ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон»
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии «Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон» таъсис дода шавад.
2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Балҷувон тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати се моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии «Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон»-ро ҳал намояд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон»-ро дар соли 2026 аз ҳисоби маблағҳои муассисаҳои тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар солҳои минбаъда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин намояд.
4. Ба Номгӯи муассисаву ташкилотҳои системаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №604 «Дар бораи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, сархати шасту ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Муассисаи давлатии «Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон»».
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 апрели соли 2026, № 226
...