ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МОНОПОЛИЯҲОИ ТАБИӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи монополияҳои табиӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2007, №3, мод.168; с.2008, №10, мод.814) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати панҷуми қисми якуми моддаи 4 калимаҳои "аз ҷониби мақомоти ваколатдор" ба калимаҳои "бо тартиби муқарраргардида" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 9:
- ба қисми сеюм пас аз калимаи "тарифҳо" калимаҳои ", ба истиснои тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ" илова карда шаванд;
- қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ бо пешниҳоди мақомоти ваколатдор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.".
3. Моддаи 21 хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
28 декабри соли 2013 № 1055
ш.Душанбе
...