ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МОНОПОЛИЯҲОИ ТАБИӢ
(Қонуни ҶТ аз 12.05.2001 № 5)
(Қонуни ҶТ аз 12.05.2001 № 5)
Моддаи 1. Ҳадафҳои Қонуни мазкур
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро нисбат ба монополияҳои табии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад ва барои ҳосил гардидани мувозинаи манфиатҳои истеъмолкунандагон ва субъектҳои монополияҳои табии, ки ба истеъмолкунандагон дастрас гардидани молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) ба фурӯш баровардани онҳо ва фаъолияти самараноки субъектҳои монополияҳои табииро таъмин менамояд, равона шудааст.
Дар Қонуни мазкур шарти зерини мафҳумҳои асоси истифода мешаванд:
монополияи табии - ҳолати бозори молиест (корест, хизматрасониест), ки қонеъ гардонидани талабот дар ин бозор дар сурати мавҷуд набудани рақобат бинобар хусусиятҳои технологии истеҳсолот бо сабаби назаррас будани камшавии хароҷот дар истеҳсоли воҳиди мол (кор, хизматрасони) дар сурати афзоиши ҳаҷми истеҳсолот самараноктар мебошад;
субъекти монополияи табии - субъекти хоҷагидор (шахси юридики) мебошад, ки ба истеҳсоли (фурӯши) молҳо (кор, хизматрасони) дар шароити монополияи табии машғул аст.
Моддаи 2. Доираи татбиқи Қонуни мазкур
Қонуни мазкур муносибатҳоеро танзим мекунад, ки дар бозорҳои молии (кор, хизматрасони) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал меоянд ва дар онҳо субъектҳои монополияҳои табии, истеъмолкунандагон, мақомоти ҳокимият ва идоракуни ширкат меварзанд.
Танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табии тибқи Қонуни мазкур пешбинигардида, наметавонад дар соҳаҳои фаъолияти ба монополияҳои табии мансубнабуда, ба истиснои ҳолатҳои мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда истифода гардад.
Моддаи 3. Соҳаи фаъолияти монополияҳои табии
Қонуни мазкур фаъолияти субъектҳои монополияҳои табииро дар соҳаҳои зерин танзим мекунад:
...