Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 617
тасдиқ шудааст
Низомномаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
I. Қоидаҳои умумӣ
1. Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Саридораи геология) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, сиёсати давлатиро дар идоракунӣ ва танзими омӯзиши геологии қаъри замин, самаранок истифодабарӣ ва азнавбарқароркунии захираҳои ашёи минералӣ татбиқ ва амалӣ менамояд, инчунии Фонди давлатии иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш мебарад.
2. Саридораи геология дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эьтирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Низомномаро таҳти роҳбарӣ қарор медиҳад .
3. Саридораи геология фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ амалӣ мегардонад.
II. Ваколатҳо
4. Ваколатҳои асосии Саридораи геология, аз инҳо иборатанд:
- таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ, амалӣ гардонидани идоракунии давлатӣ дар соҳаи омӯзиш, азнавбарқароркунӣ, истифода ва ҳифзи қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳия ва татбиқи чорабиниҳое, ки барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти иқтисодиёти давлат ба захираҳои ашёи минералӣ ва истифодаи самараноки онҳо равона карда шудаанд;
- гузаронидани корҳои иктишофи геологии канданиҳои фоиданок, аз ҷумла обҳои зеризаминӣ (обҳои ширин, минералӣ,саноатӣ, термалӣ) ва ашёи энергетикию сӯзишворӣ;
- мураттаб ва ба таври комплексӣ омӯхтани қаъри замин бо мақсади азнавбарқароркунии базаи ашёи минералӣ;
- таъмини саривақтии афзоиши захираҳои канданиҳои фоиданок;
- анҷом додани назорати соҳавӣ аз болои самаранок истифодабарӣ ва ҳифзи қаьри замин, иҷрои талаботи қонунгузорӣ оид ба истифодабарии қаъри замин;
- пешбарии системаи ягонаи фонди иттилооти геологӣ;
- бақайдгирии давлатӣ дар Фонди давлатии иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷозатномаҳо (литсензияҳо) ва қарордодҳое, ки барои ҳамаи намудҳои истифодабарии қаъри замин, мақомоти салоҳиятдор бо тартиби муқарраршуда додааст;
- баҳисобгирии давлатии қитьаҳои қаьри замин, ки барои истихроҷи канданиҳои фоиданок истифода мешаванд ва иншоотҳои зеризаминие, ки ба истихроҷи канданиҳои фоиданок алоқаманд нестанд;
- бақайдгирии давлатӣ ва ҳисобгирии давлатии корҳои ба омӯзиши геологии қаъри замини ҷумҳурӣ вобаста буда, корҳои мувофиқи шартномаҳои байнидавлатӣ гузаронидашаванда, инчунин хамаи корҳои ба истифодабарии қаъри замин дахлдошта, новобаста аз манбаи маблағгузории онҳо;
- ҳифзи қаъри замин ва муҳити атроф дар мавриди омӯзиши геологии онҳо;
- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои байнидавлатӣ оид ба омӯзиши геологии қаъри замин;
- ҳамоҳангсозӣ ва кӯмакрасонии маслиҳтӣ дар фаъолияти дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия оид ба масьалаҳои омӯзиши геологии қаъри замин, азнавбарқароркунӣ ва истифодаи захираҳои ашёи минералӣ;
- баҳодиҳии комплексӣ ва дурнамосозии ҳолати муҳандисӣ - геологӣ, гидрогеологии мухити атроф ва истифодабарии захираҳои табиӣ, мувофиқи тартиби муқарраршуда бо ахбори лозимӣ таьмин намудани мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо ва аҳолӣ;
- дар доираи салоҳияти муқаррарнамуда ва дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дигар ҳамоҳангсозӣ ва ташкили иҷрои ӯҳдадориҳое, ки аз аъзогии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ бармеояд, мусоидат намудан ба ҷалби сармоягузориҳо барои азхудкунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои ашёҳои минералӣ;
- ҷамъоварӣ ва пешниҳоди иттилоот оид ба масъалаҳои самаранок ва мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои омӯзиши геологии қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд;
- мувофиқакунӣ ва бақайдгирии лоиҳаҳои корҳои геологӣ - иктишофӣ дар Фонди давлатии иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи ҳамаи ташкилотҳо, новобаста аз манбаи маблағгузориашон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешаванд ва баҳисобгирии иҷрои марҳалавии онҳо;
- муқарраркунии тартиби ба Фонди давлатии иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани маводҳои геологӣ, назорат аз болои риояи он, инчунин ташкили нигоҳдории мутамарказонидашудаи маводҳои геологӣ, истифодаю баҳисобгирии онҳо;
- иҷрокунандаи функсияи мақоми иҷроияи иҷозатномадиҳии истифодабарии қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва функсияи мақоми салоҳиятдор оид ба бастани қарордод дар соҳаи истифодабарии қаъри замин;
- таъмин намудани иҷрои қонунгузорӣ оид ба сирри давлатӣ ва номгӯи маълумоти ба сирри давлатӣ мансуббуда;
- тасдиқ намудани захираҳои конҳои иктишофшуда дар комиссияҳои соҳавии захираҳои канданиҳои фоиданоки Саридораи геология;
- барои тасдиқи Комиссияи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани захираҳои канданиҳои фоиданоки конҳои дақиқ иктишофшуда;
- ба корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо додани хулосаҳо оид ба мавҷуд будан ё набудани канданиҳои фоиданок дар қаъри замини майдонҳои барои сохтмон пешбинишуда, инчунин хулосаҳо оид ба хусусияти муҳандисӣ-геологии минтақаҳо, хулосаҳои геологӣ дар бораи имконият ва мақсаднок будани истихроҷи конҳо;
- иҷрои корҳои сохтмонии хусияти асосӣ ва муваққатӣ дошта;
- амалӣ намудани чорабиниҳо барои ҳифзи меҳнат на техникаи бехатарӣ.
5. Саридораи геология тибқи ӯҳдадориҳои ба зиммааш вогузоршуда, дар соҳаи амалӣ гардонидани сиёсати давлатии истифодаи қаъри замин вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- дар мувофиқа бо мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи танзими муносибатҳои истифодабарии қаъри замин самтҳои асосии омӯзиш, азнавбарқароркунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои ашёҳои минералиро таҳия менамояд;
- барномаҳои мақсадноки давлатии омӯзиши геологии қаъри замин, рушди базаи ашёи минералии ҷумҳуриявиро, таҳия ва иҷрои онҳоро таъмин менамояд, инчунин бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ, ки масъалаҳои истифодабарии қаъри замин, ҳифзи муҳити зист, бо об таъмин намудани аҳолӣ ва объектҳои иқтисодиро дар бар мегиранд, иштирок менамояд;
- самтҳои афзалиятдори корхои тадқиқоти-илмӣ, таҷрибавӣ-конструкторӣ ва лоиҳавӣ - тадқиқотиро (аз ҷумла ташкили гузарондани онҳоро), таҳия ва тасдиқ намуда, техникаи навин ва технологияи прогрессивиро дар соҳаҳои муқарраршуда ҷорӣ менамояд;
- дар ҳудуди салоҳияташ функсияи фармоишгари давлатиро ба зимма гирифта, иҷрои корҳоро оид ба омӯзиши геологии қаъри замин таъмин менамояд;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида лоиҳаи санадхои меъёрии ҳуқуқиро тартиб дода, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- бо мақсади ба таври мунтазам ва комплексӣ омӯхтани қаъри замин марҳилаҳо ва давраҳои гузаронидани корҳои иктишофи геологии конҳои канданиҳои фоиданокро муайян менамояд ;
- тибқи тартиби муқурраргардида дар доираи масъалаҳои ба салоҳияти Саридораи геология гузошташуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (ки минбаъд дар мавридҳои муқарраршуда ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд), стандартҳо, дастурҳо ва дастурамалҳои методиро таҳия ва қабул мекунад, ки барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии истифодабарандаи қаъри замин ҳатмӣ мебошад ;
- дар доираи салоҳияташ экспертизаи захираҳои канданиҳои фоиданокро мегузаронад, инчунин экспертизаи ҳуҷҷатхои лоиҳавӣ-сметавиро барои бурдани корҳо оид ба омӯзиши геологии қаъри замин, новобаста аз манбаъҳои маблағгузорӣ, мегузаронад;
- кадастри давлатии конҳо ва зуҳуротҳои канданиҳои фоиданок, бақайдгирии давлатӣ ва реестри давлатии корҳои омӯзиши геологии қаъри замин, қитъаҳои қаъри заминро, ки барои истихроҷи канданиҳои фоиданок, инчунин мақсадҳои ба истихроҷ вобаста набуда, кадастри давлатии обҳои зеризаминӣ, кадастри давлатии партовҳо ва реестри давлатии ҷойгиршавии объектҳои онҳоро мебарад;
- бо иштироки мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои такмил додани механизми танзими иқтисодии самаранок истифодабарии қаъри замин, усулҳои баҳодиҳии иқтисодии (арзишии) захираҳои ашёҳои минералиро таҳия ва амалӣ менамояд;
- мониторинги давлатии ҳолати қаъри заминро амалӣ мегардонад, тартиби бурдани онро муқаррар намуда, дар амалӣ гардонидани мониторинги давлатии ҳолати дигар намудҳои захираҳои табиӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти ичроия ширкат меварзад;
- додани тавсияҳо доир ба омӯзиши геологӣ, истифодабарии самаранок ва ҳифзи қаъри замин ;
- фонди давлатии манбаҳои иттилоотиро, ки маълумотро оид ба ҳолати базаи ашёи минералии иктисодиёти мамлакат дар бар мегирад, ташкил намуда, бо тартиби мукарраргардида истифодабарии ин маълумотро танзим менамояд, таҳияи гузоришҳои давлатиро оид ба ҳолат ва истифодабарии захираҳои ашёи минералии Ҷумхурии Тоҷикистон омода месозад;
- дар ҳудуди салоҳиятҳои муқарраршуда ҳамкории байнидавлатиро дар соҳаи истифодаи қаъри замин амалӣ мегардонад, бо тартиби муқарраргардида созишномаҳои дахлдорро ба имзо мерасонад ва ӯҳдадориҳои шартномаҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамояд;
- экспертизаи ҳисоботҳои геологӣ оид ба иктишофи захираҳои канданиҳои фоиданок ва хусусиятҳои дигари қаъри заминро, ки арзиши онҳоро муайян мекунанд, мегузаронад;
- ташкил ва пешбарии Хадамоти давлатии назоратро аз болои равандҳои хатарноки геологӣ ба амалӣ кунад, шабакаи минтақавиро оид ба омӯзиши режим, баланси обҳои зеризамини, муайянсозии манбаъҳои ифлоскунандаи онро ташкил менамояд;
- омӯзиши давлатии геологии қаъри замини қаламрави чумҳуриро таъмин менамояд;
- доир ба истифодабарии обҳои зеризаминӣ тавсия медиҳад, бо тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳоро барои додани иҷозатномаҳои омӯзиши геологӣ омода менамояд ва бо истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ шартномаҳои истифодабарии захираҳои табииро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо мерасонад ;
- дар асоси усулҳои тасдиқнамудаи Саридораи геология баҳодиҳии геологию иқтисодии конҳои канданиҳои фоиданокро таъмин менамояд;
- барои тасдиқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон классификатсияи захираҳои канданиҳои фоиданокро пешниҳод менамояд ва дар асоси он тартибдиҳӣ ва иҷрои баланси давлатии захираҳои канданиҳои фоиданокро ташкил менамояд;
- фаъолияти Фонди давлатии иттилооти геологиро оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ҷамъоварӣ, таҳлил, ҳифз, бақайдгирӣ ва шартҳои истифодабарии иттилооти геологиро оид ба қаъри замин муайян менамояд;
- тибқи тартиби муқарраршуда тартиб ва шартҳои истифодабарии маълумоти геологиро оид ба қаъри замин амалӣ менамояд, барои аз ҳудуди ҷумҳурӣ баровардани ахборот оид ба қаъри замин, инчунин баровардани маҳакҳои лабораторӣ, маводҳои коллексионӣ, намунаҳои чинсҳои кӯҳӣ ва минералҳо, маъданҳо, консентратҳо ва ашёи ғайримаъданӣ хулосаҳо медиҳад;
- номгӯи канданиҳои фоиданоки маъмулро муайян ва барои тасдиқ намудан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- корҳои бо тартиби муқарраргардида тартиб додан ва ба нашр расондани харитаҳои давлатии геологӣ, геофизикӣ, геохимиявӣ, гидрогеологӣ, мухандисӣ-геологӣ, геоэкологӣ ва дигар харитаҳои мазмуни геологӣ доштаро ташкил менамояд;
- бо тартиби муқарраргардида маблағҳои аз буҷетӣ давлатӣ барои омӯзиши геологии қаъри замин ҷудошуда, аз ҷумла маблағҳои фондҳои мақсадноки буҷетиро, ки барои чорабиниҳо дар соҳаи омӯзиш, истифодабарию ҳифз ва азнавбарқароркунии базаи ашёи минералии давлат равон карда шудаанд, тақсим менамояд;
- роҳбарии методиро ба сохторҳои тобеи худ дар масъалаҳои ҳисоботбарии бухгалтерӣ ва ҳисобот анҷом дода, ҳисоботи ҷамъбастиро тартиб медиҳад ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд;
- омӯзиш ва бозомузию баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандонро дар соҳа ташкил ва таъмин месозад;
- чорабиниҳоро оид ба такмил додани муносибатҳои меҳнатӣ, ҳимояи иҷтимоии кормандони соҳа таҳия ва амалӣ мегардонад;
- дигар функсияҳоеро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад, анҷом медиҳад;
6. Саридораи геология дар доираи салоҳияташ ҳуқуқ дорад, ки:
- бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои дар салоҳияти Саридораи геология буда, маълумот талаб намояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, длгар мақомоте, ки барои ҳуқуқи истифодабарии қаъри замин иҷозатнома (литсензия) додаанд ва ба мақомоти назоратӣ, оид ба қатъ кардан, боздоштан ё маҳдуд кардани ҳуқуқи истифодабарандагони қаъри замин ба ҳуқуқи истифодаи қитъаи қаъри замин, обҳои зеризаминӣ (обҳои ширин, маъданӣ, термалӣ), фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолияти худро бо вайронкунии талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодабарӣ ва ҳифзи қаъри замин амалӣ менамоянд, таклифҳо пешниҳод намояд;
- масъалаҳои вобаста ба риояи талаботи қонунгузорӣ оид ба истифодабарии қаъри замин аз ҷониби сохторҳои тобеъ, корхонаҳо, ташкилотҳо ва идораҳо новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, инчунин шахсони воқеъиро ба муҳокима гузорад.
- дар соҳаи истифодабарии қаъри замин аз рӯи масъалаҳои дар доираи салоҳияти Саридораи геология буда, назорати соҳавӣ барад;
- бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳоро доир ба вайронкуниҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодабарии қаъри замин ва дигар қонуншиканиҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ фиристад.
III. Ташкили фаъолият
7. Саридораи геологияро Сардор сарварӣ мекунад, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад. Сардор муовини аввал ва 2 муовин дорад, ки онҳоро бо пешниҳоди ӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазива таъин ва аз вазифа озод менамояд.
8. Сардори Саридораи геология:
- ба фаъолияти Саридораи геология дар асоси яккасардорӣ сарварӣ мекунад ва барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Саридораи геология вогузоршуда ва амалӣ гардондани функсияҳои он масъулияти шахсӣ дорад;
- вазифаҳоро байни муовинон тақсим мекунад;
- бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии хуқукии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодабарии қаъри замин таклиф ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод менамояд;
- вазифаю масъулияти роҳбарони воҳидҳои сохториро муқаррар ва муайян мекунад;
- бо тартиби муқарраргардида басти вазифаҳои дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунии Саридораи геология ва сметаи хароҷоти онҳоро тасдиқ менамояд;
- низомномаи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва оинномаҳои ташкилотҳои низоми Саридораи геологияро тасдиқ менамояд;
- кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, роҳбарони ташкилотҳои низоми Саридораи геологияро бо тартиби муқарраргардида ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда, бо онҳо шартномаи меҳнатӣ мебандад, онро тағйир медиҳад, қатъ менамояд ва вазифаҳои хизматии онҳоро муайян менамояд ;
- бо тартиби муқарраргардида кормандони сазоворро барои гирифтани унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатӣ пешниҳод мекунад, тадбирҳои ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавиро меандешад, бо тартиби муқарраргардида мукофотҳои соҳавӣ таъсис медиҳад, низомномаи онҳоро тасдиқ менамояд, кормандонро ба нишонҳои фахрии соҳавӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз мегардонад;
9. Дар Саридораи геология Ҳайати мушовара дар хайати сардори Саридораи геология (раиси Ҳайати мушовара), муовинони сардор, ки аз рӯи вазифаашон ба ҳайати мушовара дохил мешаванд, амал менамояд. Ба ҳайати мушовара инчунин дигар кормандони роҳбарикунандаи дастгоҳи марказӣ дохил мегарданд. Шумора ва ҳайати мушовараро, ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа дохил мешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Ҳайати мушовара дар ҷаласаҳои худ масъалаҳои асосии фаъолияти Саридораи геологияро муҳокима мекунад, қарори ҳайати мушовара бо аксарияти овозҳои аъзои ҳайати мушовара қабул карда шуда, дар шакли протоколҳо тартиб дода мешавад ва бо фармоиши сардор ба расмият дароварда мешавад;
10. Дар Саридораи геология шӯроҳои илмӣ-техникӣ, экспертӣ ва дигар шӯроҳо, комиссияҳои муваққатии корӣ ташкил карда мешаванд; ҳайати Шӯроҳои номбурда ва низомномаҳои онҳоро сардор тасдиқ менамояд.
11. Дар назди Саридораи геология Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, фаъолият менамояд, ки дар асоси низомномаи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда, амал мекунад.
12. Саридораи геология дар доираи салоҳияти худ мувофиқи тартиби муқарраргардида амрҳо, фармоишҳо, қоидаҳо, адабиёти геологию методӣ, дастурҳо ва низомномаҳо (дар мавридҳои зарурӣ, бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия) интишор медиҳад, супоришҳо медиҳад, иҷрои онҳоро назорат мекунад, инчунин нашрияи чопии соҳавӣ дорад.
13. хориҷ карда шуд .
14. Саридораи геологияи назди Ҳукуматп Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ, дорои тавозуни мустақил, муҳр бо инъикоси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забони давлатӣ ва русӣ, муҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад .
15. Маҳали ҷойгиршавии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 27 мебошад.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 617
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳо
Шуъбаи коргузорӣ ва назорат
Шуъбаи илм ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ
Шуъбаи геология
Шуъбаи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ
Шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивӣ
Шуъбаи назорати геологӣ ва фондҳои иттилооти геологӣ
Шуъбаи робитаҳои хориҷӣ
Шуъбаи иқтисод
Шуъбаи истеҳсолию техникӣ
Шуъбаи баҳисобгирӣ ва молия
Бахши низоми махфӣ ва бойгонӣ
Бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонӣ
Замимаи 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 марти соли 2024, № 206
Нақшаи идоракунии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Намояндагии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 617
тасдиқ шудааст
Номгӯйи ташкилотҳои низоми Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корхонаи воҳиди "Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум"
Корхонаи воҳиди "Экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён"
Корхонаи воҳиди "Экспедитсияи гидрогеологии Ҷанубӣ"
Корхонаи воҳиди "Экспедитсияи ҷустуҷӯию аксбардории геологӣ"
Корхонаи воҳиди "Экспедитсияи иктишофии геологии Помир"
Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок
Муассисаи давлатии "Рӯзномаи Ганҷ"
Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Экспедитсияи иктишофию геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ"
Муассисаи давлатии "Маркази таълимии бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Корхонаи воҳиди давлатии "Экспедитсияи иктишофи геологии ашёи радиоактивӣ"
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ташхисгоҳи геологӣ"
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Экспедитсияи геофизикии Ҷанубӣ"
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Экспедитсияи иктишофи геологии Ҷануби Тоҷикистон"
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 617
тасдиқ шудааст
Низомномаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2007 № 656)
I. Қоидаҳои умумӣ
1. Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Саридораи геология) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, сиёсати давлатиро дар идоракунӣ ва танзими омӯзиши геологии қаъри замин, самаранок истифодабарӣ ва азнавбарқароркунии захираҳои ашёи минералӣ татбиқ ва амалӣ менамояд, инчунии Фонди давлатии иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш мебарад.
2. Саридораи геология дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эьтирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Низомномаро таҳти роҳбарӣ қарор медиҳад.
3. Саридораи геология фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ амалӣ мегардонад.
II. Ваколатҳо
4. Ваколатҳои асосии Саридораи геология, аз инҳо иборатанд:
- таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ, амалӣ гардонидани идоракунии давлатӣ дар соҳаи омӯзиш, азнавбарқароркунӣ, истифода ва ҳифзи қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳия ва татбиқи чорабиниҳое, ки барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти иқтисодиёти давлат ба захираҳои ашёи минералӣ ва истифодаи самараноки онҳо равона карда шудаанд;
- гузаронидани корҳои иктишофи геологии канданиҳои фоиданок, аз ҷумла обҳои зеризаминӣ (обҳои ширин, минералӣ,саноатӣ, термалӣ) ва ашёи энергетикию сӯзишворӣ;
- мураттаб ва ба таври комплексӣ омӯхтани қаъри замин бо мақсади азнавбарқароркунии базаи ашёи минералӣ;
- таъмини саривақтии афзоиши захираҳои канданиҳои фоиданок;
- анҷом додани назорати соҳавӣ аз болои самаранок истифодабарӣ ва ҳифзи қаьри замин, иҷрои талаботи қонунгузорӣ оид ба истифодабарии қаъри замин;
- пешбарии системаи ягонаи фонди иттилооти геологӣ;
- бақайдгирии давлатӣ дар Фонди давлатии иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷозатномаҳо (литсензияҳо) ва қарордодҳое, ки барои ҳамаи намудҳои истифодабарии қаъри замин, мақомоти салоҳиятдор бо тартиби муқарраршуда додааст;
- баҳисобгирии давлатии қитьаҳои қаьри замин, ки барои истихроҷи канданиҳои фоиданок истифода мешаванд ва иншоотҳои зеризаминие, ки ба истихроҷи канданиҳои фоиданок алоқаманд нестанд;
- бақайдгирии давлатӣ ва ҳисобгирии давлатии корҳои ба омӯзиши геологии қаъри замини ҷумҳурӣ вобаста буда, корҳои мувофиқи шартномаҳои байнидавлатӣ гузаронидашаванда, инчунин хамаи корҳои ба истифодабарии қаъри замин дахлдошта, новобаста аз манбаи маблағгузории онҳо;
- ҳифзи қаъри замин ва муҳити атроф дар мавриди омӯзиши геологии онҳо;
- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои байнидавлатӣ оид ба омӯзиши геологии қаъри замин;
- ҳамоҳангсозӣ ва кӯмакрасонии маслиҳтӣ дар фаъолияти дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия оид ба масьалаҳои омӯзиши геологии қаъри замин, азнавбарқароркунӣ ва истифодаи захираҳои ашёи минералӣ;
- баҳодиҳии комплексӣ ва дурнамосозии ҳолати муҳандисӣ - геологӣ, гидрогеологии мухити атроф ва истифодабарии захираҳои табиӣ, мувофиқи тартиби муқарраршуда бо ахбори лозимӣ таьмин намудани мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо ва аҳолӣ;
- дар доираи салоҳияти муқаррарнамуда ва дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дигар ҳамоҳангсозӣ ва ташкили иҷрои ӯҳдадориҳое, ки аз аъзогии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ бармеояд, мусоидат намудан ба ҷалби сармоягузориҳо барои азхудкунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои ашёҳои минералӣ;
- ҷамъоварӣ ва пешниҳоди иттилоот оид ба масъалаҳои самаранок ва мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои омӯзиши геологии қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд;
- мувофиқакунӣ ва бақайдгирии лоиҳаҳои корҳои геологӣ - иктишофӣ дар Фонди давлатии иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи ҳамаи ташкилотҳо, новобаста аз манбаи маблағгузориашон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешаванд ва баҳисобгирии иҷрои марҳалавии онҳо;
- муқарраркунии тартиби ба Фонди давлатии иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани маводҳои геологӣ, назорат аз болои риояи он, инчунин ташкили нигоҳдории мутамарказонидашудаи маводҳои геологӣ, истифодаю баҳисобгирии онҳо;
- иҷрокунандаи функсияи мақоми иҷроияи иҷозатномадиҳии истифодабарии қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва функсияи мақоми салоҳиятдор оид ба бастани қарордод дар соҳаи истифодабарии қаъри замин;
- таъмин намудани иҷрои қонунгузорӣ оид ба сирри давлатӣ ва номгӯи маълумоти ба сирри давлатӣ мансуббуда;
- тасдиқ намудани захираҳои конҳои иктишофшуда дар комиссияҳои соҳавии захираҳои канданиҳои фоиданоки Саридораи геология;
- барои тасдиқи Комиссияи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани захираҳои канданиҳои фоиданоки конҳои дақиқ иктишофшуда;
- ба корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо додани хулосаҳо оид ба мавҷуд будан ё набудани канданиҳои фоиданок дар қаъри замини майдонҳои барои сохтмон пешбинишуда, инчунин хулосаҳо оид ба хусусияти муҳандисӣ-геологии минтақаҳо, хулосаҳои геологӣ дар бораи имконият ва мақсаднок будани истихроҷи конҳо;
- иҷрои корҳои сохтмонии хусияти асосӣ ва муваққатӣ дошта;
- амалӣ намудани чорабиниҳо барои ҳифзи меҳнат на техникаи бехатарӣ.
5. Саридораи геология тибқи ӯҳдадориҳои ба зиммааш вогузоршуда, дар соҳаи амалӣ гардонидани сиёсати давлатии истифодаи қаъри замин вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- дар мувофиқа бо мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи танзими муносибатҳои истифодабарии қаъри замин самтҳои асосии омӯзиш, азнавбарқароркунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои ашёҳои минералиро таҳия менамояд;
- барномаҳои мақсадноки давлатии омӯзиши геологии қаъри замин, рушди базаи ашёи минералии ҷумҳуриявиро, таҳия ва иҷрои онҳоро таъмин менамояд, инчунин бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ, ки масъалаҳои истифодабарии қаъри замин, ҳифзи муҳити зист, бо об таъмин намудани аҳолӣ ва объектҳои иқтисодиро дар бар мегиранд, иштирок менамояд;
- самтҳои афзалиятдори корхои тадқиқоти-илмӣ, таҷрибавӣ-конструкторӣ ва лоиҳавӣ - тадқиқотиро (аз ҷумла ташкили гузарондани онҳоро), таҳия ва тасдиқ намуда, техникаи навин ва технологияи прогрессивиро дар соҳаҳои муқарраршуда ҷорӣ менамояд;
- дар ҳудуди салоҳияташ функсияи фармоишгари давлатиро ба зимма гирифта, иҷрои корҳоро оид ба омӯзиши геологии қаъри замин таъмин менамояд;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида лоиҳаи санадхои меъёрии ҳуқуқиро тартиб дода, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- тибқи тартиби муқурраргардида дар доираи масьалаҳои ба салоҳияти Саридораи геология гузошташуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқиро (ки минбаъд дар мавридҳои муқарраршуда ба кайди давлатӣ гирифта мешаванд) таҳия ва қабул мекунад, ки барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии истифодабарандаи қаъри замин ҳатмӣ мебошад;
- дар доираи салоҳияташ экспертизаи захираҳои канданиҳои фоиданокро мегузаронад, инчунин экспертизаи ҳуҷҷатхои лоиҳавӣ-сметавиро барои бурдани корҳо оид ба омӯзиши геологии қаъри замин, новобаста аз манбаъҳои маблағгузорӣ, мегузаронад;
- кадастри давлатии конҳо ва зуҳуротҳои канданиҳои фоиданок, бақайдгирии давлатӣ ва реестри давлатии корҳои омӯзиши геологии қаъри замин, қитъаҳои қаъри заминро, ки барои истихроҷи канданиҳои фоиданок, инчунин мақсадҳои ба истихроҷ вобаста набуда, кадастри давлатии обҳои зеризаминӣ, кадастри давлатии партовҳо ва реестри давлатии ҷойгиршавии объектҳои онҳоро мебарад;
- бо иштироки мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои такмил додани механизми танзими иқтисодии самаранок истифодабарии қаъри замин, усулҳои баҳодиҳии иқтисодии (арзишии) захираҳои ашёҳои минералиро таҳия ва амалӣ менамояд;
- мониторинги давлатии ҳолати қаъри заминро амалӣ мегардонад, тартиби бурдани онро муқаррар намуда, дар амалӣ гардонидани мониторинги давлатии ҳолати дигар намудҳои захираҳои табиӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти ичроия ширкат меварзад;
- аз болои омӯзиши геологӣ, самаранок истифодабарӣ ва ҳифзи қаъри замин назорати давлатӣ мебарад;
- фонди давлатии манбаҳои иттилоотиро, ки маълумотро оид ба ҳолати базаи ашёи минералии иктисодиёти мамлакат дар бар мегирад, ташкил намуда, бо тартиби мукарраргардида истифодабарии ин маълумотро танзим менамояд, таҳияи гузоришҳои давлатиро оид ба ҳолат ва истифодабарии захираҳои ашёи минералии Ҷумхурии Тоҷикистон омода месозад;
- дар ҳудуди салоҳиятҳои муқарраршуда ҳамкории байнидавлатиро дар соҳаи истифодаи қаъри замин амалӣ мегардонад, бо тартиби муқарраргардида созишномаҳои дахлдорро ба имзо мерасонад ва ӯҳдадориҳои шартномаҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамояд;
- экспертизаи ҳисоботҳои геологӣ оид ба иктишофи захираҳои канданиҳои фоиданок ва хусусиятҳои дигари қаъри заминро, ки арзиши онҳоро муайян мекунанд, мегузаронад;
- ташкил ва пешбарии Хадамоти давлатии назоратро аз болои равандҳои хатарноки геологӣ ба амалӣ кунад, шабакаи минтақавиро оид ба омӯзиши режим, баланси обҳои зеризамини, муайянсозии манбаъҳои ифлоскунандаи онро ташкил менамояд;
- омӯзиши давлатии геологии қаъри замини қаламрави чумҳуриро таъмин менамояд;
- оид ба истифодабарии обҳои зеризаминӣ иҷозат медиҳад, гузаронидани озмунҳо ва музоядаҳоро барои гирифтани ҳуқуқи истифодаи қаъри замин, бо тартиби муқарраргардида таҳияи ҳуҷҷатҳоро барои додани иҷозатномаҳо ва қарордодҳои истифодаи қаъри замин, ташкил менамояд;
- дар асоси усулҳои тасдиқнамудаи Саридораи геология баҳодиҳии геологию иқтисодии конҳои канданиҳои фоиданокро таъмин менамояд;
- барои тасдиқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон классификатсияи захираҳои канданиҳои фоиданокро пешниҳод менамояд ва дар асоси он тартибдиҳӣ ва иҷрои баланси давлатии захираҳои канданиҳои фоиданокро ташкил менамояд;
- фаъолияти Фонди давлатии иттилооти геологиро оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ҷамъоварӣ, таҳлил, ҳифз, бақайдгирӣ ва шартҳои истифодабарии иттилооти геологиро оид ба қаъри замин муайян менамояд;
- тибқи тартиби муқарраршуда тартиб ва шартҳои истифодабарии маълумоти геологиро оид ба қаъри замин амалӣ менамояд, барои аз ҳудуди ҷумҳурӣ баровардани ахборот оид ба қаъри замин, инчунин баровардани маҳакҳои лабораторӣ, маводҳои коллексионӣ, намунаҳои чинсҳои кӯҳӣ ва минералҳо, маъданҳо, консентратҳо ва ашёи ғайримаъданӣ хулосаҳо медиҳад;
- номгӯи канданиҳои фоиданоки маъмулро муайян ва барои тасдиқ намудан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- корҳои бо тартиби муқарраргардида тартиб додан ва ба нашр расондани харитаҳои давлатии геологӣ, геофизикӣ, геохимиявӣ, гидрогеологӣ, мухандисӣ-геологӣ, геоэкологӣ ва дигар харитаҳои мазмуни геологӣ доштаро ташкил менамояд;
- бо тартиби муқарраргардида маблағҳои аз буҷетӣ давлатӣ барои омӯзиши геологии қаъри замин ҷудошуда, аз ҷумла маблағҳои фондҳои мақсадноки буҷетиро, ки барои чорабиниҳо дар соҳаи омӯзиш, истифодабарию ҳифз ва азнавбарқароркунии базаи ашёи минералии давлат равон карда шудаанд, тақсим менамояд;
- роҳбарии методиро ба сохторҳои тобеи худ дар масъалаҳои ҳисоботбарии бухгалтерӣ ва ҳисобот анҷом дода, ҳисоботи ҷамъбастиро тартиб медиҳад ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд;
- омӯзиш ва бозомузию баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандонро дар соҳа ташкил ва таъмин месозад;
- чорабиниҳоро оид ба такмил додани муносибатҳои меҳнатӣ, ҳимояи иҷтимоии кормандони соҳа таҳия ва амалӣ мегардонад;
- дигар функсияҳоеро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад, анҷом медиҳад;
6. Саридораи геология дар доираи салоҳияташ ҳуқуқ дорад, ки:
- бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои дар салоҳияти Саридораи геология буда, маълумот талаб намояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, длгар мақомоте, ки барои ҳуқуқи истифодабарии қаъри замин иҷозатнома (литсензия) додаанд ва ба мақомоти назоратӣ, оид ба қатъ кардан, боздоштан ё маҳдуд кардани ҳуқуқи истифодабарандагони қаъри замин ба ҳуқуқи истифодаи қитъаи қаъри замин, обҳои зеризаминӣ (обҳои ширин, маъданӣ, термалӣ), фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолияти худро бо вайронкунии талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодабарӣ ва ҳифзи қаъри замин амалӣ менамоянд, таклифҳо пешниҳод намояд;
- масъалаҳои вобаста ба риояи талаботи қонунгузорӣ оид ба истифодабарии қаъри замин аз ҷониби сохторҳои тобеъ, корхонаҳо, ташкилотҳо ва идораҳо новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, инчунин шахсони воқеъиро ба муҳокима гузорад.
- дар соҳаи истифодабарии қаъри замин аз рӯи масъалаҳои дар доираи салоҳияти Саридораи геология буда, назорати соҳавӣ барад;
- бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳоро доир ба вайронкуниҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодабарии қаъри замин ва дигар қонуншиканиҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ фиристад.
III. Ташкили фаъолият
7. Саридораи геологияро Сардор сарварӣ мекунад, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад. Сардор муовини аввал ва 2 муовин дорад, ки онҳоро бо пешниҳоди ӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазива таъин ва аз вазифа озод менамояд.
8. Сардори Саридораи геология:
- ба фаъолияти Саридораи геология дар асоси яккасардорӣ сарварӣ мекунад ва барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Саридораи геология вогузоршуда ва амалӣ гардондани функсияҳои он масъулияти шахсӣ дорад;
- вазифаҳоро байни муовинон тақсим мекунад;
- бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии хуқукии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодабарии қаъри замин таклиф ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод менамояд;
- вазифаю масъулияти роҳбарони воҳидҳои сохториро муқаррар ва муайян мекунад;
- сохтор ва ҷадвали штатии дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохторӣ, сметаи хароҷотҳои онҳоро тасдиқ менамояд;
- оиннома ва низомномаҳои воҳидҳои сохториро тасдиқ менамояд;
- бо тартиби муқарраргардида кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарони воҳидҳои сохториро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад, бо онҳо қарордод мебандад, қарордодҳоро тағйир медиҳад ё қатъ мегардонад, вазифаҳои хизматии онҳоро муайян менамояд;
- бо тартиби муқарраргардида кормандони сазоворро барои гирифтани унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатӣ пешниҳод мекунад, тадбирҳои ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавиро меандешад, бо тартиби муқарраргардида мукофотҳои соҳавӣ таъсис медиҳад, низомномаи онҳоро тасдиқ менамояд, кормандонро ба нишонҳои фахрии соҳавӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз мегардонад;
9. Дар Саридораи геология Ҳайати мушовара дар хайати сардори Саридораи геология (раиси Ҳайати мушовара), муовинони сардор, ки аз рӯи вазифаашон ба ҳайати мушовара дохил мешаванд, амал менамояд. Ба ҳайати мушовара инчунин дигар кормандони роҳбарикунандаи дастгоҳи марказӣ дохил мегарданд. Шумора ва ҳайати мушовараро, ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа дохил мешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Ҳайати мушовара дар ҷаласаҳои худ масъалаҳои асосии фаъолияти Саридораи геологияро муҳокима мекунад, қарори ҳайати мушовара бо аксарияти овозҳои аъзои ҳайати мушовара қабул карда шуда, дар шакли протоколҳо тартиб дода мешавад ва бо фармоиши сардор ба расмият дароварда мешавад;
10. Дар Саридораи геология шӯроҳои илмӣ-техникӣ, экспертӣ ва дигар шӯроҳо, комиссияҳои муваққатии корӣ ташкил карда мешаванд; ҳайати Шӯроҳои номбурда ва низомномаҳои онҳоро сардор тасдиқ менамояд.
11. Дар назди Саридораи геология Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, фаъолият менамояд, ки дар асоси низомномаи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда, амал мекунад.
12. Саридораи геология дар доираи салоҳияти худ мувофиқи тартиби муқарраргардида амрҳо, фармоишҳо, қоидаҳо, адабиёти геологию методӣ, дастурҳо ва низомномаҳо (дар мавридҳои зарурӣ, бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия) интишор медиҳад, супоришҳо медиҳад, иҷрои онҳоро назорат мекунад, инчунин нашрияи чопии соҳавӣ дорад.
13. Маблағгузории фаъолияти Саридораи геология аз хисоби маблағҳои оператсионии буҷети давлатӣ, аз рӯи нақшаҳои тасдиқшудаи омӯзиши геологии қаъри замин ва рушди заминаи .ашёи минералии иқтисодиёти мамлакат, инчунин аз манбаъҳои корҳои шартномавӣ сурат мегирад, хароҷоти фаъолияти дастгоҳи марказӣ бошад аз ҳисоби маблағҳои ҷудокардаи сохторҳои тобеъ, ташкилотҳо ва дигар фаъолиятҳо пардохт мешавад.
14. Саридораи геологияи назди Ҳукуматп Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ, дорои баланси мустақил, муҳр бо инъикоси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забони давлатӣ ва русӣ, муҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо мебошад, суратҳисобҳо, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳо кушода шудаанд, дорад.
15. Маҳали ҷойгиршавии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 27 мебошад.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 617
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Шӯъбаи ҳукуқ ва кор бо кадрҳо
Шӯъбаи умумӣ ва корҳои махсус
Шӯъбаи илм ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ
Шӯъбаи таҳлили корҳои ҷустуҷӯӣ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок
Шӯъбаи фондҳои иттилооти геологӣ оид ба қаъри замин
Шӯъбаи назорати геологӣ
Шӯъбаи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ
Шӯъбаи робитаҳои хориҷӣ
Шӯъбаи истехсолӣ-иқтисодӣ
Шӯъбаи техникӣ
Шӯъбаи ҳисобот ва молия
Бахши хоҷагию маъмурӣ
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 617
тасдиқ шудааст
Номгуи ташкилотҳои системаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корхонаи воҳиди "Экспедитсияи комплсксии геологии Қайроққум", вилояти Суғд, шаҳри Қароққум, шаҳраки Сирдарё.
Корхонаи воҳиди "Экспедитсияи иктишофи геологии Могиён", вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, шаҳраки Боймурод Холмуродов.
Корхонаи воҳиди "Экспедитсияи иктишофи геологии Ҷануби Тоҷикистон", ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Исмоили Сомонӣ.
Корхонаи воҳиди "Экспедитсияи гидрогеологии Ҷанубӣ" шаҳри Ваҳдат, шаҳраки Разведчикҳо.
Корхонаи воҳиди "Экспедитсияи геофизикии Ҷанубӣ" шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Озодӣ, 12.
Корхонаи воҳиди "Экспедитсияи ҷустуҷӯию аксбардории геологӣ", шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 25.
Корхонаи воҳиди "Экспедитсияи иктишофии геологии Помир" шаҳри Душанбе, кучаи Беҳзод 13/83.
Корхонаи воҳиди "Коркард ва фурӯш", ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Навобод.
Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок ().