (ё) пардохтномаи (квитансия)-и пешпардохти маблағи Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ барои шумораи муайяни моҳ (мӯҳлати амали Патент) - барои шахсоне, ки хоҳиши гирифтани Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродиро доранд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669).

Моддаи 23. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ

1. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ва ё Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ мебошанд.

2. Шахси воқеӣ метавонад фаъолияти соҳибкории инфиродиро дар асоси Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродӣ тибқи рӯйхате, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, амалӣ намояд.

3. Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ҳуҷҷате мебошад, ки барои машғул шудан ба ҳама намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ ҳуқуқ медиҳад, агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд.

4. Шахси воқеӣ наметавонад дар як вақт ҳам соҳиби Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ва ҳам соҳиби Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ бошад.

5. Дар ҳолати гум кардани Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ё Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ, соҳибкори инфиродӣ ҳуқуқ дорад ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои гирифтани нусхаи (дубликати) он муроҷиат намояд. Нусхаи (дубликати) Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ё Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ дар асоси аризаи соҳибкори инфиродӣ дар муддати ду рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳоди ариза бо қайди "Нусха (дубликат)" дода мешавад. Ба ариза эълон дар бораи аз эътибор соқит донистани Шаҳодатнома ё Патенти гумшуда, ки дар яке аз воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ нашр гардидааст, замима мегардад.

Моддаи 24. Асосҳои қатъ гардидани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ

Бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ бо асосҳои зайл амалӣ мегардад:

1) аризаи соҳибкори инфиродӣ;

2) вафоти соҳибкори инфиродӣ;

3) қарори суд дар бораи муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ;

4) қарори суд дар бораи бедарак ғоибшуда ё фавтида эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ;

5) қарори суд дар бораи қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ба таври маҷбурӣ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6) санади эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд дар бораи маҳрум намудан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ ба мӯҳлати муайян;

7) бекор кардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи шахси хориҷӣ барои муваққатан ё доимӣ истиқомат намудан ва анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба охир расидани мӯҳлати чунин ҳуҷҷат.

Моддаи 25. Тартиби бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ

1. Бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ дар маҳалли бақайдгирии давлатии ӯ дар муддати се рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳод намудани ариза анҷом дода мешавад.

2. Бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ пас аз ворид намудани сабт дар бораи он ба Феҳристи ягонаи давлатӣ қувваи худро гум мекунад ва бо иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ тасдиқ карда мешавад.

3. Соҳибкори инфиродие, ки фаъолияти худро тибқи Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ анҷом медиҳад, дар ҳолати пешбининамудаи бандҳои 1), 3), 5), 6) ва 7) моддаи 24 Қонуни мазкур дар як вақт бо додани ариза дар бораи қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ бояд ба мақомоти андози маҳалли гирифтани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ эъломияи андоз, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иҷрои ӯҳдадории андози ба фаъолияти соҳибкории ӯ вобастабуда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи супоридани мӯҳрҳо ва маҳкам кардани суратҳисобҳои бонкиро пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 912).

4. Аз ҷониби мақомоти андоз тариқи маълумотнома тасдиқ намудани мавҷуд набудани ӯҳдадории андози соҳибкори инфиродӣ (ки дар асоси Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ё Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ фаъолият намудааст) барои барасмиятдарории ҳуқуқии қатъ гардидани фаъолияти соҳибкории инфиродии ӯ асос мебошад. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии қатъ шудани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ дар ин ҳолат иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ мебошад.

5. Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар қисмҳои 1 ва 3 моддаи мазкур пешбинигардида соҳибкори инфиродӣ, ки фаъолияти худро қатъ менамояд, бояд ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ асли Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ё Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродиро супорад, инчунин пардохтнома (квитансия) дар бораи пардохти боҷи давлатиро пешниҳод намояд.

6. Дар ҳолати қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ дар асоси қарори суд дар бораи муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ бақайдгирии давлатиро мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар асоси нусхаи қарори суд дар бораи муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ворид, гардидааст, амалӣ менамояд.

7. Дар ҳолати қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ дар асоси қарори суд дар бораи бедарак ғоибшуда ё фавтида эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ, инчунин дар асоси қарори суд дар бораи қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ба таври маҷбурӣ, бақайдгирии давлатиро мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар муддати ду рӯзи корӣ аз рӯзи ворид гардидани нусхаи дахлдори қарори суд анҷом медиҳанд.

8. Дар ҳолати қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ дар асоси санади эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд дар бораи маҳрум намудан аз ҳуқуқи машғул шудан ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ ба мӯҳлати муайян, бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти соҳибкорӣ аз тарафи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар муддати ду рӯзи корӣ аз рӯзи бо тартиби муқарраргардида гирифтани маълумот дар бораи эътибори қонунӣ пайдо кардани ин ҳукми суд, анҷом медиҳанд.

9. Бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродиро дар ҳолати вафоти ӯ мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар асоси маълумоти ба ин мақомот тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии вафоти ин шахс воридгардида, анҷом медиҳанд.

10. Бақайдгирии давлатӣ ҳангоми қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ вобаста бо бекор кардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи шахси хориҷӣ барои муваққатан ё доимӣ сукунат намудан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба охир расидани мӯҳлати он, дар асоси маълумоти ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида воридгардида дар бораи бекор намудани чунин ҳуҷҷат ё ба охир расидани мӯҳлати амали он бо назардошти маълумоти дар Феҳристи ягонаи давлатӣ оид ба чунин мӯҳлат мавҷудбуда, анҷом дода мешавад.

БОБИ 6. ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ФЕҲРИСТИ ЯГОНАИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 26. Асосҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ

Асосҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ, тағйир ёфтани маълумот оид ба шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ, ки дар моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, мебошанд.

Моддаи 27. Тартиби ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо

1. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ тағйиру иловаҳоро ба маълумоти дар Феҳристи ягонаи давлатӣ мавҷудбуда тибқи ариза дар шакли тасдиқкардаи мақомоти ваколатдори андоз дар муддати ду рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза ворид намуда, иқтибосро аз Феҳристи ягонаи давлатӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо дар асоси пешниҳоди пардохтномаи (квитансия) боҷи давлатӣ медиҳад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669).

2. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ дар хусуси ба расмият даровардани таъсисёбӣ ва (ё) қатъ намудани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қисми 4 моддаи мазкур амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669).

3. Муассисон, мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ӯҳдадоранд дар муддати то панҷ рӯзи корӣ аз рӯзи қабул намудани қарор дар бораи тағйир ёфтани маълумоти дар моддаи 26 Қонуни мазкур нишондодашуда, мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатиро ба таври хаттӣ хабардор созанд. Тағйиру иловаҳо пас аз ворид намудани онҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ қувваи қонунӣ пайдо мекунанд.

4. Ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ вобаста ба таъсис додан ё қать намудани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахси ҳуқуқӣ ба мақокоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669):

1) ариза аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ, ки дорои маълумоти зерин мебошад:

а) шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва номи фирмавии шахси ҳуқуқӣ;

б) маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) филиал ё намояндагии таъсисдодашаванда ё қатъшавандаи шахси ҳуқуқӣ, маълумот барои тамос бо роҳбари он;

в) санаи додани ариза ва имзои аризадиҳанда;

2) қарор дар бораи таъсис додан ё қатъ намудани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқӣ;

3) ҳангоми таъсис додани филиал ё намояндагӣ - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқӣ, ваколатномаи роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ дода шудааст;

4) ҳангоми қатъ намудани фаъолияти филиал ва (ё) намояндагӣҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба супоридани мӯҳрҳо (тамғаҳо) дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории андоз - санади санҷиши хотимавӣ ва маълумотнома оид ба баста шудани суратҳисобҳои бонкӣ (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669аз 28.12.2012 № 912).

5. Дар сурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ вобаста ба гузашти ҳисса (саҳм) дар сармояи оинномавии (шариконаи) шахси ҳуқуқӣ, аз тарафи шахси ҳуқуқӣ ба мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ хулосаи мақомоти дахлдор оид ба, иҷрои ӯҳдадориҳои андозӣ пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319аз 19.07.2019 № 1646).

6. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маълумоти дар Феҳристи ягонаи давлатӣ мавҷудбуда оид ба ивазшавии муассиси (саҳмдори) шахси ҳуқуқӣ, ки ӯ шахси ҳуқуқии хориҷии дар ҳудуди минтақаи оффшорӣ бақайдгирифташуда мебошад, бо дастрасии муқаррароти қисми 8 моддаи 11 Қонуни мазкур ба роҳ монда мешавад. Талаб намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ, ки Қонуни мазкур пешбинӣ накардааст, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319).

7. Ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ аз рӯи асосҳои пешбининамудаи моддаи 26 Қонуни мазкур ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ мебошад. Ҳангоми тағйир ёфтани шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва номи фирмавии шахси ҳуқуқӣ, инчунин насаб, ном ва номи падари соҳибкори инфиродӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ҳуҷҷати нави тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ оид ба ворид намудани тағйирот мебошад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319).

БОБИ 7. ХУСУСИЯТҲОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ТАЪСИСЁБӢ, ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ФИЛИАЛҲО ВА НАМОЯНДАГИҲОИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚИИ ХОРИҶӢ, ИНЧУНИН ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА МАЪЛУМОТЕ, КИ ДАР ФЕҲРИСТИ ЯГОНАИ ДАВЛАТӢ ДАР БОРАИ ФИЛИАЛҲО ВА НАМОЯНДАГИҲОИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚИИ ХОРИҶӢ МАВҶУД АСТ

Моддаи 28. Тартиби бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ

1. Бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷиро мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) филиал ё намояндагӣ дар муддати то панҷ рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое, ки номгӯи онҳоро моддаи 29 Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, бо дар худи ҳамин муддат додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии он амалӣ мегардонанд.

2. Агар дар мӯҳлати пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагиро иҷро накунад ё бақайдгирии давлатиро бо асосҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 34 Қонуни мазкур рад накарда бошанд, мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ӯҳдадоранд фавран пас аз гузаштани мӯҳлати дар боло зикргардида ба Феҳристи ягонаи давлатӣ маълумотро дар бораи таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ бе таъхир ворид намоянд ва ба аризадиҳанда Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ диҳад ё онро ба суроғаи дар ариза нишондодашуда фиристанд.

3. Ҳуқуқи супоридани ҳуҷҷатҳои бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷиро намояндагони ваколатдори шахси ҳуқуқии хориҷӣ доранд.

Моддаи 29. Ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳодшаванда

1. Барои амалигардонии бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

1) ариза барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ. Дар ариза маълумоти зерин нишон дода мешавад:

а) шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки филиал ё намояндагӣ таъсис медиҳад;

б) номи фирмавии шахси ҳуқуқии хориҷӣ;

в) маҳали ҷойгиршавии (суроғаи) филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ;

г) маълумот дар бораи роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ (маълумот аз ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ, маълумот барои тамос)

д) намудҳои асосии фаъолият, ки филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ нияти амалӣ гардонидани онро дорад;

е) санаи пешниҳод гардидани ариза ва имзои аризадиҳанда.

2) қарори мақоми ваколатдори шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар бораи таъсис додани филиал ё намояндагӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи таъин намудани роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки онҳоро шахсони ваколатдори шахси ҳуқуқии хориҷӣ имзо кардаанд;

3) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар ҳолате, ки агар ҳуҷҷатҳоро роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳод кунад; нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва ваколатнома ба номи шахси ваколатдор, агар аз ҷониби шахси ваколатдор ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳод гардад. Агар роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ шаҳрванди хориҷӣ бошад, инчунин нусхаи ҳуҷҷате, ки дар асоси он ба шахси воқеии хориҷӣ барои сукунат ва амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода, шудадст (раводид, варақаи бақайдгирӣ ва гувоҳномаи иқомат бо мӯҳлати амали на кам аз се моҳ) (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319).

4) ваколатнома ба номи роҳбари филиал ё намояндагӣ;

5) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ё дигар ҳуҷҷати бо қувваи қонуниаш ба он баробар, ки ҳолати ҳуқуқии ин шахсро тасдиқ мекунад;

6) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319);

7) пардохтномаи (квитансия) боҷи давлатӣ.

2. Ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 2), 3), 4) ва 5) қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, ки бо мақсади бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳод гардидаанд, бояд ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҷума карда шаванд. Ҳуҷҷатҳои дар банди 5) қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, ки бо мақсади бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳод гардидаанд, бояд тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (легализатсия) карда шаванд ё ба онҳо апостил гузошта шавад. Тарҷумаи ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 2), 3), 4) ва 5) қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, ки бо мақсади бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳод гардидаанд, бояд ба тариқи нотариалӣ тасдиқ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1251).

3. Тасдиқ (легализатсия) ё гузоштани апостил барои ҳуҷҷатҳое, ки бо мақсади бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷии мамлакатҳои иштирокчии шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, талаб карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1251).

4. Барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки дар ҳудуди минтақаҳои оффшорӣ ба қайд гирифта шудааст, аризадиҳанда ӯҳдадор аст ба мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ маълумот дар бораи соҳибмулкони асосии шахси ҳуқуқии хориҷии дар ҳудуди минтақаҳои оффшорӣ бақайдгирифташударо пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1319).

Моддаи 30. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ

1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ мебошад.

2. Дар ҳолати гум кардани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ шахси ваколатдори филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ҳуқуқ дорад ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар бораи гирифтани нусхаи (дубликати) он муроҷиат намояд. Нусхаи (дубликати) Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ бо нишондоди "Нусха (дубликат)" дар асоси аризаи шахси ваколатдор дар муддати ду рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза дода мешавад. Ба ариза эълон дар бораи аз эътибор соқит донистани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷии гумшуда, ки дар яке аз воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ нашр гардидааст, замима карда мешавад.

Моддаи 31. Тартиби бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ

1. Бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар асоси қарори мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқии хориҷӣ ё дар асоси қарори суд бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.

2. Бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар маҳалли бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар муддати то панҷ рӯзи корӣ аз лаҳзаи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи моддаи 32 Қонуни мазкур амалӣ гардонида мешавад.

3. Шахси ваколатдори шахси ҳуқуқии хориҷӣ ӯҳдадор аст, ки дар муддати ду рӯзи корӣ аз лаҳзаи қабул намудани қарор дар бораи қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагӣ мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатиро дар бораи қабул намудани чунин қарор ба тариқи хаттӣ огоҳ созад.

4. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар асоси огоҳномаи дар қисми 3 моддаи мазкур пешниҳодгардида ба Феҳристи ягонаи давлатӣ маълумотро дар бораи он ки филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар марҳилаи қатъ гардидани фаъолияти худ қарор дорад, ворид месозад.

5. Шахси ваколатдори шахси ҳуқуқии хориҷӣ ӯҳдадор аст, ки ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатии ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи моддаи 32 Қонуни мазкурро пешниҳод намояд.

6. Бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз гузаштани на камтар аз ду моҳ аз рӯзи нашр намудани маълумот дар ин хусус дар яке аз воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ба анҷом расонида мешавад.

7. Қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи ворид намудани маълумот дар ин хусус ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ба итмомрасида ҳисоб ёфта, бо иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 32. Ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳодшаванда

Барои амалигардонии бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

1) ариза дар бораи қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ;

2) қарори мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар бораи қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ бо нишон додани ҳайати комиссия дар бораи қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагӣ;

3) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба супоридани мӯҳр ва маҳкам карда шудани суратҳисобҳои бонкӣ;

4) қарори суд дар ҳолате, ки қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагӣ дар асоси қарори суд амалӣ гардонида мешавад;

5) ҳуҷҷате, ки аз ҷониби шахси ҳуқуқии хориҷӣ эътироф намудани қарзро дар назди кредиторон тасдиқ мекунад, ба истиснои ӯҳдадориҳои андоз;

6) ҳуҷҷате (санади санҷиши хотимавии андози филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ), ки адо намудани қарзро дар бораи пардохти андозе, ки дар робита ба фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст, тасдиқ мекунад;

7) нусхаи аслии Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии таъсиси филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ;

8) пардохтнома (квитансия) дар бораи пардохти боҷи давлатӣ.

Моддаи 33. Асосҳо ва тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маълумот оид ба филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар Феҳристи ягонаи давлатӣ

1. Асосҳо барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маълумот дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар Феҳристи ягонаи давлатӣ, ин тағйир ёфтани маълумот оид ба онҳо, ки дар моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, мебошанд.

2. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ба маълумоте, ки дар Феҳристи ягонаи давлатӣ мавҷуд мебошад, тағйиру иловаҳоро тибқи аризаи намояндаи ваколатдори шахси ҳуқуқии хориҷии дар шакли аз ҷониби мақомоти ваколатдори андоз тасдиқгардида дар муддати се рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза ворид менамояд.

3. Шахси ҳуқуқии хориҷӣ ё филиал ё намояндагии он ӯҳдадор аст, ки дар муддати на зиёда аз сӣ рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ба миён омадани асосҳои дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатиро ба таври хаттӣ огоҳ намояд. Тағйиру иловаҳо пас аз ворид намудани онҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ қувваи қонунӣ пайдо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669).

4. Ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ аз рӯи асосҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ мебошад, агар тартиби дигар дар қисми 5 ҳамин модда пешбинӣ нашуда бошад.

5. Ҳангоми тағйир ёфтани шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва номи фирмавии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ҳуҷҷати нави тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ мебошад.

6. Иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ оид ба ворид намудани маълумот дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар асоси пешниҳоди пардохтномаи (квитансия) боҷи давлатӣ дода мешавад.