Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи азнавташкилдиҳии Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаҳои 58 ва 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона" бо роҳи ба он ҳамроҳ кардани Маркази ҷумҳуриявии ҳамбастагии бемориҳои кӯдаконаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ташкил дода шавад.
2) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро бо қарори мазкур мутобиқ намояд.
3) Аз Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №603 тасдиқ шудааст, "Маркази ҷумҳуриявии ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона" хориҷ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 майи соли 2010 № 283
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О реорганизации Республиканского научно-клинического центра педиатрии и детской хирургии Министерства здравоохранения Республики Таджикистан
В соответствии со статьями 58 и 59 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Реорганизовать Государственное учреждение "Республиканский научно-клинический центр педиатрии и детской хирургии" путём присоединения к нему Республиканского центра интегрированного ведения болезней детского возраста Министерства здравоохранения Республики Таджикистан.
2) Министерству здравоохранения Республики Таджикистан в установленном порядке привести свои нормативные правовые акты в соответствие с настоящим постановлением.
3) Исключить из Перечня предприятий и организаций системы Министерства здравоохранения Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №603 "Республиканский центр интегрированного ведения болезней детского возраста".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 29 мая 2010 года № 283
г. Душанбе