Замимаи 1
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 587
тасдиқ шудааст
Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2008 № 176, аз 2.07.2008 № 319, аз 28.07.2009 № 449, аз 30.04.2011 № 245, аз 1.07.2011 № 343, аз 12.12.2011 № 626, аз 06.09.2012 № 481, аз 31.03.2014 № 234, аз 28.11.2015 № 704, аз 28.11.2015 № 738, аз 3.06.2016 № 252, аз 21.06.2018 № 332, аз 26.11.2020 № 626)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Вазорат)мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи сиёсати давлат ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаҳои меъёрэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи ҳуқуқи, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ ва криминалистӣ, дигар соҳаҳои адлияе, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, таъмин менамояд .
2. Вазорат фаъолияти мақомот ва ташкилотҳои системаи худро роҳбарӣ, ҳамоҳанг ва назорат менамояд.
3. Вазорат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома ба роҳ мемонад .
4. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ анҷом медиҳад .
II. Ваколатҳо
5. Вазорат дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият вазифаҳои зайлро анҷом медиҳад:
- таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ ва татбиқи санадҳои меъерии ҳуқуқӣ;
- иштирок дар таъмини фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисгон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, гузаронидани санҷиши ҳуқуқии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъминӣ намудани мутобиқатии санадҳои меъёрии ҳуқуқи ба санадҳои меъерии ҳуқуқии амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва шахсоии ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқӣ дар ҷомеа, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва таҳкими қонуният нигароиида шудааст;
- танзими давлатии фаъолияти мақомоти нотариалӣ, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани самаранокии амали онҳо ;
- таъмини риояи қонунгузорӣ ҳангоми бақайдгирии давдатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ӯҳдадориҳои гаравӣ ва консессионӣ ;
- дар доираи ваколатҳои худ таъмин намудапи самаранокии ҳифзи ҳуқуқии манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалии ҳуқуқӣ;
- таъмини иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
- ташкил ва гузаронидани экспертизаи судӣ ва криминалистӣ;
- хориҷ карда шуд
- такмили ихтисоси кадрҳои ҳуқуқшинос бо назардошти талабот ва меъёрҳои замонавӣ;
- таъсиси комиссияи тахассусӣ барои ҳал намудани масъалаҳои соҳиб шудан ба мақоми адвокат ва қатъ намудани он ;
- баррасии саривақт ва босифати шикоятҳо, аризаҳо ва дигар муроҷиати шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ.
Вазорат дорои дигар вазифаҳое низ мебошад, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
6. Вазорат мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш вогузошташуда, ваколатҳои зеринро ба амал мебарорад:
1) дар соҳаи таъмини сиёсати ягонаи давлатии меъёрэҷодкунӣ ва татбиқи санадҳои меъерии ҳуқуқӣ:
- бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси худ лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия менамояд ва барои баррасӣ, тибқи тартиби муқарраршуда, пешниҳод мекунад:
- санҷиши ҳуқуқии лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом медиҳад ва оид ба мутобиқати онҳо ба Конститутсия, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, инчунин техникаи меъёрэҷодкунӣ хулосаи ҳуқуқӣ медиҳад;
- бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳоро, ки бо ташаббуси аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мешаванд, мавриди санҷиши ҳуқуқи қарор медиҳад ва лоиҳаи хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст таклифу пешниҳодот омода менамояд, таклифҳои дигар мақомоти давлатиро оид ба такмили қонунгузорӣ таҳлил ва ҷамъбаст намуда барои баррасӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
- ба мақомоти давлатие, ки лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия месозанд, ёрии методӣ мерасонад;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро мавриди санҷиши ҳуқуқӣ қарор медиҳад ва аз қайди давлатӣ мегузаронад ;
- феҳристи ятонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш мебарад ;
- санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ба ҳисоб мегирад ;
- нусхаҳои назоратии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, пеш мебарад ;
- экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро мегузаронад ;
- хазинаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шакли хаттӣ ва электронӣ ташкил мекунад;
- Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии соҳаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш мебарад ;
2) дар соҳаи ҳамоҳангсозии кори мақомоти давлатӣ роҷеъ ба ташвиқу тарғиби ҳуқуқӣ:
- ҳолати тарғиботи ҳуқуқӣ ва дониши ҳуқуқиро таҳлил намуда, оид ба тақвияти он таклифҳо пешниҳод менамояд;
- дар байни аҳолӣ тарғиби дониши ҳуқуқиро, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқй ва тақкими қонуният равона мегардад, ташкил мекунад;
- дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари давлатӣ корҳои фаҳмондадиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар байни аҳолӣ мегузаронад, нақшаҳои чорабиниҳоро дар корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо таҳия намуда, амалӣ менамояд.
- кори мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро оид ба тарғибу ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ ва фаҳмондадиҳии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ ҳамоҳанг месозад, бо вазъи ин корҳо дар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос мегардад, нақшаҳои кори онҳоро оид ба тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ ҳамоҳанг месозад ва дастуру тавсияҳои методии зарурӣ медиҳад, масъалаҳои татбиқи ҳуқуқро таҳқиқ менамояд, оид ба такмили он тавсияҳо таҳия мекунад, афкори ҷамъиятиро вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқ меомӯзад;
- маҷаллаҳои илмиву ҳуқуқӣ, маҷмӯаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ғайраро нашр мекунад;
3) дар соҳаи танзими давлатии ёрӣ ва хизматрасонии ҳуқуқӣ:
- дар ҳудуди шумораи кормандон ва фонди муқарраршудаи музди меҳнати идораҳои нотариалии давлатӣ штати кормандони идораҳои нотариалии давлатиро тасдиқ менамояд, оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани идораҳои нотариалии давлатӣ ва мансаби нотариуси давлатӣ қарор қабул мекунад;
- тартиб ва давомнокии коромузиро барои ишғоли мансаби нотариуси давлатӣ муайян мекунад ;
- дастурамалҳои коргузорӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз тарафи нотариусони давлатии идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шакли феҳристҳо барои сабти амалиёти нотариалӣ ва навиштаҷоти тасдиқкунандаро тасдиқ мекунад ;
- фаъолияти мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандиро ташкил ва роҳбарӣ мекунад, кори онҳоро назорат, таҳлил ва ҷамьбаст менамояд, барои баланд бардоштани сатҳи ёрӣ ва хизматрасонии ҳуқуқи ба щаҳрвандон ва шахсони ҳукуқӣ тадбирҳо меандешад ;
- шароити заруриро барои нигаҳдории китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ таъмин менамояд;
- барои баланд бардоштани сатҳи ёрирасонӣ ва хизматрасонии ҳуқуқӣ аз ҷониби кормаидони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораҳои нотариалии давлатӣ ба шаҳрвандон ва шахсони ҳукуқӣ тадбирҳо меандешад;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки фаъолияти идораҳои нотариалӣ вн мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро ба танзим медароранд, таҳия ва қабул мекунад;
- Феҳристи ягонаи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Феҳристи ташкилотҳои адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷиро пеш мебарад ;
- шаклҳои ташкилии фаъолияти адвокатиро ба қайд мегирад ;
- барои гузаронидани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи дониши адвокатҳои ваколатдор мусоидат менамояд;
- риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти адвокатҳои ваколтадорро ба танзим медарорад ва ҳамчунин риоя намудани қоидаҳои одоби адвокатҳо, аз ҷумла сатҳи омодагии касбии онҳоро назорат мекунад;
- барои рушди фаъолияти адвокатҳои ваколатдор тадбирҳо меандешад;
- ташкилотҳоеро, ки дар соҳаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва хизматрасонии ҳуқуқӣ фаъолият мекунанд, муайян намуда, бо онҳо дар асоси бастани созишномаҳои дутарафа ҳамкорӣ менамояд;
4) дар соҳаи бақайдгирии давлатӣ:
- хориҷ карда шуд ;
- ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро ба қайди давлатӣ мегирад;
- филиалҳо ва намояндагиҳои ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиалу намояндагиҳои ташкилотҳои (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷиро аз қайди баҳисобгирӣ мегузаронад ;
- Феҳристи ягонаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиро пеш мебарад ;
- хорич карда шуд ;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гарави амволи манқулро ба қайди давлатӣ мегирад ;
- Феҳристи ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои гаравиро вобаста ба амволи манқул пеш мебарад ;
- тартиби бақайдгирии гарави амволи манқул ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои гаравиро вобаста ба амволи манқул тасдиқ мекунад
- шартномаҳои консессиониро сабт мекунад;
5) дар соҳаи таъмини иҷрои ҷазои ҷиноятӣ:
- ба мақомоти ҷумҳуриявӣ, мақомоту муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ роҳбарӣ мекунад;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии мақомоти ҷумҳуриявии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таклифҳо пешниҳод мекунад;
- барномаҳои рушд, таҳким ва такмили системаи иҷрои ҷазои ҷиноятиро таҳия ва амалӣ менамояд;
- фаъолияти мақомоти ҷумҳуриявӣ ва мақомоту муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятиро бо ахбороти зарурӣ таьмин мекунад;
- баррасии пешниҳодот, аризаҳо, шикоятҳо ва дигар муроҷиати шаҳрвандонро ташкил мекунад ва оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳо дар ташкили кори мақомоту муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ чораҳо меандешад;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои кадрии мақомоти ҷумҳуриявӣ, мақомоту муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷииоятиро ҳал менамояд;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ба муассисаҳои ислоҳӣ фиристодани маҳкумшудагонро муайян мекунад;
- тартиби гузаронидани маҳкумшудагонро аз як колония ба колонияи дигар, ё аз як маҳбас ба маҳбаси дигар муайян менамояд;
- тартиби анҷом додани кофтуков ва азназаргузарониро дар муассисаҳои ислоҳӣ бо мувофиқаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;
6) дар соҳаи ташкил ва иҷрои экспертизаи судӣ ва криминалистӣ:
- корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ихтисосиро дар соҳаи экспертизаи судӣ ва криминалистӣ ташкил менамояд;
- ҳамоҳангсозӣ, роҳбарӣ, инчунин роҳбарии илмӣ-методии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистиро анҷом медиҳад
7) дар соҳаи таъмини самаранокии ҳифзи ҳуқуқии манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалии ҳуқуқӣ :
- дар таҳияи санадҳои байналмилалии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзад;
- санҷиши ҳуқуқии лоиҳаҳои санадҳои байналмилалии ҳуқуқиро мегузаронад;
- иштироки ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъмин менамояд;
- нисбат ба лоиҳаҳои байналмилалии сармоягузорӣ, ки яке аз тарафҳои он Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад мекунад, санҷиши ҳуқуқӣ мегузаронад;
- нисбат ба шартномаҳои қарзие, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистои баста мешаванд, хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ дар таъмини иҷрои ваколатҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон қабул кардааст, ширкат меварзад;
- нисбат ба гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо намудани шартномаҳои байналмилалӣ зарур аст, хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод менамояд;
- вобаста ба пешниҳоди мақомоти давлатӣ оид ба мутобиқсозии меъёрҳои санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши ҳуқуқӣ мегузаронад;
- дар доираи ваколатҳои худ бо мақомоти адлияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Евразия, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилотҳои байналмилалии минтақавӣ, аз ҷумла мақомоти адлияи дигар давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ мекунад;
- дар доираи ваколатҳои худ оид ба ҳамоҳангсозии корбарӣ, ёрии ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳуқуқии давлатҳои хориҷии дахлдор, инчунин бо мақомоти байналмилалии ҳуқуйӣ шартномаҳо ё созишномаҳо мебандад .
8) дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои ҳуқуқшинос ва такмили ихтисоси онҳо:
- захираҳои кадрии ҳуқуқиро ташкил менамояд, тарбияи кадрҳоро таъмин мекунад, интихоби онҳоро амалӣ мегардонад ва бо тартиби муқарраршуда дар ҷо ба ҷо гузоштани кадрҳои мақомот ва муассисаҳои адлия иштирок мекунад, бозомузиву баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси онҳоро ташкил менамояд;
- ба Донишкадаи такмили ихтисос роҳбарӣ мекунад ва омӯзиши пурсамари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳоро таъмин менамояд;
- бо муассисаҳои таълимии дахлдор дар бобати тайёр кардани кадрҳои ҳуқуқшинос ҳамкорӣ мекунад;
9) дар соҳаи баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо:
- пешниҳодот, аризаҳо, шикоятҳо ва дигар муроҷиати шаҳрвандонро баррасӣ намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ташкили кор ва фаъолияти мақомот ва муассисаҳои адлия тадбирҳо меандешад;
- қабули қарорҳои одилонаро оид ба аризаҳо, шикоятҳо ва дигар муроҷиатҳои воридшуда таъмин менамояд ва дар ҳолати зарурат санҷиши онҳоро дар ҷойҳо ташкил мекунад;
- фаъолияти мақомот ва муассисаҳои адлияро дар баррасии аризаҳо, шикоятҳо ва дигар муроҷиатҳо таҳлил намуда, оид ба такмили коргузорӣ дар ин самт таклифҳоро пешниҳод мекунад.
Вазорат мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, ваколатҳои дигарро, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, амалӣ менамояд.
7. Вазорат барои татбиқи вазифаҳо ва ваколатҳои дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ дорад:
- аз вазоратҳо, кумитаҳо ва мақомоти дигари давдатӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ оид ба лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки Вазорат таҳия менамояд, хулоса дархост кунад;
- намояндагон ва мутахассисони вазоратҳо, кумитаҳо ва дигар мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳоро бо мувофиқаи роҳбарони онҳо ба таҳияи лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои баррасии дигар масъалаҳо ҷалб намояд;
- барои мақомоти идоракунии давлатӣ дастурҳои методиро оид ба масъалаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул кунад;
- ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва назоратро оид ба масъалаҳои марбут ба ваколатҳои Вазорат таъмин намояд;
- вазъи кори ҳуқуқӣ ва фаъолияти хадамоти ҳукуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳоро тафтиш намояд, аз онҳо пешниҳод кардани маълумоти дахлдорро дар бораи кори ҳуқуқӣ талаб кунад ва ба роҳбарони мақомоти мазкур дар бораи вайронкуниҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар фаъолияти хадамоти ҳуқуқӣ пешниҳодот манзур намояд;
- мақомоти идоракунии давлатиро оид ба риояи тартиби муқарраркардашудаи таҳия, бақайдгирии давлатӣ ва нашри санадҳои мсъёрии ҳуқуқӣ тафтиш кунад;
- бо тартиби муқарраршуда парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ барои аз ҷониби онҳо риоя накардани тартиби баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии қувваи қонунӣ пайдонакарда баррасӣ намуда, ба онҳо ҷазои маъмурӣ таъйин менамояд ;
- бо тартиби муқарраршуда аз феҳристи давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии мақомоти идоракунии давлатиро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекунанд, хориҷ намояд;
- дар судҳои давлатҳои хориҷӣ ҳалгоми баррасии баҳсҳои ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқ ва манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намояд;
- ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аризаҳои даъвогӣ барои ҳифзи манфиатҳои давлат муроҷиат намояд;
- фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро оид ба риоя намудани ҳуҷҷатҳои таъсисиашон назорат кунад ва мавриди санҷиш қарор диҳад;
- аз мақомоти роҳбарикунандаи ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба риоя намудани оииномаҳои онҳо тавзеҳот талаб кунад;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ огоҳномаи хаттӣ диҳад;
- дар ҳолатҳои бо қонунҳо муайяншуда дар хусуси боздошти фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ё барҳам додани онҳо ба суд муроҷиат кунад;
- дар доираи салоҳияти худ равобити мустақимро бо мақомоти ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба роҳ монад;
- бо тартиби муқарраршуда дар бораи беҳдошти шароити меҳнат, таъминоти моддӣ ва иҷтимоию маишии кормандони мақомоти Вазорат пешниҳодот манзур намояд;
- ахбори ҳуқуқиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳама гуна воситаҳои дастрас паҳн намояд;
- масъалаҳои ҳавасмандгардонии роҳбарон ва кормандони мақомот ва ташкилотҳои адлияро бо тартиби муҳарраршуда ҳал намояд;
- ҳуҷҷатҳоеро, ки аз тарафи мақомот ва муассисаҳои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода дар хориҷа дода мешаванд, ба расмият дарорад;
- ба ҳуҷҷатҳои расмии содираи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариусҳои давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура апостил гузорад ;
- иҷрои ҷазои ҷиноятиро дар муассисаҳои ислоҳӣ ва фаъолияти мақомот ва муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятиро назорат намояд;
- бо тартиби муқарраршуда бо мувофиқаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ низоми шароити махсусро ҷорӣ намояд;
- ба адвокат шаҳодатнома медиҳад ;
Вазорат дигар ҳукуқҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо доро мебошад.
8. Вазорат дар бораи таъминоти моддӣ ва иҷтимоии кормандони мақомот ва ташкилотҳои адлия бо тартиби муқарраршуда ба сохторҳои дахлдор пешниҳодот манзур менамояд, таъминоти моддию техникии мақомот ва ташкилотҳои адлияи ҷумҳуриро ташкил мекунад, дар бобати амалӣ намудани сохтмони асосӣ ва таъмири биноҳои мақомот ва муассисақои адлия аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ тадбирҳо меандешад.
Бо тартиби муқарраргардида озмунҳо мегузаронад ва шартномаҳои давлатиро барои расонидани мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиеҷоти Вазорат, инчунин гузаронидани корҳои илмиву тадқиқотӣ барои эҳтисҷоти давлатӣ мебандад.
9. Ваколати тақсимкунандаи асосӣ ва қабулкунандаи воситаҳои буҷети ҷумҳуриявиро, ки барои нигоҳдории Вазорат ва иҷро намудани ваколатҳои ба Вазорат вогузоршуда пешбини шудаанд, амалӣ мегардонад.
Вазорат бо тартиби муқарраршуда ба мақомот ва ташкилотҳои системаи адлия маблағ ҷудо мекунад дар мақомот ва ташкилотҳои адлия ҳисоби муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳиро ташкил ва назорат мекунад.
10. Вазорат дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи маълумотеро, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд, таъмин мекунад.
11. Вазорат дар доираи ваколатҳои худ ҳуқуқ дорад санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки барои иҷрои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти идоракунии давлатӣ ва дигар шахсони ҳуқуқи ва воқеӣ ҳатмӣ мебошад, қабул кунад.
12. Вазорат ҳуқуқ надорад функсияҳои назорат ва идораи амволи давлатиро ба истиснои ҳолатҳое, ки санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, анҷом диҳад.
Ҳангоми танзими ҳуқуқии фаъолият Вазорат ҳуқуқ надорад функсия ва ваколатҳоеро муқаррар намояд, ки қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ пешбинӣ накардаанд, инчунин ҳуқуқ надорад нисбат 6а татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқи ташкилотҳои ғайридавлатии тиҷоратӣ ва гайритиҷоратӣ маҳдудият муқаррар намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки имконпазирии муайян намудани чунин маҳдудиятҳо мутобиқи санадҳои мақомоти марказии ваколатдори ҳокимияти иҷроия мустақиман дар Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, пешбинӣ шудаанд
III. Ташкили фаъолияти Вазорат
13. Вазоратро Вазир роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисгон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Вазир барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
Вазир як муовини якум ва муовинон дорад, ки яке аз онҳо ҳамзамон сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мебошад. Онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазир ба вазифа таъин ва озод карда мешаванд .
Шумораи муовинонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
14. Воҳидҳои сохтории Вазорат аз сарраёсатҳо, раёсатҳо, шӯъба ва бахшҳо оид ба самтҳои асосии фаъолияти Вазорат иборат мебошад. Дар таркиби сарраёсатҳо мумкин аст раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳо ва дар таркиби раёсатҳо шӯъбаҳо ва бахшҳо ташкил карда шаванд .
15. Вазир:
- байни муовинони худ вазифаҳоро тақсим мекунад;
- дараҷаи ҷавобгарии муовинони Вазир ва роҳбарони воҳидҳои дпгари Вазоратро барои роҳбарӣ дар соҳаҳои алоҳидаи фаъолияти Вазорат ва кори мақомот ва муассисаҳои адлия муқаррар менамояд;
- ба фаъолияти Вазорат, мақомот ва муассисаҳои адлия роҳбарӣ мекунад;
- маҷлисҳои ҳайати мушовараи Вазоратро ташкил менамояд ва ба онҳо роҳбарӣ мекунад;
- лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат барои баррасӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраршуда пешниҳод менамояд;
- дар доираи салоҳияти худ бо тартиби муқарраршуда аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро оид ба масъалаҳои марбут ба ваколати Вазорат имзо мекунад, дар ҳудуди салоҳияти худ бо мақомоти ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ робита менамояд, ҳайатҳои вакилонро барои омӯзиш ва мубодилаи таҷрибаи кор дар асоси мувофиқаи тарафайн қабул мекунад ва мефиристад;
- бо тартиби муқарраргардида санади меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли фармоиш ва барои ҳалли масъалаҳои таъҷилӣ ва ҷорӣ санадҳо дар шакли фармон қабул мекунад ва супоришҳо медиҳад;
- дар ҳудуди шумораи воҳидҳои муқарраршудаи коркунон ва фонди музди меҳнат рӯйхати басти вазифаи дастгоҳи марказии Вазорат, инчунин дар доираи маблағҳои ҷудошуда бароварди хароҷоти нигоҳдории онро тасдиқ менамояд;
- бароварди хароҷоти мақомот ва ташкилотҳои системаи Вазоратро тасдиқ мекунад;
- бароварди хароҷот ва басти вазифаи идораҳои давлатии нотариалӣ ва бойгониҳои давлатии нотариалии ҷумҳуриро тасдиқ менамояд ;
- низомномаи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорат ва бо тартиби муқарраршуда низомномаҳои (оинномаҳои) мақомот ва муассисаҳои адлияро тасдиқ менамояд, ба истиснои оинномаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ
- бо тартиби мукарраргардида оид ба масъалаҳои ташкили идораҳои давлатии нотариалӣ, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, мақомот ва муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, дигар мақомот ва муассисаҳои адлия ва муқаррар намудани шумораи басти ин мақомот пешниҳодот манзур менамояд;
- роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, дигар кормандони Вазорат, кормандони роҳбарикунандаи мақомот ва ташкилотҳои адлия, нотариусони давлатӣ, роҳбарони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро ҷазои интизомӣ медиҳад
- дар доираи салоҳияти худ ба кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва системаи адлия рутбаҳои дараҷавӣ медиҳад, инчунин бо тартиби муқаррарашуда барои додани рутбаҳои дараҷавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот манзур менамояд;
- роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, дигар кормандони Вазорат, кормандони роҳбарикунандаи дигар мақомот ва ташкидотҳои адлия, нотариусҳои давлатиро, роҳбарони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба вазифа таин ва аз вазифа озод менамояд;
- муовинони сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, командирони қисмҳои ҳарбӣ, муовинони онҳо, мутахассисони роҳбарикунандаи молиявӣ, сардороии муассисаҳои ислоҳиро бо пешниҳоди сардори Раёсати корҳои ислоҳӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад ;
- муовинони сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ, роҳбарони шӯъбаҳои асноди ҳолати шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳоро мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.10.2011 № 505);
- ректор, проректор, мудири кафедраи Донишгоҳи такмили ихтисосро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
- мутахассисони роҳбарикунандаи сохторҳои молиявӣ ва муассисаҳои системаи Вазорати адлияро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ;
- рутбаҳои махсусро, то рутбаи полковник медиҳад;
- бо тартиби муқарраргардида кормандони шоистаи мақомот ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати мукофотонӣ бо мукофотҳои давлатӣ барои хизматҳои махсуси меҳнатӣ дар назди ҷомеа ва давлат пешбарӣ менамояд ;
- ҷиҳати ҳавасмандгардонии кормандони мақомот ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муваффақиятҳои меҳнатӣ дар рушди соҳаи адлия тибқи тартиби муқарраргардида нишонҳои сарисинагӣ ва мукофотҳои идоравиро таъсис медиҳад ва низомномаҳои онҳоро тасдиқ менамояд ;
Вазир ваколатҳои дигарро, ки бо қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳо ва амалӣ намудани ваколатҳои Вазорат пешбинӣ шудаанд, иҷро менамояд.
16. Дар ҳолати набудани Вазир вазифаҳои Вазирро муовини якуми Вазир ё бо супориши Вазир яке аз муовинони Вазир иҷро мекунад .
17. Вазорат дар доираи салоҳиятҳои худ қоидаҳо, дастурамалҳо ва дастурҳои методиеро интишор месозад, ки иҷрои онҳо барои мақомот ва ташкилотҳои адлия ҳатмӣ мебошанд.
Вазорат дар ҳолатҳои зарурӣ бо вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишҳои муштаракро таҳия ва қабул мекунад .
18. Барои ҳаллӣ проблемаҳои нисбатан муҳим дар Вазорат дар ҳайати Вазир (раиси ҳайати мушовара), муовинони Вазир (аз рӯи вазифа), Сарнотариуси давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дигар кормандони роҳбарикунандаи Вазорат ҳайати мушовара таъсис дода мешавад. Шумораи аъзои ҳайати мушовараи Вазорат, таъин ва озод намудани онҳо бо пешниҳоди Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад .
Ҳайати мушовараи Вазорат дар маҷлисҳои худ, ки мунтазам гузаронида мешаванд, масъалаҳои муҳимтарини мансуби салоҳиятҳои Вазоратро баррасӣ менамояд.
Протоколҳои ҳайати мушовара бо фармоишҳои Вазир татбиқ мегарданд. Дар сурати ба миён омадани ихтилоф дар байни Вазир ва ҳайати мушовара, Вазир қарори худро амалӣ намуда, дар бораи ихтилофоти ба вуҷудомада Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ месозад. Аъзои ҳайати мушовара фикру мулоҳизаӣ худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда метавонанд.
Дар ҳолатҳои ҷудогона бо мақсади ҳалли масьалаҳои ҳуқуқӣ маҷлисҳои якҷояи ҳайати мушовара бо дигар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлати гузаронида мешаванд.
19. Барои баррасии масъалаҳои фаъолият ва пешниҳоди тавсияҳо дар назди Вазорат бо тартиби муқарраргардида мумкин аст мақомоти ҳамоҳангсоз ва машваратӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ), аз ҷумла байниидоравӣ ташкил карда шаванд. Низомномаи онҳо аз тарафи Вазир тасдиқ карда мешаванд.
20. Низомномаи Вазорат, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунии он, шумораи ниҳоии кормандон ва фонди музди меҳнати дастгоҳи марказии Вазоратро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
21. Вазорат дорои амволе мебошад, ки ба он бо ҳуқуқи идораи оперативӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст.
22. Маблағгузории хароҷот барои нигахдошти дастгоҳи марказии Вазорат ва мақомоте, ки ба Нақшаи идоракунии Вазорат шомиланд, инчунин муассисаҳою корхонаҳои системаи Вазорат аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои махсус ва ҳисоботи хоҷагидорӣ анҷом дода мешавад .
23. Вазорат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, Нишони худ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад .
24. Маҳали ҷойгиршавии Вазорат - Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 25 мебошад.
Замимаи 2
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 587
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Сарраёсати қонунгузорӣ
Раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ()
Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва корҳои ҳуқуқӣ
Раёсати бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ
хориҷ карда шуд
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус
Раёсати молия ва хоҷагӣ ()
Раёсати коргузорӣ ва назорат
Шуъбаи апостилгузорӣ ба ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва бақайдгирии давлатии уҳдадориҳои таъминшуда
хориҷ карда шуд
хориҷ карда шуд ()
Замимаи 3
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 587
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо
Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои нотариалии давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо
Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ
Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ
Замимаи 4
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 587
тасдиқ шудааст
Номгӯи муассисаҳою корхонаҳои системаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳукуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо
Корхонаи воҳиди давлатии нашриётии "Қонуният".
Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ"
Замимаи 1
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 587
тасдиқ шудааст
Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2008 № 176)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи сиёсати давлат ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаҳои меъёрэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи ҳуқуқи, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ ва криминалистӣ, дигар соҳаҳои адлияе, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, таъмин менамояд.
2. Вазорат фаъолияти мақомот ва ташкилотҳои системаи худро роҳбарӣ, ҳамоҳанг ва назорат менамояд.
3. Вазорат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояидагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома ба роҳ мемонад.
4. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ анҷом медиҳад.
II. Ваколатҳо
5. Вазорат дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият вазифаҳои зайлро анҷом медиҳад:
- таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ ва татбиқи санадҳои меъерии ҳуқуқӣ;
- иштирок дар таъмини фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисгон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, гузаронидани санҷиши ҳуқуқии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъминӣ намудани мутобиқатии санадҳои меъёрии ҳуқуқи ба санадҳои меъерии ҳуқуқии амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- бақайдгирӣ ва баҳисобгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқи;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва шахсоии ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқӣ дар ҷомеа, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва таҳкими қонуният нигароиида шудааст;
- танзими давлатии фаъолияти мақомоти нотариалӣ, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, фаъолияти адвокатҳои ваколатдор ва баланд бардоштани самаранокии амали онҳо;
- таъмини риояи қонунгузорӣ ҳангоми бақайдгирии давдатии шахсони ҳуқуқӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шартномаҳои гарав ва консессионӣ;
- дар доираи ваколатҳои худ таъмин намудапи самаранокии ҳифзи ҳуқуқии манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалии ҳуқуқӣ;
- таъмини иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
- ташкил ва гузаронидани экспертизаи судӣ ва криминалистӣ;
- ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (карор аз 1.04.2008 № 176);
- такмили ихтисоси кадрҳои ҳуқуқшинос бо назардошти талабот ва меъёрҳои замонавӣ;
- баррасии саривақт ва босифати шикоятҳо, аризаҳо ва дигар муроҷиати шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ.
Вазорат дорои дигар вазифаҳое низ мебошад, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
6. Вазорат мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш вогузошташуда, ваколатҳои зеринро ба амал мебарорад:
1) дар соҳаи таъмини сиёсати ягонаи давлатии меъёрэҷодкунӣ ва татбиқи санадҳои меъерии ҳуқуқӣ:
- бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси худ лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия менамояд ва барои баррасӣ, тибқи тартиби муқарраршуда, пешниҳод мекунад:
- санҷиши ҳуқуқии лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом медиҳад ва оид ба мутобиқати онҳо ба Конститутсия, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, инчунин техникаи меъёрэҷодкунӣ хулосаи ҳуқуқӣ медиҳад;
- бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳоро, ки бо ташаббуси аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мешаванд, мавриди санҷиши ҳуқуқи қарор медиҳад ва лоиҳаи хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст таклифу пешниҳодот омода менамояд, таклифҳои дигар мақомоти давлатиро оид ба такмили қонунгузорӣ таҳлил ва ҷамъбаст намуда барои баррасӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
- ба мақомоти давлатие, ки лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия месозанд, ёрии методӣ мерасонад;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллиро мавриди санҷиши ҳуқуқӣ қарор медиҳад ва аз қайди давлатӣ мегузаронад;
- Феҳристи ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии бақайдгирифташудаи идоравиро пеш мебарад;
- қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъерии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ба ҳисоб мегирад;
- нусхаҳои назоратии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, карорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистои, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷиқистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳукуқии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, санадҳон меъерии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, маҳфуз медорад;
- хазинаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шакли хаттӣ ва электронӣ ташкил мекунад;
- классификатори умумиҳуқуқии соҳаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш мебарад;
2) дар соҳаи ҳамоҳангсозии кори мақомоти давлатӣ роҷеъ ба ташвиқу тарғиби ҳуқуқӣ:
- ҳолати тарғиботи ҳуқуқӣ ва дониши ҳуқуқиро таҳлил намуда, оид ба тақвияти он таклифҳо пешниҳод менамояд;
- дар байни аҳолӣ тарғиби дониши ҳуқуқиро, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқй ва тақкими қонуният равона мегардад, ташкил мекунад;
- дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари давлатӣ корҳои фаҳмондадиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар байни аҳолӣ мегузаронад, нақшаҳои чорабиниҳоро дар корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо таҳия намуда, амалӣ менамояд.
- кори мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро оид ба тарғибу ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ ва фаҳмондадиҳии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ ҳамоҳанг месозад, бо вазъи ин корҳо дар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос мегардад, нақшаҳои кори онҳоро оид ба тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ ҳамоҳанг месозад ва дастуру тавсияҳои методии зарурӣ медиҳад, масъалаҳои татбиқи ҳуқуқро таҳқиқ менамояд, оид ба такмили он тавсияҳо таҳия мекунад, афкори ҷамъиятиро вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқ меомӯзад;
- маҷаллаҳои илмиву ҳуқуқӣ, маҷмӯаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ғайраро нашр мекунад;
3) дар соҳаи танзими давлатии ёрӣ ва хизматрасонии ҳуқуқӣ:
- дар ҳудуди шумораи кормандон ва фонди муқарраршудаи музди меҳнати идораҳои нотариалии давлатӣ штати кормандони идораҳои нотариалии давлатиро тасдиқ менамояд, оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани идораҳои нотариалии давлатӣ ва мансаби нотариуси давлатӣ қарор қабул мекунад;
- тартиби коромузиро барои ишғоли вазифаи нотариуси давлатӣ муайян мекунад;
- тартиби аз тарафи нотариусони давлатӣ ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ, дастурамали ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ, иамунаҳои дафтарҳои қайд барои сабт кардани амалиёти нотариалиро тасдиқ мекунад;
- фаъолияти мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандиро ташкил ва роҳбарӣ мекунад, кори онҳоро назорат, таҳлил ва ҷамьбаст менамояд, барои баланд бардоштани сатҳи ёрӣ ва хизматрасонии ҳуқуқи ба щаҳрвандон ва шахсони ҳукуқӣ тадбирҳо меандешад, нархномаҳои хизматрасониҳои ҳуқуқии иловагиро дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор тасдиқ менамояд;
- шароити заруриро барои нигаҳдории китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ таъмин менамояд;
- барои баланд бардоштани сатҳи ёрирасонӣ ва хизматрасонии ҳуқуқӣ аз ҷониби кормаидони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораҳои нотариалии давлатӣ ба шаҳрвандон ва шахсони ҳукуқӣ тадбирҳо меандешад;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки фаъолияти идораҳои нотариалӣ вн мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро ба танзим медароранд, таҳия ва қабул мекунад;
- барои фаъолияти адвокатҳои ваколатдор иҷозатнома медиҳад;
- феҳристи иҷозатномаҳои барои ба амал баровардани фаъолияти адвокати ваколатдор додашударо пеш мебарад;
- барои гузаронидани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи дониши адвокатҳои ваколатдор мусоидат менамояд;
- риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти адвокатҳои ваколтадорро ба танзим медарорад ва ҳамчунин риоя намудани қоидаҳои одоби адвокатҳо, аз ҷумла сатҳи омодагии касбии онҳоро назорат мекунад;
- барои рушди фаъолияти адвокатҳои ваколатдор тадбирҳо меандешад;
- ташкилотҳоеро, ки дар соҳаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва хизматрасонии ҳуқуқӣ фаъолият мекунанд, муайян намуда, бо онҳо дар асоси бастани созишномаҳои дутарафа ҳамкорӣ менамояд;
4) дар соҳаи бақайдгирии давлатӣ:
- шахсони ҳуқуқиро, сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ ва моликият аз қайди давлатӣ мегузаронад;
- ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро ба қайди давлатӣ мегирад;
- намояндагӣ ва филиалҳои шахсони ҳуқуқиро, новобаста аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ ва моликият, аз қайди баҳисобгирӣ мегузаронад;
- Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебарад;
- намунаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ва дастурамали тартиби гузаронидани санҷшии ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқиро тасдиқ менамояд;
- шартномаҳои гарави амволи ғайриманқулро аз қайди давлатӣ мегузаронад ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гарави амволи манқулро ба қайди давлатӣ мегирад;
- Феҳристи ягонаи давлатии амволи ба гарав мондашударо мебарад;
- тартиби бақайдгирии шартномаҳои гарав ва пешбурди Феҳристи ягонаи шартномаҳои гаравро тасдиқ менамояд;
- шартномаҳои консессиониро сабт мекунад;
5) дар соҳаи таъмини иҷрои ҷазои ҷиноятӣ:
- ба мақомоти ҷумҳуриявӣ, мақомоту муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ роҳбарӣ мекунад;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии мақомоти ҷумҳуриявии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таклифҳо пешниҳод мекунад;
- барномаҳои рушд, таҳким ва такмили системаи иҷрои ҷазои ҷиноятиро таҳия ва амалӣ менамояд;
- фаъолияти мақомоти ҷумҳуриявӣ ва мақомоту муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятиро бо ахбороти зарурӣ таьмин мекунад;
- баррасии пешниҳодот, аризаҳо, шикоятҳо ва дигар муроҷиати шаҳрвандонро ташкил мекунад ва оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳо дар ташкили кори мақомоту муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ чораҳо меандешад;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои кадрии мақомоти ҷумҳуриявӣ, мақомоту муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷииоятиро ҳал менамояд;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ба муассисаҳои ислоҳӣ фиристодани маҳкумшудагонро муайян мекунад;
- тартиби гузаронидани маҳкумшудагонро аз як колония ба колонияи дигар, ё аз як маҳбас ба маҳбаси дигар муайян менамояд;
- тартиби анҷом додани кофтуков ва азназаргузарониро дар муассисаҳои ислоҳӣ бо мувофиқаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;
5-1) дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро:
- иҷрочиёии судро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби амалӣ намудани истеҳсолоти иҷроро муайян менамояд;
- фаъолияти иҷрочиёни судро ташкил ва роҳбарӣ мекунад, дастурҳо қабул мекамояд, кори иҷрочиёни судро назорат, таҳлил ва ҷамъбаст карда, ҷиҳати таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро чораҳо меандешад;
- дар ҳолати пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти иҷрочисни судро таҳия ва қабул менамояд (карор аз 1.04.2008 № 176);
6) дар соҳаи ташкил ва иҷрои экспертизаи судӣ ва криминалистӣ:
- корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ихтисосиро дар соҳаи экспертизаи судӣ ва криминалистӣ ташкил менамояд;
- ҳамоҳангсозӣ, роҳбарӣ, инчунин роҳбарии илмӣ-методии Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судӣ ва криминалистиро анҷом медиҳад;
7) дар соҳаи таъмини самаранокии ҳифзи ҳуқуқии манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалии ҳуқуқӣ:
- дар таҳия ва татбиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад;
- ба лоиҳаҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки яке аз тарафҳои он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аз ҷумла ба шартномаҳои қарзӣ, ки бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисгои баста мешаванд, хулосаи ҳуқуқӣ медиҳад;
- санҷиши ҳуқуқии лоиҳаҳои санадҳои ҳукуқии байналмилалиро мегузаронад;
- дар доираи салоҳияти худ бо мақомоти ҳуқуқии дахлдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар самти ҳамоҳангсозии кор оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва ҳамкории ҳуқуқӣ шартномаҳо ва ё созишномаҳо мебандад;
- аз рӯи масъалаҳои мансуб ба салоҳиятҳои худ бо мақомоти адлияи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва макомоти адлияи дигар давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд;
- ҳуқуқу манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони онро дар хориҷи ҷумҳурӣ ҳифз мекунад;
- дар бораи бастани санадҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ёрии ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ ва дигар парвандаҳо бо тартиби муқарраршуда ба тарафҳои манфиатдор пешниҳодот манзур менамояд;
8) дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои ҳуқуқшинос ва такмили ихтисоси онҳо:
- захираҳои кадрии ҳуқуқиро ташкил менамояд, тарбияи кадрҳоро таъмин мекунад, интихоби онҳоро амалӣ мегардонад ва бо тартиби муқарраршуда дар ҷо ба ҷо гузоштани кадрҳои мақомот ва муассисаҳои адлия иштирок мекунад, бозомузиву баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси онҳоро ташкил менамояд;
- ба Донишкадаи такмили ихтисос роҳбарӣ мекунад ва омӯзиши пурсамари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳоро таъмин менамояд;
- бо муассисаҳои таълимии дахлдор дар бобати тайёр кардани кадрҳои ҳуқуқшинос ҳамкорӣ мекунад;
9) дар соҳаи баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо:
- пешниҳодот, аризаҳо, шикоятҳо ва дигар муроҷиати шаҳрвандонро баррасӣ намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ташкили кор ва фаъолияти мақомот ва муассисаҳои адлия тадбирҳо меандешад;
- қабули қарорҳои одилонаро оид ба аризаҳо, шикоятҳо ва дигар муроҷиатҳои воридшуда таъмин менамояд ва дар ҳолати зарурат санҷиши онҳоро дар ҷойҳо ташкил мекунад;
- фаъолияти мақомот ва муассисаҳои адлияро дар баррасии аризаҳо, шикоятҳо ва дигар муроҷиатҳо таҳлил намуда, оид ба такмили коргузорӣ дар ин самт таклифҳоро пешниҳод мекунад.
Вазорат мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, ваколатҳои дигарро, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, амалӣ менамояд.
7. Вазорат барои татбиқи вазифаҳо ва ваколатҳои дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ дорад:
- аз вазоратҳо, кумитаҳо ва мақомоти дигари давдатӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ оид ба лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки Вазорат таҳия менамояд, хулоса дархост кунад;
- намояндагон ва мутахассисони вазоратҳо, кумитаҳо ва дигар мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳоро бо мувофиқаи роҳбарони онҳо ба таҳияи лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои баррасии дигар масъалаҳо ҷалб намояд;
- барои мақомоти идоракунии давлатӣ дастурҳои методиро оид ба масъалаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул кунад;
- ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва назоратро оид ба масъалаҳои марбут ба ваколатҳои Вазорат таъмин намояд;
- вазъи кори ҳуқуқӣ ва фаъолияти хадамоти ҳукуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳоро тафтиш намояд, аз онҳо пешниҳод кардани маълумоти дахлдорро дар бораи кори ҳуқуқӣ талаб кунад ва ба роҳбарони мақомоти мазкур дар бораи вайронкуниҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар фаъолияти хадамоти ҳуқуқӣ пешниҳодот манзур намояд;
- мақомоти идоракунии давлатиро оид ба риояи тартиби муқарраркардашудаи таҳия, бақайдгирии давлатӣ ва нашри санадҳои мсъёрии ҳуқуқӣ тафтиш кунад;
- бо тартиби муқарраршуда аз феҳристи давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии мақомоти идоракунии давлатиро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекунанд, хориҷ намояд;
- дар судҳои давлатҳои хориҷӣ ҳалгоми баррасии баҳсҳои ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқ ва манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намояд;
- ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аризаҳои даъвогӣ барои ҳифзи манфиатҳои давлат муроҷиат намояд;
- фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро оид ба риоя намудани ҳуҷҷатҳои таъсисиашон назорат кунад ва мавриди санҷиш қарор диҳад;
- аз мақомоти роҳбарикунандаи ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба риоя намудани оииномаҳои онҳо тавзеҳот талаб кунад;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ огоҳномаи хаттӣ диҳад;
- дар ҳолатҳои бо қонунҳо муайяншуда дар хусуси боздошти фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ё барҳам додани онҳо ба суд муроҷиат кунад;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ амали иҷозатномаҳоро барои пешбурдани фаъолияти адвокати ваколатдор боздорад;
- ба адвокатҳои ваколатдор оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар фаъолияташон пешниҳод манзур намояд;
- дар доираи салоҳияти худ равобити мустақимро бо мақомоти ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба роҳ монад;
- бо тартиби муқарраршуда дар бораи беҳдошти шароити меҳнат, таъминоти моддӣ ва иҷтимоию маишии кормандони мақомоти Вазорат пешниҳодот манзур намояд;
- ахбори ҳуқуқиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳама гуна воситаҳои дастрас паҳн намояд;
- масъалаҳои ҳавасмандгардонии роҳбарон ва кормандони мақомот ва ташкилотҳои адлияро бо тартиби муҳарраршуда ҳал намояд;
- ҳуҷҷатҳоеро, ки аз тарафи мақомот ва муассисаҳои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода дар хориҷа дода мешаванд, ба расмият дарорад;
- иҷрои ҷазои ҷиноятиро дар муассисаҳои ислоҳӣ ва фаъолияти мақомот ва муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятиро назорат намояд;
- бо тартиби муқарраршуда бо мувофиқаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ низоми шароити махсусро ҷорӣ намояд;
Вазорат дигар ҳукуқҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо доро мебошад.
8. Вазорат дар бораи таъминоти моддӣ ва иҷтимоии кормандони мақомот ва ташкилотҳои адлия бо тартиби муқарраршуда ба сохторҳои дахлдор пешниҳодот манзур менамояд, таъминоти моддию техникии мақомот ва ташкилотҳои адлияи ҷумҳуриро ташкил мекунад, дар бобати амалӣ намудани сохтмони асосӣ ва таъмири биноҳои мақомот ва муассисақои адлия аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ тадбирҳо меандешад.
Бо тартиби муқарраргардида озмунҳо мегузаронад ва шартномаҳои давлатиро барои расонидани мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиеҷоти Вазорат, инчунин гузаронидани корҳои илмиву тадқиқотӣ барои эҳтисҷоти давлатӣ мебандад.
9. Ваколати тақсимкунандаи асосӣ ва қабулкунандаи воситаҳои буҷети ҷумҳуриявиро, ки барои нигоҳдории Вазорат ва иҷро намудани ваколатҳои ба Вазорат вогузоршуда пешбини шудаанд, амалӣ мегардонад.
Вазорат бо тартиби муқарраршуда ба мақомот ва ташкилотҳои системаи адлия маблағ ҷудо мекунад дар мақомот ва ташкилотҳои адлия ҳисоби муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳиро ташкил ва назорат мекунад.
10. Вазорат дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи маълумотеро, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд, таъмин мекунад.
11. Вазорат дар доираи ваколатҳои худ ҳуқуқ дорад санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки барои иҷрои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти идоракунии давлатӣ ва дигар шахсони ҳуқуқи ва воқеӣ ҳатмӣ мебошад, қабул кунад.
12. Вазорат ҳуқуқ надорад функсияҳои назорат ва идораи амволи давлатиро ба истиснои ҳолатҳое, ки санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, анҷом диҳад.
Ҳангоми танзими ҳуқуқии фаъолият Вазорат ҳуқуқ надорад функсия ва ваколатҳоеро муқаррар намояд, ки қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ пешбинӣ накардаанд, инчунин ҳуқуқ надорад нисбат 6а татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқи ташкилотҳои ғайридавлатии тиҷоратӣ ва гайритиҷоратӣ маҳдудият муқаррар намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки имконпазирии муайян намудани чунин маҳдудиятҳо мутобиқи санадҳои мақомоти марказии ваколатдори ҳокимияти иҷроия мустақиман дар Кониститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, пешбинӣ шудаанд.
III. Ташкили фаъолияти Вазорат
13. Вазоратро Вазир роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисгон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Вазир барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
Вазир як муовини аввал ва муовинон дорад, ки яке аз онҳо ҳамзамон сардори Раёсати корҳои ислоҳӣ мебошад. Онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазир ба вазифа таъин ва озод карда мешаванд.
Шумораи муовинонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
14. Воҳидҳои сохтории Вазорат аз сарраёсатҳо, раёсатҳо оид ба самтҳои асосии фаъолияти Вазорат иборат мебошад. Дар таркиби сарраёсатҳо раёсатҳо ва дар таркиби раёсатҳои мустақил мумкин аст шӯъбаҳо ташкил карда шаванд.
15. Вазир:
- байни муовинони худ вазифаҳоро тақсим мекунад;
- дараҷаи ҷавобгарии муовинони Вазир ва роҳбарони воҳидҳои дпгари Вазоратро барои роҳбарӣ дар соҳаҳои алоҳидаи фаъолияти Вазорат ва кори мақомот ва муассисаҳои адлия муқаррар менамояд;
- ба фаъолияти Вазорат, мақомот ва муассисаҳои адлия роҳбарӣ мекунад;
- маҷлисҳои ҳайати мушовараи Вазоратро ташкил менамояд ва ба онҳо роҳбарӣ мекунад;
- лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат барои баррасӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраршуда пешниҳод менамояд;
- дар доираи салоҳияти худ бо тартиби муқарраршуда аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро оид ба масъалаҳои марбут ба ваколати Вазорат имзо мекунад, дар ҳудуди салоҳияти худ бо мақомоти ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ робита менамояд, ҳайатҳои вакилонро барои омӯзиш ва мубодилаи таҷрибаи кор дар асоси мувофиқаи тарафайн қабул мекунад ва мефиристад;
- бо тартиби муқарраргардида санади меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли фармоиш ва барои ҳалли масъалаҳои таъҷилӣ ва ҷорӣ санадҳо дар шакли фармон қабул мекунад ва супоришҳо медиҳад;
- дар ҳудуди шумораи воҳидҳои муқарраршудаи коркунон ва фонди музди меҳнат рӯйхати басти вазифаи дастгоҳи марказии Вазорат, инчунин дар доираи маблағҳои ҷудошуда бароварди хароҷоти нигоҳдории онро тасдиқ менамояд;
- бароварди хароҷоти мақомот ва ташкилотҳои системаи Вазоратро тасдиқ мекунад;
- бароварди хароҷот ва басти вазифаи идораҳои давлатии нотариалӣ ва архивҳои давлатии нотариалии ҷумҳуриро тасдиқ менамояд;
- низомномаи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорат ва бо тартиби муқарраршуда низомномаҳои (оинномаҳои) мақомот ва муассисаҳои адлияро тасдиқ менамояд;
- бо тартиби мукарраргардида оид ба масъалаҳои ташкили идораҳои давлатии нотариалӣ, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, мақомот ва муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, дигар мақомот ва муассисаҳои адлия ва муқаррар намудани шумораи басти ин мақомот пешниҳодот манзур менамояд;
- роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, дигар кормандони Вазорат, кормандони роҳбарикунандаи мақомот ва ташкилотҳои адлия, нотариусони давлатӣ ва иҷрочиёни судро ҷазои интизомӣ медиҳад (карор аз 1.04.2008 № 176);
- дар доираи салоҳияти худ ба кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва системаи адлия рутбаҳои дараҷавӣ медиҳад, инчунин бо тартиби муқаррарашуда барои додани рутбаҳои дараҷавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот манзур менамояд;
- роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, дигар кормандони Вазорат, кормандони роҳбарикунандаи дигар мақомот ва ташкидотҳои адлия, нотариусҳои давлатиро ба вазифа таин ва аз вазифа озод менамояд;
- муовинони сардори Раёсати корҳои ислоҳӣ, командирони қисмҳои ҳарбӣ, муовинони онҳо, мутахассисони роҳбарикунандаи молиявӣ, сардороии муассисаҳои ислоҳиро бо пешниҳоди сардори Раёсати корҳои ислоҳӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
- ректор, проректор, мудири кафедраи Донишгоҳи такмили ихтисосро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
- рутбаҳои махсусро, то рутбаи полковник медиҳад:
- бо тартиби муқарраршуда кормандони шоистаи мақомот ва ташкилотҳои адлияро ба мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ мекунад, кормандони мақомот ва ташкилотҳои адлияро бо ифтихорномаҳои фахрӣ сарфароз мегардонад, дигар намудҳои ҳавасмандкуниро истифода мебарад;
- бо тартиби муқараргардида нишонаҳои сарисинагии Вазоратро барои мукофотонидани хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти адлия, шаҳрвандоне, ки барои иҷрои вазифаҳои ба Вазорат гузошташуда мусоидат намудаанд, таъсис медиҳад ва дастурамалҳоро оид ба нишонаҳои сарисинагии мазкур ва тавсифи онҳоро тасдиқ мекунад.
Вазир ваколатҳои дигарро, ки бо қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳо ва амалӣ намудани ваколатҳои Вазорат пешбинӣ шудаанд, иҷро менамояд.
16. Дар ҳолати набудани Вазир вазифаҳои Вазирро муовини аввали Вазир ё бо супориши Вазир яке аз муовинони Вазир иҷро мекунад.
17. Вазорат дар доираи салоҳиятҳои худ қоидаҳо, дастурамалҳо ва дастурҳои методиеро интишор месозад, ки иҷрои онҳо барои мақомот ва ташкилотҳои адлия ҳатмӣ мебошанд.
Вазорат дар ҳолатҳои зарурӣ бо вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳо ва фармоишҳои муштаракро таҳия ва қабул мекунад.
18. Барои ҳаллӣ проблемаҳои нисбатан муҳим дар Вазорат дар ҳайати Вазир (раиси ҳайати мушовара), муовинони Вазир (аз рӯи вазифа), дигар кормандони роҳбарикунандаи Вазорат ҳайати мушовара таъсис дода мешавад. Шумораи аъзои ҳайати мушовараи Вазорат, таъин ва озод намудани онҳо бо пешниҳоди Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Ҳайати мушовараи Вазорат дар маҷлисҳои худ, ки мунтазам гузаронида мешаванд, масъалаҳои муҳимтарини мансуби салоҳиятҳои Вазоратро баррасӣ менамояд.
Протоколҳои ҳайати мушовара бо фармоишҳои Вазир татбиқ мегарданд. Дар сурати ба миён омадани ихтилоф дар байни Вазир ва ҳайати мушовара, Вазир қарори худро амалӣ намуда, дар бораи ихтилофоти ба вуҷудомада Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ месозад. Аъзои ҳайати мушовара фикру мулоҳизаӣ худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда метавонанд.
Дар ҳолатҳои ҷудогона бо мақсади ҳалли масьалаҳои ҳуқуқӣ маҷлисҳои якҷояи ҳайати мушовара бо дигар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлати гузаронида мешаванд.
19. Барои баррасии масъалаҳои фаъолият ва пешниҳоди тавсияҳо дар назди Вазорат бо тартиби муқарраргардида мумкин аст мақомоти ҳамоҳангсоз ва машваратӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ), аз ҷумла байниидоравӣ ташкил карда шаванд. Низомномаи онҳо аз тарафи Вазир тасдиқ карда мешаванд.
20. Низомномаи Вазорат, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунии он, шумораи ниҳоии кормандон ва фонди музди меҳнати дастгоҳи марказии Вазоратро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
21. Вазорат дорои амволе мебошад, ки ба он бо ҳуқуқи идораи оперативӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст.
22. Маблағгузории хароҷот барои нигахдошти дастгоҳи марказии Вазорат ва мақомотҳое, ки ба Нақшаи идоракунии Вазорат шомиланд, инчунин муассисаҳою корхонаҳои системаи Вазорат аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои махсус ва ҳисоботи хоҷагидорӣ анҷом дода мешавад.
23. Вазорат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
24. Маҳали ҷойгиршавии Вазорат - Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 25 мебошад.
Замимаи 2
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 587
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Сарраёсати қонунгузорӣ
Раёсати пешбурди Феҳристи давлатии санадҳои меъёрии ҳукуқии Ҷумҳрии Тоҷикистон ва тадвини Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳрии Тоҷикистон
Раёсати бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ (карор аз 1.04.2008 № 176);
Раёсати бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ
Раёсати равобити байналмилалии ҳуқуқӣ (карор аз 1.04.2008 № 176);
Шӯъбаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ (карор аз 1.04.2008 № 176);
Шӯъбаи бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ
Шӯъбаи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
Шуъбаи умумӣ ва назорати иҷро
Шуъбаи иқтисоду молия
Шӯъбаи идоракунии корҳо
Раёсати ташкили фаъолияти иҷрочиёни суд (карор аз 1.04.2008 № 176)
Замимаи 3
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 587
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Раёсати корҳои ислоҳӣ ва муассисаҳои тобеи он
Раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо
Саридораи иотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои нотариалии давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо
Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ
Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ
Замимаи 4
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 587
тасдиқ шудааст
Номгӯи муассисаҳою корхонаҳои системаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳукуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо
Корхонаи воҳиди давлатии иашриётии "Қонуният".