ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ ВА СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 октябри соли 2015, № 144
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 ноябри соли 2015, № 138
ҷониборӣ гардидааст.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 316; с. 2010, №12, қ.1, мод.828; с. 2012, №12, қ.1 мод. 1006) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 2:
- дар сархати шашум калимаи "қонунигардонии" ба калимаи "тасдиқи" ва аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шаванд;
- сархати ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- гузоштани апостил - тасдиқ намудани аслияти имзо, мӯҳр (штамп) дар нусхаи асли ҳуҷҷат.".
2. Дар моддаи 11:
- дар қисми 5 калимаҳои "бо тартиби муқарраргардида қонунӣ (легализатсия) гардонида шаванд" ба калимаҳои "тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (легализатсия) карда шаванд ё ба онҳо апостил гузошта шавад" иваз карда шаванд;
- дар қисми 7 калимаҳои "Қонунигардонии (легализатсияи)" ба калимаҳои "Тасдиқ (легализатсия) ё гузоштани апостил ба" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 29:
- дар қисми 2 калимаҳои "бо тартиби муқарраргардида қонунӣ (легализатсия) гардонида шаванд" ба калимаҳои "тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (легализатсия) карда шаванд ё ба онҳо апостил гузошта шавад" иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои "Қонунигардонӣ (легализатсия)" ба калимаҳои "Тасдиқ (легализатсия) ё гузоштани апостил" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
23 ноябри соли 2015 № 1251
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОЙ РЕГИСТРАЦИИ ЮРИДИЧЕСКИХ ЛИЦ И ИНДИВИДУАЛЬНЫХ ПРЕДПРИНИМАТЕЛЕЙ"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 9 октября 2015 года,№ 144
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 12 ноября 2015 года,№ 138
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 19 мая 2009 года "О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2009 г., №5, ст.316; 2010 г., №12, ч.1, ст.828; 2012 г., №12, ч.1 ст. 1006) следующие изменения и дополнения:
1. В статье 2:
- в абзаце шестом знак точки заменить знаком точки с запятой ";";
- дополнить абзацем седьмым следующего содержания:
"- апостилирование - удостоверение подлинности подписи, печати (штампа), которыми скреплен оригинал документа.".
2. В статье 11:
- в части 5 слова "в установленном порядке" заменить словами "или апостилированию в соответствии с требованиями законодательства Республики Таджикистан";
- часть 7 после слова "Легализация" дополнить словами "или апостилирование".
3. В статье 29:
- в части 2 слова "в установленном порядке" заменить словами "или апостилированию в соответствии с требованиями законодательства Республики Таджикистан";
- часть 3 после слова "Легализация" дополнить словами "или апостилирование".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 23 ноября 2015 года, № 1251