Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2012, № 478 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2012, №1301 "Дар бораи ихтисори воҳидҳои кории хизматчиёни давлатии мақомоти идораи давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №603 "Дар бораи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

а) дар банди 2 қарор рақами "84" ба рақами "74" иваз карда шавад;

б) ба Низомномаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 7 пас аз сархати чилум сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- барои нашри китобҳои илмию таълимии тахассусӣ, соҳавӣ ва махсуси тиббию фарматсевтӣ тавсия медиҳад;

- додани роҳхати корӣ ва назорати ҷараёни ба ҷои кор рафтани хатмкунандагони муассисаҳои таълимии тиббӣ ва фарматсевтӣ;";

- сархати шашуми банди 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"-роҳбарони раёсатҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, роҳбарони муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаи тандурустии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, сартабибони беморхонаҳои марказӣ ва роҳбарони сохторҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳоро тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;";

в) дар Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти зерин ворид карда шаванд:

- сархатҳои сеюм ва ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм";

"Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббӣ ";

- сархати даҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Бахши ҳукуқ";

- сархатҳои ёздаҳум ва чордаҳум хориҷ карда шаванд;

г) ба Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Исфара".

2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №186 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ" тағйироти зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 2 қарор рақами "40" ба рақами"36" иваз карда шавад;

- сархати панҷуми Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Бахши ташкилию оморӣ".

3. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008 №483 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ" рақами "100" ба рақами "98" ва рақами "60" ба рақами "58" иваз карда шавад.

4. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 5 сентябри соли 2012, № 478

ш. Душанбе