Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаи 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои илмии соҳаи тандурустӣ, татбиқи дастовардҳои илми муосир ва усулҳои нави ташхису табобат дар амалияи тиббӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъсис дода шавад.
2. Теъдоди кормандони Муассисаи давлатии "Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" 19 воҳиди корӣ аз ҳисоби ихтисори воҳидҳои кории муассисаҳои илмии соҳаи тандурустӣ муайян карда шавад.
3. Муассисаи давлатии "Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз ҳисоби маблағи буҷети давлатии барои муассисаҳои илмии соҳаи тандурустӣ ҷудогардида ва дигар манбаъҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда шавад.
4. Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
5. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикисгон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии "Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро ҳал намояд.
6. Ба номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 603 тасдиқ шудааст, сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон".
"Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрология".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 августи соли 2009 № 494
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О создании Государственного учреждения "Академия медицинских наук Министерства здравоохранения Республики Таджикистан"
В соответствии со статьями 52 и 132 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и с целю обеспечения координации деятельности научных учреждений системы здравоохранения, внедрения современных научных достижений и новых методов диагностики и лечения в медицинскую практику Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Создать Государственное учреждение "Академия медицинских наук Министерства здравоохранения Республики Таджикистан".
2. Установить предельную численность сотрудников Государственного учреждения "Академии медицинских наук Министерства здравоохранения Республики Таджикистан" в количестве 19 штатных единиц за счет сокращения штатных единиц научных организаций сектора здравоохранения.
3. Финансирование Государственного учреждения "Академия медицинских наук Министерства здравоохранения Республики Таджикистан" осуществляется за счет средств государственного бюджета, выделенных научным организациям сектора здравоохранения и других источников, незапрещенных законодательством Республики Таджикистан.
4. Перевести Институт гастроэнтерологии Академии наук Республики Таджикистан в структуру Министерства здравоохранения Республики Таджикистан.
5. Министерству здравоохранения Республики Таджикистан решить организационно - правовые вопросы Государственного учреждения "Академия медицинских наук Министерства здравоохранения Республики Таджикистан".
6. Перечень учреждении и организаций системы Министерства здравоохранения Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года,№ 603 дополнить новым абзацем следующего содержания:
"Государственное учреждение "Академия медицинских наук Министерства здравоохранения Республики Таджикистан"
"Государственное учреждение "Институт гастроэнтерологии".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 31 августа 2009 года №494
г. Душанбе