Қарор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011 № 437 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 617"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 617

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 617 "Дар бораи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "56" ба рақами "59" иваз карда шавад.

2) Ба Низомномаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 617 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

дар банди 5:

а) баъд аз сархати панҷум сархати нав бо мазмуни зайл илова илова карда шавад:

"- бо мақсади ба таври мунтазам ва комплексӣ омӯхтани қаъри замин марҳилаҳо ва давраҳои гузаронидани корҳои иктишофи геологии конҳои канданиҳои фоиданокро муайян менамояд;";

б) дар сархати шашум калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқиро (ки минбаъд дар мавридҳои муқарраршуда ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд)" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (ки минбаъд дар мавридҳои муқарраршуда ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд), стандартҳо, дастурҳо ва дастурамалҳои методиро" иваз карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 августи соли 2011 № 437

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, № 617

В соответствии со статьёй 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) В пункте 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №617 "О Главном управлении геологии при Правительстве Республики Таджикистан" цифру "56" заменить на цифру "59".

2) В Положение Главного управления геологии при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №617 внести следующие изменения и дополнения:

в пункте 5:

а) после пятого абзаца дополнить новым абзацем следующего содержания:

"- определяет этапы и стадии проведения геологоразведочных работ месторождений полезных ископаемых, с целью планомерного и комплексного изучения недр;";

б) в шестом абзаце слова "нормативно-правовые акты (с последующей государственной регистрацией их в установленном порядке)" заменить словами "нормативно-правовые акты (с последующей государственной регистрацией их в установленном порядке), стандарты, инструкции и методические указания;".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

от 30 августа 2011 года №437

г. Душанбе