Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 ноябри соли 2007 №544
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути Сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашуда
Қоидаҳои умумӣ
1. Қоидаҳои мазкур шарт ва меъёрҳои бо тартиби имтиёзнок аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукӣ интиқол додани молҳо, инчунин тартиби истифодаи меъёри ягонаи боҷҳои гумрукӣ, андозҳо (бо тартиби соддагардонидашуда), риояи мамнӯият ва маҳдудиятҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад .
2. Дар Қоидаҳои мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:
тартиби имтиёзнок - интиқоли моли барои истифодаи шахсӣ таъингардида тавассути сарҳади гумрукӣ дар доираи андозаи вазнӣ (миқдорӣ) ва арзишӣ, ки Қоидаҳои мазкур муқаррар кардааст ва нисбати онҳо озодкунии пурра аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо муайян шуда, маҳдудиятҳои мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷарраргардида истифода намешаванд ;
тартиби соддагардонидашуда - интиқоли мол тавассути сарҳади гумрукӣ дар доираи меъёрҳои вазнӣ (миқдорӣ) ва арзишӣ, ки Қоидаҳои мазкур муқаррар намудааст ва нисбати онҳо боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо тибқи меъёри ягона пардохт карда шуда, мамнӯият ва маҳдудиятҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд ;
тартиби умумӣ - интиқоли мол бо пардохти боҷҳои гумрукӣ, хироҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, бо истифодаи мамнӯият ва маҳдудиятҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
воситаҳои нақлиёт - автомобилҳои сабукрави дар гурӯҳи молии 8703 Номгӯи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таснифшуда ;
бағоҷи ҳамроҳишаванда - молҳои тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда, ки ҳангоми убури сарҳад аз ҷониби шахси воқеӣ бевосита ба мақомоти гумрук пешниҳод карда мешаванд (аз ҷумла бағоҷи дастӣ);
бағоҷи ҳамроҳинашаванда - молҳои тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби боркашон интиқолёбандаи дар асоси шартномаи боркашонӣ ё шартномаи супориш (тибқи расиди бағоҷӣ, борхат, борхати ҳамлу нақл (коносамент), ваколатнома) бо шахсони воқеӣ басташуда .
соли тақвимӣ - давраи аз 1 январ то 31 декабри соли дахлдор.
Мафҳумҳои дигар дар ин Қоидаҳо бо маъноҳои муқаррарнамудаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд.
3. Шахсони воқеӣ метавонанд молҳо ва воситаҳои нақлиётро, ки воридот ва содироти онҳоро қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол диҳанд.
4. Таъиноти молҳои аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда аз ҷониби мақоми гумрук дар асоси аризаи шахси воқеӣ оид ба моли аз сархади гумрукӣ интиқолшаванда, вобаста ба хусусият ва теъдоди мол, инчунин мунтазамии интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ муайян мешавад.
5. Барасмиятдарории гумрукии молҳои тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ интиқолёбанда тибқи тартиби имтиёзнок (ба истиснои ҳолати интиқоли мол мувофиқи зербанди "а" банди 7 Қоидаи мазкур дар бағоҷи ҳамроҳишаванда) бо декларатсиякунонии хаттӣ дар асоси декларатсияи гумрукии ягонаи мусофирӣ ва дар ҳолатҳои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо истифода аз меъёри ягона дар асоси ордери кассавии гумрукӣ (минбаъд ОКГ) ба роҳ монда мешавад.
Декларатсияи молҳои дар бағоҷи ҳамроҳишаванда аз ҷониби шахсони воқеӣ интиқолёбанда, ки барои фаъолияти истеҳсолӣ ва ё соҳибкорӣ таъин нагардида, арзиши умумии онҳо аз маблағи баробар ба 1000 доллари америкоӣ ва вазни умумии онҳо аз 50 кг зиёд намебошад, ба тариқи шифоҳӣ анҷом дода мешаванд.
6. Шахсони воқеӣ ҳангоми интиқоли молҳо аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд аз истифодаи тартиби соддагардонидашуда ва имтиёзноки интиқоли молҳо худдорӣ намоянд. Дар ин ҳолат тартиби умумии барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукии муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Воридоти молҳо ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Тартиби имтиёзноки ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани молҳо аз тарафи шахсони воқеӣ бо роҳи пурра озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо бидуни татбиқи мамнӯият ва маҳдудиятҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба истиснои молҳое, ки воридоти онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти онҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ ва ё маҳдуд карда шудаанд) дар ҳолатҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
а) ҳангоми воридоти молҳои (ба истиснои воситаҳои наклиёт ва воситаҳои мобилии алоқаи барқии) барои фаъолияти истеҳсолӣ ва ё соҳибкорӣ таъиннагардида, ки арзиши умумиашон аз маблағи баробар ба 1000 доллари америкоӣ ва вазни умумиашон аз 50 кг зиёд намебошанд (№ 442);
б) ҳангоми воридоти молҳои (ба истиснои воситаҳои наклиёт ва воситаҳои мобилии алоқаи барқии) барои фаъолияти истеҳсолӣ ё соҳибкорӣ таъиннагардида аз ҷониби шахсони вокеие, ки барои истиқомати доимӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳоҷират намудаанд (№ 442);
в) ҳангоми аз ҷониби шахсони воқеӣ ворид намудани амволи меросии бо тариқи ноториалӣ тасдиқшуда, ки барои фаъолияти истеҳсолӣ ё фаъолияти дигари соҳибкорӣ таъин нагардидаанд.
г) ҳангоми воридоти молҳои барои фаъолияти истеҳсолӣ ё фаъолияти дагари соҳибкорӣ таъиннагардида аз ҷониби шахсони воқеие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ истиқомат мекунанд ва мӯҳлати зисти муваққатии бетанаффуси онҳо дар давлатҳои хориҷӣ зиёда аз 6 моҳ буда, арзиши умумии чунин молҳо аз маблағи баробар ба 2000 доллари ИМА зиёд набошад.
д) ҳангоми воридоти молҳои (ба истиснои воситаҳои наклиёт ва воситаҳои мобилии алоқаи барқии) барои фаъолияти истеҳсолӣ ё фаъолияти дигари соҳибкорӣ таъиннагардида, агар арзиши як намуди мол ва ё як маҷмӯи ин намуди мол (Маҷмӯъ - ин маҷмӯи пурраи таркиби ягон ашё. Таркиби мол бояд дар ахборот барои истифодабари (тамғақоғаз, борчасп, изофаварақ, шиноснома, формуляр, дастурамал барои истифодабарӣ) дар шакли рӯихат "таркиб" ё "маҷмӯъ" пешниҳод гардидааст), аз меъёрхои арзишӣ ва вазнии пешбининамудаи зербанди "а"-и банди мазкур зиёд бошад, вале на зиёда аз маблағи баробар ба 2000 доллари ИМА (№ 442).
8. Тартиби ба таври имтиёзнок аз ҷониби шахсони воқеӣ интикол додани молҳои зераксизӣ дар доираи меъёрҳои муайяннамудаи Замима ба Қоидаҳои мазкур ба амал бароварда мешавад.
9. Ҳангоми аз ҷониби шахсони воқеӣ ворид намудани молҳо дар бағоҷи ҳамроҳишаванда ва ҳамроҳинашаванда (ба истиснои молҳои зераксизӣ, литсензионӣ ва квоташаванда), ки арзиши умумӣ ва теъдодашон аз меъёрҳои арзишӣ ва вазнии меъёри имтиёзноки муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур зиёд мебошанд (нисбати онҳо тартиби имтиёзнок муқаррар нагаштааст), барои чунин қисмати зиёдшавӣ тартиби соддагардонидашудаи барасмиятдарории гумрукӣ бо истифодаи меъёри ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар ҳаҷми 20 фоиз аз арзиши гумрукӣ татбиқ карда мешавад, вале на камтар аз 0,6 доллари ИМА барои як килограмм .
Барасмиятдарории гумрукии ин гуна молҳо тибқи тартиби соддагардонидашуда бо роҳи пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо аз рӯи меъёри ягона дар асоси ОКГ бо риояи маҳдудиятҳои муқарраргардидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Дар ин ҳолат нисбати пешниҳоди хуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутобиқати мол ба талаботи стандартӣ мақомоти гумрук метавонанд ариза-ӯҳдадории шахси воқеиро дар бораи пешниҳоди сертификати мутобиқат баъди 10 рӯзи иҷозати мол қабул намояд.
Молҳое, ки иҷозати онҳо бе пешниҳоди сертификати мутобиқат аз ҷониби мақомоти гумрук бо тартиби соддагардонидашуда татбиқ шудааст, шартан иҷозатдода ҳисоб ёфта, додани онҳо ба шахсони сеюм, аз ҷумла бо роҳи фурӯш ё худ бегонакунии онҳо бо усулҳои дигар манъ аст. Дар ҳолате, ки агар маҳдудият барои воридоти ин гуна молҳо бо сабаби санҷиши сифат ва бехатарии истифодаи ин гуна молҳо муқаррар шуда бошад, пас истифода ва истеъмоли онҳо дар ҳама намуду шаклҳо то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутобиқати сифати мол ба талаботи муқарраршуда манъ аст.
Тартиби соддагардонидашудаи барасмиятдарории гумрукӣ бо истифодаи мизони ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо ҳангоми аз ҷониби шахси воқеӣ ворид намудани молҳо ба маблағи зиёда аз 5000 доллари ШМА татбиқ карда намешавад. Нисбат ба чунин зиёдшавӣ тартиби умумии барасмиятдарории гумрукӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, татбиқ карда мешавад ().
Эзоҳ: Барасмиятдарории гумрукии маводи хӯрока бо риояи маҳдудиятҳо нисбати тасдиқи талаботи бехатарии ин гуна молҳо мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Содироти мол берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
10. Шахсони воқеӣ метавонанд бо тартиби имтиёзнок молҳои дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон харидаашонро, ки арзиши онҳо аз маблағи баробар ба 3000 доллари ИМА зиёд набошад, содир намоянд.
Дар ҳолати зиёд будани арзиши моли содиршаванда аз маблағи баробар ба 3000 доллари ИМА бояд шартҳои умумии татбиқи мамнӯият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя карда шаванд.
11. Шахсони воқеии ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда метавонанд бо тартиби имтиёзнок молҳои барои истифодаи шахсиашон заруриро дар давоми сафарашон ба кишвари истиқомати муваққатӣ муваққатан содир намоянд. Ҳангоми содироти муваққатии молҳо ва воридоти бозпаси онҳо ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида намешаванд.
12. Амволи шахсии шахсони воқеӣ, ки ба берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ муҳоҷират менамоянд, ба истиснои хироҷи гумрукӣ барои нигоҳдории молҳо аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо озод карда мешаванд.
Воридоти воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
13. Хориҷ карда шуд ()
14. Хориҷ карда шуд ()
15. Шахсони воқеие, ки аз давлатҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ муҳоҷират мекунанд метавонанд воситаи нақлиётро ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо ворид намоянд.
16. Шахсони воқеии берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ истиқоматкунанда метавонанд воситаҳои нақлиётии дар давлати хориҷӣ ба қайд гузошташударо ба мӯҳлати на зиёда аз 2 сол муваққатан, бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо ворид намоянд. Чунин воситаҳои нақлиёт наметавонанд бегона карда шаванд, барои истифода, соҳибӣ ё фармоишӣ ба шахси дигар дода шаванд. Дар ҳолати риоя нашудани шартҳои зикршуда ва бозпас бароварда нашудани воситаҳои нақлиёт аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати муқарраргардида аз чунин воситаҳои нақлиёт тибқи тартиби умумии интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо ситонида мешаванд.
17. Шахсони воқеии ватанӣ метавонанд муваққатан воситаҳои нақлиётро ворид намоянд, ба шарте агар ин воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди давлати хориҷӣ ба қайд гирифта шуда, дар маҷмӯъ мӯҳлати воридоти муваққатӣ дар тӯли як соли тақвимӣ вобаста ба ҳар як воситаи нақлиёти муваққатан воридшаванда аз се моҳи тақвимӣ зиёд набошад.
18. Хориҷ карда шуд ()
19. Шахсони воқеие, ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ муҳоҷират мекунанд, ҳангоми содир намудани воситаҳои нақлиёт аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, ба истиснои хироҷи гумрукӣ барои барасмиятдарории гумрукӣ ва нигоҳдории мол озод карда мешаванд.
20. Шахсони воқеие, ки воситаҳои нақлиётро дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ намудаанд, ҳангоми содироти онҳо аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, ба истиснои хироҷи гумрукӣ барои барасмиятдарории гумрукӣ ва нигоҳдории мол озод карда мешаванд.
21. Шахсони воқеии ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда метавонанд муваққатан берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, ба истиснои хироҷи гумрукӣ барои барасмиятдарории гумрукӣ ва нигоҳдории мол, як воситаи нақлиётро, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гузошта шуда, барои истифодаи шахсии ин ашхос дар мӯҳлати истиқомати муваққатиашон дар давлати хориҷӣ зарур аст, содир намоянд.
Интиқоли мол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муросилоти байналмилалии почта ва бори экспресс.
22. Шахсони воқеӣ бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо метавонанд дар давоми як ҳафта моли тавассути муросилоти байналмилалии почта ирсолшударо, ки арзиши умумии он аз маблағи 150-каратаи ҳадди ақали музди меҳнати муқаррарнамудаи қонун зиёд набошад, қабул намоянд.
Дар ҳолати аз ҷониби шахсони воқеӣ қабул кардани молҳо тавассути муросилоти байналмилалии почта ирсолшуда, ки арзиши онҳо аз маблағи 150-каратаи ҳадди ақали музди меҳнати муқаррарнамудаи қонун зиёд бошад, дар қисмати чунин зиёдшавӣ меъёри ягонаи маҷмӯии пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 10 фоиз аз арзиши гумрукии молҳои нишондодашуда, вале на камтар аз 0,60 доллари ИМА барои як килограмм татбиқ карда мешавад .
23. Дар муросилоти байналмилалии почта ба ирсоли молҳое, ки нисбати онҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта мамнӯият ва маҳдудият муқаррар намудааст, иҷозат дода намешавад.
24. Шахси воқеӣ ҳуқуқ дорад дар давоми як моҳи тақвимӣ на зиёда аз як маротиба ба маблағи баробар ба 200 доллари ИМА ба таври имтиёзнок молҳои воридгардидаро, ки ба воситаи интернет-мағозаҳо харидорӣ намудааст ва барои фаъолияти истеҳсолӣ ё фаъолияти дигари соҳибкорӣ таъин нагардидаанд, бо шарти пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти мол бевосита аз ҷониби ин шахси вокеӣ, декларатсия намояд.
Дар ҳолати аз ҷониби шахсони воқеӣ ворид шудани моле, ки арзиши он аз маҳдудияти муқаррарнамудаи ҳамин банд зиёд мебошад, барои қисмати зиёдатии он тартиби умумӣ татбиқ карда мешавад.
Замима ()
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 ноябри соли 2007 №544
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашуда
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.04.2009 № 217)
Қоидаҳои умумӣ
1. Қоидаҳои мазкур шарт ва меъёрҳои бо тартиби имтиёзнок аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукӣ интиқол додани молҳо, инчунин тартиби истифодаи мизони ягонаи боҷҳои гумрукӣ, андозҳо (бо тартиби соддагардонидашуда), риояи мамнӯият ва маҳдудиятҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.
2. Дар Қоидаҳои мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:
тартиби имтиёзнок - интиқоли моли барои истифодаи шахсӣ таъингардида тавассути сарҳади гумрукӣ дар доираи меъёрҳои вазнӣ (миқдорӣ) ва арзишӣ, ки Қоидаҳои мазкур муқаррар кардааст ва нисбати онҳо озодкунии пурра аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо муайян шуда, маҳдудиятҳои мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷарраргардида истифода намешаванд;
тартиби соддагардонидашуда - интиқоли мол тавассути сарҳади гумрукӣ дар доираи меъёрҳои вазнӣ (миқдорӣ) ва арзишӣ, ки Қоидаҳои мазкур муқаррар намудааст ва нисбати онҳо боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо тибқи мизони ягона пардохт карда шуда, мамнӯият ва маҳдудиятҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд;
тартиби умумӣ - интиқоли мол бо пардохти боҷҳои гумрукӣ, хироҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, бо истифодаи мамнӯият ва маҳдудиятҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
воситаҳои нақлиёт - автомобилҳои сабукрави дар гурӯҳи молии 8703 Номгӯи моли фаъолияти иқтисодии хориҷии Иттиҳоди иқтисодии Евразия таснифшуда;
бағоҷи ҳамроҳишаванда - молҳои тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда, ки ҳангоми убури сарҳад аз ҷониби шахси воқеӣ бевосита ба мақомоти гумрук пешниҳод карда мешаванд (аз ҷумла бағоҷи дастӣ);
бағоҷи ҳамроҳинашаванда - молҳои тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби боркашон интиқолёбандаи дар асоси шартномаи боркашонӣ ё шартномаи супориш (тибқи квитансияи бағоҷӣ, борхат, борхати ҳамлу нақл (коносамент), ваколатнома) бо шахсони воқеӣ басташуда.
соли тақвимӣ - давраи аз 1 январ то 31 декабри соли дахлдор.
Мафҳумҳои дигар дар ин Қоидаҳо бо маъноҳои муқаррарнамудаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд.
3. Шахсони воқеӣ метавонанд молҳо ва воситаҳои нақлиётро, ки воридот ва содироти онҳоро қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол диҳанд.
4. Таъиноти молҳои аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда аз ҷониби мақоми гумрук дар асоси аризаи шахси воқеӣ оид ба моли аз сархади гумрукӣ интиқолшаванда, вобаста ба хусусият ва теъдоди мол, инчунин мунтазамии интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ муайян мешавад.
5. Барасмиятдарории гумрукии молҳои тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ интиқолёбанда тибқи тартиби имтиёзнок (ба истиснои ҳолати интиқоли мол мувофиқи зербанди "а" банди 7 Қоидаи мазкур дар бағоҷи ҳамроҳишаванда) бо декларатсиякунонии хаттӣ дар асоси декларатсияи гумрукии ягонаи мусофирӣ ва дар ҳолатҳои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо истифода аз меъёри ягона дар асоси ордери кассавии гумрукӣ (минбаъд ОКГ) ба роҳ монда мешавад.
Декларатсияи молҳои дар бағоҷи ҳамроҳишаванда аз ҷониби шахсони воқеӣ интиқолёбанда, ки барои фаъолияти истеҳсолӣ ва ё соҳибкорӣ таъин нагардида, арзиши умумии онҳо аз маблағи баробар ба 1000 доллари америкоӣ ва вазни умумии онҳо аз 50 кг зиёд намебошад, ба тариқи шифоҳӣ анҷом дода мешаванд.
6. Шахсони воқеӣ ҳангоми интиқоли молҳо аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд аз истифодаи тартиби соддагардонидашуда ва имтиёзноки интиқоли молҳо худдорӣ намоянд. Дар ин ҳолат тартиби умумии барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукии муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Воридоти молҳо ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Тартиби имтиёзноки ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани молҳо аз тарафи шахсони воқеӣ бо роҳи пурра озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо бидуни татбиқи мамнӯият ва маҳдудиятҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба истиснои молҳое, ки воридоти онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти онҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ ва ё маҳдуд карда шудаанд) дар ҳолатҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
а) ҳангоми воридоти молҳои (ба истиснои воситаҳои нақлиёти) барои фаъолияти истеҳсолӣ ва ё соҳибкорӣ таъиннагардида, ки арзиши умумиашон аз маблағи баробар ба 1000 доллари америкоӣ ва вазни умумиашон аз 50 кг зиёд намебошанд;
б) ҳангоми воридоти молҳои (ба истиснои воситаҳои нақлиёти) барои фаъолияти истеҳсолӣ ё соҳибкорӣ таъиннагардида аз ҷониби шахсони вокеие, ки барои истиқомати доимӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳоҷират намудаанд;
в) ҳангоми аз ҷониби шахсони воқеӣ ворид намудани амволи меросии бо тариқи ноториалӣ тасдиқшуда, ки барои фаъолияти истеҳсолӣ ё фаъолияти дигари соҳибкорӣ таъин нагардидаанд.
г) ҳангоми воридоти молҳои барои фаъолияти истеҳсолӣ ё фаъолияти дагари соҳибкорӣ таъиннагардида аз ҷониби шахсони воқеие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ истиқомат мекунанд ва мӯҳлати зисти муваққатии бетанаффуси онҳо дар давлатҳои хориҷӣ зиёда аз 6 моҳ буда, арзиши умумии чунин молҳо аз маблағи баробар ба 2000 доллари ИМА зиёд набошад.
д) ҳангоми воридоти молҳои (ба истиснои воситаҳои нақлиёти) барои фаъолияти истеҳсолӣ ё фаъолияти дигари соҳибкорӣ таъиннагардида, агар арзиши як намуди мол ва ё як маҷмӯи ин намуди мол (Маҷмӯъ - ин маҷмӯи пурраи таркиби ягон ашё. Таркиби мол бояд дар ахборот барои истифодабари (тамғақоғаз, борчасп, изофаварақ, шиноснома, формуляр, дастурамал барои истифодабарӣ) дар шакли рӯихат "таркиб" ё "маҷмӯъ" пешниҳод гардидааст), аз меъёрхои арзишӣ ва вазнии пешбининамудаи зербанди "а"-и банди мазкур зиёд бошад, вале на зиёда аз маблағи баробар ба 2000 доллари ИМА.
8. Тартиби ба таври имтиёзнок аз ҷониби шахсони воқеӣ интикол додани молҳои зераксизӣ дар доираи меъёрҳои муайяннамудаи Замима ба Қоидаҳои мазкур ба амал бароварда мешавад.
9. Ҳангоми аз ҷониби шахсони воқеӣ ворид намудани молҳо дар бағоҷи ҳамроҳишаванда ва ҳамроҳинашаванда (ба истиснои молҳои зераксизӣ, литсензионӣ ва квоташаванда), ки арзиши умумӣ ва теъдодашон аз меъёрҳои арзишӣ ва вазнии меъёри имтиёзноки муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур зиёд мебошанд (нисбати онҳо тартиби имтиёзнок муқаррар нагаштааст), барои чунин қисмати зиедшавӣ тартиби соддагардонидашудаи барасмиятдарории гумрукӣ бо истифодаи мизони ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар ҳаҷми 20 фоиз аз арзиши гумрукӣ татбиқ карда мешавад, вале на камтар аз 0,6 доллари ИМА барои як килограмм.
Барасмиятдарории гумрукии ин гуна молҳо тибқи тартиби соддагардонидашуда бо роҳи пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо аз рӯи меъёри ягона дар асоси ОКГ бо риояи маҳдудиятҳои муқарраргардидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Дар ин ҳолат нисбати пешниҳоди хуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутобиқати мол ба талаботи стандартӣ мақомоти гумрук метавонанд ариза-ӯҳдадории шахси воқеиро дар бораи пешниҳоди сертификати мутобиқат баъди 10 рӯзи иҷозати мол қабул намояд.
Молҳое, ки иҷозати онҳо бе пешниҳоди сертификати мутобиқат аз ҷониби мақомоти гумрук бо тартиби соддагардонидашуда татбиқ шудааст, шартан иҷозатдода ҳисоб ёфта, додани онҳо ба шахсони сеюм, аз ҷумла бо роҳи фурӯш ё худ бегонакунии онҳо бо усулҳои дигар манъ аст. Дар ҳолате, ки агар маҳдудият барои воридоти ин гуна молҳо бо сабаби санҷиши сифат ва бехатарии истифодаи ин гуна молҳо муқаррар шуда бошад, пас истифода ва истеъмоли онҳо дар ҳама намуду шаклҳо то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутобиқати сифати мол ба талаботи муқарраршуда манъ аст.
Тартиби соддагардонидашудаи барасмиятдарории гумрукӣ бо истифодаи мизони ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо ҳангоми аз ҷониби шахси воқеӣ ворид намудани молҳо ба маблағи зиёда аз 5000 доллари ШМА татбиқ карда намешавад. Нисбат ба чунин зиёдшавӣ тартиби умумии барасмиятдарории гумрукӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, татбиқ карда мешавад ().
Эзоҳ: Барасмиятдарории гумрукии маводи хӯрока бо риояи маҳдудиятҳо нисбати тасдиқи талаботи бехатарии ин гуна молҳо мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Содироти мол берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
10. Шахсони воқеӣ метавонанд бо тартиби имтиёзнок молҳои дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон харидаашонро, ки арзиши онҳо аз маблағи баробар ба 3000 доллари ИМА зиёд набошад, содир намоянд.
Дар ҳолати зиёд будани арзиши моли содиршаванда аз маблағи баробар ба 3000 доллари ИМА бояд шартҳои умумии татбиқи мамнӯият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя карда шаванд.
11. Шахсони воқеии ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда метавонанд бо тартиби имтиёзнок молҳои барои истифодаи шахсиашон заруриро дар давоми сафарашон ба кишвари истиқомати муваққатӣ муваққатан содир намоянд. Ҳангоми содироти муваққатии молҳо ва воридоти бозпаси онҳо ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида намешаванд.
12. Амволи шахсии шахсони воқеӣ, ки ба берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ муҳоҷират менамоянд, ба истиснои хироҷи гумрукӣ барои нигоҳдории молҳо аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо озод карда мешаванд.
Воридоти воситаҳои нақлиёт ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон
13. Дар ҳолати ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеии ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда ворид намудани воситаи нақлиете, ки хаҷми корий муҳаррикашон то 2500 сантиметри мукаабро ташкил медиҳад, новобаста аз кишвари истеҳсол, мизони ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо дар ҳаҷми 0,40 доллари ИМА барои як сантиметри мукааби ҳаҷми кории муҳаррик татбиқ карда мешавад ().
Нисбати воситаҳои наклиётие, ки ҳаҷми муҳаррикашон андозаи аз 2500 то 4000 сантиметри мукаабро ташкил медиҳад, новобаста аз кишвари истеҳсол, мизони ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо дар ҳаҷми 0,60 доллари ИМА барои як сантиметри мукааби ҳаҷми муҳаррик муқаррар карда мешавад ().
Нисбати воситаҳои нақлиёте, ки ҳаҷми кории муҳаррикашон 4000 сантиметри мукааб ва зиёда аз онро ташкил медиҳад, новобаста аз кишвари истеҳсол, мизони ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо дар ҳаҷми 1,20 доллари ИМА барои як сантиметри мукааби ҳаҷми кории муҳаррик татбиқ карда мешавад.
Дар ҳолати аз ҷониби шахсони воқеӣ ворид намудани воситаҳои нақлиёте, ки аз мӯҳлати истеҳсолашон 5 сол гузашта бошад, новобаста аз кишвари истеҳсол мизони ягона, ки мутобиқи банди мазкур муқаррар гаштааст, дар ҳаҷми дукарата татбиқ карда мешавад.
14. Мизони ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андозҳои тибқи банди 13 Қоидаҳои мазкур муқарраргардида нисбати воситаҳои нақлиёти аз қаламрави минтақаи озоди гумрукӣ ва анбори озод ба дигар қисми қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда бо риояи талаботу шартҳои пешбининамудаи банди 18 Қоидаҳои мазкур амалӣ карда мешаванд.
15. Шахсони воқеие, ки аз давлатҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ муҳоҷират мекунанд метавонанд воситаи нақлиётро ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо ворид намоянд.
16. Шахсони воқеии берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ истиқоматкунанда метавонанд воситаҳои нақлиётии дар давлати хориҷӣ ба қайд гузошташударо ба мӯҳлати на зиёда аз 2 сол муваққатан, бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо ворид намоянд. Чунин воситаҳои нақлиёт наметавонанд бегона карда шаванд, барои истифода, соҳибӣ ё фармоишӣ ба шахси дигар дода шаванд. Дар ҳолати риоя нашудани шартҳои зикршуда ва бозпас бароварда нашудани воситаҳои нақлиёт аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати муқарраргардида аз чунин воситаҳои нақлиёт тибқи тартиби умумии интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо ситонида мешаванд.
17. Шахсони воқеии ватанӣ метавонанд муваққатан воситаҳои нақлиётро ворид намоянд, ба шарте агар ин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави давлати хориҷӣ ба қайд гирифта шуда, дар маҷмӯъ мӯҳлати воридоти муваққатӣ дар тӯли як соли тақвимӣ вобаста ба ҳар як воситаи нақлиёти муваққатан воридшаванда аз се моҳи тақвимӣ зиёд набошад.
18. Татбиқи мизони ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андозҳои пешбининамудаи банди 13 Қоидаҳои мазкур фақат дар ҳолатҳои аз ҷониби шахсони воқеӣ ворид намудани як воситаи нақлиёт ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як соли тақвимӣ бидуни маҳдудияти ҳуқукҳои бегонакунӣ ва ваколати худро ба шахси дигар додан амалӣ карда мешавад. Ҳангоми дар давоми як соли тақвимӣ ворид намудани зиёда аз як воситаи нақлиёт ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби имтиёзноки интиқоли воситаҳои нақлиёт, ки Қоидаҳои мазкур муқаррар намудааст татбиқ карда намешавад.
Содироти воситаҳои нақлиёт берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
19. Шахсони воқеие, ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ муҳоҷират мекунанд, ҳангоми содир намудани воситаҳои нақлиёт аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, ба истиснои хироҷи гумрукӣ барои барасмиятдарории гумрукӣ ва нигоҳдории мол озод карда мешаванд.
20. Шахсони воқеие, ки воситаҳои нақлиётро дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ намудаанд, ҳангоми содироти онҳо аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, ба истиснои хироҷи гумрукӣ барои барасмиятдарории гумрукӣ ва нигоҳдории мол озод карда мешаванд.
21. Шахсони воқеии ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда метавонанд муваққатан берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, ба истиснои хироҷи гумрукӣ барои барасмиятдарории гумрукӣ ва нигоҳдории мол, як воситаи нақлиётро, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гузошта шуда, барои истифодаи шахсии ин ашхос дар мӯҳлати истиқомати муваққатиашон дар давлати хориҷӣ зарур аст, содир намоянд.
Интиқоли мол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муросилоти байналмилалии почта ва бори экспресс.
22. Шахсони воқеӣ бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо метавонанд дар давоми як ҳафта моли тавассути муросилоти байналмилалии почта ирсолшударо, ки арзиши умумии он аз маблағи 150-каратаи ҳадди ақали музди меҳнати муқаррарнамудаи қонун зиёд набошад, қабул намоянд.
Дар ҳолати аз ҷониби шахсони воқеӣ қабул кардани молҳо тавассути муросилоти байналмилалии почта ирсолшуда, ки арзиши онҳо аз маблағи 150-каратаи ҳадди ақали музди меҳнати муқаррарнамудаи қонун зиёд бошад, дар қисмати чунин зиёдшавӣ мизони ягонаи маҷмӯии пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 10 фоиз аз арзиши гумрукии молҳои нишондодашуда, вале на камтар аз 0,60 доллари ИМА барои як килограмм татбиқ карда мешавад.
23. Дар муросилоти байналмилалии почта ба ирсоли молҳое, ки нисбати онҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта мамнӯият ва маҳдудият муқаррар намудааст, иҷозат дода намешавад.
24. Шахси воқеӣ ҳуқуқ дорад дар давоми як моҳи тақвимӣ на зиёда аз як маротиба ба маблағи баробар ба 200 доллари ИМА ба таври имтиёзнок молҳои воридгардидаро, ки ба воситаи интернет-мағозаҳо харидорӣ намудааст ва барои фаъолияти истеҳсолӣ ё фаъолияти дигари соҳибкорӣ таъин нагардидаанд, бо шарти пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти мол бевосита аз ҷониби ин шахси вокеӣ, декларатсия намояд.
Дар ҳолати аз ҷониби шахсони воқеӣ ворид шудани моле, ки арзиши он аз маҳдудияти муқаррарнамудаи ҳамин банд зиёд мебошад, барои қисмати зиёдатии он тартиби умумӣ татбиқ карда мешавад.
Замима
ба Қоидаҳои интиқоли молҳо
аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути
сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
бо тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашуда, ки
бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 ноябри соли 2007 №544
тасдиқ шудааст
РӯЙХАТИ молҳое, ки шахсони воқеӣ метавонанд бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо ба миқдори маҳдуд ворид намоянд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.04.2009 № 217)
+---+---------------------+------------------------+-----------------ҷ
| № | Номгуи | Коди молхо тибки Ном- | Микдор |
|р/р| молхо | гуи молхои фаъолияти | (барои як шахс)|
| | | иктисодии хоричии | |
| | | Иттиходи иктисодии | |
| | | ЕврОсиё | |
| | | | |
+---+---------------------+--------------Т---------+-----------------+
|1. |Нушокихои спирти ва |220300; 2204 (ғайр аз | ду литр |
| |спирти этил |220430); 2205; 2206; | |
| | |2207; 2208 | |
+---+---------------------+------------------------+-----------------+
|2. |Тамоку ва ивазкунан- |2402 (2402900000) | ду баста |
| |дахои саноати, гайр | | (400 дона) |
| |аз 2401 (ашёи хоми | | |
| |тамоку, партовхои | | |
| |тамоку | | |
+---+---------------------+------------------------+-----------------+
|3. |Махсулоти нафти |2709; 2710112500; |Микдори сузишво- |
| | |2710113100-2710117000; |рии баки воситаи |
| | |2710194100-2710194900 |наклиёти мухар- |
| | | |рикдори бо хара- |
| | | |кати худ интикол-|
| | | |шаванда |
+---+---------------------+------------------------+-----------------+
|4. |Маснуоти заргари |7113; 7114; 7115 |4 намуди маснуот |
| | | |вале на зиёда аз |
| | | |маблаги баробар |
| | | |ба 150-каратаи |
| | | |хадди акали музди|
| | | |мехнати мукар- |
| | | |рарнамудаи конун |
| | | | |
+---+---------------------+------------------------+-----------------+