ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СОЗИШНОМАҲО ОИД БА ТАҚСИМИ МАҲСУЛОТ"
Моддаи 1. Сархатҳои дуюм ва сеюми банди дуюми қисми 2 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2007, №3, мод.171; с.2008, №6, мод.458) дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
" - ҷалб кардани кормандон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ барои иҷрои корҳо тибқи cозишнома.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе,
1 августи соли 2012, № 887
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 13 июни соли 2012, № 848
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон " Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 19 июли соли 2012, № 386