Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, № 206 "Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №617"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №617

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №617 "Дар бораи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаи зерин ворид карда шавад:

1) бандҳои 1, 2 ва 4 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"1. Низомнома, сохтори марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯйи ташкилотҳои низоми Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

2. Шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 59 воҳиди корӣ (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ 57 воҳид, муқаррар карда шавад.

4. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ ва мақомоте, ки ба нақшаи идоракунии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, инчунин корҳои омӯзиши геологии қаъри замин ва рушди заминаи ашёи минералии иқтисодиёти мамлакат аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои махсуси Саридора ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.";

2) ба Низомномаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти зерин ворид карда шавад:

- аз банди 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;

- сархатҳои дувоздаҳум ва ҳаждаҳуми банди 5 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"- додани тавсияҳо доир ба омӯзиши геологӣ, истифодабарии самаранок ва ҳифзи қаъри замин;

- доир ба истифодабарии обҳои зеризаминӣ тавсия медиҳад, бо тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳоро барои додани иҷозатномаҳои омӯзиши геологӣ омода менамояд ва бо истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ шартномаҳои истифодабарии захираҳои табииро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо мерасонад;";

- сархатҳои панҷум, шашум ва ҳафтуми банди 8 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении изменений и дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №617

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №617 "О Главном управлении геологии при Правительстве Республики Таджикистан" следующие изменение и дополнения:

1) пункты 1, 2 и 4 изложить в следующей редакции:

"1. Утвердить положение, структуру центрального аппарата, схему управления и перечень организаций системы Главного управления геологии при Правительстве Республики Таджикистан (приложения 1, 2, 3 и 4).

2. Численность государственных служащих Главного управления геологии при Правительстве Республики Таджикистан установить в количестве 59 штатных единиц (без обслуживающего персонала), в том числе 57 единиц центрального аппарата.

4. Финансирование центрального аппарата и органов, входящих в схему управления Главного управления геологии при Правительстве Республики Таджикистан, а также работ по геологическому изучению недр и развитию минерально-сырьевой базы экономики страны осуществлять в установленном порядке за счет средств республиканского бюджета, специальных средств Главного управления и других источников финансирования, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан, по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан.";

2) внести в Положение о Главном управлении геологии при Правительстве Республики Таджикистан следующие изменения:

- двенадцатый и восемнадцатый абзацы пункта 5 изложить в следующей редакции:

"- выдает рекомендации о геологическом изучении, рациональном использовании и охране недр;

- выдает рекомендации об использовании подземных вод, в установленном порядке подготавливает документы по выдаче лицензий на геологическое изучение, и в установленном Правительством Республики Таджикистан порядке подписывает с недропользователями договора об использовании природных ресурсов;";

- пятый, шестой и седьмой абзацы пункта 8 изложить в следующей редакции:

"- в установленном порядке утверждает штатное расписание центрального аппарата, схему управления Главного управления геологии и смету их расходов;

...