Низомномаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 603

Санаи амалкуни: 02.05.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 148 аз эътибор соқит дониста шуд.

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 603

тасдиқ карда шудааст

НИЗОМНОМАИ Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.07 № 460, аз 30.11.2007 № 603, аз 30.05.2008 № 282, аз 1.10.2008 № 482, аз 31.08.2009 № 494, аз 31.10.2009 № 624, аз 6.02.2010 № 35, аз 29.05.2010 № 283, аз 1.07.2010 № 344, аз 30.12.2010 № 698,699,700, аз 6.10.2011 № 496, аз 05.09.2012 № 478, аз 12.10.2012 № 575, аз 12.01.2013 № 19, аз 12.01.2013 № 20, аз 02.05.2013 № 207, № 215)

I. Мукаррароти умумӣ

1. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатт ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ масъул аст.

2. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ" ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳамин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад.

3. Вазорат, воҳидҳои сохтории дахлдори макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазоратҳои (идораҳои) ҷумҳурӣ системаи ягонаи идораи давлатиро ташкил медиҳанд, ки татбиқи сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ таъмин менамоянд.

4. Вазорат фаъолияти дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳоро сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идориашон, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вобаста ба масъалаҳои марбут ба салоҳияташ ҳамоҳанг месозад.

5. Иҷрои стандартҳо, мукаррарот, меъёру нормативҳое, ки Вазорат дар соҳаи тандурустӣ бо тартиби муқарраргардида таҳия ва тасдиқ намудааст, барои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи мақаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, инчунин шахсони воқеӣ ҳатмӣ мебошад.

II. Ваколатҳо

6. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои зеринро дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида амалӣ менамояд:

ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобасга ба татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии фаъолият дар соҳаи ҳифзи саломатии ахолӣ пешниҳод менамояд;

дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳукукии зеринро дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида қабул менамояд:

муқаррар намудани номгӯи мансаб ва ихтисосҳо дар соҳаи тандурустӣ;

муайян намудани ӯхдадориҳо, вазифаҳои касбӣ, тавсияномаҳои ихтисосии ҳайати тиббӣ ва фармасевтии соҳаи тандурустӣ;

тартиби гузаронидани экспертиза, сертификатсия ва иҷозатномадиҳӣ, назорати истеҳсол, воридот, содирот, фурӯхтан, нигаҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи доруворӣ, аз ҷумла маводи нашъаовар ва моддаҳои ба он баробаркардашуда, ваксинаҳо ва хунобаҳо, техникаи тиббӣ, - махсулоти таъиноти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, маводи ғизоии табобатию профилактикӣ, хӯрокаи иловагӣ ва косметика дар корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотхо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, феҳристи доруворӣ;

тартиби расонидани кӯмаки тиббию санитарӣ ва фармасевтӣ ба шаҳрвандон дар муассисаҳои давлатии тиббӣ ва фармасевтӣ, гузаронидани муоинаҳои тиббӣ ва тиббию генетикӣ, равона кардани беморон барои муолиҷаи санаторию курортӣ, иҷозат ё манъи табобат дар курортҳо ва санаторияҳои ҷумхурӣ, номгӯи бемориҳое, ки ҳангоми мавҷудияти онхо аз муоина ва табобат даст кашидани шаҳрвандон ва намояндаҳои қонунии онҳо манъ аст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.05.2008 № 282);

муқаррар намудани номгӯи нишондодҳои ва тартиби гузаронидани стерилизатсияи тиббӣ (ҷарроҳӣ), номгӯи нишондодҳои тиббӣ барои ба таври сунъӣ қать намудани ҳомиладорӣ, мӯхлатҳои ҳомиладорӣ ва тартиби гузаронидани ҷарроҳии ба таври сунъӣ қать намудани ҳомиладорӣ;

тартиби гузаронидани тадбирҳои махсуси пешгирии бемориҳое, ки барои атрофиён хавфноканд, номгӯи усулҳои мураккаби ташхис ва муолиҷа, ки ҳангоми онҳо розигии хаттии беморон ё намояндагони қонунии онҳо зарур мебошад;

тартиби гузаронидани озмоиши клиникӣ ва тиббию биологӣ, истифодаи усулҳои нави ташхис ва муолиҷа, додани иҷозат барои гузаронидани таҷрибаи клиникӣ ва тиббию биологӣ (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 30.05.2008 № 282);

тартиби муайян намудани лаҳзаи марги одам, қатъи чорабиниҳои реаниматсионӣ, муайян кардани тартиби гузаронидани чок карда кушодани патологаю анатомӣ;

тартиби расонидани кӯмаки тиббию санитарӣ ба шаҳрвандоне, ки бо тарбияи ҷисмонию варзиш машғуланд, ташкили кӯмаки муолиҷавию профилактикӣ дар мактабҳо ва муассисаҳои томактабии кӯдакона;

тартиб, намуд ва ҳаҷми кӯмаки тиббию санитарӣ ба шаҳрвандоне, ки мубталои бемориҳои аз назари иҷтимоӣ аҳамиятнок мебошанд;

тартиб ва таъмини сиёсати ягона дар соҳаи саноати фарматсевтӣ ва тиббӣ, иштирок дар тасдиқи стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шароити техникӣ барои маҳсулоти таъиноти тиббӣ, инчунин назорати иҷрои онҳо;

тартиби системаи баҳисобгирии оморӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ;

тартиби назорати даблатии санитарию эпидемиологӣ, дар доираи салоҳияти худ гузаронидани чорабиниҳои бехатарии экологию радиатсионӣ, ҳифзи муҳити атроф, инчунин муҳофизати санитарии қаламрави ҷумҳурӣ;

тартиби гузаронидани экспертизахои корношоямии муваққатии шаҳрвандон, инчунин экспертизаи судию рӯҳӣ ва судию тиббӣ;

тартиби қабули шаҳрвандони хориҷӣ ва равон кардани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷа барои ташхис ва муолиҷа;

тартиби эмкунии аҳолӣ, воқеъ будани шахсон дар муассисаи тиббӣ вобаста ба нигоҳубини кӯдаки бемор, иҷозат ё манъ, тартиби интихоб ва равона кардани кӯдакон барои муолиҷаи санаторию курортӣ;

тартиби гузаронидани трансплантатсияи узв ва бофтаҳои як одам ба одами дигар, бордоркунии ва имплантатсияи ҷанин;

тартиби расонидани кӯмаки контрасептивӣ ба гурӯҳҳои ихтиёрии ахолӣ;

татбиқи дигар ваколатҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

амалӣ намудани аудити дохили ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои буҷетии системаи Вазорат (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 603);

муайян намудани тартиби гузаронидани Аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии тиббию фармасевтӣ новобаста ба шакли моликият ва тобеият (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 624).

7. Вазорат бо мақсади иҷрои ваколатҳои худ дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида дорои хуқуқҳои зерин аст:

- аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи махаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои тиббӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, инчун шахсони воқеӣ, ки ба фаъолияти тиббии хусусӣ машғуланд, дархост намудани маълумоти оморӣ, пешниҳодҳо, хулосаҳо ва дигар маводи зарурӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ;

- ҳамоҳангсозии фаълияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотхои тиббӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ оид ба масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ;

- барои баррасии масъалаҳои марбут ба салоҳияти худ ташкил намудани шӯроҳо (комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ), аз ҷумла бо иштироки намояндагони дигар мақомоти идоракунии давлатӣ;

- бо тартиби муқарраргардида манзур намудани пешниҳодот оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ, ва барҳамдиҳии муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорат;

- манзур намудани пешниход дар хусуси бекор намудани қарорҳои роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон мебошанд;

- ба сифати муассис тасдиқ намудани оинномаҳои муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорат;

- аз вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дархост намудан ва гирифтани маълумот дар бораи маблағгузории соҳаи тандурустӣ ва муассисаҳои алоҳидаи тандурустӣ;

- муқаррар намудани тартиб ва шароити донор будан;

- муайян намудани номгӯи шахсоне, ки бояд ба таври имтиёзнок бо доруворй ва асбобҳои ортопедӣ, протезӣ, маҳсулоти ислоҳкунанда ва дасггоҳҳои шунавоӣ, воситаҳои табобатии тарбияи ҷисмонӣ, инчунин шароит ва тартиби таъмин намудан бо онҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.05.2008 № 282);

- назорати иҷрои созишномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ, барномаю нақшаҳои бо тартиби муқарраргардида тасдиқшуда дар соҳаи тандурустӣ;

- назорат ва ҳамоҳангсозии тадқиқоти илмӣ оид ба масъалахои ҳифзи саломатии аҳолӣ, муайян намудани эҳтиёҷот барои маблағгузории тадқиқоти илмӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.05.2008 № 282);

- гузаронидани мониторинги иҷрои барномаҳои тасдиқшуда дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ;

- таъмини чорабиниҳо оид ба ташкили ёрии тиббию санитарӣ ва фармасевтӣдар ҳолатҳои фавқулодда (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.05.2008 № 282);

- якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ назорати сифати расонидани кӯмаки тиббию санитарӣ ва доруворӣ аз ҷониби тамоми муассисаҳо ва ташкилотқои тиббӣ, фармасевтӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, шахсони воқеӣ, ки фаъолияти тиббӣ ва фармасевтиро анҷом медиҳақд;

- танзими фаъолияти муассисахо ва ташкилотҳои системаи Вазорат;

- бо тартиби муқарраргардида муқаррар намудани сгандартҳои миллӣ дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла фарматсия, стандартҳои сифати хизматрасониҳои тиббӣ, дигар стандартҳо, меъёрҳо ва нормативҳо, маводи дастгурӣ ва дигар хуҷҷатҳои меъёрии ҳукукӣ дар соҳаи тандурустӣ ва таъмини назорати татбиқи онҳо;

- якҷоя бо дигар мақомоти идораи давлатӣ иштирок намудан дар ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатии кадрӣ, илмӣ ва илмию техникӣ дар соҳаи тандурустӣ;

- муайян кардани афзалиятҳо дар сохаи тандурустӣ, рушд ва ҳавасмақдгардонии принсипи афзалиятнокии пешгирии бемориҳо ва кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ;

- намояндагӣ кардани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи саломатӣ;

- муқаррар намудани номгӯи аломатҳои тиббию иҷтимоӣ барои равона кардани (ҷойгиркунонии) кӯдакони дорои ноқисиҳои ҷисмонӣ ва руҳӣ ба муассисаҳои махсусгардонидашудаи кӯдаконаи томактабӣ, мактаб-интернатҳо, хонаи кӯдакон ва хона-интернатҳо барои кӯдакон аз ҳисоби давлат;

- дар доираи салоҳияти худ нашр намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки иҷрои он барои тамоми шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии бо фаъолияти тиббию фармасевтӣ машғулбуда ҳатмӣ мебошанд;

- дар доираи салоҳияти худ анҷом додани тафтиши назоратии иҷрои муқаррарот, стандартҳо, меъёрҳо ва нормативҳо дар ҳама гуна муассисаҳои тиббӣ ва мақомоти идораи тандурустӣ, боздоштани иҷозатномаҳои додашуда;

- муқаррар намудани меъёрҳои санитарии ҷумҳуриявӣ ва соҳавӣ, қоидаҳо ва нормативҳои гигиенӣ;

- иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳаҳои тандурустӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.10.2008с. № 482);

- бо тартиби муқарраргардида пешниҳод намудани таклиф ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили кардани Фонди суғуртаи тиббӣ ва системаи ягонаи пардохт;

- бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз ҷониби Вазорати тандурустӣ тақсим кардани маблағҳои молияаие, ки аз буҷаи давлатӣ барои соҳаи тандурустӣ ҷудо мешаванд таклиф пешниҳод менамояд;

- ба мақомоти дахлдор манзур кардани пешниҳодҳо оид ба такмили сиёсати молиявӣ, оморӣ, тарифӣ, қарзӣ, андозӣ ва илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ, иштирок намудан дар муҳокимаи ин масъалаҳо;

- иштирок намудан дар таъсиси фонду ташкилотҳо барои дастгирии рушди соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ;

- муайян намудани тартиби рухсатдиҳӣ" ба мутахассисон барои фаъолият дар соҳаи тиб ва фарматсия;

- тибқи тартиби муқарраргардида ташкили экспертиза, стандартонӣ, бақайдгирии давлатӣ, сертификатсиякунонии маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, кор ва хизматрасонии тиббиву санитарӣ ва фармасевтӣ;

- тасдиқ ва нашри Доруномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Феҳристи давлатии маводи дорувории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ташкили аккредитатсиякунонии муассиса, корхона ва ташкилотҳои системаи тандурустӣ;

- амалисозии аттестатсия ва сертификатсиякунонии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва фарматсия;

- дар доираи салоҳияти худ ташкили сиёсати назорати давлатии санҷиши фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дар соҳаи тандурустӣ ва фарматсия фаъолияткунанда, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравии онҳо;

- расонидани ёрӣ ва роҳбарии маслиҳатӣ-методии муассисаву ташкилотҳои соҳаи тиб ва фарматсия;

- дар доираи салоҳияти худ назорати сифати корҳои илмӣ, таълимию табобатӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва илмию клиникии Вазорати тандурустӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.05.2008 № 282);

- барои хизматҳои махсуси меҳнатӣ дар назди ҷомеа ва давлат бо мукофотҳои идоравӣ сарфароз гардонидани кормандони соҳаи тандурустӣ ва барои гирифтани мукофотҳои давлатӣ пешниҳод намудани онҳо;

- анҷом додани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ;

- таъсис додани нашрияҳои чопӣ ва ташкили фаъолияти ноширӣ;

- гузаронидани Аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии тиббию фармасевтӣ новобаста ба шакли моликият ва тобеият (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 624);

- барои нашри китобҳои илмию таълимии тахассусӣ, соҳавӣ ва махсуси тиббию фарматсевтӣ тавсия медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.09.2012 № 478);

- додани роҳхати корӣ ва назорати ҷараёни ба ҷои кор рафтани хатмкунандагони муассисаҳои таълимии тиббӣ ва фарматсевтӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.09.2012 № 478);

- анҷом додани дигар фаъолияте, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.05.2008 № 282).

III. Ташкили фаъолият

8. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазир роҳбарӣ мекунад, ки ӯ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Вазир барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида масъулияти шахсӣ ба ӯҳда дорад.

Вазир муовинҳо дорад, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ӯ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.

Шумораи муовини Вазирро Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

9. Сохтори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз раёсату шӯъбаҳо доир ба самтҳои асосии фаъолияти Вазорат мебошад. Ба таркиби раёсатҳо шӯъбаю бахшҳо дохил мешаванд.

10. Вазир:

- роҳбарии умумии фаъолияти Вазоратро анҷом дода, кори онро ташкил менамояд;

- ӯхдадориҳоро байни муовинони худ тақсим мекунад;

- низомномаи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазоратро тасдиқ менамояд, аз номи Вазорат, хамчун муассис оинномаҳои муассисаҳо, ва ташкилотҳои системаи Вазоратро тасдиқ менамояд;

- сохтор ва ҷадвали воҳидҳои кории Вазоратро дар доираи фонди пардохти музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои муқаррар кардааст ва сметаи хароҷоти дастгоҳи марказии Вазоратро дар доираи ҳаҷми маблағгузориҳои муқарраргардидаи буҷети ҷумҳуриявӣ тасдиқ мекунад;

- бо тартиби муқарраргардида кормандони марказии Вазоратро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба номзадҳо ҷиҳати ба ҳайати мушовараи Вазорат дохил кардан ё озод намудани ин номзадҳо пешниҳод манзур медорад;

- роҳбарони раёсатҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, роҳбарони муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаи тандурустии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, сартабибони беморхонаҳои марказӣ ва роҳбарони сохторҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳоро тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.09.2012 № 478);

- бо тартиби муқарраргардида дар бораи ташкил кардани сарраёсат ва раёсатҳои тобеи Вазорат пешниҳод манзур менамояд;

- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташаккули буҷети ҷумхуриявӣ дар қисми таъминоти молиявии фаъолияти Вазорат ва муассисаҳои тобеъи он пешниҳод манзур менамояд;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида дар бораи таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорат пешниҳод манзур менамояд;

- оид ба масъалахои рӯзмараи ташкили фаъолияти Вазорат фармоишҳо ва амрҳои дорои хусусиятҳои меъёрӣ ва ғайримеъёрӣ мебарорад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ҳуқуқҳоро анҷом медиҳад.

11. Дар Вазорат ҳайати мушовара таъсис дода мешавад, ки ба он Вазир (Раис) ва муовинони Вазир (аз рӯи вазифа) ва сардорони раёсатҳои дастгоҳо марказӣ, инчунин дигар роҳбарони ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ дохил мешаванд. Ҳайати шахсии аъзои ҳайати мушовараро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазир тасдиқ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.05.2008 № 282).

Қарорҳои ҳайати мушовара чун қоида бо фармонҳои Вазир дар амал татбиқ мегарданд.

12. Низомномаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори дастгоҳи марказии он, Нақшаи идоракунӣ, шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии он, Номгӯйҳои муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорат ва тартиби маблағгузории дастгоҳи марказии Вазоратро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва тасдиқ мекунад.

13. Ба дастгоҳи марказии Вазорат воҳидҳои сохторӣ (раёсатҳо, шӯъбаҳо) ва ёрирасон дохил мешаванд, ки барои таҳия ва татбиқӣ сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ, таҳияи стандартҳо, муқаррарот ва меъёру нормативҳо дар соҳаи тандурустӣ, танзими фаъолияти тиббӣ ва фармасевтӣ, муайян кардани шартҳои созишномаҳои дуҷонибаи Вазорат бо муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорат масъул мебошанд.

14. Ба Нақшаи идоракунии Вазорат бахшҳои сохтори дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки якҷоя бо Вазорат барои таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳа масъул мебошанд, дохил мешаванд.

15. Вазорат шартҳои созишномаҳои дуҷонибаро бо корхонаҳо муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансуб буда, дар соҳаи тандурустӣ ба сифати воҳидҳои хоҷагии ҷиҳати болоравии ҳаҷм ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ мусоидаткунанда фаъолият мекунанд, муайян менамояд.

16. Ҳисоботи роҳбарони ин корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо оид ба ҷараёни иҷрои созишномаҳо бо Вазорат татбиқи барномаю нақшаҳои тасдиқгардида мунтазам дар маҷлисҳои ҳайати мушовараи он шунида мешаванд.

17. Таъминоти дастгоҳи марказии Вазорат аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумхуриявӣ ва дигар маблағҳо бо тартибе, ки бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа гардидааст, анҷом дода мешавад.

18. Вазорат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, дигар мӯҳру штампҳои дахлдор ва бланкҳо мебошад ва аз ҳисобномаи ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ карда мешавад.

19. Маҳали ҷойгиршавии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистоншаҳри Душанбе, кӯчаи Шевченко, 69

3амимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2008 № 282

тасдиқ шудааст

СОХТОРИ дастгоҳи марказии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Раёсати ташкили Хизматрасониҳои тиббӣ

Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.09.2012 № 478)

Раёсати ислоҳот ва робитаҳои байналмилалӣ

Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оила

Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаи тандурустӣ

Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ

Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.09.2012 № 478)

Шӯъбаи баҳисобгирӣ ва муҳосибавӣ

Бахши ҳуқуқ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.09.2012 № 478)

хориҷ карда шуда (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.09.2012 № 478)

Шӯъбаи аудити дохилӣ

Шӯъбаи коргузорӣ ва назорат

хориҷ карда шуд(қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.09.2012 № 478)

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2008 № 282

тасдиқ шудааст

НАҚШАИ идоракунии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Раёсатҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе

Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ

Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ

Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемологӣ

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2008 № 262

тасдиқ шудааст

Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази миллии тиббӣ

Маркази миллии тахшис

Маркази миллии солимии репродуктивӣ

Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино

Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон

Муассисаи давлатии "Пажуҳишгоҳи тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.10.2008 с.№ 482).

Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона"(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.10.2008 с.№ 482).

Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.10.2011 № 496)

Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.05.2013 № 215)

Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2010 № 699)

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.10.2011 № 496)

Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ

Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои рӯҳӣ

Маркази ҷумҳуриявии саломатии рӯҳии кӯдакон ва наврасон Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои рӯҳӣ

Маркази ҷумҳуриявии байниноҳиявии психоневрологии шаҳри Турсунзода

Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.01.2013 № 20)

Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст ва узвҳои таносул

Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М.Ғ.Ғуломов

Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм

Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил

Маркази ҷумҳуриявии клиникии урологӣ

Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сутунмӯҳра

Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ

Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.01.2013 № 19)

Санаторияи ҷумҳуриявии кӯдаконаи "Қаратоғ"

Санаторияи ҷумҳуриявии кӯдаконаи кардиоревматологии "Ҳушёрӣ"

Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии тиббию иҷтимоӣ "Тангаӣ"

Беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтии ба номи Нурматов Абдусаттор

Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ

Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои сил

Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ

Маркази ҷумҳуриявии кори ҳамширагӣ

Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди касалиҳои карантинӣ

Маркази ҷумҳуриявии эмтаъминкунӣ

Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории СПИД

Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ

Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим

Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббию судӣ

Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию тиббӣ

Хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 283)

Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ

Колеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа

Колеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб

Колеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Ҳисор

Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ваҳдат

Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Рашт

Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Ёвон

Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара

Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Конибодом

Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Истаравшан

Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Панҷакент

Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хоруғ

Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Турсунзода

Маркази илмию тадқиқотии дорусозӣ

Маркази ҷумҳуриявии оид ба масъалаҳои ғизо

Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии тиббии хадамоти сайёри соҳаи чорво

Маркази ҷумҳуриявии хариди доруворӣ ва молҳои тиббӣ

Маркази ҷумҳуриявии дезинфексияи профилактикӣ

Корхонаи воҳиди давлатии "Ронанда"

Базаи ҷумҳуриявии автомобилӣ

Идораи таъмиру сохтмонии шаҳри Кӯлоб

Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикфарминдустрия"

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Тоҷделфарм" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.02.2010  № 35)

Идораи сохтмони асосӣ

Редаксияи маҷаллаи "Шифо"

Редаксияи маҷаллаи "Тандурустии Тоҷикистон"

Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ

Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии кӯдакона

Базаи ҷумҳуриявии таъминоти махсуси тиббӣ

Муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо

Муассисаи давлатии "Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2009 № 494)

Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрология" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2009 № 494)

Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2010 № 344)

Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиктибтаҷҳизот" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2010 № 698)

Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2010 № 699)

Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2010 № 700)

Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.10.2011 № 496)

Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Исфара (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.09.2012 № 478)

Муассисаи давлатии "Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара (қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.10.2012 № 575)

Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии клиникии ортопедӣ ва осебшиносӣ" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.01.2013 № 19)

Муассисаи давлатии "Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.01.2013 № 20)

Муассисаи давлатии "Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.05.2013 № 207)

Замимаи 1

 Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 603

тасдиқ карда шудааст

НИЗОМНОМАИ Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.07 № 460, аз 30.11.2007 № 603, аз 30.05.2008 № 282, аз 1.10.2008 № 482, аз 31.08.2009 № 494, аз 31.10.2009 № 624, аз 6.02.2010 № 35)

I. Мукаррароти умумӣ

1. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд -Вазорат) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатт ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ масъул аст.

2. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ" ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳамин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад.

3. Вазорат, воҳидҳои сохтории дахлдори макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазоратҳои (идораҳои) ҷумҳурӣ системаи ягонаи идораи давлатиро ташкил медиҳанд, ки татбиқи сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ таъмин менамоянд.

4. Вазорат фаъолияти дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳоро сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идориашон, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вобаста ба масъалаҳои марбут ба салоҳияташ ҳамоҳанг месозад.

5. Иҷрои стандартҳо, мукаррарот, меъёру нормативҳое, ки Вазорат дар соҳаи тандурустӣ бо тартиби муқарраргардида таҳия ва тасдиқ намудааст, барои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи мақаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, инчунин шахсони воқеӣ ҳатмӣ мебошад.

II. Ваколатҳо

6. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Точикистон ваколатҳои зеринро дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида амалӣ менамояд:

ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобасга ба татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии фаъолият дар соҳаи ҳифзи саломатии ахолӣ пешниҳод менамояд;

дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳукукии зеринро дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида қабул менамояд:

муқаррар намудани номгӯи мансаб ва ихтисосҳо дар соҳаи тандурустӣ;

муайян намудани ӯхдадориҳо, вазифаҳои касбӣ, тавсияномаҳои ихтисосии ҳайати тиббӣ ва фармасевтии соҳаи тандурустӣ;

тартиби гузаронидани экспертиза, сертификатсия ва иҷозатномадиҳӣ, назорати истеҳсол, воридот, содирот, фурӯхтан, нигаҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи доруворӣ, аз ҷумла маводи нашъаовар ва моддаҳои ба он баробаркардашуда, ваксинаҳо ва хунобаҳо, техникаи тиббӣ, - махсулоти таъиноти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, маводи ғизоии табобатию профилактикӣ, хӯрокаи иловагӣ ва косметика дар корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотхо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, феҳристи доруворӣ;

тартиби расонидани кӯмаки тиббию санитарӣ ва фармасевтӣ ба шаҳрвандон дар муассисаҳои давлатии тиббӣ ва фармасевтӣ, гузаронидани муоинаҳои тиббӣ ва тиббию генетикӣ, равона кардани беморон барои муолиҷаи санаторию курортӣ, иҷозат ё манъи табобат дар курортҳо ва санаторияҳои ҷумхурӣ, номгӯи бемориҳое, ки ҳангоми мавҷудияти онхо аз муоина ва табобат даст кашидани шаҳрвандон ва намояндаҳои қонунии онҳо манъ аст (карор аз 30.05.2008 № 282);

муқаррар намудани номгӯи нишондодҳои ва тартиби гузаронидани стерилизатсияи тиббӣ (ҷарроҳӣ), номгӯи нишондодҳои тиббӣ барои ба таври сунъӣ қать намудани ҳомиладорӣ, мӯхлатҳои ҳомиладорӣ ва тартиби гузаронидани ҷарроҳии ба таври сунъӣ қать намудани ҳомиладорӣ;

тартиби гузаронидани тадбирҳои махсуси пешгирии бемориҳое, ки барои атрофиён хавфноканд, номгӯи усулҳои мураккаби ташхис ва муолиҷа, ки ҳангоми онҳо розигии хаттии беморон ё намояндагони қонунии онҳо зарур мебошад;

тартиби гузаронидани озмоиши клиникӣ ва тиббию биологӣ, истифодаи усулҳои нави ташхис ва муолиҷа, додани иҷозат барои гузаронидани таҷрибаи клиникӣ ва тиббию биологӣ (карор аз 30.05.2008 № 282);

тартиби муайян намудани лаҳзаи марги одам, қатъи чорабиниҳои реаниматсионӣ, муайян кардани тартиби гузаронидани чок карда кушодани патологаю анатомӣ;

тартиби расонидани кӯмаки тиббию санитарӣ ба шаҳрвандоне, ки бо тарбияи ҷисмонию варзиш машғуланд, ташкили кӯмаки муолиҷавию профилактикӣ дар мактабҳо ва муассисаҳои томактабии кӯдакона;

тартиб, намуд ва ҳаҷми кӯмаки тиббию санитарӣ ба шаҳрвандоне, ки мубталои бемориҳои аз назари иҷтимоӣ аҳамиятнок мебошанд;

тартиб ва таъмини сиёсати ягона дар соҳаи саноати фарматсевтӣ ва тиббӣ, иштирок дар тасдиқи стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шароити техникӣ барои маҳсулоти таъиноти тиббӣ, инчунин назорати иҷрои онҳо;

тартиби системаи баҳисобгирии оморӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ;

тартиби назорати даблатии санитарию эпидемиологӣ, дар доираи салоҳияти худ гузаронидани чорабиниҳои бехатарии экологию радиатсионӣ, ҳифзи муҳити атроф, инчунин муҳофизати санитарии қаламрави ҷумҳурӣ;

тартиби гузаронидани экспертизахои корношоямии муваққатии шаҳрвандон, инчунин экспертизаи судию рӯҳӣ ва судию тиббӣ;

тартиби қабули шаҳрвандони хориҷӣ ва равон кардани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷа барои ташхис ва муолиҷа;

тартиби эмкунии аҳолӣ, воқеъ будани шахсон дар муассисаи тиббӣ вобаста ба нигоҳубини кӯдаки бемор, иҷозат ё манъ, тартиби интихоб ва равона кардани кӯдакон барои муолиҷаи санаторию курортӣ;

тартиби гузаронидани трансплантатсияи узв ва бофтаҳои як одам ба одами дигар, бордоркунии ва имплантатсияи ҷанин;

тартиби расонидани кӯмаки контрасептивӣ ба гурӯҳҳои ихтиёрии ахолӣ;

татбиқи дигар ваколатҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

амалӣ намудани аудити дохили ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои буҷетии системаи Вазорат (карори Хукумати ЧТ аз 30.11.2007 № 603);

муайян намудани тартиби гузаронидани Аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии тиббию фармасевтӣ новобаста ба шакли моликият ва тобеият (карор аз 31.10.2009 № 624).

7. Вазорат бо мақсади иҷрои ваколатҳои худ дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида дорои хуқуқҳои зерин аст:

- аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи махаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои тиббӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, инчун шахсони воқеӣ, ки ба фаъолияти тиббии хусусӣ машғуланд, дархост намудани маълумоти оморӣ, пешниҳодҳо, хулосаҳо ва дигар маводи зарурӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ;

- ҳамоҳангсозии фаълияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотхои тиббӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ оид ба масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ;

- барои баррасии масъалаҳои марбут ба салоҳияти худ ташкил намудани шӯроҳо (комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ), аз ҷумла бо иштироки намояндагони дигар мақомоти идоракунии давлатӣ;

- бо тартиби муқарраргардида манзур намудани пешниҳодот оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ, ва барҳамдиҳии муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорат;

- манзур намудани пешниход дар хусуси бекор намудани қарорҳои роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон мебошанд;

- ба сифати муассис тасдиқ намудани оинномаҳои муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорат;

- аз вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дархост намудан ва гирифтани маълумот дар бораи маблағгузории соҳаи тандурустӣ ва муассисаҳои алоҳидаи тандурустӣ;

- муқаррар намудани тартиб ва шароити донор будан;

- муайян намудани номгӯи шахсоне, ки бояд ба таври имтиёзнок бо доруворй ва асбобҳои ортопедӣ, протезӣ, маҳсулоти ислоҳкунанда ва дасггоҳҳои шунавоӣ, воситаҳои табобатии тарбияи ҷисмонӣ, инчунин шароит ва тартиби таъмин намудан бо онҳо (карор аз 30.05.2008 № 282);

- назорати иҷрои созишномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ, барномаю нақшаҳои бо тартиби муқарраргардида тасдиқшуда дар соҳаи тандурустӣ;

- назорат ва ҳамоҳангсозии тадқиқоти илмӣ оид ба масъалахои ҳифзи саломатии аҳолӣ, муайян намудани эҳтиёҷот барои маблағгузории тадқиқоти илмӣ (карор аз 30.05.2008 № 282);

- гузаронидани мониторинги иҷрои барномаҳои тасдиқшуда дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ;

- таъмини чорабиниҳо оид ба ташкили ёрии тиббию санитарӣ ва фармасевтӣдар ҳолатҳои фавқулодда (карор аз 30.05.2008 № 282);

- якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ назорати сифати расонидани кӯмаки тиббию санитарӣ ва доруворӣ аз ҷониби тамоми муассисаҳо ва ташкилотқои тиббӣ, фармасевтӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, шахсони воқеӣ, ки фаъолияти тиббӣ ва фармасевтиро анҷом медиҳақд;

- танзими фаъолияти муассисахо ва ташкилотҳои системаи Вазорат;

- бо тартиби муқарраргардида муқаррар намудани сгандартҳои миллӣ дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла фарматсия, стандартҳои сифати хизматрасониҳои тиббӣ, дигар стандартҳо, меъёрҳо ва нормативҳо, маводи дастгурӣ ва дигар хуҷҷатҳои меъёрии ҳукукӣ дар соҳаи тандурустӣ ва таъмини назорати татбиқи онҳо;

- якҷоя бо дигар мақомоти идораи давлатӣ иштирок намудан дар ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатии кадрӣ, илмӣ ва илмию техникӣ дар соҳаи тандурустӣ;

- муайян кардани афзалиятҳо дар сохаи тандурустӣ, рушд ва ҳавасмақдгардонии принсипи афзалиятнокии пешгирии бемориҳо ва кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ;

- намояндагӣ кардани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи саломатӣ;

- муқаррар намудани номгӯи аломатҳои тиббию иҷтимоӣ барои равона кардани (ҷойгиркунонии) кӯдакони дорои ноқисиҳои ҷисмонӣ ва руҳӣ ба муассисаҳои махсусгардонидашудаи кӯдаконаи томактабӣ, мактаб-интернатҳо, хонаи кӯдакон ва хона-интернатҳо барои кӯдакон аз ҳисоби давлат;

- дар доираи салоҳияти худ нашр намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки иҷрои он барои тамоми шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии бо фаъолияти тиббию фармасевтӣ машғулбуда ҳатмӣ мебошанд;

- дар доираи салоҳияти худ анҷом додани тафтиши назоратии иҷрои муқаррарот, стандартҳо, меъёрҳо ва нормативҳо дар ҳама гуна муассисаҳои тиббӣ ва мақомоти идораи тандурустӣ, боздоштани иҷозатномаҳои додашуда;

- муқаррар намудани меъёрҳои санитарии ҷумҳуриявӣ ва соҳавӣ, қоидаҳо ва нормативҳои гигиенӣ;

- иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳаҳои тандурустӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда (карори Хукумати ЧТ аз 01.10.2008с. №482);

- бо тартиби муқарраргардида пешниҳод намудани таклиф ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили кардани Фонди суғуртаи тиббӣ ва системаи ягонаи пардохт;

- бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз ҷониби Вазорати тандурустӣ тақсим кардани маблағҳои молияаие, ки аз буҷаи давлатӣ барои соҳаи тандурустӣ ҷудо мешаванд таклиф пешниҳод менамояд;

- ба мақомоти дахлдор манзур кардани пешниҳодҳо оид ба такмили сиёсати молиявӣ, оморӣ, тарифӣ, қарзӣ, андозӣ ва илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ, иштирок намудан дар муҳокимаи ин масъалаҳо;

- иштирок намудан дар таъсиси фонду ташкилотҳо барои дастгирии рушди соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ;

- муайян намудани тартиби рухсатдиҳӣ" ба мутахассисон барои фаъолият дар соҳаи тиб ва фарматсия;

- тибқи тартиби муқарраргардида ташкили экспертиза, стандартонӣ, бақайдгирии давлатӣ, сертификатсиякунонии маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, кор ва хизматрасонии тиббиву санитарӣ ва фармасевтӣ;

- тасдиқ ва нашри Доруномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Феҳристи давлатии маводи дорувории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ташкили аккредитатсиякунонии муассиса, корхона ва ташкилотҳои системаи тандурустӣ;

- амалисозии аттестатсия ва сертификатсиякунонии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва фарматсия;

- дар доираи салоҳияти худ ташкили сиёсати назорати давлатии санҷиши фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дар соҳаи тандурустӣ ва фарматсия фаъолияткунанда, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравии онҳо;

- расонидани ёрӣ ва роҳбарии маслиҳатӣ-методии муассисаву ташкилотҳои соҳаи тиб ва фарматсия;

- дар доираи салоҳияти худ назорати сифати корҳои илмӣ, таълимию табобатӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва илмию клиникии Вазорати тандурустӣ (карор аз 30.05.2008 № 282);

- барои хизматҳои махсуси меҳнатӣ дар назди ҷомеа ва давлат бо мукофотҳои идоравӣ сарфароз гардонидани кормандони соҳаи тандурустӣ ва барои гирифтани мукофотҳои давлатӣ пешниҳод намудани онҳо;

- анҷом додани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ;

- таъсис додани нашрияҳои чопӣ ва ташкили фаъолияти ноширӣ;

- гузаронидани Аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии тиббию фармасевтӣ новобаста ба шакли моликият ва тобеият (карор аз 31.10.2009 № 624);

- анҷом додани дигар фаъолияте, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд (карор аз 30.05.2008 № 282).

III. Ташкили фаъолият

8. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазир роҳбарӣ мекунад, ки ӯ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Вазир барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида масъулияти шахсӣ ба ӯҳда дорад.

Вазир муовинҳо дорад, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ӯ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.

Шумораи муовини Вазирро Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

9. Сохтори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз раёсату шӯъбаҳо доир ба самтҳои асосии фаъолияти Вазорат мебошад. Ба таркиби раёсатҳо шӯъбаю бахшҳо дохил мешаванд.

10. Вазир:

- роҳбарии умумии фаъолияти Вазоратро анҷом дода, кори онро ташкил менамояд;

- ӯхдадориҳоро байни муовинони худ тақсим мекунад;

- низомномаи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазоратро тасдиқ менамояд, аз номи Вазорат, хамчун муассис оинномаҳои муассисаҳо, ва ташкилотҳои системаи Вазоратро тасдиқ менамояд;

- сохтор ва ҷадвали воҳидҳои кории Вазоратро дар доираи фонди пардохти музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои муқаррар кардааст ва сметаи хароҷоти дастгоҳи марказии Вазоратро дар доираи ҳаҷми маблағгузориҳои муқарраргардидаи буҷети ҷумҳуриявӣ тасдиқ мекунад;

- бо тартиби муқарраргардида кормандони марказии Вазоратро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба номзадҳо ҷиҳати ба ҳайати мушовараи Вазорат дохил кардан ё озод намудани ин номзадҳо пешниҳод манзур медорад;

- бо тартиби муқарраргардида масъалаи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазоратро ҳал менамояд;

- бо тартиби муқарраргардида дар бораи ташкил кардани сарраёсат ва раёсатҳои тобеи Вазорат пешниҳод манзур менамояд;

- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташаккули буҷети ҷумхуриявӣ дар қисми таъминоти молиявии фаъолияти Вазорат ва муассисаҳои тобеъи он пешниҳод манзур менамояд;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида дар бораи таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорат пешниҳод манзур менамояд;

- оид ба масъалахои рӯзмараи ташкили фаъолияти Вазорат фармоишҳо ва амрҳои дорои хусусиятҳои меъёрӣ ва ғайримеъёрӣ мебарорад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ҳуқуқҳоро анҷом медиҳад.

11. Дар Вазорат ҳайати мушовара таъсис дода мешавад, ки ба он Вазир (Раис) ва муовинони Вазир (аз рӯи вазифа) ва сардорони раёсатҳои дастгоҳо марказӣ, инчунин дигар роҳбарони ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ дохил мешаванд. Ҳайати шахсии аъзои ҳайати мушовараро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазир тасдиқ менамояд (карор аз 30.05.2008 № 282).

Қарорҳои ҳайати мушовара чун қоида бо фармонҳои Вазир дар амал татбиқ мегарданд.

12. Низомномаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори дастгоҳи марказии он, Нақшаи идоракунӣ, шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии он, Номгӯйҳои муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорат ва тартиби маблағгузории дастгоҳи марказии Вазоратро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва тасдиқ мекунад.

13. Ба дастгоҳи марказии Вазорат воҳидҳои сохторӣ (раёсатҳо, шӯъбаҳо) ва ёрирасон дохил мешаванд, ки барои таҳия ва татбиқӣ сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ, таҳияи стандартҳо, муқаррарот ва меъёру нормативҳо дар соҳаи тандурустӣ, танзими фаъолияти тиббӣ ва фармасевтӣ, муайян кардани шартҳои созишномаҳои дуҷонибаи Вазорат бо муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорат масъул мебошанд.

14. Ба Нақшаи идоракунии Вазорат бахшҳои сохтори дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки якҷоя бо Вазорат барои таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳа масъул мебошанд, дохил мешаванд.

15. Вазорат шартҳои созишномаҳои дуҷонибаро бо корхонаҳо муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансуб буда, дар соҳаи тандурустӣ ба сифати воҳидҳои хоҷагии ҷиҳати болоравии ҳаҷм ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ мусоидаткунанда фаъолият мекунанд, муайян менамояд.

16. Ҳисоботи роҳбарони ин корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо оид ба ҷараёни иҷрои созишномаҳо бо Вазорат татбиқи барномаю нақшаҳои тасдиқгардида мунтазам дар маҷлисҳои ҳайати мушовараи он шунида мешаванд.

17. Таъминоти дастгоҳи марказии Вазорат аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумхуриявӣ ва дигар маблағҳо бо тартибе, ки бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа гардидааст, анҷом дода мешавад.

18. Вазорат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, дигар мӯҳру штампҳои дахлдор ва бланкҳо мебошад ва аз ҳисобномаи ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ карда мешавад.

19. Маҳали ҷойгиршавии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистоншаҳри Душанбе, кӯчаи Шевченко, 69

3амимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2008 № 282

тасдиқ шудааст

СОХТОРИ дастгоҳи марказии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Раёсати ташкили Хизматрасониҳои тиббӣ

Раёсати илм ва таҳсилоти тиббию фармасевтӣ (Карори Хукумати ЧТ аз 01.10.2008 с.№ 482)

Раёсти ислоҳот ва робитаҳои байналмилалӣ

Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оила

Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаи тандурустӣ

Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ

Раёсати санитарию эпидемилогӣ

Шӯъбаи баҳисобгирӣ ва муҳосибавӣ

Шӯъбаи ҳуқуқ

Шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббӣ

Шӯъбаи аудити дохилӣ

Шӯъбаи коргузорӣ ва назорат

Шӯъбаи кадрҳо

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2008 № 282

тасдиқ шудааст

НАҚШАИ идоракунии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Раёсатҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе

Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ

Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ

Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемологӣ

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2008 № 282

тасдиқ шудааст

Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази миллии тиббӣ

Маркази миллии тахшис

Маркази миллии солимии репродуктивӣ

Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино

Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон

Муассисаи давлатии "Пажуҳишгоҳи тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон (Карори Хукумати ЧТ 01.10.2008 с.№ 482).

Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона"(Карори Хукумати ЧТ 01.10.2008 с.№ 482).

Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон

Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷароҳии дилу раг ва қафаси сина

Маркази ҷумҳуриявии илмии хун

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии стоматологӣ

Маркази ҷумҳуриявии илмию таълимии ҷарроҳии барқарорсозӣ

Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ

Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои рӯҳӣ

Маркази ҷумҳуриявии саломатии рӯҳии кӯдакон ва наврасон Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои рӯҳӣ

Маркази ҷумҳуриявии байниноҳиявии психоневрологии шаҳри Турсунзода

Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил

Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст ва узвҳои таносул

Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М.Ғ.Ғуломов

Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм

Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил

Маркази ҷумҳуриявии клиникии урологӣ

Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сутунмӯҳра

Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ

Маркази ҷумҳуриявии клиникии ортопедия ва осебшиносӣ

Санаторияи ҷумҳуриявии кӯдаконаи "Қаратоғ"

Санаторияи ҷумҳуриявии кӯдаконаи кардиоревматологии "Ҳушёрӣ"

Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии тиббию иҷтимоӣ "Тангаӣ"

Беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтии ба номи Нурматов Абдусаттор

Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ

Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди беморихри сил

Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ

Маркази ҷумҳуриявии кори хамширагӣ

Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди касалиҳои карантинӣ

Маркази ҷумҳуриявии эмтаъминкунӣ

Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории СПИД

Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ

Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим

Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббию судӣ

Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию тиббӣ

Маркази ҷумҳуриявии ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ

Колеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа

Колеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб

Колеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Ҳисор

Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ваҳдат

Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Рашт

Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Ёвон

Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара

Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Конибодом

Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Истаравшан

Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Панҷакент

Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хоруғ

Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Турсунзода

Маркази илмию тадқиқотии дорусозӣ

Маркази ҷумҳуриявии оид ба масъалаҳои ғизо

Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии тиббии хадамоти сайёри соҳаи чорво

Маркази ҷумҳуриявии хариди доруворӣ ва молҳои тиббӣ

Маркази ҷумҳуриявии дезинфексияи профилактикӣ

Корхонаи воҳиди давлатии "Ронанда"

Базаи ҷумҳуриявии автомобилӣ

Идораи таъмиру сохтмонии шаҳри Кӯлоб

Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикфарминдустрия"

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Тоҷделфарм" (карор аз 6.02.2010 № 35)

Идораи сохтмони асосӣ

Редаксияи маҷаллаи "Шифо"

Редаксияи маҷаллаи "Тандурустии Тоҷикистон"

Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ

Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии кӯдакона

Базаи ҷумҳуриявии таъминоти махсуси тиббӣ

Муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо

Муассисаи давлатии "Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (карор аз 31.08.2009 № 494)

Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрология (карор аз 31.08.2009 № 494)