Низомномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 604

Санаи амалкуни: 29.12.2022

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 604

тасдиқ шудааст

Низомномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2007 № 250, 251, аз 30.11.2007 № 569, 601, аз 31.10.2008 № 533, № 534, аз 1.07.2010 № 347, аз 1.02.2011 № 25, аз 04.07.2012 № 350, аз 31.08.2012 № 473, аз 30.03.2013 № 144, аз 9.08.2014 № 536, № 537, аз 3.07.2015 № 450, аз 25.09.2015 № 571, аз 30.12.2015 № 821, аз 28.07.2017 № 361, аз 30.11.2018 № 566, аз 25.11.2019 № 583, аз 25.10.2022 № 515, аз 29.12.2022 № 614)

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Вазорати фарханги Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорати фарҳанг) мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазифаҳои оид ба татбиқи сиёсати ягонаи давлатирр дар соҳаи фарҳанг, санъат, фароғати маданӣ, матбуот, табъу нашр, ҳифзу тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои муаллиф, назорати риояи ҳукуқу ӯҳдадориҳои шахсони хуқуқӣ ва воқеӣ дар доираи салоҳияти худ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ  аз 1.07.2010 № № 347).

Вазорати фарҳанг танзим ва назорати фаъолияти сохторҳои тобеи худро ба роҳ мемонад (Қарори Ҳукумати ҶТ  аз 1.07.2010 № № 347).

3. Вазорати фарҳанг дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, конунҳои конститутсионии Ҷумхурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои хуқукии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

4. Вазорати фарҳанг вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо мустақиман ва дар маҳалҳо тавассути сохторҳои худ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи махаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дигар амалӣ месозад.

II. ВАКОЛАТҲО

5. Ваколатҳои асосии Вазорати фарҳанг;

а) Пешбурд ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг, санъат, матбуот, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии хукуқии соҳавӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ  аз 1.07.2010 № № 347);

- иҷрои вазифаҳои тақсимгар ва қабулкунандаи асосии маблағхои буҷети давлатӣ;

- ташкили қабули шаҳрвандон, таъмини саривақтӣ ва мукаммали ҷавоби муроҷиати шифоҳӣ ва хаттии шаҳрвандон, қабули қарорҳо нисбати муроҷиати онҳо ва ирсоли ҷавоб ба аризадиҳандагон тибқи муқаррарот;

- таъмини ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ;

- таъмини омодагӣ ҷиҳати сафарбаркунии Вазорати фарҳанг, инчунин назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилот ва муассисаҳои тобеъ оид ба тайёрӣ барои сафарбаркунӣ;

- ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатии мамолики хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи муқаррарнамудаи фаъолият;

- мукаммалгардонӣ, ҳифз, баҳисобгирӣ ва истифодабарии асноди бойгонии Вазорати фарҳанг мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тибқи муқаррарот таъсиси нишонҳои ифтихоӣ, мукофотҳои соҳавӣ барои сарфарозгардонии шахрвандон дар доираи салоҳият (Қарори Ҳукумати ҶТ  аз 1.07.2010 № № 347);

- иштирок дар татбиқи сиёсати давлатӣ, молиявӣ, инвеститсионӣ ва инноватсионӣ;

- инкишоф ва ҳамоҳангсозии робитаҳои байналмилалии фарҳангӣ, аз ҷумла дар асоси ҳамкориҳои байниидоравӣ дар доираи салоҳияти худ;

- намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида дар ташкилотҳои байниҳукуматӣ, байналмилалӣ ва таъмини ҳифзи манфиатҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи фарҳанг;

- тибқи тартиби муқарраргардида баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва ба имзо расонидани шартномаҳои давлатӣ барои ҷойгир кардани фармоишҳо;

- ташкили назорати иҷро ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби ҳифз, тармим ва истифодаи иншоотҳои мероси таърихӣ-фарҳангӣ, воридот ва содироти арзишҳои фарҳангӣ, матбуот ва воситаҳои дигари ахбори омма, табъу нашр, аз ҷониби мақомоти идораи давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ  аз 1.07.2010 № № 347);

- ҷамъбасти таҷрибаи истифодаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи муқаррарот таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмил ва танзими ҳукуқии сохдҳои фарханг ва матбуот, ва дар ин замина расонидани ёрии методи ва ҳуқуқӣ ба сохторҳои тобеъ (Қарори Ҳукумати ҶТ  аз 1.07.2010 № № 347);

- якҷоя бо макомоти дахлдори давлатӣ андешидани тадбирҳо ҷиҳати дар хориҷа паҳн кардани нашрияҳои даврии ватанӣ ва дигар маҳсулоти воситаҳои ахбори омма;

- таҳия ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба саҳҳомӣ ва хусусигардонии ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати фарҳанг ба мақомоти дахлдор;

- таҳия ва ирсоли пешниҳодҳо оид ба таъмини интишори мавод дар соҳаи фарҳанг, санъат, матбуот, табъу нашр, ҳифзу тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, ҳимояи хуқуқҳои муаллиф, ва мероси фарҳанги миллӣ, мусоидат ба ташкили нашри ин махсулот ба забонҳои хориҷӣ барои паҳн намудан дар хориҷа (Қарори Ҳукумати ҶТ  аз 1.07.2010 № № 347);

- ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба салоҳияти Вазорати фарҳанг;

- татбиқи тадбирҳои дигар дар соҳаи фарҳанг, санъат, фароғати маданӣ, матбуот, табъу нашр, ҳифзу тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихиву фархднгӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои муаллиф ва мероси фарҳанги миллӣ, ки мухолифи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои хуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд (Қарори Ҳукумати ҶТ  аз 1.07.2010 № № 347);

 - амалӣ намудани аудити дохилӣ ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар дастгоҳи марказӣ ва муассисаву ташкилотҳои буҷетии системаи Вазорат (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2015 № 821);

б) Фароҳам овардани шароити ҳифз ва рушди фарҳанги халқҳои сокини Ҷумхурии Тоҷикистон;

- мусоидат ба татбиқи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба озодии эҷодиёт, фаъолияти фарҳангӣ, қонеъ гардондани ниёзҳои маънавӣ, ширкати озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа ва алоқамандии онҳо ба арзишҳои фарҳангии ватаниву ҷаҳонӣ;

- андешидани тадбирҳо ҷиҳати татбиқи асосҳои ҳуқуқии ташкил, ҳифз ва рушди фаъолияти китобдорӣ, ҳуқуқу озодиҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар мавриди ҷустуҷӯ ва дарёфти иттилоот, истифодаи китобхонаҳо, дастрасии озодона ба дастовардҳои илмӣ ва фарҳангии ҷахонию миллӣ;

- фароҳам овардани шароит барои ҳифз, эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ, ба ин мақсад мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи барномаҳои мақсадноки рушди соҳа;

- расонидани кӯмак тавассути ташкил намудани намоишу озмунҳо, музояда ва фурӯши махсуси маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ, инчунин мубодилаи байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар ин соҳа;

- дастгирӣ намудани таъсис ва фаъолияти иттиҳодияхо, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳои соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ, дигар ташкилотҳо;

- мусоидат ба инкишофи фароғати маданӣ, таъмини фаъолияти гуногунҷабҳаи фархангӣ-фароғатии табақаҳои мухталифи аҳолӣ;

- таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии ҳифз ва инкишофи фарҳанг;

в) Андешидани чораҳои мушаххас барои таҳия, такмилу танзими сиёсати репертуарии театрҳо ва гурӯхҳои эҷодии касбӣ, фаъолияти самарабахши онҳо ва баланд бардоштани сатҳи санъати касбӣ;

- андешидани тадбирҳои зарурӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бобати таҳкими равобити байналмилалии фарҳангӣ, ташкили сафарҳои эҷодии гурӯхҳои ҳунарӣ, театрҳои касбӣ, иштироки онҳо дар чорабиниҳо, фестивалҳо, озмунҳои байналмилалӣ;

- таъмини дастгирии давлати ва фароҳам овардани шароити ҳифз, инкишоф ва такмили санъати касбӣ;

г) Татбиқи сиёсати давлатӣ дар ҷодаи ҳифз, оммавигардонӣ ва истифодаи мероси таърихӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини баҳисобгирии давлатӣ, истифодаи мавод, асноди ибтидоӣ, баҳисобгирии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва иншоотҳои муҳити таърихӣ-шаҳрсозӣ;

- банақшагирӣ ва ташкили корҳо оид ба омӯзиш, таъмир, тармим, истифода, консерватсия ва эҳёи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва тарғиби онҳо;

- танзими лоиҳакашӣ ва эъмори муҷассамаҳо, нимпайкараҳо ва лавҳаву сутунҳои ёдбуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- банақшагирӣ ва пешниҳоди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ барои ворид намудан ба Рӯйхати мероси ҷаҳонӣ;

- таъмини пешбурди бақисобгирии муҳосибавӣ ва омории мероси таърихӣ-фарҳангӣ тибқи мукаррарот;

д) Ташаккул ва таъмини фаъолияти низоми таҳсилоти махсуси касбӣ;

- андешидани чораҳои мушаххас барои дарёфти истеъдодҳои нодир, дастгирии моддию маънавии онҳо, тарбия ва ба воя расонидани режиссёрон, рассомон, мунаққидон, дизайнерони театрҳои касбӣ ва барномаҳои театрикунонидашуда, мутахассисони зарурӣ барои оркестрҳои симфониву камеравӣ ва ташкилотҳои табъу нашр;

- ташкили тадбирҳо оид ба таълим, такмили ихтисос ва истифодаи оқилонаи кадрҳои соҳа;

- роҳбарӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотии соҳа;

- таъмини ҳамоҳангсозӣ ва баргузории корҳои илмӣ-таҳқикотӣ, ҷорӣ кардани комёбиҳои илм ва таҷрибаи пешқадами ватаниву хориҷй дар соҳаҳои фарҳанг, санъат, фароғати маданӣ, матбуот, табъу нашр, ҳифзу тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои муаллиф (Қарори Ҳукумати ҶТ  аз 1.07.2010 № № 347);

е) Таҳия ва татбиқи тадбирҳо вобаста ба дастгирии давлатии соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста;

- мусоидат ба таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф;

- намояндагӣ дар масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии муаллифонони ватаниву хориҷӣ ва ворисони онҳо;

- тибқи тартиби муқарраргардида мусоидат намудан ҳангоми имзои шартномаю созишномаҳо (вогузор намудани ваколат) ва бастани шартномаҳо бо ташкилотҳои хориҷӣ ва шахсони алоҳида барои дар хориҷи кишвар истифода намудани асарҳои муаллифоне, ки аз тарафи ҳукуқҳои муаллиф ҳифз мегарданд;

- иштирок дар тайёр намудан ва имзои созишномаҳо, ҳамчунин шартномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи муштараки ҳуқуқҳои муаллифон, бо мақомот ва ташкилотҳои давлатхои узви созишномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф бастани шартномаҳои соҳавӣ;

- ба роҳ мондани ҷамъоварӣ, тақсим ва пардохти ҳақки қалами муаллифони ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ то таъсис намудани идораи дастҷамъии ҳукуқҳои амволии муаллифон;

- мусоидат дар таъсиси идораи дастаҷамъии хукуқҳои амволии муаллифон дар назди соҳаи ҳукуқи муаллифи Вазорати фарҳанг;

ё) Татбиқи сиёсати давлатии илмӣ-техникии инвеститсионӣ, сохторӣ ва барномаҳои соҳавӣ оид ба рушди нашриёт, ташкилотҳои савдои китоб, корхонаҳои полиграфӣ, матбуоти даврӣ;

- ҳамоҳангсозии рушди шабакаи воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ва ташкилотҳои табъу нашр дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории онҳо бо васоити ахбори оммаи давлатҳои дигар;

- татбиқи сиёсати демократикунонии воситаҳои ахбори омма ва ташкилотҳои табъу нашр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам сохтани шароит барои таъсис ва фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва ташкилотҳои табъу нашри мустақил;

- расонидани кӯмаки методӣ, машваратӣ ва ташкилӣ ба ташкилотҳои табъу нашр ва матбуоти даврӣ ҷиҳати мутобиқшавии онҳо ба шароити иқтисоди бозорӣ;

- мусоидат ҷиҳати ҳифзи фазои ягонаи иттилоотӣ барои тоҷикони бурунмарзӣ;

- ҳамкорӣ бо агентиҳои иттилоотии ватаниву хориҷӣ ва матбуоти даврӣ бо мақсади интишори ахбори воқеӣ роҷеъ ба вазъи дохилӣ ва сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ;

- омӯзиши ҷараёни ахбори омма, хусусиятҳои таъсири он ба афкори умум, муайян кардани талаботи гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ оид ба рушди шаклҳои гуногуни воситаҳои ахбори омма;

- ташкили низоми маълумотӣ-иттилоотӣ оид ба масоили матбуот ва иттилоот;

- мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дахлдори эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонидани ҳамкорӣ бо давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои дигар дар соҳаи матбуот, полиграфия, нашру тавзеи китоб ва ҳифзи ҳуқуқхои муаллиф;

Ж) Хорич карда шуд (Қарори Ҳукумати ҶТ  аз 1.07.2010 № № 347)

з) Мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани дигар вазифаҳо.

6. Вазорати фарҳанг дар доираи салоҳияти худ мақомоти марказии иттилоотӣ, машваратӣ ва ташхисӣ оид ба масъалаҳои санъат, фарҳанг, мероси таърихӣ-фархангӣ, табъу нашр, озодии матбуот мебошад (Қарори Ҳукумати ҶТ  аз 1.07.2010 № № 347).

7. Вазорати фарҳанг тибқи муқаррароти мавҷуда хуқуқ дорад:

- бо розигии Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон корхонаҳо ва муассисаҳо таъсис диҳад ва аз нав ташкил намояд;

- дар асосҳои ҷамъиятӣ барои машварат экспертҳо ва мутахассисон, ҳамчунин муассисаҳои илмӣ ва олимонро, аз ҷумла аз хориҷа ба таври шартномавӣ ҷалб намояд, дар мавриди зарурат комиссияи муваққативу доимӣ, шӯроҳои хамохангсозиву экспертӣ, коллективҳои эҷодӣ ва гурӯҳҳои кориро ташкил дихад;

- нусхаҳои ҳатмии ройгони нашрияҳои давриро гирад;

- дар ташаккули буҷети чумҳуриявӣ ва дигар фондхои мақсаднок бобати муайян кардани ҳаҷми маблағгузории соҳа ширкат варзад;

- лоиҳаҳои санадҳои меъёриии ҳукуқиро оид ба танзими ҳуқуқии фаъолияти Вазорат фарҳанг ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд, хулосаҳоро оид ба лоиҳаи конунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ пешниҳод созад;

- оид ба масъалаҳои фарҳанг, санъат, матбуот изҳороти расмӣ диҳад (Қарори Ҳукумати ҶТ  аз 1.07.2010 № № 347);

- фаъолияти китобхонаҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг созад;

- назорати давлатии ҳолат ва ҳифзи нигораву коллексияи осорхонаҳоро, ки ба фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, ба роҳ монад;

- дар асоси хулосаи ташхиси илмӣ ба тариқи харид, инчунин аз ҳисоби бозёфтҳои нави бостоншиносон фонди осорхонаҳоро мукаммал гардонида, барои хифз ва истифодаи дурусти онҳо тадбирҳо андешад;

- ба таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ мусоидат намояд;

- дар таҳияи лоиҳаҳои созишномаҳо, шартномаҳо ва барномаҳои ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо ширкат намояд, онҳоро ба имзо расонад;

- Хорич карда шуд (Қарори Ҳукумати ҶТ  аз 1.07.2010 № № 347).

- татбиқи ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, ташкилотҳои ғайридавлатиро оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти вазорат таъмин намояд;

- аз вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ ахбороти заруриро оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорати фарҳанг дархост ва дастрас намояд;

- оид ба лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳукуқии аз ҷониби мақомоти дигари давлатӣ ва ё ташкилотҳои ҷамъиятӣ таҳия шуда, ки ба масъалаҳои фарҳанг, санъат, матбуот, хифзи мероси таърихиву фарҳангӣ иртибот доранд, хулоса диҳад Қарори Ҳукумати ҶТ  аз 1.07.2010 № № 347);

- баҳри татбиқи вазифаҳои вазорат конференсия, мулоқот ва семинарҳо, дигар чорабиниҳои ташкилӣ, илмӣ ва таълимиро баргузор созад;

- намояндагон ва мутахассисони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, экспертҳоро барои машварат ва таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тахлили онҳо, омода намудани пешниҳод барои ирсол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салохиятҳои Вазорати фарҳанг ҷалб намояд;

- муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои табъу нашр, матбуоти даврӣ, савдои китоб, фарҳангу фароғат, санъат, гурӯҳу дастаҳои ҳунарӣ, таълимгоҳҳои соҳавиро сарфи назар аз шакли моликият ва тобеъият ба ҳисоб гирад ва фаъолияташонро ҳамоҳанг созад;

- сафарҳои эҷодии театрҳо, гурӯҳҳои ҳунарӣ ва ҳунармандони алоҳидаи ҷумҳуриро ба хориҷа ва сафарҳои эҷодии театрҳо, гурӯҳҳои ҳунарӣ ва ҳунармандони алоҳидаи хориҷиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил, ҳамоҳанг ва танзим намояд;

- оид ба беҳдошт ва ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаву марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, маърифатӣ-дилхушкунанда, сабти овоз ва фурӯши аудио- видео- сабтҳо чораҷӯй намояд;

- нашрияҳои чопӣ таъсис диҳад ва тибқи муқаррарот фаъолияти ношириро ба роҳ монад;

- ваколатҳои дигарро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намояд.

III. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ

8. Вазорати фарҳанг дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият ҳақ надорад вазифаи назорат, инчунин вазифаи идораи амволи давлатиро, ғайр аз мавридҳои мукаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намояд.

Маҳдудияти дар сархати якуми банди мазкур муқарраршуда ба салоҳияти Вазир оид ба идораи амволи ба Вазорати фарҳанг бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ вобаста кардашуда, ҳаллу фасли масъалаҳои кадрӣ ва масъалаҳои ташкили фаъолияти Вазорати фарҳанг ва сохторҳои тобеи он дахл надоранд.

Ҳангоми татбиқи танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият Вазорати фарҳанг ҳақ надорад вазифа ва салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатиро, ки дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудаанд, мукаррар намояд, инчунин ҳақ надорад, барои татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқхои ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратии ғайридавлатӣ, ба истиснои мавридҳое, ки имконияти муқаррар намудани чунин маҳдудиятҳо бо санадҳои мақомоти ваколатдори ҳокимияти иҷроия дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумхурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқукӣ мустақиман пешбини шудаанд, махдудиятҳо муқаррар намояд.

9. Вазорати фарҳангро Вазир, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тасдиқи минбаъдаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад, сарварӣ менамояд.

Вазир барои иҷрои ваколатҳо ва татбиқи сиёсати давлатии ба Вазорати фарҳанг гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.

Вазир муовинон, аз ҷумла як муовини аввал дорад, ки онҳоро бо пешниҳоди Вазир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

Шумораи муовинони Вазирро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад.

10. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ба фаъолияти Вазорати фарҳанг роҳбарӣ менамояд;

- иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои фаъолияти системаи соҳа ташкил ва таъмин менамояд;

- тибқи тартиби мургардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешниҳодҳоро оид ба масъалаҳои салоҳияти Вазорати фарҳанг пешниҳад менамояд;

- Вазорати фарҳангро дар муносибати тарафайн бо ашхоси ҳуқуқии ватаниву хориҷӣ намояндагӣ менамояд;

- дар доираи салоҳияташ фармон ва фармоишҳо қабул мекунад, ки иҷрои онҳо барои ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати фарҳанг ҳатмист ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;

- вазифаҳоро байни муовинон тақсим намуда, доираи масъулияти онҳоро муқаррар менамояд;

- низомномаи сохтори дастгоҳи марказӣ, мақомоти маҳаллии Вазорати фарҳанг ва оинномаҳои ташкилоту муассисаҳои системаро тасдиқ менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва муовинони роҳбарони ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати фарҳангро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Вазорати фарҳанг ҳаллу фасл менамояд;

- ҷадвали корбасти дастгоҳи марказиро дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандони муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сметаи хароҷотро барои нигоҳ доштани он дар доираи маблағҳои барои давраи муайян дар буҷет пешбинишуда тасдиқ мекунад;

- шумора ва музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати фарҳангро дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин сметаи хароҷотро барои нигоҳ доштани он дар доираи маблағҳои барои давраи муайян дар буҷет пешбинишуда тасдиқ мекунад;

- нақшаи солонаи кор ва нишондиҳандаҳои фаъолияти сохтори дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг, ҳамчунин ҳисоботи фаъолияти онҳоро тасдиқ мекунад;

- аз рӯи дархости роҳбарони системаи Вазорати фарҳанг лоиҳаи пешниҳодро оид ба шумораи ҳадди ақал ва фонди музди меҳнати кормандон барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур мекунад;

- пешниҳодҳоро оид ба ташаккули лоиҳаи буҷети давлатӣ вобаста ба таъмини молиявии фаъолияти Вазорати фарҳанг ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати фарҳанг ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур мекунад;

- лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дар банди 5 Низомномаи мазкур нишон додашударо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

- карорҳои ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф будаи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати фарҳангро, дар сурати тартиби дигари бекор кардани қарор аз ҷониби конун муқаррар нашуда бошад, бекор мекунад;

- аз рӯи пешниҳоди роҳбарони ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати фарҳанг муовинони онҳоро, саркоргардон, роҳбари бадеӣ, сармуҳандис ва сармуҳосиби ташкилоту муассисаҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ  аз 1.07.2010 № № 347);

- тибқи муқаррарот кормандони дастгоҳи марказиро ба вазифа таъин ва озод менамояд;

- тибқи муқаррарот кормандони дастгоҳи марказӣ ва системаи Вазорати фарҳангро барои сарфарозгардонӣ бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатӣ пешниҳод мекунад;

- фармоишхои хусусияти меъёридошта ва оид ба масъалаҳои фаврӣ ва ҷории ташкили фаъолияти Вазорати фарҳанг фармонҳои хусусияти меъёринадошта интишор мекунад;

- фаъолияти Вазорати фарҳангро бо вазоратҳо ва идораҳои дахлдор, ки ба салоҳияти якҷояи онҳо мутааллиқанд, ҳамоҳанг месозад;

- мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро татбиқ менамояд.

11. Дар Вазорати фарҳанг ҳайати мушовара ташкил карда мешавад. Ба ҳайати мушовара Вазир (раиси ҳайати мушовара), муовинони ӯ аз рӯи вазифа, сардорони сарраёсат, раёсат ва шӯъбаҳои пешбар, арбобони фарҳанг, олимон ва мутахассисони соҳа шомил мешаванд. Шумора ва ҳайати шахсии ҳайати мушовара ба истиснои Вазир ва муовинони ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Ҳайати мушовара дар ҷаласаҳои мунтазами худ масъалаҳои асосии рушди соҳа ва дигар масъалаҳои фаъолияти вазоратро баррасӣ менамояд. Қарорҳои ҳайати мушовара бо фармони Вазир амалӣ мешаванд (Қарори Ҳукумати ҶТ  аз 1.07.2010 № № 347).

Дар мавриди ихтилофи назар байни Вазир ва аъзои ҳайати мушовара Вазир карори худро татбиқ намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ихтилофи назар гузориш медиҳад, дар навбати худ аъзои ҳайати мушовара метавонанд назари хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

12. Дар Вазорати фарҳанг дар асосҳои ҷамъиятӣ ташкили шӯроҳои илмӣ-методӣ, мусиқӣ, бадеӣ, адабӣ, иттилоотӣ, экспертӣ, техникӣ ва амсоли инҳо мумкин аст. Таъмини ташкилӣ-техникии онҳоро дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг татбиқ менамояд. Низомнома дар бораи шӯроҳо ва ҳайати шахсии онҳоро Вазир тасдиқ менамояд.

13. Маблағгузории фаъолияти дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумхуриявӣ, ки барои нигохдошти он равона шудаанд, сурат мегирад.

14. Вазорати фарҳанг шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, мӯҳру штамп, бланкаи намунаи муқарраршуда ва суратҳисоб, аз ҷумла суратҳисоби арзӣ дар хазинадории Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад.

15. Маҳалди ҷойгиршавии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 34 мебошад.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 604

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Хорич карда (Қарори Ҳукумати ҶТ  аз 1.07.2010 № № 347)

Раёсати санъат

Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Раёсати табъу нашр ва матбуот

Шӯъбаи таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2012 № 473)

Шӯъбаи ҳисоботи муҳосибавӣ ва баҳисобгирӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2012 № 473)

Бахши танзими техникӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2012 № 473)

Шӯъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ

Шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ

Шӯъбаи ҳуқук, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста

Шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ

Шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

Шӯъбаи идоракунии корҳо ва назорат

Шӯъбаи аудити дохилӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2015 № 821)

Замимаи 3

Бо карори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 604

тасдиқ шудааст

НАҚШАИ идоракунии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи маркази

Раёсатҳои /шӯъбаҳои/ фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шахрҳо ва ноҳияҳо

"Муассисаи давлатии "Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд" (Қарори Ҳукумати ҶТ  аз 31.10.2008 № 534)

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 604

тасдиқ шудааст

Номгӯи муассисаву ташкилотҳои системаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ"

Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии драмавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ"

Муассисаи давлатии "Театри давлатии драмавии русии ба номи Вдадимир Маяковский"

Муассисаи давлатии "Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов"

Муассисаи давлатии "Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтак"

Муассисаи давлатии "Сирки давлатии Тоҷикистон"

Муассисаи давлатии "Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара"

Муассисаи давлатии "Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ"

Муассисаи давлатии "Маркази эҷодии "Илҳом"

Муассисаи давлатии "Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ"

Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии "Базморо"

Муассисаи давлатии "Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии "Лола" ба номи Ғаффор Валаматзода"

Муассисаи давлатии "Ансамбли тарона ва рақси "Сомон"

Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.08.2014 № 536)

Муассисаи давлатии "Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар"

Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.08.2014 № 537)

Муассисаи давлатии "Осорхонаи ҷумхуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шахидӣ"

Муассисаи давлатии "Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 30.11.2007 № 569)

Муассисаи давлатии "Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент"

Муассисаи давлатии "Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии "Ҳулбук"

Муассисаи давлатии "Муҷтамаи ҷумхуриявии осорхонаҳои Кӯлоб"

Муассисаи давлатии "Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор"

Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот"

Муассисаи давлатии "Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов" (Қарори Ҳукумати ҶТ  аз 31.10.2008 № 533)

Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.07.2015 № 450)

Муассисаи давлатии "Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулови шаҳри Душанбе"

Муассисаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов"

Муассисаи давлатии "Коллеҷи фарханги ҷумҳуриявии ба номи Партов Буйдоқов"

Муассисаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова" (Қарори Ҳукумати ҶТ  аз 2.05.2007 № 251)

Муассисаи давлатии "Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ" ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ"

Муассисаи давлатии "Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2007 № 250)

Муассисаи давлатии "Агентии миллии рақамгузории стандарти байналмилалии китоб- Хонаи Китоби Тоҷикистон"

Муассисаи давлатии "Коллектори ҷумҳуриявии китобхонаҳо"

Муассисаи давлатии "Сарредакцияи илмии Энциклопедияи миллии тоҷик"

Муассисаи давлатии "Иттиҳодияи илмию истеҳсолӣ оид ба муҳофизат ва таъмиру истифодаи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ"

Муассисаи давлатии "Минтақаи истироҳатии "Шарифобод"

Муассисаи нашриявии "Ирфон"

Хориҷ карда шуд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.07.2012 № 350)

Муассисаи нашриявии "Адиб"

Муассисаи давлатии "Маҷаллаи "Чашма"

Муассисаи давлатии "Маҷаллаи "Фирӯза"

Муассисаи давлатии "Маҷаллаи "Истиқбол"

Муассисаи давлатии "Маҷаллаи "Илм ва ҳаёт"

Муассисаи давлатии "Маҷаллаи "Тоҷикистон"

Муассисаи давлатии "Маҷаллаи "Хорпуштак"

Муассисаи давлатии "Рӯзномаи "Анбоз"

Муассисаи давлатии "Рӯзномаи "Баҳори Аҷам"

Муассисаҳои давлатии рӯзномаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Матбуот"

Корхонаи воҳиди давлатии табъу нашри "Санадвора"

Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои "Китоб"

Корхонаи воҳиди давлатии истеҳсолии матбааҳои шаҳри Хоруғ

Корхонаи вохиди давлатии истеҳсолии матбааҳои шаҳри Қӯргонтеппа

Корхонаҳои воҳиди давлатии матбааҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ

Корхонаи воҳиди давлатии матбааҳои вилояти Суғд

Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии ёдгориҳо ва таҷхизоти ғайристандартӣ

Корхонаи воҳиди давлатии таъмиру сохтмон

Корхонаи воҳиди давлатии "Меқмонхонаи "Фарханг"

Корхонаи воҳиди давлатии илмию истеҳсолии "Созтарош"

Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии лотореяи "Спринт"

Корхонаи воҳиди давлатии "Хизматрасонии биноҳои маъмурӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ  аз 30.11.2007 № 601)

Муассисаи давлатии "Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон" (Қарори Ҳукумати ҶТ  аз 28.07.2017 № 361)

Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии "Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 30.03.2013 № 144)

Муассисаи давлатии "Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2015 № 571)

Муассисаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2018 № 566)

Муассисаи давлатии "Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Балҷувон" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.10.2022 № 515)

Муассисаи давлатии "Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Кангурт" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 614)

Муассисаи давлатии "Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.11.2019 № 583)

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 №

604 тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2007 № 250, 251)

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Вазорати фарханги Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорати фарҳанг) мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазифаҳои оид ба татбиқи сиёсати ягонаи давлатирр дар соҳаи фарҳанг, санъат, фароғати маданӣ, матбуот, табъу нашр, ҳифзу тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои муаллиф, озодии виҷдон ва фаъолияти ташкилотҳои динӣ, назорати риояи ҳукуқу ӯҳдадориҳои шахсони хуқуқӣ ва воқеӣ дар доираи салоҳияти худ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

2. Вазорати фарҳанг танзим ва назорати фаъолияти сохторҳои тобеи худро ба роҳ монда, танзими муносибати байни давлат ва ташкилотҳои диниро ба амал мебарорад.

3. Вазорати фарҳанг дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, конунҳои конститутсионии Ҷумхурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои хуқукии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

4. Вазорати фарҳанг вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо мустақиман ва дар маҳалҳо тавассути сохторҳои худ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи махаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дигар амалӣ месозад.

II. ВАКОЛАТҲО

5. Ваколатҳои асосии Вазорати фарҳанг;

а) Пешбурд ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг, санъат, матбуот, ҳифзи ҳукуқи муаллиф ва озодии виҷдон, таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии хукуқии соҳавӣ;

- иҷрои вазифаҳои тақсимгар ва қабулкунандаи асосии маблағхои буҷети давлатӣ;

- ташкили қабули шаҳрвандон, таъмини саривақтӣ ва мукаммали ҷавоби муроҷиати шифоҳӣ ва хаттии шаҳрвандон, қабули қарорҳо нисбати муроҷиати онҳо ва ирсоли ҷавоб ба аризадиҳандагон тибқи муқаррарот;

- таъмини ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ;

- таъмини омодагӣ ҷиҳати сафарбаркунии Вазорати фарҳанг, инчунин назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилот ва муассисаҳои тобеъ оид ба тайёрӣ барои сафарбаркунӣ;

- ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатии мамолики хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи муқаррарнамудаи фаъолият;

- мукаммалгардонӣ, ҳифз, баҳисобгирӣ ва истифодабарии асноди бойгонии Вазорати фарҳанг мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тибқи мукаррарот таъсиси нишонҳои сарисинагӣ, мукофотҳои соҳавӣ барои сарфарозгардонии шахрвандон дар доираи салоҳият;

- иштирок дар татбиқи сиёсати давлатӣ, молиявӣ, инвеститсионӣ ва инноватсионӣ;

- инкишоф ва ҳамоҳангсозии робитаҳои байналмилалии фарҳангӣ, аз ҷумла дар асоси ҳамкориҳои байниидоравӣ дар доираи салоҳияти худ;

- намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида дар ташкилотҳои байниҳукуматӣ, байналмилалӣ ва таъмини ҳифзи манфиатҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи фарҳанг;

- тибқи тартиби муқарраргардида баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва ба имзо расонидани шартномаҳои давлатӣ барои ҷойгир кардани фармоишҳо;

- ташкили назорати иҷро ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби ҳифз, тармим ва истифодаи иншоотҳои мероси таърихӣ-фарҳангӣ, воридот ва содироти арзишҳои фарҳангӣ, матбуот ва воситаҳои дигари ахбори омма, табъу нашр, озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ аз ҷониби мақомоти идораи давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;

- ҷамъбасти таҷрибаи истифодаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи муқаррарот таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмил ва танзими ҳукуқии сохдҳои фарханг ва матбуот, озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ ва дар ин замина расонидани ёрии методи ва ҳуқуқӣ ба сохторҳои тобеъ;

- якҷоя бо макомоти дахлдори давлатӣ андешидани тадбирҳо ҷиҳати дар хориҷа паҳн кардани нашрияҳои даврии ватанӣ ва дигар маҳсулоти воситаҳои ахбори омма;

- таҳия ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба саҳҳомӣ ва хусусигардонии ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати фарҳанг ба мақомоти дахлдор;

- таҳия ва ирсоли пешниҳодҳо оид ба таъмини интишори мавод дар соҳаи фарҳанг, санъат, матбуот, табъу нашр, ҳифзу тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, ҳимояи хуқуқҳои муаллиф, озодии виҷдон, мусоидат ба ташкили нашри ин махсулот ба забонҳои хориҷӣ барои паҳн намудан дар хориҷа;

- ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба салоҳияти Вазорати фарҳанг;

- татбиқи тадбирҳои дигар дар соҳаи фарҳанг, санъат, фароғати маданӣ, матбуот, табъу нашр, ҳифзу тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихиву фархднгӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои муаллиф, озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ, ки мухолифи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои хуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд;

б) Фароҳам овардани шароити ҳифз ва рушди фарҳанги халқҳои сокини Ҷумхурии Тоҷикистон;

- мусоидат ба татбиқи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба озодии эҷодиёт, фаъолияти фарҳангӣ, қонеъ гардондани ниёзҳои маънавӣ, ширкати озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа ва алоқамандии онҳо ба арзишҳои фарҳангии ватаниву ҷаҳонӣ;

- андешидани тадбирҳо ҷиҳати татбиқи асосҳои ҳуқуқии ташкил, ҳифз ва рушди фаъолияти китобдорӣ, ҳуқуқу озодиҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар мавриди ҷустуҷӯ ва дарёфти иттилоот, истифодаи китобхонаҳо, дастрасии озодона ба дастовардҳои илмӣ ва фарҳангии ҷахонию миллӣ;

- фароҳам овардани шароит барои ҳифз, эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ, ба ин мақсад мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи барномаҳои мақсадноки рушди соҳа;

- расонидани кӯмак тавассути ташкил намудани намоишу озмунҳо, музояда ва фурӯши махсуси маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ, инчунин мубодилаи байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар ин соҳа;

- дастгирӣ намудани таъсис ва фаъолияти иттиҳодияхо, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳои соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ, дигар ташкилотҳо;

- мусоидат ба инкишофи фароғати маданӣ, таъмини фаъолияти гуногунҷабҳаи фархангӣ-фароғатии табақаҳои мухталифи аҳолӣ;

- таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии ҳифз ва инкишофи фарҳанг;

в) Андешидани чораҳои мушаххас барои таҳия, такмилу танзими сиёсати репертуарии театрҳо ва гурӯхҳои эҷодии касбӣ, фаъолияти самарабахши онҳо ва баланд бардоштани сатҳи санъати касбӣ;

- андешидани тадбирҳои зарурӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бобати таҳкими равобити байналмилалии фарҳангӣ, ташкили сафарҳои эҷодии гурӯхҳои ҳунарӣ, театрҳои касбӣ, иштироки онҳо дар чорабиниҳо, фестивалҳо, озмунҳои байналмилалӣ;

- таъмини дастгирии давлати ва фароҳам овардани шароити ҳифз, инкишоф ва такмили санъати касбӣ;

г) Татбиқи сиёсати давлатӣ дар ҷодаи ҳифз, оммавигардонӣ ва истифодаи мероси таърихӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини баҳисобгирии давлатӣ, истифодаи мавод, асноди ибтидоӣ, баҳисобгирии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва иншоотҳои муҳити таърихӣ-шаҳрсозӣ;

- банақшагирӣ ва ташкили корҳо оид ба омӯзиш, таъмир, тармим, истифода, консерватсия ва эҳёи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва тарғиби онҳо;

- танзими лоиҳакашӣ ва эъмори муҷассамаҳо, нимпайкараҳо ва лавҳаву сутунҳои ёдбуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- банақшагирӣ ва пешниҳоди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ барои ворид намудан ба Рӯйхати мероси ҷаҳонӣ;

- таъмини пешбурди бақисобгирии муҳосибавӣ ва омории мероси таърихӣ-фарҳангӣ тибқи мукаррарот;

д) Ташаккул ва таъмини фаъолияти низоми таҳсилоти махсуси касбӣ;

- андешидани чораҳои мушаххас барои дарёфти истеъдодҳои нодир, дастгирии моддию маънавии онҳо, тарбия ва ба воя расонидани режиссёрон, рассомон, мунаққидон, дизайнерони театрҳои касбӣ ва барномаҳои театрикунонидашуда, мутахассисони зарурӣ барои оркестрҳои симфониву камеравӣ ва ташкилотҳои табъу нашр;

- ташкили тадбирҳо оид ба таълим, такмили ихтисос ва истифодаи оқилонаи кадрҳои соҳа;

- роҳбарӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотии соҳа;

- таъмини ҳамоҳангсозӣ ва баргузории корҳои илмӣ-таҳқикотӣ, ҷорӣ кардани комёбиҳои илм ва таҷрибаи пешқадами ватаниву хориҷй дар соҳаҳои фарҳанг, санъат, фароғати маданӣ, матбуот, табъу нашр, ҳифзу тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои муаллиф, озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ;

е) Таҳия ва татбиқи тадбирҳо вобаста ба дастгирии давлатии соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста;

- мусоидат ба таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф;

- намояндагӣ дар масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии муаллифонони ватаниву хориҷӣ ва ворисони онҳо;

- тибқи тартиби муқарраргардида мусоидат намудан ҳангоми имзои шартномаю созишномаҳо (вогузор намудани ваколат) ва бастани шартномаҳо бо ташкилотҳои хориҷӣ ва шахсони алоҳида барои дар хориҷи кишвар истифода намудани асарҳои муаллифоне, ки аз тарафи ҳукуқҳои муаллиф ҳифз мегарданд;

- иштирок дар тайёр намудан ва имзои созишномаҳо, ҳамчунин шартномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи муштараки ҳуқуқҳои муаллифон, бо мақомот ва ташкилотҳои давлатхои узви созишномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф бастани шартномаҳои соҳавӣ;

- ба роҳ мондани ҷамъоварӣ, тақсим ва пардохти ҳақки қалами муаллифони ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ то таъсис намудани идораи дастҷамъии ҳукуқҳои амволии муаллифон;

- мусоидат дар таъсиси идораи дастаҷамъии хукуқҳои амволии муаллифон дар назди соҳаи ҳукуқи муаллифи Вазорати фарҳанг;

ё) Татбиқи сиёсати давлатии илмӣ-техникии инвеститсионӣ, сохторӣ ва барномаҳои соҳавӣ оид ба рушди нашриёт, ташкилотҳои савдои китоб, корхонаҳои полиграфӣ, матбуоти даврӣ;

- ҳамоҳангсозии рушди шабакаи воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ва ташкилотҳои табъу нашр дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории онҳо бо васоити ахбори оммаи давлатҳои дигар;

- татбиқи сиёсати демократикунонии воситаҳои ахбори омма ва ташкилотҳои табъу нашр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам сохтани шароит барои таъсис ва фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва ташкилотҳои табъу нашри мустақил;

- расонидани кӯмаки методӣ, машваратӣ ва ташкилӣ ба ташкилотҳои табъу нашр ва матбуоти даврӣ ҷиҳати мутобиқшавии онҳо ба шароити иқтисоди бозорӣ;

- мусоидат ҷиҳати ҳифзи фазои ягонаи иттилоотӣ барои тоҷикони бурунмарзӣ;

- ҳамкорӣ бо агентиҳои иттилоотии ватаниву хориҷӣ ва матбуоти даврӣ бо мақсади интишори ахбори воқеӣ роҷеъ ба вазъи дохилӣ ва сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ;

- омӯзиши ҷараёни ахбори омма, хусусиятҳои таъсири он ба афкори умум, муайян кардани талаботи гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ оид ба рушди шаклҳои гуногуни воситаҳои ахбори омма;

- ташкили низоми маълумотӣ-иттилоотӣ оид ба масоили матбуот ва иттилоот;

- мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дахлдори эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонидани ҳамкорӣ бо давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои дигар дар соҳаи матбуот, полиграфия, нашру тавзеи китоб ва ҳифзи ҳуқуқхои муаллиф;

ж) Мусоидат ба татбиқи ҳукуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар соҳаи озодии виҷдон ва фаъолияти ташкилотҳои динӣ дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳияи пешниҳодҳо ва тавсияҳо доир ба ҳалли масъалаҳои озодии виҷдон ва фаъолияти ташкилотҳои динӣ дар муносибатҳои байни давлат ва ташкилотҳои динӣ;

- таъмини Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маводи иттилоотӣ-тахлилӣ оид ба масоили вобаста ба танзими муносибатҳои давлат ва ташкилотҳои динӣ;

- мусоидат дар асосҳои маърифатӣ ҷиҳати бартарафсозии зуҳуроти ифротгароӣ дар фаъолияти ташкилотҳои динӣ, фаъолияти ходимони ҷудогонаи дин ва рӯҳониён;

- тавассути макомоти тобеъ ба роҳ мондани бақайдгирии ташкилотҳои динӣ ва таъмин намудани назорат ҷиҳати мутобиқати фаъолияти онҳо ба нишондодҳо ва мақсадҳои оинномавӣ;

- мутобиқи қонунгузорӣ дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ қарор қабул кардан дар хусуси бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии ба таълими дин, фаъолияти динӣ-табобатӣ ва ташкилу баргузории расму оин ва анъанаҳои динӣ машғулбуда;

- таъмини ташкили бонки маълумотҳо оид ба фаъолияти ташкилотҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ;

- расонидани ёрии методӣ ба мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҷорӣ намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ;

- бо мақсади омӯзиши мушкилоти татбиқи ҳукуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар соҳаи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ гузаронидани ташхиси диншиносӣ, аз он ҷумла вобаста ба дархости мақомоти давлатӣ ва суд ва ҳамчунин аз ҳисоби намояндагони ташкилотҳои динӣ ва мутахассисон ташкил намудани гурӯҳи коршиносон ва шӯрои диншиносон;

- бо мақсади ҳамоҳангсозӣ баррасӣ ва хал намудани пешниҳоди ташкилотҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории онҳо бо ташкилотҳои динии хориҷӣ, инчунин тарбияи кадрҳо ва мутахассисон барои онҳо ва назоратӣ иҷрои он тибқи талаботи қонунгузорӣ дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ;

- тавассути мақомоти тобеъ ташкил намудани чорабиниҳои коллективона ва зиёрати мавзеъҳои муқаддас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он;

з) Мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани дигар вазифаҳо.

6. Вазорати фарҳанг дар доираи салоҳияти худ мақомоти марказии иттилоотӣ, машваратӣ ва ташхисӣ оид ба масъалаҳои санъат, фарҳанг, мероси таърихӣ-фархангӣ, табъу нашр, озодии матбуот, озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ мебошад.

7. Вазорати фарҳанг тибқи муқаррароти мавҷуда хуқуқ дорад:

- бо розигии Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон корхонаҳо ва муассисаҳо таъсис диҳад ва аз нав ташкил намояд;

- дар асосҳои ҷамъиятӣ барои машварат экспертҳо ва мутахассисон, ҳамчунин муассисаҳои илмӣ ва олимонро, аз ҷумла аз хориҷа ба таври шартномавӣ ҷалб намояд, дар мавриди зарурат комиссияи муваққативу доимӣ, шӯроҳои хамохангсозиву экспертӣ, коллективҳои эҷодӣ ва гурӯҳҳои кориро ташкил дихад;

- нусхаҳои ҳатмии ройгони нашрияҳои давриро гирад;

- дар ташаккули буҷети чумҳуриявӣ ва дигар фондхои мақсаднок бобати муайян кардани ҳаҷми маблағгузории соҳа ширкат варзад;

- лоиҳаҳои санадҳои меъёриии ҳукуқиро оид ба танзими ҳуқуқии фаъолияти Вазорат фарҳанг ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд, хулосаҳоро оид ба лоиҳаи конунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ пешниҳод созад;

- оид ба масъалаҳои фарҳанг, санъат, матбуот, озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ изҳороти расмӣ диҳад;

- фаъолияти китобхонаҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг созад;

- назорати давлатии ҳолат ва ҳифзи нигораву коллексияи осорхонаҳоро, ки ба фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, ба роҳ монад;

- дар асоси хулосаи ташхиси илмӣ ба тариқи харид, инчунин аз ҳисоби бозёфтҳои нави бостоншиносон фонди осорхонаҳоро мукаммал гардонида, барои хифз ва истифодаи дурусти онҳо тадбирҳо андешад;

- ба таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ мусоидат намояд;

- дар таҳияи лоиҳаҳои созишномаҳо, шартномаҳо ва барномаҳои ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо ширкат намояд, онҳоро ба имзо расонад;

- дар доираи салоҳияташ асноди меъёрии ҳуқуқи баҳри татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба масъалаҳои озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ интишор диҳад ва тасдиқ намояд;

- татбиқи ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, ташкилотҳои ғайридавлатиро оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти вазорат таъмин намояд;

- аз вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ ахбороти заруриро оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорати фарҳанг дархост ва дастрас намояд;

- оид ба лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳукуқии аз ҷониби мақомоти дигари давлатӣ ва ё ташкилотҳои ҷамъиятӣ таҳия шуда, ки ба масъалаҳои фарҳанг, санъат, матбуот, хифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ва дин, ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ба озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ иртибот доранд, хулоса диҳад;

- баҳри татбиқи вазифаҳои вазорат конференсия, мулоқот ва семинарҳо, дигар чорабиниҳои ташкилӣ, илмӣ ва таълимиро баргузор созад;

- намояндагон ва мутахассисони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, экспертҳоро барои машварат ва таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тахлили онҳо, омода намудани пешниҳод барои ирсол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салохиятҳои Вазорати фарҳанг ҷалб намояд;

- муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои табъу нашр, матбуоти даврӣ, савдои китоб, фарҳангу фароғат, санъат, гурӯҳу дастаҳои ҳунарӣ, таълимгоҳҳои соҳавиро сарфи назар аз шакли моликият ва тобеъият ба ҳисоб гирад ва фаъолияташонро ҳамоҳанг созад;

- сафарҳои эҷодии театрҳо, гурӯҳҳои ҳунарӣ ва ҳунармандони алоҳидаи ҷумҳуриро ба хориҷа ва сафарҳои эҷодии театрҳо, гурӯҳҳои ҳунарӣ ва ҳунармандони алоҳидаи хориҷиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил, ҳамоҳанг ва танзим намояд;

- оид ба беҳдошт ва ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаву марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, маърифатӣ-дилхушкунанда, сабти овоз ва фурӯши аудио- видео- сабтҳо чораҷӯй намояд;

- нашрияҳои чопӣ таъсис диҳад ва тибқи муқаррарот фаъолияти ношириро ба роҳ монад;

- ваколатҳои дигарро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намояд.

III. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ

8. Вазорати фарҳанг дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият ҳақ надорад вазифаи назорат, инчунин вазифаи идораи амволи давлатиро, ғайр аз мавридҳои мукаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намояд.

Маҳдудияти дар сархати якуми банди мазкур муқарраршуда ба салоҳияти Вазир оид ба идораи амволи ба Вазорати фарҳанг бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ вобаста кардашуда, ҳаллу фасли масъалаҳои кадрӣ ва масъалаҳои ташкили фаъолияти Вазорати фарҳанг ва сохторҳои тобеи он дахл надоранд.

Ҳангоми татбиқи танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият Вазорати фарҳанг ҳақ надорад вазифа ва салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатиро, ки дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудаанд, мукаррар намояд, инчунин ҳақ надорад, барои татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқхои ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратии ғайридавлатӣ, ба истиснои мавридҳое, ки имконияти муқаррар намудани чунин маҳдудиятҳо бо санадҳои мақомоти ваколатдори ҳокимияти иҷроия дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумхурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқукӣ мустақиман пешбини шудаанд, махдудиятҳо муқаррар намояд.

9. Вазорати фарҳангро Вазир, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тасдиқи минбаъдаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад, сарварӣ менамояд.

Вазир барои иҷрои ваколатҳо ва татбиқи сиёсати давлатии ба Вазорати фарҳанг гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.

Вазир муовинон, аз ҷумла як муовини аввал дорад, ки онҳоро бо пешниҳоди Вазир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

Шумораи муовинони Вазирро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад.

10. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ба фаъолияти Вазорати фарҳанг роҳбарӣ менамояд;

- иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои фаъолияти системаи соҳа ташкил ва таъмин менамояд;

- тибқи тартиби мургардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешниҳодҳоро оид ба масъалаҳои салоҳияти Вазорати фарҳанг пешниҳад менамояд;

- Вазорати фарҳангро дар муносибати тарафайн бо ашхоси ҳуқуқии ватаниву хориҷӣ намояндагӣ менамояд;

- дар доираи салоҳияташ фармон ва фармоишҳо қабул мекунад, ки иҷрои онҳо барои ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати фарҳанг ҳатмист ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;

- вазифаҳоро байни муовинон тақсим намуда, доираи масъулияти онҳоро муқаррар менамояд;

- низомномаи сохтори дастгоҳи марказӣ, мақомоти маҳаллии Вазорати фарҳанг ва оинномаҳои ташкилоту муассисаҳои системаро тасдиқ менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва муовинони роҳбарони ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати фарҳангро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Вазорати фарҳанг ҳаллу фасл менамояд;

- ҷадвали корбасти дастгоҳи марказиро дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандони муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сметаи хароҷотро барои нигоҳ доштани он дар доираи маблағҳои барои давраи муайян дар буҷет пешбинишуда тасдиқ мекунад;

- шумора ва музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати фарҳангро дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин сметаи хароҷотро барои нигоҳ доштани он дар доираи маблағҳои барои давраи муайян дар буҷет пешбинишуда тасдиқ мекунад;

- нақшаи солонаи кор ва нишондиҳандаҳои фаъолияти сохтори дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг, ҳамчунин ҳисоботи фаъолияти онҳоро тасдиқ мекунад;

- аз рӯи дархости роҳбарони системаи Вазорати фарҳанг лоиҳаи пешниҳодро оид ба шумораи ҳадди ақал ва фонди музди меҳнати кормандон барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур мекунад;

- пешниҳодҳоро оид ба ташаккули лоиҳаи буҷети давлатӣ вобаста ба таъмини молиявии фаъолияти Вазорати фарҳанг ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати фарҳанг ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур мекунад;

- лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дар банди 5 Низомномаи мазкур нишон додашударо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

- карорҳои ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф будаи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати фарҳангро, дар сурати тартиби дигари бекор кардани қарор аз ҷониби конун муқаррар нашуда бошад, бекор мекунад;

- аз рӯи пешниҳоди роҳбарони ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати фарҳанг муовинони онҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- тибқи муқаррарот кормандони дастгоҳи марказиро ба вазифа таъин ва озод менамояд;

- тибқи муқаррарот кормандони дастгоҳи марказӣ ва системаи Вазорати фарҳангро барои сарфарозгардонӣ бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатӣ пешниҳод мекунад;

- фармоишхои хусусияти меъёридошта ва оид ба масъалаҳои фаврӣ ва ҷории ташкили фаъолияти Вазорати фарҳанг фармонҳои хусусияти меъёринадошта интишор мекунад;

- фаъолияти Вазорати фарҳангро бо вазоратҳо ва идораҳои дахлдор, ки ба салоҳияти якҷояи онҳо мутааллиқанд, ҳамоҳанг месозад;

- мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро татбиқ менамояд.

11. Дар Вазорати фарҳанг ҳайати мушовара ташкил карда мешавад. Ба ҳайати мушовара Вазир (раиси ҳайати мушовара), муовинони ӯ аз рӯи вазифа, сардорони сарраёсат, раёсат ва шӯъбаҳои пешбар, арбобони фарҳанг, олимон ва мутахассисон шомил мешаванд. Шумора ва ҳайати шахсии ҳайати мушовара ба истиснои Вазир ва муовинони ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Ҳайати мушовара дар ҷаласаҳои мунтазами худ масъалаҳои асосии рушди соҳа ва дигар масъалаҳои фаъолияти вазоратро баррасӣ менамояд. Қарорҳои ҳайати мушовара бо фармони Вазир амалӣ мешаванд.

Дар мавриди ихтилофи назар байни Вазир ва аъзои ҳайати мушовара Вазир карори худро татбиқ намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ихтилофи назар гузориш медиҳад, дар навбати худ аъзои ҳайати мушовара метавонанд назари хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

12. Дар Вазорати фарҳанг дар асосҳои ҷамъиятӣ ташкили шӯроҳои илмӣ-методӣ, мусиқӣ, бадеӣ, адабӣ, иттилоотӣ, экспертӣ, техникӣ ва амсоли инҳо мумкин аст. Таъмини ташкилӣ-техникии онҳоро дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг татбиқ менамояд. Низомнома дар бораи шӯроҳо ва ҳайати шахсии онҳоро Вазир тасдиқ менамояд.

13. Маблағгузории фаъолияти дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумхуриявӣ, ки барои нигохдошти он равона шудаанд, сурат мегирад.

14. Вазорати фарҳанг шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, мӯҳру штамп, бланкаи намунаи муқарраршуда ва суратҳисоб, аз ҷумла суратҳисоби арзӣ дар хазинадории Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад.

15. Маҳалди ҷойгиршавии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 34 мебошад.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 604

тасдиқ шудааст

СОХТОРИ дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Сарраёсат оид ба корҳои дин

Раёсати санъат

Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Раёсати табъу нашр ва матбуот

Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ

Раёсати ҳисоботи муҳосибавӣ ва баҳисобгирӣ

Шӯъбаи танзими техникӣ

Шӯъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ

Шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ

Шӯъбаи ҳуқук, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста

Шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ

Шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

Шӯъбаи идоракунии корҳо ва назорат

Замимаи 3

Бо карори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 604

тасдиқ шудааст

НАҚШАИ идоракунии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи маркази

Раёсатҳои /шӯъбаҳои/ фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шахрҳо ва нохияҳо

Замимаи 4 Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 604 тасдиқ шудааст

НОМГӯИ муассисаву ташкилотҳои системаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ"

Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии драмавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ"

Муассисаи давлатии "Театри давлатии драмавии русии ба номи Вдадимир Маяковский"

Муассисаи давлатии "Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов"

Муассисаи давлатии "Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтак"

Муассисаи давлатии "Сирки давлатии Тоҷикистон"

Муассисаи давлатии "Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара"

Муассисаи давлатии "Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ"

Муассисаи давлатии "Маркази эҷодии "Илҳом"

Муассисаи давлатии "Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ"

Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии "Базморо"

Муассисаи давлатии "Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии "Лола" ба номи Ғаффор Валаматзода"

Муассисаи давлатии "Ансамбли тарона ва рақси "Сомон"

Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Ҷумхурин Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ"

Муассисаи давлатии "Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар"

Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод"

Муассисаи давлатии "Осорхонаи ҷумхуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шахидӣ"

Муассисаи давлатии "Осорхонаи марказии ноҳияи Данғара"

Муассисаи давлатии "Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент"

Муассисаи давлатии "Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии "Ҳулбук"

Муассисаи давлатии "Муҷтамаи ҷумхуриявии осорхонаҳои Кӯлоб"

Муассисаи давлатии "Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор"

Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот"

Муассисаи давлатии "Консерваторияи миллии Тоҷикистон"

Муассисаи давлатии "Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода"

Муассисаи давлатии "Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулови шаҳри Душанбе"

Муассисаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов"

Муассисаи давлатии "Коллеҷи фарханги ҷумҳуриявии ба номи Партов Буйдоқов"

Муассисаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2007 251)

Муассисаи давлатии "Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ" ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ"

Муассисаи давлатии "Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2007 № 250)

Муассисаи давлатии "Агентии миллии рақамгузории стандарти байналмилалии китоб- Хонаи Китоби Тоҷикистон"

Муассисаи давлатии "Коллектори ҷумҳуриявии китобхонаҳо"

Муассисаи давлатии "Сарредакцияи илмии Энциклопедияи миллии тоҷик"

Муассисаи давлатии "Иттиҳодияи илмию истеҳсолӣ оид ба муҳофизат ва таъмиру истифодаи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ"

Муассисаи давлатии "Минтақаи истироҳатии "Шарифобод"

Муассисаи нашриявии "Ирфон"

Муассисаи нашриявии "Маориф ва фарҳанг"

Муассисаи нашриявии "Адиб"

Муассисаи давлатии "Маҷаллаи "Чашма"

Муассисаи давлатии "Маҷаллаи "Фирӯза"

Муассисаи давлатии "Маҷаллаи "Истиқбол"

Муассисаи давлатии "Маҷаллаи "Илм ва ҳаёт"

Муассисаи давлатии "Маҷаллаи "Тоҷикистон"

Муассисаи давлатии "Маҷаллаи "Хорпуштак"

Муассисаи давлатии "Рӯзномаи "Анбоз"

Муассисаи давлатии "Рӯзномаи "Баҳори Аҷам"

Муассисаҳои давлатии рӯзномаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ

Корхонаи воҳиди давлатии "Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе"