Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 389 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 617"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 617

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 617 "Дар бораи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- ба Сохтори дастгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Намояндагии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон";

- дар Номгӯи ташкилотҳои системаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаҳои "Корхонаи воҳиди "Коркард ва фурӯш", ноҳияи Рудакӣ, шаҳраки Навобод" хориҷ карда шуда, сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"Рӯзномаи Ганҷ", шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 13/83,

Корхонаи воҳиди "Лабораторияи марказӣ" шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 25".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 августи соли 2008 № 389

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года № 617

В соответствии со статьёй 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

В постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года № 617 "О Главном управлении геологии при Правительстве Республики Таджикистан" внести следующие изменения и дополнения:

- Структуру центрального аппарата Главного управления геологии при Правительстве Республики Таджикистан дополнить новым абзацем следующего содержания:

"Представительство Главного управления геологии при Правительстве Республики Таджикистан в Горно-Бадахшанской автономной области";

- в Перечне подразделений системы Главного управления геологии при Правительстве Республики Таджикистан исключить слова "Унитарное предприятие "Промыслово-сбытовое", район Рудаки, посёлок Навобод" и дополнить его новыми абзацами следующего содержания:

"Газета "Гандж", город Душанбе, улица Бехзод 13/83;

Унитарное предприятие "Центральная лаборатория", город Душанбе, улица Мирзо Турсунзода, 25".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                Эмомали Рахмон

от 1 августа 2008 года № 389

 ш. Душанбе