ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 3, мод. 171) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми моддаи 3 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"- маҳсулоти истеҳсолшуда - миқдори маҳсулоти саноати истихроҷи маъдан ва маҳсулоти коркарди конҳои кушода, ки дар таркиби маъданҳои аз қаъри замин (партовҳо, талафҳо), ашёи хоми минералӣ (ҷинс, моеъ ва омехтаи дигар) воқеан истихроҷшуда (гирифташуда) мавҷуд аст ва аз ҷиҳати сифат ба стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё стандарти байналмилалӣ мутобиқ буда, аз ҷониби сармоягузор дар ҷараёни иҷрои корҳо тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот истихроҷ шудааст ва дар доираи меъёрҳои муқарраргардида ба миқдори талафоти технологии ин маҳсулот кам карда шудааст;
- маҳсулоти фоида - маҳсулоте, ки ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот дар давраи ҳисоботӣ (андозӣ) истеҳсол гардидааст, бе назардошти маҳсулоти ҷубронӣ;
- маҳсулоти ҷубронӣ - қисми маҳсулоти ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот истеҳсолшудае, ки ба моликияти сармоягузор барои пӯшонидани хароҷоти бо мақсади иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот анҷомдодаи он дода мешавад (хароҷоти ҷуброншаванда), ки таркиби онҳо мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқаррар мегардад;".
2. Ба қисми дуюми моддаи 5 баъд аз калимаи "якҷоя" калимаҳои "ва дигар шаклҳои фаъолият" илова карда шаванд.
3. Дар сархати сеюми қисми якуми моддаи 10 калимаҳои "баъди тарҳи қисме, ки аз рӯи арзиш барои пардохти андоз аз фоида равона карда мешаванд" хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
18 июни соли 2008 № 400
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарормекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
16 апрели соли 2008 № 943
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе
5 нюни соли 2008 № 496
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменений и дополнении в Закон Республики Таджикистан "О соглашениях о разделе продукции"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 5 марта 2007 года "О соглашениях о разделе продукции" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2007г., № 3, ст. 171) следующие изменения и дополнения:
1. Абзацы второй, третий и четвертый статьи 3 изложить в следующей редакции:
"-произведенная продукция - количество продукции горнодобывающей промышленности и продукции разработки карьеров, содержащееся в фактически добытом (извлеченном) из недр (отходов, потерь) количестве полезных ископаемых, минерального сырья (породы, жидкости и иной смеси), по своему качеству соответствующей государственному стандарту Республики Таджикистан или международному стандарту, добытое инвестором в ходе выполнения работ по соглашению о разделе продукции и уменьшенное на количество технологических потерь этой продукции в пределах установленных нормативов;
- прибыльная продукция - произведенная за отчетный (налоговый) период при выполнении соглашения о разделе продукции продукция за вычетом компенсационной продукции;
- компенсационная продукция - часть произведенной продукции при выполнении соглашения о разделе продукции, которая передается в собственность инвестора для возмещения понесенных им в целях выполнения соглашения о разделе продукции расходов (возмещаемые расходы), состав которых устанавливается в соответствии с соглашением о разделе продукции и Налоговым кодексом Республики Таджикистан;".
2. Часть вторую статьи 5 после слова "совместной" дополнить словами "и других форм".
3. В абзаце третьем части первой статьи 10 слова "за вычетом ее части, которая по стоимости направляется для уплаты налога на прибыль" исключить.
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе
18 июня 2008 года № 400
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О соглашениях о разделе продукции"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О соглашениях о разделе продукции".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан С. Хайруллоев
г. Душанбе,16 апреля 2008 года № 943
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О соглашениях о разделе продукции"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О соглашениях о разделе продукции", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О соглашениях о разделе продукции".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г.Душанбе,5 нюня 2008 года № 496