ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази фарҳанги мусиқии тоҷик»
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии «Маркази фарҳанги мусиқии тоҷик» таъсис дода шавад.
2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраршуда дар муҳлати се моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии «Маркази фарҳанги мусиқии тоҷик»-ро ҳал намояд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази фарҳанги мусиқии тоҷик»-ро дар заминаи муассисаҳои тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои кории амалкунанда дар соли 2025 ва солҳои минбаъда таъмин намояд.
4. Ба Номгӯи муассисаву ташкилотҳои системаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №604 «Дар бораи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, сархати шасту шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Муассисаи давлатии «Маркази фарҳанги мусиқии тоҷик»».
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 25 декабри соли 2025, № 698
...