ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИНҲИСОРОТИ ТАБИӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод.168; с.2008, №10, мод.814; с.2013, №12, мод.899; с.2015, №11, мод.977)
БОБИ I. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Мақсади Қонуни Мазкур
Қокуни мазкур асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро оид ба инҳисороти табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяи месозад ва барои ба даст овардани мувозинаи манфиатҳои истеъмолкукандагон ва субъектҳои инҳисороти табиӣ, ки дастрасии молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) пешниҳодшавандаи ин субъектҳоро ба истеъмолкунандагон ва фаъолияти самараноки субъектҳои инҳисороти табииро таъмин менамояд, равона шудааст.
Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур
Қонуни мазкур муносибатҳоеро танзим мекунад, ки дар бозори мол (кор, хизматрасоьӣ) ба амал омада, бо мавҷудият ва фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ алоқаманд мебошанд.
Муқаррароти Қонуни мазкур ба амалҳои (беамалии) субъектҳои инҳисороти табиӣ, муассисони (иштирокчиёни) онҳо, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд, низ паҳн мегарданд, аг-ар ин амал ҳо (беамалӣ) мухолифати Қонуни мазкур бошанд ва ба истеъмолкунандагони молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) инҳисороти табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонида тавонанд.
Амали Қонуни мазкур нисбати соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки фаъолияти ба соҳаи инҳисори табиӣ тааллуқдоштаро танҳо бо бунёд ва истифодаи объектҳо бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти худӣ амалӣ месозанд, татбиқ намегардад.
Барои субъекти бозор, ки фаъолияти мутобиқи Қонуни мазкур ба соҳаи инҳисори табиӣ тааллуқдоштаро анҷом медиҳад, танзим ва назорати давлатӣ танҳо нисбати чунин фаъолият татбиқ мегардад.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи инҳисороти табиӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи инҳисороти табиӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат мебошад .
Моддаи 4. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- инҳисори табиӣ - ҳолати бозори мол (кор, хизматрасонӣ), ки ҳангоми он ташкил кардани шароити рақобатнок барои қонеъ гардондани талабот ва намудҳои муайяни молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ғайриимкон аст ё ин амал бо назардошти хусусиятҳои хоси технологии истеҳсолот (бинобар хеле кам шудани хароҷот ба воҳиди мол вобаста ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот) аз нигоҳи иқтисодӣ матлуб намебошад;
- субъекти инҳисори табиӣ - субъекти хоҷагидор (шахси ҳуқуқӣ), ки ба истеҳсоли (фурӯши) молҳо, иҷрои кор ва (ё) хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон дар шароити инҳисороти табиӣ машғул аст;
- хизматрасонии умумӣ - истеҳсоли молҳо ва пешниҳод намудани хизматрасонӣ (иҷрои кор) аз ҷониби субъекти инҳисори табиӣ барои ҳамаи истеъмолкунандагон дар ҳудуди муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он субъектҳои инҳисори табиӣ фаъолият бурда, қодиранд молҳоро (корҳо, хизматрасониҳоро) пешниҳод намоянд;
- истеъмолкунандаи молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъекти инҳисори табиӣ - шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъекти инҳисори табииро харидорӣ менамоянд;
- тариф (нарх) - ифодаи пулии арзиши молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъекти инҳисори табиӣ, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ гардидааст (минбаъд- тариф) ;
- тарифи муваққатии ҷубронкунанда - тарифе, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор бо мақсади ҷуброни зарари ба истеъмолкунандагон расонидаи субъекти инҳисори табиӣ муқаррар карда мешавад;
- коеффитсиенти муваққатии пасткунанда - бузургие, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор муқаррар шуда, бо мақсади ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон ва субъекти инҳисори табиӣ барои ҳисоби тариф истифода бурда мешавад;
- муҳокимаи оммавӣ - расмиёти муҳокимаи лоиҳаи тарифҳо ё сатҳи ниҳоии онҳо барои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) танзимшавандаи субъекти инҳисори табиӣ бо даъвати намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, истеъмолкунандагон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо, воситаҳои ахбори омма ва субъектҳои инҳисори табиӣ;
- экспертизаи техникии лоиҳаи тарифҳо - таҳлили ҳолати техникии (тавсифи техникии) дороиҳои амалкунандаи субъекти инҳисории табиӣ ва гузаронидани корҳои зарурӣ, ки дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштани дороиҳо, самаранокии раванди технологӣ, аз он ҷумла хароҷоти масолеҳӣ ва меҳнатӣ, технологияи истеҳсолот мутобиқ ба меъёрҳои муқарраргардида, инчунин дараҷаи баамалбарорӣ ва дурустии тақсимоти воситаҳои асосиро аз рӯи намудҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) пешниҳодгардидаи танзимшаванда таъмин менамояд ;
- экспертизаи молиявии лоиҳаи тарифҳо - таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории субъекти инҳисории табиӣ бо мақсади баҳодиҳии иҷрои Қонуни мазкур ва қарорҳои қабулнамудаи мақомоти ваколатдори танзимкунандаи соҳаи инҳисории табиӣ, тақсимкунии даромадҳо, хароҷот ва баамалбарории дороиҳо ба ҳар намуди молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) танзимшаванда, ҳамчунин таъсири тарифҳои (нархҳои) амалишаванда ба нишондодҳои молиявии фаъолияти субъекти инҳисории табиӣ, санҷиши (баҳодиҳии) иҷрои сметаи тарифӣ ва риояи сиёсати баҳисобгирӣ, иҷрои барномаҳои сармоягузорӣ ва (ё) лоиҳаҳои сармоягузорӣ ;
- мақомоти ваколатдор - мақомоти давлатие, ки фаъолияти соҳаҳои инҳисори табииро назорат ва танзим менамояд;
Мафҳумҳои "мол", "бозори мол", "субъекти хоҷагидор" ва "гурӯҳи шахсон" дар Қонуни мазкур ба маъноҳое истифода мешаванд, ки дар моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи рақобат" зикр гардидаанд .
Моддаи 5. Соҳаи фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ
Қонуни мазкур фаъолияти субъектҳои инҳисори табииро дар соҳаҳои зайл танзим менамояд:
- хизматрасонӣ дар мавриди истеҳсол, ҳамлу нақли нафт ва маҳсулоти нафтӣ тавассути қубурҳои магистралӣ ;
- хизматрасонӣ дар мавриди истеҳсол, харид ва интиқоли гази табиӣ тавассути кубурҳои магистралӣ ва (ё) тақсимкунанда, истифодаи дастгоҳҳои газтақсимкуканда ва қубурҳои газгузарони ба онҳо вобаста ;
- хизматрасонӣ дар мавриди истеҳсол, иктиқол ва (ё) тақсими нерӯи барқ ва (ё) гармӣ;
- хизматрасонии ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан;
- хизматрасонии терминалҳои нақлиёт, фурудгоҳҳои ҳавоӣ ва азронавигатсия;
- хизматрасонии алоқаи барқӣ, почта ва телекоммуникатсия бо истифодаи хатҳои шабакаҳои маҳаллӣ;
- хизматрасонии хоҷагии об ва (ё) системаи канализатсия;
- хизматрасонии ҳамлу нақл тавассути роҳҳои ҳавоӣ дар самтҳои маҳаллӣ;
Субъектҳои инҳисороти табиӣ ба Феҳристи субъектҳои инҳисороти табиӣ, ки аз бахшҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ иборат мебошад, бо нишондоди намудҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) пешниҳодшавандае, ки дар доираи танзими Қонуни мазкур қарор доранд, ворид мегарданд.
Тартиби ба Феҳристи субъектҳои инҳисороти табиӣ ворид ва аз он хориҷ намудани субъекгҳо аз тарафи мақомоти давлатие, ки назорат ва танзими давлатиро дар соҳаҳои инҳисороти табиӣ ба амал мебарорад, муқаррар карда мешавад.
Ба боздоштани гузариши субъектҳои соҳаҳои инҳисороти табиӣ аз ҳолати инҳисороти табиӣ ба ҳолати бозори рақобатнок дар мавриди мавҷудияти асоснокии иқтисодии чунин гузариш иҷозат дода намешавад.
БОБИ 2. Назорати давлатии инҳисороти табиӣ
Моддаи 6. Усулҳои танзими фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ
Аз ҷониби мақомоти ваколатдор метавонанд усулҳои зерини танзими фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ истифода шаванд:
- танзими нархе, ки ба воситаи муайян ва тасдиқ намудани тарифҳо ва ё ссатҳи ниҳоии онҳо амалӣ мегардад;
- муайян намудани истеъмолкунандагоне, ки хизматрасонӣ ба онҳо ҳатмист ва таъмини ҳадди ақали хизматрасонӣ ба онҳо дар сурати мавҷуд набудани имконияти қонеъ гардонидани тамоми талабот ба моли (кори, хизматрасонии) аз ҷониби субъектҳои инҳисори табиӣ истеҳсолшаванда (фурӯхташаванда) бо назардошти зарурати ҳифзи ҳуқуқ за манфиатҳои қонунии шаҳрвандон.
Макомоти ваколатдор қарорро оид ба истифодаи усулҳои дар Қонуни мазкур пешбинишудаи танзим нисбати субъекти мушаххаси инҳисороти табиӣ дар асоси таҳлили фаъолияти он, бо назардошти таъсири усули интихобшаванда ҳамчун омил барои баланд бардоштани сифат ва бехатарии молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) истеҳсолшаванда (фурӯхташаванда) ва ҳамчунин барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷот нисбат ба онҳо қабул мекунад ва ҳамзамон, ба асоскокии хароҷот баҳо дода, ҳолатҳои зеринро ба инобат мегирад :
- хароҷоти истеҳсоли (фурӯши) молҳо (корҳо, хизматрасониҳо), аз ҷумла музди меҳнат, арзиши ашёи хом ва маҳсулот, хароҷоти иловагӣ;
- андозҳо ва пардохтҳои дигар;
- арзиши воситаҳои асосии истеҳсолӣ, талабот ба сармоягузорӣ барои азнавистеҳсолкунии онҳо зарурбуда ва ҳисобҳои истеҳсолӣ (амортизатсионӣ);
- фоидаи пешбинишаванда дар мавриди фурӯши молҳо (корҳо, хкзматрасониҳо) аз рӯи тарифҳои гуногун;
- назорати истифодаи кӯмакпулиҳои давлатӣ ва дигар тадбирҳои дастгирии давлатӣ
- дурии гурӯҳҳои гуногуни истеъмолкунандагон аз маҳали истеҳсоли молҳо;
- мутобиқати сифат ва бехатарии молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) истеҳсолшаванда (фурӯхташаванда) ба талаботи истеъмолкунандагон .
Дар мавриди қабули қарор дар бораи истифодаи усулҳои танзими фаъолияти субъекти мушаххаси инҳисори табиӣ мақомоти ваколатдор ӯҳдадор аст, ки иттилооти аз ҷониби шахсони манфиатдор дар бораи фаъолияти субъекти инҳисори табиӣ пешниҳодгардидаро баррасӣ намояд.
Моддаи 7. Тартиби пешниҳоди лоиҳаҳои тарифҳои субъекти инҳисороти табиӣ
Ҳангоми зарурати тасдиқи (тағйири) тарифҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) пешниҳодшаванда субъекти инҳисори табиӣ ба мақомоти ваколатдор ҳуҷҷатҳоро барои баррасии тарифҳо пешниҳод менамояд.
Субъекти инҳисороти табиӣ вазифадор аст, ки сметаи тариф ва лоиҳаҳои тарифҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) худро як моҳ пеш аз мӯҳлати амалӣ гардидани онҳо пешниҳод созад.
Дар ҳолати бо ташаббуси мақомоти ваколатдор аз нав баррасӣ намудани тарифҳо, субьекти инҳисори табиӣ вазифадор аст, ки дар мӯҳлати як моҳ ҳисобҳои аз нигоҳи иқтисодӣ асоснок ва иттилооти дигарро, ки барои тасдиқи тарифи нав зарур аст, пешниҳод намояд.
Лоиҳаҳои тарифҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъектҳои инҳисороти табиӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор дар мӯҳлати як моҳ баррасӣ карда мешаванд, агар ҳисобҳои аз нигоҳи иқтисодӣ асоснок мутобиқи талаботи моддаи 6 Қонуни мазкур сари вақт пешниҳод гардида бошанд.
Моддаи 8. Тартиби баррасии лоиҳаҳои тарифҳои субъектҳои инҳисороти табиӣ
Дар сурати ворид шудани пешниҳод оид ба тағйир додани тарифҳои амалкунандаи (ё сатҳи ниҳоии тарифҳои) молҳои (корҳо, хизматрасониҳои) субъектҳои инҳисороти табиӣ, мақомоти ваколатдор:
- экспертизаи иқтисодӣ, молиявӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ экспертизаи техникии лоиҳаҳои тарифҳоро мегузаронад ;
- дар асоси экспертизаи лоиҳаи тарифи пешниҳодшудаи молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъектҳои монополияҳои табиӣ қарори пешакӣ мебарорад .
Ҳангоми баргузориии муҳокимаи оммавӣ, мақомоти ваколатдор вазифадор аст, ки на дертар аз се рӯзи пеш аз баргузории муҳокима оид ба сана ва маҳалли доир шудани он дар нашрияҳои чопӣ иттилоот ба табъ расонад ва дар сомонаи худ ҷойгир намояд. Муҳокимаи оммавӣ дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯзи пеш аз санаи қабули қарори ниҳоӣ оид ба тасдиқи тарифҳо барои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъекти инҳисори табиӣ гузаронида мешавад .
Тартиби баргузории муҳокимаи оммавӣ аз тарафи мақомоти ваколатдор тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 9. Тартиби тасдиқи тарифҳои субъектҳои инҳисори табиӣ
Қарори ниҳоӣ дар хусуси тасдиқи тарифҳо молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъектҳои инҳисори табиӣ бояд ба субъекти инҳисори табиӣ дар мӯҳлати на дертар аз сӣ рӯз то лаҳзаи амалӣ гардидани он фиристода шавад.
Субъекти инҳисори табиӣ вазифадор аст, ки иттилоотро дар хусуси тағйир ёфтани тарифҳо дар мӯҳлати на дертар аз бист рӯз то лаҳзаи амалӣ гардидани онҳо ба маълумоти истеъмолкунандагон расонад.
Тасдиқи тарифҳо, ба истиснои тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ бо ташаббуси мақомоти ваколатдор тибқи тартиби умумии муқаррарнамудаи Қонуни мазкур анҷом дода мешавад .
Тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ бо пешниҳоди мақомоти ваколатдор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд .
Моддаи 10. Танзими давлатии фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ
Танзими давлатии фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ бо роҳҳои зерин сурат мегирад:
- тасдиқи тариф;
- тасдиқи сатҳи ниҳоии тариф;
- тасдиқи сметаи тарифӣ;
- тасдиқи коэффитсиенти муваққатии пасткунанда;
- тасдиқи тартиби махсуси ҳисоби хароҷот;
- тасдиқи тартиби пешбурди баҳисобгирии алоҳидаи фоида, хароҷот ва активҳои истифодашуда аз рӯи ҳар намуди молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ва дар маҷмӯъ аз рӯи намудҳои дигари фаъолият;
- тасдики ҳадди ниҳоии фоида;
- тасдиқи тарифи муваққатии ҷубронкунанда.
Танзими давлатии фаъолияти субъекти инҳисори табиӣ, ки ба истеҳсоли нерӯи барқу гармӣ дар нерӯгоҳҳои дорои шакли мухталифи истеҳсол машғул мебошад, бо назардошти ҳамаҷонибаи хусусиятҳои режими технологии истеҳсоли нерӯи барқу гармӣ ва ташаккул додани нархи нерӯи барқ дар бозори рақобатнок анҷом дода мешавад.
Моддаи 11. Назорати давлатӣ дар соҳаҳои инҳисороти табиӣ
Бо мақсади пешбурди сиёсати самараноки давлатӣ дар соҳаҳои фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ мақомоти ваколатдор назоратро оид ба амалҳое анҷом медиҳад, ки бо иштирск ё нисбати субъектҳои инҳисори табиӣ сурат мегиранд ва натиҷаи онҳо боиси поймол гардидани манфиатҳои истеъмолкунандагони молҳое (корҳое, хизматрасониҳое) мешаванд, ки нисбаташон мутобиқи Қонуни мазкур танзим сурат мегирад ё боиси монеъ шудан ба гузариши аз нигоҳи иқтисодӣ асосноки бозори молии дахлдор аз ҳолати инҳисори табиӣ ба ҳолати бозори рақобатнок мегарданд.
Маломоти ваколатдор назоратро аз болои амалҳои зерин анҷом медиҳад:
- ҳама гуна аҳдҳое, ки дар натиҷаи он субъекти инҳисори табиӣ ҳуқуқи моликиятро ба воситаҳои асосӣ, ки барои истеҳсоли (фурӯши) молҳои (корҳо, хизматрасониҳо) мутобиқи Қонуни мазкур танзимшаванда истифода бурда мешаванд ё истифода бурда намешаванд, соҳиб мешавад;
- сармоягузориҳои субъекти инҳисори табиӣ дар истеҳсоли (фурӯши) молҳое (корҳое, хизматрасониҳое), ки нисбати онҳо мутобиқи Қонуни мазкур танзим сурат намегирад;
- фурӯхтан, иҷора додан ва ё аҳди дигаре, ки дар натиҷаи он субъекти хоҷагӣ ё субъекти инҳисори табиӣ ҳуқуқи ихтиёрдорӣ ва истифода ё ҳуқуқи моликиятро ба қисмате аз воситаҳои асосии субъекти инҳисори табиӣ, ки барои истеҳсоли (фурӯши) молҳои (корҳо, хизматрасониҳо) мутобиқи Қонуни мазкур танзимшаванда истифода бурда мешаванд ё истифода бурда намешаванд, пайдо мекунад;
- азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии субьекти инҳисори табиӣ.
Барои иҷрои амалҳои қисми дуюми моддаи мазкур субъекти инҳисори табиӣ вазифадор аст, ки ба мақомоти ваколатдор оид ба додани ризоият барои ичрои чунин амалҳо дархост пешниҳод намояд ва иттилооти барои қабули қарор зарурро пешниҳод намояд.
Мақомоти ваколатдор ҳуқуқи рад намудани дархостро дорад, агар амали дар он зикршуда ба натиҷаҳои манфии дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда оварда расонад, инчунин дар ҳолатҳое, ки аз тарафи дархостдиҳанда ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ пурра пешниҳод нагардидаанд ва ё дар ҷараёни баррасии онҳо муқаррар гардад, ки маълумотҳои дар онҳо ҷойдошта, ки барои қабули қарор аҳамияти муҳим доранд, эътимоднок нестанд.
Мақомоти ваколатдор на дертар аз сӣ рӯзи баъди қабули дархост ба дархостдиҳанда ба таври хаттӣ дар бораи қарори худ, яъне розӣ будан ё рад кардан хабар медиҳад. Сабабҳои рад гардидани дархост бояд асоснок бошанд.
Дар сурати барои қабули қарор пайдо шудани зарурияти гирифтани маълумоти иловагӣ, мақомоти ваколатдор ҳуқуқ дорад, ки аз дархосткунанда онро талаб карда, мӯҳлати баррасии дархостро то сӣ рӯз зиёд намояд, ба шарте, ки ин талабнома дар як вақт бо огоҳинома дар бораи дароз кардани мӯҳлати баррасии дархостро ба дархоскунанда на дертар аз понздаҳ рӯзи баъди қабули дархост фиристода шавад.
Шахс ва ё гурӯҳи шахсоне, ки дар натиҷаи ҳаридории саҳмия дар бозор аз сармояи оинномавии субьекти инҳисори табиӣ ва ё дар натиҷаи аҳдҳои дигар, аз ҷумла аз тариқи шартномаҳои супориш, идораи ба боварӣ асосёфта ва гарав ба бештар аз 0,5 фоизи теъдоди умумии овозҳои ба тамоми саҳмияҳои сармояи оинномавии ба субъектҳои инҳисороти табиӣ тааллуқдошта соҳиб гардидаанд, вазифадоранд, ки дар ин бора ва инчунин дар бораи ҳамаи ҳолатҳои тағйри теъдоди овозҳои ба онҳо тааллукдошта мақомоти ваколатдорро дар мӯҳлати се рӯзи ба он соҳиб шудан, огоҳ созанд. Ҳамин гуна ӯҳдадориро субъекти инҳисороти табиие низ дорад, ки бештар аз 0,5 фоизи шумораи умумии овозҳои ба тамоми саҳмияҳо тааллуқдоштаи субъекти дигари хоҷагидорро соҳиб гардидааст.
Моддаи 12. Қабул қарор оид ба татбиқи намудан, тағйир додан ё қатъи танзими фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор
Қарор оид ба ҳамаи масъалаҳои татбиқ намудан, тағйир додан ё қатъи танзими фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ, инчунин ситифодаи усулҳои танзими пешбининамудаи Қонуни мазкур аз ҷониби мақомоти ваколатдор дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ баъд аз ворид гардидани муроҷиати субъекти инҳисороти табиӣ қабул карда мешавад. Рад кардани (қисман рад кардани) қабули пешниҳоди воридшуда, бояд асоснок карда шавад.
БОБИ 3. Мақомоти ваколатдор дар соҳаи танзими фаъолияти инҳисороти табиӣ
Моддаи 13. Мақомоти ваколатдори танзимкунандаи фаъолияти инҳисороти табиӣ
Танзим ва назорати фаъолияти субъектҳои инҳисороти табииро мақомоти давлатии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда (минбаъд - мақомоти ваколатдор) анҷом медиҳад.
Моддаи 14. Вазифаҳо ва ҳуқуқҳои мақомоти ваколатдор
Мақомоти ваколатдо вазифаҳои асосии зеринро иҷро мекунад:
- Феҳристи субъектҳои инҳисороти табииеро, ки нисбаташон танзими давлатӣ ва назорат татбиқ мегарданд, тартиб медиҳад ва пеш мебарад;
- усулҳои танзими мутобиқи Қонуни мазкур пешбинигардидаро, ки нисбати субъекти мушаххаси инҳисори табиӣ истифода мегарданд, муайян месозад;
- дар доираи салоҳияти худ риояи талаботи Қонуни мазкурро назорат менамояд;
- шартномаҳои намунавиро, ки аз ҷониби субъектҳои инҳисороти табиӣ бо истеъмолкунандагон баста мешаванд, таҳия ва тасдиқ менамояд;
- дастурамали тартиби муайян, тасдиқ ва ҷорӣ намудани тарифҳо ва сметаи тарифии молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъектҳои инҳисороти табиӣ, қоидаҳои ташаккул ва пешбурди Феҳристи субъектҳои инҳисори табииро таҳия ва тасдиқ менамояд ;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида оид ба такмил додани қонунгқзорӣ дар бораи инҳисороти табиӣ пешниҳодҳо ирсол менамояд;
- таҷрибаи татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи инҳисороти табииро ҷамъбаст карда, дар асоси он тавсияҳои методӣ таҳия ва тасдиқ менамояд.
Мақомоти ваколатдор ҳуқуқҳои зеринро доро мебошад:
- қарорҳои барои субъектҳои инҳисороти табии иҷроишашон ҳатмиро доир ба ҷорӣ намудан, тағйир додан ё қатъ кардани танзим, доир ба истифодаи усулҳои танзими мутобиқи Қонуни мазкур пешбинишуда, аз ҷумла доир ба муқаррар кардани тарифҳо, ба истиснои тарифҳои неруи барқ ва гармӣ, қабул монамояд ;
- дар доираи салоҳияти худ нисбати қонунвайронкунии мавҷудбудаи соҳаи инҳисороти табиӣ оид ба пешгирии вайронкунии Қонуни мазкур ва бартараф намудани оқибатҳои он қарор қабул менамояд;
- тарифҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) танзимшавандаи субъектҳои инҳисороти табиӣ ё ҳадди ниҳоии онҳоро бо назардошти талабот ба сифати онҳо, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар доираи салоҳияти онҳо муқаррар шудаанд, ба истиснои тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ тасдиқ менамояд ;
- ба субъектҳои инҳисороти табиӣ дар ин хусус амрномаҳои иҷрояшон ҳатмӣ медиҳад :
а) доир ба қатъи вайронкунии Қонуни мазкур, аз ҷумла доир ба бартараф намудани оқибатҳои он;
б) доир ба бастани шартнома бо истеъмолкунандагоне, ки бояд ҳатман ба онҳо хизмат расонида шавад (маҳсулот пешниҳод карда шавад);
в) доир ба ворид намудани тағйирот ба шартномаҳо;
г) дар бораи ба буҷет гузаронидани тамоми маблағи фоидаи дар натиҷаи амалҳои вайрон кардани Қокуни мазкур бадастомада;
- ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар бораи бекор кардан ё тағйир додани қарорҳои қабулнамудаи онҳо, ки ба Қонуни мазкур мутобиқат надорад, амрномаҳои иҷроишашон ҳатмиро равон мекунад ;
- дар бораи ба Феҳрист дохил кардани субъекти инҳисороти табиӣ ва хориҷ кардан аз он қарор қабул мекунад;
- дир мавриди тағйири тарифҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъектҳои инҳисороти табиӣ ташаббус зоҳир менамояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои хариди анҷомдодаи субъектҳои инҳисороти табиӣ назорат менамояд;
- ба суд бо ариза муроҷиат менамояд ва инчунин дар суд ҳангоми баррасии парвандаҳои вобаста ба татбиқ ва вайрон кардани Қонуни мазкур иштирок менамояд;
- сметаи тарифии субъекти инҳисороти табииро ҳар сол тасдиқ менамояд;
- иҷро гардидани сметаи тарифиро аз ҷониби субъекти инҳисороти табиӣ назорат менамояд;
- дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи фаъолияти нархгузорӣ тартиб ва шартҳои гузаронидани азнавнархгузории воситаҳои асосии субъекти инҳисороти табииро тасдиқ менамояд;
- доир ба татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи инҳисороти табиӣ тавзеҳот медиҳад;
- вахолатҳои дигареро, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар кардаанд иҷро менамояд.
Моддаи 15. Ваколати мақомоти ваколатдор оид ба танзими бевоситаи манфиатҳои моликияти давлатӣ
Қонуни мазкур аз ҷониби мақомоти ваколатдор мустақиман нисбат ба манфиатҳои моликияти давлатӣ ҳангоми ба вуқӯъ пайвастани фаъолияти зидди рақобат, сӯиистифодаи шароити бозор, мақоми бартариятдошта ё инҳисорӣ татбиқ мегардад. Чунин истифодаи ҳуқуқ бе дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ анҷом дода мешавад. Дахолати мазкур ҳамчун амале баррасӣ мегардад, ки рақобатро маҳдуд месозад ва муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунад.
Моддаи 16. Ҳуқуқи дарёфти маълумот дар бораи фаъолияти субъектҳои инҳисори табиӣ
Бо мақсади иҷрои вазифаҳои мақомоти ваколатдор кормандони он ҳуқуқ доранд, ки дар бораи фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ, аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, инчунин субъектҳои инҳисороти табиӣ маълумот талаб намоянд ва бе мамониат аз онҳо истифода баранд.
Субъектҳои инҳисороти табиӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ ӯҳдадоранд, ки бо талаби мақомоти ваколатдор ҳуҷҷатҳои эътимодбахш, тавзеҳот дар шакли хаттӣ ё шифоҳӣ ва дигар иттилооти заруриро барои амалӣ гардонидани вазифаҳои мутобиқи Қонуни мазкур пешбинигардида пешкаш намоянд.
Маълумотҳое, ки сирри тиҷоратӣ доранд ва аз тарафи мақомоти ваколатдор дар асоси моддаи мазкур дастрас шудаанд, набояд ошкор гарданд.
Моддаи 17. Додани иттилоот аз тарафи мақомоти ваколатдор дар бораи қарорҳои қабулкардаи он
Мақомоти ваколатдор вазифадор аст, ки аз тариқи воситаҳои ахбори умум дар мӯҳлати сӣ рӯз баъд аз қабули қарори дахлдор иттилооти зеринро диҳад:
- дар бораи қарорҳои қабулкарда доир ба ҷори намудан, тағйирот ё қатъи танзими фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ;
- дар бораи ба Феҳристи субъектҳои инҳисороти табиӣ дохил намудан ё хориҷ кардан аз он;
- дар бораи истифодаи усулҳои танзими фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ;
- дар бораи нишондиҳандаҳои мушаххас ва талаботе, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор ва субъектҳои инҳисороти табиӣ пешниҳод мегарданд;
- дар бораи ҳамаи ҳолатҳои ба ҷадобгарӣ кашида шудани шахсони масъул барои вайрон намудани Қонуни мазкур.
БОБИ 4. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои истеьмолкукандагон ва субъектҳои инҳисороти табиӣ
Моддаи 18. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъекти инҳисороти табиӣ
Субъекти инҳисороти табиӣ ҳуқуқ дорад:
- ба мақомоти ваколатдор оид ба тасдиқи тарифи молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) танзимшаванда ё ҳадди ниҳоии он дархост пешниҳод намояд;
- таррифҳои, ба истиснои тарифҳои неруи барқ ва гармӣ молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) пешниҳодшавандаро дар давраи амали тарифҳо бо мувофиқаи мақомоти ваколатдор барои ҳама истеъмолкунандагон паст намояд ;
- ҳангоми аз ҷониби мақомоти вакодатдор қабул гардидани қароре, ки ба фаъолият ва мақоми ҳуқуқии он дахл дорад, пешниҳод манзур намояд;
- ба суд нисбат ба амали (беамалии) мақомоти ваколатдор, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷккистон мебошад, шикоят кунад;
- ба мақомоти ваколатдор ё суд нисбат ба амали (беамалии) субъектҳои дигар, ки ба фаъолият даромад, моликият ва мақоми ҳуқуқии он таъсир менамоянд, шикоят кунад;
- аз дигар ҳуқуқҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, истифода барад.
Субъекти инҳисороти табиӣ ӯҳдадориҳои зеринро дорад:
- қарори мақомоти ваколатдорро, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад, иҷро кунад;
- хизматрасонии умумии сифатан баланди истеъмолкунандагони молҳоро (корҳоро, хизматрасониҳоро) бо дарназардошти тарифҳои (нархҳои) муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдор таъмин намояд;
- ба истеъмолкунандагони молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъекти мопополияи табиӣ шароити баробар муҳайё намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки пешниҳоди молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) бо назардошти имтиёзоти муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидаанд;
- мутобиқи қонунгузорӣ талаботи техникиеро, ки риоя намудани онҳо барои истеъмолкунандагон ҳатмӣ мебошад, муқаррар намояд;
- хизматрасонии техникиро гузаронад ва тамғазании асбобҳои ҳисобкуниро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
- тибқи талаби мақомоти ваколатдор ҳисоботи молиявӣ ва иттилооти дигари заруриро пешниҳод намояд;
- усулҳо ва технологияи нисбатан самарабахши истеҳсол ва хизматрасонии инҳисороти табииро бо риояи принсипҳои амнияти ҷамъиятӣ ва бехатарии шаҳрвандон интихоб намояд;
- санҷиши молиявии ҳарсоларо (аудити ҳатмиро) аз ҷониби ташкилотҳои аудиторӣ (аудиторҳо) гузаронида, натиҷаҳои онро дар воситаҳои ахбори умум нашр намоянд;
- бо истеъмолкунандагон барои молҳо (корҳо, хизматрасонӣ) шартнома бандад;
- ба вайронкунии хуқуқи истеъмолкунандагон ҳангоми бастанишартнома барои пешниҳоди молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) роҳ надиҳад;
- қабули пардохтҳоро аз истеъмолкунандагон барои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) пешниҳодшуда ба воситаи кассаҳои худ, инчунин бонкҳо ё дигар ташкилотҳои молиявӣ ташкил намояд;
- барои истеъмолкунандагон асбобҳои ҳисобкунии хизматрасониро насб намояд;
- ба мақхомоти ваколатдор сметаи тарифиро барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Субъектҳои инҳисороти табиӣ ӯҳдадоранд, ки дастрасии бозори молҳоро муҳайё созанд ва (ё) молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) мутобиқи Қонуни мазкур танзимшавандаро тибқи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ бе истифодаи шартҳои дискриминатсионӣ пешниҳод намоянд .
Субъектҳои инҳисороти табиӣ бо риояи талаботи марбут ба ифшо накардани маълумоти дорои сирри бо қонун ҳифзшаванда дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла дар шабакаи Интернет, дар бораи фаъолияти худ иттилоот нашр менамоянд.
Дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад:
- дар бораи нархҳо (тарифҳо) барои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъектҳои инҳисороти табиӣ, ки нисбат ба онҳо танзими давлатӣ татбиқ мегардад;
- дар бораи хусусиятҳои асосии истеъмолии молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъектҳои инҳисороти табиӣ ва мутобиқати онҳо ба сифат, бехатарӣ ва дигар талаботи муқарраршуда;
- дар бораи шартҳои расонидани молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ба истеъмолкунандагон;
- дар бораи шартҳои пайвастшавӣ (пайвастшавии технологӣ) ба инфрасохтори субъектҳои инҳисороти табиӣ барои хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон;
- дар бораи барномаҳои сармоягузорӣ ва рафти татбиқи онҳо .
Моддаи 19. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои истеъмолкунандаи молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъекти инҳисори табиӣ
Истеъмолкунандаи молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъекти инҳисори табиӣ ҳуқуқ дорад:
- молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъекти инҳисори табииро тибқи тартиб ва тарифҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдор харидорӣ намояд, насби асбобҳои баҳисобгирандаро барои хизматрасонии воқеӣ талаб кунад ;
- ба мақомоти ваколатдор дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарор, қабули қарори нав ё бекор кардани қарорҳои амалкуланда бо ариза муроҷиат намояд;
- иисбат ба амали (беамалии) мақомоти ваколатдор, инчунин қарори қабулнамудаи он ба суд шикоят кунад;
- ба мақомоти вакодатдор ва суд нисбат ба амали (беамалии) субъекти инҳисори табиӣ, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, шикоят кунад;
- дар муҳокимаи оммавии масъалаҳои ба фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ алоқаманд иштирок кунад;
- аз дигар ҳуқуқҳое, ки қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, истифода барад.
Истеъмолкунандаи молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъекти инҳисори табиӣ ӯҳдадор аст:
- саривақт ва дар ҳаҷми пурра арзиши молҳоро (корҳоро, хизматрасониҳоро), ки субъектҳои инҳисори табиӣ фароҳам овардаанд, мутобиқи шартҳои шартномаи басташуда пардозад;
- талаботи техникиеро, ки субъекти инҳисори табиӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷро кунад.
БОБИ 5. Муқаррароти хотимавӣ
Моддаи 20. Хусусиятҳои азнавташкилкунӣ ва барҳамдиҳии субъекти инҳисори табиӣ
Нисбати субъекти инҳисори табиӣ расмиёти азнавташкилкунӣ ва барҳамдиҳӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи мегарданд.
Бақайдгирии давлатӣ ва қайди баҳисобгирии субъекти инҳисори табиӣ қатъи фаъолияти он аз ҷониби мақомоти ваколатдор амалӣ гардонида мешаванд.
Нисбати субъекти инҳисороти табиӣ бо мақсади пешгирии таваққуф ё камшавии воқеии ҳаҷми молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) пешниҳодшаванда расмиёти офиятӣ татбиқ шуданаш мумкин аст.
Моддаи 21. Хориҷ карда шуд
Моддаи 22. Баррасии баҳсҳо
Баҳсҳое, ки оиди масъалаҳои муқаррароти Қонуни мазкур ба миён меоянд, аз тарафи суд баррасӣ карда мешаванд.
Моддаи 23. Ҷааобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 24. Дар бораи аз эьтибор соқит кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи инҳисороти табиӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1997 "Дар бораи монополияҳои табиӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, № 23-24, мод. 358; соли 2001, № 4, мод. 146) аз эътибор соқит карда шавад.
Моддаи 25. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
5 марти соли 2007 № 235
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи монополияҳои табиӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи монополияҳои табиӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
10 январи соли 2007 № 438
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи монополияҳои табиӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи монополияҳои табиӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи монополияҳои табиӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе
22 феврали соли 2007 № 277