ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2007, №3, мод.171; с.2008, №6, мод.458)
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 400, аз 1.08.2012 № 887, аз 20.06.2024 № 2069)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои байни давлат ва сармоягузорро, ки зимни сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ бо мақсади ҷустуҷӯй, тадқиқ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шартҳои созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулоти истеҳсолшуда ба миён меоянд, муқаррар менамояд (№ 2069).
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Муносибатҳои байни тарафҳои созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот
1. Қонуни мазкур муносибатҳои байни давлат ва саромоягузорро ҳангоми бастан, иҷро ва қатъ намудани созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот, ки дар мавриди истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба миён меоянд, муайян ва танзим мекунад.
2. Муносибатҳои байни тарафҳо, ки дар раванди истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, инчунин интиқол, коркард, азнавкоркунӣ, нигаҳдорӣ, истифодабарӣ, фурӯш ё ихтиёрдории маҳсулоти истеҳсолшуда ба миён меоянд, бо созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот, ки мутобиқи Қонуни мазкур баста мешаванд, танзим карда мешаванд.
3. Ҳуқуқ ва вазифаҳои тарафҳо, ки хусусияти маданӣ - ҳуқуқӣ доранд, мутобиқи Қонуни мазкур ва Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (№ 2069).
4. Муносибатҳое, ки дар раванди истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ берун аз доираи амали Қонуни мазкур қарор мегиранд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.
Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот
Қонунгузорӣ дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (№ 2069).
Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ
...