Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 617 "Дар бораи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 30.03.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.08.2011 № 437, аз 30.03.2024 № 206)

 

Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷихати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, сохтори марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯйи ташкилотҳои низоми Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

2. Шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 59 воҳиди корӣ (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ 57 воҳид, муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2024 № 206).

3. Ба Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 3 муовини Сардор, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад.

Барои дастгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомошинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 4 адад муқаррар карда шавад.

4. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ ва мақомоте, ки ба нақшаи идоракунии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, инчунин корҳои омӯзиши геологии қаъри замин ва рушди заминаи ашёи минералии иқтисодиёти мамлакат аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои махсуси Саридора ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2024 № 206).

5. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шаванд:

- аз 31 декабри соли 2002 № 520 "Дар бораи Низомномаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Геологияи тоҷик";

- аз 3 декабри соли 2006 № 483 "Дар бораи Комиссияи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 28 декабри соли 2006 № 617

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Главном управлении геологии при Правительстве Республики Таджикистан

(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.08.2011г.№437, от 30.03.2024 №206)

В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан от 30 ноября 2006 года №9 "О совершенствование структуры центральных органов исполнительной власти" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить положение, структуру центрального аппарата, схему управления и перечень организаций системы Главного управления геологии при Правительстве Республики Таджикистан (приложения 1, 2, 3 и 4) (в редакции пост. Правительства РТ от 30.03.2024 №206).

2. Численность государственных служащих Главного управления геологии при Правительстве Республики Таджикистан установить в количестве 59 штатных единиц (без обслуживающего персонала), в том числе 57 единиц центрального аппарата (в редакции пост. Правительства РТ от 30.03.2024 №206).

3. Разрешить Главному управлению геологии при Правительстве Республики Таджикистан иметь 3 заместителей Начальника, в том числе одного первого и коллегию в составе 7 человек.

Установить для центрального аппарата Главного управления геологии при Правительстве Республики Таджикистан лимит легковых служебных автомобилей в количестве 4 единиц.

4. Финансирование центрального аппарата и органов, входящих в схему управления Главного управления геологии при Правительстве Республики Таджикистан, а также работ по геологическому изучению недр и развитию минерально-сырьевой базы экономики страны осуществлять в установленном порядке за счет средств республиканского бюджета, специальных средств Главного управления и других источников финансирования, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан, по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан (в редакции пост. Правительства РТ от 30.03.2024 №206).

5. Признать утратившим силу следующие постановления Правительства Республики Таджикистан:

- от 31 декабря 2002 года № 520 "О положении о Главном управлении геологии при Правительстве Республики Таджикистан "Геологияи точик";

- от 3 декабря 2004 года № 483 " О Государственной комиссии по запасам полезных ископаемых при Правительстве Республики Таджикистан".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан              Э. Рахмонов

от 28 декабря 2006 года №617

 г. Душанбе