Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013, № 144 "Дар бораи Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии "Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии "Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии "Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон" таъсис дода шавад.

2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду моҳ тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии "Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон"-ро ҳал намояд.

3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии "Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон"-ро дар доираи маблағҳои пешбинишудаи муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои штатии онҳо амалӣ намояд.

4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти эҳтиёҷоти мавҷуда, тибқи дархости Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли хониши 2013-2014 нақшаи қабули донишҷӯёнро барои Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии "Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон" муайян намояд.

5. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷойгир намудани муассисаи мазкурро ҳаллу фасл намоянд.

6. Ба Номгӯи муассисаву ташкилотҳои системаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 604 "Дар бораи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии "Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 марти соли 2013, № 144

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственном учреждении высшего профессионального образования "Институт изобразительного искусства и дизайна Таджикистана"

В соответствии со статьями 52 и 132 Гражданского кодекса Республики Таджикистан , статьей 28 Закона Республики Таджикистан "Об образовании" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Учредить Государственное учреждение высшего профессионального образования "Институт изобразительного искусства и дизайна Таджикистана".

2. Министерству культуры Республики Таджикистан совместно с Министерством образования Республики Таджикистан в двухмесячный срок в установленном порядке решить, организационно-правовые вопросы Государственного учреждения высшего профессионального образования "Институт изобразительного искусства и дизайна Таджикистана".

3. Министерству культуры Республики Таджикистан совместно с Министерством финансов Республики Таджикистан обеспечить финансирование Государственного учреждения высшего профессионального образования "Институт изобразительного искусства и дизайна Таджикистана" за счет предусмотренных для образовательных учреждений средств Министерства культуры Республики Таджикистан и их штатных единиц.

4. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, с учетом существующих потребностей, по заявке Министерства культуры Республики Таджикистан, определять с 2013-2014 учебного года план приёма студентов в Государственное учреждение высшего профессионального образования "Институт изобразительного искусства и дизайна Таджикистана"

5. Министерству культуры Республики Таджикистан и Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан решить вопрос размещения данного учреждения.

6. Перечень образовательных учреждений системы образования и культуры, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №604 "О Министерстве культуры Республики Таджикистан" дополнить новым абзацем следующего о содержания:

"Государственное учреждение высшего профессионального образования "Институт изобразительного искусства и дизайна Таджикистана".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                  Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 30 марта 2013 года, № 144