Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008, № 482 "Масъалаҳои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Масъалаҳои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 58 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона" бо роҳи ҷудо кардан аз "Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва педиатрии Тоҷикистон" таъсис дода шавад.

2. Номи муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва педиатрии Тоҷикистон" ба Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон" иваз карда шавад.

3. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаҳои мазкурро ҳал намуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.

4. Сархати бисту чоруми банди 7 Низомномаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 603 тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳаҳои тандурустӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда;".

5. Сархати сеюми Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 603 тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Раёсати илм ва таҳсилоти тиббию фармасевтӣ"

6. Дар Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 603 тасдиқ шудааст:

- сархати шашум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Муассисаи давлатии "Пажуҳишгоҳи тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон".

- сархати нав дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 октябри соли 2008 № 482

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Вопросы Министерства здравоохранения Республики Таджикистан

В соответствии со статьёй 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьи 58 Гражданского кодекса Республики Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Создать Государственное учреждение "Республиканский научно-клинический центр педиатрии и детской хирургии",путем отделения от "Таджикского научно-исследовательского института акушерства, гинекологии и педиатрии".

2. Переименовать "Таджикский научно-исследовательский институт акушерства, гинекологии и педиатрии" на Государственное учреждение "Таджикский научно-исследовательский институт акушерства, гинекологии и перинатологии".

3. Министерству здравоохранения Республики Таджикистан в установленном порядке решить организационно- правовые вопросы названных учреждений и привести свои нормативные правовые акты в соответствие с настоящим постановлением.

4. Абзац двадцать четвёртый пункта 7 Положения о Министерстве здравоохранения Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006г №603 изложить в следующей редакции:

"лицензирование деятельности в области здравоохранения в соответствии с действующим законодательством;".

5. Абзац третий Структуры центрального аппарата Министерства здравоохранения Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006г. №603 изложить в следующей редакции:

"Управление науки, медицинского и фармацевтического образования".

6. В Перечне предприятий и организаций системы Министерства здравоохранения Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006г. №603

- абзац шестой изложить в следующей редакции:

"Государственное учреждение "Таджикский научно-исследовательский институт акушерства, гинекологии и перинатологии";

дополнить новым абзацем следующего содержания:

"Государственное учреждение "Республиканский научно-клинический центр педиатрии и детской хирургии".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                    Эмомали Рахмон

от 1 октября 2008 года №482

ш. Душанбе