Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2008 № 178, аз 30.12.2008 № 639, аз 3.05.2010 № 245, аз 13.09.2012 № 490, аз 02.03.2013 № 76, аз 26.11.2020 № 627, аз 01.06.2024 № 323, аз 23.04.2026 № 208)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3,4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 178 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (№ 323, № 208).
3. Ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 5 муовини Вазир, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовара иборат аз 9 нафар дошта бошад № 208).
Лимити автомошинаҳои хизматӣ барои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 13 адад муқаррар карда шавад ().
4. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар нақшаи идоракунии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшуда (ба истиснои мақомоти минтақавӣ) аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шаванд. Маблағгузории мақомоти минтақавии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои маҳаллӣ анҷом дода шавад.
5. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистои дар мӯҳлати ду моҳ:
- низомномаҳои агентиҳои дар нақшаи идоракунии Вазорат нишондодашударо таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои соҳавии меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои худро бо қарори мазкур мувофиқ намояд.
...