Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2019 № 1646 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ ВА СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӢ"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 июни соли 2019, № 1384

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 июли соли 2019, № 708

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 316; с. 2010, №12, қ.1, мод. 828; с. 2012, №12, қ.1, мод. 1006; с. 2015, №11, мод. 972; с. 2016, №5, мод. 370; с. 2019, №1, мод. 33) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 1 моддаи 8:

- банди 10) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"10) маълумот дар бораи сармояи оинномавӣ (шарикона), фонди оинномавӣ;";

- дар банди 14) калимаҳои "сармояи оинномавии" ба калимаҳои "сармояи оинномавии (шариконаи)" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 11:

- дар банди 3) қисми 2 калимаҳои "қисми якуми моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол" ба калимаҳои "қисми 1 моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи рақобат" иваз карда шаванд;

- дар қисми 4 калимаҳои "сармояи оинномавӣ" ба калимаҳои "сармояи оинномавӣ (шарикона), фонди оинномавӣ" иваз карда шаванд.

3. Дар қисми 5 моддаи 27 калимаҳои "сармояи оинномавии" ба калимаҳои "сармояи оинномавии (шариконаи)" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 19 июли соли 2019, № 1646

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОЙ РЕГИСТРАЦИИ ЮРИДИЧЕСКИХ ЛИЦ И ИНДИВИДУАЛЬНЫХ ПРЕДПРИНИМАТЕЛЕЙ"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 12 июня 2019 года, №1384

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 11 июля 2019 года, №708

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 19 мая 2009 года "О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2009 г., №5, ст. 316; 2010 г., №12, ч.1, ст. 828; 2012, г., №12 ч.1, ст. 1006; 2015 г., №11, ст. 972; 2016 г., №5, ст.370; 2019 г., №1, ст.33) следующие изменения:

1. В части 1 статьи 8:

- пункт 10) изложить в следующей редакции:

"10) сведения об уставном (складочном) капитале, уставном фонде;";

- в пункте 14) слова "в уставном капитале" заменить словами "в уставном (складочном) капитале".

2. В статье 11:

- в пункте 3) части 2 слова "частью первой статьи 15 Закона Республики Таджикистан "О конкуренции и ограничении монополистической деятельности на товарных рынках" заменить словами "частью 1 статьи 25 Закона Республики Таджикистан "О защите конкуренции";

- в части 4 слова "уставного капитала" заменить словами "уставного (складочного) капитала, уставного фонда".

3. В части 5 статьи 27 слова "уставном капитале" заменить словами "уставном (складочном) капитале".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 19 июля 2019 года, №1646