Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 № 821 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 604"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 604

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 604 "Дар бораи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "61" ба рақами "65" иваз карда шавад.

2. Ба зербанди а) банди 5 Низомномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 604 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

" - амалӣ намудани аудити дохилӣ ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар дастгоҳи марказӣ ва муассисаву ташкилотҳои буҷетии системаи Вазорат;"

3. Дар Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 604 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Шӯъбаи аудити дохилӣ".

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории хароҷоти нигоҳдории (пардохти музди меҳнат ва суғуртаи иҷтимоии) воҳидҳои иловагиро аз 1 январи соли 2016 ва дар солҳои минбаъда аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 декабри соли 2015 № 821

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №604

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. В пункте 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №604 "О Министерстве культуры Республики Таджикистан" цифру "61" заменить цифрой "65".

2. Подпункт а) пункта 5 Положения о Министерстве культуры Республики Таджикистан, утверждённого постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №604, дополнить новым, абзацем следующего содержания:

" - осуществление внутреннего аудита за целевым и эффективным использованием бюджетных средств центрального аппарата и в бюджетных учреждениях и организациях системы Министерства;".

3. Структуру центрального аппарата Министерства культуры Республики Таджикистан, утверждённого постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №604, дополнить новым абзацем следующего содержания:

"Отдел внутреннего аудита".

4. Министерству финансов Республики Таджикистан обеспечить финансирование расходов на содержание (оплата заработной платы и социальное страхование) дополнительных единиц с 1 января 2016 года и в последующие годы за счет средств республиканского бюджета.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 30 декабря 2015 года, № 821