Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022, № 1869 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи инҳисороти табиӣ""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИНҲИСОРОТИ ТАБИӢ"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 8 декабри соли 2021, № 587

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 марти соли 2022, № 253

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи инҳисороти табиӣ" аз 5 марти соли 2007 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод. 168; с. 2008, №10, мод. 814; с. 2013, №12, мод. 899; с. 2015, №11, мод. 977; с. 2017, №7-9, мод. 579) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 4:

- дар сархатҳои нуҳум ва даҳуми қисми якум калимаи "ташхиси" ба калимаи "экспертизаи" иваз карда шавад;

- қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Мафҳумҳои "мол", "бозори мол", "субъекти хоҷагидор" ва "гурӯҳи шахсон" дар Қонуни мазкур ба маъноҳое истифода мешаванд, ки дар моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи рақобат" зикр гардидаанд.".

2. Дар қисми дуюми моддаи 6:

- дар матн ва сархати шашум калимаи "сифати" ба калимаҳои "сифат ва бехатарии" иваз карда шавад;

- сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- назорати истифодаи кӯмакпулиҳои давлатӣ ва дигар тадбирҳои дастгирии давлатӣ;".

3. Дар моддаи 8:

- дар сархатҳои якум ва дуюми қисми якум калимаи "ташхиси" ба калимаи "экспертизаи" иваз карда шавад;

- ба қисми дуюм пас аз калимаҳои "ба табъ расонад" калимаҳои "ва дар сомонаи худ ҷойгир намояд" илова карда шаванд.

4. Ба моддаи 18 қисмҳои чорум ва панҷум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"Субъектҳои инҳисороти табиӣ бо риояи талаботи марбут ба ифшо накардани маълумоти дорои сирри бо қонун ҳифзшаванда дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла дар шабакаи Интернет, дар бораи фаъолияти худ иттилоот нашр менамоянд.

Дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад:

- дар бораи нархҳо (тарифҳо) барои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъектҳои инҳисороти табиӣ, ки нисбат ба онҳо танзими давлатӣ татбиқ мегардад;

- дар бораи хусусиятҳои асосии истеъмолии молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъектҳои инҳисороти табиӣ ва мутобиқати онҳо ба сифат, бехатарӣ ва дигар талаботи муқарраршуда;

- дар бораи шартҳои расонидани молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ба истеъмолкунандагон;

- дар бораи шартҳои пайвастшавӣ (пайвастшавии технологӣ) ба инфрасохтори субъектҳои инҳисороти табиӣ барои хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон;

- дар бораи барномаҳои сармоягузорӣ ва рафти татбиқи онҳо.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 18 марти соли 2022, № 1869

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ЕСТЕСТВЕННЫХ МОНОПОЛИЯХ"

Принят постановлением МН МОРТ

от 8 декабря 2022 года, №587

Одобрен постановлением ММ МОРТ

от 15 марта 2022 года, №253

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О естественных монополиях" от 5 марта 2007 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2007 г., №3, ст.168; 2008 г., №10, ст. 814; 2013 г., №12, ст. 899; 2015 г., №11, ст. 977; 2017 г., №7-9, ст. 579) следующие изменение и дополнения:

1. Часть вторую статьи 4 изложить в следующей редакции:

"Понятия "товар", "товарный рынок", "хозяйствующий субъект" и "группа лиц" применяются в настоящем Законе в значениях, указанных в статье 2 Закона Республики Таджикистан "О защите конкуренции"".

2. В части второй статьи 6:

- текст и абзац шестой после слова "качества" дополнить словами "и безопасности";

- дополнить абзацем пятым следующего содержания:

"- контроль использования государственных субсидий и других мер государственной поддержки;".

3. Часть вторую статьи 8 после слов "в печатных изданиях" дополнить словами "и размещать на своем сайте".

4. Статью 18 дополнить частями четвёртой и пятой следующего содержания:

"Субъекты естественных монополий публикуют с соблюдением требований о нераскрытии сведений, содержащих тайну, защищаемых законом, информацию о своей деятельности в средствах массовой информации, в том числе в сети Интернет.

Доступ к информации о деятельности субъектов естественных монополий включает следующие сведения:

- о ценах (тарифах) на товары (работы, услуги) субъектов естественных монополий, в отношении которых применяется государственное регулирование;

- об основных потребительских характеристиках товаров (работ, услуг) субъектов естественных монополий и их соответствии качеству, безопасности и иным установленным требованиям;

- об условиях поставки товаров (работ, услуг) потребителям;

- об условиях подключения (технологического присоединения) к инфраструктуре субъектов естественных монополий с целью оказания услуг потребителям;

- об инвестиционных программах и ходе их реализации.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 18 марта 2022 года, №1869