ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МОНОПОЛИЯҲОИ ТАБИӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 майи соли 2017 № 790
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 июли соли 2017 № 439
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи монополияҳои табиӣ" аз 5 марти соли 2007 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод.168; с.2008, №10, мод.814; с.2013, №12, мод.899; с.2015, №11, мод.977) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ДАР БОРАИ ИНҲИСОРОТИ ТАБИӢ".
2. Дар матни Қонун калимаҳои "монополияи" ва "монополияҳои" мувофиқан ба калимаҳои "инҳисори" ва "инҳисороти" иваз карда шаванд.
3. Аз матни моддаи 3 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
4. Ба қисми якуми моддаи 4 сархатҳои нуҳум ва даҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- ташхиси техникии лоиҳаи тарифҳо - таҳлили ҳолати техникии (тавсифи техникии) дороиҳои амалкунандаи субъекти инҳисории табиӣ ва гузаронидани корҳои зарурӣ, ки дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштани дороиҳо, самаранокии раванди технологӣ, аз он ҷумла хароҷоти масолеҳӣ ва меҳнатӣ, технологияи истеҳсолот мутобиқ ба меъёрҳои муқарраргардида, инчунин дараҷаи баамалбарорӣ ва дурустии тақсимоти воситаҳои асосиро аз рӯи намудҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) пешниҳодгардидаи танзимшаванда таъмин менамояд;
- ташхиси молиявии лоиҳаи тарифҳо - таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории субъекти инҳисории табиӣ бо мақсади баҳодиҳии иҷрои Қонуни мазкур ва қарорҳои қабулнамудаи мақомоти ваколатдори танзимкунандаи соҳаи инҳисории табиӣ, тақсимкунии даромадҳо, хароҷот ва баамалбарории дороиҳо ба ҳар намуди молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) танзимшаванда, ҳамчунин таъсири тарифҳои (нархҳои) амалишаванда ба нишондодҳои молиявии фаъолияти субъекти инҳисории табиӣ, санҷиши (баҳодиҳии) иҷрои сметаи тарифӣ ва риояи сиёсати баҳисобгирӣ, иҷрои барномаҳои сармоягузорӣ ва (ё) лоиҳаҳои сармоягузорӣ;".
5. Дар моддаи 14:
- дар сархати панҷуми қисми якум калимаҳои "Феҳристи субъектҳои монополияҳои табиӣ, қоидаҳои тартиби баррасии парвандаҳоро дар бораи вайронкунии Қонуни мазкур" ба калимаҳои "Феҳристи субъектҳои инҳисори табииро" иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм:
- ба сархати якум пас аз калимаи "тарифҳо" калимаҳои ", ба истиснои тарифҳои неруи барқ ва гармӣ," илова карда шаванд;
- дар сархатҳои чорум ва панҷум калимаҳои "амрҳои" ва "амрияҳои" ба калимаи "амрномаҳои" иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 18:
- ба сархати дуюми қисми якум пас аз калимаи "тарифҳо" калимаҳои ", ба истиснои тарифҳои неруи барқ ва гармӣ" илова карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаи "зиддимонополӣ" ба калимаи "зиддиинҳисорӣ" иваз карда шавад.
7. Ба сархати якуми қисми якуми моддаи 19 пас аз калимаҳои "тарифҳои муқаррарнамудаи" калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва" илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
18 июли соли 2017 № 1460
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ЕСТЕСТВЕННЫХ МОНОПОЛИЯХ"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 31 мая 2017 года, №790
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 12 июля 2017 года, №439
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О естественных монополиях" от 5 марта 2007 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2007 г., №3, ст.168; 2008 г., №10, ст.814; 2013 г., №12, ст.899; 2015 г., №11, от.911) следующие изменения и дополнения:
1. Название Закона писать прописными буквами.
2. Часть вторую статьи 4 дополнить абзацами девятым и десятым следующего содержания:
"- техническая экспертиза проекта тарифов - анализ технического состояния (техническая характеристика) задействованных активов субъекта естественной монополии и проведение необходимых работ, обеспечивающих поддержание активов в рабочем состоянии, эффективности технологического процесса, включая материальные и трудовые затраты, технологии производства в соответствии с установленными нормами, а также уровня задействованности и правильности распределения основных средств по видам предоставляемых регулируемых товаров (работ, услуг);
- финансовая экспертиза проекта тарифов - анализ финансово-хозяйственной деятельности субъекта естественной монополии с целью оценки исполнения настоящего Закона и принятых решений уполномоченного органа, регулирующего область естественной монополии, распределения доходов, затрат и задействованных активов по каждому виду регулируемых товаров (работ, услуг), а также влияния применяемых тарифов на финансовые показатели деятельности субъекта естественной монополии, проверка (оценка) исполнения тарифной сметы и соблюдения учетной политики, исполнения инвестиционных программ и (или) инвестиционных проектов;".
3. В статье 14:
- в абзаце пятом части первой слова "правила о порядке рассмотрения дел о нарушениях настоящего Закона исключить";
- абзац первый части второй после слова "тарифы" дополнить словами ", за исключением тарифов на электрическую и тепловую энергию".
4. Абзац второй части первой статьи 18 после слова "тарифы" дополнить словами ", за исключением тарифов на электрическую и тепловую энергию".
5. Абзац первый части первой статьи 19 после слова "установленным" дополнить словами "Правительством Республики Таджикистан и".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 18 июля 2017 года, № 1460